
“Дар замони муосир ҳар як фарди ватандӯст бояд таблиғи фарҳангу арзишҳои маънавӣ, худогоҳии миллӣ ва бедор намудани эҳсоси худшиносиву ватандӯстиро яке аз вазифаҳои шаҳрвандии худ дар миёни ҷомеа донад”.
***
“Курсии мансаб барои мардуми некӯкор ҳамчу як корхонае беш нест, аммо барои шикампарастони ҳайвонсифат охурест пур аз ҷав, ки ҳамеша ба ҳаммаслаконаш то дами марг дар набарду талош аст, шох мезанад то ин охури пур аз ҷаву алафро ҳаммаслакеаш даҳон назанад ё аз худ накунад”.
***
“Ман ба ин рӯҳониёни дар хориҷ таҳсилдида, ки пояи донишашон аз мазҳабу урфи мо нест ва тарбияту таълими суннатии аҷдодии моро нагирифтаанд, бовар надорам. Ҳарчанд ҳангоме ки онҳо ҷафо мебинанду шикоят аз ҳукумат мекунанд, бовар намекунам, зеро ки мункириву ҷафокорӣ ҳосили дониши бештари гирифтаашон аст”.
***
“Ноқобилон танбалиашонро ба тақдир ҳавола карда, айби тақдир мекунанд”.
***
”Барои маҳбусон душмантар аз худи онон касе нест”.
***
“Каҷфаҳмӣ бадтар аз нофаҳмист. Нофаҳм дар сукут асту каҷфаҳм дар ғазаб аст.Оқибати каҷфаҳмӣ пушаймониву ҳасрат аст”.
***
“Мардумони айбҷӯю интиқомҷӯй дар ҳаёт бе дӯстанд (танҳоянд)”.
***
“Дар рӯзи мусибати дӯстону хешон мунтазири таклиф набошу дарҳол дар ҳузурашон бош”.
***
“Ман ҳар ҷо ки набошам, дарахти маърифату дониши ман аз фарҳанги порсиву эрониям об мехӯрад”.
***
“Шеъру мусиқии суннатӣ ҷузъе аз зиндагӣ ва ибодати мо мардуми порсизабонон аст”.
***
“Бидуни таҳқиқ рад кардани матлабе мутаассибист ва пазируфтанаш нодониву бехирадист”.