Аз Яман меоядам бӯйи Худо
Мавлоно дар Маснавӣ гӯяд:
Гуфт: бӯйи булъаҷаб омад ба ман,
Ҳамчунон ки мар Набиро аз Яман,
Ки Муҳаммад гуфт: бар дасти сабо
Аз Яман меоядам бӯйи Худо.
Бӯйи Ромин мерасад аз ҷони Вайс,
Бӯйи Яздон мерасад ҳам аз Увайс.
Аз Увайсу аз Қаран бӯйи аҷаб
Мар Набиро маст карду пуртараб.
Ишораи Мавлоно ба ҳазрати Увайси Қаранӣ аст; касе, ки мақом ва ҷойгоҳи бас волое дар назди Расули Худо (с) дошт, ба ҳадде, ки ҳазраташ ба саҳобагон дастур мефармояд, то аз Увайс бихоҳанд, ки барояшон талаби мағфират кунад. (Саҳеҳи Муслим, боби фазоили Увайси Қаранӣ)
Увайс, муваффақ ба дидори ҳазрати Паёмбар (с) нашудааст, ба ҳамин ҷиҳат ҳазраташ ӯро ба унвони тобеъин мехонад.
Муслим дар Саҳеҳи худ аз Асир ибни Ҷобир ривоят мекунад: чун кӯмакҳои мардуми Яман ба Умар ибни Хаттоб (дар даврони хилофати ӯ) мерасид, аз онон мепурсид, ки оё шахсе ба номи Увайс ибни Омир дар миёни онҳо ҳаст? То ин ки худ назди Увайс омад ва аз ӯ пурсид: оё ту Увайс ибни Омирӣ? Гуфт: бале. Пурсид: аз қабилаи Мурод ва шохаи Қаран мебошӣ? Гуфт: бале. Пурсид: дар ту песӣ вуҷуд дошт ва аз он шифо ёфтӣ ба ҷуз ба андозаи як дирҳам аз он боқӣ мондааст? Гуфт: бале. Пурсид: модар дорӣ? гуфт: бале.
Умар гуфт: аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: Увайс ибни Омир аз қабилаи Мурод ва шохаи Қаран, бо афроди кӯмакрасони Яман назди шумо меояд, дар ӯ песӣ буд ва аз он шифо ёфт, магар ба андозаи ҷойи як дирҳам, ӯ модаре дорад, ки дар хидматаш талош мекунад, агар ба Худо қасам бихӯрад, Худованд савганди ӯро бароварда мекунад, агар тавонистӣ, ки бароят истиғфор кунад, ин корро бикун. Пас бароям истиғфор кун!
Увайс барояш истиғфор кард. Умар ба ӯ гуфт: куҷо меравӣ? Гуфт: ба Куфа меравам. Умар гуфт: оё бароят ба волии Куфа нома бинависам? Увайс гуфт: агар дар миёни мардум гумном бошам, бароям беҳтар аст.
Ровӣ гӯяд: чун соли оянда мавсими ҳаҷ фаро расид, марде аз бузургони Куфа ба ҳаҷ омад, бо Умар рӯбарӯ шуд. Умар роҷеъ ба Увайс аз ӯ пурсид. Ӯ гуфт: ӯро бо хонае муҳаққар ва васоиле андак дар он ҷо гузоштам. Умар гуфт: аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: Увайс ибни Омир бо кӯмакҳои мардуми Яман, ки аз қабилаи Мурод ва шохаи Қаран аст, бар шумо ворид мешавад, дар ӯ песӣ буд ва аз он шифо ёфт, ҷуз ба андозаи ҷойи як дирҳам, ӯ модаре дорад ва ба ӯ некӣ мекунад, агар Худоро барои чизе савганд диҳад, Худованд ҳатман савганди ӯро бароварда мекунад, агар тавонистӣ, аз ӯ бихоҳӣ, ки бароят талаби мағфират кунад, ин корро бикун.
Ин ҳоҷӣ вақте баргашт, пеши Увайс рафт ва гуфт: барои ман талаби мағфират кун. Увайс гуфт: ту тоза аз сафаре муборак ва шоиста баргаштаӣ, барои ман талаби омурзиш кун ва гуфт: оё бо Умар мулоқот кардӣ? Гуфт: бале. Ва барои ӯ истиғфор намуд.
