Ҷомеаи сокит мурда аст
Қуръон мефармояд: «Ва барои шумо дар қисос зиндагӣ аст, эй соҳибони хирад», – агар дар муқобили қотил истодед ва ӯро ба қисос ва сазои амалаш расондед, зиндаед вагарна мурдаед.[1]
Албатта, зинда ё мурда будани шахс барои ҳама равшан аст, аммо зинда ё мурда будани ҷомеа ниёз ба дарки боло ва шуури иҷтимоӣ дорад. Ба ҳамин далел дар поёни оят мефармояд: «…эй соҳибони хирад», – яъне аҳли фаҳму дирояти боло бошед, ин ҳақиқатро дарк мекунед. Ҷомеае, ки ҳар кас ҳар кори хилоф анҷом диҳад ва касе ба ӯ эътироз накунад, ҷомеаи мурда аст.
Дар ҳадис мехонем: «Касе, ки дар баробари хубиҳо ва бадиҳо бетафовут бошад, мурдае аст, ки дар байни зиндаҳо нафас мекашад».
Сукут дар муқобили гуноҳ
Сукут дар муқобили гуноҳ, нишонаи заъф, тарс ва надоштани масъулият нисбат ба дину ҷомеа ва ислоҳот аст.
Сукут дар муқобили гуноҳ ба гуфтаи Паёмбари Акрам (с), навъе бидъат аст.
Сукут натиҷае ҷуз хасорат надорад. Дар сураи Валъаср мехонем: «Касоне, ки боимон ва амали солеҳ бошанд, вале сокит бошанд ва дигаронро ба сабр ва ҳақпарастӣ супориш накунанд, дар хасорат қарор гирифтаанд».
Имом Содиқ (р) фармуд: «Худованд фариштагонеро барои азоби гурӯҳе фиристод. Онҳо омаданд ва диданд, ки мардум ба дуову гиря машғуланд. Аз Худованд далели азобро пурсиданд. Хитоб омад: Бо вуҷуди он ки онҳо аҳли гиря ва дуо ҳастанд, вале нисбат ба мафосиди ҷомеа бетафовутанд» .
Сукут заминро ба фасод мекашонад
Дар ояи 251 сураи Бақара мехонем: «Агар гурӯҳе аз мардум пеши роҳи фитна ва фасоди дигаронро нагиранд ҳамаи замин ба фасод кашида мешавад».
Сокит, малъуни Худо аст
Ҳазрати Алӣ (к) дар хутбаи Қосиа фармуд: «Худованд умматҳои пешинро лаънат накард, магар ба далели раҳо кардани амр ба маъруф ва наҳй аз мункар».
Дар ҳадисе мехонем: «Агар гуноҳе махфиёна анҷом шавад, хатаре барои ҳамаи мардум надорад; вале агар афроди хоссе гуноҳи ошкор анҷом диҳанд ва соири мардум қудрати тағйир додан дошта бошанд, вале сокит бимонанд, Худованд ҳамаи мардумро бо ҳам мавриди қаҳру азоби худ қарор медиҳад».[2]
Ва ин ҳамон аст, ки Худованд мефармояд: «Аз фитнаҳое, ки оташи он ҳамаро месӯзонад, битарсед».[3]
Имом Содиқ (р) фармуд: «Касе, ки нисбат ба дини худ бетафовут бошад, дар ҳақиқат дин надорад».
Сукут муқаддимаи тасаллути золимон аст
Дар ривоёти зиёде мехонем: «Агар шумо мардум амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк кунед, золимон бар шумо мусаллат хоҳанд шуд ва нолаи шумо дигар асар нахоҳад дошт ».[4]
Авлавият доштани ҳамсоя
Имом Содиқ (р) фармуд: «Касе, ки ҳамсояаш гуноҳ кунад ва ӯро наҳй накунад, ба манзалаи шарики ӯст».
Сокити розӣ, шарики ҷурм аст
Гоҳе сукут аз бехабарӣ ё тарс ё хиҷолат ё амсоли он аст, вале инсон дар қалбаш аз гуноҳ нафрат дорад. Аммо гоҳе сукут дар баробари гуноҳ нишонаи ризояти он аст, ки дар ин ҷо ба гуфтаи оёту ривоёт, ин гуна афрод дар ҳақиқат шарики гунаҳкор ҳисоб мешаванд. Ба чанд намуна таваҷҷӯҳ намоед:
1 – Худованд ба яҳудиёни замони Паёмбари Акрам хитоб мекунад, ки «Чаро шумо анбиёи пешинро шаҳид кардед?», – дар ҳоле ки ниёгони онҳо паёмбаронро кушта буданд, вале ба хотири ин ки насли онҳо ба кори падарони худ розӣ буданд, Худованд, фарзандонро ба кирдори падарон мавриди итобу интиқод қарор медиҳад.[5]
2 – Дар Наҳҷулбалоға мехонем: «Бо ин ки шутури ҳазрати Солеҳро фақат як нафар аз байн бурд, вале Қуръон мефармояд: «Ҷамъе ӯро куштанд ва гирифтори азоб шуданд». Ин ба хотири он аст, ки он гурӯҳ ба амали он шахс розӣ буданд».
3 – Бо ин ки қотили Алӣ (к) як нафар бо номи Ибни Мулҷам буд, вале супориш кардаанд, ки ҳар сол дар шабҳои нуздаҳуми моҳи Рамазон бигӯед, Худоё, қотилони ҳазрати Алиро лаънат кун.
Симои афроди сокит дар қиёмат
Дар ҳадисе мехонем, Расули Акрам (с) фармуданд: «Қасам ба номи Худое, ки ҷонам дар дасти ӯст, аз уммати ман гурӯҳе аз қабр бармехезанд, дар ҳоле ки ба сурати бӯзина ва хук ҳастанд. Ин қиёфаҳо ба хотири он аст, ки онҳо қудрати наҳй аз мункарро доштанд, вале бо гунаҳкорон созиш карданд».[6]
Расули Акрам (с) фармуданд: «Дар шаби меъроҷ дидам, ки лабҳои гурӯҳеро бо қайчӣ мебуранд. Пурсидам: Инҳо киҳоянд? Гуфтанд: Касоне ҳастанд, ки забони наҳй аз мункар доштанд, вале наҳй намекарданд”.
Аз ҳазрати Алӣ (к) нақл шудааст: «Агар донишманде илми худро пинҳон кунад, бадбӯтарини афрод дар қиёмат хоҳад буд».
Кӯтоҳи сухан он ки гоҳе бояд сукутро шикаст, зеро сукути беҷо бидъат аст.
Дар мавридҳое, агар,
- Сукути уламо сабаби бадгумонии мардум нисбат ба худи онҳо шавад;
- Сукути уламо боиси ҷуръат пайдо кардани золим шавад;
- Сукут боиси таъйиди золим шавад;
- Сукут сабаб шавад, ки маъруфе мункар ё мункаре маъруф шавад;
- Сукут боиси заиф шудани ақоиди мусулмонон шавад;
- Сукут боиси рушди гумроҳии фикрӣ ва бидъат шавад; – дар ин сурат сукут ҳаром аст ва бояд сукутро шикаст. Ҳатто агар ба инсон латмае ворид шавад.
Касоне, ки сукутро шикастанд
Ибни Сиккин аз ёрони Имом Ризо ва Имом Ҷавод (алайҳим-ус-салом), муаллими фарзандони халифаи аббосӣ – Мутаваккил буд.
Рӯзе Мутаваккил аз ӯ пурсид:
«Фарзандони ман беҳтаранд ё Ҳасан ва Ҳусейн, ду фарзанди Алӣ ибни Абу-Толиб?»
ӯ сукути чандинсоларо шикаст ва гуфт:
«Қанбар ғуломи Алӣ аз ту ва фарзандонат беҳтаранд, то чӣ расад ба Ҳасан ва Ҳусейн».
Мутаваккил, ки олим буд ва ҳаргиз интизори шунидани чунин суханеро надошт, башиддат асабонӣ шуд ва дастури қатли устодро содир кард.
Намунаи дигар:
Мӯъмини Оли Фиръан,[7] ки муддатҳо имони худро маъхфӣ медошт, дар лаҳзае сукути чанд соларо шикаст ва гуфт:
«Оё мехоҳед касеро, ки яктопараст буда ва мегӯяд: Парвардигорам Аллоҳ аст, ба қатл бирасонед?!»
Намунаи дигар:
Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар коре аст, ки Зайнаби Кубро[8] дар Кӯфа ва Шом ва дар маҷлиси Язид анҷом дод; яъне сукутро шикаст ва ҳақиқатро ошкор намуд.
Баҳонаҷӯӣ барои тарки амр ба маъруф
Дар ривоёт мехонем, ки дар охируззамон, гурӯҳе амр ба маъруфро раҳо мекунанд ва барои ин кори худ баҳонаҳо ва узрҳо меоваранд; аз ҷумла:
1 – Гуноҳи дигарон, коре ба мо надорад
Баъзеҳо ба далели ин ки Исо ба дини худу Мӯсо ба дини худ ва ё ба далели ин ки ман ва гунаҳкорро дар як қабр намегузоранд, дар муқобили гуноҳ сокит мемонанд. Дар ҳоле ки дар замони Исо набояд дар дини Мӯсо буд ва агар шумо ва гунаҳкорро дар як қабр намегузоранд, вале дар як ҷомеа гузоштаанд.
