Фазои иттилоотии динии байналмилалӣ ва инчунин муҳити мазҳабии кишварамон инъикоскунандаи афкор ва андешаҳои диёнатӣ ва ақидаю эътиқодоти гуруҳҳои ситезаҷӯ ва ифротгарою тундхӯ мебошад!
Шинохти фазои иттилоотии динӣ, яке аз унсурҳои таҳдобии пешгирикунандаи рушди омилҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ дар қаламрави кишварамон мебошад!
Ҳамзамон оқилон ва андешамандонро фазои иттилоотии динӣ ҳушёрӣ медиҳад, ки аз амният ва бехатарии муҳити фарҳангӣ ва мазҳаби ҳанафии худ ҳимоят намоем.
Фарҳанги миллӣ ва арзишхои мазҳаби ҳанафии кишварамон омили субот ва таҳкими қонуният дар ҷомеа аст! Муқобил гузоштани арзишҳои фарҳанги миллӣ ба муқаддасоти дини мубораки ислом ба чуз пушаймонӣ ва пушти лаб газидан дигар хеҷ манфиате надорад!
Аз таҳлилу баррасиҳои шабакаҳои телвизонии хориҷӣ ва саҳифаҳои интернетӣ маълум аст, ки зиёда аз садҳо сомонаҳои ба ном динӣ, ки моҳияти иғвогарӣ, экстремистӣ ва хушунатангезӣ доранд, мағзи ҳазорон чавонони мусалмонро, ки ғофил аз андешаи солими исломӣ мебошанд заҳролуд сохта, ононро дар рӯҳияи пайравӣ аз террористон ва экстремистон тарбия намудаанд ва тарбия намоянд! Иғво меангезанд, фитна мекоранд, манбаи таблиғоти ғояҳои тахрибкорӣ, ифротгароӣ ва террористӣ гаштаанд.
Мутаассифона барои решакан намудани сарчашмаи омилҳои экстремистӣ ва террористии ҳаракатҳои ифротгаро ва иғвоангез мусалмонони кишвар, аз ҷумла, муллосархатибҳо кори шоистаеро анҷом надодаанд, магар чанд уламои равшанзамир ба монанди домулло Хикматуллоҳи Каротегинӣ, эшони Зубайдуллои Элокӣ, домулло Ҳайдари Кулобӣ ва домулло Маъруфи Элокию домулло Абдураҳим собиқ сархатиби масҷиди ҷомеъи Қазоқони шаҳри Душанбе.
Тавре аз таҳлил ва манобеъи муътабари хабарҳои телвизонӣ равшан гаштааст миссионерхои ифротгарои салафия, Ансоруллоҳ, ал- Ҷиҳод, ан-Нусра ноболиғон, ҷавонон ва ҳатто духтарони душиза ва занону модаронро дар амалиётҳои террористии худ ҳамчун бомбаи зинанда истифода бурдаанд ва мебаранд.
Аз ҷумла, қисмате аз мутаассибон ва ҷавонони ноогоҳи тоҷик, ки аз ҷумлаи ҳаракати Салафия, Таҳририя ва Ансоруллоҳ гаштаанд, бо номҳои мустаъор чеҳраи дини зебои исломро мехарошанд, омил ва ҳадафҳои исломиро барои расидан ба ғаразҳои гуруҳӣ ва сиёсии душманони халқи тоҷик бо супориши «хоҷагони хориҷӣ» -яшон истифода мебаранд. Ифротгароёни бемазҳаб талош доранд, ки то битавонанд ба аркон ва аҳкоми сохтори Конститутсионӣ ва низоми давлатдории имрӯза латма ворид бисозанд! Аз ҳамин ҷиҳат онон барои барқарор намудани «Хилофат»- и Язидӣ аз тамоми усулу воситаҳои муборизаҳои гумоштавӣ, террористӣ ва имкониятҳои доштаи худ истифода мебаранд!
Мутаассифона, то кунун барои радди афкору аҳдофи ғаразноки ҳаракатҳои ифротгаро ва шабакаҳои террористӣ дар муҳити иттилоотии динии мазҳабии кишварамон ягон шабакаи моҳворавӣ ва интернетӣ вуҷуд надорад, ки бар ъалайҳи ин шабакаҳои иғвоангези фитнакор ба монанди: «Висоли Ҳақ»-и Муллозодаи салафия, «Сунни нюз»-и Такфирия ва « Аҳли байт»-и Ҳасан Аллоҳёрии рофизия ва дигар сомонаҳои интернетӣ муқовимати илмӣ ва шаръӣ намуда, барномаҳои пурхатару экстремистии ононро комилан рад намояд. Ҷавонони мусалмон ва сокинони кишварамонро аз тавтиъа ва талбисоти ифротгароёни тундхӯ ва моҷароҷӯи экстремистӣ огоҳу воқиф бисозад!!
Зиёдшавии мавлавиҳои салафимашрабу охундрофизияи ифротгаро бояд боиси нигаронии андешамандону мутафаккиирон, ҷомеашиносону сиёсатмадорон ва уламои суннатӣ бошад.
Ин афрод натанҳо мазҳаби ҳанафиро ботилу бидъат мешуморанд, балки қадам фарохтар гузошта, шуарои мутақаддими форсу тоҷик: устод Рӯдакӣ (р), Фирдавсӣ (р), Аттори Нишопурӣ (р), Ҷалолиддини Балхӣ (р), Саноӣ (р), Носири Хусрав (р) Саъдӣ (р), Ҳофиз (р), Сайидо (р) ва Абдураҳмони Ҷомӣ (р) ва осори ирфонии мутафаккирони халқи тоҷикро куфру ширк ва бидъат ҳукм намудаанд! Ва вазифаи ҷиҳодии худ меҳисобанд, ки бояд осори таърихӣ тахрибу вайрон карда шавад! Ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик набояд аҷргузорӣ намуд!..
Воқеаҳои охир дар кишварҳои арабӣ ва инқилобҳои пурхуну арғумонии террористон бори дигар ҳушдор медиҳад, ки набояд бигзорем, ки гуруҳҳои ифротгарои ситезаҷӯ ва мубаллиғону миссионерҳои сиёҳашон фазои иттилоотии мазҳабии моро осебпазир бисозанд ва дини мубини Исломро барои расидан ба ҳадафҳои шайтанатӣ ва террористии худ истифода баранд!!
Тибқи маълумоти омории мутахасиссони диншиноси русӣ ҳоло зиёда аз 3,000 ҳазор расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои моҳворавӣ моҳияти экстремистӣ дошта, аз номи дини Ислом ба таблиғи андеша ва идеологияи террористӣ машғуланд! Ин шабакаҳои моҳияти ифротгаро дошта, хатарноктарин навъи силоҳи қатли омми мардумӣ мебошад!
