Қуръони Карим, китобе аст, ки аз сӯи Парвардигори олам, холиқ ва парваришдиҳандаи тамоми мавҷудот аз ҷумла инсон, нозил гардида баёнкунандаи ниёзҳои зиндагии башарӣ барои рушд, таолӣ ва такомул аст, чунонки фармуд: [1]<تِبْيَانًا لِكُلِّ شَيْءٍ>

Дар ин пажӯҳиш талош бар ин аст то бо муроҷиа ба тафсири Қуръон Карим, ки воситаи иртибот миёни зеҳнҳои хастаи мо ва оятҳои нуронии Қуръон Карим аст, дастурҳо ва роҳнамоиҳои он, ки нигоҳе ба мавзӯи илмҳои мудириятӣ дорад, кашф гарданд.

Саволи мо аз Қуръони Карим ин аст, ки “Чигуна мудирият кунем”?

Албатта посухҳое, ки дарёфт гардид, ноқис буда ва тамоми ниёзҳои мудиронро посухгӯ нест, вале бузургон гуфтаанд:

Оби дарёро агар натавон кашид,

Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.

Лаёқат – меъёри дараҷа додан     

>وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ… <

Ҳангоме ки Худованд ба малоика фармуд, ки бар Одам саҷда кунанд… (Бақара, 34)

1. Лаёқат (шоистагӣ) аз собиқа муҳимтар аст. (Фариштагони қадимӣ, ки солҳо Худовандро ибодат мекарданд, бояд барои инсони тоза ба давронрасида, аммо шоиста саҷда кунанд). Пас мансабҳо бояд бар мабнои шоистагӣ ва лаёқат бошад ва собиқа доштан, кифоят намекунад.

Нобуд накардани имконот

>قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَا ذَلُولٌ تُثِيرُ الْأَرْضَ وَلَا تَسْقِي الْحَرْثَ… <

Пас аз он ки Бани Исроил хатое карданд, Худованд фармуд: Говеро сар бибурранд ва хусусиёти онро ингуна баён кард: Гове, ки на заминро ҷуфт ва на онро обёрӣ кунад… (Бақара, ояти71)

2. Дар иҷрои тарҳҳо, манобеъ ва аносири фаъоли тавлидӣ ва иқтисодӣ набояд нобуд шавад.

< لَا ذَلُولٌ… وَلَا تَسْقِي>

Бархурд бо қонуншиканон

>وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ بَعْدَ الَّذِي جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ مَا لَكَ مِنَ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ<

Худованд хитоб ба Паёмбари Акрам (с) мефармояд: Агар аз онҳо (Яҳудиён ва Масеҳиён) пайравӣ кунӣ, дар ҳоле ки роҳи дурустро ба ту нишон додаем, робитаат бо Худованд қатъ хоҳад шуд. (Бақара, ояти120)

3. Пас аз расондани вазифҳои ҳар фард, дар бархурд бо қонуншиканон набояд чашмпушӣ ва беаҳамиятӣ кард. (Худованд ҳатто ба Паёмбараш бе чашмпушӣ ва бо камоли қотеият бархурд мекунад.)

Таносуби кор ва коргар

>وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ… <

Худованд Иброҳимро мавриди озмоиш қарор дод, ва ӯ ҳамаи имтиҳонҳоро бо муваффақият гузаронд. (Бақара, 124)

4. Барои насб кардани афрод ба мақом, гузиниш ва озмоиш лозим аст. (Худованд барои насби ҳазрати Иброҳим(а) ба имомат, ӯро  имтиҳон кард.)

5. Мақом ва масъулиятҳо бояд марҳалаӣ ва пас аз муваффақият дар ҳар марҳала аз имтиҳонот ба афрод вогузор шавад. (Ҳазрати Иброҳим(а) пас аз гузаронидани марҳалаи нубувват ва муваффақият дар озмоишҳо ба мақоми имомат расид).

Назорат

>وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ… <

Худованд ба Паёмбари Акрам(с) мефармояд:

Ва ба ин сурат шуморо уммате миёнарав қарор додем то нозир бар аъмоли мардум бошед. (Бақара, 143)

6. Мудирон ва раҳбарон бояд бар амалкарди зердастони худ назорат дошта бошанд.  (لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ…)

Равияҳои созмонӣ

>قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا أَلْفَيْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ شَيْئًا وَلَا يَهْتَدُونَ… <

Ҳангоме ки ба онҳо гуфта мешавад: Аз роҳи Худо пайравӣ кунед, мегӯянд: Мо аз роҳе, ки ниёконамонро бар он ёфтем, пайравӣ мекунем. Дар ҳоле ки мумкин аст гузаштагонашон чизе намефаҳмиданд ва ба хато рафта бошанд. (Бақара, 170)

7. Равияҳои собиқи созмонӣ мумкин аст нодуруст бошад, бинобар ин роҳу равиши мудирони собиқ, агар ҳамроҳ бо фикр набошад, қобили пазириш нест.

