Шояд расотар аз “ҳусни хулқ”, вожае набошад, ки тарсимкунандаи руҳи зулол ва табъи баланд ва рафтори ҷозибадор бошад. Чизе ки унвони барҷастаи рафтори як мусулмон аст ва меъёри камоли имони як муъмин, онгуна ки Расули Худо(с) низ, ба ин фазилати мутаолӣ ороста буд.
Бахше аз ахлоқи некӯ, дар “хушрӯӣ” мутаҷаллӣ аст, бахше дар “хушхӯӣ” ва бахше ҳам дар “хушгӯӣ”. Ва чи хуш аст, ки ба ин се “хуши” муборак ва муқаддас, бипардозем ва аз онҳо калиде барои гушудани қалъаи дилҳо ва омиле барои таҳкими робитаҳо бисозем.
Хушрӯӣ
Дар рӯ ба рӯ шудани ду нафар бо якдигар, пеш аз ҳар сухан ва амал, ду сурат бо ҳам рӯ ба рӯ мешавад. Дар чунин ҳолат кайфияти ин рӯёрӯии чеҳраҳо, нақши асосӣ дар наҳваи гуфтор ва рафтор дорад ва рамзи гушоиши қуфли дилҳост.
“Хушрӯӣ”, ҳам дар нигоҳ матраҳ аст, ҳам дар лабханд.
Ҳам дар гуфтор ошкор мешавад, ҳам дар рафтор.
Чи басо робитаҳо ва дӯстиҳое, ки бо “туршруӣ” ва “ахм кардан” ва “абус шудан” ба ҳам хурда аст. Аз сӯи дигар оғози бисёре аз ошноиҳо ҳам як “табассум” буда аст.
Вақте бо чеҳраи шукуфта ва боз бо касе рӯ ба рӯ мешавед, дар воқеъ калиди муҳаббати дӯстиро ба дасти ӯ додаед. Баръакс, чеҳраи ахмӯ ва абруҳои гиреҳхурда ва сурати дарҳам ва баста, даричаи иртибот ва самимиятро мебандад.
Агар ин хушрӯӣ ва хандарӯӣ бо нияти пок ва илоҳӣ анҷом гирад, илова бар таъсири муҳаббатофарин, “ҳасана” ва “ибодат” ба ҳисоб меояд.
Табассум, мабдаи бисёре аз ошноиҳо ва зудояндаи бисёре аз ғамҳо ва кудуратҳост. Шигифт аз касоне аст, ки аз ин кори безаҳмат ва ранҷу харҷ, ки баракоти фаровон дорад ба сахтӣ ҳозиранд “гулхандаи” масарратро бар лабони худ ва чеҳраи дигарон биёфаринанд.
Бархурд бо чеҳраи боз бо дигарон, ононро омодатар месозад то дил ба дӯстии шумо бисупоранд. Хандарӯӣ ва башшош будан, дигаронро дилу ҷуръат мебахшад, то беҳеҷ ҳарос ва нигаронӣ, бо шумо боби ошноиро боз кунанд ва суфраи дилашонро пешатон бигушоянд.
Агар бо хушрӯӣ, битавонед бори сангини ғами дӯстонро сабук кунед, коратон ибодат аст ва агар бо як табассум, битавонед хотиреро шод созед, ба Худо наздиктар шудаед. Ба қавли Ҳофиз:
Доим гули ин бустон, шодоб намемонад
Дарёб заифонро, дар вақти тавоноӣ
Ғамзудоӣ
Вақте як чеҳраи кушода ва лабханди самимӣ, ғамеро аз дил мезудояд, чаро бояд аз ин “эҳсон”, дареғ кард?
Баъзеҳо ҳузуре ғамофарин доранд, бархе ҳам маҳзаре ғамзудо, гуруҳи ахир, ояти лутфи илоҳианд, ки қадрашон ношинохта аст.
Саъдӣ мегӯяд:
Гуфта будам чу биёӣ ғами дил бо ту бигӯям
Чи бигӯям? Ки ғам аз дил биравад чун ту биёӣ
Инсонҳо ниёзманди муҳаббатанд.
