… Донишҷӯ ба интизори устод нишаста буд ва ба замин нигоҳ мекард. Гоҳе оҳе мекашид ва зери лаб чизе мегуфт. Ту гӯйи масъалаи муҳим, бо дастҳои сангини худ, геребони фикрашро гирифта буд ва намегузошт нафас бикашад! Ин бори чандуме буд ки ба суроғи устод меомад.
Ҳар бор, вақте суъолашро матраҳ карда буд, устод танҳо нигоҳе ба ӯ андохта буд ва бо сукути пурмаъное ҷавобашро дода буд. Аммо ӯ боз ҳам пурсида буд. Боз ҳам омада буд то бипурсад. Шавқи ӯ ба донистани ҳақиқат, роҳаташ намегузошт. Онқадрро фаҳмида буд ки натавонад роҳат бошад, натавонад бехиёл бошад. Инсон вақте аз як андоза бештар донист, зиндагӣ барояш талх мешавад.
Касоне ки аз зиндагии мавҷуд лаззат мебаранд ва онро тавҷиҳ мекунанд, онқадрро нафаҳмидаанд ва он андоза надонистаанд: ﴿ذَلِكَ مَبْلَغُهُمْ مِنَ الْعِلْمِ﴾ (Наҷм/ 30) аммо ӯ ки онқадрро фаҳмида буд он андоза дониста буд, дигар наметавонист розӣ бошад.
Дигар наметавонист монанди дигарон, ба чизҳое ки «Ҳаст» қонеъ бошад.
Ӯ ба чизҳое меандешид ки «Бояд бошад»; Бояд бошад ва нест. Аммо чаро нест? Чаро ҳаргиз набудааст? Магар «Наметавонад» бошад? Агар наметавонад бошад пас чаро «Бояд» бошад? Чаро ин чизҳое ки наметавонад бошад, «Наметавонад набошад»? Чаро…? ин суъолҳои бузург ва бераҳм, ингор канори донишҷӯ истода буд ва руҳи ташна ва захмияшро шаллоқ мезад! Барои раҳойи аз шаллоқҳо, ба ҳар кас ки ҳарфе барои гуфтан дошт гӯш супурда буд, вале ҳеч кас натавониста буд посухгӯи руҳи ташна ва захмии ӯ бошад.
Посухҳо сатҳӣ ва бепоя буд; Махдуш буд; Худхоҳона буд. Ингор ки фақат барои бастани даҳони ӯ тартиб дода шуда буд то дигар напурсад. Аммо боз ҳам пурсида буд.
Ин бор бо ҳоли дигаре назди устод омада буд. Хастагӣ ва бечорагӣ аз чеҳраи ӯ меборид ва нафсҳошон ба нафсҳои муҳтазар мемонист, вале аз дурахшиши чашмонаш пайдо буд ки ҳанӯз ноумед нашуда ва даст аз талаб барнадошта аст. Шояд устод метавонист наҷоташ диҳад; Чун ӯ буд ки барои нахустин бор, дасташро гирифт ва ба руди хурӯшони ин суъолҳо андохт.
Пеш аз он, донишҷӯ суъоле надошт ки посухе бихоҳад; Монанди ҳазорон нафари дигар ки суъоле надоранд. Устод буд ки барои нахустин бор, чашмҳояшро гушуд ва бо он лаҳни шаллоқӣ гуфт: «Саратро боло бигир ва нигоҳ кун» ва ӯ омада буд то сарашро боло бигирад ва нигоҳ кунад… аммо ба ростӣ чи чизеро бояд медид?! Онҷо дар уфуқ чи буд?!…
Донишҷӯ дар амвоҷи сарди ин афкор шиновар буд ки дар боз шуд ва устод ба дарун омад. Чеҳраи гушуда ва нигоҳи меҳрубони ӯ, донишҷӯро башорат медод. Ба эҳтироми устод бархост; Бархостанӣ барои андешидан. Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قُلْ إِنَّمَا أَعِظُكُمْ بِوَاحِدَةٍ ۖ أَنْ تَقُومُوا لِلَّهِ مَثْنَى وَفُرَادَى ثُمَّ تَتَفَكَّرُوا﴾ (Сабаъ/ 46); «Бигӯ танҳо шуморо ба як чиз панд медиҳам, инки барои Худо бо якдигар ва ба танҳойи қиём кунед сипас бияндешед»!
● Устод бо лаҳни падаронае гуфт: Аз инки мунтазир мондаӣ узр мехоҳам. Вале ӯ таъхир накарда буд. Ҳамон замоне омада буд ки донишҷӯ хоста буд. Ин бор, бо лаҳни умедвортаре гуфт: Устод! Хоҳиш мекунам барям сӯҳбат кунед.
● Устод: Дар бораи чи?
■ Донишҷӯ: Дар бораи ҳамон ҳақиқате ки мехоҳам бишиносам, чун ниёз дорам ки бишиносам; Ҳамон чизе ки касе ба он намеандешад ва дар бораи он сӯҳбат намекунад. Дар бораи чизҳое ки ҳаст ва чизҳое ки бояд бошад. Барои ман сӯҳбат кунед устод! Барои ман ки бо ҳамаи костиҳои илмӣ ва ахлоқиям, ташнаи донистанам ва ниёзи худ ба огоҳиро дарк мекунам.
● Аммо устод чизе нагуфт.
■ Донишҷӯ: Бо лаҳне ки аз он дард бар мехост идома дод: Дигар хаста шудаам. То ба кай бояд шоҳиди ин ҳама бадбахтӣ ва табоҳӣ дар сатҳи ҷомеъаи худ бошам?
● Устод: Кадом бадбахтӣ ва табоҳӣ?
■ Донишҷӯ бо таъаҷҷуб: Ҳамин бадбахтиҳо ва табоҳиҳое ки ҳар рӯз ва ҳар шаб, дар кӯчаву хиёбон ва шаҳру русто ва ҳар гӯшаи ҷомеъа мебинам: Ҷаҳлу фақр ва зулму фасод ва ноамниву ҷанг ва ҷурму ҷиноёт ва ихтилофи қавмиву мазҳабӣ ва ҳазор чизи дигар ки мардуми бечораро ба сутуҳ овардааст!