Вогузории масъулият

>لَا تُكَلَّفُ نَفْسٌ إِلَّا وُسْعَهَا…<

Ҳар кас ба андозаи тавонаш таклиф дорад. (Бақара, 233)

8. Вогузории масъулиятҳо ба зердастон бояд бар асоси тавоноиҳояшон бошад ва ба ҳамон миқдор аз онҳо интизор дошт.

Илму тавоноӣ

>قَالَ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَاهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُ بَسْطَةً فِي الْعِلْمِ وَالْجِسْمِ… <

Бани Исроил ба паёмбарашон гуфтанд: Фармондеҳе барои мо таъин кун то ба ҷанги ҳокими ситамгар биравем. Паёмбарашонгуфт: Худованд Толутро ба фармондеҳии шумо баргузид, зеро тавони илмӣ ва ҷисмии лозим барои ин масъулиятро дорад. (Бақара, 247)

9. Қудрати илмӣ ва тавоноии ҷисмӣ барои анҷоми маъмурият ду шарти лозим барои мудирон аст. (Мӯъминун, 62.)

10. Доштани тавоноии илмӣ муҳимтар аз тавоноии ҷисмӣ аст. (Аввал илм омадааст сипас ҷисм). (Юсуф, 21, Намл, 15.)

11. Донотар будан дар гузиниши мудирон як авлавияти муҳим аст.

12. Раҳбар ва мудир бояд зердастони худро тавҷеҳ ва ибҳомҳоро бартараф созад. (Юсуф, 62, Аҳзоб, 3.)

Санҷиши амалкард

>قَالَ إِنَّ اللَّهَ مُبْتَلِيكُمْ بِنَهَرٍ فَمَنْ شَرِبَ مِنْهُ فَلَيْسَ مِنِّي…<

Ҳангоме ки лашкари Бани Исроил ҳаракат кард, (Толут) ба сарбозони худ гуфт: Рудхонае дар байни роҳ аст, ки ҳар кас аз он бинушад дар сипоҳи ман ҷое надорад. (Бақара, 249)

13. Мудир бояд неруҳои коромадро аз неруҳои нокоромад ҷудо намояд то битавонад неруҳои бефоидаро аз маҷмӯа ҷудо кунад, зеро ҳузури онҳо сабаби суст шудани дигар неруҳо мегардад.

Аҳамият додан ба коркунон

>وَقُلْ لِلَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ وَالْأُمِّيِّينَ… <

Худованд ба Паёмбараш мефармояд: Ба аҳли китоб (донишмандҳо) ва авоми мардум бигӯ: … (Оли Имрон, 20)

14. Мудир бояд ба тамоми афроди созмон аҳамият диҳад, ҳам ба сатҳои мудириятӣ ва ҳам ба оммаи коркунон. Коркунон бояд бидонанд, ки муҳим ҳастанд ва нақши таъйинкунандае дар созмон доранд ва ин аҳамиятро дар таваҷҷӯҳ ва рафтори мудир эҳсос кунанд.

Огоҳӣ  аз гузашта

>وَ یعَلِّمُهُ الْكِتابَ وَ الْحِكْمَةَ وَ التَّوْراةَ وَ اْلإِنْجیلَ<

Худованд ба ҳазрати Исо китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил омухт. (Оли Имрон, 48)

15. Мудирони ҳар давра бояд аз ҳодисаҳо ва қонунҳои гузашта огоҳ бошанд ва бидонанд, ки дар гузашта чи корҳое дар созмон рух дода ва чи муқаррароте вазъ шуда аст. (Худованд ба ҳазрати Исо(а) Тавротро, ки қонунҳои гузашта буд, омухт).

Сӯиистифода аз мақом

>مَا كَانَ لِبَشَرٍ أَنْ يُؤْتِيَهُ اللَّهُ الْكِتَابَ وَالْحُكْمَ وَالنُّبُوَّةَ ثُمَّ يَقُولَ لِلنَّاسِ كُونُوا عِبَادًا لِي… <

Ҳеҷ инсоне, ки Худованд ба ӯ китоб ва ҳикмату нубувват додааст, ҳақ надорад ба мардум бигӯяд: Бандагони ман бошед. (Оли Имрон, 79)

16. Сӯиистифода аз мавқеияту масъулият, барои ҳеҷ кас ҷоиз нест ва бояд бо он ба шиддат бархурд кард.

Пуштибонӣ аз мудирон

>وَإِذْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَ النَّبِيِّينَ لَمَا آتَيْتُكُمْ مِنْ كِتَابٍ وَحِكْمَةٍ ثُمَّ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مُصَدِّقٌ لِمَا مَعَكُمْ لَتُؤْمِنُنَّ بِهِ وَلَتَنْصُرُنَّهُ… <

Худованд аз Паёмбарони пешин паймон гирифт, ки ҳар гоҳ илму ҳикмат ба шумо додам ва сипас паёмбаре омад, ки онро тасдиқ мекард, ба ӯ имон биёваред ва ӯро ёрӣ кунед. (Оли Имрон, 81)

17. Дар мудирияти исломӣ, шарти супурдани масъулиятҳо гирифтани паймон аст, ки бар тибқи қонунҳо ва усул анҷоми таклиф шавад.