Ин ташнагӣ, ҷуз бо мулотифат ва хушрӯӣ бартараф намешавад.
Агар аввалин бархурди мо бо касе, ба гунае бошад, ки ғами ӯро ба шодӣ ва нигарониашро ба итминон мубаддал созад, даричае ба дунёи сафо ва сурур ба рӯяш кушодаем. Ин низ назди Худованд, ҳасана ва ибодат аст.
Магар ин кори нек, чи андоза заҳмат дорад?
Албатта ин рафтор, навъе ҳунармандӣ дар муошират аст, қалби меҳрубон ва отифаи саршор ва хислате навъдӯстона мехоҳад. Шод кардани дигарон, чеҳраи дигаре аз ҳамин “ғамзудоӣ” аст. Гоҳе бо таваҷҷуҳе, нигоҳе, муҳаббате, каломе, ҳадяе ва … метавон инсонеро масрур сохт ва дар натиҷа Худоро аз худ розӣ сохт.
Вақте метавон бо калимоте ва чеҳра ва бархурди хуб ва дилпазир, хотиреро хурсанд сохт, чаро бояд бо гуфтани калимоте нохушоянд ва андӯҳофарин, ғам бар чеҳраи шахси дигар нишонд ва ӯро ба ёди рӯзҳои талхаш андохт ва ӯро маъюс ва дилсард сохт?
Ҳунарманд касе аст, ки битавонад ғубори ғам аз хотирҳо бизудояд. Боз ба қавли ҳазрати лисонул ғайб:
Саманбуён, ғубори ғам чу биншинанд, биншонанд
Пари руён қарор аз дил чу бистезанд, бистонанд
Хушгӯӣ
Аз шохаҳои дигари “ҳусни хулқ”, ки робитаҳоро устувортар ва пайвандҳоро самимитар месозад, гуфтори дилпазир ва шодибахш аст. Матонат дар сухан ва адаб дар гуфтор ва зебоӣ дар калом, хислати покдилони бекина аст ва хулқу хӯӣ авлиёи дин.
Арзиши инсон ва ҷавҳари вуҷудиашро забон ва баён равшан месозад:
Яке таҳқир мекунад, яке ташвиқ.
Яке айбҷӯӣ мекунад, дигарӣ таҳсин ва тақдир.
Яке маломат мекунад, дигарӣ пару бол медиҳад ва умед меофаринад.
Кадом як хубтар аст?
Шумо худатон чигуна баён ва забоне доред? Талх ё ширин? Газанда ё марҳам гузоранда?
Оё бо дигарон ҳамонгуна суҳбат мекунед, ки дӯст доред дигарон бо шумо ончунон ҳарф бизананд ва хитоб кунанд?
Пазироӣ аз дигарон, ҳамеша бо хурок ва мева ва ширинӣ нест.
Гоҳе пазироӣ, бо як калом хубу сухани шоиста аст. Ин икром, болотар аз тағзия ва итъом аст, чаро ки гуфтори шоиста ва зебо, ғизои рӯҳ аст.
Гуфтани як “офарин”, “аҳсан”, “боракаллоҳ” магар чиқадар ҳазина ва харҷ дорад?
Касоне ҳастанд, ки ҷон медиҳанд, вале ҳозир нестанд як каломи ташвиқомез ва муҳаббатбор бар забон ҷорӣ кунанд.
Каломи ташвиқи ва офарин ва марҳабо гуфтан бар амали шоистаи дигаре низ, аз ингуна солеҳот аст.
Ғайр аз подоши илоҳӣ, таъсироти иҷтимоии “хушгуӣ” дар нарм сохтани дилҳо ва ҷалби отифаҳо ва устувор сохтани робитаҳо машҳуд аст. Онки хушсухан бошад, аз дигарон низ каломи некӯ мешунавад. “Ин ҷаҳон куҳ асту феъли мо нидо” ва албатта ки ҳарфу сухани мо ҳам дар куҳистони зиндагиҳо инъикос дорад ва хубии он ба худи мо мунъакис мешавад.
Касе, ки гуфтори муаддабона дошта бошад, дигарон низ бо ӯ муаддабона сухан хоҳанд гуфт. Вагарна … “кулухандозро подош, санг аст”.