● Устод: Ором бош! Ту бисёр сатҳӣ ва эҳсосӣ ба ҷомеъаи худ нигоҳ мекунӣ. Фарёдҳои ту ба фарёдҳои марде мемонад ки бародараш дар дарё ғарқ мешуд ва ӯ дар соҳил, бетобона тамошо мекард ва фарёд мезад: Вой, пироҳани бародарам тар шуд!!
■ Донишҷӯ: Инки бояд мантиқӣ ва оқилона ба атрофи худ нигоҳ кунам дуруст аст, аммо манзуратон аз ин мисол чист?
● Устод: Манзурам ин аст ки ончи ту ном бурдӣ, агар чи ба ростӣ мушкилоти мардум аст, вале мушкили аслии онҳо нест; Ҳамчунонки мушкили аслии он ғариқ, тар шудани либосаш набуд! Дар воқеъ инҳо ки ту мебинӣ, паёмади мушкилоти ҳақиқии ҷомеъа ҳастанд на худи онҳо ва бо ин васф, ту аз дарахти мушкилоти ҷомеъа, танҳо ба шохаҳои он таваҷҷуҳ ёфтаи, дар ҳоле ки бояд решаҳои онро ҳам бибинӣ. Таваҷҷуҳ ба сатҳҳо кори эҳсос аст, аммо пардохтан ба умқҳо аз шуъуни ақл аст.
■ Донишҷӯ каме фикр кард ва гуфт: Ман барои ҳамин назди шумо омадаам. Хоҳиш мекунам дар бораи умқҳо бештар сӯҳбат кунед.
● Устод ба оромӣ аз ҷойи худ бархост ва ба тахтаи сиёҳи рангпарида наздик шуд. Бӯре бардошт ва як доираи бузург кашид. Сипас дохили он, як доираи хурдтар расм намуд. Чанд доираи хурдтар низ даруни якдигар кашид то ба нуқтаи марказӣ расид. Онгоҳ ба ҷойи худ бозгашт ва рӯ ба донишҷӯ ки бо шигифтӣ ба ин шаклҳои мубҳам нигоҳ мекард, гуфт: Ин, намудори ҳиндисии мушкилоти ҷомеъа аст. Ҳар як аз ин доираҳо, сатҳе аз мушкилоти ҷомеъаро нишон медиҳад.
Ҳар доирае аз як сӯ, бар доираи дарунӣ устувор шуда ва аз сӯӣ дигар, доираи беруниро устувор кардааст, то он ки ба доираи марказӣ мерасад. Ин доира, асос ва решаи доираҳои дигар аст; Яъне ҳамаи доираҳои дохили ҳам аз ин доираи марказӣ шакл мегиранд, чароки миёни ин доираҳо иртиботе аз навъи иллат ва маълул вуҷуд дорад.
Мушкилоти сатҳии ҷомеъа низ, аъам аз фақру фасод ва зулму ноамнӣ ва ҳамаи ончи ном бурдӣ, бар рӯйи мушкилотӣ дарунитари ҷомеъа устувор шудаанд.
Ба унвони мисол, мушкили ҷароъими иҷтимоъӣ бар рӯйи мушкили фақр ва мушкили фақр бар рӯйи мушкили бекорӣ ва мушкили бекорӣ бар рӯйи мушкили тавсиъа наёфтагии ҷомеъа устувор шудааст ва мушкили тавсиъа наёфтагии ҷомеъа низ бар рӯйи мушкилоти дарунитар, то он ки ба мушкили аслӣ ва асосӣ хатм мешавад. Ба таври куллӣ бояд таваҷҷуҳ дошт ки мушкилоти ҷомеъа, ба ҳеч рӯй мустақил ва ҷудо аз ҳам нестанд; Балки ба сурати занҷираи муттасил, ҳалқа дар ҳалқаи якдигар доранд ва аз ҳам таъсир мепазиранд ва бар ҳам таъсир мегузоранд.
Ту вақте ба ҳар як аз мушкилоти
ҷомеъаи худ, бидуни таваҷҷуҳ ба мушкилоти дигари он нигоҳ кардӣ ва иртиботҳоро дар назар наёвардӣ, ҳаргиз наметавонӣ шинохти саҳиҳе аз он дошта бошӣ ва вақте дардро нашинохтӣ, ҳаргиз наметавонӣ барои он, доруи муносибе пайдо кунӣ.
● Устод нигоҳе ба тахта сиёҳ андохт ва гуфт: Ин намудори ҳиндисиро барои мардуме ки дар як ҷомеъа зиндагӣ мекунанд низ метавон тарсим кард; Чароки сатҳи шинохт ва умқи нигоҳи онҳо, маротиби мутафовите дорад. Аксари мардум ки тӯдаи оммӣ ҳастанд, дар доираи берунӣ қарор мегиранд ва дар доираҳои дарунитар, қишри огоҳтари ҷомеъа сокин мешаванд. Ҳар чи ба доираи марказии шинохт наздиктар мешавем, афроди камтаре боқӣ мемонанд, то ҷойе ки дар доираи марказӣ, теъдоди ангуштшуморе ҷой мегиранд. Ба ин тартиб, ҳар чи доираи маърифати афрод, дарунитар бошад, доираи дарунитаре аз мушкилоти ҷомеъаро дарк мекунанд.
● Устод каме даранг кард ва сипас идома дод: Дар сурати ислоҳи доираҳои берунии мушкилот, доираҳои дарунӣ ислоҳ намешаванд, ҳамчунон ки бо ислоҳи шохаҳои дарахт, решаҳои он ислоҳ намешавад; Балки метавон гуфт: Асосан ислоҳи доираҳои берунии мушкилот, бидуни ислоҳи доираҳои дарунӣ мумкин нест; Чароки доираҳои дарунӣ, ҳукми иллати доираҳои беруниро доранд. Бинобарин, модоме ки иллат фосид аст, маълул низ фосид хоҳад буд; Ҳамчунон ки дарахте бо решаҳои фосид, наметавонад шох ва баргҳои солиме дошта бошад.
