Федератсияи Россия яке аз бузургтарин давлати абарқудрат ба ҳисоб рафта, фазои динӣ дар он озод буда, бузургтарин Масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Маскав ҷойгир аст. Масҷид ё маъбад, ибодатгоҳ аз чаҳор масҷиди фаъол ва муҳими шаҳри Маскав ба шумор меравад. Зуҳури пайдоиши бинои масҷид соли 1902 оғоз гардидааст, ки бо номҳои: масҷиди марказии мусулмонони Россия, масҷиди ҷомеъи шаҳри Маскав, масҷиди тотор, масҷиди марказии идораи адёни Россия то имрӯз номгузорӣ шудааст.
Замони номгузори будани “Масҷиди тотор” буданаш, ки бештари намозгузорон ё ибодаткунандагон аз нажод, қабила, миллати тотор ва бунёдгузораш то кунун ба дасти тоторҳо мебошад.
Таҳлилҳо ва ковишҳои давр нишон медиҳанд, ки оғози сохтмони бинои ин масҷидро, ки мардони накӯкор ва саховатпешаи тотор “Бокиров” ва “Оқбулотов” бо аризаи дастаҷамъонаи мусулмонон хариди як ҷузъи замин барои сохтмони бинои масҷидро ба Мақомоти ҳокимияти шаҳри Маскав дархост намуданд. Вале бо гузашти сол Мақомоти ҳокимиятдор бинои сохти масҷидро таҳия ва пешниҳод кардааст, ки тавассути бино аз ҷониби “Николай Жуков” бунёнгузори шуда ба шакли наққоши онро матраҳ намуда, барои 200 нафар намозгузор пешбинӣ гардида буд. Соли 1904 бошад, Бадриддин Олимов, авалин имомхатиби масҷид, ки аз Мақомоти шаҳри Маскав дархост намуд, то дарҳои масҷидро ба рӯйи намозгузорон бикшояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ин масҷид як силсила нақши сиёсӣ дар таҳкими робитаҳои дипломатӣ баъзе аз кишварҳои Олами Араб дошт. Намояндагони ҷаҳони ислом дар сафарҳояшон аз масҷид дидан менамуданд.
Ҳануз дар оғози ибтидоти солҳои 90-ум нақши дохили масҷид ва навгонӣ карда шуд, ки дар густариши андешаи дилкушову форам пайдо кард.
Таърихи афкори моҳи июни соли 2008-ум ба унвони як асари мероси фарҳангии Россия дар рӯйхат сабт гардид, вале дар фарҷоми ҳамонсол аз феҳрести мероси фарҳангӣ бардошта шуд, ки соли 2011 бинобар тасмимоти баҳсбарангез фаъолияти масҷид мавқуф гардид, ки ин нахустин тахриби як бинои мазҳаби дар Маскав баъд аз соли 1978 буд. Бинои масҷиди навин дар ҷойи масҷиди куҳан бунёд ва қомат барафрохта шуд.
Қобил ба зикр аст, ки бунёди сохтмони оғози бинои нави масҷид 23.09.2015 ъамалиёти сохтумони ҷадиди ин масҷид пас аз 10 сол ба поён расид. Ифтитоҳи бинои нави масҷид аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Владимирович ва намояндагони кишварҳои исломӣ кушода шуд. Теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ин минтақа ва кишварҳои исломӣ кумакҳои зиёд намуданд. Лозим ба ёдоварист, сарватмандтарин ё милёрдери Доғистонӣ Сулаймон Каримов 100 милён доллари амрикоӣ ба хазинаи масҷид туҳфа кард. Хазинаи сохти ин масҷид наздик ба 170 миллион евро сарф гардида буд.

Як нуктаи муҳимро таҳлил намоем, ки ин масҷид дар 18 ҳазору 900 метр мурабаъ ва дорои 6 ошёна сохта буда, ва 10 ҳазор нафар намозгузор озодона беиздиҳом ибодат намуда, ки дар акси ҳол аз бузургтарин масҷид дар аврупо ба шумор меравад. Баландии манораи ин масҷид 70 метр, гунбади тилоияш 46 метр ва ҳудуди 12 тан варақи тилло тазиин тарҳрези шудааст. Табақаҳои дохили ин бино гушаи музейи таърихи дини мубини ислом мебошад, ки дар нусхаҳои хати таърихӣ ва дорои китобхона ба забонҳои гуногуни ҷой дорад. Саҳни ҳавлии масҷид, ки аз замони оғозаш ба сайёҳону муштоқони намозгузорон ёдгории куҳани таърихӣ нуҳуфта шуда, дорои се ошёна буда, ки дар он утоқи кории Муфтии Аъзам ва имомони ин масҷид ҷойггузин аст. Ҳамчунин дар ин бино таълимгоҳи динӣ мавҷуд аст, ки бештари имомони масҷидҳои атрофи шаҳри Маскав ва берун аз он омузиш дида ва мебинанд, ҳудуди донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат беш аз 250 нафаро дарбар мегирад. Ва равиши таълимоташ бошад тибқи равиши мазҳаби имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дарс гуфта мешавад, ки ин мазҳаб, урфу одат, анъана ва ба қонуни ин кишвар ҷавобгӯ аст.