Барои мисол ҷабҳаи ҷиҳодии -«Ал- Ироқу ва-л- амал»-ро мегирем, ки аъзоёни он иборат зархаридони шабакаи террористии ал-Қоида, Салафия, Ансоруллоҳ, ан Нусра, ҲИУ мебошанд! Ин ҷабҳаи ҷиҳодӣ ҳар рӯз дар қаламрави кишвари Ироқ даст ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла ба интиҳору инфиҷор зада, масҷиду ибодатгоҳҳо, идораҳои маъмурӣ, мактабу бозор, полисхонаву идораҳои низомӣро мавриди хамлаи худ қарор дода, ҳазорон инсонҳои бегуноҳро ба қатл расонидаанд! Вазъи амниятӣ ва суботи ин кишварро хароб сохта, аз номи дини мубини ислом бадтарин амалҳои ваҳшатзоро анҷом медиҳанд!
Шабакаи «Висоли ҳақ», ки муассис ва барандаи он Мулозодаи иғвоангез мебошад! Ин шабакаи моҳворавӣ бо забонӣ тоҷикӣ пахш мегардад! Муллозода иғвоангез аз мубаллиғони аршади ақидаи террористии Салафия буда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Маркази шабакаи «Висол» дар Амрико ҷойгир аст! Аслан ин шабака моҳияти зидди Иронӣ дорад, аммо ҳамзамон тамоми арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикиро низ куфру ширк ба қалам медиҳад! Муллозодаи иғвогар андеша ва идеологияи пурмаъсияти гуруҳии худро аз номи аҳли Суннат муаррифӣ ва таблиғ мекунад, аммо дар асл душмани аҳли суннат ва ҷамоат мебошад! Адабиёти тасаввуф ва шуарои тоҷик, ба монанди Ҷалолиддини Балхӣ (р), Шайх Аттори Нишопурӣ (р), Довуди Той (р), Иброҳими Адҳам (р), Мансури Ҳаллоҷ (р) ва даҳҳо нафари дигарро аҳли бидъат ва каззоб номида, ононро дар таблиғи андешаҳои адабӣ ба Куфру Тоғутпарастӣ мутаҳҳам намуда, осори арзишманди аҳли илму фарҳанги халқи тоҷикро бидъат ва ҳаром жълон намуд! Дар ин шабакаи «Висол» намояндаҳои салафияи тоҷик аъзо буда, фаъолона ба таблигу ташвиқи идеологияи салафия машғуланд! Муллозодаи иғвогар пайравони аҳли ташаюъ, аз ҷумла, исмоилияро кофири мутлақ ҳисобида, куштани онҳоро вазифаи ҷиҳодии ҳар аъзои салафия меҳисобад!
Шабакаи «Висол» маркази дасисаи дасисабозони харакатҳои моҳияти террористӣ дошта буда, мутаасифона, идеологияи хушунатбори худро барои бадном кардани аҳли суннат ва ҷамоат аз номи онон таблиғ мекунад! Низоми демократиро куфри ошкор элон дошта, сарнагунсохтани низомҳои давлатиро низ вазифаи ҷиҳодии ифротгароён меҳисобад! Дар зери тавтиъаҳои ин шабакаи ифрогарои экстремистӣ бисёре аз ҷавонони тоҷик назари бад ба арзишҳо ва муқаддасоти миллии худ доранд ва дар зери таъсири андешаи террористии он қарор доранд!
Мутаассифона то кунун раиси Шӯрои уламо ва аъзоёни он ба таври расми дар мавриди хатари харакати «Салафия» ва шабакаи «Висоли ҳақ», дурусттараш «Висоли Шайтон» мавқеи худро муайян накардааст ва чизе нагуфтааст то мусалмонони кишвар аз хатар ва зиёни ин шабакаи иғвоангез бохабар бошанд!
Шабакаи « Аҳли байт», ки муассис ва барандаи он Ҳасан Аллорӣ мебошад! Маркази ин шабака низ дар Амрико ва Англия ҷойгир буда, аз номи аҳли ташшаюъ суханронӣ намуда, аҳли суннат ва ҷамоатро, умарӣ, яъне кофири мутлақ ҳукм мекунад! Тибқи барномаҳои таҳя шудаи душманони ислом заминаҳои ихтилоф, фитна ва чангҳои мазҳабиро дар ҷомеаҳои мусалмоннишин омода месозад!
Ҳарчанд мардуми мусалмони мо онро намепазиранд, аммо ин шабакаи тавтиъаангез раванди салафиягароиро дар муҳити дини Осиёи Миёна, аз ҷумла,дар Тоҷикистон меангезад! Ҳасан Аллоёрӣ муғулнажод буда, аз ҳазораҳои кишвари Афгонистон мебошад! Оддитарин ахлоқ ва дониши исломӣ надорад! Самти дигари фаъолияти ин шабакаи «Аҳли байт» тақвият бахшида ба ҷангхои мазҳабӣ, аз ҷумла, байни аҳли суннат ва ҷамоат мебошад!
Маълум аст, ки мустаъмирот дар хитмати ин шабакаи иғвоангез ва ин шабакаи иғвоангез дар хизмати мустаъмироти куфри ҷаҳонӣ аст, набояд мусалмонон ба ин шабакаҳои фитнакору дасисабоз бовар намоянд! Аммо инсонҳое ёфт мешаванд, ки аз бехабарии динӣ аз ин шабакаҳои исёнкору дасисабоз рӯҳаш болида шуда, пайрави аз онро ифтихор медонад! Набояд ба саҳобагони Паёмбар (с) лаънат ва дашному ҳақорат кард, чунки фарди мусалмон ҳаргиз ба ёрони Паёмбар (с) сухани носазо намегӯяд! Шабакаи «Аҳли байт» бо роҳбарии Ҳасани Аллоёрӣ пайваста ба номи саҳобагон (рт) бадгӯи мекунад! Раванди игвоангезӣ аз ҷониби ин шабакаҳои террористӣ дар фазои муҳити иттилоотии динӣ оқибат мунҷар ба ҷанги мазҳабӣ оварда мерасонад! Мутаассифона аксарияти уламои тоҷик дар хоби ғафлатанд ва огоҳ нестанд, ки дар моварои ислом чӣ балову мушкилотҳои захрогин ва ҷангхои хонумонсӯз анҷом гирифта истодаанд!
Гирдоби ин туфони фитнаи такфириҳо метавонад, ки бори дигар хонаи мусалмононро оташ бизанад!! Салафияи тоҷик низ барои иғво ангехтан байни бародарони исмоилияи кишвар ва ҳанафимазҳабони кишварамон корҳои таблиғотиро ба таври махфӣ ва ошкоро пеш бурда истодаанд ва ба таблиғи ҷиҳоди мусалмонкӯш машғуланд!
Шабакаи «Сунни Нюз» низ мисли шабаки «Висоли ҳақ» моҳияти экстремистӣ дошта, мардуми мусалмонро барои дар ҷанги Сурия ширкат варзидан ва террористони зархарид ҳимоят кардан ба таври шабонарӯзӣ даъват мекунад! Таблиғи катлу куштор ва хабарҳои моҷароҷӯ вазифаи ин сомона аст! «Сунни нюз» барои фиреби мусалмонон андеша ва идеологияи террористонро аз номи аҳли суннат ва ҷамоат муаррифӣ ва таблиғ мекунад! Аксарияти салафия точик мубалиғи ҳамин шабакаи игвоангез ва фитнакор мебошанд! Ин шабакаи ҷосусӣ низ барои равнақи ҷанги байни Суннӣ ва Шиа саъю талош дорад!!