■ Донишҷӯ ки эҳсос мекард ба доираи дарунитаре аз маърифат роҳ ёфта, барои тасдиқ саре ҷунбонд ва гуфт: Ҳамин тавр аст. Масалан вақте мо мушкиле ба номи фақр дорем, бояд бибинем ки ин мушкил бар чи мушкилоти решаитаре устувор шудааст: Мебинем ки масалан бар мушкили тавсиъа наёфтагии кишавр.
Боз ҳам бояд бибинем ки ин мушкили тавсиъа наёфтагии кишвар бар чи мушкилоти решаитаре қарор гирифтааст: Мебинем ки масалан бар мушкили ноамнӣ. Боз ҳам бояд бибинем ки ин мушкили ноамнӣ бар чи мушкилоти решаитаре қарор гирифтааст: Мебинем ки масалан бар мушкили ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ ва ба ҳамин тартиб. (Мисолҳо нозир ба Афғонистон аст. Табъан ҳар кишваре мушкилоти худро дорад.)
Аммо дар инҷо ду масъала вуҷуд дорад ки мехоҳам бароям рӯшан шавад: Яке онки дар ҷомеъа, мушкилоти бешуморе ҳаст ки имкон дорад ҳар кадом решаи хосси худро дошта бошад. Дар ин сурат мо чигуна метавонем ин решаҳои бешуморро ислоҳ кунем? Масъалаи дигар онки мо наметавонем сатҳҳоро вогузорем ва сирфан ба решаҳо бипардозем. Оё ин тавр нест?
● Устод табассуме кард ва гуфт: Бояд бо диққати бештаре нигоҳ кунӣ. Дар бораи масъалаи аввал лозим аст бидонӣ ки касрат дар мушкилоти сатҳӣ, ба ваҳдат дар мушкили аслӣ хатм мешавад; Яъне мушкилоти ҷомеъа агар чи дар сатҳ, мутаъаддид ва бисёранд, аммо ҳар чи ба умқ мераванд бештар муттаҳид мешаванд, то онки дар доираи марказӣ, ба як нуқтаи воҳид мерасанд. Ҳаргиз наметавон барои як доира, ду нуқтаи марказӣ дар назар гирифт. Бинобарин, ҳаргоҳ дидем ки мушкилоти мутаъаддид, ба решаи воҳиде нарасидаанд, бояд бидонем ки дар шинохтӣ онҳо иштибоҳ кардаем. Дар бораи масъалаи дуввум низ набояд таҳти таъсири таблиғот ва талқиноти ройиҷ қарор бигирӣ; Чароки мо вақте решаи аслии мушкилотро қатъ кардем, дар воқеъ ҳамаи мушкилотро аз байн бурдаем.
Бинобарин, мо дар ъайни пардохтан ба решаи аслӣ, ба сатҳҳо низ пардохтаем; Ҳамчунонки вақте дарахтеро аз реша дароварди, дар воқеъ шохашои онро низ аз байн бурдаи, аммо агар шохаҳоро чидӣ ва решаро боқӣ гузоштӣ, дарахт ҳамчунон зинда аст ва соли дигар шохаҳои тозае дар меоварад!
■ Донишҷӯ каме андешид ва гуфт: Ҳақ бо шумост. Аммо мебинем ки бо камоли таъассуф, бисёрӣ аз онон ки дардӣ иҷтимоъ ва дағдағаи ислоҳ мамлакат доштаанд, ҳамвора дар сатҳҳо мондаанд ва ба умқ ва реша роҳ набурдаанд ва бадин сон неруҳои худро ҳадар додаанд.
● Устод аз рӯйи таъассуф саре ҷунбонд ва гуфт: Онҳо сарнишинони киштии сӯрохе ҳастанд ки дар ҳоли ғарқ шудан аст, аммо ба ҷойи онки сӯрохи киштиро биёбанд ва ислоҳ кунанд ва ҷилуви вуруди обро аз онҷо бигиранд, коса бардоштаанд ва бо он обро берун мерезанд! Ғофил аз инки ҳанӯз косае берун нарехтаанд ки садчанд ҷойгузини он мешавад! Оё бо ин васф наметавон гуфт ки саъйи беҳуда мекунанд? Ин аст ки киштии ҷомеъа, ба тадриҷ фуру меравад ва пас аз мудате дар миёни амвоҷи саҳмгини инҳитот, маҳв мегардад.
● Устод каме даранг кард ва сипас идома дод: Иллати ин ғафлати маргбор он аст ки онҳо сӯрохи киштиро пайдо накардаанд. Мебинанд ки об ворид мешавад, аммо намедонанд аз куҷо! Инҳойе ки имрӯз ба унвони нухбагони сиёсӣ ё фаъолони миллӣ ё раҳбарони мазҳабӣ ё ҳатто гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, даъвии ислоҳоти иҷтимоъӣ ва ҳалли мушкилоти мардумро дорнад, ҳамин тавранд. Бисёрӣ аз онҳо ҳамаи тавони худро ба кор мегиранд ва дилсӯзона талош мекунанд то киштии ҷомеъаро аз ғарқ шудан наҷот бидиҳанд, аммо мутаъассифона танҳо худро хаста мекунанд ва неруҳояшонро ҳадар медиҳанд; Чароки танҳо роҳи наҷоти киштӣ, ислоҳи сӯрохи он аст ва онҳо ин корро намекунанд; Балки танҳо обро мушт мушт берун мерезанд ва вақте асаре аз наҷот намебинанд, ё калофа мешаванд ва фарёд мезананд ва дигаронро муттаҳам мекунанд, ё ноумед мешаванд ва инзиво бармегузинанд ва арсаро холӣ мекунанд.
■ Донишҷӯ: Дар миёни ин қилу қолҳо ва беҳудакориҳо чи бояд кард?
● Устод: Касе ки дар киштии сӯрох қарор дорад ва ба зудӣ ғарқ мешавад, чи бояд бикунад? Маълум аст ки ё бояд монанди бархӣ,
коса бардорад ва обро берун бирезад, ё бояд ба дунболи сӯрохи киштӣ бигардад ва онро ислом намояд. Албатта бархӣ роҳи севвумеро дар пеш гирифтаанд: Сархӯрда ва ноумед дар интизори марг нишастаанд ва бо чашмҳои хира ва мабҳут, мавҷҳои девонаро тамошо мекунанд. Бархӣ ҳам ки аслан хобидаанд ва намедонанд доранд ғарқ мешаванд!
