Аз оёти Қуръон мавориди зерро метавон дарёфт:

1-Касоне дар амри маъруф муваффақтаранд, ки худашон сифатҳои барҷастае дошта бошанд ва аҳли тавбаву саҷда ва рукӯу қиём бошанд.[1]

2-Ин афрод ҳаргиз набояд аз мардум интизори моддӣ дошта бошанд.[2]

3-Набояд ба хотири ҷазби бегонагон ёрони худро аз даст диҳанд.[3]

4-Дар гуфтору баён, матонат дошта бошанд.

Дар Қуръон барои баён таъбирҳое ба кор рафтааст, аз ҷумла:

Калимот ҳақ ва дилписанд бошад, «Калимоти хуб ба сӯи ӯ боло меравад».[4]

Дар Қуръон калимаи «таййиба» – сухани некӯ – ба дарахте ташбеҳ шудааст, ки решаи он собит ва шохаҳои он дар фазо пахш ва меваҳои он доимӣ аст.[5]

Яке аз сифатҳои Қуръон «Аҳсан-ул-ҳадис» (сухани хуб ва некӯ) аст.[6]

Қуръон ба мо дастур додааст, ки бо беҳтарин баён бо мардум сухан бигӯем.[7]

Ҷолиб он аст, ки сухани некӯро бояд нисбат ба ҳамаи мардум риоят намуд, хоҳ мусулмон бошаду хоҳ ғайри мусулмон.[8]

Дар Қуръон носазо гуфтан ҳатто ба мушрикон наҳй шудааст, чунки мумкин аст, онҳо низ ба муқаддасоти мо носазо бигӯянд[9].

5-Сухан мантиқӣ бошад; дар саросари Қуръон бурҳон ва баййина борҳо ба чашм мехӯрад, ҳатто аз куффор мехоҳад то агар сухани мантиқӣ доранд баён кунанд.[10]

Сухан агар мантиқӣ бошад, тарафдорони худро дар таърих ва дар саросари ҷаҳон пайдо мекунад. Ҳатто агар замоне ба хотири фишор ва таҳдиди абарқудратҳо, хуршеди мантиқ пушти абрҳо бимонад,  дер ё зуд абрҳои таассуб ва баҳонаю таҳдид канор меравад ва ҳақ худро нишон хоҳад дод.

Зулайхо бо тӯҳмат, таҳдид, тардастӣ ва қудрат, Юсуфи покдоманро ноҳақ ба зиндон андохт, аммо пас аз чанд сол ночор шуд бо сароҳат эълон кунад, ки ҳақ бо Юсуф аст.[11]

6-Баёни содда. 

7-Парҳез аз шухӣ ва таҳқир.

8-Мухтасар ва муфидгӯӣ.

9-Истифода аз калимоти отифӣ, нарм ва муҳаббатомез.

Қуръон анбиёро бародари мардум муаррифӣ мекунад[12] ва ин таъбир беҳтарин роҳ барои ҷазби мардум аст. Мо агар касеро, ки хилофе анҷом медиҳад, бо калимоти бародарам! Хоҳарам! Садо бизанем, тавфиқи бештаре хоҳем дошт.

Худованд ба Мӯсо ва Ҳорун (а) мефармояд: «Ҳангоме ки ба назди Фиръавн рафтед, бо ӯ ба нармӣ суҳбат кунед».[13]

Ва касоне, ки дар баёнашон навъе сангинӣ аст беҳтар ин аст, ки сухангӯе ҳамроҳи худ бибаранд.[14]

Дар ояти 43-и сураи Аҳзоб мехонем: «Худованд ва фариштагон барои ин ки шуморо аз зулумот ба нур даъват кунанд, бар шумо дуруд мефиристанд».

Оре! Роҳи нуфуз дар дилҳо, таъсир дар калом ва омӯзишу роҳнамоии мардум бояд аз тариқи раҳмат ва мулотифат бошад. Дар Қуръон дар ин замина оёти зиёде ба чашм мехӯрад.[15]

Агар нигоҳе ба ояти рӯза бикунем, дарк хоҳем кард, ки чӣ гуна барои ташвиқи мардум ба ин маъруфи бузург, ба латофат заминасозӣ мекунад. Фарз кунед, кӯдаке аз сӯзандору тарсон аст; табиби ҳозиқ бояд ӯро омода кунад, бинобар ин ба ӯ мегӯяд, ман туро дӯст медорам. Нотарс набош! Агар ба ту сӯзандору мезанам аз рӯи дилсӯзӣ аст.

Худованд низ барои фармони рӯза мефармояд: «Эй касоне, ки ба ман имон овардаед ва маро мехоҳед!»; табиб сӯзандоруро, ки дарди мухтасаре дорад, мезанад ва Худованд, низ мефармояд: «Рӯза барои шумо воҷиб гардид».

Табиб ба кӯдак мегӯяд: Чанд дақиқа бештар дард надорад, Худованд низ мефармояд: «Рӯза чанд рӯзе бештар нест».

Табиб мегӯяд: Ҳамаи мардум сӯзандору задаанд ва сӯзандору задан кори муҳимме нест. Худованд низ мефармояд: «Ба инсонҳое, ки қабл аз шумо буданд низ рӯза воҷиб буд».

Табиб мегӯяд: Агар сӯзандору бар шумо созгорӣ надорад, ба ҷои он дору масраф кунед. Худованд ҳам мефармояд: «Агар мусофир ё бемор будӣ, рӯза нагир ва ба ҷои он дар дигар моҳ рӯза бигир».[16]

Лаҳни фармон барои рӯза, монанди суханони як табиби дилсӯз аст, ки кӯдакро бо ҷумалоте омодаи сӯзандору задан мекунад. Оре! Ин гуна амр ба маъруф куҷо ва равише, ки мо онро ба кор гирифтаем куҷо? Дар зимн, аз ташбеҳи оёти Қуръон ба рафтори табиби дилсӯз узрхоҳӣ мекунам.

10-Наҳй аз мункар баҳонае ба дасти душман набошад.

Наҳй аз мункар набояд ба гунае бошад, ки барои душманони қасамхӯрдаи мо дастовезе қарор гирад. Мутаассифона баъзеҳо дар қолиби тазаккур ва наҳй аз мункар масоилро ба гунае дар гуфтор ва навиштор матраҳ мекунанд, ки барои душманони мусулмонон, матни хубе дар минбарҳояшон аст.

Як намуна аз Қуръон:

Замоне, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) суҳбат мекарданд, баъзеҳо ба хотири он, ки ҳазрат дар ҳангоми суҳбат нигоҳе ба онҳо кунанд, ё оромтар сухан бигӯяд, мегуфтанд: «Роино», яъне мурооти моро бикун. Калимаи «роино» дар назди яҳудиён маънои баде дошт ва лизо онҳо, ҳамин ҷумлаи мусулмононро дастовез қарор доданд, ки мусулмонон ба паёмбарашон мегӯянд, «роино» (ба таъбири яҳудиён моро аҳмақ кун), пас ин оят нозил шуд: «Эй касоне, ки имон овардаед! Ин калимаро ба кор набаред, балки бигӯед: Эй Паёмбар ба мо назар кун!»[17].

Аз ин оят чунин маълум мешавад, ки дар калимот ва истилоҳот ва адабиёт, хушгумонӣ ва покии дил танҳо кофӣ нест, балки ба сӯистифода ва дастовез қарор додани душманон низ бояд таваҷҷӯҳ дошт. Барои мисол, гоҳе имоми ҷумъа ё олиме, бо интиқоди дӯстона ихтилофи миёни масъулонро баён мекунад ва гоҳе матни ҳамон суханронӣ аз даҳони ашхоси боғараз пахш мешавад. Бинобар ин дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар танҳо сафои ботин ва қасди қурбат кофӣ нест ва бояд ба гунае амал кунем, ки душмани худ ва душмани ҷомеаи худро шод накунем.

Муқаддимоти таъсири каломро бояд ба вуҷуд оварем

Барои ин ки дар ҷомеа битавон хубиҳоро густариш дод ва аз фасод пешгирӣ кард, бояд нахуст муқаддимоти нуфузи калом ва қудрати амалро ба вуҷуд овард. Чун ҳар сухане аз ҳар касе, дар ҳар замон ва бо ҳар шароити илмӣ, фикрӣ ва иҷтимоӣ пазируфта намешавад.

Оре, мусулмонон бояд дар баробари мухолифон муҷаҳҳаз бошанд. Агар аз назари илмӣ, технологӣ, ташкилотӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсӣ худкифо ва мустақил ва азиз бошанд, метавонанд дар баробари мункароти байналмилалӣ қиём кунанд, ба мусавваботи Созмони Милал (ҳар куҷо, ки бар хилофи ҳақ аст) эътироз кунанд ва дигаронро ба мухолифат водор кунанд. Дар амру наҳйҳои фардӣ низ инсон бояд ворастагиҳое дошта бошад то суханаш дар ҷомеа харидор дошта бошад.

Ба ҳар ҳол амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар сурате воҷиб аст, ки амру наҳйи мо бар мухотаб асар гузорад.

Ин мо ҳастем, ки бояд аз ҳар ҷиҳат шароити таъсири каломро ба вуҷуд оварем. Аммо чӣ гуна? Шароити отифиро бо муҳаббат ва ҳадя ва диду боздид ва шароити илмӣ ва иқтисодиро бо таҳсилоти боло ва худкифоӣ метавонем ба вуҷуд оварем.

Ба илова мардум бояд бидонанд, ки ҳадафи мо аз наҳй ва интиқод кардан бар дигарон, гирифтани мақом ва вазифаи онҳо нест.

Оре! Агар мардум ба гӯянда хушбин бошанд, суханашро бо ҷону дил гӯш медиҳанд, вагарна талошҳо беасар хоҳад буд.

Қазовати боаҷала ва шитоб мамнӯъ!

Имом Содиқ (р) ба меҳмони худ хурмои олие овард. Меҳмон ояте аз Қуръон хонд, ки мафҳумаш чунин буд: аз ин неъматҳо дар қиёмат мавриди бозхост қарор хоҳед гирифт. Гӯё ба назараш омад, ки хурмое ба ин хубӣ чаро дар хонаи Имом Содиқ аст. Имом (р) фармуд: Мурод аз неъмате, ки дар қиёмат аз он бозхост мешавад, неъмати раҳбарӣ ва вилоят аст ва на хурмо.[18]

Ин меҳмон ба хаёли худ, хурмои олиро хилофи зуҳд ва мақоми имомат донист ва хост ба Имом тазаккуре диҳад. Ғофил аз ин ки амру наҳй ниёз ба шинохти маъруф ва мункар дорад ва бо қазовати шитобкорона наметавон ҳар каломеро гуфт. Дар ҳадис мехонем: Худованд поку муназзаҳ аст аз он, ки аз нематҳои моддӣ савол кунад, зеро инсонҳои оддӣ аз обу ноне, ки ба касе медиҳанд, бозхост намекунанд, то чӣ расад ба Худои Раҳмон.

Миёнаравӣ

Дар ривояте омадааст:

«Мусулмон бояд дар амру наҳй миёнарав бошад ва аз ҳар гуна худкамбинӣ ва заъф ва ё дағалӣ ва тундравӣ бипарҳезад».

Маҳбубият ва нуфузи калом

Аз Имом Содиқ (р) суол шуд: Оё амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ба ҳама воҷиб аст?

