Салом, чароғи сабзи ошноӣ аст.
Вақте ду нафар ба ҳам мерасанд, нигоҳҳо ки ба ҳам меафтад, чеҳраҳо, ки рӯ дар рӯ қарор мегирад, нахустин аломати садоқат ва маваддат ва бародарӣ, “салом додан” аст ва дар паи он, даст додан ва “мусофиҳа”.
Ду нафарро тасаввур кунед, ки ба якдигар мерасанд, ошно ва дӯсти ҳам ҳастанд. Дар ин бурхурд, беҳтар аст нахустин каломашон чи бошад? Оё муносибтар аз “салом” чизе суроғ доред?
Мафҳуми салом
Салом, итминон додан ба тарафи муқобил аст ки: Ҳам саломати ва тандурустии туро хосторам, ҳам аз ҷониби ман осуда бош ва мутмаин, ки газанде ба ту нахоҳад расид. Ман хайрхоҳи ту ҳастам, на бадхоҳ ва кинаварз ва душман. Низ навъе дуруд ва таҳияти исломӣ аст, ки ду мусулмон ба ҳам мегӯянд. Ин маънои шиори исломии салом аст.
Даст додан ва дасти ҳамро содиқона ба гармӣ фишурдан, нишони дигаре аз муҳаббат ва самимият ва хайрхоҳӣ аст. Дилҳоро ба ҳам наздиктар ва муҳаббатҳоро бештар месозад. Тамоси ду даст, қалбҳоро низ ба ҳам наздиктар мекунад, агар мунофиқона ва дурӯғ ва фиреб набошад!
“Даст дар даст, чу пайванди ду қалб
Гармтар мегардад,
Дили озурдаи дӯст,
Нармтар мегардад…”
Боре … салом, номи Худост ва таҳияти илоҳӣ. Суфориши Пайғамбари Акрам(с) аст, то онҷо, ки фармудаанд: Агар касе пеш аз салом, шуруъ ба сухан кард ҷавоб надиҳед. (Сафинатул биҳор, ҷ 1, саҳ. 645.)
Ростӣ … салом додан ба дигарӣ на танҳо чизе аз қадру ҷойгоҳи инсон намекоҳад ва ҳеҷгуна зарару зиёни моддӣ, пулӣ, обруӣ ва … надорад, балки муҳаббатовар ва сафобахш аст ва худописанд ва сираи Расули Худо(с) ва равишу маниши авлиёи илоҳӣ аст. Ба илова, нишонае аз тавозуъ ва фурутанӣ ва надоштани кибр аст. Инсонҳои мутавозеъ, на танҳо зиён намебинанд, балки иззат ва маҳбубият ҳам пайдо мекунанд.
Пайғамбари Акрам(с) низ фармуд: Ҳаргоҳ якдигарро дидор кардед, бо “салом” ва “даст додан” бо ҳам дидор кунед. (Сафинатул биҳор, ҷ 1, саҳ. 465.)
Адаб ва одоби салом
Сираи рафтории Пайғамбари Худо(с) он буд, ки ба ҳарки мерасид – ҳатто кудакон – ибтидо ба ӯ салом мекард, бахусус дар мавриди салом кардан ба кудакон мефармуд: Панҷ сифат аст, ки то зиндаам, онҳоро раҳо нахоҳам кард, яке ҳам салом додан ба кудакон аст, то пас аз ман “суннат” гардад. (Биҳор, ҷ 73, саҳ. 10.)
Ин хислати хуҷаста, аз ахлоқи ҳасана ва руҳияи пок ва тавозуи ӯ сарчашма мегирифт. Инҳо дуруст; вале адаб иқтизо мекунад, ки кучактарҳо ба бузургтарҳо салом кунанд. Дар ҳадис омада аст, ки Пайғамбари Акрам(с) фармуд:
Кучак ба бузург салом кунад,
Як нафар ба ду нафар,
Ва ҷамъияти кам ба ҷамъияти фаровон,
Ва савора бар пиёда,
Ва раҳгузар, бар касе ки истода аст.