■ Донишҷӯ: Аммо обро бо коса берун рехтан суде надорад. Дар интизори марг ҳам наметавон нишат. Нодида гирифтани воқеъият ҳам девонагӣ аст. Пас танҳо кори оқилона ин аст ки сӯрохро биёбем ва тармим кунем. Ин танҳо роҳ аст. Роҳи дигаре вуҷуд надорад.
● Устод: Ҳамин тавр аст, аммо бояд бидонӣ ки ин кор, ба ҳеч рӯ осон нест; Чароки ҳар андоза мушкил, амиқтар ва решаитар бошад, рӯёрӯйи бо он сахттар ва хатарноктар аст ва ҳазинаҳои бештаре дорад. Шояд ба ҳамин далил аст ки бархӣ тарҷиҳ медиҳанд дар сатҳҳо бимонанд ва аз як андоза амиқтар нашаванд!
■ Донишҷӯ: Ҳақ бо шумост, аммо ман барои ин кори сахт ва хатарнок омодаам. Ҳар чанд мумкин аст чизҳои зиёдеро аз даст бидиҳам, аммо табиъӣ аст ки вақте миёни марг ва зиндагӣ гирифтор шудаам, амволи худро ба
дарё мерезем то ҷони худро наҷот бидиҳем.
● Устод: Бисёр хуб. Аммо бидон барои ёфтан ва тармими сӯрох киштӣ, бояд ба қадри обҳое ки дар он ҳаст, амиқ шавӣ!
● Устод инро гуфт ва аз ҷойи худ бархост. Аз панҷараи синфи холӣ, нигоҳе ба фаросӯи уфуқ андохт ва хуршедро дид ки дар пеши абрҳои тира, пинҳон аст. Устод панҷараро боз кард. Насими рӯҳбахше аз ҷониби машриқ, саросима ба синф давид ва башорат дод ки ин абрҳои тира, ба зудӣ кӯч мекунанд ва офтоби дурахшон, пас аз дере дубора ошкор мешавад. Донишҷӯ дар чашмҳои устод розеро дид; Розеро ки эҳсос кард ба зудӣ хоҳад донист. Шояд рози он сӯрохи киштӣ буд ки ҳоло ба дунболаш мегашт. Ҳис кард пас аст солҳо ҷустуҷӯ, ба зудӣ хоҳад «Ёфт». Ҳисси «Ёфтан» барои рӯҳи ташнае ки ҳечгоҳ «Наёфта» буд, ҳисси ғарибе буд. Устод бидуни онки нигоҳи розолудашро аз уфуқ бардорад, ба оромӣ гуфт: Барои имрӯ кофӣ аст. Рӯйи инҳо ки гуфтам фикр кун. Агар Худо бихоҳад фардо бештар сухан хоҳем гуфт…
Фардои он рӯз, донишҷӯ зудтар аз ҳамеша ба донишгоҳ омад. Ба оромӣ гом бармедошт ва зери лаб бо худ чизе мегуфт: «… дарди мо чист? Мушкили аслии мо кадом аст? Сӯрохи киштии мо куҷост? …». Инҳоро ӯ зери лаб мегуфт ва ба сӯӣ синф меомад; Ҳамон синфи қадими ки панҷарааш рӯ ба уфуқ боз мешуд ва ҳамеша холӣ буд. Донишҷӯ рӯӣ як сандалии хок гирифта ки ба назар мерасид ҳазор сол аст касе рӯӣ он нанишаста, ба интизори устод нишаст ва нигоҳе ба фаросӯи уфуқ андохт. Хуршедро дид ки ором ором сарак мекашид то ӯро дар ин сармои зимистонӣ гарм кунад. Дари синф аз шӯри гушойиш фарёде кашид ва устод ворид шуд.
■ Донишҷӯ пас аз салом ва субҳ ба хайр, гуфт: Дирӯз ба ин натиҷа расидем ки ҳамаи мушкилоти ҷомеъа, «Иллати аслии воҳиде» доранд ки бидуни ислоҳи он, ҳаргиз ислоҳ намешаванд ва ислоҳгарон неруҳои худро ҳадар медиҳанд. Хоҳиш мекунам имрӯз дар бораи ин иллати аслии воҳид сӯҳбат кунед.
● Устод лабханде зад ва гуфт: Пеш аз ҳар чиз бояд ҳақиқат ва моҳияти мушкилоти мардум дар бастари тарихро бо бештарин диққат ва таъаммуқи мумкин, баррасӣ кунем: Мо медонем ки мардум дар тӯли тарих, ниёзҳои ҳақиқии мутаъаддиде доштаанд. Ин ниёзҳо ки таҳти таъсири «Табиъат», «Варосат», «Худ» ва «Ҷомеъа» шакл гирифтаанд, дар воқеъ истеъдодҳои мардум ҳастанд ки бояд ба феълият бирасанд; Ба наҳве ки агар яке аз ниёзҳои ҳақиқии инсон таъмин нашавад, метавонем бигӯйем ки яке аз истеъдодҳои вуҷудии ӯ ба феълият нарасидааст. Аз ин ҳолат ба «Маҳрумият» таъбир мекунем.