Сипас мардум ӯро шинохтанд (ва ба ӯ рӯй оварданд) ва Увайс роҳи Худоро пеш гирифт ва аз он ҷо берун рафт (то барои ибодат фароғат ёбад). (Саҳеҳи Муслим, боби фазоили Увайси Қаранӣ)
Расули Худо (с) дар ҳадисе, Увайсро дӯст ва ёри худ ва яке аз беҳтарин ва некӯкортарини тобеъин муаррифӣ мекунад. Борҳо Паёмбар (с) ба дидори Увайс изҳори иштиёқ мекард ва мефармуд: ҳар кас ӯро бибинад, саломи маро ба ӯ бирасонад!
Ҳазраташ гоҳ рӯ ба ҷониби Яман мекард ва мегуфт: ман насими худоиро аз сӯйи Яман мебӯям. Салмони Форсӣ пурсид: эй Расули Худо! Ин шахсе, ки бӯйи хуши ӯро аз Яман мебӯйӣ, кист? Паёмбар фармуд: дар Яман шахсест ба номи Увайси Қаранӣ, ки дар рӯзи қиёмат маҳшур мешавад ва ҷамъияти бисёреро ба теъдоди афрод ва қабилаи пурҷамъияти Рабеъа ва Музар шафоат мекунад. (Фазоили Ибни Шозон, с.107)
Ин ки Мавлоно мегӯяд: “Аз Яман меоядам бӯйи Худо”, ишора ба ҳамин ҳадис аст, ки бархе аз шореҳони ҳадис ривояти зеринро, ки Аҳмад дар Муснад ривоят кардааст, ишора ба Увайс медонанд:
قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: أَلَا إِنَّ الْإِيمَانَ يَمَانٍ، وَالْحِكْمَةَ يَمَانِيَةٌ، وَأَجِدُ نَفَسَ رَبِّكُمْ مِنْ قِبَلِ الْيَمَنِ
“Паёмбар (с) фармуд: огоҳ бошед! Имон яманӣ аст, ҳикмат яманӣ аст ва ман насими худоиро аз ҷониби Яман мебӯям.” (Муснади Аҳмад, 16/576)
Шаҳодати Увайс
Увайси Қаранӣ дар ҷанги Сиффин дар канори ҳазрати Алӣ (а) алайҳи сипоҳиёни Муовия меҷангид. Увайс дар ниёиш ба даргоҳи илоҳӣ чунин дуо мекард: Худоё! Шаҳодате насибам соз, ки бароям биҳиштро ба армуғон оварад! Ӯ саранҷом дар набарде сахт бо сипоҳиёни Муовия ба шаҳодат расид.
Ва бо ин ки барои ӯ ҷойҳои гуногунеро ва дар кишварҳои мухталиф ба унвони боргоҳ ва оромгоҳ бармешуманд ба ҳадде, ки наметавон кишвареро пайдо кард, ки дар он қабри Увайси Қаранӣ ёфт нашавад аз ҷумла Тоҷикистони худамон, аммо ҳақиқат он аст, ки марқади муқаддаси ӯ дар ҳамон маҳалли шаҳодати ӯ яъне дар Сиффин дар Риққа дар шимоли Сурия дар канори қабри ҳазрати Аммори Ёсир воқеъ аст. Чанд сол пеш гурӯҳи теруристӣ-такфирии ДОЪИШ, боргоҳи Увайси Қаранӣ ва Аммори Ёсирро дар шаҳри Риққа ба унвони “ширк” хароб карда буд, ки албатта сипас Ҷ.И.Эрон онро аз нав таъмир ва бозсозӣ карда буд.
Худованд шафоати ин бузургворро насибамон созад!
Дар поён дӯст дорам шеъре аз орифи номвар ҳазрати Асаъиди Абулхайр дар васфи Увайс биёварам:
Гар дар Яманӣ чу бо манӣ пеши манӣ
Гар пеши манӣ чу бе манӣ дар Яманӣ
Ман бо ту чунонам эй нигори яманӣ
Худ дар аҷабам, ки ман тувам ё ту манӣ?
https://istaravshani.com/