“Ба устодам Хайриддини Абдулло мебахшам”
Паи максуди худ ҳар ҷо давидам,
Чу ту шахси накукоре надидам.
Ба ҳар ҷашну маҳофил рафта бо шавқ,
Накуномии ту он ҷо шунидам.
Ту устодиву тифлон дуст дорӣ,
Ту тухми дусти ҳар ҷо бикорӣ.
Ҳама он ҳастиат дода ба шогирд,
Ғами он хастагон аз дил барорӣ.
Хаёлат доимо ободи ҷуяд,
Забонат ҳарфи ширине бигӯяд.
Дар ин давру замони нозпарвар,
Гули зебо шабеҳи ту нарӯяд.
Туи собитқадам дар роҳнавардӣ,
Агар чанде сухан гуи ба мардӣ.
Сипосномаи маро хонда ба завқе,
Чи хуш чун дуст маро дастгири кардӣ.
Суханҳои хушат чун гавҳару дурр,
Аё Хайриддин зи меҳри ту дилам пур.
Барои дастгири дилнавозӣ,
Бигуям аз дилу ҷон он сад ташаккур…