Инсони маҳрум, инсоне аст ки ниёзҳои ҳақиқиаш таъмин нашуда ва ба иборати дигар, истеъдодҳояш ба феълият нарасидааст. Дар баробари маҳрумият, «Адолат» қарор дорад. Адолат, таъмини ҳамаи ниёзҳои инсон ба наҳве аст ки таъмини ҳеч як бо таъмини дигарӣ мунофот надоша бошад ва ба таъбири дигар, феълияти ҳамаи истеъдодҳое аст ки дар фард фарди мардум ба гунаи мутафовит вуҷуд дорад ва барои ҳар фарди онҳо, «Ҳақ» эҷод мекунад; Ҳаққӣ мунҳасир ба фард ки метавон онро «Ҳаққи шуудан» номид; Ба ин маъно ки ҳар фард, «Ҳақ» дорад ончи «Метавонад», «Бишавад». Ҳол, агар ба саросари тарихи башар нигоҳ кунӣ мебинӣ ки мардум, ҳамеша маҳрум будаанд ва ҳечгоҳ ба адолат даст наёфтаанд. Асосан вуҷуди мушкилоти имрӯз, маҳрумияти инсон дар тӯли тарихро исбот мекунад; Чароки вазъияти имрӯзи ӯ беиртибот бо вазъияти дирӯзи ӯ нест ва имрӯз, дуде аст ки аз оташи дирӯз бархостааст. Бо ин ҳол, рафъи ин маҳрумияти дерина, ҳамеша матлуби мардум буда ва ниёзҳо ва истеъдодҳояшон, муҳаррики онҳо ба сӯӣ адолат будааст; Ҳамчунон ки ташнагӣ ва гуруснагӣ, муҳаррики онҳо ба сӯӣ об ва ғазо аст. Адолат ба ин маъно, гумшудаи дерини инсон ва ҳадаф аз беъсати анбиёъ будааст . (Чунонки Худованд фармудааст: ﴿لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنْزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ﴾(Ҳадид/ 25)
■ Донишҷӯ: Ончи шумо мегӯйед бисёр дақиқ ва амиқ аст, аммо гумон мекунам ин гузора ки «Мардум дар тӯли тарих, ҳечгоҳ ба адолат даст наёфтаанд» дар сурате содиқ аст ки манзур аз он, «Адолати мутлақ» бошад, вагарна имкон дорад ки дар тӯли тарих, аз «Адолати нисбӣ»
бархурдор буда бошанд; Ҳамчунонки имрӯз, ба вежа дар бархӣ ҷавомеъ, аз адолати нисбӣ бархурдоранд.
● Устод: Таваҷҷуҳ дошта бош ки адолат бо ин маъно ба ҳеч ваҷҳ нисбӣ нест ва наметавонад бошад; Чароки адолати нисбӣ номи дигари зулм аст; Ҳамчунонки ба як эътибор метавон ба он гуфт: «Зулми нисбӣ»! Набояд фаромӯш кунӣ ки ниёзҳои инсон, ҷудо аз якдигар нестанд; Балки занҷиравор ба якдигар муттасил ва муртабитанд.
Агар як ҳалқаро баргирӣ аз ҷой
Хилал ёбад ҳама олам саропой
Агар яке аз ниёзҳои инсон таъмин нашавад, бар рӯӣ соири ниёзҳои ӯ таъсир мегузорад ва таъмини онҳоро ҳам бо мушкил мувоҷеҳ мекунад. Рӯшан аст ки дар чунин ҳолате ӯ маҳрум хоҳад буд на адолат ёфта. Аз ин рӯ, мебинӣ ки ҳаргоҳ яке аз ниёзҳои инсон таъмин нашуда, ӯ аз ҷойи холии ҳамон ниёз, суқут карда ва таъмини соири ниёзҳо ҳам ба кораш наёмадааст. Оре, барои ғарқ шудани киштӣ, як ҳуфра низ кофӣ аст; Ба ин маъно ки дер ё зуд, ғарқ шудан қатъӣ аст! ■ Донишҷӯ: Сухани шумо аз умқи хоссе бархурдор аст. Хоҳиш мекунам дар бораи он бештар тавзиҳ диҳед.
● Устод: Рӯшан аст ки ҳар фард, ё ҳамаи ниёзҳояш ба гунае ки таъмини ҳеч як бо таъмини дигарӣ мунофот надошта бошад, таъмин мешавад ё таъмин намешавад ва ба иборати дигар, ҳар фард ё ончи метавонад бишавад, мешавад ё намешавад. Агар бишавад ба адолат даст ёфта, ба гунае ки дигар наметавон ӯро «Маҳрум» номид ва агар нашавад маҳрум аст, ба гунае ки салби унвони «Адолат ёфта» аз ӯ саҳиҳ аст. Аз ин рӯ, метавон гуфт: Адолати нисбӣ, вуҷуди ҳақиқӣ надорад, балки сирфан эътиборӣ аст. Ончи вуҷуди ҳақиқӣ тавонад дошт, «Адолати мутлақ» аст. Асосан «Адолат» ва «Нисбӣ» мутазод ҳастанд, мунофот доранд ва якдигарро нақз мекунанд; Мисли онки дар як таркиби васфӣ бигӯйи: «Зебои зишт»!
■ Донишҷӯ: Ба ин тартиб наметавон гуфт ки дар як ҷомеъа, адолати бештар ва дар ҷомеъаи дигар, адолати камтаре ҳоким аст, дар ҳоле ки виҷдон чунин чизеро мегӯяд!
● Устод: Виҷдон чунин чизеро «Эътибор» мекунад, аммо «Ҳақиқат» он аст ки дар ҳеч як аз ин ду ҷомеъа, «Адолат» нест. Адолати ҳақиқӣ, асосан ва заруратан «Ҷаҳон шумул» аст; Ба ин маъно ки наметавонад дар як бахш аз ҷаҳон, ҷудо аз бахшҳои дигар ба вуҷуд ояд; Чароки аз як сӯ, бахшбандиҳои ҷаҳон эътиборӣ аст ва ончи ҳақиқат дорад, «Низоми воҳиди ҷаҳонӣ» аст ва аз сӯӣ дигар, ҳеч як аз ба истилоҳ бахшҳои ҷаҳон, ҷудо аз бахшҳои дигар нест; Балки дар як низоми таъсир ва таъассур, ба якдигар пайваста ва вобастаанд. Бинобарин, адолати ҳақиқӣ, «Адолати мутлақи ҷаҳонӣ» аст ва ин ҳақиқате аст ки ҷойи ҳеч тардиде дар он нест.
■ Донишҷӯ дар ҳоле ки шигифтзада ба назар мерасид, ба фикр фуру рафт. Суханони устод агар чи бисёр тоза ва такондиҳанад менамуд, комилан маъқул ва қобили қабул буд. Аз ин рӯ, бо иштиёқи хоссе гуфт: Хоҳиш мекунам идома бидиҳед.