18. Мудирони қадимӣ бояд аз мудирони нав пуштибонӣ кунанд ва мудирони нав ҳам бояд аз мудирони қадимӣ қадрдонӣ кунанд.

Қонун ва раҳбарӣ

>كَيْفَ تَكْفُرُونَ وَأَنْتُمْ تُتْلَى عَلَيْكُمْ آيَاتُ اللَّهِ وَفِيكُمْ رَسُولُهُ … <

Худованд хитоб ба мардуми Мадина мефармояд: Чигуна куфр меварзед, дар ҳоле ки оятҳои Худо бар шумо тиловат мешавад ва Расули Худо дар байни шумост. (Оли Имрон, 101)

19. Вуҷуди қонун ва ҳузури раҳбарӣ, ду асли лозим барои пешгирӣ аз рафторҳои хато аст. (Агар қонунҳо ва муқаррарот комилу ҷомеъ ва раҳбарии огоҳ ва назораткунанда вуҷуд дошта бошад, нарасидан ба ҳадафҳо коре номумкин хоҳад буд, зеро Худованд мефармояд: Чигуна кофир мешавед, дар ҳоле ки қонунҳои комили илоҳӣ ва раҳбари маъсум дар миёни шумост).

Ислоҳи созмон

>وَلْتَكُنْ مِنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ…<

Аз миёни шумо бояд гурӯҳе бошанд, ки дигаронро ба хайр даъват намоянд ва аз бадиҳо барҳазар доранд. (Оли Имрон, 104)

20. Бояд ҳамеша гурӯҳе барои назорат бар корҳо, дар созмонҳо бошанд, ки илова бар донистани ҳадафҳои созмонӣ бар рафтори фардӣ ва созмонии коркунон диққат намоянд то ҳар куҷо қонуншикание диданд, тазаккур диҳанд.

Талош

>…وَنِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِينَ  <

Ва чи некуст подоши аҳли амал. (Оли Имрон, 136)

21. Бо шиор ва орзу наметавон ба чизе даст ёфт. Кору амал ва сахткушӣ аст, ки ширинии муваффақиятро ба коми инсон менишонад.

Тақвияти руҳия

>وَلَا تَهِنُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ… <

Пас аз шикаст дар ҷанги Уҳуд Худованд хитоб ба мусулмонҳо мефармояд: Сустӣ накунед ва ғамгин набошед, ки шумо бартаред. (Оли Имрон, 139)

22. Шикаст хӯрдан баъзе вақтҳо нишонаи шикасти ниҳоӣ нест, балки таҷрибае барои расидан ба муваффақият ва пирӯзӣ аст.

23. Мудир ва раҳбар бояд руҳияҳоро тақвият кунад.

24. Дар зимни руҳия додан бояд ба омилҳои шикаст диққат кард. (Чунонки Худованд зимни тақвияти руҳия фармуд: Ин бор сустӣ кардед ва ба дастурҳо хуб амал накардед.)

Назмбахшии равияҳо

… >وَمَا مُحَمَّدٌ إِلَّا رَسُولٌ قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِهِ الرُّسُلُ أَفَإِنْ مَاتَ أَوْ قُتِلَ انْقَلَبْتُمْ عَلَى أَعْقَابِكُمْ<

Худованд дар баёни заъфҳои ҷанги Уҳуд ва сарзаниши касоне, ки шоеаи шаҳодати ҳазрати Расул(с)-ро пахш карданд фармуд: Муҳаммад паёмбаре аст, ки қабл аз ӯ ҳам паёмбароне омада ва рафтаанд. Пас оё агар ӯ бимирад ё кушта шавад, шумо ба вазъияти гузаштаи худ бармегардед? (Оли Имрон, 144)

25. Равияҳои созмонӣ бояд чунон назм ва инсиҷом дошта бошанд, ки ҳатто набудани мудир ва раҳбар дар баъзе вақтҳо, зарбае ба созмон ва ҷараёни корҳо назанад.

Мудирияти буҳрон

>إِذْ تُصْعِدُونَ وَلَا تَلْوُونَ عَلَى أَحَدٍ وَالرَّسُولُ يَدْعُوكُمْ… <

Ба ёд биёваред, ҳангоме ки дар ҷанги Уҳуд мегурехтед ва ба ҳеҷ кас таваҷҷӯҳ намекардед, дар ҳоле ки Паёмбар шуморо фаро мехонд. (Оли Имрон, 153)

26. Дар саҳнаҳои ҳассос ва хатарофарини созмон, афроди суст ва тарсу худро канор мекашанд.

