Зираку ҳушёру бо фазлу ба ҳуш,

Даст тоза сард сар дилҳо ба ҷуш.

Дар дифои давлату номусу нанг,

Рузу шабҳо парчами миллат баланд.

Дур аз фарзанду пайвандон мудом,

Ҳамраҳи руҳи шаҳидон субҳу шом.

Офтобем,осмонем,оташем,

Ҷовидон бедорхоби мекашем.

Афсарони амният амни ватан,

Покҷавҳар, покдил, фулодтан.

Ҳаст моро то рамақ ан дар бадан,

Мақсади мо як бувад амни ватан.

Дил нишони тир мегардем мо,

Дар ҷавони пир мегардем мо.

Синаҳо як умр бар меҳан сипар,

Афсаронро нест тарсе аз хатар.

Гарчи мушкил аст моро зиндаги,

Оташу дуд аст моро зиндагӣ,

Ҳарқадар бошад ватан овозадор,

Он қадар моро баланд аст ифтихор.

(Устод Хайриддин Хайрандеш)