Имом (р) фармуд:

Ин кор ба касе воҷиб аст, ки мавриди эҳтиром ва итоати дигарон бошад ва нисбат ба маъруф илм ва басират дошта бошад ва барои касоне, ки худашон дар интихоби роҳ ҳайронанд, воҷиб нест.[19]

Бинобар ин агар касе хост пеши роҳи фасодеро бигирад, ҳатман бояд мӯ ба мӯ аз олими ботақво пайравӣ кунад, то гирифтори ҳаракатҳои ношиёна ва худсаронае, ки сабаби баҳрабардории душман ва ё сӯистифодаи афроди боғараз ва ё монеи ҳаракатҳои асосӣ мешаванд, қарор нагирад. Дар ин ҷо ҳадиси ҷолиберо нақл мекунем, то бидонем, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кори соддае нест ва ҳар кас наметавонад бо ҳар шинохте, ки дорад ва бо ҳар шевае, ки меписандад, ин корро анҷом диҳад. Дар ҳадиси Ҳусейнӣ мехонем: «Касе, ки амр ба маъруф мекунад, бояд диншинос бошад ва ҳалолу ҳаромро бидонад, ӯ бояд гирифтори нафси худ набошад. Агар сухане мегӯяд ё қадаме мебардорад, барои ислоҳи ҷомеа ва ризояти Худо бошад, на барои сахтии дигарон ва ё матраҳ кардани худ. ӯ бояд хайрхоҳи мардум бошад ва ангезаи ӯ, сӯзи дарунӣ ва ғайрати динӣ бошад. ӯ бояд бо мардум меҳрубон ва рафиқ бошад ва то зарурат пеш наояд, дағалӣ накунад. ӯ бояд бо латофат ва муҳаббат мардумро ба сӯи хайр даъват кунад.

Гуфтораш некӯ бошад. Бояд бидонад, ки ҳар касе хулқу хӯе дорад ва бо ҳар кас бояд ба тарзи хоссе сухан гуфт. ӯ бояд аз ҳилаҳои нафсонӣ огоҳ бошад, то мабодо ҳангоми иҷрои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ба аҳдофи шуме кашида шавад. Агар дар роҳи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар зарбае дид, ноумед нашавад ва сабр дошта бошад.

Агар аз мардум озоре дид, интиқом нагирад ва шикояте накунад.

Дар кори худ таассуби қавмӣ ва қабилаӣ надошта бошад.

Чашмпӯшии ӯ аз иштибоҳи дигарон, барои нафс набошад», балки барои Худо бошад, на ба хотири эҳтироми худ.[20]

Огоҳӣ шарти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Шахси олиме бо Имом Содиқ (р) ҳамтабақ шуданд. Имом ҳангоми хӯрдан фармуданд:

Худовандо! Ин неъматҳо аз ту ва аз Паёмбарат мебошад. Он олим гуфт:

Неъматҳо танҳо аз Худост. Чаро шумо Паёмбарро изофа мекунед? Оё ин навъе аз ширк нест?

Имом Содиқ (р) дар посух фармуданд:

Худованд дар Қуръон номи Паёмбарро дар канори номи худаш, дар неъматҳое, ки ба мардум додааст, оварда ва фармудааст: Худованд ва Паёмбараш мардумро бениёз карданд.[21]

Рӯзе як сӯфии зоҳиднамо ба Имом Содиқ (р) гуфт: Чаро шумо либосҳои нарм ва зебо пӯшидаед? Ба Худо савганд, ки Паёмбар ин гуна либосҳоро намепӯшид.

Имом (р) либоси худро канор зад ва фармуд: Ман зери ин либос либоси кӯҳна пӯшидаам. Либоси кӯҳнаи зерро барои Худо ва ин ки нафси ман роҳатталаб набошад пӯшидаам ва либоси рӯйро барои оростагии миёни мардум пӯшидаам.

Оре! Кори амр ба маъруф бояд огоҳона бошад ва маъруф бо таваҷҷӯҳ ба ҳама ҷониб дарк шавад. Кор набояд бар асоси хаёл ва ноогоҳиҳо бошад.

Имом Содиқ (р) фармуд:

Танҳо касоне ҳаққи амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро доранд, ки чанд хусусиятро дошта бошанд:

Ба он чи фармон медиҳад, огоҳ бошад.

Огоҳӣ шарти лозим дар ҳамаи аркони дин аст. Барои мисол, ба тоҷирон мефармояд:

Аввал омӯзиш, сипас тиҷорат.

Дар ҳадис мехонем:

Ҳеҷ ҳаракте нест, магар ин ки инсон дар он мӯҳтоҷ ба шинохт бошад.[22]

Имон низ замоне арзиш дорад, ки бар асоси тафаккур ва тааққул бошад, на тақлидӣ ва ё сатҳӣ. Қуръон дар ситоиши чунин афроде мефармояд:

«Онҳо ибтидо дар офариниши осмонҳо ва замин фикр мекунанд ва сипас имони худро изҳор менамоянд».[23]

Дар мавриди намоз низ Қуръон иҷозат намедиҳад, ки инсон дар ҳоли мастӣ намоз бихонад ва мефармояд:

«Намозро тавре бихонед, ки бидонед чӣ мегӯед».[24]

Бинобар ин огоҳӣ аз аҳком ва масоили амр ба маъруф аввалин шарт аст.

Наҳй аз мункар бо мункари шадидтар мамнӯъ

Гоҳе инсон кори хилоферо мушоҳида мекунад ва бо лаҳни тунде наҳй мекунад. Ин лаҳни тунд мункари болотар аст. Барои мисол, мардеро мебинед, ки истода пешоб мекунад. Ҳангоми наҳй аз мункар бо калимоти зишт ӯро наҳй мекунед. Қатъан ба кор бурдани он калимоти зишту қабеҳ, аз истода пешоб кардан бадтар аст.

Наметавон ба ҳар гунаҳкоре лақаби бединӣ дод. Қуръон дар васфи тақводорон мефармояд:

«Онҳо касоне ҳастанд, ки ҳар гоҳ амали зиште анҷом доданд ва ё ба худ зулм карданд, ба ёди Худо биафтанд ва барои гуноҳони худ истиғфор кунанд».[25]

Бинобар ин сирфи анҷоми кори зишт ва зулм ба худ, албатта, агар аз паяш таваҷҷӯҳ ва истиғфор бошад, инсонро аз доираи дин берун намекунад ва низ ба шарти он ки исрор ба такрори гуноҳ надошта бошад.

Бо амали худ, мардумро даъват кунед.

Дар Қуръон, борҳо аз касоне, ки мардумро ба ҳақ даъват мекунанд, вале худро фаромӯш мекунанд, интиқоди шадид шудааст.[26] Касе, ки ин гуна бошад, гирифтори қаҳри бузурги илоҳӣ мешавад.[27] Ҳазрати Шуайб ба мардум мефармояд: Ман дар тарки он чизе, ки шуморо аз он боз медорам, пешқадам ҳастам.[28] Дар ҳадисе мехонем:

«Дар ҷаҳлу инҳирофи инсон ҳамин бас, ки мардумро аз коре наҳй мекунад, ки худаш ба он кор гирифтор аст».

Дар ҳадиси дигар мехонем:

«Худованд лаънат кунад касонеро, ки амр ба маъруф мекунанд, вале худашон ба он чи мегӯянд,  амал намекунанд. Мардумро наҳй аз мункар мекунанд, вале худашон муртакиби он гуноҳ мешаванд».[29]

Дар ҳадиси дигар мехонем:

«Ин гуна афродро дар дӯзах мегардонанд ва вақте аз ӯ мепурсанд: Ту чаро омадӣ? Ту, ки моро аз мункарот наҳй мекардӣ?

ӯ мегӯяд: Чун худам муртакиби гуноҳ мешудам».[30]

Дар ривоёт мехонем:

«Бо амали худатон, мардумро ба роҳи ҳақ даъват кунед». Барои мисол агар падар ё муаллим дар кӯча пӯсти мевае дид ва онро канор зад то касе ба замин наафтад, шогирдон бо дидани ин амал, аз он баъд пӯсти мева дар кӯча ва хиёбон намепартоянд. Ё агар мудири идора ҳангоми вуруд чароғҳои изофиро хомӯш кунад, дигар кормандон вазифаи худро мефаҳманд.

Ҳамчунин агар масъулони мамлакат дар сафи аввали намози ҷумъа ва ҷамоат бошанд, намозхонаҳо ва масоҷид пур мешавад. Ва баръакс, агар чеҳраҳои саршинос хилофе анҷом диҳанд, роҳи гуноҳро ба рӯи дигарон боз мекунанд.

Қуръон ба занони Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки аз мавқеияти иҷтимоӣ ва мазҳабии болое бархурдоранд, мефармояд:

«Эй занони Паёмбар! Ҳисоби шумо аз соири занон ҷудост. Агар ҳар яке аз шумо хилофе анҷом диҳед, ду баробар дигарон кайфар хоҳед дид».[31]

Дар ҳадис мехонем:

«Ҳафтод гуноҳ аз ҷоҳил бахшида мешавад, қабл аз он ки як гуноҳ аз олим бахшида шавад, чунки олим бо гуноҳи худ роҳро барои дигарон осон мекунад».

Дар таърих мехонем ҳазрати Алӣ (к) бо як масеҳӣ ҳамсафар шуданд. Ба дуроҳа расиданд ва ҳар як бояд аз роҳе мерафт, аммо ҳазрати Алӣ (к) аз масири масеҳӣ ҳаракат кард. Масеҳӣ аз он ҳазрат пурсид:

Роҳи шумо он ҷо аст?

Имом (к) фармуд:

Медонам, вале Ислом супориш кардааст, ки ҳар гоҳ ду нафар ҳамсафар шуданд, нисбат ба якдигар ҳаққе пайдо мекунанд ва ман хостам миқдоре шуморо гусел кунам.

Масеҳӣ ба хотири ин бархӯрди ҳазрат, мафтуни паёмҳои Ислом гардид ва дини Исломро пазируфт.[32]

   Ҳорунаррашид канизи зебоеро ба зиндон назди Имом Козим (р) фиристод, то заминаи туҳматеро фароҳам кунад. Рафтори Имом ба гунае буд, ки канизро дигаргун кард ва ӯ низ машғули ибодат шуд.[33]

Оре! Бо ин гуна рафторҳо дигарон ба роҳи мо даъват мешаванд.

 Савол: 

Дар фатвои фуқаҳо мехонем: Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар воҷиб аст, агарчӣ инсон ба он чӣ  мегӯяд, амал накунад.

Вале дар оёт ва ривоёт аз касоне, ки ба гуфтори худ амал накунанд ба шиддат интиқод шудааст ва онҳо аз бузургтарин ғазабшудагон муаррифӣ шудаанд. Кадом як аз ин ду гуфторро бипазирем.

Посух:       

Интиқоди Қуръон ва ривоёт аз касоне аст, ки куллан миёни гуфтор ва кирдорашон фарқ аст, яъне барномаи зиндагӣ ва рафтори онҳо хилоф аст. Вале дар ҷомеа қиёфаи муслеҳ ва омири ба маъруфро доранд. Фатвои фуқаҳо ин аст, ки лозим нест, ба тамоми фармонҳои илоҳӣ амал кунед, то дорои шароити амр ба маъруф бошед. Ин ҳақиқатро дар ҳадис низ мехонем, ки мегӯяд:

Гурӯҳе назди Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) омаданд ва гуфтанд: То вақте, ки мо ба ҳамаи аҳком амал накунем, амр ба маъруф намекунем.

Ҳазрат фармуданд: Амр ба маъруф кунед, агарчӣ ба ҳамаи он чи, ки мегӯед амал намекунед ва наҳй аз мункар кунед, агарчи аз ҳамаи мункарот дурӣ намекунед.

Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки Паёмбари азизи Ислом мефармояд: амал кардани иҷмолӣ кофист ва интиқоди Қуръон ва ривоёт нисбат ба касоне аст, ки аслан аҳли амал нестанд.

Муҳосиботи ақлӣ

Мақсуд аз амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, рушди хубиҳо ва пешгирӣ аз гуноҳон дар ҷомеа аст ва Ислом ба таври куллӣ онро воҷиб гардонидааст. Аммо ҷузъиёт ва наҳваи онро ба ақл вогузор кардааст ва меҳварро натиҷа гирифтани беҳтар ва бештар донистааст, бинобар ин бояд дар иҷрои ин фармони илоҳӣ муҳосиботи ақлиро дар назар бигирем; аз ҷумла:

1-Кадом маъруф ва кадом мункарро дар назар бигирем?

2-Ба чӣ қимат ва бо чӣ миқдор талош анҷом дода шавад?

3-Аз кадом шахс?

4-Дар кадом замон ва кадом макон?

5-Бо чӣ васила?