● Устод даранге кард ва идома дод: Маҷмӯъи ниёзҳо ва истеъдодҳойе ки дар ҳар фард ба гунаи мутафовит аз афроди дигар вуҷуд дорад, он фардро барои «Ҷойе» аз «Ҷаҳон» мутаносиб мегардонад. (Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا﴾(Талоқ/ 3)
Дар воқеъ ҳар кас дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои худ ҷойе дорад ки андозаи ӯст ва андозаи ғайри ӯ нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки имкон надорад ду нафар, аз ҳайси ниёзмандӣ ва истеъдод, комилан назири якдигар бошанд. (Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَقَدْ خَلَقَكُمْ أَطْوَارًا﴾(Нуҳ/ 14); «Ва ҳаройина шуморо гуногун офаридааст»)
Ҳол, агар ҳар фард, феълияти том пайдо кунад ва дар ҷойи худ қарор бигирад, ҷузъӣ аз адолати мутлақро сохтааст ва агар феълияти том пайдо накунад ё дар ҷойи худ қарор нагирад, як халаъи иҷтимоъӣ ба вуҷуд меоварад ки ҳеч чизи дигаре наметавонад онро пур кунад. Ин аст ки гуфтаанд: «Адолат, қарор додани ҳар чиз дар ҷойи худ аст».
■ Донишҷӯ саре ҷунбонд ва гуфт: Бинобарин, метавон гуфт ки мардум дар тӯли тарих, ҳамвора ба дунболи адолати мутлақ будаанд ва мутаъассифона ҳечгоҳ ба он даст наёфтаанд. Шояд ба хотири ҳамин «Мутлақгаройи» будааст ки ҳеч ҳукуматеро барои ҳамеша таҳаммул накардаанд ва ба навъӣ, «Танавуъталабии сиёсӣ» доштаанд! Ин тавр нест?
● Устод: Ҳамин тавр аст. Ҳар як аз ниёзҳои мардум, зермаҷмӯъаи ниёзи онҳо ба адолати мутлақ будааст. Ба иборати дигар, ҳамаи мардум дар ҳамаи замонҳо ва ҳамаи маконҳо, танҳо як ниёз доштаанд ва он, ниёз ба адолати мутлақ будааст. Ҳаракатҳои иҷтимоъӣ, ҷунбишҳои озодибахш ва ҳамаи инқилобҳои мардумии ҷаҳон дар тӯли тарих, дониста ё нодониста, таҳти таъсир ва ангезиши ин ниёзи ҳақиқӣ ва дар ростои таъмин ва посухгӯйи ба он шакл гирифтаанд. Дар воқеъ мардум барои таъмини ин ниёзи ҳақиқӣ, ҳукумате ташкил доданд, аммо ҳеч гоҳ ҳукумати онҳо ин ниёзашонро таъмин накард. Аз ин рӯ, ниҳоятон онро соқит карданд ва ҳукумати дигареро бар по сохтанд, аммо ҳукумати дигар низ ниёзи ҳақиқии онҳоро ки адолати мутлақ буд, таъмин накард. Аз ин рӯ, онро низ барандохтанд ва ба ҳукумати дигаре рӯй оварданд. Тарих, саҳнаи ҳамин озмунҳо ва хатоҳо будааст ки ту онро «Танаввуъталабии сиёсӣ» номидӣ! Вале бояд бидонӣ ки онҳо ин корро аз сари бедардӣ ва танаввуъталабӣ накарданд; Балки аз сари дард ва ниёз анҷом доданд. Инсони негунбахт, дар ҷустуҷӯи адолати мутлақ, ба ҳар сӯйе рӯй оварда ва ба ҳар ҳукумате сар супурдааст. Ҳикояти ӯ ҳикояти кӯдаке буда ки дар миёни ҷамъият гум шудааст ва ба дунболи модар мегардад, аммо чун шинохти саҳиҳе аз ӯ надорад, ба домони ҳар зане чанг мезанад ва ӯро модар мехонад ва вақте бо бемеҳрии он зан рӯбарӯ мешавад, ба
иштибоҳи худ пай мебарад ва ӯро вомегузорад ва ба домони дигарӣ меовезад. Инҳо ҳама таҷрибаҳои талхи ӯ будааст.
■ Донишҷӯ: Чи иртиботе миёни ҳукумат ва таъмини ин ниёз вуҷуд доштааст? Асосан чаро мардум ба дунболи ҳукуматҳо рафтаанд?
● Устод: Суъоли хубе аст. Гуфтам ки адолат «Таъмини ҳамаи ниёзҳои инсон ба наҳве аст ки ҳеч як, бо таъмини дигарӣ таъоруз нёбад» ва «Феълияти ҳамаи истеъдодҳойе аст ки дар фард фарди мардум ба гунаи мутафовит вуҷуд дорад ва барои ҳар як аз онҳо ҳақ эҷод мекунад». Акнун бояд бигӯйем ки ҳаққи ҳар фард дар иртибот бо ҳаққи афроди дигар, «Таклиф» ро ба вуҷуд меоварад.
Ба ин маъно ки таъмини ҳар як аз ниёзҳои фард, ҳамчунон ки набояд бо таъмини ниёзҳои дигари фард таъоруз ёбад, набояд бо таъмини ниёзҳои фарди дигар таъоруз пайдо кунад ва адолат барои ҳеч фарде наметавонад бо зулм ба фарди дигар ба даст ояд. Инҷост ки метавон гуфт: Аз батни ниёз ба адолат, ниёз ба ҳукумат мутаваллид мешавад; Чун вақте ниёзҳои ҳар фард бояд ба гунае таъмин шавад ки монеъи таъмини ниёзҳои фарди дигар нашавад, ниёз ба неруйе аст ки бар ҳар ду фард, «Ишроф» ва «Султа» дошта бошад то иртиботи он ду бо ядигарро танзим кунад ва он неру ҳамоно ҳукумат аст. Ба таври куллӣ, бидуни як ҳукумат ки битавонад миёни ҳамаи зермаҷмӯъаҳо пайванд ва инсиҷом барқарор созад, ҷомеъа шакл намегирад; Чаро ки ҳамаи афрод бар ҳамаи ақрони худ ишроф ва султа надоранд то бидонанд иртиботи худро бо якдигар танзим кунанд. Бинобарин, ниёз ба неруӣ ишроф ва султа (= ҳукумат) аз муҳимтарин ниёзҳои мардумӣ аст ки дар канори якдигар зиндаги мекунанд.