27. Дастурҳои мудир дар лаҳзаҳои ҳассос, сабаби ба ҳаракат даромадани тарсуҳо ва сустҳо намешавад, бинобар ин набояд мақомҳои калидиро ба онҳо супорид.

28. Онҷо, ки мушкилот ва сахтиҳо ҷилвагар мешавад, мудир бояд ҳузури пуррангтар дошта бошад.

Санҷиши амалкард

>…أَنِّي لَا أُضِيعُ عَمَلَ عَامِلٍ مِنْكُمْ مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَى بَعْضُكُمْ مِنْ بَعْضٍ <

Худованд мефармояд: Ман талоши ҳеҷ соҳиб амалеро бенатиҷа намегузорам, зан бошад ё мард, ҳама аз якдигаранд. (Оли Имрон, 195)

29. Дар созмонҳо бояд равише барои шиносоии касоне, ки вазифаи худро ба хубӣ анҷом медиҳанд, вуҷуд дошта бошад то бо ташвиқи онҳо, ангезиши созмониро тақвият намуд.

30. Талош ва талошгар ҳар ду муҳим ҳастанд, ҳам корҳо бояд дуруст ва хуб бошад ва ҳам анҷомдиҳандаи кор бояд инсони хубе бошад.

31. Дар созмон ҳамаи афроди созмон мисли аъзои як пайкаранд. Дар натиҷа тахриби як фард ба манзалаи тахриби созмон аст.

32. Дар як бадан ҳамаи аъзо бояд бо ҳам рушд кунанд, бинобар ин бояд имкони рушди созмонӣ барои ҳамаи афрод фароҳам бошад ва талоши мудирияти олии созмон бар баланд бурдани сифати ҳамаи афрод аҳамият диҳад.

Ҳазфи дучеҳрагон

>وَيَقُولُونَ طَاعَةٌ فَإِذَا بَرَزُوا مِنْ عِنْدِكَ بَيَّتَ طَائِفَةٌ مِنْهُمْ غَيْرَ الَّذِي تَقُولُ ….فَأَعْرِضْ عَنْهُمْ<

Мунофиқон ба ҳангоми рӯз дар пеши Паёмбар(с) мегуфтанд: Ҳар чи шумо бигӯед дуруст аст, вале ҳангоме ки аз назди Паёмбар мерафтанд, бархилофи гуфтаҳои ӯ амал мекарданд. Худованд мефармояд: Эй Паёмбар, аз онҳо рӯ гардон. (Нисо, 81)

33. Афроди ду чеҳра бояд аз ташкилоти созмонӣ барканор шаванд ва ё дар мақомҳои калидӣ қарор нагиранд.

Фасоди идорӣ

>وَتَرَى كَثِيرًا مِنْهُمْ يُسَارِعُونَ فِي الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَأَكْلِهِمُ السُّحْتَ… <

Бисёре аз муддаиёни имонро мебинӣ, ки дар гуноҳ, зулм ва ҳаромхурӣ шитоб мекунанд. (Моида, 62)

34. Фасоди идорӣ (суҳт), аз фасоди иҷтимоӣ (удвон) ва фасоди ахлоқӣ (исм) хатарноктар ва бадтар аст. Бинобар ин аввалин қадам барои ислоҳи созмонҳо, тағйир дар равияҳо ва фарояндҳои созмонӣ барои аз байн бурдани фасоди идорӣ аст.

Сарпарастӣ

>وَلَقَدْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَبَعَثْنَا مِنْهُمُ اثْنَيْ عَشَرَ نَقِيبًا.. <

Худованд аз Бани Исроил паймон гирифт. Сипас аз миёни онҳо дувоздаҳ сарпараст барои дувоздаҳ тоифа интихоб кард. (Моида, 12)

35. Сарпарасти ҳар гуруҳ беҳтар аст аз ҳамон гуруҳ интихоб шавад то мушкилоти онҳоро беҳтар бифаҳмад. Масалан агар қарор аст барои бемористоне мудир интихоб шавад беҳтар аст табиб бошад. Гарчи доштани тавону дониши мудириятӣ барои у зарурӣ аст.

Омодасозии заминаҳо

… >فَكُلَا مِنْ حَيْثُ شِئْتُمَا وَلَا تَقْرَبَا هَذِهِ الشَّجَرَةَ <

Худованд ба Одам фармуд: Ту ва ҳамсарат, ҳар чи хостед дар ин боғ бихӯред, вале ба он дарахт наздик нашавед. (Аъроф, 19).

36. Мудирон ва раҳбарон бояд аввал имконотро дар ихтиёри коркунон бигузоранд ва роҳи саҳеҳи истифода аз онро ба онҳо ёд диҳанд, сипас интизори кори дуруст ва бе нақсро дошта бошанд.