6-Нисбат ба кадом гунаҳкор?

7-Дар чӣ низом ва ҳукумате? Ва амсоли ин масоил бояд риоят шавад.

Баъди аз байн рафтани режими шоҳаншоҳӣ ва ташкили Ҷумҳурии Исломӣ ба раҳбарии Имом Хумайнӣ аз радио ва телевизион мусиқии дилнавозе пахш мешуд. Аз Имом пурсиданд:

Ин оҳанг ҳалол аст ё ҳаром?

Ишон фармуданд:

Ин оҳанг агар аз садо ва симои Ҷумҳурии Исломӣ бошад монеае надорад, вале агар аз садо ва симои кишвари дигар бошад, ҳаром аст.

Аз ин калом маълум мешавад, ки агар оҳанге мардумро ба низоми фосид дилгарм ва саргарм кунад, ҳаром, вале агар уммати мусулмонро шод кунад, ҳалол аст.

Дақиқан, мисли ҷосусӣ, ки барои ҳифзи манофеи куффор ҳаром, вале барои ҳифзи манфиати мусулмонон, ҳалол аст. Ё мисли шикори ҳайвон, ки агар барои масрафи гӯшти онҳо бошад, ҳалол, вале агар барои ҳавасбозӣ ҳайвонро шикор кунанд, ҳаром аст.

Гоҳе ихтироъ ва технология дар иҷтиҳод (фатво додан) асар мегузорад, барои мисол, фақеҳ ба хотири ҳадиси шарифи, ҳар кас заминеро обод кунад, он замин аз они ӯст, ё ҳар кас чизеро ҳиёзат ва ё ҳайвонеро шикор кунад, молики он мешавад, ба мардум супориши кишоварзӣ ё моҳигирӣ мекунад. Баъд васоили нав ихтироъ мешавад, мисли трактор, ки тоҷире метавонад бо хариди чанд трактор, садҳо километр заминро обод кунад.

Дар ин ҷо фақеҳ ба худаш ҷуръат намедиҳад, ки бигӯяд ин ҳадис ва қонун, ки ҳар кас ҳар куҷоро обод кунад, аз они ӯст, густариш дорад ва инсон метавонад садҳо километрро молик шавад.

Ё фардо василае ихтироъ шуд, ки дар уқёнус ва зери дарё ҳаракат кард ва тамоми моҳиёни дарёро ҷамъоварӣ кард, ин ихтироъ, муҷтаҳид ва фақеҳро ба савол во медорад, ки оё қонуни ҳиёзат то инҷоро дарбар мегирад ё на?

Ба ҳар ҳол қонуни куллии дини ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), собит аст, вале дар мисдоқ ва мавриди қонун, фақеҳро водор ба таҷдиди назар мекунад. Ба таври куллӣ ба аҳкоми илоҳӣ аз се дидгоҳ метавон нигоҳ кард:

1-Диди воқеӣ. Яъне бигӯем, ки ҳар чӣ Худованд фармуда бидуни каму зиёд мавриди қабул аст ва заррае тағйир дар он нест.

2-Диди фақоҳатӣ. Яъне мо аз воқеъ хабар надорем, вале аз калимоти оёт ва ривоёт ин гуна мефаҳмем.

3-Диди ҳукуматӣ. Яне мо яқин дорем, ки мардум ҳукумат мехоҳанд ва медонанд, ки ҳукуматро бояд, имоми маъсум ё фақеҳи одиле ба даст гирад. Ва фақеҳи одил қонунеро дар чаҳорчӯбаи ихтиёроти куллӣ, ки аз тарафи Ислом дорад ва бо абзори иҷтиҳод, вазъ мекунад. Барои мисол ҳаҷро барои як сол мамнӯъ мекунад; фармони ҷанг медиҳад; пешниҳоди сулҳро қабул ё рад мекунад.

Ду унсури замон ва макон дар шароити иқтисодӣ ва сиёсию низомӣ дар диди дуввум ва севвум муассир аст.

Бинобар ин мумкин аст, амре дар замоне мункар ва дар шароити замони дигар маъруф бошад ва ё баръакс ва бидуни ташхиси замон наметавон амру наҳй кард.

Дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бояд муҳосиба кунем, ки кадом шахсият мехоҳад қиём кунад ва ё тазаккур диҳад? Он ҳам ба кадом хилофкор ва нисбат ба кадом гуноҳ?

Агар мухолифате ба амал омад, чӣ кунем?

Гоҳе инсон амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад, вале мардум эътиное намекунанд, дар ин сурат чӣ бояд кард?

Аввалан: Бояд бидонем, ки расидан ба аҳдоф, ба таври куллӣ ниёз ба иҷбор дорад. Аммо Худованд чунин нахостааст ва дар Қуръон оёти зиёде дорем, ки мефармояд:

«Агар бихоҳем, ҳамаи мардумро бо иҷбор, дар роҳи ҳақ қарор медиҳем».[34] Вале суннат ва барномаи Худованд бар озод гузоштани мардум аст.[35] Бинобар ин Паёбар низ мефармояд:

«Вакили шумо нестам».[36] Ва Худо ба ӯ мефармояд: «Ҳаққи сайтара ва иҷбор надорӣ».[37]

Мардум озод офарида шудаанд ва низоми тарбиятии исломӣ бар асоси озодии онҳост. Бинобар ин, маънои тазаккури шумо, яъне қабул кардани ҳатмии мардум нест.

Сониян: Касоне, ки муддатҳо дар роҳе сайр кардаанд, якдафъа наметавонанд аз роҳи худ даст бардоранд ва бояд ба мардум фурсат дод.

Солисан: Гоҳе тазаккур дар замон ва шароите қарор мегирад, ки шахс ҳассосият дорад ва бояд сабр кунем, то ҳассосияти ӯ аз байн биравад, дақиқан мисли духтури дандон, ки агар дандон дард кунад онро намекашад.

Ба илова мумкин аст ба як равише сухани ҳақро нашнавад, вале агар равишро иваз кунем, ӯ мепазирад.

Дар ривоёти тиҷорат мехонем, ки агар дар хариду фурӯши ҷинсе муваффақ нашудед, навъи тиҷоратро тағйир диҳед, шояд муваффақ шавед. Ин тағйир дар риштаҳои таҳсилӣ низ ҳаст, ки гоҳе инсон дар риштае муваффақ нест, бо тағйир додани ришта, муваффақ мешавад. Мегӯянд Дарвин дар ду риштаи илмӣ, табибӣ ва илми динии масеҳият, шикаст хӯрд, аммо дар риштаи табиатшиносӣ муваффақ шуд. Бигзарем, ки назароти ӯ рад шудааст, вале ба ҳар ҳол соҳиби назарияе шуд.

Аз ҳама гузашта ошноӣ бо Қуръон ва ахлоқи анбиё  ва супоришҳое, ки Ислом ба мо кардааст, коркуш аст.

Гоҳе мефармояд: «Дар баробари ҷоҳил бо салом ва меҳрубонӣ бархӯрд кунед».[38]

Гоҳе мефармояд: «Бадиҳои мардумро бо хубӣ посух диҳед, ки ин ҳаракат душманро дӯст мегардонад». [39]

Гоҳе мефармояд: «Ҳатто агар (душман) бархӯрд кард, ором бош».[40]

Гоҳе бояд мунтазири посухи қиёмат буд. Қуръон мефармояд: «Муҷримон ба мӯъминон механданд ва масхара мекунанд ва нисбати гумроҳ будан медиҳанд, вале мӯъминон бидонанд, ки рӯзи қиёмат ҳам мӯъминон ба онҳо хоҳанд хандид».[41]

Фаромӯш накунем, ки натиҷаи амри маъруф ва наҳй аз мункар танҳо таваҷҷӯҳи мардум нест, мумкин аст, мардум эътиное накунанд ва гӯш надиҳанд, вале подоши мо дар назди Худованд маҳфуз аст. Худованд моро мебинад ва заррае аз аҷри мо кам намешавад.

Ба илова магар мо аз анбиё беҳтарем? Он бузургворон чӣ мушкилотеро таҳаммул карданд ва захми забонҳо шуниданд, вале дар бархӯрдашон ҳамчунон бовиқор буданд. Ба паёмбарон мегуфтанд: «Мо шуморо сафиҳ (нодон ва сабукмағз) мебинем»,[42] вале он азизон мефармуданд: «Мо сафиҳ нестем».[43] Мегуфтанд: «Мо шуморо гумроҳ мебинем» ва паёмбарон мефармуданд: «Мо гумроҳ нестем».

 Кори анбиё ҳамчун кори табибе аст, ки машғули муолиҷаи бемор аст, ӯ дод мезанад, вале табиб тамоми диққаташ ба озмоиш ва муоина аст ва коре ба ҳаракат ва фарёдҳои бемор надорад.

Аз амал интиқод кунем, на аз шахс

Мо набояд нисбат ба хилофкор кинадил бошем, балки бояд кори хилофи ӯро барояш тазаккур диҳем. Ба иборати дигар, бо ҷаҳл мубориза кунем, на бо ҷоҳил. Бо гуноҳ мубориза кунем, на бо гунаҳкор.

Дар ривоёт мехонем: Чӣ басо Худованд афродеро дӯст дорад, агарчи аз амали онҳо хушнуд нест.[44]

Дар Қуръон мехонем, ки паёмбарон ба мардум мегуфтанд: «Ман бо амали шумо мухолиф ҳастам, на бо худи шумо».[45]

Агар хилофкор эҳсос кунад, ки шахсият дорад ва маҳбуб аст ва танҳо нуқтаи заъфаш кори хилофаш аст, ба роҳатӣ онро тарк мекунад. Аммо агар эҳсос кунад, ки инсони радшудае аст, рӯз ба рӯз ба табоҳии худ меафзояд. Шахсе аз Имом Козим (р) пурсид:

Яке аз ёрони шумо шароб хӯрдааст. Оё аз ӯ безорӣ биҷӯем?

Имом фармуд: Аз кораш безорӣ ҷӯед на аз худаш. [46]

Дар ҳадис мехонем: «Сазовор аст, ки афроди солеҳ ва ислоҳкунанда нисбат ба хилофкор раҳм кунанд».[47]

Ин қонун дар масоили хонаводагӣ ва тарбияти фарзанд низ нақши муҳимме дорад. Волидайни хуб касоне, нестанд, ки фарзандон аз онҳо битарсанд, балки касоне ҳастанд, ки шахсияти фарзандони худро ҳифз мекунанд ва фарзандон ҳатто агар мавриди хашму қаҳри падару модар қарор гирифтанд, боз ҳам аз лутфи онҳо ноумед намешаванд. Агар шумо фарзандатонро таҳқир ва ӯро бо писари аммааш муқоиса кунед ва ба ӯ гӯед:

Ту фарзанди бадбахте ҳастӣ ва писари аммаат беҳтар аст! ӯ ҳам дар ҷавоб мегӯяд: Аммаам ҳам аз ту беҳтар аст. ӯ ба истилоҳ, муқобила ба мисл мекунад ва кинаи падар ва писараммаро ба дил мегирад. Аммо агар ба ӯ гӯед, фарзандам ту аз соли қабл имсол беҳтар ҳастӣ ва ӯро бо худаш муқоиса кунед, на бо дигарон ва ё ба ӯ гӯед: Инсон бояд ҳар рӯз аз рӯзи қаблаш беҳтар бошад ва ҳарчӣ беҳтар бошӣ назди Худо ва халқи Худо ва волидайн маҳбубтар хоҳӣ буд, дар ислоҳи фарзанди худ нақши мусбате хоҳед дошт. Бинобар ин дар амри ба маъруф ва наҳй аз мункар барои хилофкор рақиб натарошем, то ӯро ҳасуд ва ҳассос ва интиқомҷӯ кунем, балки хубиҳои ӯро ба ӯ бигӯем, гузаштаи дурахшони ӯро ба ӯ ёдоварӣ кунем, бузургвории қавмӣ ва қабилавии ӯро барояш гӯшзад кунем ва аз тавон ва истеъдодҳои ӯ сухан ба миён оварем то ӯ эҳсос кунад, ки аз кор афтода нест, балки ҳам маҳбуб ва ҳам тавонманд аст.