Зикр ва баррасии ин шабакаҳои террористӣ барои худнамоӣ набуда, балки бидонем, ки онон асли ифротгароӣ ва хушунаткорӣ дар ҷомеа мебошад!
Ал-Ҷамоату-с-салафийя ва –д- даъвату ва-л-қитол»
Ҷамоати салафия амалиётҳои низомӣ-террористии хешро бо дастгирии ал-Қоида алайҳи режми Алжир ва дигар ҷомаҳои мусалмон нишин идома дода истодааст. Салафия дар зери ғояҳои ифротгароӣ бо низомҳои сохтори идорияшон демократӣ ҳастанд дар ҳолати бархурди идеоложӣ ва набардҳои ҷангӣ қарор доранд Аз нуктаи назари идеологии Салафия низоми демократӣ- низоми куфр аст. Созиш ва ҳамкори бо низоми кофирӣ худ куфри бузург аст!
Аз ҳамин лихоз салафияи бо аслиҳаи оташфишон таъминшуда, изҳор доштанд, ки ягон намуд ҳамкорӣ ва гуфтушунид бо ҳукумати Алжир намекунанд. Салафия дар ҳамкории зич бо «ал-Қоида» ва «Ҳизбу-т-таҳрир» барои барқарор намудани «Хилофат» дар сарзамини Алжир дар ҳолати бархурди шаддид қарор доранд.
Пешвоён ва лидерҳои ифротгароёни Салафия дар Алжир ҷавононро дар рӯҳияи ҷиҳод бар алайҳи насрониён ва дигар намояндагони адён парвариш мекунанд. Аз тамоми кишварҳо аъзоёни ин бемазҳабони Такфирӣ ба Алжир сафари ҷиҳодӣ, бо роҳҳои қочоқ вориди ин кишвар гашта, роҳу усули ҷангхои шарикиро бозомӯзӣ намуда, дар ҷангҳои зидди ҳукумати қонунии Сирия барои сарнагун сохтани сохтори Конститутсионии он фаъолона муборизаи низомӣ мебаранд!
Ҷиҳод вазифаи асосии диёнатии ҳар аъзои салафия буда, тибқи оиннома ва барномаҳои тавҳидияшон ногузир ва вазифадор ҳастанд, ки бар зидди низомҳои демокротӣ- мардумсолорӣ ва мазоҳиби исломӣ муборизаҳо шаддид бибаранд!
Дар Алжир зиёда аз 49 «Изхорот»-и салафия интишор гардида аст, ки онҳо иборат аз таҳдид ва даъват ба амалҳои террористӣ мебошанд ба зидди ҳукуматдорон.
Дар соли 1999 «Даъватнома»-ҳои такфирии салафия дар Франсия интишор гардиданд! Ҳукумати Франсия барои пешгирӣ намудани амалҳои терроритсти ҷамоати бемазҳаби салафия тамоми корҳои фаврӣ-оперативиро дида баромад!
Абӯиброҳими Мустафо , ки яке аз Амирҳои салафия мебошад, соли 2004 муборизаҳои ҳарбиро алайҳи гайримусалмонҳо як амри шаръӣ номид ва фатвои қатлу куштори ғайрмусалмононро содир намуд.
Салафияи тоҷик, узбек, қирғиз ва қазоқу уйғурҳо низ барои таъсиси чунин ҳаракатҳои «Даъват ва қитол» ба таври махфӣ саъю талоши зиёд бо супориши «хоҷагони хориҷӣ»-яшон доранд! Ва дар секторҳои махфии Ансоруллоҳ, Толибон, Ан-нусра, ҳизбу-т-Таҳрир ворид гардидаанд!
Пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҷунин созмон ва ташкилотҳои террористӣ хатман бояд гирифт. Дар ҳолати дигар баъид нест, ки ин ифротгароёни тундхӯ дарди сари ҷомеи мо хоҳад гашт. Ва азобу кулфатҳои зиёди сиёсӣ, иҷтимоӣ, динию фарҳангӣ ва иқтисодӣ бар сари мардум хоҳад рехт!
Набояд чунин ҷамоатҳои ифротгаро ва такфирии «Даъвату ва-л-қитол»-и Салафия дар кишвари азизамон Тоҷикистон реша давонад! Бузургтарин зарбаро дар иқтисодиёти миллӣ хоҳад зад ва боиси қатлу куштори инсонҳои бегуноҳ хоҳад гашт.!
Мусаллам аст ки ифротгароӣ ва тундхӯӣ дар шуур ва тафаккури ҷавонони сабукмағз ва мутаассиб реша давонда, ҷои омилҳои исломи суннатиро иваз намуда истодаанд!
Ба ҷои ибодат ва тоаат, таҳаммулпазирӣ, некӣ, хайру эҳсон, таблиғи ғояҳои инсондӯстӣ ва умумибашарии дини мубораки ислом, асҳоби такфирии салафия ва ифротманишони язидӣ саъодатмандӣ ва хушбахтии диёнатии худро дар қатлу куштор, тахрибу такфир ҷустуҷӯ доранд, балки қатлу куштори инсонҳои бегуноҳ ва тахриби осори таърихӣ яке аз вазифаҳои умдаи ин созмонҳои террористӣ ва ҷамоатҳои такфирии бемазҳаб мансуб меёбанд ва ифтихори онон гаштааст! Ғалатпиндорӣ ва каҷрафтории аҳли такфир як падидаи бисёр манфӣ ва хатарнок буда, дар дилхоҳ ҷомеаи башарӣ пайомадҳои бисёр нанговар ва хушунатбор дар канор дорад!
Дини мубини ислом худ беҳтарин пусухҳои ҳуқуқиро дар радди аҳли такфир ва созмонҳои террористӣ гуфтааст! Ниёз ба шарҳу тавзеҳоти мо дигар надорад! Ба ҷуз аблаҳон ва тудаи авбошон касе арзиш ва меъёрҳои дини мубини исломро барои расидан ба ҳадафҳои гаразолӯди сиёсӣ ва гурӯҳии худ истифода намебарад!
Ташкили созмону гуруҳҳои экстремистии «Даъват ба қатлу куштор» аз ҷониби асҳоби Такфир барои ҳифзи амнияти арзишҳои исломӣ набуда, балки танҳо ба хотири бадномкунии дини Ислом ва тақвият бахшидан ба исломҳаросию исломбадбинӣ мебошад! Аз номи дини Худованд таблиғу ташвиқи ақидаи ботилашон фитна ва иғвои бузург аст! Набояд ба дасисаву талбисоти ин такфириён бовар кард! Дини исломро дар симо ва амалу кирдорҳои зидди башарии террористони такфирӣ набояд ҷустуҷу намуд! Ислом мубарро аз такфир ва амалҳои хушунатбори аҳли такфир ва ифротгароёни нопок мебошад! Иззат ва каромоти инсон назди аҳли такфир эҳтиром ва эътибор надорад!
