Дар ҷомеаи исломӣ, мусулмонони мутааҳҳид худро нисбат ба бародарони динӣ масъул эҳсос мекунанд ва таколифе бар уҳдаи ӯст. Табъан ҳар мусулмоне бояд ин ҳаққро бар гардани хеш эҳсос кунад ва муроот ва ба кор бастани инҳо дутарафа бояд бошад, то асари хешро бигузорад. Ин ҳуқуқ бисёр аст, ба бархе аз онҳо ки дар ҳадисҳои исломӣ омада аст, ишора мешавад:
Инки мусулмон ончиро барои худ дӯст дорад ва меписандад, барои бародари динии худаш ҳам биписандад ва ончиро, ки барои худ намеписандад, барои дигарон ҳам написандад ва раво нашуморад. Ин аввалин ва муҳимтарин ҳаққе аст, ки ҳар мусулмон бар гардани мо дорад ва ривоятҳои бисёре дар ин замина нақл шуда аст, ҳаққи бисёр муҳим, аммо бисёр осон ва андак вале дар амал, бисёр мушкил!
Инки мусулмон, мусулмони дигарро бо дасту забон наранҷонад.
Худоро бар он банда бахшоиш аст
Ки халқ аз вуҷудаш дар осоиш аст
Ва ин аз муҳимтарин усули ахлоқӣ ва муоширати Ислом ва нишонаи муслумонӣ аст.
Инки мусулмон дар баробари мусулмон, мутавозеъ бошад ва аз такаббур бипарҳезад.
Ҳарфи дигаронро дар бораи муъмин ва мусулмон нашунавад ва напазирад ва ба суханчиниҳо гӯш надиҳад ва дар паи хатоҳо ва айбҳо набошад ва агар ҳам нуқта заъфе аз касе шунид ё фаҳмид, онро фош насозад ва обрӯяшро набарад. Касе ки дар паи айбҳои муслимин бошад аз назари мусулмонӣ ва динӣ гирифтори суқут аст ва аз вилояти Худо берун рафта аст, дар вилояти Шайтон қарор мегирад. Пайғамбари Акрам(с) фармуд:
“Эй гуруҳи касоне, ки ба забон мусулмон шудаед вале дилҳо мусулмон нашуда аст! Дар паи айбҳо ва лағзишҳои мусулмонон набошед, чаро ки ҳар кас дар паи шумориш ва ёфтани айбҳои мусулмонон бошад, Худо ҳам пайҷуи айби ӯ хоҳад шуд ва ҳар касеро ки Худо дар пайи айбҳояш афтад, расвояш месозад”. (Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 355.)
Парҳез аз қаҳр кардан ва қатъи робита ва агар пеш омад, онро беш аз се рӯз тӯл надиҳад. Дар ин маврид фазилат аз они касе аст, ки зудтар оштӣ кунад ва дар сулҳ кардан пешқадам гардад. Ҳар андоза, ки ин ҷудоӣ бештар нашвад, Шайтон хушҳолтар мегардад. Дар ин замина ҳам ҳадисҳои бисёре нақл шуда аст.
Беиҷоза ва сарзада вориди хонаи бародари муъмин нашавад ва агар мехоҳад дохили хона ё утоқ ё маҳалли кори ӯ шавад, қаблан иҷоза бигирад.
Бархурд бо афрод, бо чеҳраи гушода ва хандон ва кудуратзудо ва зудудани ғам ва андуҳ аз дили бародари имонӣ ва идхоли шодӣ бар як мусулмон, ки ин кор, назди Худованд, подоше азим дорад.
Вафои ба аҳд ва амал кардан ба ваъда ва парҳез аз хулфи ваъда, яке дигар аз ҳуқуқе аст, ки дар ривоятҳо омада ва мусулмон дар баробари мусулмон бояд худро ба он муваззаф бидонад.
Инсоф дар бархурд бо мусулмонон, яъне онгуна, ки дӯст дорад бо худаш рафтор кунанд ва бо ӯ бархурд дошта бошанд, худаш ҳам бо дигарон ҳамонгуна муошират кунад. Ин фазилати ахлоқӣ дар ҳадисҳо, мояи иззат назди Худо ва наҷот аз оташи дузах дар қиёмат ба шумор омада аст.
Эҳтиром ба бузургтарҳо ва муҳаббат ба кучактарҳо.
