Ба устодам Хайридини Абдулло


Созу бинои шеъри ман аз хишту лойи Хайриддин.
Обу ҳавои мисраам атри фазои Хайриддин.
Гуянд маро чун андалеб,дорӣ аҷаб савти хуше,
Мурғи дилам аз гулшани ҷаннатбаҳои Хайриддин.
Хонам агар чанде ғазал,гардест аз хоки раҳаш,
Байти заминии маро майли самои Хайриддин.
Нахли муродам бесамар,мисли гули пажмурда буд,
Имрӯз гар боровараст бо ранҷҳои Хайриддин.
Дар саҳфаи ҳусни сухан шояд биёбам пайраҳе,
Инҳам ҳусули дасти ӯ ё худ дуойи Хайриддин.
Гуяд Ниҳонӣ борҳо дар васфи Меъмори сухан,
Ҳар байту ҳар шеъри тарам андар санои Хайриддин.

***

Туӣ ғамхору пуштибон, ало устод,
Туӣ дилсӯзи шогирдон, ало устод.
Ба ашъори равону дилписанди хеш,
Ту ҳастӣ шоири даврон, ало устод.
Ҳама андешаву роят басо хайр аст,
Аз ин корат адӯ ҳайрон, ало устод.
Намегардӣ қафо аз ҷодаи ашъор,
Шудӣ гарчи ту саргардон, ало устод.
Муросо мекунӣ якрӯву якрафтор,
Ту бо мардону номардон, ало устод.
Ту қасри назмро обод бинмудӣ,
Нагардад ҳеҷ гаҳ вайрон, ало устод.
Намегардад хароб ин кохи назми ту,
На аз боду на аз борон, ало устод.
Ҳама раҳпӯи майдони сухан гашта,
Туӣ шере дар ин майдон, ало устод.
Ҳамеша мехурӯшӣ дар раҳи маънӣ
Чу як дарёи пуртуғён, ало устод.
Ту Хайриддину корат хайр мебошад,
Ба роҳи илму ҳам ирфон ало устод.
Муборак бод ними аср мегӯям,
Туро бо меҳри бепоён ало устод.
Манам Ниҳонӣ шогирди вафодорат,
Чу ту фарзанди кӯҳистон, ало устод…