Сифот ва шароити амркунандагон ба маъруф

Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар илова ба имон ва илму қудрат ва равиш, ниёз ба як сӯзу гудоз ва таассуб ва ғайрати динии хоссе дорад. Дар ҳадисе мехонем:

Имом Саҷҷод (р) фармуд, ки ҳазрати Мӯсо аз Худованд пурсид:

Чӣ касонеро дар сояи арши худ мепазирӣ?

Хитоб расид: Афроди дасту дилпокеро, ки ҳар гоҳ диданд, ҳаромҳои илоҳӣ ба сурати ҳалол даромад, ҳамчун бабри захмхӯрда ғазаб мекунанд.[48]

Қуръон мефармояд: Паёмбар вақте мушкилоти мардумро медид, месӯхт.[49]

Дар ҳадис мехонем: Худованд ба Мӯсо (алайҳис-салом) фармуд: Оё медонӣ, ки чаро туро барои паёмбарӣ интихоб кардам? Мӯсо гуфт на! Худованд фармуд: Дар ту сӯзе буд, ки дар дигарон набуд. Қуръон мефармояд: Паёмбари Акрам (саллаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва саллам) барои иршоди мардум ҳирс мезад[50] ва гӯё худашро мехӯрд. Бедардӣ ва сангдилӣ аз бузургтарин бемориҳои рӯҳӣ аст. Худованд мефармояд: «Баъзе дилҳо аз санг сахттар аст, зеро аз канори баъзе сангҳо чашмаи обе берун меояд, вале дилҳое пайдо мешавад, ки бо ҳеҷ мавъизае такон намехӯрад». [51]

Ба ҳар ҳол, касе тавфиқи амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро пайдо мекунад, ки рӯҳи шод ва қалби пурсӯз дошта бошад.

Нишонаи сӯз он аст, ки агар сухани норавое дар бораи худаш шунид, асабонӣ шуда ва аксуламал нишон медиҳад, ҳар гоҳ ғайбати дигаронро низ шунид, нороҳат шавад. Ё агар дар манзили худаш обе беҳуда рехта мешавад, онро мебандад, ҳамин ки дид обе дар ҷои дигар боз мондааст, онро низ бубандад.

Ростӣ, агар ин ҳассосиятҳои шахсӣ ба ҳассосияҳои умумӣ табдил шавад, дунё биҳишт мешавад. Чаро барфи хонаи худро пок мекунем, вале онро дар кӯча меандозем? Чаро обҳои олудаи манзилро ба сӯи ҷӯйҳои хиёбон равона мекунем? Чаро партовҳои мағозаро дар хиёбон мерезем? Ва чаро…? Ҳамаи инҳо нишонаи он аст, ки мо ҳанӯз мо нашудаем, балки ман ҳастем. Бояд дигаронро аз худ ва худро аз дигарон бидонем ва ба гуфтаи Қуръон, ҳама аз якдигар бошем, ҳамчун ҳадисе, ки шоир онро ин гуна ба шеър даровардааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Дилсӯзӣ ва ҳусни ният ба қадре арзиш дорад, ки дар китобҳои фиқҳӣ мехонем: Ҳар гоҳ шахсе ба қасди хизмат коре анҷом дод, вале дар ин кор зараре пеш омад, он шахс ҷарима намешавад. Барои мисол, агар шахсе аз рӯи дилсӯзи кӯдакеро, ки дар мобайни хиёбон ва дар миёни мошинҳост, ба канори девор бубарад, вале аз сӯрохи девор море кӯдакро бигазад он шахс масъул нест, чун кораш ба қасди хайр буд. Ё агар шахсе дар ҳангоми хизмат бидуни кӯтоҳӣ кардан, зарбае ба ҷинс ё мол зад, ҷаримааш намекунанд. Қуръон дар ин маврид мефармояд: Касе, ки ба қасди эҳсон қадаме бардошт, вале тасодуфан хатар ва ё зараре пеш овард, роҳе барои ҷарима кардани ӯ нест.[52]

 Ба ҳадди ақалл басанда кунем

Дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ба ҳадди ақал басанда кунем ва агар пазируфта шуд, қадами баъдиро бардорем.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар рӯзҳои аввал мардумро ба як ҷумла даъват намуд: Бигӯед ҷуз Худои Якто маъбуде нест, то растагор шавед.

Аммо қавонини сахте, ҳамчун қавонини рӯза, закот ва ҷиҳод баъд аз гузашти понздаҳ сол аз беъсат нозил шуд.

Агар хостем касеро ба намоз даъват кунем, бояд танҳо ба омӯзиши воҷибот басанда кунем ва пас аз муддате мустаҳабботро барои ӯ кам-кам бигӯем.

Ислом супориш кардааст, ки имоми ҷамоат ҳоли заифтарин афродро риоят кунад ва намозро тулонӣ накунад. Дар Қуръон мехонем: «Чун Худованд мардумро заиф дид, қонуни худро тахфиф (осонӣ) дод».[53]

Дар Қуръон, дар қавонине, ки дар он сахтӣ вуҷуд дорад, сабукӣ дода шудааст.

Хотира

Дар ривоят аст, ки як нафар масеҳӣ мусулмон шуд. Рафиқи мусулмонаш саҳаргоҳ ба хонаи ӯ рафт ва гуфт: Ҳозир шав,  вақти намози шаб аст. ӯро аз хоб бедор намуд ва ба намози шаб во дошт. Ҳамин ки азони субҳ шуд гуфт: Акнун вақти намози субҳ аст. Ва баъд намози зуҳр ва асрро хонданд дар ҳоле ки мегуфт: Набояд аз намозҳо ва дуои нофила ва мустаҳаббот ғофил шуд – ва намегузошт ӯ аз масҷид ба хонааш баргардад. Ин мусулмон чунон бо намоз ва дуо, вақти ин масеҳии нав мусулмоншударо пур кард, ки рӯзи баъд гуфт: Агар Ислом ин аст, ҳамон беҳтар, ки масеҳӣ бошам.

Яке аз сабабҳои рукуди Ислом, бад муаррифӣ кардан ва таблиғи он тавассути афроди бетаҷриба ва ноогоҳ аст.

Агар Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз рӯзи аввал мефармуд: Ҳар кас мусулмон шуд, худро омодаи ҷиҳод ва шаҳодат кунад, рӯза бигирад, хумсу закот бидиҳад. Касе дини ӯро намепазируфт. Барои даъвати афроди беҳиҷоб, ҳамон бас, ки ба миқдори воҷиб иктифо кунем. Агар дар масоҷид намозҳои воҷиб бидуни суханронӣ ва мустаҳаббот баргузор шавад, ба таври қатъӣ масҷидҳо пурҷамъият хоҳанд шуд.

Ба суроғи кашфи мункар наравем

Баъзеҳо бо таҷассус ба суроғи кашфи айбҳо ва гуноҳони мардум мераванд то ӯро наҳй кунанд, дар ҳоле ки Қуръон бо камоли сароҳат, таҷассусро ҳаром кардааст.[54]

Имом Содиқ (р) дар номае ба Наҷҷошӣ навишт: Лағзишҳои мӯъминонро пайгирӣ накунед, ки ҳар кас ин гуна бошад, Худованд илова бар охират, дар ҳамин дунё ӯро расво хоҳад кард.[55]

Наҳй аз мункар на ҳасодат!

Касе, ки амр ба маъруф ё наҳй аз мункар ё интиқод мекунад, бояд бар асоси иршоду роҳнамоӣ бошад, на ҳасодат. Чӣ бисёр заноне, ки чун зеваролот надоранд, дар қиёфаи наҳй аз мункар мегӯянд: Чаро фалон хонум барои худнамоӣ ин ҳама тилло ба худ овехтааст? Ё касе, ки аҳли мутолиа нест, мегӯяд: Фалонӣ дар асари мутолиа оқибат девона хоҳад шуд.

Ё афроди ба дин бепарво дигаронро ба васвос муттаҳам мекунанд. Ба ҳар ҳол, решаи баъзе аз интиқодҳо – ақидаҳо ва ҳасодатҳо ва камбудиҳост. Қуръон мефармояд: «Баъзе аз мардум дар мавриди тақсими закот ба ту интиқод мекунанд, вале агар миқдоре аз закотро ба худи онҳо бидиҳӣ, розӣ мешаванд ва эрод намегиранд, аммо дар сурате, ки барояшон надиҳӣ, асабонӣ мешаванд».[56]

Ин оят ба мо мегӯяд: Гоҳе сарчашмаи интиқодҳо масоили шахсӣ ва иқтисодӣ ва руҳӣ аст, на идеологӣ ва ақидатӣ.

Интиқоднаинтиқом!

Гоҳе аз шахсе интиқоде мешавад ва ӯ ба фикри интиқом меафтад. Бинобар ин ҳамин ки кори нодурустеро мушоҳида кард, ба баҳонаи наҳй аз мункар интиқом мегирад.

Наҳй аз мункар на мухолифатхонӣ!

Интиқод ва наҳй аз мункар набояд ба сурати шуғл дарояд. Мутаассифона ҳар рӯз мо шоҳиди рушанфикрнамоёне ҳастем, ки шуғли онҳо мухолифатхонӣ дар суханрониҳо ва рузномаҳост ва устувории гурӯҳ ва ҳизби онҳо бо ҳамин мухолифатҳост, гӯё чашми онҳо корҳои хубро намебинад.

Тазаккуроте ба амри маъруфкунандагон ва наҳйимункаркунандагон

1-Басират ва огоҳӣ

Касе, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад, бояд маъруф ва мункарро бишносад ва шеваро ҳам бидонад.[57]

2-Боирода бошад

Касе, ки тасмим дорад ба вазифаи муҳимми амр ба маъруф амал кунад, набояд кори худро бар асоси қаҳр ва сулҳи мардум танзим кунад. Қуръон мефармояд: «Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ниёз ба иродаи қавӣ дорад».[58]

Хотира

Дар Қуръон мехонем: Ҳазрати Мӯсо ва Хизр (алайҳимо салом) гурусна вориди минтақае шуданд ва бо ин ки мардуми он диёр аз ин ду паёмбар бо каме нон ҳам пазироӣ накарданд, вале он ду бузургвор ҳамин ки девореро дар остонаи вайронӣ диданд, тасмим ба таъмир кардани девор гирифтанд, дар воқеъ бевафоии мардум дар он ду бузургвор асаре нагузошт.[59]

3-Амал барои Худованд бошад

Агар амримаъруфкунанда интиқоде кунад, бар асоси салиқаи шахсӣ, ҳизбию сиёсӣ ва уқдаи дарунӣ ва кинаю интиқом набошад. Қуръон мефармояд: «Решаи баъзе аз интиқодҳо, масоили шахсӣ аст».[60]

Агар амр ва наҳй барои Худо бошад ва масоили салиқаӣ ва маҳаллию синфӣ ва ҳизбию нажодӣ ва забонӣ дар он набошад, муассиртар аст, сухани соф бар дили соф менишинад, вале агар сухан ҳамроҳ бо ғаразҳои дигаре бошад ва ё шунаванда руҳи солиме надошта бошад, амр ба маъруф асаре нахоҳад дошт.

Хотира

Шахсе ба номи Ҳаммом аз ҳазрати Алӣ (к) нишона ва сифатҳои инсонҳои ботақворо савол кард. Имом каме тааммул фармуд, аммо Ҳаммом исрор кард ва Имом (к) нишонаҳоеро баён фармуд. Ногаҳон Ҳаммом фарёде кашиду… аз дунё рафт. Имом (к) фармуд: Мавъизаи холисона дар дили омода ин гуна асар мегузорад.[61]

Қуръон борҳо супориш мекунад ки ҳуб ва буғзҳо шуморо аз марзи ҳақ хориҷ накунад! Марзи ихлос бисёр дақиқу зариф аст ва бо андаке лағзиш аз мадори ихлос ба мадори ширк кашида мешавем.