Ҷурм ва гуноҳ дар ҷомеа сирояткунанда аст. Як кори хилоф аз як нафар, дар тамоми ҷомеа таъсир мегузорад. Ба монанди ин ки як нафар сигорӣ ҳавои ҳамаи муҳитро олуда мекунад, як дурӯғ низ ҳамаи робитаҳоро ба ҳам мезанад. Як нигоҳи бад, сарчашмаи айшу зино ва фарзанди ҳаромзода мешавад, ки он ҳаромзода ҳар рӯз садҳо фитнаю фасод мекунад.
Як гуноҳ гоҳе заминасози анвои гуноҳони дигар мешавад. Шаробхорӣ гуноҳе аст, ки инсонро маст мекунад ва дар мастӣ ҳазорон ҳодиса пеш меояд. Дар ҳадисе омадаст: «Гуноҳ дар ҷомеа мисли сӯрох кардани киштӣ дар дарё аст». Агар мусофире маҳалли нишасти худро сӯрох кунад, об вориди киштӣ мешавад ва ҳамаро ғарқ мекунад.
Бинобар ин, ин ақида, ки гуноҳи касе дар сарнавишти дигарон таъсир надорад, саҳеҳ нест. Расули Худо (с) фармуданд: «Гуноҳи махфиёна танҳо ба гунаҳкор зарба мезанад, вале агар аз гуноҳи ошкор пешгирӣ нашавад, ба ҳамаи мардум зарба хоҳад зад».
2 – Амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро хилофи озодӣ донистан
Озодӣ, калимаи муқаддасе аст, ки дар сояи он ҳазорон кори номуқаддас анҷом гирифтааст. Маънои озодӣ он нест, ки ҳар кас битавонад ҳар кореро анҷом диҳад, зеро ин на бо ақл созгорӣ дорад ва на ҳеҷ фард ва ҷомеа ё низоме ба он тан медиҳад.
Озодӣ дар чаҳорчӯби қонуни илоҳӣ ва ақлу фитрат саҳеҳ аст. Вагарна ҳараҷу мараҷ, бебандуборӣ ва мушкилоту садҳо коршикании дигар пеш меояд.
Агар кӯдаконро озод мегузоштем, дар рӯи замин инсоне боқӣ намемонд, зеро ҳамаи онҳо худашонро ба гунае нобуд мекарданд ва дар маърази хатар қарор мегирифтанд. Агар озодӣ назорат нашавад, зиндагӣ номуназзам мешавад. Дар зиндагии иҷтимоӣ, озодӣ бояд бар асоси саломатии ҷомеа ва муқаррароти умумӣ маънидод шавад ва озодии шахсӣ набояд озодии дигаронро халалдор кунад ва агар касе аз ирода ва озодии худ сӯистифода кунад, бояд пеши роҳаш гирифта шавад.
3 – Хиҷолат
Гоҳе сукут ва тарки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, сарчашмаи рӯҳӣ ва равонӣ дорад. Инсон хиҷолат мекашад ва ҳаё мекунад. Ин навъ ҳаё дар ривоёти исломӣ мавриди интиқод аст ва бояд ин сифатро инсон аз худ дур кунад. ӯ бояд бидонад, ки ору хиҷолати лаҳзаӣ дар дунё оташи абадиро дар қиёмат ба бор меоварад.
4 – Тарс
Гоҳе инсон амру наҳйро ба хотири тарс, анҷом намедиҳад. Тарс аз чӣ?…
Метарсад муштарӣ ва харидори ҷинси ӯ кам шавад, вале бояд бидонад, ки ба фармудаи ҳазрати Алӣ (к) амру наҳй ризқи касеро қатъ намекунад.
Метарсад дӯстонашро аз даст диҳад. Бидонад, оқибат дӯстон ӯро тарк хоҳанд кард ва беҳтарин дӯсти ӯ Худост.
Метарсад ба суханаш эътино нашавад, вале бидонад, ки ба подоши бузурге мерасад, гарчӣ мардум ба сухани ӯ гӯш надиҳанд.
Метарсад мардум аз амали ӯ интиқод кунанд. Вале ин барои касоне, ки аҳли худсозӣ ҳастанд, камоле аст.
Дар ривоёти зиёде мехонем: «Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунед, зеро на ризқи шумо кам мешавад ва на марги шумо наздик мешавад».
5 – Бо як гул баҳор намешавад
Гоҳе сукути дигарон, инсонро ба сукут вомедорад. Тавре ки инсон бо худ мегӯяд, бо як гул баҳор намешавад. Дар ин ҷо низ бояд мусулмон рӯҳияи хатшиканӣ дошта бошад ва аз нешу нӯшҳо наҳаросад. ӯ бояд бидонад, ки амр ба маъруф дар он фазои маргбор ва сокит подоши бештаре дорад. Ба ҳамин далел дар ҳадис мехонем: «Беҳтарин ҷиҳод калимаи ҳаққе аст, ки инсон дар муқобили пешвои ситамгаре бигӯяд», – зеро атрофи пешвоёни ситамгар ҳамеша инсонҳои тамаллуқкор ва чоплусе ҳастанд, ки ҳама корҳои золимонаи ӯро зебо нишон медиҳанд ва ӯ гумон мекунад, ки ҳамаи корҳояш дуруст аст. Дар он фазои сукуту чоплусӣ агар шердиле пайдо шавад ва сухани ҳақро баён кунад ва сукутро бишканад, аз худ бузургтарин шаҳоматро нишон додааст ва беҳтарин аҷру подошро дарёфт намудааст.
6 – Инҳирофи фикрӣ
Баъзеҳо гумроҳии фикрӣ доранд ва масоилро ҷабрӣ мепиндоранд ва мегӯянд: «Худо хостааст, ки ин тавр бошад. Ба мо чӣ рабте дорад, ки монеъ шавем?»
Ин мантиқ мисли сухани онҳое аст, ки ширки худро ба Худо нисбат медоданд ва мегуфтанд: «Агар Худо намехост мо бут намепарастидем, акнун ки бут мепарастем, фикр мекунем, ки Худо ба он розӣ аст».[9]
Ва ё мегӯянд: «Агар як коре хуб аст чаро Худо худаш анҷом намедиҳад? Масалан, агар сер кардани гуруснагон хуб аст, чаро Худованд онҳоро сер намекунад ва чаро мо бояд харҷи онҳоро бипардозем?»[10]
Гӯё ин афрод аз ин ки Худованд инсонро озод офарида ва бо додану гирифтани неъматҳо озмоиш мекунад, ғофиланд. Худо ба инсон фикр додааст то ба сӯи бут наравад, раҳм додааст то ба фақирон инфоқ кунад ва аз ин роҳҳо ба камол расад. Мутаассифона дар маънои «интизор» низ баъзеҳо гирифтори гумроҳии фикрӣ шудаанд ва мегӯянд: «Мо мунтазири наҷотдиҳандаи олам, ҳазрати Маҳдӣ (а) ҳастем то худаш биёяд ва корҳоро дуруст кунад».
Инҳо интизорро ҳамчун эҳтизор[11] фаҳмидаанд, ки инсон дар дами марг пои худро рӯ ба қибла мегузорад ва мунтазири фариштаи қабзи рӯҳ мешавад. Ва аз он ғофиланд, ки маънои интизор омода бош аст, на бетафовутӣ. Касе, ки дар шаб мунтазири хуршеди субҳ аст, ҳаргиз дар торикӣ интизор намекашад, балки аввал чароғе равшан мекунад ва мунтазири равшании рӯз мемонад.
7 – Хостаҳои беҷо
Баъзеҳо мехоҳанд, ки ҳарчӣ гуфтанд бояд фавран амалӣ шавад. Онҳо ба хотири ин хоста ва интизоре, ки доранд, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар намекунанд ва мегӯянд: «Ба гуфтаи мо амал намешавад». Ин гуна афрод хостаҳои беҷо доранд, зеро магар мардум ҳамаи суханони анбиё ва имомонро гӯш доданд? Мо бояд масоилро нисбӣ баррасӣ кунем ва агар ба тамоми ҳадафҳоямон нарасидем, ба ҳамон миқдори кам қонеъ шавем. Ҳазрати Расули Акрам (с) ба ҳазрати Алӣ (к) фармуданд: «Ба Худо савганд, агар ҳатто як нафар тавассути ту ҳидоят шавад, барои ту аз он чи хуршед бар он метобад, беҳтар аст». Дар ин ҳадис Паёмбари бузургвор ба ҳидоят ёфтани як нафар низ қонеъ аст.
Намунаи дигар аз таваққуи беҷо он аст, ки баъзеҳо мехоҳанд ҳамин имрӯз ва ҳамин ҳоло дар камоли осоиш ва бо як тазаккур кор анҷом шавад ва агар ба яке аз ин масоил зарбае ворид шавад, фикр мекунанд, ки вазифае надоранд.
8 – Дигарон ҳастанд
Гурӯҳе амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро анҷом намедиҳанд, ба гумони ин ки агар лозим бошад, фалон шахсияти бузург ва ё анҷумани исломӣ бояд анҷом диҳад. Вале ғофил аз онанд, ки амру наҳй ба мисли намоз вазифаи ҳама аст ва мумкин аст, ки он кори хилофе, ки шумо дидед, аз чашми дигарон пинҳон монда бошад. Ё мумкин аст он шахси масъул фикр мекунад, ки такягоҳи мардумӣ надорад ва агар афроде мисли шумо фарёд занад, дигарон низ ҳамроҳӣ намуда ва мегӯянд: Ҷоно, ки сухан аз дили мо мегӯӣ!