Илова бар ин, бозсозӣ ва аз нав сози ба талаботи замони муосир бунёди бинои масҷиди ҷомеъи Маскав аз тарафи муфтии Россия муҳтарам Равил Гайнуддин ва зертобеони идораи мусулмонони Россия роҳандозӣ гардидааст. Дар ин иқдоми хайр соли 2004 Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ва Ҳукумати шаҳри Маскав барои азнавсозии бинои масҷид саҳми бориз гузоштаанд. Омори бинои масҷиди қаблӣ 950 нафар намозгузорон дар як вақт барои намози ҷумъа ва дар намозҳои ид ва имрӯз бошад аз 7000 нафар беш тахмин зада мешавад.
Дарҳои масҷид аз соли 1904 то кунун баста нашуда, тӯли ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, эътиқодмандон барои сутуни танки Артиши сурх кумакҳояшонро дареғ намедоштанд. Соли 1950 масҷид, ба унвони масҷиди аслии ин кишвар, барои наздик шудани робитаҳои дипломатӣ байни Россия ва олами сарони мусулмонишин мақоми худро дар зиндагии давлати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба даст оварад. Аз ин рӯ, ҳолати харобкунӣ ва азнав бунёдкунии масҷидро ба дасти тоторҳои муқимии ин диёр норозиги намуда мехостанд назорати ин масҷид бардуши онҳо бошад, муфтиёт ҳамон вақт тасмим гирифта буд, ки бояд ин масҷид гирифта, баҷояш масҷиди нав бино гардад. Аммо ҳеҷ коре карда натавонистанд масҷид тамоман хароб ва дар ҳоли нобушавӣ бурда шуд.
Мутаассифона то кунун бинои нави масҷид барои намозгузорон ва саҳни он аз 10 то 15 ҳазор нафар ҷой мебарад. Ба ҳар ҳол бояд тазаккур дод, ки барои намозгузорон кам буда дар рӯзҳои намози ҷумуъа ва намози идҳо теъдодашон то 150 ҳазор гирду атрофи масҷид, то метро ва тамоми роҳҳои хиёбон пур аз намозгузоронро дарбар мегирад.
Ногуфта намонад, ки сайёҳон, муҳоҷирон ва барои адои намоз талош мекунанд, ки дар ин масҷиди бузург намоз бигузоранд. Мояи ифтихор аст, ки 70 дар сади намозгузорони масҷид муҳоҷирини корӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистонро дар бар мегирад. Мардумони муқими ин минтақа хело кам ва ба шумор дида мешавад.
Сайқали донишу иттилооти кофӣ дар заминаи густариши ислом ва омӯзиши дини аз сӯйи рӯҳониёни маҳалии мазҳабии дуруст, дар ин сарзамин қариб вуҷӯд надорад ва агарҳам бошад хело кам аст, ки дар он сатҳе нест, ки барои мардумони тоҷик, узбак ва ғайра қаноатбахш бошад. Аммо аз гуруҳҳои руҳониёни муқими, ки дар хориҷа омӯзиш дидаанду афкорашон салафияаст хелоҳам зиёд буда ва хелоҳам фаъол ҳастанд. Ақоиди инҳо бо тибқи мазҳабу урфу қонуни ин кишвар созгор набуда балки хатарҳам дорд. Ин гуруҳ рӯҳониён қариб тар тамоми масҷиду мадрасаҳо ва донишгоҳҳои динии Рӯсия ҷой дошта ва ҷойҳои муҳимро ба даст доранд, ки маблағгузориҳам аз кишварҳои хориҷ аз сӯйи хоҷагони ваҳҳобияшон пуштибонии моли мешавад.
