Сипос Худоеро, ки хилқати инсонро некӯ кард ва ӯро бо рангу фитрати имон офарид ва ба ӯ маъориф ва баён омӯхт ва неъмати эҳсонро бар ӯ арзонӣ дошт ва ӯро ба касби фазоил иршод кард ва аз иртикоби разоил барҳазар дошт ва саъй дар некӯ кардани ахлоқро бар ӯ воҷиб намуд ва ӯро бо тарс аз азоб ба таҳзиби ахлоқ ташвиқ кард ва бо рафъи мушкилот ва сахтиҳо ва тавфиқи хеш тай намудани ин масирро бар ӯ осон намуд. Ва дуруд бар набии Акрам, ки дар Қуръони Ҳаким чунин тавсиф шуда, ки ту ба хулқи бас бузурге оростаӣ. Ва наздиконаш, ки Худои Таъоло ба дӯстии онҳо ташвиқ карда ва аҳли зикр, ки Худо ба пурсидан аз онҳо дастур дода ва улул амр, ки ба итоаташон амр намуда.

Аммо баъд:

Ҷойгоҳи ахлоқ дар Ислом ба ҳадде аст, ки Худованди Мутаъол вақте ҳазрати Паёмбар (с)-ро тавсиф мекунад, хитоб ба ӯ мефармояд: “Ҳамоно ту бар хулқе бузург ҳастӣ” ва дар ривоятҳои набавӣ ҳам, ороста будан ба ахлоқи некӯ ва писандида ва дурӣ аз ахлоқи нописанд ва зишт, ба дараҷае аз аҳаммият аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мусалмонеро, ки аз ахлоқи исломӣ ба дур аст, касе мешуморанд, ки аз имон маҳрум аст.

Асосан, яке аз аҳдофи ирсоли паёмбарони илоҳӣ ба вижа паёмбари Ислом, ин таҳзиб ва тазкияи мардумон будааст, он ҷо ки мефармояд: “Ва ба дурустӣ Худованд миннат ниҳод бар мӯъминин он ҷо ки фиристодае аз миёнашон дар онҳо барангехт, ки бар онҳо оятҳои Ӯро мехонад ва онҳоро тазкия ва пок месозад ва онҳоро китоб ва ҳикмат меомӯзад…” (Оли Имрон, 164) Тазкияи нафс иборате дигар аз оростагӣ ба ахлоқи писандида ва дурӣ аз ахлоқи зишт аст.

Ва ҳамин ҷойгоҳи ахлоқ дар Ислом аст, ки уламо ва донишмандони бузурги исломӣ, ҳар яке китоб ва ё ҳаддиақал рисолае дар ахлоқ ба риштаи таҳрир даровардаанд. Мо донишманд ва олимеро – ки аз шӯҳрат дар миёни мусалмонон бархӯрдор бошад – суроғ надорем, ки дар заминаи ахлоқ чизе аз худ бар ҷой нагузошта бошад. Аммо дар миёни онон, бо ситораҳои дурахшоне бармехӯрем, ки таҳқиқ ва пажӯҳишҳои арзишманде дар мавзӯъи ахлоқ ва одоби исломӣ аз худ бар ҷой гузоштаанд, ки аз намунаҳои боризи он, яке Ҳуҷҷатул-ислом Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) ва дигаре Аллома Файзи Кошонӣ (р) аст. Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) ду ҷилд аз китоби гаронмояи “Эҳёи улуми дин”-и худро ба ҳамин мавзӯъ ихтисос дода, яъне бахши “Муҳликот” ва “Мунҷиёт”-ро. Аллома Файзи Кошонӣ аммо, ба пайравӣ аз китоби “Эҳё”-и Имом Ғаззолӣ (р) китоби гаронқадри “Маҳаҷҷатул-байзо”-и худро ба риштаи таҳрир дароварда, ки дар тартиб ва фаслбандиҳо айни “Эҳё” аст, албатта бо изофот ва иловаҳое, ки бар ғинои он афзуда.

Дар қадим, дар мадориси динӣ, ҳар толибулилме омӯзишҳои динии худро аз омӯзиши дониши ахлоқ шурӯъ мекард ва барои ин манзур китоби “Одобул-мутаъаллимин” барои донишомӯзони улуми исломӣ тадрис мешуд. Ва донишомӯз, то замоне, ки бо илми ахлоқ ошно ва худро ба ахлоқи писандида наёрояд, пой бар омӯзиши соири улуми исломӣ намегузошт. Ба сухани дигар, омӯзиши илми ахлоқ ва ороста шудан ба рафторҳои писандида ва дурӣ аз кирдорҳои зишт ва нописанд, муқаддима ва шарти вуруди ҳар донишомӯзе ба омӯзиши улуми динӣ шумурда мешуд. Вале бо камоли таъассуф, дар солҳои ахир, ин дониш ҷойгоҳи шоистаи худро ҳатто дар мадориси динӣ аз даст дода, то чӣ бирасад ба мадориси ғайридинӣ. Асотид ва муаллимон ва дастандаркорони мадорис ба вижа мадориси динӣ, бояд наҳваи тадриси улуми диниро ба ҳамон равиши гузаштагон анҷом бидиҳанд, ва илло толибилме, ки аз ахлоқ баҳрае надошта бошад, илм ва дониши ӯ ҳеч суде на барои худаш ва на барои дигарон нахоҳад дошт.

Рисолае, ки пеши рӯйи хонандаи азиз қарор дорад ва ба қалами тавонои ҷаноби Домулло Хайруддин Абдуллоҳ таълиф шуда ва бисёр арзишманд ва пурмоя аст. Ва аз он ҷо, ки ба хатти сириллик нигошта шуда, аз ин рисола на танҳо донишомӯзони улуми динӣ, ки ҳар касе метавонад баҳраманд бишавад.

Умедворам, ҳамаи мо хештанро ба ахлоқи писандида ороста ва аз ахлоқи зишт ва нописанд дур бикунем.

ОМӮЗИШИ АХЛОҚ ОМӮЗИШИ АХЛОҚ

  • Сипос Худоеро, ки хилқати инсонро некӯ кард ва ӯро бо рангу фитрати имон офарид ва ба ӯ маъориф ва баён омӯхт ва неъмати эҳсонро бар ӯ арзонӣ дошт ва ӯро ба касби фазоил иршод кард ва аз иртикоби разоил барҳазар дошт ва саъй дар некӯ кардани ахлоқро бар ӯ воҷиб намуд ва ӯро бо тарс аз азоб ба таҳзиби ахлоқ ташвиқ кард ва бо рафъи мушкилот ва сахтиҳо ва тавфиқи хеш тай намудани ин масирро бар ӯ осон намуд. Ва дуруд бар набии Акрам, ки дар Қуръони Ҳаким чунин тавсиф шуда, ки ту ба хулқи бас бузурге оростаӣ. Ва наздиконаш, ки Худои Таъоло ба дӯстии онҳо ташвиқ карда ва аҳли зикр, ки Худо ба пурсидан аз онҳо дастур дода ва улул амр, ки ба итоаташон амр намуда.