Ва истода бар касе, ки нишаста аст. (Мизонул ҳикма, ҷ 4, саҳ. 538.)
Ва албатта ки агар ҷуз ин бошад, нишони тавозуъ нахоҳад буд!
Саломро бояд ошкоро, баланд ва бо садои расо адо кард. Аҳодиси фаровоне омада аст, ки суфориши зиёд дорад, ки саломҳо, расо ва баланд бошад, на зери лаб ва оҳиста ва номафҳум ва ноқис. Ҷавоби салом низ бояд ҳамингуна бошад, яъне баланду возеҳ, то тараф бишнавад.
Агар дар бархурд бо дигарон ё вуруд ба ҷаласа ва ҷамъе, ё расидан ба хона ва маҳали кор, салом бигӯед, вале оҳиста, шояд саломатонро нашнаванд. Бо инки шумо салом додаед, вале ба далели сару садо ё ҷамъ набудани ҳавос ё ҳар омили дигар, саломатонро нашнаванд, шуморо беадаб ва беэътино хоҳанд шумурд ва мутакаббир хоҳанд пиндошт.
Ё агар салом дигареро ҷавоб диҳед; аммо оҳиста ва зери лаб, ба гунае ки нафаҳмад ва нашнавад, шояд пеши худ фикр кунад масъалае, хусумате ва … пеш омада аст, ё шумо мутакаббир шудаед, ки ҳатто ҷавоби саломашро ҳам намедиҳед ё бо душворӣ ва беалоқагӣ ҷавоб медиҳед.
Роҳи пешгирӣ аз ин бадфаҳмиҳо ва бадгумониҳо, риояти ҳамон дастури динӣ дар муоширатҳо аст, яъне ошкоро салом кардан.
Агар салом мустаҳаб аст, ҷавобаш воҷиб аст. Албатта бештарин савоб низ аз они касе аст, ки шуруъ ба салом кунад.
Он ки салом медиҳад, посухашро бояд гармтар ва бештар дод, чаро ки салом навъе таҳият ва ҳадя аз сӯи як муъмин аст ва ҳадяро бояд посухи беҳтар ироа дод, то нишони қадршиносӣ бошад.
Даст додан
Гуфтем, ки “мусофиҳа”, “дӯстиовар”, “кудуратзудо” ва “муҳаббатофарин” аст. Мо алоқаи худ ва самимиятро бо даст додан иброз мекунем. Баръакс, агар бо касе кудурат ва душманӣ дошта бошем, аз даст додан бо ӯ парҳез кунем. Ба ҳамин хотир, ин дастури муқаддас ва пурбаракати исломӣ, дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ухувват, самарабахш аст.
Имом Боқир(а) фармуд: Ҳар ду нафар муъмине, ки бо ҳам даст бидиҳанд, дасти Худо миёни дасти онон аст ва дасти муҳаббати илоҳӣ бештар бо касе аст, ки тарафи муқобилро бештар дӯст бидорад. (Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 179.)
Даст додан бо занон
Даст додан бо номаҳрам, ҳаром аст ва сирфи дӯстӣ ва рафоқат ва ошноӣ ва ҳамкор будан ё мулоҳизоти сиёсӣ ва диплумосӣ дар сафарҳои хориҷи ва дидорҳои расмӣ, далел намешавад, ки касе бо номаҳрам ва аҷнабӣ, мусофиҳа кунад. Ва дар ҳадиси набавии дигаре омада аст:
“Агар зане бихоҳад бо марди номаҳрам даст бидиҳад ва ночор бошад, ё бихоҳад бо ӯ “байъат” кунад, аз пушти либос (ва бо вуҷуди ҳоил ва пушиши даст, дасткаш) монее надорад.” (Канзул уммол, ҳадиси 475.)