Оре, ғафлати дигарон наметавонад, баҳонае барои ғафлати мо бошад.
9 – Имрӯз бигӯем фардо чӣ мешавад?
Баъзе аз мардум амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро анҷом намедиҳанд ба гумони ин ки бар фарз мо имрӯз пеши роҳи фасодро гирифтем, боз фардо фасод мекунанд. Ин фикри ғалат аст, зеро мисли ин мемонад, ки мо бигӯем, агар мо ҳавлиямонро имрӯз ҷорӯб занем, боз фардо чиркин мешавад. Бинобар ин такрори гуноҳ фардо далеле барои сукути имрӯзаи мо намебошад ва набояд бо ин далел сукут кунем.
10 – Бо як шикаст аз давра хориҷ мешавад
Афроде амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд, вале муваффақ намешаванд ва ин шикаст ҳамеша дар рӯҳи онҳо асари манфӣ мегузорад. Тавре ки ҳамеша бо худ мегӯяд, фоидае надорад, зеро дар фалон вақт гуфтем ва асар накард.
Ин афрод низ бояд бидонанд, ки аввалан, дар ҳамон дафъаи аввале, ки ба зоҳир шикаст хӯрданд, подоши бузурге аз тарафи Худованд дарёфт кардаанд. Сониян шояд дар баробари суханашон сарсахтӣ нишон диҳанд ва гӯш ба суханашон надиҳанд, вале сухан дар даруни ҳар инсоне дер ё зуд асар хоҳад гузошт.
Ба илова як бор ё чанд бор шикаст хӯрдан дар ин кор, далел бар тарки ин вазифаи илоҳӣ намешавад. Агар инсон ба табибе муроҷиат кунад ва натиҷае нагирад, оё барои ҳамеша аз баҳри табобати худ мегузарад ва бемориро таҳаммул мекунад? Ё ин қадар ба табибон муроҷиат мекунад то саломатиашро ба даст биёварад?
11 – Тарки вазифа ба гумони худсозӣ
Баъзеҳо ба гумони худсозӣ ба хайру шарри ҷомеа ва масоиле, ки дар он мегузарад, коре надоранд. Ин гуна афрод мисли ҳамон гурезагон аз ҷанги Табук ҳастанд, ки ба Паёмбари Акрам мегуфтанд: «Мо барои ҳифзи тақво дар ҷанг ба кӯмаки шумо намеоем. Зеро дар сафар, ба Табук ва ҷанг бо Рум, метарсем, ки чашмамон ба духтарони онҳо биафтад ва гуноҳ кунем. Барои ҳамин шуморо дар ин ҷанг танҳо мегузорем ва ҳамроҳӣ намекунем».
12 – Кор аз кор гузаштааст
Баъзе аз ашхос амру наҳй намекунанд ва гумон мекунанд, ки бояд фикри асосӣ кард ва кор аз амри маъруф ва мавъиза гузаштааст. Ин низ яке аз ҳилаҳои шайтонӣ аст. Монанди касе, ки ташнаеро мебинад ва бо ин ки метавонад ба ӯ об диҳад, вале ба ӯ об намедиҳад ва мегӯяд, бояд фикри обрасонии куллӣ намоем ва барои ҳама об биёварем.
Албатта, фикри асосӣ ва тасмими куллӣ сухани дуруст аст, вале ин ақида набояд баҳонае барои тарки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар шавад.
13 – Тамаъ
Гоҳе барои тамаи мол, гирифтани ҷоиза ва ҳадя, ҷалби муштарӣ, хушояндӣ ба дигарон ва амсоли он, дар муқобили мункарот сукут мекунанд.
14 – Осоишталабӣ
Баъзе аз мардум худро ба бехабарӣ мезананд ва осоишу маишатталаб ҳастанд. Паёмбар ба ин гуна афрод фармуд: «Шумо ба хотири алоқа ба зиндагии мураффаҳ[12] ва бехабарӣ аз масъулиятҳо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар намекунед».
Осори бади гуноҳон
Агар аз аввал пеши роҳи гуноҳон гирифта нашавад ва мардум сокит монанд, пай дар пай хатаротеро ба бор хоҳад овард. Ба мароҳили зер диқққат намоед:
Қадами аввал – дидани гуноҳ ва бетафовутӣ ва наҳй накардан;
Қадами дуввум –оддӣ шудани гуноҳ дар назар;
Қадами севвум – родӣ будан ба анҷоми гуноҳ;
Қадами чаҳорум – кӯмак ба анҷоми гуноҳ;
Қадами панҷум – анҷом додани гуноҳ;
Қадами шашум – исрор ва давом додани гуноҳ, одат намудан ба он ва ҳатто лаззат бурдан аз анҷоми гуноҳ;
Қадами ҳафтум – даъвати дигарон ба анҷоми гуноҳ;
Қадами ҳаштум – сармоягузорӣ барои анҷом ва таблиғи гуноҳ;
Қадами нӯҳум – истодан дар муқобили касоне, ки аҳли гуноҳ нестанд ва дур шудан аз инсонҳои хуб;
Қадами даҳум – сангдил шудан ва қасовати қалб пайдо кардан, наузубиллоҳ.
Оре, агар Қуръон мефармояд, ки «Аз қадамҳои шайтон пайравӣ накунед»,[13] ба хотири он аст, ки ӯ инсонро қадам ба қадам ба фасод мекашонад. Яке аз ҳуқушиносон мегуфт: «Қотилеро дастгир кардем, ки ҳабдаҳ нафарро кушта буд. Аз ӯ пурсидем, ки дар ҳангоми куштани инсон нороҳат намешудӣ? Гуфт: Аввалин касеро, ки куштам, ларзидам, вале баъд ин кор бароям оддӣ шуд».
Наҳҷулбалоға нуфузи тадриҷӣ ва қадам ба қадами шайтонро ин гуна васф мекунад:
– Аввал шайтон дар руҳи инсон тухмгузорӣ мекунад.
– Баъд чӯҷа боз мекунад.
– Баъд ин чӯҷаҳои шайтон дар рӯҳи инсон ба ҳаракат медароянд.
– Сипас дар домани инсон ба роҳ медароянд.
– Сипас шайтон ба чашми онҳо менигарад ва ба ҷои чашми худоӣ, чашми шайтонӣ мешаванд.
– Шайтон сухани худро ба забони онҳо мезанад.
– Шайтон ба воситаи ин гуна инсонҳо, сабаби лағзиши дигаронро фароҳам мекунад.[14]
Осори бад
Ҳар гуноҳ воситае барои гуноҳи дигар мешавад. Агар инсон дар ҳаракату рафтори худ ва дигарон муроқиб набошад ва ба худ ва дигарон тазаккур надиҳад, мумкин аст як рӯҳия ё гуноҳ сарчашмаи анвои хилофкориҳои дигар шавад.
Нигоҳе ба достони Юсуф
Бародарони Юсуф ҳасодат доштанд ва ба ҳамин хотир гирифтори корҳои нодуруст шуданд, аз ҷумла:
1-Додани нисбати гумроҳӣ ба падар.
2-Тарҳрезӣ барои дуздидани бародар бо баҳонаи варзишу истироҳат ва дур намудани фарзанд аз падар.
3-Андохтани бародар дар чоҳ.
4-Гуфтани сухани дурӯғ, ки Юсуфро гург хӯрдааст.
5- Ба Юсуф нисбати дуздӣ додан.
Бинобар ин ҳар гуноҳ метавонад, заминаи гуноҳони дигар шавад ва бояд аз аввалин гуноҳ наҳй кард, то гуноҳони дигар рушд накунанд.
Ҳамчунин ошкор аст, ки гуноҳон осори баде дар ҷиҳатҳои мухталиф доранд, хоҳ мо он осорро бифаҳмем ё нафаҳмем.
Достон
Рӯзе савори ҳавопаймо шудам, аммо пеш аз парвоз эълон шуд, ки ҳамаи мусофирон аз ҳавопаймо берун раванд.
Сипас мусофирон ва тамоми борҳоро берун карданд. Ҳама ҳайрон буданд, ки моҷаро чист? Масъулони парвоз гуфтанд, ки як ҳашароти нонхӯрак вориди ҳавопаймо шудааст. Ман бо тааҷҷуб ва ханда пурсидам: Ба таъхир афтодани парвоз барои як ҳашарот? Масъулон гуфтанд: Ҳамин ҳайвони хурдакак мумкин аст, яке аз симҳои робитаро хоида ва робитаро қатъ кунад.
Бо худ фикр кардам: Барои мавриди назарногир, инсонҳои зиёде талош мекунанд, вале ба хотири баъзе хислатҳои ҷузъӣ, ки метавонад тамоми умри онҳоро табоҳ кунад бепарво ҳастанд. Барои намуна мисоли гуноҳ дар ҷомеа монанди мисоли ҳамон як ҳайвони хурдҷусса аст, ки системаи такомулии инсонро гирифтори хатар мекунад. Ҷомеаҳое, ки мардумаш бештар гуноҳ анҷом медиҳанд, дар он ҷо изтироб, пучгароӣ, худкушӣ, истеъмоли зиёди доруҳои асаб, бемориҳои равонӣ ва ваҳшигарӣ ҳам бештар мушоҳида мешавад.