Оромиш

>ثُمَّ أَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَى رَسُولِهِ وَعَلَى الْمُؤْمِنِينَ… <

Сипас Худованд оромиш худро бар Паёмбараш ва бар мӯъминон фуру фиристод. (Тавба, 26)

37. Оромиш ва итминон шарти тафаккури саҳеҳ аст, зеро парешонӣ ва изтироб боиси пешгирӣ аз тафаккур, диққат ва халлоқият мешавад. (Дар ҷанг, Паёмбар(с) нигарони фирори мусулмонон буд ва мусулмонҳо нигарони шикаст. Худованд ҳарду нигарониро бо лутфи худ ва фиристодани оромиш бар дилҳои онҳо бартараф кард).

Ҳифзи шахсияти мудирон

>عَفَا اللَّهُ عَنْكَ لِمَ أَذِنْتَ لَهُمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَكَ الَّذِينَ صَدَقُوا وَتَعْلَمَ الْكَاذِبِينَ <

Эй Паёмбар, Худо аз ту даргузашт. Чаро пеш аз ин ки ростгӯён аз дурӯғгӯён шинохта шаванд, ба онҳо иҷозаи мураххасӣ аз ҷанг додӣ? (Тавба, 43)

38. Агар хостед масъулеро сарзаниш кунед диққат кунед, ки шахсияти ӯ осеб набинад, зеро агар шахсияти вай осеб бинад наметавонад созмони худро идора кунад. Чунонки Худованд ҳангоми интиқод, аввал ҷойгоҳои олии Паёмбар ва афву раҳмати худашро ёодовар мешавад сипас ба баёни интиқод мепардозад.

Тавони иҷроӣ- паёмадҳои қарорҳо

>يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ فَلَا يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَذَا وَإِنْ خِفْتُمْ عَيْلَةً فَسَوْفَ يُغْنِيكُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ <

Эй мӯъминон, мушрикон палид ва нопоканд. Пас баъд аз ин набояд ба Масҷидулҳаром ворид шаванд ва ба хотири қатъи робитаи доду гирифт, аз фақру тангдастӣ натарсед, ки Худованд аз фазли хеш шуморо бениёз хоҳад кард. (Тавба, 28)

39. Дар эълони барномаҳо, диққат ба тавони иҷроӣ ва мавқеъияти худ зарурӣ аст. (Бо он ки мушрикон ҳамеша палид ва нопок будаанд, вале чун дар соли нуҳум мусулмонҳо қудрати иҷроӣ пайдо карданд ин мавзӯъ эълом шуд).

40. Дар дастурҳо ва оинномаҳо ба танишҳо ва паёмадҳои он диққат шавад. (Худованд паёмади қатъии робитаро, ки беравнқии бозор ва фақр аст, ёдовар мешавад ва бо қотеият мефармояд: Нигарон набошед зеро рӯзӣ дар дасти Худост).

Ҳифзи шахсияти мудирон

>عَفَا اللَّهُ عَنْكَ لِمَ أَذِنْتَ لَهُمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَكَ الَّذِينَ صَدَقُوا وَتَعْلَمَ الْكَاذِبِينَ <

Эй Паёмбар, Худо аз ту даргузашт. Чаро пеш аз ин ки ростгӯён аз дурӯғгӯён шинохта шаванд, ба онҳо иҷозаи мураххасӣ аз ҷанг додӣ? (Тавба, 43)

41. Агар хостед масъулеро сарзаниш кунед диққат кунед, ки шахсияти ӯ осеб набинад, зеро агар шахсияти вай осеб бинад наметавонад созмони худро идора кунад. Чунонки Худованд ҳангоми интиқод, аввал ҷойгоҳои олии Паёмбар ва афву раҳмати худашро ёодовар мешавад сипас ба баёни интиқод мепардозад.

Гузоришгирӣ

>لَقَدِ ابْتَغَوُا الْفِتْنَةَ مِنْ قَبْلُ وَقَلَّبُوا لَكَ الْأُمُورَ … <

(Эй Паёмбар!) Мунофиқон пеш аз ин ҳам дар пайи фитнагарӣ буданд ва мавзӯъро барои ту баръакс  ҷилва медоданд. (Тавба, 48)

42. Мудирон бояд ҳушёр бошанд ва ба ҳар гузорише эътимод накунанд. Дар мансабҳои гузоришдиҳанда, афроди боваринок ва боэътимод қарор гиранд.

Устуворӣ

>وَمِنْهُمْ مَنْ يَلْمِزُكَ فِي الصَّدَقَاتِ… < ‏

(Эй Паёмбар!) Баъзе аз мунофиқон дар тақсими садақаҳо ба ту айб мегиранд. (Тавба, 58)

43. Мудирон набояд таҳти таъсири айбҷӯиҳои мунофиқон ва душманон қарор гиранд, балки агар равиши саҳеҳе дар пеш гирифтаанд аз ҳеҷ чиз воҳима надошта бошанд.