Нишонаи ихлос он аст, ки интизори подош ва ташаккур аз касе надошта бошем.[62]

Аломати ихлос он аст, ки нахоҳем дар баробари кор аз мо ситоиш шавад. Аломати ихлос он аст, ки барои мо, навъи кор, замони кор ва амсоли он муҳим набошад. Дар водии ихлос тамоми милокҳо ва равобит маҳв мешавад ва танҳо арзишҳои илоҳӣ ба кор меояд. Бинобар ин, Қуръон ба Нӯҳ мефармояд: Писари кофири ту бояд ғарқ шавад! Ба Лут мегӯяд: Ҳамсари ту бояд ҳалок шавад! Ба Паёмбари Акрам саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мегӯяд: Бурида бод дасти Абулаҳаб – амаки ту! Ба Иброҳим мегӯяд: Ҳаққи дуо кардан барои амаки бутпарасти худ надорӣ!

4-Сиаи садр ва руҳияи қавӣ доштан

Ҳамин ки ҳазрати Мӯсо маъмури таблиғ шуд, аз Худованд руҳи бузург ва сиаи садр хост. Худованд дуои ӯро мустаҷоб кард, лизо Мӯсо бо руҳияи қавӣ ба суроғи Фиръавн рафт. Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бидуни руҳия, имкон надорад.

Касе, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад, дар муқобили тамоюлоти мардум меистад ва ҳатман аз тарафи баъзе аз мардум, мавриди номеҳрубонӣ қарор хоҳад гирифт. ӯ агар сиаи садр надошта бошад, бо дучор шудани як-ду бархӯрди тунд аз тарафи мардум аз анҷоми вазифа даст хоҳад кашид. Қуръон дар мавриди нишонаи бандагони хуби Худованд мефармояд: «Онон касоне ҳастанд, ки ҳар гоҳ бо афроди ноогоҳ бархӯрд кунанд, бо салом ва масолимат рад мешаванд».[63]

Магар ба анбиё нисбати ҷунун,[64] сеҳр,[65] нодонию бехирадӣ,[66] гумроҳӣ,[67] ва бартарихоҳӣ намедонанд?

Даъват ба ҳақ ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, кори анбиёст ва мушкилоти анбиёро низ хоҳад дошт. Анбиё тӯҳматҳоро бо сабр ва сиаи садр пушти сар мегузоштанд. Барои мисол дар бораи касоне, ки мегуфтанд: Мо туро бехирад мебинем, мефармуданд: Ман бехирад нестам.[68] Дар ман сафоҳате нест. Ё ҳангоме ки нисбати гумроҳӣ медоданд,  мефармуданд: Банда гумроҳ нестам.[69] Дар ман сифати гумроҳӣ нест.

Сабр ва пойдорӣ супорише аст, ки Худованд ба анбиё мекунад.[70]

Гузашт аз чизҳои беҳуда, аз сифоти барҷастаи мӯъминон аст.[71]

Анбиёи бузургвор на танҳо бо камолоти нораво, балки бо таҳдид ва шиканҷа ва қатли мардум рӯ ба рӯ мешуданд,[72] вале таваҷҷӯҳ ба ин ки:

1-Мо зери назари Худованд ҳастем ва Худованд ҳар лаҳза аъмоли моро назорат мекунад ва ба мо таваҷҷӯҳ ва лутф дорад.[73]

2- Пирӯзӣ бо тарафдорони ҳақ аст.[74]

3- Ҳар чӣ кор сахттар бошад, подошаш бештар аст.[75]

4-Ин роҳе аст, ки ҳамаи анбиё ва авлиё рафтаанд.[76] – Роҳро барои инсон осон мекунад, то ин ки аз ҳеҷ таҳдид ва сарзанише наҳаросад.[77]

5-Ҳусни хулқ ва нармхӯӣ

Дар амру наҳй ба мардум нармхӯ бошем. Худованд ба паёмбараш мефармояд: Ту вакили мардум нестӣ;[78] ту бар мардум сайтара надорӣ;[79] ту нисбат ба имони мардум, ҳаққи иҷбор ва икроҳ надорӣ.[80]

Касе, ки амру наҳй мекунад, бадиҳоро бо хубӣ дафъ мекунад[81] ва аҳли интиқом намебошад;[82] мардум аз афроди бадахлоқ мегурезанд.[83] Бояд бо мункарот ва кори бади мардум мухолиф бошем, на бо худи онҳо.[84]

Бо ҷаҳл мухолиф бошем, на бо ҷоҳил. Нигоҳи мо бо гунаҳкор, нигоҳи табиб бошад ба бемор, на нигоҳи инсон ба душман. Бояд хубиҳои ӯро низ дар назар бигирем. Мумкин аст инсон гуноҳе анҷом диҳад, вале хубиҳое низ дошта бошад. Агар ибтидо хубиҳои ӯро баён кунем ва ӯ эҳсос кунад, ки мо дӯсти ӯ ва қадрдони камолоти ӯ ҳастем, ба тавре ки тазаккури мо ба ӯ барои такмили хубиҳои ӯст, ҳатман  ба натиҷа хоҳем расид. Дар бархӯрд набояд қиёфаи мутакаббирона бигирем, зеро аз нишонаҳои мардони Худо, тавозӯъ ва хоксорӣ дар ҳаракат аст.[85]

Оре! Бояд нисбат ба мардум ботавозӯъ бошем. Дар Қуръон мехонем, ки Худованд ба паёмбараш мефармояд: «Ту боли тавозӯи худро нисбат ба мӯъминон боз кун ва онҳоро зери бол бигир!»[86]

Бояд аз лағзиши мардум дар ҳангоми узрхоҳӣ бигзарем, ки ин нишонаи ҷавонмардони таърих аст. Ҳамин ки бародарони Юсуф аз ӯ узрхоҳӣ карданд, фармуд: Имрӯз маломате бар шумо нест.[87]

Ҳамин бузургвориро Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳангоми фатҳи Макка нисбат ба ҳамаи касоне, ки ӯ ва ёронашро солҳо озор доданд, аз худ нишон дод ва ҳамаро якбора бахшид. Мо бояд дар мавориде, ҳатто аз зердастони худ узрхоҳӣ кунем. Боз ҳам намунае аз рафтори Паёмбари азиз нақл мекунем. Назди Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) чизҳоеро барои дар байни мусулмонон тақсим кардан оварданд. Ҳазрат ба ҳангоми тақсим мулоҳиза фармуд, ки ба ҳама намерасад. Пас ба афроде дод, ки мӯҳтоҷтар буданд, вале барои дилнавозии дигарон аз онҳо узрхоҳӣ кард.[88]

Мумкин аст афроде, ки мавриди амру наҳй қарор мегиранд, дар худ эҳсоси шармандагӣ ё шикаст кунанд. Дар ин ҷо, барои ҷуброни ин эҳсос метавонем бо калимоти латиф ё дуо, дили ӯро ба даст оварем.

Таваҷҷӯҳ ба ҳама ҷониб

Дар ривоёт мехонем: Касе метавонад дини Худоро ёрӣ кунад, ки ба ҳамаи ҷонибҳо иҳота дошта бошад, вагарна гоҳе зарари ӯ беш аз манфиат аст.

Хотира

Дар китоби Алғадир мехонем: Шахсе аз девори хонаи мардум боло рафт, то бубинад, ки афроди он хона чӣ кор мекунанд. Ҳамин ки дид, машғули шароб хӯрдан ҳастанд, аз болои бом наҳй аз мункар кард. Соҳибхона ба ӯ гуфт: Ман як мункар анҷом додам ва он ин ки шароб хӯрдам, вале ту гирифтори чанд мункар шудӣ, таҷассус ва вуруд ба ҳарими хонаи мардум ва эҷоди ваҳшат, мункарҳое буд, ки ту муртакиб шудӣ.[89]

Хотира

Шахсе гуфт: Имом Боқирро дидам, ки дар атрофи Мадина машғули кишоварзӣ аст. Бо худ гуфтам: Чаро фарзанди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ин ҳавои гарм ба фикри дунёталабӣ аст?

Ба сӯи ӯ рафтам, то ба хаёли худ ӯро наҳй аз мункар кунам. Аммо Имом Боқир (р) фармуд: Касби ҳалол ва кишоварзӣ, беҳтарин ибодат аст ва агар марги ман дар ин ҳолат бирасад, дар беҳтарин ҳолат мурдаам.[90]

Гоҳе акси бузургонро дар ҷои номуносиб насб мекунанд, ё бо хатти бад рӯи деворҳои зебо шиор менависанд, ё рӯи билетҳои автобус, ки маъмулан пора мешаванд, оёту ривоёт менависанд. Ё ба унвони тозагӣ гирифтори васвос мешаванд, ё ба хаёли тарбият кӯдаки худро мезананд, ё ба хаёли обрӯдорӣ исроф мекунанд, ё ба хаёли саховат гирифтори исроф мешаванд, ё ба гумони наҳй аз мункар гунаҳкорро таҳқир мекунанд ва обрӯи ӯро мерезанд. Агар каме дар рафтори худ диққат кунем, ҳазорон аз ин намунаҳоро мебинем, ки нишондиҳандаи ошно набудани мо бо шеваи кор аст.

Хотира

Ҳазрати Алӣ (к) миқдори зиёде хурмои хуб ба касе фиристод. Шахсе ба хаёли наҳй аз мункар гуфт: Ин миқдор аз хурмо барои ӯ зиёд аст. Иловабар ин, ӯ аз шумо хурмо дархост накардааст, пас беҳтар он аст, ки ё ба ӯ хурмо надиҳем ва ё ақаллан миқдори каме бидиҳем.

Ҳазрат бо тундӣ фармуд: Худо инсонҳои монанди туро зиёд накунад. Чӣ гуна барои мӯъминон биҳиштро аз Худо дархост мекунем, аммо ҳозир нестем, миқдоре хурмо ба онҳо бидиҳем? Ман мебахшам, вале ту таҳаммули диданашро надорӣ.

Агар сабр кунам, то ӯ дархост кунад ва он гоҳ ба ӯ бахшам, бахшиши ман, пули обрӯи ӯст, ки назди ман рехтааст.[91]

Хотира

Манзили пирамарде, ки се фарзанди ҷавонаш яке пас аз дигарӣ дар ҷабҳаи Ислом шаҳид шуда буданд, меҳмон будам. Барои таҳорат кардан бархостам. Ин падари пир сачоқе бароям овард. Гуфтам: Ҳадис дорем, ки агар оби таҳоратро хушк накунед, савоби таҳорат се баробар аст.

Пирамард гуфт: Оё ҳадис надорем, ки агар пирамарде падари се шаҳид, барои касе сачоқ оварад, дили ӯро нашиканед?

Ман таконе хурдам ва дидам хақ бо ӯст ва ман дар амал ба ин ҳадис, бояд шароити дигареро ҳам риоят кунам. Оре! Яктарафа фикр кардан ва тамоми ҷонибҳо ва атрофи масъаларо дар назар нагирифтан, офате дар пай хоҳад дошт.

Ҳаргиз худро беҳтар надонем

Касе, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад, худашро беҳтар мепиндорад. Имом Содиқ (р) фармуд: Ҳар кас худашро беҳтар аз дигарон бидонад, мутакаббир аст. Шунаванда бо тааҷҷуб далели ин каломро аз Имом пурсид. Имом фармуд: Шояд имрӯз мо аз касе, ки хилофе мекунад, беҳтар ҳастем, вале хабар аз оянда надорем.

