Кишвари Русия яке аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар паҳлуи дигар қудратҳои ҷаҳонӣ мавқеи собит ва мустаҳкам дорад. Русия дорои сарват ва қудрати фаровон аст ва миллионҳо муҳоҷир аз миллатҳои мухталиф дар он зиндагӣ, кор ва таҳсил мекунанд.
Аз ин рӯ, ҳар як кишвари қудратманд мехоҳад, ки дар қаламрави Русия фарҳанг, сиёсат ва мазҳаби худро таблиғ ва муаррифӣ намояд. Муҳоҷироне, ки дар ин кишвар ба кору фаъолият машғуланд, ҳамчун нерӯи кори арзон арзёбӣ мешаванд. Онҳо аз сӯи кишварҳои худ таваҷҷуҳи кофӣ намебинанд ва имкони омӯзиш ва дарёфти ниёзҳои фарҳангиву мазҳабиро на дар ватан ва на дар Русия ба таври лозим ба даст намеоранд. Ҳамчунин, тақрибан 25% аҳолии бумии Русия, ки мусалмонанд, низ дар ҳамин шароит қарор доранд.
Дар чунин вазъ, барои ҳар як кишвари манфиатҷӯ ва ифротгаро шароити муносибе фароҳам мешавад, то ин “парандаҳои озод”-ро ба дом афканда, аз фарҳанг, забон ва ойини аслиашон ҷудо намуда, онҳоро ба луқмаи осони худ табдил диҳанд ва сипас бар зидди дину мазҳаб, фарҳанг ва урфу одатҳои неки миллату давлаташон таҳрик намоянд.
Ёдовар шудан зарур аст, ки сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон ягона маконе буд, ки ҷаҳон аз он ҷо илм меомӯхт ва донишмандон хоҳ дар соҳаи дин ва хоҳ фарҳанг аз ҳамин минтақа зуҳур мекарданд. Мутаассифона, сиёсати Иттиҳоди Шуравӣ ин маркази тамаддуни ҷаҳониро ба хок яксон карда, несту нобуд намуд. Дар натиҷа, имрӯз на танҳо мардуми ин сарзамин, балки мусалмонони худи Русия, ки дар гузашта аз ин ҷо дониш мегирифтанд, аз он гавҳари бебаҳо маҳрум мондаанд.
Самарқанд сайқали рӯйи замин аст,Бухоро маркази ислому дин аст!
Имрӯз ҷавонони ин миллат таҳти таъсири аҷнабиён қарор мегиранд ва ба доми онҳо кашида мешаванд. Ба ҳамин хотир, кишварҳои манфиатҷӯ, ки дар қаламрави Русия ҳузур доранд, бо ҳар роҳу восита ва ба ҳар қимат кӯшиш мекунанд, то сиёсат ва ҳадафҳои худро дар зеҳни мусалмонони пасошӯравӣ ҷой диҳанд.
Яке аз чунин кишварҳои манфиатҷӯ ва заҳролудкунанда барои Русия ва дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ин Арабистони Саудӣ мебошад. Ин кишвар дар Русия ҳам ба таври ошкоро ва ҳам пинҳонӣ идеологияи ваҳҳобии худро таблиғ мекунад.
Яке аз роҳҳои муҳими ҷалби афрод ба ҷониби худ таъсиси марказҳои омӯзишӣ мебошад. Дар пойтахти Русия, шаҳри Маскав, маркази таълимие солҳо боз фаъолият дорад, ки барномаи таҳсилоти он аз зинаҳои ибтидоӣ, асосӣ ва миёна иборат аст. Ин муассиса бо номи “Мактаби назди Сафорати Арабистони Саудӣ дар Маскав” фаъолият мекунад ва ҳамчун муассисаи таълимие барои фарзандони кормандони сафорат ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои арабӣ пешбинӣ шудааст.
Бо вуҷуди ин, дар амал дида мешавад, ки на танҳо фарзандони арабҳо, балки бештар фарзандони ғайриараб, ки аксаран мусалмонанд дар ин мактаб таҳсил мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки марказҳо ва барномаҳои мазҳабии чунин давлатҳо тадриҷан доираи густурдаи нуфузро фаро мегиранд.
Ин мактаб дар соли 1993 таъсис ёфтааст ва ба стандартҳои миллии таълимии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мутобиқат мекунад. Дар он барномаи таълимии Вазорати маорифи Арабистони Саудӣ амалӣ карда мешавад ва дорои аккредитатсияи расмии Вазорати маорифи Федератсияи Русия низ мебошад.
Мактаби Арабистони Саудӣ дар Маскав бо муваффақият фаъолият менамояд. Дар ин муассиса дарсҳо ва курсҳои омӯзиши забони арабӣ ва Қуръон барои кӯдакон ва калонсолон — хусусан барои ғайриарабҳо ройгон пешниҳод мешаванд.