Эҳтимоли зарар ва хатар…
Агарчи мувофиқи қонуни «аҳам ва муҳим»[15] бояд ҳар иқдоме ҳисобу китоб шавад ва ҳар ҳаракатеро санҷида анҷом дод ва ба хотири расидан ба манфиати кам, манобеи зиёдро масраф накард, вале ин ба он маъно нест, ки мо дар амру наҳй ҳифзи обрӯи касеро замонат кунем. Мо бояд барои анҷоми ин ду вазифаи бузург гоҳе ба истиқболи хатар равем. Ин ҳама супориш ва подош танҳо барои касоне нест, ки бе ҳеҷ дарди саре амр ба маъруф кунанд ва ҳатман ба натиҷа расанд.
Гоҳе инсон ба натиҷа намерасад, вале бояд амру наҳй кунад. Магар ҳазрати Нӯҳ ба натиҷаи дилхоҳ расид? Магар рӯзи ошуро, ки Имом Ҳусейн мавъиза кард ва мардумро аз бузургтарин гуноҳ (шаҳид кардани имом) боз дошт, асар намуд? Ҳамеша таъсир лозим нест, балки гоҳе лозим аст барои расонидани ҳуҷҷат, насиҳат кунем.
Ба ҳар ҳол, ба назар мерасад, ки тарки ин вазифаи бузург ба хотири ҳамин хостаи беҷое аст, ки тадриҷан пайдо шудааст, яъне сухани мо бояд ҳамин рӯз асар кунад ва ба мо ҳам ҳеҷ зарбае нарасад.
Дар аҳодис ин кор мазаммат шудааст: «Агар намоз зарбае ба ҷону моли мардум мезад, онро раҳо мекарданд, ҳамон гуна ки бузургтарин ва шарифтарин воҷиботро ба хотири латмае, ки мехӯранд, раҳо мекунанд».
Аз ин ҳадис чунин маълум мешавад, ки бояд ба истиқболи хатар рафт, агар Қуръон дар ситоиши афроде мефармояд: «Онҳо аз ҳеч сарзаниш намеҳаросанд»,[16] ба хотири он аст, ки амал ба вазифа, сарзаниш дорад ва мо бояд ба истиқболи он биравем. Агар Қуръон мефармояд: «Гунаҳкорон ба аҳли имон механданд ва ҳар гоҳ аз канорашон бигзранд, ба чашми таънаву истеҳзо бингаранд. Ва ҳар гоҳ он гунаҳкорон даври ҳам ҷамъ шаванд, пушти сари аҳли имон бадгӯӣ мекунанд ва раҳгумзада медонанд ва таҳқир мекунанд»,[17] ба хотири он аст, ки амал кардан ба вазифа мушкилиҳои зиёде дорад.
Ман намедонам дар дине, ки тамоми анбиё ва авлиёи он мавриди иҳонат ва шаҳодат қарор гирифтаанд, ин шарти рафоҳ ва бе дарди сар будан аз куҷо пайдо шуд, ки мегӯянд: «Шарти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар он аст, ки латмае ва зарбае ба инсон варид нашавад». Ба назари ман, ин тафаккури дини бе дарди сар ва осон, дине аст, ки ҳеҷ як анбиё ва авлиё наовардаанд. Магар таъсиси дин осон буд, ки ҳифзи он осон бошад? Зимни он ки медонем, гоҳе ҳифз ва нигаҳдории чизе мушкилтар аз таъсиси он аст.
Оёте, ки дар танқид аз гурӯҳе мефармояд: «Худованд, сазовортар, ки аз ӯ битарсед то аз мардум мардум»,[18] – ба мо мегӯяд, аз мардум натарсед.
Оёте, ки дар ситоиши гурӯҳе мефармояд: «Онҳо аз касе наметарсанд»,[19] – ба мо мефаҳмонад, ки шумо низ набояд тарсу бошед.
Оёте, ки мефармояд: «Паёмбарон дар роҳи ҳадафи худ шаҳид шуданд», – яъне шумо ҳам роҳи онҳоро биравед.
Оёте, ки мефармояд: «Аз камии афрод боке надошта бошед ва аксариятро намуна қарор надиҳед».
Ҳамчунин ривоёте, ки мефармояд: «Бузургтарин ҷиҳод, каломи ҳаққе аст, ки назди шоҳи ситамгаре зада шавад» ва «Ҳақро бигӯед, гарчӣ бар алайҳи шумо бошад», – ҳамаи ин оёту ривоёт илҳомбахши ҷуръат ва ҷасорат дар анҷоми таклифи илоҳӣ аст. Оёту ривоёте, ки аз сабри афрод дар баробари озору азияти мухолифон ситоиш мекунад ва ҳазрати Иброҳим ва Муҳаммадро усва қарор додаанд, ҳама далели он аст, ки гоҳе бояд инсон ба истиқболи хатар биравад. Бинобар ин ривоёте, ки мегӯянд: «Амр ба маъруф, замоне аст, ки барои ҷони худ ва дӯстонаш натарсад», – шояд махсуси мавриде бошад, ки қонуни аҳам ва муҳим матраҳ аст. Яъне мункар дар ҳадде нест, ки арзиши фидо кардани ҷонро дошта бошад.
Аммо агар дин ва хатти Ислом ва номусу иффати умумӣ ва низоми муқаддаси исломӣ ва раҳбарии ҳақ дар хатар бошад, ин ҷо бояд инсонҳои мӯъмин хатшиканӣ кунанд ва рафоҳу маишатро канор гузоранд.
Қуръон ишратталабони бедардро чунин муаррифӣ мекунанд:
1–«Ҳар гоҳ фармони ҷиҳод содир шавад, мураффаҳони тарсу аз ту иҷозати мураххасӣ мегиранд».[20]
2–«Ҳар гоҳ дар тобистон фармони ҷиҳод дода шавад мегӯянд дар гармо ба майдони ҷанг наравед. Сабр кунед дар ҳавои муносибе биравед».[21]
3–«Агар роҳу масир наздик бошад, ҳаракат мекунанд, вале агар роҳ дур бошад, ҳаракат намекунанд».[22]
Қуръон аз касоне ситоиш мекунад, ки дар сахтиҳо ёвари Ислом буданд.[23]
Албатта ногуфта намонад, ки инсон дучори лағзиш мешавад ва рафоҳро дӯст медорад, вале набояд рафоҳу осоиши ӯ дар ҳоле бошад, ки дигарон дар сахттарин шароит бошанд.
Яке аз ёрони Паёмбари Акрам ҳангоми ҷанг ба ҷои рафтан ба майдони ҷанг, дар канори ҳамсарон ба болишт такя зада ва дар оромиш буд. Ногаҳон ба ёди ҷабҳа ва ба ёди Расули Худо афтод, ки дар ин гармо дар майдон буданд. Фавран бархост ва ба сӯи Паёмбар шитофт. Ин моҷароро Қуръон чунин нақл мекунад: «Наздик буд руҳияи рафоҳталабӣ баъзеҳоро аз хат мунҳариф кунад, вале Худованд лутфи худро ба ӯ баргардонд ва ӯ мутаваҷҷеҳ шуд ва худро барои ёрӣ ба мусулмонон расонд».
На танҳо дар ҷабҳаҳо, балки ҳатто Қуръон, дил кандан аз рахти хоб ва хестан барои муноҷоти саҳар ва намози шабро ситоиш карда ва фармудааст: «Касоне, ки аз лаззати хоб бигзаранд, аҳаде намедонад, ки чӣ подоши бузурге дар пеш доранд».[24]
Аслан амр ба маъруф дарди сар дорад лизо Луқмон ба писараш мегӯяд: «Фарзандам! Намозатро хон ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар намо! Дар анҷоми ин вазифа бар он чи ба ту расад, сабр ва таҳаммул кун, ки ин пуштикор ниёз ба як салобат ва азму иродаи қавӣ дорад».
Касоне, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар намекунанд ба орзуи худ намерасанд.
Бисёре аз афроде, ки ин воҷиби илоҳиро раҳо карданд, ба гумони он ҳастанд, ки агар ин корро анҷом диҳанд, хатаре онҳоро таҳдид хоҳад кард, аз умрашон коста хоҳад шуд ва ё судеро аз даст хоҳанд дод. Ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд: «Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар на маргро наздик мекунад ва на рӯзиро кам мекунад».[25]
Вале ин афрод ғофиланд, ки ҳаргиз ба орзуи худ намерасанд; зеро дар асари тарки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, ашрор бар онҳо тасаллут пайдо мекунад.[26] Дар он сурат, на ба моли мардум раҳм мекунанд ва на бар ҷони онҳо.
Нишонаи беақлӣ
Дар миёни мардум касоне ҳастанд, ки лақаби оқил ба афроде медиҳанд, ки аҳли назорат ва дахолат ва амру наҳй нестанд, вале дар фарҳанги Ислом, ба афроди бетафовут лақаби беақл, заиф ва мабғуз дода шудааст. Дар ҳадисе мехонем: «Худованд, мусулмонони заиф ва беақлро мавриди ғазаби худ қарор медиҳад ва онҳо, ҳамон касоне ҳастанд, ки аз мункарот ҷилавгирӣ намекунанд».
Ҳимоят аз амри маъруфкунандагон
Абӯзари Ғифорӣ ба Муовия эътироз мекард ва бо рехту пошҳои Муовия мухолифат меварзид. Оқибат Муовия номае ба Усмон навишт, ки: «Агар мехоҳӣ ҳукумат дар дасти мо бошад, Абузарро аз саҳна хориҷ кун; зеро ифшогарии ӯ обрӯе барои мо нагузоштааст. Усмон дастури бадарға кардани Абузарро ба Рабаза содир кард ва гуфт: Ҳеҷ кас набояд Абузарро гусел кунад!»