Сипас Имом барои равшан кардани афкори умумӣ, намунае аз Қуръон оварда ва фармудааст: Соҳиронеро, ки Фиръавн барои мубориза бо Мӯсо бо ташвиқу таҳдид аз тамоми шаҳрҳо ҷамъ карда буд, ҳамин ки муъҷизаи Мӯсоро диданд, яксара имон оварданд ва таҳдидоти Фиръавнро нодида гирифтанд. Ин соҳирон ҳангоми субҳ кофир ва аз тарафдорони Фиръавн буданд, вале ғуруби ҳамон рӯз ба Худои Мӯсо имон оварданд ва ба дастури Фиръавн қатл гардида ба шаҳодат расиданд. Оре, мумкин аст афроде роҳи хилоф раванд ва ё кори хилофе анҷом диҳанд, ки дар ин сурат, вазифаи мо амри маъруф ва наҳй аз мункар аст, вале мо чун аз оқибати кори худ ва онҳо хабар надорем, зимни он ба вазифа амал мекунем, набояд хилофкорро барои ҳамеша фосид ва худро ҳамеша мӯъмин бидонем. Дар таърих мехонем: Имом Ҳусейн (р) пеш аз сафари Карбало, ба шахсе нома навишт: «Ту аз ёрони ҷаддам Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) будӣ ва дар ҷангҳо фидокориҳои зиёде кардаӣ. Баъд аз Паёмбар, аз ёрони падарам Алӣ (к) ва баъд аз ӯ ҳам аз ёрони бародарам Имом Ҳасан (р) будӣ. Собиқаи размандагии ту дар ҷангҳо дурахшон аст. Акнун ман ба Карбало меравам. Чӣ хуб аст, барои ҳимоят аз ман ба Карбало биёӣ».

ӯ дар посух навишт: «Ман хаста шудаам. Дигар ҳоли майдону ҷангро надорам» – ва дар поёни умр, Имомро танҳо гузошт. Баъд аз шаҳодати Имом гиряҳо мекард, ки чӣ гуна касе, ки умре дар майдонҳои ҷанг буд, дар имтиҳони охирини илоҳӣ қабул нашуд?!

Ҳазрати Алӣ (к) дар Наҳҷулбалоға мефармояд:

«Эй бандаи Худо! Дар айбҷӯии касе ба хотири гуноҳонаш, шитоб макун! Зеро мумкин аст, он гуноҳ бахшида шавад. Ва дар бораи худ, ҳатто аз гуноҳи камтаре, ки анҷом додаӣ, худро дар амон надон, зеро мумкин аст, ба хотири он азоб шавӣ».[92]

Як мисоли ҷолиб

Касе, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад монанди табибе аст, ки ба табобати бемор мепардозад. Масалан, мумкин аст ин бемор беҳбуд ёбад ва солҳо умр кунад, вале худи табиб дар ҳодисае ҷон диҳад. Бинобар ин анҷоми вазифаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ба маънои худро бартар дидан ва ҳусни оқибати яке ва рӯсиёҳии дигаре нест.

Наҳй аз мункар бояд зуд анҷом гирад

Дар ҳадис мехонем: Чашми инсони боимон ҳангоми дидани ҳаром ба ҳам намехӯрад, магар ин ки онро тағйир диҳад.

Усулеро, ки бояд онро риоят кард!

1-Дар шинохти мункар таҷассус накунем! Агар хилофе равшан шуд, наҳй кунем, аммо ҳақ надорем ба суроғи ҷутуҷӯ кардани хилоф биравем.

2-Ба гунае амру наҳй накунем, ки дигарон ба мухотаби мо захми забон бизананд.

3-Эҳтироми афродро дар назар бигирем. Барои мисол, касеро, ки махфиёна гуноҳ кардааст, ошкоро наҳй накунем.

4-Агар эҳтимол диҳем, ки хилофкор дар назди худ узре дорад ва хилофи ӯ барои мо собит нашудааст, иқдом барои амру наҳй накунем.

5-Эҳтироми худамонро низ дар назар бигирем.

6-Бо гуноҳ мухолифат кунем на бо гунаҳкор.

7-Худро бартар аз дигарон надонем.

8-Рафтори дигаронро бар дурустӣ эҳтимол диҳем.

9-Шароити замонӣ ва макониро дар назар бигирем, ҳазрати Алӣ (к) фармуданд: Агар мусулмоне хилофе кард ва шумо ӯро дар сарзамини куффор ёфтед, дар он ҷо ҳаддро анҷом надиҳед. Шояд ба ин кори шумо ӯ ба куффор вобаста шавад.[93]

Ҳушдорҳо

Аз он ҷо, ки шайтони маккор ба андозаи умр таҷриба ва шайтанат дорад, гоҳе барои водор кардан ба мункар аз роҳи маъруф ворид мешавад, барои мисол:

1-Рӯҳи инсонро ба корҳои ҷузъӣ гароиш медиҳад, то зарфи рӯҳро пур кунад ва дигар фурсате барои анҷоми корҳои муҳимтар намонад.

2-Шахсро ба корҳои хубе водор мекунад, ки осебпазиртар аст ва бештар дар маърази ғурур ва ҳайрат аст.

3-Чунон инсонро ба ибодат водор мекунад, то рӯҳро аз ибодат мутанаффир созад ва рӯҳ барои ҳамеша тарки ибодат кунад.

4-Инсонро ба тарафе равона мекунад, ки дар қолиби баёни ҳақ, шахси худро матраҳ кунад.

5-Гоҳе чеҳраи ибодиро пурранг мекунад, то чеҳраи сиёсӣ камранг шавад.

Ҳазрати Алӣ (к) ба Кумайл фармуд: «Эй Кумайл ба Худо савганд, аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шунидам, ки шайтон афродеро ба анҷоми гуноҳони бузург ва зишт водор мекунад, мисли зино, шаробхӯрӣ, рибо ва қимор ва назири он. Сипас барои ором кардани виҷдони динӣ, ибодати вазнин ва сахтеро барои онҳо дӯстдоштанӣ мекунад, монанди рукӯъ ва саҷдаҳои бо хузӯъ ва хушӯъ. Сипас онҳоро ба пазируфтани раҳбарони гумроҳ вомедорад».[94]

6-Таваҷҷӯҳ ба замон: Яке аз ёрони ҳазрати Алиро мор газид. Ҳазрат ба ӯ фармуд: Оё медонӣ чаро туро мор газид? Гуфт: На. Фармуд: Оё ёдат ҳаст, ки Қанбар ба назди фалон ситамгар рафт ва ту ба эҳтироми ман ба Қанбар эҳтиром гузоштӣ ва барои ӯ қиём ва аз ӯ ситоиш кардӣ? Ситамгар аз ту пурсид: Оё дар ҳузури ман ба ғуломи Алӣ эҳтиром мекунӣ?! Гуфтӣ: Чаро барнахезам, дар ҳоле ки фариштагони илоҳӣ пару болҳои худро ба эҳтироми ӯ боз мекунанд. Ситамгар ҳамин ки ин ҳама мадҳу ситоишро барои ходими Алӣ (к) шунид, кинааш  барафрӯхт ва Қанбарро зери шиканҷа ва озори худ қарор дод. Кайфари замоннашиносии ту ҳамин мор буд.[95]

Дар ин моҷаро шахси моргазида ба хаёли худ маъруф анҷом медод, вале маъруфе, ки дар дарунаш мункар нуҳуфта буд. Чӣ бисёр ҳаракоте аз мо сар мезанад, ки мо хаёл мекунем маъруф аст, вале бедиққатӣ ба шароити замонӣ ва маконӣ, дар воқеъ ғайри маъруф аст. Ҳамин имрӯз, ки ин сафҳаро менавиштам, гурӯҳе аз мӯъминони бозор ба наздам омаданд ва аз имоми ҷамоати пешину аср, ки намозашро дурудароз мехонад ва ба ҳамин хотир гурӯҳи зиёде дар намоз ширкат намекунанд шикоятҳо доштанд. Ин имоми ҷамоати мӯҳтарам ба хаёли худ, намозҳои нофила мехонад, вале ин маъруфе аст, ки мардумро аз ширкати бештар дар намози воҷиб боз медорад.

Аз куҷо шурӯъ кунем?

1-Аз худамон!

Ногуфта пайдост, ки таъсири каломи мо замоне аст, ки худ гирифтори мункар набошем ва ба он чи супориш мекунем ибтидо худамон амал карда бошем то шомили интиқодҳои шадиди Қуръон набошем. Қуръон мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро чизҳоеро мегӯед, ки худ ба он амал намекунед?»[96]

Ва дар ҷои дигар мефармояд: «Оё мардумро ба некӣ супориш мекунед, дар ҳоле ки худатонро фаромӯш мекунед?»[97]

Ҳазрати Алӣ (к) мефармояд: «То худам кореро анҷом надиҳам, супориши онро намекунам ва то худам аз коре дурӣ накунам шуморо аз он боз намедорам».[98]

Оре! Оина замоне метавонад зиштӣ ва зебоиро нишон диҳад, ки худаш гарду ғубор надошта бошад. Албатта амал рамзи муваффақият аст, на рамзи вуҷуб, яъне касе ба баҳонаи ин ки худ солеҳ нестам наметавонад, дӯши худро аз амру наҳй холӣ кунад

2-Аз хонавода

Ногуфта пайдост, ки ислоҳи худ ва хонавода, пеш аз ислоҳи ҷомеа аст. Қуръон мефармояд: «Эй паёмбар! Аввал ба духтарон ва ҳамсаронат супориш кун ва он гоҳ ба занони дигар».[99]

Дар ҷои дигар мехонем: «Эй мӯъминон! Худ ва хонаводаи худро аз оташ ҳифз кунед!».[100]

Қуръон дар бораи яке аз анбиё мефармояд: «ӯ хонавода ва бастагони худро ба намоз супориш мефармуд».[101]

Ҳазрати Имом Ҳусейн (р) дар рӯзи Ошуро аввал писари худ Алиакбарро ба майдони ҷанг фиристод ва баъд ҷавонони дигарро.

Имом Саҷҷод (р) дар «Рисолаи ҳуқуқ» барои фарзандон ҳаққи хоссе баён фармудааст. Қуръон аз касоне, ки нисбат ба хонаводаи худ сӯзу гудозе доранд ситоиш кардааст.[102]

Албатта ин ба он маъно нест, ки то бастагон ислоҳ нашудаанд, инсон ба суроғи дигарон наравад, чун гоҳе ҳамсар ва фарзанд қобилияти ҳидоятро надоранд, вале дигарон сухани ҳақро мепазиранд. Намунаи он, писари Нӯҳ (алайҳис-салом) ва ҳамсари Лут (алайҳис-салом) аст.[103]

Ислоҳи хонавода зербинои ислоҳи ҷомеа аст, чун  ҷомеа чизе ҷуз хонаводаҳое дар канори ҳам нест. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ дар ибтидои беъсат маъмур мешавад, ки хешовандони наздикашро ҳушдор диҳад.[104]

Бахши муҳимме аз тавфиқи мардони бузург, маҳсули ҳамфикрию ҳамкорӣ ва ҳамёрии ҳамсар ва бастагони онҳост. Дар ривоят мехонем: «Агар фарзанди инсон бозу ва ҳамкори ӯ бошад, нишонаи саодат аст».[105]

Албатта ислоҳи насл бо амру наҳйи танҳо намешавад. Касоне, ки ба фикри насли солеҳе ҳастанд, бояд аз ибтидо дар интихоби ҳамсари солеҳ барои худ ва сипас дар таҳияи луқмаи ҳалол ва интихоби устод барои фарзандонашон қадамҳои амиқ ва зербиноӣ бардоранд.

Амиралмӯъминин Алӣ (к) фармуд: «Шунидаам дар бозор мардҳои номаҳрам ба занҳои шумо таъна мезананд. Оё ҳаё намекунед? Худованд лаънат кунад касеро, ки аз худ ғайрат нишон намедиҳад».[106]

3-Аз насли ҷавон

Дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, агар ба суроғи насли ҷавон биравем, муваффақияти бештаре хоҳем дошт. Ин ҳақиқат ниёз ба таҷриба надорад ва оёту ривоёти расида аз маъсумин гӯёи он аст.