Кайфияти бархурди мо бо инсонҳои дигар, ҳамон натиҷаро ба мо бармегардонад. Адаб, адаб меоварад ва тавҳин ва фаҳш бадзабонӣ ва иҳонати мутақобилро дар пай дорад.
Хушхӯӣ
Аз рамзҳои муваффақияти Расули Акрам(с) дар даъват ва рисолати хеш, ахлоқи некӯ ва бархурди шоиста ва ҷаззоб бо мардум буд. Ҳусни хулқи он ҳазрат, имтиёзи боризи он мазҳари раъфат ва раҳмат буд. Бо ҳамин “эксири аъзам” дилҳоро ҷазб мекард, душманонро дӯст месохт, кинаҳоро ба меҳрубонӣ мубаддал мекард, улфат меофарид ва пайванд медод, дилҳоро бо дилҳо, дастҳоро бо дастҳо! Ва ба ҳамин сабаб медоли
(Сураи Қалам, ояти 4.) وَإِنَّكَ لَعَلَى خُلُقٍ عَظِيمٍ
аз Худои азим дарёфт кард.
Каломи нарм, рафтори шоиста, гуфтори муаддабона ва ҷозибадор, таҳаммули фаровон ва ҳилм ва бурдборӣ ва чеҳраи гушода ва башшош, аз мазоҳир ва ҷилваҳои “ҳусни хулқ” аст. Ба таъбири дигар, вақте муҳаббати худро ба дигарон бибахшед, дар ҳаводис, сабур ва шикебо бошед, хашми худро фурӯ хурда, хештандорӣ кунед, бадиро бо хубӣ посух диҳед ва аз хушунат ва асабоният ва бадзабонӣ ва таҳқир ва тавҳин ва такаббур ба дур бошед, дорои “ҳусни хулқ” ҳастед.
Агар Худованд ба соҳибони ҳусни хулқ, подоши ҷиҳод ва шаҳодат медиҳад, беҷо ва газоф нест, чаро ки ин ҳам навъе муҷоҳидат дорад. Пайғамбари Акрам(с) барои тасбит ва густариши ҳамин камолоти ахлоқӣ ва “хушрӯӣ” барангехта шуд. Аз калимоти нуронии ӯ аст:
Гоҳе инсон дар сояи хушхӯӣ, ба мақом ва рутбаи рӯзадорони шабзиндадор мерасад! (Мизонул ҳикма, ҷ 3, саҳ. 140. )
Унсе, ки муъминон бо якдигар мегиранд, бисёр қиматӣ ва бо арзиш аст ва ин дар сояи хушахлоқӣ падид меояд, ки ҳалқаи васли инсонҳо ба ҳам аст.
Пайғамбари Акрам(с) робитаи муъмин бо муъмин ва бархурдашонро бо ҳам, ҳамчун расидани як ташна ба оби сард ва гуворо медонад, ки бо он сероб мешавад. (Биҳор, ҷ 71, саҳ. 280.)
Дар муоширати мусулмонон бо ҳам, бояд “ҳамдилӣ”, беш аз “ваҳдати физикӣ” ва “пайванди сатҳӣ” ҳоким бошад, то ба унс ва улфатҳои пойдор ва робитаҳои дарунӣ биянҷомад. Бо салом ва мусофиҳа ва ҳусни хулқ ва чеҳраи боз ва лабханди муҳаббатзо ва ғамзудо ва бархурди нек, ин муҳим таъмин мешавад. Мизони исломӣ будани ахлоқи ҳар мусулмонро бояд дар наҳваи муошираташ бо дигарон ҷустуҷӯ кард. Хушхулқӣ, дину мароми мусулмонӣ аст. Ба фармудаи ҳазрати Пайғамбари Акрам(с): “Имони касе комилтар аст, ки ахлоқаш беҳтар бошад, касе ба Пайғамбар(с) шабеҳтар ва ба ӯ наздиктар аст, ки хушхулқтар бошад”.(Мизонул ҳикма, ҷ 3, саҳ. 142.)
Боре … гуфтору рафтори мо оинаи шахсияти мост, бикушем ҳарчи равшантар ва шаффофтар бошад.