Амиралмӯъминин Алӣ (к), Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн сукутро шикаста ва бар ҳимояти ин амр ба маъруф ба по хестанд ва ӯро гусел карданд. Ба ҳангоми гусел, ҳар се бузургвор ба Абузар дилдорӣ доданд ва суханоне гуфтанд. Ҳазрати Алӣ фармуд: «Эй Абӯзар, ту барои Худо ғазаб кардӣ ва фарёд задӣ. Инҳо аз ифшогарии ту ва аз даст додани ҳукумат тарсиданд, вале ту ҳам аз гуноҳи сукут тарсидӣ ва фарёд задӣ. Фардои қиёмат маълум хоҳад шуд, кӣ баранда кист».
Абӯзар дар Рабаза ғарибона ва дар ҳоле ки сараш дар домани духтараш буд, васият кард ва ҷон супурд. ӯ дар васияташ гуфт: «Духтарам то лаҳазоти дигар ман аз дунё меравам. Ту бар худат мусаллат бош! Баъд аз марги ман бар нуқтаи болои роҳ бирав, дар он ҷо гурӯҳе меоянд, ки дар миёнашон марде ба номи Молики Аштар аст. Ба ӯ бигӯ, ки Абузар ёри Паёмбар буд ва ба хотири наҳй аз мункар ба Усмон ва Муовия аз ватанаш берун шуда ва дар ғарибӣ аз дунё гузаштааст».
Молики Аштар бо эҳтиром ҷанозаи Абузарро қабул кард ва фармуд: «Худоё! Ин Абузар аз асҳоби Расулуллоҳ (с) ва бандаи холиси ту аст, ки дар роҳи ту барои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар саъю талош кард ва даст аз динаш набардошт, то ҷое, ки бадарғааш карданд ва аз зиндагӣ маҳрум сохтанд ва саранҷом дар танҳоӣ даргузашт».
Агар мушкилот пеш омад, чӣ кунем?
Аз як сӯ дини Ислом дини осон ва мубораке аст ва Қуръон мефармояд: «Худованд барои шумо осонӣ хостааст, на сахтӣ».[27] Яке аз қоидаҳо ва усули ҷорӣ дар Ислом он аст, ки зарар ва мушкилот дар анҷоми вазоиф набошад. Аз сӯи дигар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ғайр аз намозу рӯза аст, зеро амру наҳй, назорат ва дахолат дар кори мардум ва мубориза бо ҳавасҳои онҳо аст. Ин ду вазифа сабаби нороҳатиҳо, даргириҳо ва зарарҳо мешавад. Дар ин ҷо бояд масъалаи амр ба маъруфро пайгирӣ кунем ё масъалаи зарару зиёнро?
Посух:
Аввалан, худи Қуръон ба мушкилоти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар таваҷҷуҳ дорад ва бинобар ин фармудааст: «Бояд дар ин роҳ ҳар мушкиле ба ту расад, таҳаммул кунӣ!»[28]
Сониян, агар ба хотири эҳтимоли зарар ва сахтӣ вазифаи амру наҳй аз мардум бардошта шавад, барои ҳар ситамгаре роҳ боз мешавад.
Солисан, анбиё, авлиё ва инсонҳое мисли Абузар дар роҳи зинда кардани ҳақ ва аз байн бурдани ботил, он ҳама сахтиро кашиданд, аммо ҳамин ки навбат ба мо расид, бо эҳтимоли зарару зиён канор биншинем ва бо чашми худ шоҳиди густариши фасод бошем? Ин амали дуруст нест.
Бинобар ин мавриди қоидаи зарару зиён, дар масоили оддӣ аст; монанди касе, ки барои ӯ таҳорат кардан мушкил аст, ё об барои вай зарар дорад ва ба ӯ мегӯянд, ба хотири қонуни зарару зиён, шумо ба ҷои таҳорат таяммум анҷом диҳед.
Вале баъзе аз дастуроти Ислом бар асоси таҳаммули мушкилот поярезӣ шудааст; мисли ҷиҳод ва рӯза, ки инсон бояд сахтӣ бикашад ва ба истиқболи мушкилот биравад. Қуръон мефармояд: «Агар шумо дарду ранҷ мекашед, душманони шумо низ дар майдонҳои ҷанг дарду ранҷ доранд».[29] Аслан ҷиҳод бе мушкилӣ ва рӯза гирифтан бидуни сабру муқовимат имкон надорад. Бинобар ин қонуни ҷарҳ марбут ба масоили оддӣ аст ва на вазифаҳое, ки сахтӣ ва мушкилот ҷузъи зоти кори онҳо қарор дорад. Мисли шӯрӣ, ки дар зоти намак нуҳуфта шудааст, ҷиҳоди бе дарди сар, яъне намаки бидуни шӯрӣ!
Бинобар ин дар масъалаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бояд муҳосиботи аҳамму муҳимро ба пеш кашем ва на дарди сару мушкилотро. Бояд бингарем, ки ҳар куҷо масъалаи муҳимтар буд, бояд ҳама чиз агарчӣ муҳим бошад, фидои он шавад, зеро он муҳимтар аст. Барои мисол чунки Ислом муҳимтар аз ҷони Имом Ҳусейн аст, Имом Ҳусейн (р) шаҳид мешавад то Ислом зинда бимонад. Ҳар куҷо мункаре рух дод, бояд наҳй кунем ва агар зарару хатаре дар миён бошад, бояд муҳосиба кунем ва бубинем мункар дар кадом ҳадде ва зарару хатар дар кадом ҳадде аст ва касе, ки ба истиқболи хатар меравад, чӣ касе аст? Гоҳе гуноҳе, ки анҷом мегирад як гуноҳи сағера аст, аммо агар бихоҳем наҳй кунем бояд товони зиёде барои он диҳем. Дар ин ҷо аз наҳйи он мегузарем. Аммо агар воҷиби муҳимме аз даст меравад ва ё мункари муҳимме анҷом мегирад ва сукуту чашмпӯшӣ дар ин ҷо сабаби ҷасорати ситамгарон, беэҳтиромӣ ба муқаддасот, заъфи ақидаи мардум ба дин ва олимон ва ё аз даст додани иззати исломӣ аст, дар ин гуна мавридҳо бояд ба истиқболи хатар рафт ва наҳй аз мункар кард.
Вазифаи мухотабон
Амркунандагон ба маъруфро дӯст дорем
Касоне, ки мавриди амру наҳй қарор мегиранд бояд бидонанд, ки тазаккури дигарон ба онҳо нишонаи ишқу муҳаббат ва дилсӯзӣ нисбат ба онҳо аст ва мо бояд онҳоро дӯст дорем. Яке аз интиқодоте, ки анбиё ба мардум доштанд, ин буд, ки «Чаро шумо насиҳаткунандагонро дӯст намедоред?»[30]
Имом Содиқ (р) мефармояд: «Беҳтарин дӯсти ман касе аст, ки айбҳои маро ба унвони ҳадя ба ман тазаккур диҳад».[31]
Имом Содиқ интиқодро ҳадя ва интиқодкунандаро дӯсти худ медонад. Оре! Дӯсти воқеӣ касе аст, ки моро бигирёнад, вале аз ғафлат бираҳонад, на он ки моро бихандонад, вале дар ғафлат нигаҳ дорад. Қуръон мефармояд: «Ғафлат чизе аст, ки душманон барои шумо орзу мекунанд».
Имом Саҷҷод дар дуои Макорим-ул-ахлоқ аз Худованд мехоҳад: «Парвардигоро, ба ман руҳияи интиқодпазирӣ ва пайравӣ аз касоне марҳамат фармо, ки маро иршод мекунанд».
Як кӯдаки мактаби ибтидоӣ ба Имом Хумайнӣ номае навишт, ки: «Эй Имом мехостам ба шумо тазаккур диҳам. Бо худ фикр кардам, ки ман куҷову шумо куҷо. Аз тазаккур сарфи назар кардам».
Имом Хумайнӣ бо дастони мубораки худ посухи ин номаро чунин навишт: «Эй фарзанди азизам! Эй кош, он тазаккурро менавиштӣ. Зеро ҳамаи мо ниёз ба тазаккур дорем».
Касе, ки ба мо амру наҳй мекунад, дар ҳақиқат моро аз ғафлат берун меорад. ӯ омили ҳушёрӣ ва бедории мо аст.
Арзиши бедорӣ, ҳатто ба қимати ранҷҳо
Қуръон мефармояд: «Ҳодисаҳои талхе, ки барои шумо пеш меояд бо вуҷуди талхӣ ва нигаронӣ барои шумо баракоте дорад ва он ин аст, ки шумо аз хоби ғафлат бедор мешавед ва ба Худованд таваҷҷӯҳ мекунед. Ин василае барои таваҷҷӯҳ ва истиғфори шумост».[32]
Ҳазрати Алӣ (к) фармуд: «Дар байни он гурӯҳе, ки насиҳаткунандагонро дӯст намедоранд, хайре нест».