Ҳол агар ҷаҳонро аҷзои ҷудо ва мустақилли аз якдигар бидонем, чунонки имрӯз дониста мешавад, метавонем барои ҳар ҷузъи он ҳукуматӣ ҷудо ва мустақил дар назар бигирем, чунонки имрӯз дар назар гирифта мешавад, аммо агар онро низомӣ воҳид ва ба ҳам пайваста бишиносем то битавонад бистари адолати мутлақ бошад, наметавонем ба чизе ҷуз «Ҳукумати воҳиди ҷаҳонӣ» бовар бандем. Аз инҷо дониста мешавад ки вуҷуди ҳукуматҳои мутаъаддид дар ҷаҳон, иллат ё маълули маҳрумият аст ва ҷаҳон наметавонад ду ҳоким дошат бошад.
● Устод андаке даранг кард ва сипас идома дод: Ишроф ва султае ки як ҳукумат дорад низ ба ду гуна метавонад бошад: Ишроф ва султаи эътиборӣ ки чизе ҷуз ҷаъли қонун ва қарордодҳои иҷтимоъӣ нест ва ишрофу султаи ҳақиқӣ ки чизе фаротар аз ҷаъли қонун ва қарордодҳои иҷтимоъӣ аст, балки реша дар вуҷуд ва моҳият дорад ва аз ишроф ва султаи Худованд бар ҷаҳон, нашъат мегирад. Агарчи ҳар дуйи ин ишрофҳо ва султаҳо ҷомеъа ба вуҷуд меоваранд ва онро ба наҳве ҳифз мекунанд, аммо ончи ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо адолати мутлақ месозад, танҳо ишроф ва султаи ҳақиқӣ аст.
■ Донишҷӯ ки эҳсос мекард ба доираи дарунитаре аз маърифат роҳ ёфтааст, гуфт: Ба ин тартиб, агарчи мардум барои ташкил ва ҳифзи иҷтимоъи, ниёз ба ҳукумати ом доранд, аммо барои даст ёфтан ба адолати мутлақ ки ниёзи ҳақиқии онҳост, ба ҳукумати хоссе ниёзманданд ва он ҳамоно ҳукумати воҳиди ҷаҳонӣ аст. Аммо мехоҳам бидонам ин ҳукумати воҳиди ҷаҳонӣ, чи вежагиҳое бояд дошата бошад то адолатро барои инсон ба армуғон биёварад?
● Устод: Агар адолат, қарор додани ҳар чиз ва ҳар кас дар ҷойи худ аст, мусалламан ҳукумате метавонад онро таҳсил кунад ки ҳар чиз ва ҳар кас дар низоми ҳастиро бишиносад ва ҷойи онро бидонад ва тавони ҷобаҷо карданашро дошта бошад ва аз иштибоҳ дар он масун бошад. Бадеҳӣ аст ки бидуни ҳукумате бо ин вежагиҳои чаҳоргона, ҳеч имконе барои таҳаққуқи адолати мутлақ вуҷуд нахоҳад дошт ва ин вежагиҳои чаҳоргона ҳамон ишроф ва султаи ҳақиқӣ бар низоми ҳастӣ аст ки аввалан ва баззот ҷуз барои холиқи он мумкин нест. Бар ин асос, метавон гуфт ки ҳаққи ҳокимият, танҳо аз они холиқи ҳасӣ аст ва мунҳасиран ҳокимияти Ӯст ки адолати мутлақи ҷаҳониро муҳаққақ тавонад кард. (Чунонки дар Қуръон омадааст: ﴿إِنِ الْحُكْمُ إِلَّا لِلَّهِ﴾(Анъом/ 57) ва дар суннат омадааст: «البیعة للّه»)
■ Донишҷӯ каме фикр кард ва гуфт: Ҳақ бо шумост. Ҳеч кас ҷуз холиқи ҳар чиз ва ҳар кас, ҳар чиз ва ҳар кас дар низоми ҳастиро намешиносад ва ҷойи ҳар кадомро намедонад ва тавони қарор доданаш дар ҷойи худро надорад ва аз иштибоҳи дар он масун нест, вале мехоҳам бидонам ҳокимияти Худованд бо маъное ки мавриди назари мост, чигуна қобили тасаввур аст?
● Устод: Мусаллам аст ки ҳокимияти Худованд бо маъное ки мавриди назари мост, наметавонд ба таври мустақим ва бидуни восита бар ҷаҳони моддӣ ҷараён ёбад; Чароки маҳдудиятҳо ва қавонини модда чунин иҷозае намедиҳад ва табиъат, зарфияти онро зотан фоқид аст. Бинобарин, ниёз ба василае аст. (Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَابْتَغُوا إِلَيْهِ الْوَسِيلَةَ﴾ (Моъида/ 35)
ки аз як сӯ ҳамсинхи бо мардум ва аз сӯӣ дигар, расонои ишроф ва султаи Илоҳӣ бошад (Чунонки Худованд фармудааст: ﴿ضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ الذِّلَّةُ أَيْنَ مَا ثُقِفُوا إِلَّا بِحَبْلٍ مِنَ اللَّهِ وَحَبْلٍ مِنَ النَّاسِ وَبَاءُوا بِغَضَبٍ مِنَ اللَّهِ وَضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ الْمَسْكَنَةُ﴾ (Оли Имрон/ 112) ва он заруратан яке аз мардум аст ки тавассути Худованд ба моҳият ва ҷойи ҳар чиз ва ҳар кас дар низоми ҳастӣ, «Ҳидоят» мешавад (Маҳдӣ) ва барои ҷобаҷойии он, тавонойи ва масуният меёбад ва бар пояи ҳамин вежагиҳои чаҳоргона ки аз Худованд мегирад, истеъдод ва табъан ҳаққи ҳокимият пайдо мекунад. Мо чунин инсонеро «Инсони комил» меномем. Ба ин тартиб, метавон гуфт ки Худованд ҳаққи ҳокимияти худро аз тариқи инсони комил истифо мекунад ва инсони комил, «Халифаи» Ӯст. (Чунонки фармудааст: ﴿إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً﴾ (Бақара/ 30) «Ҳаройина Ман дар замин халифаеро қарордиҳандаам»)
Бо ин васф, рӯшан аст ки ҳокимияти инсони комил, моҳияте ҷуз иҷроъи комили авомири Худованд нахоҳад дошт ва дар воқеъ ҳамон ҳокимияти Ӯ хоҳад буд ки ба ин васила, эъмол мешавад.