Аз тарафи дигар миёни муҳоҷирон чунин фориғ-ут-таҳсили салафия кам нестанд, ки қисмашон дар кишварҳои хориҷ махсусан дар Покистон, Саудӣ ва Мадина таълими динӣ гирифта, бо афкори ақидаи ваҳҳобиву салафия мағзшуйи шуда, бо дастгирии рӯҳониён ва ходимони дини хориҷ-ут- таҳсили салафии данг ҳамфикр шуда, талош мекунанд, ки дар миёни ҳамватанонашон риштаи таблиғоти диниро ба даст гирифта, корҳои фитнакори тариқи таблиғоту ташвиқот ҷоннок ва пурзур намоянд. Ногуфта намонад то ҷое муваффақ гардида, қишре аз ҷавонони муҳоҷири ноогоҳро мағзшуйи намуда, ақиди ваҳобиву салафии вандализмро ба таври пинҳонӣ ва гоҳе ошкоро таблиғ ва заҳролуд гардониданд.
Аз қаъри дил бодя таъкид кард, ки масҷиди марказӣ, ки аз оғози паёдоиш то ҳол барои тамоми мусалмонони ҷаҳон боз аст, дар замонҳои ҷанги Россияву Эрон бар зидди ифротгароёни динии давр аз ҷумла: ДОИШ дар Сурия, аз тарафи дигар салафия, ки фаъолияташон бо таври ғайрирасмӣ таблиғ бурда, ин гуруҳ мардуми намозхони шиамазҳабоне, ки солҳои зиёд бо мардуми аҳли суннати ин масҷид дӯстиву рафоқату баробарӣ ва бародарӣ доштанд, мутаассифона ин гурӯҳи тундрави ҳангкуфти ифротӣ дар ҳолати намозхонии бародарони шиъамазҳабон дар ин масҷид иғвофу лату кубро шуруъ намуда, ки сабаби ин даъво баҳона гашта, омадани шиъамазҳабонро ба ин масҷид манъ намуданд.
Яъне, то андозае фаъоланд ин ҷамъияти тундрав ва ифроти, ки шиъаҳоро дар Россия ба масҷиди марказӣ рафтанро монеъ ва манъ карданд, ки чунин ҳаргиз набуд. Новобаста аз онки Россия ва Ирон дар саркубии ин ҷамоати тундрави ифротии салафияи ДОИШИ- и душмантароши тамоми адён, фарҳангҳои ҷаҳони ҳастиро якранг буда, дар Сурия бо ин ҷамоати хатарноки терористӣ дар ҷанганд. Аз ҳама иттиҳодиву якдигарфаҳмиву ҳамшарикӣ боз ин салафия сиёсати тундгароии худро ҳато дар масҷиди марказии Россия пиёда карда рафтани шиъаҳоро ба ин масҷид ба ҳазор макру найранг ва даъвоҳои бардуруғ манъ карданд.
Ин ҷамоати хатарнок, ки аз миёни миллатҳои мухталифи муҳоҷир дар Россия буда сарҷамъ гардида аст, натанҳо барзиди шиъаҳо, балки алайҳи мазҳабҳои аҳли суннат ва урфу одатҳои қавмҳои муҳоҷир ва инчунин ҳукуматҳои ин қавмҳо ҳамла ва мағзшуйи мекарданд, ки бо ин корашон сабаби ғазаби масъулини масҷид мегашт ва масъулин ҳам пешгирӣ ва таблиғоти хатарноки инҳоро менамуданд.
Вазъияти кунунии дини ислом дар Россия аз лиҳози амниятии диниву мазҳабӣ, хуб набуда дар ҳоли ҳамла болои мазҳабу фарҳанги ин минтақа аз суйи давлатҳои абалқудрат боз аст, ки мазҳабу фарҳанги худро дар зеҳни муҳоҷирони ин кишвар зери суол мебарад.
Иттилоот дар заминаи вазъияти мусулмонон ҷойгоҳи ислому, сатҳи дониши мусулмонони Россия ва таблиғоти ифротгароёни салафия дар миёни ходимони дини расмӣ ва ғайрирасмӣ, дар миёни мадрасаҳову донишгоҳҳои исломӣ, занҷири дарсии ғайрирасмӣ, омӯзишу таблиғоти салафия дар байни муҳоҷирон бо таври пушида ва махфиёна, эронситезиву шиаситезӣ, ҳамла болои мазҳабҳои динӣ ва урфу анъанаҳои неки мардумон буда, ва хеле махфӣ пушидааст. Оморе, ки дар заминаҳои мухталиф ироа мешавад бо тафовут хеле зиёд ва аз хилқати ҳақиқат дур аст.
Масҷиди марказӣ ва Идораи мусулмонони Россия зери назари худ беш аз ҳазор марказҳои таълимотгоҳои динӣ ва масҷидҳоро сарпарастӣ бардушашон мебошад.