ПУРСИШ:
Оё дар моҳи Рамазон истифодаи сӯзандору (ампул) барои шахси беморе, ки рӯза аст чӣ дар зери пӯст, мушак ё ҷои дигар ҷоиз аст? Оё ин амал рӯзаро мешиканад?
ПОСУХ:
Дар посух ба саволи шумо бояд гуфт: маводе, ки ба воситаи сӯзандору (ампул) ба бадани инсон ворид карда мешавад, аз лиҳози ҷойи тазриқ ва намудаш гуногун буда, ҳукмашон низ фарқ мекунад.
Доруҳо гоҳе ба воситаи шоҳраг (вена), гоҳе зери пӯст ва гоҳе ба мушак (масалан, дар бозу ё рон) тазриқ мешаванд. Намудҳои маҳлули обие, ки бо ампул ворид мегарданд, низ гуногунанд:
- Бархе барои тағзия ва нерӯ бахшидан (мисли глюкоза) мебошанд;
- Бархе дигар, антибиотикҳо (зидди микробҳо) ҳастанд, мисли пенсиллин;
- Гурӯҳи дигар барои поксозии хун, мисли гемодез истифода мешаванд;
- Баъзе доруҳо барои караҳт (беҳис) кардан ва кам кардани дард истифода мешаванд;
- Ва ниҳоят, бархе сӯзандоруҳо барои эмкунӣ (воксина) ҳастанд.
Ҳукм чунин аст:
✅ Агар сӯзандору барои тағзия ва нерӯ бахшидан бошад, чунки маводи он ба бадан қувват мебахшад ва ба ҷавфи (холигии) бадан мерасад, мисли глюкоза рӯзаро мешиканад ва онро фосид мекунад.
✅ Аммо агар сӯзандору доруи табобатӣ бошад, ки на барои ғизо, балки барои табобат ё кам кардани дард ба мушак, зери пӯст ё вена зада шавад пас рӯзаро намешиканад.
Бештари уламои фиқҳии исломӣ дар ин масъала ихтилоф надоранд, ва инро ҷоиз донистаанд. Танҳо баъзе аз шайхони ориф ва аҳли тақво дар ин масъала эҳтиёткорӣ кардаанд.
Ман намегӯям, ки чунин амали табобатӣ қатъан ҷоиз нест. Баръакс, дар ҳолатҳои зарурӣ, ки бемор ниёз ба дору дорад, истифодаи он мубоҳ ва дуруст аст.
Бо вуҷуди ин, агар имкон бошад, таъхири сӯзандору то бегоҳ (пас аз ифтор) беҳтар ва афзал дониста мешавад.
Аммо чанд ҳолати дигар ҳаст, ки рӯзаро фосид мекунанд:
- Агар шахси рӯзадор ҳуқна (клизма) кунад;
- Агар дору ба бинӣ ё гӯш чаконда шавад;
- Агар равған, малҳам ё чарб ба бадан ё чашм молида шавад ва шахс таъми онро дар ҳалқ ё даҳонаш эҳсос кунад, ё нишонаҳои онро дар пешобаш бинад.
Дар чунин ҳолатҳо, тибқи назари баъзе аҳли тақво ва эҳтиёткорони динӣ, рӯза фосид мешавад, гарчанде дар байни фақеҳон ихтилоф вуҷуд дорад.