Инак мо ба чанд намуна аз он ишора мекунем:

1) Дар замони Фиръавн танҳо насли нав ба дини Мӯсо гаравиданд.[107]

2) Нороҳатии куффор аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин буд, ки ҳазрат, ҷавононро ҷазб карда буд.[108]

3) Ҳазрати Алӣ (к) мефармояд: «Рӯҳи навҷавонон ба монанди замини холӣ аст ва омӯзиши навҷавон ҳамчун нақш бар санг аст».[109]

4) Дар ривоёт мехонем: Ба суроғи насли нав биравед, чун ки онҳо зудтар аз дигарон ба сӯи хайр гароиш пайдо мекунанд.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: «Ҷавонон бо ман мувофиқат ва пирон бо ман мухолифат карданд».[110]

4-Ҳамсоягон

Баъд аз ислоҳи худ ва хешовандон, навбат ба ҳамсоягон мерасад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: «Чаро мардум ҳамсоягони худро омӯзиш намедиҳанд? Мавъиза намекунанд? Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар намекунанд? Ва чаро ҳамсоягон ҳозир намешаванд омӯзиш бинанд?» Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: «Ман ин ҳамсоягони бетафовутро таҳти таъқиб ва уқубат қарор хоҳам дод».[111]

Аз офоти шаҳрҳои калон, зиндагии мошинӣ ва эҷоди марокизи умумӣ, камаҳамият шудан ва ё беаҳамият шудани низоми ҳамсоядорӣ аст. Ғофил аз он ки агар ҳамсоягон ба фикри якдигар бошанд, садҳо мушкили якдигарро ҳал мекунанд. Агар ҳамсояи бесавод рӯзе ним соат назди ҳамсояи босавод дарс бихонад, аз будҷае, ки давлатҳо барои саводомузӣ мегузоранд, метавон сарфа намуд ва бо он ҳазорон хона барои мискинҳо таҳия кард.

Оре! Агар ҳамсоягон дар азо ва шодӣ ва мусофират бо дилсӯзӣ ёри якдигар бошанд бисёре аз мушкилот ҳал мешавад. Ба як мисол таваҷҷӯҳ фармоед: Дар як маҳаллае зане, ки маҳалли кораш бемористон ё мактаб аст, ба хотири кӯдакаш, бояд мушкилотро таҳаммул кунад, аз ҷумла, бедор кардани кӯдаки хоболуд дар аввали субҳ; бағал кардани он дар сармо ва гармо ва нигарониҳои барфу борон; таъхире, ки дар маҳалли кор дорад; будҷае, ки сарфи ҳазинаи боғчаи кӯдакон мекунад.

Дар ҳоле ки дар ҳамсоягии ҳамин зан мумкин аст занҳои калонсол ва бебачае бошанд, ки ҳозиранд кӯдаки ҳамсояро нигаҳдорӣ кунанд, то модар битавонад бо хаёли роҳат ва сари вақт ба ҷои кораш биравад, бемореро аз марг наҷот диҳад, ё ба мактаб равад ва бидуни нигаронӣ дарси беҳтаре диҳад. Ҳамин баракот дар дигар шуғлҳо низ аст. Барои мисол, табибе, ки ҳар ҳафта як соат ба масҷиди маҳалла меояд, то беморҳои камдаромади маҳалларо дармон кунад. Ин табиб бо ин кори худ, ба масҷид равнақ мебахшад, рӯҳияи мардуми худро тақвият мекунад, ба фақирон кӯмак мекунад, маҳбубият пайдо мекунад. Дар ин сурат, агар табиб ҳам коре дошт, мардум ҳам бо ҷону дил барояш анҷом медиҳанд ва агар сафаре дошт хонаи ӯро нигаҳдорӣ мекунанд.

Агар ин робитаҳо барои Худо ва бо барномарезии дуруст ва бо дар назар гирифтани марказияти масҷид анҷом шавад лаззатбахш аст ва коми ҳамаро аз ширинӣ пур хоҳад кард.

 Оре! Бо кӯмаки рӯҳонӣ шахси ноошное ба дин пайдо нахоҳад шуд. Бо амонат додани китоб, фишори хариди китоб аз дӯши мардум бардошта хоҳад шуд. Бо дар ихтиёр гузоштани хонаҳои калон ва васоили лозим, иҷораи толор ва зарф барои маросимҳо аз дӯши мардум бардошта хоҳад шуд. Ҳайф аст, ки мо ба хотири канор гузоштани баъзе аз дастуроти Ислом миллиардҳо пул ва миллионҳо соат умрро талаф мекунем. Вазири тандурустӣ мегуфт: Мо бо таблиғи дуруст дар мавриди шири модар ва таваҷҷӯҳ додани модарони ширдеҳ ба ривоёт ва сипоришҳои Ислом нисбат ба аҳамияти шири модар, тавонистем садҳо миллион доллар дар хариди шири хушк аз кишварҳои бегона сарфаҷӯӣ кунем ва дар вусъати бемористонҳои муҷаҳҳаз дар нуқоти маҳрум, қадамҳои муҳимме бардорем.

Тадбирҳои амалӣ барои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Зиндагии мошинӣ ва барқӣ ба бисёре аз корҳо суръат бахшидааст ва инсонҳо маъмулан вақти зиёде доранд. Бинобар ин агар барои аёми фароғат тадбирҳои дурусте андешида нашавад, заминаи хилофкориҳои зиёде пеш меояд. Ба чанд тадбири хубу созанда, ки метавон вақти истироҳати мардумро бо он пур кард, диққкат намоед:

1-Эҷоди намоишгоҳи амалӣ ва ҳунарию санъатӣ ва боздидҳои созанда.

2-Эҷоди мусобиқоти варзишӣ ва илмӣ.

3-Эҷоди танаввӯъ дар омӯзишҳои забонҳои хориҷӣ, омӯзиши компютер, шино, хушнависӣ, мақоланависӣ.

4-Эҷоди коргоҳҳое, ки дар он битавон аз нируҳои корӣ ба сурати нимавақт истифода намуд то суде ба ҷомеа низ бирасад.

5-Чопи китобҳо барои синнҳои мухталиф ва вусъат бахшидан ба китобхонаҳо.

6-Равнақ додан ба масоҷид бо барномаҳои муфид, намози аввали вақт, таъмини назофату покизагӣ.

7-Намоиш додани филмҳои муфид.

8-Ҳунаромӯзӣ ва таблиғи шиорҳо дар бораи ҳунар.

9-Вусъат додани фарҳанги қисса ва қиссахонӣ.

10-Хулосанависӣ ва равоннависии китобҳои муфассал ва чопи онҳо бо нархҳои мутафовит ва муносиб.

 11-Ошноӣ бо шахсиятҳои машҳур, бахусус ошноии ҷавонони ҳар минтақа бо шахсиятҳои ҳамон минтақа.  

12-Ширкат ва тамошои мусобиқаҳои размӣ.

13-Таблиғ дар мавриди пиёдаравӣ, ки беҳтарин, умумитарин ва арзонтарин варзиш аст, ки бидуни васила ва барои ҳар кас ва дар ҳар ҷое мумкин аст…

 Шумо ҳам метавонед назариёте изофа кунед. Барои тадбири амалӣ, ҳар вазоратхонае метавонад барои фарзандони кормандони худ будҷае дар назар бигирад ва аз имконоти вазоратхона бо таваҷҷӯҳ ба масоли шаръӣ ва қонунӣ, барои пур кардани айёми фароғати фарзандони кормандони худ барномарезӣ кунад.

Вазоифи ҳукумат дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар маҳдуд ба чанд намуна нест. Ҳукумат вазифа дорад маъруфҳо – корҳои муфиди сиёсӣ ва иҷтимоиро эҳё ва аз мункарот – умури зиёнбори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешгирӣ кунад. Ба намунае аз амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарҳое, ки ҳукумат бояд онҳоро анҷом диҳад, диққат кунед:

– Назорат бар нархҳо ва пешгирӣ аз беназмӣ дар бозор[112].

– Гирифтани пеши роҳи даллолҳои дурӯғин, ки сабаби гарон шудани нарх мешаванд.

– Назорат бар шартномаҳо ва пешгирӣ аз сӯистифода ҳангоми навиштани шартномаҳо.

– Диққат дар тақсими одилона, ҳифзи байтулмол[113] ва шиносоии аминтарин афрод барои супурдани байтулмол ба онҳо.

– Назорати комил бар пухтани нон ва пешгирӣ намудан аз исрофи он.

– Истифодаи дуруст ва босарфа аз манбаъҳои табиӣ.

– Эҷоди шуғли муфид барои бекорон ва омӯзиш додани коргарони содда барои беҳтар натиҷа гирифтан аз манобеи табиӣ ва фаннӣ, зеро иштиғол, бузургтарин маъруф ва бекорӣ заминаи анвои мункарот аст.

– Омода кардан ва дар ихтиёри мардум гузоштани воситаи нақлиёт барои рафтуомад ба ҷойҳое, ки инсонро ба рушду камол мерасонад.

– Номгузории майдонҳо ва хиёбонҳо ба номи ашхосе, ки бояд номашон дар таърих зинда монад.

– Пешгирӣ аз гадоҳои танпарвар ва танбал.

– Эҷоди маҳалли муносиб барои иқомаи намоз дар тамоми муассисаҳо ва марказҳои пурҷамъият.

– Пахш намудани садои азон аз тамоми муассисаҳои давлатӣ.

– Баргузории маҳфилҳои панду мавъиза барои кормандон, ҳушдор ва назорати комил барои анҷоми беҳтари корҳо, таваҷҷӯҳ ба ҳолоти руҳӣ, пешгирии оморҳои хилоф, пешгирӣ аз рақобатҳои манфӣ ва ғурурҳои бемӯҳтаво ва ё бондҳою мафияҳои вайронкор.

– Таҳқир ва тазъифи ашхоси хилофкор ва ривоҷ додани афкор ва одатҳои солим, боло бурдани сатҳи огоҳии умумӣ аз роҳҳои гуногун.

– Ранги илоҳӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ додан ба тамоми талошҳо, тарҳҳо ва барномаҳои ободии кишвар, барномаҳои тандурустӣ ва хидматӣ ва ғофил нашудан аз усул (принсипҳо) ва арзишҳо.

– Кӯтоҳ кардани дасти золимон ва таҷовузкорон аз обу хок ва номуси миллат ва муборизаи шадид бо онҳо.

– Қарор додани маъмурон дар тору пуди низом, барои пешгирӣ аз ҳар гуна фитнаи сиёсӣ ё сӯиқасдҳо.

– Ширкати масъулони баландмартаба дар сафи аввали намози ҷамоат, худ аз вазоифи масъулони ҳукуматӣ аст, ки василаи эҳёи маъруф аст.

– Насби навиштаҳои зебо ҳамроҳ бо тазаккуроти кӯтоҳ ва муфид дар ҳар ҷои кишвар.

Ташвиқи афрод ва аносири барҷаста ва танбеҳи афроди фосид.

Супурдани вазифаҳои ҳассос ба мӯъминони кордон ва аз вазифа дур намудани унсурҳои ноаҳл. Ва садҳо намунаи дигар, ки метавон ба унвони вазоифи давлат дар мавриди амр ба маъруф ва наҳй аз мункар онҳоро зикр кард.

Гурӯҳҳои хос

Гарчӣ амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бар ҳамаи мардон ва занони мӯъмин воҷиб аст, вале аз баъзе гурӯҳҳо бештар хоста шудааст.

1 – Анбиё

Аз ҷумла вазоифи анбиё, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст; «…Ва ба некиҳо даъват намо…»[114]

Қуръон аввалин вазифаи анбиёро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар донистааст; «…онҳоро ба маъруф дастур медиҳад ва аз мункар боз медорад…»[115] Баъд, масоили дигарро баён кардааст. Чун аввалин маъруф, яктопарастӣ ва аввалин мункар, тоғутпарастӣ аст, Худованд мефармояд: «…Худои якторо бипарастед ва аз тоғут дурӣ кунед…»[116]

2-Имомони маъсум

Имом Ҳусейн (р) дар баробари суханони бародараш Муҳаммади Ҳанафия, ки мегуфт: ба тарафи Ироқ наравед! – фармуд: Мехоҳам амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунам то ба равиши ҷаддам Расули Худо амал карда бошам.[117]

3 – Уламо ва донишмандон

Қуръон мефармояд: «Чаро уламо, мардумро аз ҳаромхӯрӣ ва ҳаромгӯӣ боз намедоранд?»[118]

Ҳазрати Алӣ (к) фармуд: «Далели ҳалокати қавмҳои гузашта ин буд, ки гурӯҳе гуноҳ мекарданд ва уламо сокит буданд».[119]

Қуръон мефармояд: «Чаро хирадмандон ва барҷастагони ҷомеа, мардумро аз фасод боз намедоранд?»[120]

Ҳазрати Алӣ (к) дар суханони худ фармуд: Худованд аз уламо хост, ки дар баробари бархурди золим ва гурснагии мазлум ғайрат ба харҷ диҳанд.[121]

Ҳар гоҳ бидъат (ва мункарот) пайдо шуд, бар донишмандон воҷиб аст, ки илми худро изҳор кунанд, вагарна лаънати Худо бар онҳо бод.