Шунидани суханони дигарон

>وَمِنْهُمُ الَّذِينَ يُؤْذُونَ النَّبِيَّ وَيَقُولُونَ هُوَ أُذُنٌ… <

Баъзе аз мунофиқон, Паёмбарро озор медоданд ва мегуфтанд: Ӯ ба ҳарфи ҳар кас гӯш медиҳад. (Тавба, 61)

44. Аз сифатҳои як мудири огоҳ, сиаи садр (тавоноӣ ва таҳаммули) ва гӯш додан ба суханони ҳамаи гуруҳҳост. (Мудирони муваффақ шунавандагони хубе ҳастанд).

Марҳала ба марҳала

… >إِنَّ رَبَّكُمُ اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ <

Парвардигори шумо Худое аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид. (Юнус, 3)

45. Корҳо ва барномаҳо бояд замонбандишуда ва марҳала ба марҳала анҷом гардад, чунонки Худованди қодиру тавоно дар офариниши осмону замин чунин кард.

Дониши роҳбурдӣ

…>وَكَذَلِكَ يَجْتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِنْ تَأْوِيلِ الْأَحَادِيثِ <

Худованд Ҳазрати Юсуфро баргузид ва ба ӯ илми таъбири хоб ва огоҳӣ  аз анҷоми корҳо дод. (Юсуф, 6)

46. Илмҳои калидӣ ва донишҳои роҳбурдиро набояд ба ҳар фарде омухт. Барои дар ихтиёр гузоштани итилооти муҳим бояд афродро интихоб кард.

Тавоноии рушд

>كَذَلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي الْأَرْضِ… <

Ва ингуна Юсуфро дар замин қудрат бахшидем. (Юсуф, 21)

47. Ҳеҷ гоҳ зердастонро набояд дасти кам гирифт, чун мумкин аст тавоноии рушд ва тай кардани дараҷаҳои олиро дошта бошанд.

Мудирияти буҳрон     

>قَالَ تَزْرَعُونَ سَبْعَ سِنِينَ دَأَبًا فَمَا حَصَدْتُمْ فَذَرُوهُ فِي سُنْبُلِهِ إِلَّا قَلِيلًا مِمَّا تَأْكُلُونَ <

Юсуф гуфт: Ҳафт соли пай дар пай кишт кунед ва ончиро дарав кардед, ҷуз андаке, ки мехӯред, дар хӯшааш боқӣ бигузоред. (Юсуф, 47)

48. Шарҳ додани вазияти буҳрон аз вазифаҳои муҳимми мудирияти буҳрон аст ва пайдо кардании роҳи ҳал (тарҳу барнома) барои хориҷ шудан аз вазъияти буҳронӣ низ аз вазифаҳои онҳо аст.

49. Барномарезӣ дар тавлид ва сарфаҷӯӣ дар масраф барои эҷоди захира, як зарурат барои кишварҳои дар ҳоли тавсеа аст.

50. Дар барномарезӣ ва назорат бар масраф, саҳми насли оянда ҳифз ва риоя шавад.

51. Тарҳҳо бояд ба сурати барнома қобилияти амалӣ дошта бошад. (Беҳтарин роҳи захирасозии гандум бе анбор, қарор додани гандум дар хӯшааш буд то дучори фасоди зудрас нашавад).

Миёнаравӣ дар ҳазина

>وَلَا تَجْعَلْ يَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَى عُنُقِكَ وَلَا تَبْسُطْهَا كُلَّ الْبَسْطِ فَتَقْعُدَ مَلُومًا مَحْسُورًا <

На он қадар сахтгир бош, ки ҳеҷ инфоқе накунӣ ва на он қадар дасту дил боз, ки ҳама чизро инфоқ кунӣ ва чизе барои худат намонад ва сарзанишшуда ва ҳасратхӯрда ба кунҷе нишинӣ. (Исро, 29)

52. Дар ҷуброни хизматҳои коркунон ва зердастон бояд адолат дошт. На он қадар, ки онҳо дар сахтӣ қарор гиранд ва маъюс ва норозӣ шаванд ва на он қадар бахшиш, ки ба варшикастагӣ ва шармандагии мудир ва созмон кашида шавад.

Хатоҳои мудирони олӣ

>إِذًا لَأَذَقْنَاكَ ضِعْفَ الْحَيَاةِ وَضِعْفَ الْمَمَاتِ… <

Худованд ба расулаш мефармояд: Агар гирифтори хато мешудӣ, дар дунё ва охират азоби дучандон дар интизорат буд. (Исро, 75)

53. Мудирон ва раҳбарони созмон ҳар чи дар мақомҳои болотаре қарор гиранд, масъулияти бештаре доранд ва камтарин хатои онҳо сабаби зиёнҳои сангине мешавад. Бинобар ин бояд қонуне иҷро намуд, ки барои қонуншиканиҳои масъулон ҷаримаи сахттаре қарор дода шавад то ибрате барои дигарон бошад ва аз эҷоди фасод дар мақомҳои болотар пешгирӣ намуд.

