Салоҳ ва ислоҳи фард ва ҷомеа, дар сояи “шинохтани айбҳо” ва талош аброи “зудудани айбҳо” аст.

Ин шинохт, ҳам дар худи мо ва нисбат ба андешаҳо ва амалҳои худамон аст, ҳам нисбат ба дигарон, заминасаози ин айбзудоӣ ҳам “тазаккур” аз сӯе ва “танаббуҳ” ва “иқдом” аз сӯи дигар аст.

Масъалаи тазаккур ва нақд ва ёдоварӣ, ҳамчунин пандпазирӣ ва қабули насиҳат ва мавъиза ва таваҷҷуҳ ба тазаккуроти дигарон аз ҳамин раҳгузар, дар масоили муоширатӣ ва шеваи бархурди саҳеҳ бо дигарон қарор мегирад. Ба ин хотир, дар ин навит аз мабоҳиси ахлоқи муошират, ба хислати нақдпазирӣ ба унвони як руҳияи боло ва рушдёбанда ва хулқу хӯӣ нек мепардозем.

Нақд ва тазаккур

Пардапушӣ бар воқеиятҳо, ё худро ба бехабарӣ задан, воқеиятҳоро дигар намекунад. Вақте дар касе ё ҷое ё рафтору бархурде ишкол вуҷуд дошта бошад, фарзонагони оқил, аз ҳар тазаккури ислоҳӣ истиқбол мекунанд, то онро бартараф созанд. Аммо ҷоҳилон ва худхоҳон, дӯст доранд, ки дар ҳамон маворид низ, мадҳ ва тамаллуқ ва сано бишнаванд ва бар айбҳо ва костиҳо ва зиштиҳо сарпуш бигузоранд.

Ба қавли Саъдӣ: “Аҳмақро ситоиш хуш ояд, чун лоша ки дар каъбаш дамӣ, фарбеҳ намояд.” (Гулистони Саъдӣ, боби ҳаштум.)

Уҷб ва худписандӣ ва худ бартарбинӣ, паёмади ҳамингуна мадҳҳо ва таърифҳост, ки аз айбҳо, ғофил месозад.

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:

“Нодонтарини мардум касе аст, ки фиреби ситоишгари чоплусро бихурад, саногаре ки зиштро дар назари ӯ зебо ҷилва медиҳад ва хубиро дар назари ӯ манфур месозад.” (Ғурарул ҳикам.)

Аз суҳбати дӯсте биранҷам     Кахлоқи бадам ҳасан намояд

Ку душмани шухчашми доно   То айби маро ба ман намояд?

Аз ин рӯ, ба ҷои оростани айбҳо ва китмони зиштиҳо ва пардапушӣ бар норасоиҳо, бояд онҳоро гуфт ва шунид ва дар бартараф сохтанаш кушид. Тазаккур ва нақд аз ҳаминҷост, ки қимат ва қадосат меёбад ва барои баъзеҳо ёдовари як вазифае мешавад ва барои баъзе таваҷҷуҳ ба тазаккурҳо ва нақдҳо як фазилати ахлоқӣ ба шумор меояд. Инсонҳои камолҷӯ, бояд аз ингуна тазаккурҳо истиқбол кунанд, чун муқаддимаи такомули онон аст вагарна барои ҳамеша дар ҷаҳли мураккаб мемонанд.

Ба ин сухани ҳакимонаи Саъдӣ диққат кунед: “Мутакаллимро то касе айб нагирад, суханаш ислоҳ напазирад.” (Гулистони Саъдӣ, боби ҳаштум.)

Шеваи саҳеҳи нақд

Ба ҳамон андоза, ки тазаккури костиҳо ва нақди амалҳои муфид ва лозим аст, таваҷҷуҳ ба шеваи ёдоварӣ ва нукот ва одоби панду андарз ва тазаккур, муҳим ва сарнавиштсоз аст.

Оё ҳар кас ҳақ дорад тазаккур диҳад? Оё мавъиза аз ҳар кас пазируфта аст? Оё ҳамаи нақдҳо созанда ва мусбат аст? Сифатҳо ва шароити ноқид ва воиз чист?