Амири муъминон мефармояд: Худованд афроди бехирадро ба хотири гуноҳ ва афроди оқил ва доноро ба хотири тарки наҳй аз мункар аз раҳмати худ дур мекунад![122]

4 – Масъулони ҳукуматӣ

Қуръон мефармояд: «Нишонаи ҳукумати солеҳон ва касоне,ки ба онҳо қудрат ва имконот додем он аст, ки дар замин, иқомаи намоз мекунанд, закот мепардозанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд…»[123]

Оре! Ҳукумати исломӣ бояд аз ҳар гуна ҳимоят аз омирон ба маъруф дареғ накунад. Бояд бо дар даст доштани имконоти таблиғотию фарҳангӣ ва ҳунарию иқтисодӣ ва низомӣ пеши роҳи мункаротро бигирад ва марказҳои фоҳишагию зиноро бандад, ба ҳисоби фосидон бирасад ва маконҳои гуноҳхезро аз байн барад.

5 – Волидайн

Қуръон мефармояд: «…Худ ва хонаводаи хешро аз оташи дӯзахе, ки ҳезуми он инсон ва санг аст нигаҳ доред…»[124]

Аз Имом Алӣ (к) суол шуд: Чӣ гуна онҳоро аз оташ ҳифз кунем? Фармуд: Онҳоро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кун![125]

6 – Бузургони ҷомеа

Имом Содиқ (р) дар номае ба ёрони худ навишт: «Ҳатман бузургон ва пирамардон ва қудратмандони шумо нисбат ба ҷоҳилони раёсатталаб аз худ утуфат ва меҳрубонӣ нишон диҳанд ва дасти касонеро, ки таҷриба надоранд бигиранд, вагарна нафрин ва лаънат ба ҳамаи онҳо хоҳад расид».[126]

Имом Содиқ (р) ба яке аз ёрони худ фармуд:

Яқинан гуноҳи бехирадони шумо бар ӯҳдаи олимони шумост. Чаро вақте яке аз шумо кори хилофе мекунад, ки ба хотири он ба мо озор мерасад ва моро дар пеши мардум маъюб мекунад, ба суроғаш намеравед ва бо нармӣ ӯро мухотаб қарор намедиҳед ва мавъизааш намекунед? Ва ӯ ҳамчунон ба ёвасароии худ идома медиҳад ва моро дар ҷомеа таҳқир мекунад ва шумо ҳам сокит мемонед.

Ёри Имом гуфт: Мардум сухани моро намешунаванд ва аз мо пайравӣ намекунанд.

Имом (р) фармуд: Агар шумо гуфтед ва онҳо гӯш надоданд, вазифаи дигаре доред ва он ин ки бо онҳо робитаатонро қатъ кунед ва ба маҳофилашон наравед![127]

Пас, вазифаи аввали олимон рафтан ба суроғи бехирадону раҳгумзадагон ва мавъиза кардани онҳост. Ва агар напазируфтанд ҷудо шудан аз онҳост. Норозигии Имом аз ин буд, ки чаро олимон ба марҳалаи аввалии вазифаи худ амал намекунанд?

Дар ҳадис мехонем: Худованд ба Ҷабраил ваҳй кард: Фалон минтақаро ба хотири ҷиноёте, ки карданд ҳалок кун! Ҷабраил аз Худованд бахшиши як зоҳидро дархост кард, вале хитоб расид: ӯро низ ҳалок кун! Ҷабраил иллати ҳалоки обидро пурсид. Худованд фармуд: Ман ба ӯ имконот додам ва ӯро бар мардум қудрат додам, вале ӯ дар роҳи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз имконоти худ истифода накард.

Гарчӣ амр ба маъруф ва наҳй аз мункар вазифаи умумӣ аст, аммо гурӯҳи махсусе низ лозим аст то бо доштани имконот ва қудрат ба ин вазифа амал намуда аз умуми мардум низ ҳимоят кунад.

Дар сураи Оли Имрон мехонем: «Аз шумо мусулмонон гурӯҳе бояд бошанд, ки ба сӯи хайр мардумро бихонанд ва амр ба маъруф кунанд…»[128]

Дуруст монанди мошине, ки хато меравад, ҳам вазифаи ҳамаи мошинҳост, ки аз тариқи садо ва чароғ задан ба ӯ бифаҳмонанд, ки иштибоҳӣ меравӣ ва ҳам вазифаи нозир аст, ки бояд ҳушдор дода ва бо ҷарима кардан ронандаро танбеҳ кунад.

Мароҳили амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар чанд марҳала дорад:

1-Марҳалаи қалбӣ, ки ҳар мусулмоне аз кори хилоф дар дил мутанаффир бошад ва аз корҳои хуб ташвиқ ва ҳимоят кунад. Ин ҳимояти қалбӣ дар ҳар шароите лозим аст.

2-Марҳалаи гуфторӣ, ки вазифаи умуми мардум ва дар шароити оддӣ аст.

3-Марҳалаи бархӯрди инқилобӣ, ки дар оят мехонем: «Мӯъминон дар замин ҳамин ки қудрат ба даст гирифтанд, намоз ба по медоранд, закот мепардозанд ва амри маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд».[129]

Дар ин оят амр ва наҳй ҳамроҳ бо қудрат ва имконот аст[130].


[1] Сураи Тавба 122.

[2] Сураи Ҳуд 29.

[3] Сураи Ҳуд 30.

[4] Сураи Фотир 10.

[5] Сураи Иброҳим 24.

[6]  Сураи Зумар 23.

[7] Сураи Исро 53.

[8] Сураи Бақара-83.

[9] Сураи Анъом-108.

[10] Сураи Бақара-11, Анбиё-24, Намл-64, Қасас-75 ва ғайра.

[11] Сураи Юсуф-51.

[12]  Сураи Шуаро-142.

[13] Сураи Тоҳо-44.

[14] Сураи Қасас-34.

[15] Сураи Баййина-17, Ар-Раҳмон-2.

[16] Сураи Бақара-184.

[17] Сураи Бақара-104.

[18] Ин ривоят дар зайли тафсири сураи Такосур-8, омадааст.

[19] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.97.саҳ.93.

[20] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.97.саҳ.83.

[21] «Биҳор-ул-анвор», ҷ.47.саҳ.240. Тавба 74. ва Тавба 59.

[22] «Ал-Ҳаёт», ҷ.1. саҳ.37.

[23] Сураи Оли Имрон-191.

[24] Сураи Нисо-43.

[25] Сураи Оли Имрон-135.

[26] Сураи Саф-2.

[27] Сураи Саф-2.

[28] Сураи Ҳуд-88.

[29] «Наҳҷулбалоға», хутбаи 129.

[30] «Мизон-ул-ҳикма»,  ҷ.6.саҳ.37.

[31] Сураи Аҳзоб 30, 32.

[32] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.71.саҳ.157.

[33] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.47.саҳ.239.

[34] Сураи Анъом-35.

[35] Сураи Даҳр-2.

[36] Сураи Анъом-66.

[37] Сураи Ғошия-22.

[38] Сураи Фурқон-63.

[39] Сураи Фуссилат-34.

[40] Сураи Моида-28.

[41] Сураи Мутаффифин.

[42] Сураи Аъроф-66.

[43] Сураи Аъроф-66.

[44] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.36.саҳ.233.

[45] Сураи Шуаро-167.

[46] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.27.саҳ.137.

[47] «Наҳҷулбалоға» хутбаи-141.

[48] «Лаоли-ул-ахбор» ҷ.5.саҳ.269.

[49] Сураи Тавба -128.

[50] Сураи Тавба-128.

[51] Сураи Бақара-74.

[52] Сураи Тавба-91.

[53] Сураи Анфол-66.

[54] Сураи Ҳуҷурот-12.

[55] «Мустадраки сафия» ҷ.7.с81.

[56] Сураи Тавба-58.

[57] Сураи Юсуф-108.

[58] Сураи Луқмон-17.

[59] Сураи Каҳф-77.

[60] Сураи Тавба-58.

[61] «Наҳҷулбалоға», хутбаи Ҳаммом.

[62] Сураи Инсон-9.

[63] Сураи Фурқон-63.

[64] Ҳиҷр-6.

[65] Сураи Муддассир-24.

[66] Сураи Аъроф-66.

[67] Сураи Аъроф-60.

[68] Сураи Аъроф-66.

[69] Сураи Аъроф-61.

[70] Сураи Шуро-15.

[71] Фурқон-72.

[72] Сураи Ёсин-18.

[73] Сураи Тур-48.

[74] Сураи Аъроф-128.

[75] Сураи Нисо-95.

[76] Сураи Аҳқоф-35.

[77] Сураи Моида-54.

[78] Сураи Анъом-107.

[79] Сураи Ғошия-22.

[80] Сураи Қоф-45.Сураи Юнус-99.

[81] Сураи Раъд-22.

[82] Сураи Оли Имрон-134.

[83] Сураи Оли Имрон-159.

[84] Сураи Шуаро-168.

[85] Сураи Фурқон-63.

[86] Сураи Шуаро-215.

[87] Сураи Юсуф-92.

[88] «Биҳор-ул-анвор» 16 саҳ.269.

[89] «Ал-ғадир» ҷ.6 саҳ.121.

[90] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.46 саҳ. 287.т

[91] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.41 саҳ. 36.

[92] «Наҳҷулбалоға» хутбаи 140.

[93] «Васоил» ҷ.18.саҳ.318.

[94] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.77.с274.

[95] «Сафинат-ул-баҳор» ҷ.1.саҳ.188.

[96] Сураи Саф-3.

[97] Сураи Бақара-44.

[98] «Наҳҷулбалоға» хутбаи-175.

[99] Сураи Аҳзоб-59.

[100] Сураи Таҳрим-6.

[101] Сураи Марям-55.

[102] Сураи Тур-26.

[103] Сураи Ҳуд-46.

[104] Сураи Шуаро-214.

[105] «Фурӯи кофӣ»ҷ.6.саҳ.2.

[106] «Биҳор-ул-анвор» ҷ-100.саҳ.249.

[107] Сураи Юнус-83.

[108] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.18 саҳ.182.

[109] «Наҳҷулбалоға» номаи-31.

[110] «Ҷавон» ҷ.2.саҳ.246.

[111] «Канз-ул-уммол» ҷ.3.саҳ.684.

[112]  Манзур аз бозор ҳамаи умури иқтисодӣ мебошад.(т).

[113] Байтулмол – хазинаи ҷамъиятӣ.

[114] Сураи Аъроф-199.

[115]  Сураи Аъроф-157.

[116]  Сураи Наҳл-36.

[117] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.44 саҳ. 339.

[118] Сураи Моида-63.

[119] «Наҳҷулбалоға».

[120]  Сураи Ҳуд-116.

[121]  «Наҳҷулбалоға» хутбаи 3.

[122]  «Наҳҷулбалоға» 192.

[123]  Сураи Ҳаҷ-41.

[124]   Сураи Таҳрим-6.

[125]  «Биҳор-ул-анвор» 97 саҳ. 74, тафсири Алӣ ибни Иброҳим, зери ояти мазкур.

[126]  «Фурӯи Кофӣ»,ҷ 8,с 158, ба нақл аз «Мизон-ул-ҳикма».

[127] «Биҳор-ул-анвор» ҷ.2.саҳ.22.

[128] Сураи Оли Имрон-104.

[129]  Сураи Ҳаҷ-41.

[130] Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар. Мӯҳсинини Қироатӣ.