Аз шумии «Ҷиҳод»-и шайхони Такфирӣ то кунун кишвари Афгонистон оғӯштаи хун аст
Аз дер боз инҷониб кишварҳои арабӣ Араб бозичаи дасти саҳюнизм гаштааст, Саҳюнизм тавониста, ки тавассути пешвоёни мутаассиби ба ном исломӣ, мусалмонро пора сохта, вориди ҷангхои чирикӣ ва ҷиҳодҳои ғайри исломӣ бисозад ва беҳтарин чароғҳои зеҳният ва ақлонии исломиро дар ҳар минтақа абадан хомӯш бисозад!
Мусалмонон набояд шомили ягон характ ва ҳизбҳои сиёсӣ-террористии ба ном исломи ноб шаванд! Бояд дар атрофии Паёмбар (с) ва мактаби тавҳиди саҳобагон (рт) ҷамъ шаванд, субот ва амнияти динии худро ҳифз намоянд.
Дини ислом ниёз ба ягон ҳизб надорад ва мубарро аз ҳизбсозӣ, яъне тафриқаандозӣ аст!!
Ҷаҳоншавӣ, ки худ як раванди сохтаи қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ аст, пеш аз ҳама хатари зиёд ба мероси таърихӣ ва расму оинҳои қавму миллатҳои ақаллияташон кам ва заъиф дорад.
Бозии калони абарқудратҳои ҷаҳонӣ дер боз огоз гаштааст!!
Мутаассифона араб роҳи равиши дини Паёмбар (с)-ро гум кардааст, балки пушти по зада, камар дар хидмати дигарон хам намудааст!! Истиқлолияти динии худро гум намудааст!
Хизбхои сиёсии ба ном исломи, ки худ дар асоси принсипхои ғарби бунёд гардидаанд, боиси хунрези ва катлу куштори мусалмонон мегарданд! Душманони ислом низ аз фурсат истифода бурда, худро дар либоси ислом зеб медиханд, хизби исломи таъсис медиханд ва фитнахои бузург эҷод месозанд!! Ҷараёни салафияро қудратҳои бузурги яҳудӣ таъсис додаанд барои саркуб намудани бедории исломии уммат!!!!
Дар ҳолати аз қудрати сиёсӣ маҳрум монданашон “Чиҳод”-и ғаразнокро эълон мекунанд ва бад-ин васила неруҳои бедор ва хушманди исломиро ба ҷангу ҷиҳод кашида, бо силоҳи куфри ҷаҳонӣ несту нобуд месозанд.
…..Ҳоло маълум нест, созмонҳои террористии ал-Қоида , чун харакати салафия чандин ҷавонони мусалмони тоҷику узбек, қазоку қиргиз ва уйғур, туркману афғонро бо роҳи фиреб ба “Ҷиҳод”-и мусалмонкӯш бо роҳи бом макру дурӯғ ба сангарҳои ҷангии шабакаи террористии ан-Нусра равон намуда истодаанд!!..
Тибқи санадҳои меъёрии ҳукуқии байналхалқӣ…ва инчунин тибқи ақидаи исломӣ дахолат дар умури идории дохилаи як кишвар ғайриқонунӣ буда, ҳаргиз ҷиҳоди исломӣ нест, балки барои Катлу куштори мардуми як сарзамини дигар мерафтагиён, аз имон хориҷ мешаванд, зеро хадафи асосии ин зархаридони террористи ситезаҷӯ ва ҷоҳилони бемазҳаби такфирӣ қатли сохибватанон аст!!!.. Осебпазир сохтани амният ва суботи як ҷомеа ва ё як кишвар худ бузургтарин хиёнат ва латма ворид сохтан ба номи дини мубини ислом аст!
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ва низомӣ машҳур аст, ки ҳамин араб буд, ки ҳаракати Толибонро тавассути низомиёни кишвари Покистон таъсис дода, фатвои «Ҷиҳод»-ро ба муқобили СССР эълон намуда буданд!
Аммо ин шайхҳои иғвоангези маъишатбори чарбӣ ва такфирӣ худ дар ягон амалиёти чангӣ- низомӣ алайҳи армияи мусаллаҳи СССР иштирок накардаанд, балки дар тафреҳгоҳҳои лаби бахри Сурх дар шаҳри Чидда машғули кайфу сафо шуда, ноболиғони мардуми афғонро дар лагер ва урдугоҳҳои террорист- таёркунӣ таълиму тарбия намуда, ҳамчун соҳибқумандонҳои разманда ба муқобили куфр, мағзи ононро шустшӯ намуда, ба кишвари Афғонистон бозпас гардониданд! Яъне дар асоси нақшаҳои тарҳрезӣ гаштаи хадамотҳои истихборӣ шайхарабҳо «Ҷиҳод»-эълон намуда, навҷавонони ноболиги афғониро, ки дар ҷанг падару модари худро аз даст дода буданд, дар лагерҳои Терроистӣ муҳандисони низомии арабу зархаридони хориҷӣ сабаки ҷангӣ омухта, гуфтанд: «Ислом ҳамин қатлу куштор ва амалҳои террористӣ аст» ва боз ононро барои абатар сохтани авзоъи сиёсӣ ва динии Афгонистон ва ноором сохтани муҳити амниятии минтақа ирсол намуданд!
Чун ин Толибон дар муддати тулонии ҷанг аз ҳадафҳои сиёҳи зархаридони котил ва мустахбирот огоҳу вокиф шуданд, аммо судаашон накард, дигар онҳоро низ дар катори дигар шабакаҳои Террористон чомеаи башари шинохтанд!!..
Аз шумии ҷиҳоде, ки шайхҳои арабӣ дар Афғонистон эълон намуда буданд, то имруз сарзамини Афғонистон ҷои қатлу куштори мусалмолнон ва озмоиши яроқи куфри ҷаҳонӣ гашта, миллионҳо шаҳрвандони ин диёр муҳоҷиру дар ҳолати беватани умр ба сар мебаранд! Аммо шайхарабҳои чармӣ то кунан ба мардуми камбизоати Афғонистон кумаки молӣ намекунанд! Дар шаҳрҳои кишвари Арабӣ бошанд, балантарин серошёнаҳо, зеботирин тафреҳгоҳҳо ва беҳтарин маъишатгоҳҳоро пайрезӣ намуда, аз дарди дили мусалмонони камбағал шунидан намехоҳанд!
Аз шуми ҷиҳоди Арабӣ, на исломӣ ҳазорон хонаи мусалмон сӯхта, несту нобуд гашта, ҳар кафи хоки Афғонистон оғӯштаи хуни шаҳидон аст!