● Устод андаке даранге кард ва сипас идома дод: Аз инҷо дониста мешавад ки ҳеч ҳукумате ҷуз ҳукумати инсони комил, наметавонад мазҳари ҳукумати Худованд бошад ва то замоне ки ҳукумат дар ихтиёри инсони комил қарор нагирифта, имкони таҳаққуқи адолати мутлақи ҷаҳонӣ мунтафӣ аст. Яке аз он ҷиҳат ки гуфтим ва дигарӣ аз ин ҷиҳат ки инсони комил, худ яке аз афроди ҷомеъа аст ки истеъдодаш, ӯро барои ҳукумат муносиб сохтааст. Бинобарин, ҳукумат «Ҷойи» ӯст ва чунонки гуфтам, адолати мутлақ он аст ки ҳар кас дар ҷойи худ қарор бигирад. Ба ин тартиб, то замоне ки инсони комил дар ҷойгоҳи ҳукумат қарор нагирифта, адолати мутлақ таҳаққуқ наёфтааст.
■ Донишҷӯ дар ҳоле ки мабҳут ба назар мерасид, каме андешид ва гуфт: Оё ин ба он маъност ки доираи марказӣ ва иллати аслии мушкилоти ҷомеъа, «Адами ҳокимияти инсони комил» аст?! Бале… бале… сӯрохи киштии мо ҳамин аст.
● Устод оҳи сарде кашид ва бархост. Ором канори панҷара рафт ва дар ҳоле ки бо нигоҳи худ уфқи дурро менигарист, гуфт: Инсони имрӯз хаста аст. Инсони имрӯз захмӣ аст. Хаста аз чандин ҳазорон сол беадолатӣ ва захмӣ аз таҷрибаҳои ҳама талх. Фиръавнҳо ва Намрудҳоро дида ва Қайсарҳо ва Касроҳоро кашида ва банӣ Умаяҳо ва бани Аббосиҳоро таҳаммул карда ва шоҳон ва амиронро шоҳид будааст ва имрӯз, ҷумҳуриҳо ва Исломиҳоро таҷриба мекунад.
Инсони имрӯз хаста аст. Инсони имрӯз захмӣ аст. Ба гадойии ҷуръаи адолат, дар барбари ҳар мактабе, ҳар ҳукумате зону зада, аммо ӯ ташнатар аз он будааст ки ба як ҷуръа сероб шавад. Ӯро уқёнус сероб тавонад кард. Аммо ӯ уқёнусро вогузошта ва ба суроғи рутубатҳо рафтааст. Оре, ҳамон тавр ки донистӣ, иллати аслӣ ва доираи марказии мушкилоти ҷомеъа, фиқдони ҳукумати инсони комил буда ва ҳамаи маҳрумиятҳо аз ин нуқта бархостааст, аммо мебинӣ ки касе онро дар шумор намеоварад ва ба он вақъӣ намениҳад. Иллаташ ин аст ки касе дар доираи марказии шинохт нест. Ҳама дар доираҳои берунӣ, дар сатҳҳо мондаанд!
■ Донишҷӯ ки бо чашмҳои шигифтзада ба устод менигарист, хост ки чизе бигӯяд, аммо нафасаш дар сина ҳабс шуд ва забонаш дар ком начархид. Аз ин ёдоварии бузург, тамоми руҳаш ба дард омада буд. Гумон намекард ки маншаъи ҳамаи бадбахтиҳо ҳамин бошад. Аз ин ки гумон намекард бештар месӯхт!
● Устод идома дод: Мушкили мардуми мо ва мардуми дунё маҳрумият аз ҳукумати инсони комил аст; Мушкиле ки наметавон онро як мушкил номид; Балки зоеъаи дарнок ва халаъе ки ҳеч чиз ҷубронаш намекунад; Мусибатӣ камаршикан ва ғайри қобили арзёбӣ. Мушкили мардуми мо ва мардуми дунё, ҳукумати яки ва адами ҳукумати яки дигар аз онон нест то ба канор задани яке ва овардани дигарӣ, онро бартараф кунанд. Мушкили умматҳо ва ҷавомеъи инсонӣ, фиқдони касе ҳамчун Алӣ аст. Мушкили дунё «Бе Маҳдӣ будан» аст.
■ Донишҷӯ боз ҳам саъй кард ки чизе бигӯяд, аммо натавонист.
● Устод идома дод: Адолати мутлақ, коркарди як низом аст; Низомӣ дақиқ ва риёзивор ки ҳар ҷузъаш дар ҷойи худ қарор дорад. Агар як ҷузъи асосиро аз мошини худ бардоштӣ, оё мошин рӯшан мешавад? Оё ҳаракат мекунад? Инсони комил – ки таърифи ӯ гузашт – ҷузъи асосии мошини адолат аст. То замоне ки ин ҷузъи асосӣ дар ҷойи худ қарор нагирифтааст, мошини адолат кор нахоҳад кард. Касоне ки ба ҷойи қарор додани инсони комил дар ҷойи ҳукумат, ба дунболи роҳи дигаре барои расидан ба адолат ҳастанд, дар воқеъ мошини аз кор афдодаи худро ба ҷойи таъмир, ба сӯӣ мақсад ҳувл медиҳанд! Аммо мақсади онҳо дуртар аз он аст ки битавонанд ин гуна ба он бирасанд. Инҳо ногузир дер ё зуд, нафас нафас занон аз пой дар меоянд ва ба истилоҳ, дар миёнаи роҳ «Кам меоваранд»!( Номи китоб: Ҳиндисаи Адолат; Ривояте аз як гуфтугӯ бо аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ)
Идома дорад…