Ҳайдарали Самиев дар намуди варзиши бозӯбардорӣ (отжима́ния) рекорди нави чахонй гузошт. Маълум гашт, ки ӯ метавонад ба таври ҳамзамон ҳудуди 26 ҳазор бардоштани бозӯро дар муддати 6 соат анҷом диҳад.
Варзишгари 15-сола ин натиҷаро рӯзи 11 августи соли равон дар шаҳри Митишии ноҳияи Москва иҷро намуд ва ба китоби “Рекорди Гиннес” фиристода шуд.
Рекорди қаблии ҷаҳонӣ ба Поп Ларентӣ тааллуқ дорад, ки бо бардоштани 3378 бозӯ баробар мебошад. Пештар ин рекорд ба Даниэли Скали австралиягӣ тааллуқ дошт.
Ҳамчунин, Ҳайдаралӣ Самиев қаҳрамони мусобиқаи гӯштини самбо дар байни варзишгарони навраси кишварҳои ИДМ мебошад.
Гумон меравад, ки Ҳайдаралӣ дар ҷаҳон дар варзиши бозӯбардорӣ нахустин варзишгар аст, ки ба ин натиҷа ноил гардидааст.