Тамоми лагерҳои махфии моҳияти экстремистӣ дошта ва урдугоҳҳои террорист таёрнамоӣ, аз ҷумла, интиҳору инфиҷорсозӣ, яъне аз инсони зинда сохтани бомбаҳои худкафон кори хамин шайхҳои чармӣ ва ё пулҳои сиёҳи онон ҳаст, ки бо дигар ташкилотҳои ҷосусӣ алоқамандии зич доранд!
Дини мубини ислом имрӯз аслиҳаи қатли мусалмонон ба дасти Салафия ва Ансоруллоҳ гаштааст! Набояд дини исломро ҳамчун яроқ ва силоҳ барои қатли мусалмонон истифода бурд! Аз ҳамин лиҳоз ҷиҳодҳои язиди моҳияти динӣ надоранд, балки беҳтарин афроди ҳушманд бо роҳи террор дар либоси ҷиҳод ба қатл расонда мешаванд!
Моҳи сипарӣ шуда бори дигар аст, ки шахсиятҳои шинохтаи шайхсалафия, ҳизбу-т-Таҳрир, Ансоруллоҳ, ан-Нусра, ал-Ҷиҳод дар қаламрави Арабистон ҷамъ омада, дастури «Ҷиҳод»-ро дар муқобили ҳукумати қонунии Сурия эълон намуда ва даъват аз он карданд, ки вазифаи ҳар мусалмон аст, ки аз гушаву канори олам омада, дар муқобили ҳукумати Сурия биҷанганд! Яъне ин тоифаи арабӣ дар зери парчами «Ҷиҳод» дидаву дониста, аз ҷангиёни террорист ва зархардиони қотил пуштибонӣ намуданд! Ин ҳолат аз он гувоҳӣ ва шаҳодат медиҳад, ки дини ислом дигар барои ин афроди сарнишини ҷиҳодӣ моҳияти ибодатӣ ва суннатӣ надорад, балки ба дини ислом иҷборан моҳият ва хусуияти террористӣ бахшида, нафрати инсонҳро ба он меафзоянд!
Аз шумии ҷангиёни зархарид дар Сурия қадимтарин осори таърихӣ, қабри саҳобани Расули Худо (с) ва зиёратгоҳу масчидҳои намозхонӣ тахириб ва чаппа карда шуданд! Ин тоифаи террористони ирсолӣ, ки бо кӯмаки шайхарабҳои салафия дар қаламрави Сирия ба ибораи арабӣ «Ҷиҳод» доранд, чунон мутаассиб, ҷоҳили акбар, золими хунхор ва беинсофу бешараф ҳастанд, ки дар зери шиорпартоиҳои «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар» инсонҳои бегуноҳ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро дастгир намуда, сар мебуранд ва ба таври намоишӣ дил ва ҷигари шахси кушта шударо канда, мехӯранд, то ин ки дар дили инсонҳо тарсу воҳимаро ҷойгир намоянд!!
Ин «Ҷиҳод»-и навбатӣ дар қаламрави Сурия аз ҷониби намояндаҳои салафия ва дигар созмонҳои моҳияти террористӣ дошта, ҳозорон фоҷиаи сиёҳро ба сари мардуми ин сарзамин хохад рехт. Иқтисодиёти миллӣ, корхонаву завод, масҷиду мактабҳоро хароб намуда, мардумро гирифтори ҳазорон мусибат сохтаанд балки алакай миёни иқтисодиёти ин кишварро шикастаанд! Дар майдонҳои ҷангӣ ва размандагӣ ба муқобили нерӯҳои ҳукуматии Сурия зархаридони салафия аз Франсия, Арабистон, Афғонистон, Туркманистон, Узбакистон, Кирғизистон, Уйғуристон, Тоҷикистон , Алжир, Покистон, Ҳиндустон низ ҳузур доранд! Ин силсила ва алоқамандии гуруҳҳои террористиро бори дигар бозгӯ мекунад, ки онҳо узви як пайкараи ал-Қоида ҳастанд, аммо усули даъват ва муборизаашон мухталиф аст!! Чунин нақша ва сенарияи ҷангӣ ва ҷиҳодиро ҳаракатҳои терористӣ метавонанд, ки дар ояндаи наздик дар кишварҳои Осиёи Миёна пиёда бисозанд, то Хилофатро барқарор намоянд!
Мусаллам аст, ки дар пушти ин Хилофат куфри бузурги ҷаҳонӣ пинҳон аст! Беҳтарин ҷавонони мусалмонро дар пиёдасозии «Хилофати дуруғин» чамъ намуда, фиреб дода, нест ва нобуд месозад ва ё як умра ононро дар зиндонҳои сиёсӣ аз озодӣ махрум месозанд!
«Тибқи маълумотҳои махфии ЦРУ ҳамасола Арабистони Саудӣ зиёда 70 миллиард доллар барои ташкилот ва лагерҳои таълимии терртористӣ дар бист (20) кишвари олам ҷудо намуда, сарф менамояд. Барои лагерҳои муҷоҳиддин яроқ, маводҳои интиҳорӣ, тарканда дастрас мекунад. Инчунин барои бино намудани масҷид, биноҳои таълимӣ, марказҳои ба ном исломӣ, мадраса ва интишори адабиётҳои моҳияти экстремистӣ дошта, маблағҳои зиёд ҷудо менамоянд!!
Ҳадамотҳои террористӣ аз ҳисоби «Бонки исломии ҳайриявӣ», Ташкилоти байналхалқии «Кӯмаки исломӣ», «Лигаи ҷаҳони ислом», Фонди «Ал-Ҳарамайн», «Рабита ал-ъолам ал-ислами», «Ассабелияи умумиҷаҳонии ҷавонони исломӣ». Фонди СААР (SAAR), Ташкилоти умумиҷаҳонии исломӣ (дар Америка номнавис шудааст) сармоягузорӣ карда мешаванд»- сарчашма: «Сомонаи интернетӣ»
Ҳадафи аслӣ ва мақсади асосии ин структураҳо ва фондҳои хайриявӣ, пеш аз ҳама ҷойгир намудани гумоштаҳои салафият- ансоруллох дар ҳама қишрҳои гуногуни кишварҳои ъолам ва ҷомеахои мусалмоннишин мебошад!
Ба баҳонаи таблиғи «Исломи Ноб»-у «Исломи инқилобӣ» ва «Қуръону аҳодис», мардумро мефиребанд! Онон таблиғгари улуми исломӣ набуда, балки дар асл ин ифротгароёни бемазҳабу ситезаҷӯ мубаллиғони идеологияи тероритсти салафия ва Ансоруллоҳ мебошанд.
Акидаҳои хатарнок ва заҳрогини ифротгароию хушунаткориро дар марказҳои арабӣ ва дигар лагерҳои таълимии давлатҳои ҳамсоя ҷавонони исломии ҷомеаҳои мусалмонниро сабақ меомӯзанд. Дар лагерҳои машқӣ-размандагии низомӣ ҷавонон ва ноболиғонро дар асоси адабиётҳои эътикодии салафиятгарой, дар руҳияи Ҷиҳод ва Интиҳору Инфиҷор алайҳи мусалмонони аҳли суннат ва ҷамоат, инчунин бар зидди аҳли ташшаюъ, кофирон ва низомҳои демократии дунявӣ таълим медиҳанд.