Агар касе дигаронро панд диҳад, аммо худаш аҳли амал ба насиҳатҳои хеш набошад, суханаш беасар аст. Анбуҳе аз ривоёт, шоҳиди ин муддаост. Агар панддиҳанда, худаш аҳли амал бошад, тазаккури ӯ чароғи равшан ва равшангар дар дилу ҷони дигарон мешавад ва дар қалбашон нуфӯз мекунад. Ба ин сухани ҳазрати Алӣ(к) диққат кунед:

“Аз фуруғи воиз ва панддиҳандае, ки худ, пандпазир аст, равшаноӣ баргиред ва насиҳати насиҳатгари бедорро пазиро бошед.” (Мизонул ҳикма, ҷ 10, саҳ. 585.)

Дар ин сухан, ҳам ба пандпазирӣ ишора дорад, ҳам ба шеваи муассири ваъз ва насиҳат ва тазаккур.

Нақду тазаккур, ҳарчи самимитар дар хилват ва бидуни обрӯрезӣ бошад, ҳам муассиртар аст, ҳам аз кинатузӣ ва кина афрузӣ ва лаҷоҷат, дуртар аст. Гоҳе наққодии ошкор ва панду тазаккур дар малаи ом, асари манфӣ дорад ва тарафро ба аксулъамал во медорад ва шахсияти ӯро ҳам хурд мекунад. Ҳазрати Алӣ(к) фармуд:

“Насиҳат ва панд додани ту дар миёни мардум ва ҳузури дигарон, кубидан ва хурд кардан аст.” (Мизонул ҳикма, ҷ 10, саҳ. 580.)

Нақд аз рӯи харйхоҳӣ ва ба қасди ислоҳ ва кумак ба шахсҳои мавриди нақл куҷо ва нақд ба қасди хароб кардани виҷҳа ва мавқеият ва кубидан ва тахриб куҷо! Албатта ҳушёрон, ангезаҳои нуҳуфта дар пушти нақдро хуб мефаҳманд ва мешиносанд.

Нақд, набояд бархоста аз ҳасад ва ғаразварзӣ ва тасвия ҳисоб бошад. Тазаккурҳои ҳасудона ва кинатузона, вазъро бадтар мекунад. Аслан магар аз як ҳасуд, насиҳат ва хайрхоҳӣ ва тазаккур ба қасди ислоҳ бармеояд?

Албата не. Зеро насиҳат ва хайрхоҳӣ аз ҳасуд, маҳол аст.

Нақдпазирӣ

Такаббур ва худхоҳӣ, ҷилваҳои гуногун дорад. Яке ғурур дар муқобили нақд аст. Вақте нақд, сабаби камоли андеша ва кори мост, нақдпазирӣ кумак ба ин камол ва рушд аст. Аз он тараф, нақднопазирӣ, нишонаи навъе ғурур ва такаббур ва омили дар ҷо задан дар вартаи бадиҳо ва костиҳост. Гоҳе нобтарин мавизаҳо ва тазаккурҳо ҳам, вақте ба дилҳои дорои кибр мерасад, бо адами пазириш мувоҷеҳ мегардад ва инсонро маҳрум месозад. Ба таъбири зебои ҳазрати Алӣ(к):

“Миёни шумо ва панд, ҳиҷоб ва пардае аз ғурур афканда шуда аст.” (Наҳҷулбалоға, ҳикмати 282.)

Оё шумо мутамаиннед, ки ҳамаи андешаҳо ва афкоратон дуруст ва беишкол аст?

Оё ҳамами хислатҳо ва рафторҳои фардӣ ва иҷтимоии худро беайб медонед?

Оё фикр намекунед дар амалкардҳои мухталифи шумо, нукта заъфҳое ҳам мумкин аст бошад, ки аз чами худатон пинҳон аст вале дигарӣ мутаваҷҷеҳ мешавад?

Инсон гоҳе ба хотири дӯст доштани худ, ё айбҳои худро намебинад ва намефаҳмад, ё ҳозир нест худро дорои айбу нақс бидонад, аз ин рӯ, нақду тазаккури дигаронро ҳам ба ғаразварзӣ ва душманӣ ҳамл мекунад.

Оина чун айби ту бинамуд рост

Худ шикан, оина шикастан хатост

Дар як хонавода, мумкин аст рафтори зану шавҳар нисбат ба ҳам, иродҳое дошта бошад, ё бархурди падару модар бо фарзанди хурду ҷавонашон, иштибоҳ бошад. Агар касе мутазаккир шуд, бояд мушфиқона бипазиранд ва дар ислоҳи хеш бикушанд.

Агар ҳар як талош кунанд то айбу ишколро ба гардани дигарӣ андозанд ва худро бегуноҳ нишон диҳанд, норасоиҳо ва айбҳо ва хатоҳо ҳаргиз ислоҳ нахоҳад шуд. Инсоф дар пазириши хато ва айб нишонаи рушди ақлӣ аст.