Курсҳои забони арабӣ дар марказҳои гуногуни забономӯзӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо омӯзиши лаҳҷаҳои мухталифи арабӣ пешниҳод мегардад. Аксар омӯзгорон худи соҳибони забон ва мутахассисони боҷурбаи соҳа мебошанд. Ин курсҳо бо як қатор бартариҳои амалии худ фарқ мекунанд — аз ҷумла, имкони таҳсил дар гурӯҳҳои хурд (се то панҷ нафар) ва мутобиқсозии ҷадвали дарсӣ ба шароити инфиродӣ. Омӯзиш дар ин курсҳо ба марҳилаҳои муайян тақсим мешавад. Дар зинаи ибтидоӣ донишҷӯён алифбо, рақамҳо, луғати асосӣ ва ҷумлаҳои муколимавиро меомӯзанд. Онҳо тадриҷан ба мавзӯъҳои оддӣ ва гуфтугӯи ҳаррӯза ворид мешаванд, ки заминаи муҳими таҳсилоти минбаъдаро фароҳам месозад.
Ғайр аз ин, як қатор марказҳои забономӯзӣ ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки барномаҳои амалӣ ва таҷрибавии худро дар муҳити забонии хориҷӣ гузаронанд. Тибқи таҷриба, чанд рӯзи дар муҳити табиии забон сипаригардида метавонад нисбат ба моҳҳо омӯзиши синфӣ таъсири бештар расонад.
Таҷрибаи ташкил ва баргузории чунин машғулиятҳо дар назди сафоратхонаҳои кишварҳои мусулмон ва намояндагиҳои дипломатӣ ба як раванд табдил ёфтааст. Мактаби Саудӣ, ки дар назди сафорати Арабистони Саудӣ дар Маскав амал мекунад, бо муваффақият фаъолияти худро пеш мебарад. Дар ин мактаб дарсҳо ва курсҳои забони арабӣ на танҳо барои шаҳрвандони Саудӣ, балки барои кӯдакони хориҷӣ низ ба таври ройгон пешниҳод мешаванд.
Ҳамчунин, дар солҳои охир дар ин марказ шуъбаи иловагие бо номи “Академияи Саудӣ дар Маскав” таъсис ёфтааст, ки дар он курсҳои шабона ташкил карда шудаанд. Ин курсҳо хеле самаранок ба роҳ монда шудаанд, зеро донишҷӯён имкон доранд аз захираҳои ғании китобхонаи академия истифода баранд.
Ҳамзамон, курсҳои омӯзиши забони арабӣ дар назди кафедраи филологияи арабии ИСАА МДУ (Институти кишварҳои Осиё ва Африқо) низ амал мекунанд. Дар маркази методикии таълими он хондани матнҳои сураҳои Китоби Муқаддаси Қуръон низ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дорад.

Омӯзиши онлайн
Дар солҳои охир роҳҳои гуногуни муосири омӯзиши барномаҳои забонӣ пайдо шудаанд. Дар байни онҳо омӯзиши забони арабӣ тавассути сайтҳои махсус мавқеи хоса пайдо кардааст. Дар ин сайтҳо ҳам курсҳои пулакӣ ва ҳам курсҳои ройгон пешниҳод мешаванд. Барномаҳои дарсӣ дар чунин сайтҳо бо китобҳои таълимӣ, дарсҳои видеоӣ ва маводи аудиоӣ муҷаҳҳазанд, ки самаранокии омӯзишро ба таври назаррас баланд мебардорад.
Дарсҳои пулакӣ бо он фарқ мекунанд, ки донишҷӯ имкони муоширати мустақим бо омӯзгорро тавассути алоқаи видеоӣ ва веб-камера пайдо мекунад. Ҳамзамон, омӯзиш бо истифода аз китобҳои дарсӣ зери роҳбарии омӯзгор ба роҳ монда мешавад, ки дар натиҷа омӯхтани фонетика ва талаффуз ба таври муассир анҷом мегирад. Ин гуна дарсҳо дар муқоиса бо курсҳои ройгон дар масъалаи азхудкунии талаффуз ва истеъмоли дурусти забон бартарии аён доранд.
Ёдоварӣ ба маврид аст, ки барои русзабонон ва мусалмонони ғайриараб дар Русия курсҳои махсуси забони арабӣ бо имкониятҳои васеъ ташкил карда мешаванд. Ин навъи таълим на танҳо ба беҳтар шудани хотира ва қобилияти тафаккур мусоидат мекунад, балки барои шиносоӣ бо фарҳанг ва тамаддуни араб нақши муҳим мебозад. Забони арабӣ яке аз қадимтарин забонҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки таҷассумгари анъанаҳои чандинасраи тамаддуни араб мебошад. Он забоне аҷибу мураккаб аст, ки аксар вақт бо математика муқоиса мешавад. Морфологияи он ба асосҳои қатъии қонунманд сохта шуда, аз ин рӯ, забоншиносон онро ба забонҳои математикӣ монанд медонанд.