Адабиётҳои қатлу қитоли ҷиҳоди салафияро бо забонҳои гуногуни дунё чоп намуда, дастраси ҳамагон ройгон мерасонанд. Касе ақидаи вахҳобият-салафияро қабул надошта бошад, онро кофир ва мулҳид мешуморанд. Салафия- ваҳҳобия вазифаи муқаддаси худ мешуморанд, ҷиҳодро алайҳи насронихо, буддоистҳо, афроди ғайриэътиқоди салафия доштаро ва инчунин мусалмононе, ки соҳибмазҳаб (ҳанафӣ, шофеъӣ, моликӣ, ҳанбалӣ) мебошанд, дар олам густариши бузург бидиҳанд!
Лидерҳои алафия ва дигар созмону ҷамъиятҳои моҳияти террористӣ дошта, аз ҳисоби ҷавонони камогоху бехабар аз дини ислом «Смертник»- худкафонҳоро омода сохта, барои манфиятҳои террористии худ истифода мебаранд. Ва «Худкафон»-ҳоро «Шаҳид» меноманд. Занон, ноболиғон ва пиронро ба қатл мерасонанд ва ба кассе рахм надоранд!. Адабиётҳои динии салафия ва ваҳҳобия қатлу куштори уламо, пешвоёни сиёсӣ, кормандони мақомотхои интизомӣ, занон, тифлон ва бегуноҳонро дар ҳолати гузаронидани амалиётҳои интихорӣ ва ҷиҳодӣ ҷоиз мешуморанд!!
Мутаассифона дар мавсими Ҳаҷ бисёр адабиётҳои моҳияти ваҳҳобия- салафия доштаро чоп намуда, ба таври ройгон , тақсим мекунанд. Махсусан, адабиётҳое, ки моҳияти ҷиҳодӣ ва ҷангӣ доранд.
Масалан моҳи феврали соли 2002 дар сарҳади гумрукии ФР дар Башкирия 120 ҳазор китобҳои ваҳҳобия-салафияро ошкор намуда, гирифтанд, ки ҳоҷиён баъди ҳаҷ ононро ройгон гирифта, мехостанд, вориди қаламрави Федератсияи Россия бисозанд.
Соли 2003 фонди « Ал- Ҳарамайн» ба 50 кишвар, аз ҷумла, ба Европа, Осиёи Миёна, Африка, Америка 150 ҳазор адабиётҳои моҳияти ифротгаройӣ доштаро ройгон расонида, тавассути гумоштаву хидматгорҳояшон тақсим намуд. Танҳо барои минтақаи Курдистон 20 ҳазор китоб равон намуда, ба аҳолӣ тақсим карда шуд. Ҳамин фонд соли 1999-ум тавассути Озарбойҷон ҳазорон адабиётҳои динии моҳияти экстремистӣ ва террористӣ доштаро ба ФР ва Чичения ворид сохтааст. Кишварҳои Осиёи Миёна низ аз ин ранҷ холӣ нестанд. Дар мавсими Ҳаҷ ба ҳочиёни ин минтақа низ адабиётҳои мохияти салафиягароӣ дошта ройгон тақдим мекунанд!
Аҳли такфир тибқи супориши «Хоҷагон»-ашон ҷиҳодро беҳтарин роҳи расидан ба Ҳақ мешуморанд! Зимни ҳамин принрсипи ҷиҳоди коззиба беҳтарин афроди мусалмонро террор мекунанд ва муқаддастарин осори ислоиро тахриб месозанд. Ҳадафи аслӣ ва мақсади меҳварии аҳли такфир ва террористони бемазҳаби ифротгаро бадном кардани ҷиҳоди исломӣ мебошаду бас!
Аз шуми ҷиҳоди ахли такфир ва афроди террористмаъобони арабӣ беҳтарин сарлашкари халқи точиқ, қаҳрамони шинохтаи миллати мусалмон шери Панҷшер- Аҳмадшоҳи Масъуд (р) бо роҳи террор дар таърихи 9 сентябри соли 2009 аз ҷониби худкафони террорист ба шаҳодат расонда шуд! Худкафони мутаассиб дар лагерҳои махсуси террористӣ дар асоси барномахои салафия ба камол расида, худкафониро шеваи расидан ба ҷаннат мешуморид ва ризоияти Худоро дар катлу куштор афроди маъруфи исломӣ меҷӯяд ва тибқи барномахои таҳрезигаштаи ҷахони куфр даст ба террори Аҳмадшоҳи Масъуд (р) зад!
Баъдан устод Бурҳониддин Раббонӣ (р) низ аз дасти худкафони салафия, ки дар зери ғояҳои террористӣ ва идеологияи Такфирӣ ба камол расида буд, ба шаҳодат расонида шуд! Тассуби арабӣ ва ҷаҳли язидӣ ононро водор сохт, ки ин ду абармади исломӣ ва чеҳраи шинохтаи миллати тоҷику форсро бо роҳи интиҳор ба қатл расонанд!
18.08.2011 донишманди аҳли суннат ва ҷамоат, ситораи рахшони аҳли тариқат, ҳазрати Саид Афандӣ (р), ки муаллифи зиёда аз 50 асари исломӣ буд, дар кишвари Доғистони ФР зиндагӣ менамуд, аз ҷониби зани 30 солаи худкафони террорист дар хонаи истиқоматияш тарконда шуда, ба наздиконаш ба қатл расонида шуд! Зани худкафон тибқи супориши «Хоҷагони хориҷӣ»-и салафия ин амали номашруъро анҷом дод!! Сайд Афандӣ (р) барои он террор гардид, ки салафия ва дигар террористонро наҳй намуд, аз ҳарами поки дини ислом ҳимоят кард ва ба террористон напайваст!
21.03. 2013 Саид рамазони Бутӣ (р) бузургтарин донишманд ва муфтии аҳли суннат ва ҷамоат ҳангоми адои намози хуфтан дар масҷиди шаҳри Димишқ бо намозгузорони зиёд мавриди амали террористӣ қаррор гирифт. Дар натиҷаи ин амали интиҳорӣ-террористии салафия шайх Рамазони Бутӣ (р) бо ҳамроҳии 50 нафар намозхон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд! Меҳробу минбари масҷиди ҷомеъ оғуштаи хуни намозгузорони аҳли суннат гардид ва зиёда аз 100 нафар намозхони дигар ҷароҳатҳои махсусан вазнин бардоштанд!
Амали террористиро яке аз салафияи худкафон аз ҷабҳаи ан-Нусраи салафия анҷом додаст!! Сабаби бо усули интиҳор ба қатл расондани шайх Рамазон Бутӣ (р) аз он иборат буд, ки шайх қатлу куштор ва амалҳои номашруъи террористони Ансоруллоҳ, ан-Нусра, Салафия ва аъзоёни ҳмзбу-т-Таҳрирро дар қаламрави Сурия қатъиян маҳкум намуда буд!