Ислоҳ миёни афрод ва оштӣ додани онҳо, ки ин васияти Пайғамбари Акрам(с) дар ҳамаи давронҳост ва онро ба унвони “афзалус садақа” дониста ва ҳатто дуруғи маслиҳатӣ барои зудудани ихтилоф ва оштӣ додан байни ду мусулмон ҷоиз шумурда шуда аст. (Муҳаҷатул байзо, ҷ 3, саҳ. 373.)
Пушондани айбҳои мусулмонон ҷиҳати ҳифзи обрӯи онон. Ба таъбири Расули Худо(с): “Ҳар кас айбпуши мусулмоне бошад, Худованд ҳам айби ӯро дар дунё ва охират мепушонад”.
Парҳез аз ҳузур дар ҷоҳое, ки сӯи зани мусулмононро бармеангезад. “Парҳез аз мавозеи туҳмат” як атклиф аст ва чун нопарҳезӣ аз ҳузур дар ҷоҳое, ки бадгумонии дигаронро сабаб мешавад, сабаби ба гуноҳ афтодани онон мешавад, пас дар муқобили муъминон вазифа дорем, ки аз ин гуна ҳузурҳои шоибадор ва сӯи зановар ва масъаласоз бипарҳезем то сабаби ба гуноҳ афтодани дигарон нашавем.
Рафъи ниёзи муъминон ва талош дар роҳи “қазои ҳоҷат” ӯ ва бартараф кардани мушкилоташ, яке дигар аз “ҳуқуқи мусулмонӣ” аст ва дар ривоятҳо савоби беш аз намозу рӯза ва ҳаҷ ва тавоф барои он бар шумурда шуда аст. Баҳрагирӣ аз молу қудрат ва обрӯ ва виҷҳаи хеш, барои ёрии як мусулмон ва бартараф кардани ранҷу мушкилу гирифтори ӯ аз азимтарин таклифҳои мо дар баробари бародарони динӣ аст.
То тавонӣ ба ҷаҳон хидмати муҳтоҷон кун
Ба даме ё дираме ё қаламе ё қадаме
Ҳифзи обрӯи як мусулмон дар ғиёби ӯ. Ва агар касе ба як мусулмон туҳмате зад агар битавонад дифоъ кунад ва туҳматро дафъ кунад дифоъ аз ӯ воҷиб аст ва вале агар кутоҳӣ ва сустӣ кунад, ба муқтазои ривоёт, дар гуноҳи туҳматзадагон шарик аст. Касе назди Пайғамбари Худо(с) аз мусулмоне бадгуӣ кард ва ба обрӯи ӯ мутаарриз шуд. Расули Худо(с) он суханро рад кард ва аз ӯ дифоъ намуд, сипас фармуд: “Ҳар кас аз обрӯ ва ҳайсияти бародари диниаш дифоъ кунад, ин дифоъ дар қиёмат ҳиҷобе аз оташ мешавад ва ӯро ҳифз мекунад”.
Салом ва мусофиҳа ва муониқа. Дар ривоёти бешмуоре аст, ки мусулмон вақте ба мусулмони дигар мерасад салом диҳад, даст бидиҳад ва мусофиҳа ва муониқа кунад, агар ӯ атса кард, дар ҷавоби атсааш дуо кунад ва аз Худованд барои ӯ раҳмат талабад.
Аёдат, дидор, ташйиъи ҷаноза, зиёрати қубур, таслият ва тазъият ба хонавода, дуо пас аз фавт ва … инҳо аз ҷумла ҳуқуқе аст, ки бар уҳдаи мусулмон аст. Агар бародари диниаш бемор шуд, ба аёдати ӯ биравад. Агар аз сафар омад ё аз ҳаҷ баргашт, ӯро зиёрат кунад. Ва агар аз дунё рафт, дар ташйиъи ҷанозааш ширкат кунад ва барои таслиятгӯӣ ба бастагон ва фарзандони ӯ, ба хонааш равад, сари қабри ӯ ҳозир шавад, дуо ва фотиҳа бихонад, пас аз фавт, корҳои солеҳ ва шоиста ба нияту ниёбат аз бародари динӣ анҷом диҳад ва савобашро ҳадя ба рӯҳи ӯ кунад.
Ҳуқуқе, ки ёд шуд, на ҳамаи ҳуқуқ, балки бархе аз ҳуқуқи мусулмонӣ аст, ки барои ҳар кадом ҳадисҳои фаровоне дар манобеи динӣ нақл шуда аст, ки ҷиҳати парҳез аз тӯлони шудани баҳс, ба ишорае басанда кардем.