Гоҳе мумкин аст дар ҳусни ният ва хайрхоҳӣ ва назари дӯстонаи касе шакку тардид дошта бошем ва дар натиҷа ба ончи ки нақд мекунад, таваҷҷуҳе накунем, вале агар ҳусни назар ва нияти дӯстонаи касе барои мо собит буд, дар пазируфтани нақду тазаккур ва панди ӯ тардид накунем.

Бароямон маҳбубтарини мардум дар наздамон, насиҳаткунандаи мушфиқ ва хайрхоҳ бошад.

Гарчи мумкин аст тазаккур ва интиқоди дигарӣ, дар зоиқаи мо талх ояд, вале талхии нақду тазаккур, ба маротиб судмандтар аз ширинӣ ва чоплусӣ ва найранг ва фиреб аст.

Яке аз наберагони Паёмбар (ъ) имом Боқир (р,ҳ) мефармояд, ки:

“Аз касе пайравӣ кун, ки аз рӯи худхоҳӣ ва насиҳат, туро мегирёнад, вале пайрави касе мабош, ки туро механдонад, дар ҳоле, ки нисбат ба ту фиребкорӣ мекунад!” (Маҳосин, ҷ 2, саҳ. 440.)

Пазириши нақд ва дидгоҳҳои ислоҳии дигарон, танҳо ба андеша ва фикр, ё ба амалкарди хориҷӣ ва муоширатҳои мо нест.

Дар осори адабӣ ва тавлидоти шеъру қисса ва асари ҳунарӣ низ, таваҷҷуҳ ба нақди дигарон, омили рушду боландагии ҳунарманд ва нависанда ва шоир аст, баръакс, бетаваҷҷуҳӣ ба нақоҳидҳои мунтақидон кори инсонро пайваста заиф ва маъюб нигаҳ медорад.

Ҳунармандони нақдпазир, сареътар рушд мекунанд. Шоирон ва нависандгоне, ки ба нақди осорашон тавассути дигарон баҳо медиҳанд ва аз он истиқбол мекунанд, алоқаи худро ба камол ёфтани халоқиятҳои адабии хеш нишон медиҳанд.

Ба ин чанд ҷумла диққат кунед, то ҷойгоҳи нақд ва арзиши нақдпазирӣ равшантар гардад:

“… нақд дар ҳунар, мисли оинаи пеши мошин аст. Ронанда – ҳунарманд –бояд ба кумаки он мувозиби пушти сараш бошад, вале яксара дар он нигоҳ накунад, чаро ки дар ин сурат, инҳироф аз роҳ ва хатари тасодуф, дар камин аст.”

Ҳунар, ҳавопаймост. Ҳунарманд, халабони он ва мунтақидин, хадамаи парвоз.

Ғурур, мисли сурохи пинҳон дар баданаи киштӣ, маъмури ғарқ кардани тадриҷии ҳунарманд аст.

Шоире, ки аз мунтақидини осораш қаҳр карда аст, мисли ҳавопаймое аст, ки иртиботаш бо бурҷи муроқибат қатъ шуда аст.

Боре, нақдпазрирӣ дар масоили ахлоқӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва мудириятӣ, зомини саломати робитаҳо ва рушди афкор ва аъмол аст. Ин масъала дар мутуни динӣ бо ановине ҳамчун: насиҳат ва мавъиза мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта аст.

Поёни ин баҳсро гуфторе аз имом Саҷҷод(р,ҳ) қарор медиҳем, ки дар зимни баёни ҳуқуқи мутақобиле, ки афрод дар ҷомеа нисбат ба ҳам доранд аз ҷумла ба ҳаққи насиҳатгар бар гардани насиҳатшунав ишора фармуда аст: “Ҳаққи насиҳаткунанда он аст, ки нисбат ба ӯ нармиш ва инъитоф нишон диҳӣ ва ба суханаш гуш фаро диҳӣ, агар ҳарфаш баҷо ва дуруст буд, Худои Мутаолро сипос бигӯӣ ва агар тазаккураш мувофиқ бо ҳақ набуд, напазирӣ”. (Мизонул ҳикма, ҷ 10, саҳ. 57.)

Роҳбари Кумитаи дин ва фарҳанги Ҷамъияти Умумируссиягии Муҳоҷирон дар Федератсияи Руссия Хайриддини Абдуллоҳ.