Дар ин маврид тамоми аъзоёни тоҷики ҷараёни Салафия, Ан-Нусра ва Ансоруллоҳи дар тамоми саҳифаҳои интернетӣ аз хурсандӣ изҳори ташаккур намуданд, ки як мунофиқ, як суфӣ ва як пешвои аҳли тариқати нақшбандия- Рамазон Бутӣ (р) аз ҷониби як Салафии муҷоҳиди худкафон кушта гардид! Яъне Салафии худкафон кофир ва мушрики калон- шайх Бутӣ (р)-ро ба қатл расонид, ки беҳтарин амаларо иҷро намудааст!!»
Бубинед, ин тоифаи такфирӣ ва мутаасиби манкуртманиши салафия пеш аз ҳама душмани олимон, донишмандон ва пешвоёни хирадманди аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд!!!
Ин мутаассибони Ифротгарои ситезахӯ ва пуштибонҳои сиёҳдил ва Фиръавнпарасташон хуб медонанд, ки пеш аз ҳама уламои исломӣ, ҳушмандони бохирад, афроди ватандӯст аз макру тавиъаҳои террористии онон хуб бохабаранд ва то вакте ки унсур ва арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ, шофеъӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ по барҷост террористони салафия ва ёрони экстремисташон рӯзи некро нахоҳанд дид!
Имрӯз салафияи тоҷик гӯё қаноат ба баланд гуфтани «Омин» дар намоз хондан, дуъо накардану намозҳои суннатиро нахондан, кардаанд ва гӯё дар зоҳир ба умури давлатдорӣ дахолат надоранд! Аммо ҳақиқати ҳол баръакс ин назария ва гумонҳо мебошад! Ин дунҳиматони нопоки ифротгаро ва тундхӯи саҳобакӯши Салафия ва Ансоруллоҳ фурсати муносибро интизоранд, то даст ба амалҳои террористӣ бизананд! Фурсат барои амалҳои интиҳорӣ ба онон даст надодааст! Салафия бо лидерҳои навбаромади яманияшон дар талошу тарғиби ақидаҳои зидди башарияшон ба таври махфӣ ва ошкоро дар байни аҳолӣ ҳастанд!
Ҳатто 21 сентиябри соли 2012 Рошид Ғаннушӣ, раҳбари Ҷунбиши исломгарои Аннаҳзаи Тунис, фаъолиятҳои салафиҳои тундрав дар ин кишварро хатарнок тавсиф кард : «Салафиҳои тундрав хатаре барои Тунис ба шумор мераванд.
Салафия на танҳо барои Ҷунбиши Аннаҳза, балки барои озодиҳои умумӣ дар Тунис ва амнияти кишвар хатарнок ҳастанд.
Ҳар бор аҳзоб ё гурӯҳҳои тундраве ба таври ошкор поро аз хатти қирмизи озодӣ фаротар мениҳанд, ва бояд дар эъмоли назму қонун дар баробари онҳо, бо ҷиддият рафтор кард.
Лозим ба ёдоварӣ аст, гурӯҳҳои ифротгарои такфирӣ дар шаҳрҳои Тунис бо барпоии нишастҳое талош мекунанд, то салафиятро дар ин кишвар тарвиҷ кунанд, ва ин масъала яке аз илали фитнаангезӣ шудааст.
Гурӯҳҳои салафӣ тайи чанд моҳи ахир, ба теъдоде аз ҷашнвораҳои ҳунарӣ ва фарҳангӣ дар шаҳрҳои Тунис, аз ҷумлаи ҷашнвораи Алақсо дар шаҳри Бензерт, ки Самир Қинтор, қадимитарин асири озодшуда дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ дар он ҳузур дошт, ҳамла карданд.
Тибқи назар ва хулосахои дақиқи илмӣ ва шаръии масъулони Ҷунбиши Аннаҳзаи Тунис, фаъолиятҳои салафиҳои тундрав бо ҳадафи тағйири мазҳаби ҳазорон тунисӣ ва тасаллут ба маркази илмии «Аззайтуния» барои тадриси андешаҳои салафияти такфирӣ анҷом гирифта истодаанд!.
Мусаллам аст ки салафия дар ҳама гӯшаву канори дунё меҳмони нохонда буда, ба амалиётҳои террористӣ гузашта ва хатари ҷиддӣ ба расму оин, фарҳанги мардумони таҳҷоӣ, амният ва суботи давлатдорӣ эҷод карда истодаанд!
Салафияи тоҷик, ки дар урдугоҳ ва таълимотгоҳҳои мухталиф сабақ омӯхтаанд, бисёр мутаассиб ва ҷоҳиланд, бадтар аз салафияи Тунису Марокаш ва Алжир буда, дар ҳолати пурқуват гардиданашон хатари ҷиддӣ дар ҷомеа ба миён хоҳанд овард!! Инҳо барои сарнагун сохтани низоми демократӣ омадаанд, ки даст ба ҳама ҷиноят бизананд!
Ҳатто баъзе салафияи тоҷик аъзои ташкилоти террористии «Аморати Кавказ»- и Амир Д. Умаров буда, бо ҳамроҳии террористи ифротгарои мутаассиб Саид Бурятӣ даст дар амалиётҳои террористӣ задаанд! Саид Бурятӣ яке аз террористони номие мебошад, ки дар қатлу куштори кормандони милитсия фаъолона ширкат варзида ва бинои ШКД-ро дар қаламрави ФР тарконда, даҳҳо кормандони МҲҲ-ро ба қатл расондаанд! Ва имрӯз ҳам боварӣ дорам, ки ба таври махфӣ салафия ба ташкилоти террористии «Аморати Кавказ»- и Амир Д. Умаров ҳамкорӣ доранд!
Шайх Мурган Салим лидер ва амири салафияи Мисрӣ тамоми ифротгароёни салафияи мутаассибро барои вайрон намудани осори таърихӣ: «Пирамида»-ҳои замони Фиръавнӣ амр намуд.
Ба ақидаи ин салафия, яъне Шайх Мурган Салим вазифаи ҳар мусалмон аз ни борат аст, ки осори таърихӣ, аз ҷумла пирамидаҳоро тахриб намоянд. Осори таърихӣ ва пирамидаҳо нишони куфр ва ширк аст. Онҳо нишонаҳои бутпарастӣ мебошанд.. Ҳамчуноне, ки толиб дар Афғонистон Бутҳоро тахриб намуданд. Барои ҳамин тамоми ҳайкал ва пакараҳо вайрон ва маҳв карда шавад.
У мегуяд, замоне, ки у аъзои ҳаракти «Толибон» будам, шахсан дар тахриби осори таърихии Афгонистон ширкат варзидааст.
Дар ҷомеаҳои исломӣ ва мусалмон нишин набояд ягон осорӣ таърихӣ ба монанди ҳайкалҳо мавчӯд бошанд, вазифаи ҳар салафия иборат аз он аст, ки ҷиҳордро дар муқобили куфр истифода намояд!»
