Калимаи “ҳамоса” ба маънии шиддат ва салобат аст ва гоҳ ба маънии шуҷоат ва ҳамийят истеъмол мешавад. Уламои шеършинос манзумаҳои шеъриро аз назари муҳтаво яъне аз назари навъи маънӣ ва ҳадафи шеър ба ақсоме тақсим мекунанд; баъзе аз манзумаҳоро манзумаҳои ғиноӣ, баъзеро манзумаҳои ҳамосӣ, баъзеро манзумаҳои ваъзӣ ва андарзӣ, баъзеро манзумаҳои рисоӣ ва баъзе дигарро манзумаҳои мадҳӣ мегӯянд. Девон ва ғазалиёти Ҳофиз, ғазалиёти Саъдӣ ва девони Шамси Табрезӣ, манзумаҳои ғиноӣ аст, яъне агарчӣ ҳадаф дар инҳо ирфон аст, вале лоақал аз назари ташбиб (1) забони ошиқона аст, сухан аз ҳусн ва беэътиноии маҳбуб аст, сухан аз дарди фироқ ва дарозии шаби фироқ ва кӯтоҳии айёми висол аст.
Фикри булбул ҳама он аст, ки гул шуд ёраш,
Гул дар андеша, ки чун ишва кунад дар кораш.
Дилрубоӣ ҳама он нест, ки ошиқ бикушанд,
Хоҷа он аст, ки бошад ғами хидматкораш.
(Ҳофиз)
Ин як шеъри ғиноӣ аст, гарчӣ дар охир ба як маънии ирфонии бисёр латиф ва олӣ мерасад ва Ҳофиз ҳамеша ин тавр аст. Дар охири ҳамин шеър мегӯяд:
Сӯфии сархуш аз ин даст, ки каҷ кард кулоҳ
Ба ду ҷоми дигар ошуфта шавад дастораш.
Ашъори ғиноӣ зиёд аст.
Шеъри рисоӣ ё марсия, ки барои бузургони дин ва соири бузургони дунё ва касоне, ки маншаи хайру баракате будаанд гуфта шудааст, навъи дигари шеър аст. Вақте Баромика мунқариз шуданд, шуарое, ки аз дастгоҳи онҳо истифода мекарданд қасоиде дар рисои онҳо гуфтанд. Худи ҳамин Ҳофиз, фарзанди ҷавонаш, ки мемирад, бо ҳамон забони махсуси худаш марсия мегӯяд:
Булбуле хуни диле хӯрду гуле ҳосил кард,
Боди ғайрат ба садаш хор парешондил кард.
Тӯтиеро ба хаёли шакаре дил хуш буд,
Ногаҳаш сели фано нақши амал ботил кард…
Оҳу фарёд, ки аз чашми ҳасуди маҳу меҳр,
Дар лаҳад моҳи камонабрӯи ман манзил кард.
Ашъори рисоӣ зиёд аст. Мадҳу ситоиш ҳам, ки ило мошоаллоҳ, хусусан тамаллуқу чоплусӣ.
Ашъори ҳамосӣ ашъори дигаре аст, ки маъмулан оҳанги хоссеро мепазирад. Шеъри ҳамосӣ шеърест, ки аз он бӯйе аз ғайрату шуҷоату мардонагӣ меояд; шеърест, ки руҳро таҳрик мекунад ва ба ҳаяҷон меоварад, масалан:
Маро марг беҳтар аз ин зиндагӣ,
Ки солор бошам, кунам бандагӣ.
(Фирдавсӣ)
Ин тақсимбандӣ ихтисос ба шеър надорад, наср ҳам ҳамин тавр аст; насрҳои ҳамосӣ дорем, насрҳои ғиноӣ дорем, насрҳои рисоӣ дорем, анвоъи насрҳо дорем.
Сухан метавонад сухани ҳамосӣ бошад ва сухани ҳамосӣ яъне сухане, ки дар он бӯйе аз ғайрат ва шуҷоат ва мардонагӣ бошад; бӯйе аз истодагӣ ва муқовамат бошад.
Агар шеър ё насре дорои ин хусусиёт бошад, онро “ҳамосӣ” мегӯянд.
Саргузаштҳо ва ҳодисаҳо ва таърихчаҳо ҳам ақсоме доранд. Ҳодисаҳое дорем ғиноӣ, ҳодисаҳое дорем андарзӣ, ҳодисаҳое дорем рисоӣ ва ҳодисаҳое дорем ҳамосӣ.
Як саргузашт тамомаш фақат ғиност, бӯйи ғино медиҳад, ишқ аст. Маҷаллотро шояд каму беш мехонед; дар инҳо, чӣ ҳикояти воқеӣ, чӣ афсона, чӣ махлуте аз воқеият ва афсона, ҳама достони ғиноӣ аст. Ҳоло ин ҳама достони ғиноӣ ба гӯши ин миллат биравад чӣ аз об дармеояд, ман намедонам. Достонҳои рисоӣ ва ба истилоҳ трагедияҳо ҳам зиёд аст. Сафаҳоти ҳаводиси рӯзномаҳоро агар бихонед, ағлаб аз ин ҷур қазоё мебинед. Достонҳои андарзӣ ҳам достонҳое ҳастанд, ки дар онҳо панду андарз аст. “Достони ростон” ҳамааш достонҳои андарзӣ аст.
Ҳатто шахсиятҳо ҳам ақсоме доранд. Баъзе аз шахсиятҳо шахсияти ҳамосӣ ҳастанд ва руҳашон ҳамоса аст, баъзе руҳашон ғиноӣ аст, баъзе руҳашон рисоӣ аст, оҳу нола аст, баъзе шакли руҳашон шакли панду андарз ва мавъиза аст.