Қуръон касонеро, ки ҳар гоҳ мавриди амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қарор мегиранд, ғурури гуноҳ, онҳоро нуфузнопазир кардааст ба шиддат интиқод мекунад.[33] Ва мефармояд: «Гурӯҳе ҳастанд, ки ҳар гоҳ мавриди тазаккур қарор мегиранд, мутазаккир намешаванд».[34]
Баъзеҳо гумон мекунанд, ки агар даст аз кори хилофашон бардоранд, навъе ақибнишинӣ кардаанд ва заъф нишон додаанд. Ва ҳол он ки инсон ҳар куҷо мутаваҷҷеҳи хилоф шавад ва фавран даст бардорад, ин худ як арзиш аст. Ин хаёли воҳӣ замоне шадид мешавад, ки амр ба маъруф аз назари савод ва мавқеияти иҷтимоӣ дар мароҳили поёнтарин бошад. Дар ин ҳолат барои пазируфтани ҳақ ду аҳром лозим аст: яке ба хотири ҳақ будани инсон мепазирад ва дигаре ҳарфи ҳақро аз кӯчактар аз худ бипазирад.
Ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд: «Аз аломати суқут ва ақибгардӣ – мазнун шудан ба касоне аст, ки барои мо дилсӯзӣ мекунанд».
Ва низ фармуданд: «Ҳар кӣ туро мавъиза кард, ӯро ба ваҳшат наандоз».
Касоне, ки хаёл мекунанд ҳидоятёфта ҳастанд ва ниёз ба иршоду роҳнамоӣ надоранд, ба ҷои Худованд шайтонро ба сарпарастии худ пазируфтаанд.[35]
Ин мунофиқон буданд, ки ҳар гоҳ мавриди наҳй аз мункар қарор мегирифтанд, бо ғурур мегуфтанд, дар ҷомеа танҳо мо муслеҳ ҳастем.[36]
Ва ин куффор буданд, ки ҳар гоҳ анбиё онҳоро иршод менамуданд ба ҷои пазириш мегуфтанд: ҳадафи анбиё фахрфурӯшӣ бар мо аст.[37]
Бародарон ва хоҳарон агар тазаккуре ба шумо диҳанд, сарсахтӣ накунед! Такаббур шайтонро аз даргоҳи Худо дур кард.
Гурӯҳи баҳонаҷӯёне ба Паёмбар мегуфтанд: «Мо роҳи худамонро меравем, хоҳ моро мавъиза кунӣ ё накунӣ».[38]
Онҳо ба қадре сангдил буданд, ки дигар ҳеҷ тазаккуреро намепазируфтанд. Худованд низ ба паёмбараш мефармояд: «Хоҳ ҳушдор диҳӣ ва хоҳ ҳушдор надиҳӣ барои онҳо фарқе надорад».[39]
Кайфари ин бетафовутии онҳо дар дунё, бетафовутӣ дар қиёмат аст ва он замоне аст, ки дар дӯзах барои наҷоти худ фарёд мекашанд ва сипас бо худ мегӯянд: «Имрӯз фарёдрасе надорем, барои ҳамин хоҳ фарёд занем ва хоҳ назанем фарқе надорад».[40] Оре, касоне, ки дар баробари мавъизаи анбиё мегӯянд: «Фарқе надорад, ки бигӯед ё нагӯед», он ҷо ҳам мегӯянд: «Фарқе надорад, ки нола кунем ё накунем».
Чаро инсонҳое, ки метавонанд дар сояи пандпазирӣ ва пайравӣ аз мантиқ ва раҳбарони маъсум, дар бандагии Худо аз фариштаҳо бартар шаванд, ба хотири ғурур ва баҳонаҷӯӣ корро ба ҷое мерасонанд, ки Қуръон дар бораи онҳо мефармояд: «Онҳо гурӯҳи каррону гунгҳо ва кӯрон ҳастанд».[41]
«Онҳо ба хотири ғафлат аз чаҳорпоён бадтаранд».[42] «Қалби онҳо аз санг ҳам сахттар аст; зеро гоҳе аз канори санг чашмаҳое сарозер мешавад, вале ин сангдилон заррае такон намехӯранд».[43]
Авомили напазируфтани амру наҳй
Сабабҳои напазируфтан зиёд аст, ки онҳоро метавон ба ду навъ тақсим кард. Яке сабабҳои дарунӣ ва дигарӣ асбоби берунӣ. Ибтидо бо чаҳор асбоби дарунӣ ошно мешавем.
Авомили дарунӣ:
1-Ҷаҳл
Кӯдаконе, ки аз суханони волидайн итоат намекунанд ба хотири он аст, ки асрореро, ки дар фармони волидайн аст намефаҳманд.
Имом Ризо (р) фармуд: «Агар мардум зебоиҳои суханони моро бидонанд, пайрави мо мешаванд».[44]
Анбиё ба афроди гумроҳ мефармуданд:
«Шумо ҷоҳил ҳастед, вагарна ин ҳама сарсахтӣ дар муқобили мо нишон намедодед».
Чи бисёранд касоне, ки пойбанд ба намоз нестанд, чунки аз асрори намоз огоҳӣ надоранд ва агар ошно шаванд, намоз хоҳанд хонд.
Дар оёт ва ривоёт, ки он ҳама супориш ба илмҷӯӣ ва суол намудан аз уламо шудааст, ба хотири нақши илм дар итоат аст. Муроди мо аз илм, ҳуҷҷати донишгоҳ нест зеро, чӣ бисёранд касоне, ки ба хотири надоштани маълумоти лозим барои анҷоми баъзе аз корҳои маъруф ва тарки мункар бетафовутанд. Дар ривоёт мехонем:
«Худованд ҳамон гуна ки аз бесаводон паймони омӯзиш дидан гирифтааст (ва онҳоро ба омӯхтани илм ташвиқ намудааст), аз донишмандон низ паймони омӯзиш додан гирифтааст».
Ба ҳар ҳол вусъат додани илм ва мутолиаю китобхонаҳо ва мусобиқоти илмӣ, бахусус агар ҷиҳатдор, коромад ва муфиду созанда ва дар ростои ошноӣ бо асрори маъруфҳо ва хатароти мункарот бошад, қадами муҳимме дар пешгирӣ аз фасод аст.
2-Таассуб
Яке аз авомили напазируфтани амр маъруф ва наҳй аз мункар, таассуб аст. Таассуб гоҳе муфид ва мусбат аст ва он замоне аст, ки пофишорӣ бар аҳдоф ва ормонҳои муқаддас, бо далел бошад. Вале аксари таассубҳо решаи миллӣ, қавмӣ, ҳизбӣ, нажодӣ, шуғлӣ ва ғайра доранд ва ё пофишорӣ ба расму пиндорҳои шахсӣ ва иҷтимоӣ аст. Қуръон дар ин бора мефармояд:
«Ҳар гурӯҳе бар он равише, ки ҳастанд хушҳоланд».[45] Таассуб дуду торикӣ аст, ки пеши чашмро мегирад ва ҳеҷ ҳақиқатеро ҷуз роҳу расми худ намепазирад. Пофишории аксари бутпарастон дар муқобили паёмбарон аз рӯи бутпарастии ниёгон ва таассуб бар роҳи онҳо буд.
Он чӣ Иблисро ба сарнавишти шум гирифтор кард, таассуби ӯ буд, ки ба Худованд гуфт: «Нажоди ман аз нажоди одам бартар ва ман аз оташ ва ӯ аз хок офарида шудааст, пас чаро ман ба ӯ саҷда кунам».[46]
Ислом дар ҳамаи барномаҳои худ бар зидди таассуб мубориза кардааст, аз ҷумла:
1) Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) духтари аммаи худро, ки аз хонадони шариф ва озод буд, ба ақди як ғулом даровард.
2) Модари шаш нафар аз имомони маъсуми мо каниз буданд.
3) Имом Ризо (р) бо хидматгорҳои худ машварат мекарданд.
4) Ислом ҳамаи милокҳо, ҷуз илму тақво ва собиқаю ҷиҳод ва ҳиҷратро зери по гузошт.
5) Ислом ҳамаи мардумро дар баробари қонун баробар донист.
6) Робитаи худро бо ҳамаи миллатҳо ва макотибу идеологияҳо, танҳо бурҳон ва мантиқ қарор додааст.
7) Дар тақсими байтулмол ва ширкат дар майдони ҷанг, барои касе ҳисоби хоссе боз накард.
8) Роҳи расидан ба тамоми камолот, аз қабили имоми ҷумъа будан, қозӣ будан, фақеҳ ва марҷаи тақлид буданро барои ҳамаи афрод боз гузоштааст.
9) Ҳеҷ шахсе ва қавмеро аз назари шуғлӣ нисбат ба дигарон бартар надонист.
10) Дар барномаҳои амалӣ ҳамаро дар канори ҳам қарор дод. Назири намози ҷамоат, ҷумъа, намози ид, ҳаҷ ва ҷиҳод; дар ҳазорон дастури Ислом, ҳатто як мавриде, ки нишоне аз бартарии араб бар аҷам ва ё сафед бар сиёҳ бошад, ба чашм намехӯрад.
3-Такаббур
Яке аз далоили напазируфтани интиқоди дигарон ва қабул накардани наҳй аз мункар, рӯҳияи истикбор аст. Сарчашмаи такаббур – син, илм, мол, шакл, қабилаву мақом, ҳизб, фарзанд ва амсоли инҳо аст, ки дар Қуръон барои анвои ин сарчашмаҳо оётеро мехонем:
Қуръон, таърихи Фиръавнро баён мекунад, ки ба хотири қудраташ такаббур варзид ва гӯш ба суханони Мӯсо надод. Таърихи Қорунро нақл мекунад, ки ба хотири сармояаш такаббур намуд ва зери пандҳои ҳазрати Мӯсо нарафт.