Бисёре аз мусалмонон, бахусус занони мусалмон, ба курсҳои забони арабӣ дохил мешаванд, зеро ният доранд ба кишварҳои арабизабон сафар кунанд. Дар чунин ҳолат, омӯхтани лаҳҷаи муайяне, ки мардуми он кишвар бо он ҳарф мезананд, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Баъзеҳо бошанд, танҳо ба хотири он ки забони арабӣ забони исломӣ аст, орзу доранд, онро биомӯзанд ва дини худро беҳтар дарк намоянд.
Дар Русия, ғайр аз ин марказ, даҳҳо муассисаҳои омӯзиши забони арабӣ фаъолият доранд — баъзе бо номи расмӣ ва баъзе таҳти номҳои пӯшида. Илова бар ин, даҳҳо гурӯҳҳои омӯзиши онлайнӣ низ мавҷуданд. Метавон гуфт, ки дар Федератсияи Русия забони арабӣ баъд аз забони англисӣ дуюмин забони маъмулест, ки озодона омӯхта мешавад. Садҳо марказҳои таълимӣ дар саросари кишвар фаъоланд ва давлат дар ин самт ягон маҳдудият ё монеа эҷод намекунад.
Аммо мутаассифона, гоҳо ин ҳама имконияту боварӣ мавриди суистифода қарор мегирад. Чунонки маълум аст, кишвари Арабистони Саудӣ манбаи асосии таблиғоти равияҳои ваҳҳобият ва салафият мебошад, ки ҳадафи аслиашон паҳн намудани идеологияи ифротгароёна дар саросари ҷаҳон аст.
Бештари вақт, донишандӯзони ин гуна марказҳо хоҳ нохоҳ тадриҷан ба доми таблиғоти ваҳҳобият меафтанд. Мехоҳем ё не, омӯзиши забон дар ин гуна муҳитҳо метавонад ба як қадами аввалини раҳсипорӣ ба самти ақидаҳои ифротӣ табдил ёбад.

Таҳдиди пинҳони ваҳҳобият ва паҳншавии он тавассути забономӯзӣ ва марказҳои динӣ
Ваҳҳобияти Саудӣ барои паҳн намудани ақоиди худ аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонад. Он омода аст миллионҳо доллар сарф кунад, то марказҳои омӯзишии вобаста ба худ таъсис диҳад, фориғутахсилони худро дар масоҷиди кишварҳои гуногун ҷойгир созад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, ҳатто омода аст тамоми хароҷоти масҷиде ё маркази динеро ба дӯш бигирад, ба шарте ки як фориғутахсили худ дар он ҷо ҳамчун имом ё муаллим фаъолият кунад.
Ҳар гоҳ дида мешавад, ки як муфтӣ ё имоме хоҳ дар Русия ва хоҳ дар кишварҳои пасошӯравӣ бо шиддат алайҳи Эрон, шиамазҳабон, суфиён ё таҷлил кардани маросимҳои миллӣ ба мисли Соли нави мелодӣ, Наврӯз ё Мавлуди пайғамбар эътироз мекунад ва мардумро алайҳи ин арзишҳои динӣ ва миллӣ мешӯронад, бояд донист, ки чунин афрод зери таъсири шадиди ваҳҳобият қарор доранд ва дигар роҳи наҷоте надоранд. Онҳо ё бо пул харида шудаанд, ё зери мағзшӯии идеологӣ мондаанд. Чунин афрод дар нигоҳи худ танҳо се роҳ мебинанд: мубориза, зиндон ва ё ҳиҷрат. Ба ҷуз ин се, роҳи дигарро намепазиранд. Ин аст натиҷаи таблиғоти ваҳҳобӣ ва салафӣ.
Аз як тараф, омӯхтани забони арабӣ худ як амри нек ва судманд аст, вале аз сӯи дигар, афтодан ба доми мазҳабу ақоиди хатарноки ваҳҳобия хеле хатарнок мебошад. Чун ҳар касе, ки ба ин муҳит васл шуд, дар мадориси Саудӣ таҳсил дид ва ё дар марказҳои вобастаи онҳо таълим гирифт, кори ӯ оҳиста-оҳиста ифротгароӣ мешавад зиддияти ошкор бо муқаддасоти динӣ ва арзишҳои миллию фарҳангии мардумон.
Ҳар ҷо, ки онҳо имом ва мударрис ҳастанд, он ҷо фитна ва иғво авҷ мегирад. Мағзшӯии ҷавонон, ифротигардонии мардум, шӯронидани фарзанд бар зидди падар ҳама дар ҳамон муҳит рух медиҳанд. Ногуфта намонад, ки чӣ дар Русия ва чӣ дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ, мутаассифона, муфтиёт, мадорис, донишгоҳу донишкадаҳои динӣ то андозае зери таъсири ваҳҳобия афтодаанд. Ин таъсир ҳам дар шакли ошкор ва ҳам бо роҳҳои пинҳонӣ ва бо маблағгузориҳои пӯшида амалӣ мешавад. Тавассути ин роҳҳо ақидаҳои ваҳҳобия тадриҷан таблиғ ва ташвиқ шуда, ҷомеа оҳиста-оҳиста заҳролуд карда мешавад.

Хайриддин Абдуллоҳ