Шеваи сарзаниш

>وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا كِتَابٍ مُنِيرٍ <

Баъзе аз мардум бе дониш дар бораи Худо ишкол ва баҳона мегиранд. (Ҳаҷ, 8)

54. Мудирон набояд ба далели хатоҳои баъзе аз афроди созмон, ҳамаро сарзаниш кунанд. (Чунонки Худованд аз лафзи “баъзе” дар он оят истифода намуд).

Мудир ва муовин

>وَيَضِيقُ صَدْرِي وَلَا يَنْطَلِقُ لِسَانِي فَأَرْسِلْ إِلَى هَارُونَ (13) … … فَاذْهَبَا بِآيَاتِنَا إِنَّا مَعَكُمْ مُسْتَمِعُونَ<

Мусо ба Худованд гуфт: Синаам танг мегардад ва забонам боз намешавад, пас Ҳорунро низ рисолат бидеҳ то маро ёрӣ кунад… Худованд фармуд: Ту ва Ҳорун ҳамроҳ бо муъҷизот ҳаракат кунед ва ба суроғи Фиръавн биравед, ки мо бо шумо ҳастем ва ба гуфтугӯҳои шумо шунаво ва огоҳем. . (Шуаро, 13 ва 15)

55. Зарфияти афрод гуногун аст, ҷуз Худованд ҳамаи афрод маҳдудият доранд ва мумкин аст дар шароите гирифтори фишорҳое шаванд. (Мусо ба Худо гуфт: Синаам танг шудааст.) Раҳбарӣ ва мудирият ба сиаи садр ниёз дорад.

56. Ҳангоми қабули масъулият лозим аст мудир заъфҳои худро баён кунад ва сароҳат ва садоқат дошта бошад.

57. Дар баъзе маъмуриятҳо ва корҳо, фаъолияти гуруҳӣ лозим аст то ба ҳадаф расид.

58. Мудирон ва раҳбарон бояд заъфҳояшонро бо ба коргирии дигарон ҷуброн кунанд.

59. Мудирон ва афроди созмон бояд инсонҳои шоистаи дигарро барои супоридани масъулиятҳо муаррифӣ намоянд.

60. Барои мубориза бо мушкилот, бояд суроғи сарчашмаҳои он рафт. Шиносоии сарчашмаҳо ҳамеша кори осоне нест ва ниёз ба диққат ва таваҷҷӯҳи зиёд дорад.

61 Огоҳии дақиқ ва лаҳза ба лаҳзаи мудирон аз маъмуриятҳои муҳим як зарурат аст, чунонки Худованд ба ҳазрати Мусо мефармояд: Мо гуфтугӯҳои шуморо мешунавем.

Арзёбии ҷамъӣ

>وَكَمْ أَهْلَكْنَا مِنْ قَرْيَةٍ بَطِرَتْ مَعِيشَتَهَا… <

Худованд дар баёни иллати нобудии баъзе инсонҳои гузашта мефармояд: Чи бисёр минтиқаҳое, ки мо онҳоро ба хотири саркашии онҳо дар зиндагӣ ҳалок кардем. (Қасас, 58)

62. Муваффақият ё муваффақ нашудан як созмон вобаста ба амалкарди ҷамъии мудирон ва коркунони он созмон аст.

Насиҳатпазирӣ

>…فَاحْكُمْ بَيْنَنَا بِالْحَقِّ وَلَا تُشْطِطْ وَاهْدِنَا إِلَى سَوَاءِ الصِّرَاطِ <

Ду нафар, ки барои додхоҳӣ назди ҳазрати Довуд омада буданд, ба ӯ гуфтанд, ки: Ба ҳақ байни мо ҳукм кун ва ситам накун ва моро ба роҳи рост роҳнамоӣ фармо. (Сод, 22)

63. Мудирон бояд насиҳатпазир ва ҳақшунав бошанд ва аз ин ки мардум ва руҷуъкунандагон ба онҳо тазаккуре диҳанд нороҳат нашаванд. (Ҳамчуноне ки ҳазрати Довуд тазаккури ҳарду тарафи даъворо шунид ва нагуфт: Ман худ қозӣ ҳастам ва медонам чи бояд бикунам).

Бархурди қотеъ бо қонуншиканиҳо

>قَالَ فَاخْرُجْ مِنْهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٌ <

Худованд ба Иблис фармуд: Аз ин даргоҳ берун бирав, ки ту рондашудаӣ. (Сод, 77)

64. Дар бархурд бо қонуншиканиҳое, ки сабаби қонуншиканиҳои дигарон мешавад ва ё он қадар бузург аст, ки бахшиши он беқонуниро дар пай дорад, барои ҳифзи созмон, ихроҷ ва танбеҳи шадиди қонуншикан лозим аст.