Таърихи Яҳудро нақл мекунад, ки онҳо худро фарзандони маҳбубони Худо мепиндоштанд ва мегуфтанд, ҳаргиз дӯзах бо мо тамос нахоҳад гирифт, ба ҷуз чанд рузе, зеро мо азизи Худо ҳастем. Аз мустакбироне ном мебарад, ки ба хотири ҷамъ кардани мол, ҳама кас ва ҳама чизро ба масхара мегирифтанд. Аз мустакбироне ном мебарад, ки ба хотири надоштани фарзанди писар, Паёмбари Акрамро таҳқир мекарданд ва ӯро абтар медонистанд. Аз мустакбирони пуртаваққуе ном мебарад, ки ба анбиё пешниҳоди тарди фуқароро медоданд, вале паёмбарони азиз ҳаргиз ин пешниҳодро намепазируфтанд. Аз пулдорони бедарде ном мебарад, ки ҳангоми ҷанг, иҷозати мураххасӣ мегирифтанд.
Нишонаи такаббур
Шахсе ба назди Имом Алӣ омад ва гуфт:
Ман аз либоси фохир ва манзилу маркаби хуб истифода мекунам. Оё ин нишонаи такаббури ман аст?
Имом фармуданд:
Нишонаи такаббур он аст, ки ҳарфи ҳақро напазирӣ.Чӣ бисёранд фақирони мутакаббир ва сарватмандони ботавозуъ.
4-Луқмаи ҳаром
Имом Ҳусейн (р) рӯзи Ошуро ба тарафдорони Язид фармуд:
«Далели он ки наҳй аз мункари ман бар шумо асар намекунад, он аст, ки шикамҳои шумо аз ҳаром пур шудааст».
Оре! Луқмаи ҳаром, монеи пазируфтани ҳақ мешавад, гарчӣ он сухан аз фарзанди Паёмбар (с) ва Имом (р) бошад.[47]
Луқмаи ҳаром, монеи мустаҷоб шудани дуоҳо мешавад.[48]
Луқмаи ҳаром монеъ аз қабул шудани ибодат мешавад.[49]
Луқмаи ҳаром, гароиши инсонро ба гуноҳ ва тоғутгароӣ зиёд мекунад.
Луқмаи ҳаром, дар насл асари манфӣ мегузорад.[50]
Хурдани моли ятим, луқмаи ҳаром аст, дар қиёмат оташе дар дарун барпо мекунад.[51]
Луқмаи ҳаром, боиси сангдилӣ мешавад.[52]
Луқмаи ҳаром, монеи тарбият ва ҳаракатҳои инқилобии саҳеҳ мешавад.
Авомили берунӣ:
1-Таблиғоти манфӣ:
Агар афрод ё гурӯҳҳое бар муқобили амри маъруфкунандагон даст ба таблиғот бизананд, метавонанд монеи таъсири каломи онҳо шаванд. Агар имрӯз таблиғот бар муқобили низоми исломӣ намешуд, мардум ба суроғи шинохти он меомаданд. Таблиғоти манфӣ корро ба ҷое мерасонад, ки мардум, анбиёву авлиёро маҷнун ва соҳир донанд; Юсуфро муттаҳам; ҳазрати Алиро воҷибулқатл; Имом Ҳусейнро хориҷӣ ва хидмат ба Язидро ибодат донистанд. Таблиғот, аз калисо, ки дар ҷиноёти абарқудратҳо, ба таври мустақим ё бо сукут ва ризоят, шарики ҷурми онҳо мегардад, чеҳраи инсондӯст ва отифие месозад.
2-Таорузот
Яке аз монеаҳои пазируфтани ҳақ ва амр ба маъруф таорузот аст; аз ҷумла:
– Таоруз байни манзил ва мадраса аст. Шогирд дар мадраса намоз ёд мегирад, вале дар хона бо падару модаре аст, ки аҳли намоз нестанд.
– Таоруз миёни дидани аломатҳое, ки хатароти сигорро нишон медиҳад, бо дидани боз шудани корхонаи сигорсозӣ аз телевизион.
– Таоруз байни супоришҳое, ки дар бораи сарфаҷӯӣ ва ҳифзи байтулмол мешавад ва харҷҳои беҳуда ва беҳисоби муассисаҳои марбут.
Ин гуна таорузҳо эътиқоди шунавандаро нисбат ба гӯянда кам мекунад.
3-Тоғутҳо – саркашон аз итоати Худо
Дар Қуръон борҳо ҷумлаи «Дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд», ба кор рафтааст. Касоне монеи роҳи Худо мешаванд, ки одатан ё саркашоне аз итоати Худо ҳастанд, ё сармоядорон ва соҳибони мақом, ё дӯстони фосид ё падару модар ва устод ва мушовирони нобоб.
Барои мисол:
Ҷавоне, ки мехоҳад ба таҳсили худ идома диҳад, гаронии ҳаққи муаллим ва китобу маскан ва хароҷоти зиндагӣ, метавонад монеи ӯ шавад.
Покдиле, ки мехоҳад ба вазифаи худ амал кунад, лабхандҳои сард ва масхара кардани атрофиён, метавонад монеи ӯ шавад.
4-Рафтор ва собиқаи гӯянда
Яке аз мавонеи пазируфтани амр ба маъруф, собиқаи гӯяндааст. Дар ин бора, дар шароити амри маъруфкунандагон матолиберо ёдовар мешавем.
5-Ҳал нашудани мушкилоти иқтисодӣ
Агар мо мушкилоти иқтисодии мардумро ҳал кунем, мардум ҳам ба роҳатӣ ба суханони мо гӯш хоҳанд дод. Қуръон дар даъвати мардум ба ибодат, ба ин масъала таваҷҷӯҳ намудааст:
«Бандагони Худо бояд (ба шукронаи неъматҳо) Худоро ибодат кунанд; ӯст, ки мардумро аз гуруснагӣ ва ноамнӣ наҷот додааст». Дар ин ҷо сер кардани мардумро заминаи даъват ба ибодат қарор додааст.
Як савол:
Ба хотири тарс ва рафоҳталабӣ, ё каҷфаҳмӣ баъзеҳо оёти Қуръонро дастовез қарор медиҳанд ва мегӯянд: Оё касоне, ки дар роҳи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, молу ҷони худро доданд, шомили ояти: «Бо дасти худ худро ба ҳалокат наандозед», нестанд?
Чаро мо дар ҷое, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар сабаби таҳаммули сахтиҳо мешавад, худро фидо кунем? Қуръон мефармояд: «Худкушӣ накунед». Дар ҳадис мехонем: «Бо касоне, ки шамшер ба даст доранд, даргир нашавед!» Чунин ашхос бо баҳона овардани ин гуна паёмҳо, гардан аз зери бори амр ба маъруф холӣ мекунанд.
Ҷавоб:
Сураи Бақара аз ояти 190 то 195 марбут ба ҷанг аст ва дар ҳар оят ба нуктае ишора мешавад, ба ин гуна:
1-Ояти 190 мефармояд: «Дар роҳи Худо биҷангед». Ин оят асли ҷангро матраҳ мекунад.
2-Ояти 191 мефармояд: «Ҳар куҷо куффорро дидед, биҷангед»; ин ҷумла шиддати ҷангро матраҳ мекунад.
3-Ояти баъдӣ ҳадафи ҷанг ва муддати онро баён мекунад: «Биҷангед, то фитна аз байн биравад!»
4-Ояти дигар, масъалаи муқобила ба мислро баён мекунад, ки агар куффор эҳтироми Маккаро нигаҳ надоштанд ва ба шумо ҳамла карданд, шумо низ дар ҳамон макони муқаддас муқобилият нишон диҳед.
Хулоса ин ки ҳар яке аз ин оёт, пай дар пай ба гушае аз масоили ҷанг ишора мекунанд, то ин ки ба ин оят мерасад ва мефармояд: «Ҷанг кардан, ниёз ба ҳимояти молӣ дорад» ва мефармояд: «Эй мардум! Бояд будҷаи ҷангро бипардозед ва инфоқ кунед!» Ва сипас мефармояд: «Бо дасти худатон, худро ба ҳалокат наандозед», яъне агар размандаҳоро ҳимояти молӣ накунед ва онҳо шикаст бихӯранд, душман ба шумо юриш меоварад ва молу ҷони шуморо аз байн мебарад.
Касе, ки молу ҷони худро барои эҳёи дини Худо ва пешгирӣ аз фасод, дар маърази хатар қарор медиҳад, бузургтарин тиҷорат ва муомиларо бо Худо мекунад. ӯ ҷону мол медиҳад ва эҳёи дин ва бедории уммати исломиро натиҷа мегирад. Ин доду гирифт, ҳадар додан нест, балки тиҷорати судбахше аст, ки Қуръон ба он ишора кардааст: «Оё шуморо ба тиҷорате, ки аз азоби сахт наҷотатон медиҳад, роҳнамоӣ бикунам? Ба Худо имон оваред ва дар роҳи ӯ молу ҷонро фидо кунед! Бидонед, ки ин ҷиҳод бо молу ҷон барои шумо муфидтар аст. Зеро шумо бо нисори молу ҷон, коре мекунед, ки Худованд гуноҳонатонро мебахшад ва шуморо вориди он боғҳои биҳиштие мекунад, ки наҳрҳо аз пои он равон аст ва дар ҷойгоҳҳои дилписанд, дар боғҳои доимӣ қароратон медиҳад ва ин растгории бузурге аст».[53]
Дар ин оят, ҷиҳод бо мол ва ҷон, ҳамчун як растагорӣ ва тиҷорати наҷотдиҳанда муаррифӣ шудааст.
