Нигарише ба як бемории иҷтимоӣ

Яке аз бемориҳои кӯҳна ва дар айни замон ҷиддии ҷомеаи мо миллатгароии маҳаллӣ ва қабилавӣ аст, вале дар канори онҳо як падидаи дигар тафриқа андохтан миёни «шаҳрӣ» ва «қишлоқӣ» низ боиси нигаронист. Мутаассифона, ин раванд, ки одамонро бар асоси маҳалли зист ба табақаҳо ҷудо мекунад, имрӯз низ боқист ва дар шуури бархе аз мардум ҷойгоҳ ёфтааст.

Гар касе, ба ҳар сабабе, имкони зиндагӣ дар шаҳрро надошта бошад, ин маънои паст будани ӯро надорад. Қишлоқ зистан як муҳити ҷуғрофист, на нишондиҳандаи ақл, маърифат ва шахсияти инсон. Бисёр мешавад, ки деҳнишин дар фазои тангу маҳдуд тавони онро пайдо мекунад, ки худашро рушд диҳад, андешаашро фарох кунад ва ҷаҳони ботиниашро густариш диҳад ин худ дастоварде бузург аст.

Дар муқоиса, инсонҳои зиёдеро мебинем, ки дар шаҳр ба дунё омадаанд, аммо дур аз маърифатанд, на хат медонанд ва на забон, на одоб доранду на ахлоқ. Онҳо ҳарчанд дар шаҳр ҳастанд, аммо аз мазмуни шаҳринишинӣ танҳо номашро гирифтаанд.

Ҳамзамон, таърих шоҳид аст, ки шахсиятҳои бузург, донишмандон, орифон ва ҳунармандони маъруфи мо аз қишлоқҳои дурдаст бархостаанд. Оё метавон онҳоро аз касе, ки танҳо зодаи шаҳр аст, поинтар донист? Албатта, на!

Шаҳрӣбудан чист?
 Шаҳрӣ будан на бо кӯчаҳои асфалт ва биноҳои баланд, балки бо зеҳн, маърифат, сухан, ахлоқ ва дониши шахс чен мешавад. Агар шахсе натавонад бо забони модарии худ дуруст сухан гӯяд, хондану навиштанро надонад ва ҳанӯз забони бегона ба улоҳият бардорад, пас ин чӣ гуна шаҳрнишинӣ аст?

Агар ҷавоне дар шаҳри бузург бузург шавад, аммо бо фарҳанги хеш бегона бошад, фақат кастюм ва галстук ба бар кардан ӯро шахсияти бо маърифат намесозад. Дар муқобил, ҷавоне аз деҳа, ки ба решаҳои хеш арҷ мегузорад, маърифат дорад, забон медонад, тарбия ва ахлоқи солим дорад — ҳақиқатан намунаи инсон аст.

Зоҳираншаҳрӣ, аммоботинан
 Мутаассифона, имрӯз бархеҳо бо зоҳирпарастӣ, бо либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, матоъҳои миллӣ дар шакли урёни сохта, бо лабҳои ботексу рӯи зебокардаи сунъӣ худро шаҳрӣ меҳисобанд. Аммо шаҳрӣ будан ин нест. Шаҳрӣ будан дар маърифат, фаҳми фарҳанг, ҳифзи арзишҳо ва донистани асли хеш аст.

Хулоса
 Бояд донист, ки воқеияти «шаҳрӣ» ва «қишлоқӣ» дар зеҳнҳо ва ҷаҳонбинии инсонҳо сурат мегирад, на дар маҳалли зисти онҳо. Ҳар шахсе, ки бо савод, бо фарҳанг, бо ахлоқ ва бо худшиносист  шаҳрии воқеист, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунад.

Хайриддин Абдуллоҳ