Шукр ба маънои сипосгузори, раҳмату ташаккур гуфтан ва қадрдони аз ҳар соҳиби неъматест, ки ба инсон неъмат медиҳад. Ин неъматдиҳанда гоҳе Худованди Меҳрубон аст ва гоҳе ҳам бо лутфу инояташ бандагонаш мебошанд, ки бо қудрату роҳнамоии Худованди Меҳрубон инсонҳо ҳам хайррасонӣ ва саховат менамоянд ва ҳам сипосгузорӣ ва қадрдониро баҷо меоваранд.
Шукргузори гоҳе бо қалб, гоҳе бо забон ва гоҳе бо итоъату амал аст.[1]
Хулосаи сухан дар ин бора ин,ки Шукргузорӣ ва қадрдонӣ аз Худованди Меҳрубон ва ҳар некукор ва саховатманде, нишонаи инсонияту хирадманди, имону диндори ва инсофу адолатпешагист. Баръакс ношукрӣ ва куфрони неъматҳо нишонаи ҳайвонӣ ва беимонию саркашист.
Ваҳдат ва муттаҳид будан аз беҳтарин неъматҳои Худованди Карим аст, ки бақою ҳаёти инсонҳо, орзуву армонашон, рушду таҳкими миллату давлатҳо дар сояи он имконпазир аст. Шуъурноки ва пухтагии як инсон ва ё як миллатро метавон дар дарку риъояти онҳо аз ваҳдат ва ҳамбастагиашон ба хуби фаҳмид.
Самара ва ҳосили иттиҳоду ҳамбастагиро наметавон бо чизе муқоиса намуд ва ё шумориш кард. Барои ҳамин динҳои осмонӣ ва таҳрифнашуда инсонҳоро ҳамеша ба тавҳидбовари ва ягонапарастӣ даъват мекунанд ва гирди калимаи тавҳид онҳоро ҷамъу муттаҳид месозанд ва аз ихтилофу парокандаги манъ менамоянд. Чунки тамоми азобҳо ва мушкилоти дунёи аз иқтисодӣ гирифта то амниятию сиёси решаашон нотавонӣ ва парокандагӣ инсонҳо мебошад.
Шумо ин мушкилотро ба осони метавонед дар ҷангу ноамниҳои имрузи бибинед. Зургуёну золимон ҳамеша ба инсонҳои заифу нотавон ва пароканда ҳамла ва таҷовуз мекунанд ва ҷону сарвати онҳоро тороҷ менамоянд. Зургуёну золимон ба инсонҳо ва миллатҳои муттаҳид ва қави ҷуръати ҳамла карданро надоранд.
Барои аҳамият, арзиш ва фоидаҳои иттиҳоду ҳамбастаги ҳамин бас аст, ки Худованди Меҳрубон ҳамаи инсонҳоро ба барпо доштан ва риоят кардани он супориш ва амр намуда аст ва аз раҳо кардан ва парокандаги ба шиддат манъ карда аст ва ҳатто ваъдаи азоби сахт ҳам дода аст.
Дар дини ислом ихтилофу парокандаги гуноҳ бисёр хатарнок аст, ки Пайғамбари Акрам борҳо мусулмононро аз он ҳушдор медоданд ва барҳазар медоштанд. Дар ин ҳадиси нурониашон Расули Акрам(с) мефармоянд:
مَن لم يَشكُرِ القليلَ لم يَشكُرِ الكثيرَ، ومَن لم يَشكُرِ الناسَ لم يَشكُرِ اللهَ[2]، والتحدُّثُ بنِعمةِ اللهِ شُكرٌ، وتَرْكُها كفْرٌ، والجماعةُ رَحمةٌ، والفُرقةُ عَذابٌ [3]
Касе, ки ба неъмати андак шукр накунад, ба неъмати зиёд ҳам шукр нахоҳад кард ва касе, ки аз мардум шукргузори накунад, аз Худованд низ шукргузори нахоҳад кард, ёдоварию эътироф кардан ва дуруст истифода намудани неъматҳои Худованд шукргузори мебошад ва фаромуши, эътироф накардану дуруст истифода накардани онҳо ношукрист, муттаҳид ва сарҷамъ будани инсонҳо раҳмат аст ва парокандаги ва ҷудои азоби илоҳи аст.
Худоё моро дар шинохту шукргузори аз неъматҳоят муваффақ бигардон ва дар дарку риояти беҳтари неъмати ваҳдату ҳамбастаги ёри бифармо ва аз ихтилофу парокандаги ва азобаш дар паноҳат ҳифз бифармо ва мазлумону зифони оламро бар золимону зургуён пирӯз бигардон![1]- Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадоту фи ғариб-ил-Қуръон, с.265
[2] – Саҳеҳи Термизӣ, ҳадиси 1955
[3] -Муснади Аҳмад, ҳадиси 18449