Оре! Ҷону молро ба хотири дини Худо нисор кардан, ба ҳадар додан нест, балки муомила бо Худо аст ва Қуръон мефармояд: «Баъзе аз мардум, ҷони худро ба ризои Худо мефурӯшанд».[54]
Бо нигоҳе ба зиндагии бузургони таърихи Ислом мебинем, ки родмардоне мисли Ҳуҷр ибни Удай, Рушайди Ҳиҷрӣ, Майсами Таммор, Абӯзари Ғифорӣ, Аммори Ёсир ва Молик ибни Аштар ба хотири фарёд алайҳи зулми ҳокимон, ҷон доданд ва имомони мо аз онҳо таҷлил карданд.
Барои мисол Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн ҳамроҳ бо падари азизашон ҳазрати Алӣ (алайҳис–салом) ҳангоми табъиди Абӯзар (ба ҷурми наҳй аз мункар) ӯро гусел карданд ва аз ӯ ситоиш намуданд.[55]
Имом Ҳасан дар сулҳномае, ки аз тарафи Муовия ба он ҳазрат таҳмил шуд, шарт гузошт, ки бояд Ҳуҷр ибни Удай, ки ба ҷурми амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дастгир ва ҳукми қатлаш содир шуда буд, озод гардад.
Тамоми Аҳли Байти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба шаҳидони роҳи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар эҳтироми махсусе мегузоштанд. Оё ин ҳимоятҳои имомони маъсум, ҳимояти ба ҳадардиҳандагони ҷон аст, ё эҳтиром ба шаҳидони фазилату каромат? Дар Қуръон, ки мефармояд: «Худованд муҷоҳидонро бар дигарон бартарӣ додааст»,[56] мурод ҳамин гуна афрод ҳастанд.
Собиқаи каҷфаҳмӣ аз ояти «Ло тулқу»
Дар минтақаи Қустантания (Истамбул) миёни лашкари Ислом ва лашкари Рум сафороӣ шуд. Дар ин миён яке аз мусулмонон худро ба қалби лашкари душман зад ва ба онҳо ҳамлавар шуд. Баъзе аз мусулмонони каҷфаҳм гуфтанд: «Ин шахс худро ба ҳалокат андохт».
Абӯайюби Ансорӣ, ки мизбони Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар Мадина буд, фарёд зад:
«Чаро оятро каҷ маъно мекунед? Ин оят моҷарое дорад ва он ин аст, ки баъзе аз мусулмонон махфиёна бо ҳам замзама мекарданд, ки агар мо амволамонро инфоқ намекардем, акнун ҷузъи сарватмандон будем. Оят нозил шуд, ки инфоқ кунед ва худро ба ҳалокат наандозед, яъне агар инфоқ накунед, нобуд мешавед. Диндорӣ харҷ дорад. Пирузии Ислом бар куфр будҷа мехоҳад. Фикр накунед, ки агар харҷ накарда будед, имрӯз амволатон зиёд шуда буд».[57]
Пас, ҳадафи ин оят дар канори оёти ҷиҳод, кӯмаки молӣ ба разманда аст, на манъи қиём бар зидди мункарот.
Оре! Касоне, ки мегӯянд: Мо ба хотири ояти «Ло тулқу», ки супориш кардааст: «Худатонро ба ҳалокат наандозед!», дар ҳар куҷо эҳсоси хатар кардем, аз амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, бояд лаб фурӯ бандем ва сулҳу созиш кунем ва пеши хунрезиро бигирем, бояд аз онҳо бипурсем: «Ҷангҳои Паёмбари Акрам ва ҳазрати Алӣ ва Имом Ҳасану Имом Ҳусейн (алайҳим-ус-салоту вассалом)-ро, ки дар онҳо ҷони мусулмонон дар хатар буд, чӣ гуна тафсир мекунед?!
Чаро ҳазрати Алӣ (к) дар ҷанги Сиффин, қабл аз он, ки Аммори Ёсир ва Увайси Қаранӣ шаҳид шаванд, сулҳ накард?» Ростӣ! Агар ҷонфишонӣ дар роҳи Ислом худкушӣ аст, бояд масъалаи ҷиҳод аз дин бардошта шавад?!
Дастовези дигар
Худованд дар сураи Моида мефармояд: «Муроқиби худатон бошед! Агар шумо ҳидоят ёфтед, гумроҳии дигарон зараре бар шумо намерасонад».[58]
Оё маънои ин оят ин аст, ки мо коре ба кори дигарон надошта бошем ва аз амру наҳйи дигарон худдорӣ кунем?
Посух:
Ояти 105 сураи Моида дар посух ба ояти 104 қарор гирифтааст, зеро дар ояти қабл сухан аз мушрикон ва бутпарастон аст, ки ҳар гоҳ ба онҳо гуфта шавад: Ба суроғи роҳи Худо ва Расул биёед! Мегӯянд: Ҳамон роҳе, ки ниёгони бутпарасти мо рафтанд, хоҳем рафт ва коре ба ваҳй ва нубувват надорем.
Худованд мефармояд: «Акнун, ки онҳо ин гуна сарсахтӣ нишон медиҳанд, муроқиби худатон бошед ва гумроҳии онҳо зараре ба шумо намерасонад». Бинобар ин, ин оят дар бораи афроди баҳонаҷӯ аст ва дар робита ба амри маъруф ва наҳй аз мункар нест. Он чи аз оёти Қуръон ва ривоёт ва роҳи анбиё ва пешвоёни дини мо маълум мешавад, ин аст, ки бояд дар анҷоми амр ба маъруф ва наҳй аз мункар камари ҳиммат бандем, то маъсияти Худованд анҷом нагирад ва дар ин роҳ аз маломат ва неш ва нӯш ва табъиду озор ва таҳқиру мушкилот наҳаросем.
Ба ғайр аз мавриди ҳифзи ҷон ва ё мавориде, ки анҷоми маъруф ва ё пешгирӣ аз мункар дар он дараҷа аз аҳамият нест, ки мо ҷону мол ва обрӯ нисор кунем, ташхиси ин маворид низ, ниёз ба муроҷиа ба исломшиносони шуҷоъ дорад[59].
[1] Сураи Бақара 179.
[2] «Канз-ул –уммол».
[3] Сураи Анфол ояи 25.
[4] «Наҳҷулбалоға».
[5] Сураи Оли Имрон 173.
[6] «Канз-ул-уммол».
[7] Мӯъмини Оли Фиръавн – шахси боимоне, ки дар аҳди Фиръавн зиндагӣ мекард ва имонашро махфӣ медошт.
[8] Зайнаб – номи духтари Имом Ҳусейн (р).
[9] Ҳамон гуна ки дар сураи Намл ояти 35 низ ба ҳамин маъно омадааст.
[10] Ба ҳамин маъно дар сураи Ёсин ояти 47 омадааст.
[11] Эҳтизор – ҳолати пеш аз ҷон доданро мегӯянд.
[12] Мураффаҳ – пурдабдаба, шоҳона.
[13] Сураи Бақара 168 ва 208.
[14] «Наҳҷулбалоға», хутбаи 7.
[15] Қоидаи аҳам ва муҳим – яъне кори муҳимро ба хотири кори муҳимтар тарк кардан.
[16] Сураи Моида.
[17] Сураи Мутаффифин 29-31.
[18] Сураи Аҳзоб 137.
[19] Сураи Аҳзоб 39.
[20] Сураи Тавба-86.
[21] Сураи Тавба 81.
[22] Сураи Тавба-42.
[23] Сураи Тавба-147.
[24] Сураи Саҷда 16-17.
[25] «Наҳҷулбалоға».
[26] «Биҳор-ул-анвор», ҷ.97. саҳ.72.
[27] Сураи Бақара-185.
[28] Сураи Луқмон 17.
[29] Сураи Нисо-104.
[30] Сураи Аъроф-79.
[31] «Биҳор-ул-анвор».
[32] Сураи Анъом-42.
[33] Сураи Бақара-206.
[34] Сураи Соффот-31.
[35] Сураи Аъроф-30.
[36] Сураи Бақара-110.
[37] Сураи Мӯъминун-24.
[38] Сураи Шуаро-136.
[39] Сураи Бақара-6 ва Ёсин-10.
[40] Сураи Иброҳим-21.
[41] Сураи Бақара.
[42] Сураи Аъроф-179.
[43] Сураи Бақара-74.
[44] «Васоил», ҷ.18.саҳ.65.
[45] Сураи Мӯъминун-53.
[46] Сураи Шуаро 198-199.
[47] «Биҳор-ул-анвор», ҷ.45 ссаҳ.8.
[48] «Биҳор-ул-анвор», ҷ.93саҳ.321.
[49] «Биҳор-ул-анвор», ҷ.100 саҳ.16.
[50] «Фуруи кофӣ», ҷ.5 саҳ.125.
[51] Сураи Нисо-10.
[52] «Биҳор-ул-анвор», ҷ.45 саҳ.8.
[53] Сураи Саф-12.
[54] Сураи Бақара-207.
[55] «Наҳҷулбалоға», хутбаи 130.
[56] Сураи Нисо 95.
[57] Тафсири «Дурр-ул-мансур» ба нақл аз «Ал-Мизон» ҷ2.саҳ.74.
[58] Сураи Моида 105.
[59] Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар. Мӯҳсинини Қироатӣ.