Замоншиносӣ

>فَأَسْرِ بِعِبَادِي لَيْلًا… <

Эй Мусо, бандагони маро шабона аз сарзамини Миср бикучон. (Духон, 23)

65. Замон дар барномарезиҳои созмонӣ нақши калидӣ дар муваффақият ё номуваффақият дорад.

Гузашт аз хатоҳои кӯчак

>الَّذِينَ يَجْتَنِبُونَ كَبَائِرَ الْإِثْمِ وَالْفَوَاحِشَ إِلَّا اللَّمَمَ إِنَّ رَبَّكَ وَاسِعُ الْمَغْفِرَةِ… <

Касоне, ки аз гуноҳони бузург ва зишт дурӣ кунанд, Худованд аз гуноҳони кӯчак ва нохостаи онҳо мегузарад, зеро Худованд бахшишаш васеъ аст. (Наҷм, 32)

66. Бояд аз хатоҳои кӯчак ва нохостаи коркуноне, ки амалкарди хубе доранд, гузашт кард, зеро гузашт  аз хатоҳо таъсири бисёр хубе бар фаъолиятҳои ояндаи коркунон дорад.

Ҷарима

>وَالَّذِينَ يُظَاهِرُونَ مِنْ نِسَائِهِمْ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا قَالُوا فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَتَمَاسَّا … <

Касоне, ки нисбат ба ҳамсарони худ зиҳор мекунанд… каффораи он, пеш аз он ки бо ҳам тамос гиранд, озод кардани барда аст. (Муҷодила, 3)

67. Ҷарима яке аз роҳҳои назорат аст ва сабаби пешгирӣ аз хатоҳои зиёде мегардад.

Аҳамияти диндорӣ ва хонаводагӣ

>كَمَثَلِ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ … <

Ин яҳудиён низ монанди касоне, ки чанде пеш аз онҳо буданд. (Инҳо низ фарзандони ниёкони худ ҳастанд ва мисли падарони худ бадиро дар пеш гирифтаанд). (Ҳашр, 15)

68.Мудирон бояд ба асолати диниву хонаводагии  коркунон худ диққат дошта бошанд ва танҳо ба касоне, ки собиқаи дурахшон ва хубе доранд эътимод кунанд.

Ваҳдат ва якпорчагӣ

>إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِهِ صَفًّا كَأَنَّهُمْ بُنْيَانٌ مَرْصُوصٌ <

Худованд касонеро дӯст дорад, ки дар роҳи ӯ сафбаста, пайкор мекунанд, чунонки гӯи бунёне аз оҳан барпо шуда аст. (Саф, 4)

69. Бояд аз ҳар навъ ихтилофу беназмӣ дар созмон пешгирӣ намуд, то коркунон ва мудирон муттаҳид ва нуфузнопазир ба анҷоми вазифаҳо бипардозанд.

Вижагиҳои мудирон

>فَلَا تُطِعِ الْمُكَذِّبِينَ (8) وَدُّوا لَوْ تُدْهِنُ فَيُدْهِنُونَ (9) وَلَا تُطِعْ كُلَّ حَلَّافٍ مَهِينٍ (10) هَمَّازٍ مَشَّاءٍ بِنَمِيمٍ (11) مَنَّاعٍ لِلْخَيْرِ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ (12) عُتُلٍّ بَعْدَ ذَلِكَ زَنِيمٍ<

Эй Паёмбар, аз дурӯғгӯён пайравӣ накун. Ту аҳли созиш нестӣ, вале онҳо дуст доранд, ки созиш кунӣ ва онҳо низ ба нифоқ бо ту созиш кунанд. Аз фурумоягон, ки бисёр савганд мехӯранд пайравӣ накун ва низ онҳо, ки бисёр айбҷӯ ва барои суханчинӣ пурҷунбуҷуш ҳастанд. Онҳо, ки монеи кори хайр мешаванд, саркашу гуноҳпешаанд ва хашину берешаанд. (Қалам, 8-13)

70. Раҳбарону мудирон, бояд сарчашмаи нишот, умед, ваҳдат ва тақво бошанд ва сифатҳое ҳамчун айбҷӯӣ, суханчинӣ, бухлу хушунат, ки ҳар як омили дилсардӣ ва тафриқа аст надошта бошанд, зеро дар ин оятҳо фармонбарӣ аз соҳибони ин хислатҳо наҳй шуда аст.

Инбуд якчан нукот дар бораи мудирият дар Қурони Карим. Чунин бар мерасад, ки Қурон ҳидоятгар, раҳнамо, инсонсоз ва ҷомиъапарвар аст. Бешак танҳо Худост, ки аз тамоми ниёзҳои махлуқоташ доно ва огоҳ аст. Танҳо Парвардигори Карим ҳамачизро медонад, мефаҳмад. Раҳнамову парваришгар танҳо У, офариагор аст.