Шайх Мурган Салим лидер ва амири салафияи Мисрӣ дар замони Муборак зиндонӣ буд. Аммо баъди инқилоб озод шуда, фаъолиятҳои террористии худро дувумбора дар либоси салафия тақвият бахшидааст. Аз пешвоёни ҳизби «Нур»-и салафия дар Миср мебошад!
Баъзе аъзоёни салафияи тоҷик, ки дар Миср ҳастанд бо ин террорист- шайх Мурган Салим ва мавлави Иброҳими салафия байъат намуда, камар дар хидмати онон бастаанд! Баъди баргашт ба дилхоҳ ҷомеа ин тоифаи бемазҳаби торикуззиёрат ва торикуссалот, танҳо дар фикри табаддулоти давлатӣ бо роҳи инқилобҳои гулоби арабӣ ва тахриби осори таърихӣ мешаванд!
Зарурат ба ёдоварӣ аст, ки гуруҳҳои мусаллаҳ ва размандаи ҷиҳодии салафия дар таърихи 10. 01. 2010 бо ҳаракати Толибон ва ҲИУ якҷоя шуданд.
«Бузургтарин гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ ва низомии салафия дар Афғонистон бо ҳаракати Толибон ҳамроҳ гарданд, Салафия дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотхои террорстӣ дар зоҳир исломӣ барои мубориза бо куфр ва бақарор намудани Ҷумҳуриҳои исломӣ дар қаламрави Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар Бухорои шариф ва водии Фарғонаи Узбакистон, дар Тоҷикистону Қирғизистон ва дар минтақаи Уйғуристони Чин саъю талош доранд, аммо ҳадафии ассоии ин террористон ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва эҷодӣ чангҳои мазҳабӣ мебошад.
Салафия минтақаи Кунор ва Нуристони Афғонистонро пурра дар зери назорати худ карор додаанд. Даъвати онҳо дар зери шиорҳои «Қуръон ва суннат» ҳадафҳои сиёҳ ва саратонии худро таблиғ намуда, мухити динии ин минтакаро заҳрогин сохтаанд!.
Ба ақидаи мутахассисони исломшинос, ҷомеъашиносон ва экспертҳои сиёсатшиносӣ салафия дар Афғонистон мавқеи исломи суннатиро танг то андозае намуда, ба ҷои он исломи инқилобиро ҷойгузин намудаанд! Онҳо дар ихтиёри худ лагер ва урдугоҳҳои таълимӣ-низомӣ доранд, ки дар онҷо террористон ва зархаридони қотилро омода месозанд.
Шайх Абӯмунзир ал- Шинкитии салафӣ моҳи марти соли 2011-ум, дар қаламрави Казоқистон фатвои: «Ҳуҷум ба кормандони милитсияро вазифои шаръӣ ва муқаддаси салафия эълон намуд».
Аз назари салафиятеррористон Милитсия» ниҳоде мебошад, ки аз низоми куфр- демократии ҳимоя мекунад ва сади густариши таблиғу интишори идеология онон мегарданд! Аз ҳамин лиҳоз ба қатл расонидани кормандони МҲҲ вазифаи диёнати ҳар як аъзои салафия мебошад!
Ҳаракати ҷиҳодии салафия бо номи «Ҷунд-ал- Хилофат» дар Осиёи Миёна идеалогияти интиҳорӣ, такфирӣ ва размандагии Сайид Бурятиро таблиғ намуда истодааст. Муқобилияти низомӣ намудан бо милитсия ва тамоми ниҳодҳои амниятӣ ва интизомиро вазифаи муқаддас ва бошарафи ҷиҳодии ҳар салафия меҳисобанд.
Дар моҳи ноябри соли 2011 вазъияти сиёсӣ ва амниятии Қазоқистон яку якбора муташаниҷ гардид. Салафия дар шаҳрҳои Тироз ва вилояти Чамбул амалҳои терраростиро содир намуданд, ки боиси фавти одамони бегуноҳ ва кормандони милитсия гаштанд. Инчунин барои тахриби ҳайкали Қозӣ Қорпеш донишманди машҳури Қазоқ амалҳои ҷинояткоронаро иҷро намуданд. Яъне пайкараи таърихӣ ва осори фарҳангиро тахриб намуданд!
Аз ин нуктаи меҳварӣ ва ғояҳои террористии салафия бар меояд, ки онон на танҳо қатли кормандони МҲҲ (Мақомоти Ҳифзи Ҳуқуқ)- и кишвари Қазокистонро амр ба қатл кардан намудаанд, балки дар ҳама кишварҳо салафия амалҳои террористиро бар алайҳи кормандони давлатӣ, милитсия ва амниятии миллӣ равона месозанд!!
Чанд сол қабл шоҳиди он будем, ки террористони худкафонҳои такфрӣ ба ШКД-и шаҳри Хуҷанд ҳуҷум намуда, мошини сабукрави пур аз таҷҳизоти таркандаро инфиҷор намуданд!..
Касе худро мусалмон меҳисобад набояд бо салафияи саҳобакӯш ҳамкорӣ намояд ё язидсалафия шавад, балки дар ҳолати ошкор намудани шахсияти онҳо ва муайян намудаи ҷои таълиму таблиги салафияи террористон ба мақомотҳои интизомӣ муроҷиат намояд, то бо кӯмаки ин ниҳодҳои давлатӣ пеши роҳи густариши идеологияи салафия ва зиёдшавии аъзоёни онон гирифта шавад!
Вақти он аст, ки ба хотири Худо ва бақои сулҳу субот мо бетараф набошем ва ҳамзамон аз нақшаҳои душманони миллати тоҷик огоҳу бохабар бигардем! Яке аз роҳхои таблиғи салафиягароӣ ва чолон шудани омилҳои террористӣ дар фазои иттилоотии дини кишварамон бо роҳи қочоқ ворид шудан ё бо навиштани адабиёт ва китобҳои моҳияти терористӣ дар дохили ватанамон мебошад!
Аз таҳлил ва ташхиси адабиёт, китоб ва барномаҳои террористии Салафия, Ансоруллоҳ ва ҲИУ бармеояд, ки ин мунофиқони бемазхаб аз назди худ бисёр тағйиру иловаҳо дар матни китобҳои исломӣ ворид намуда, дар «Тафсирҳои Қуръон»-ҳо, китобҳои дарсии ақидавӣ, аҳодис ва таърихӣ шарҳу тавзеҳоти ғаразнок ва дуруғин навиштаанд, ки мағзи ҳазорон донишҷуёни исломиро заҳролуд сохта, ононро аз доираи исломи суннатӣ хориҷ сохтаанд!
Ҳолиё ба ҳайси намуна, яке аз китобҳои таълимии салафияро манзури хонандаи азиз месозам, то туллоби арҷманд аз макру шайтанатӣ ва тавтиъаву талбисоти ифротгароёни такфирӣ бохабар бошанд!
Чунин китоб: «Стратегияи Муҷоҳидон дар бораи лонаи муртадон» мебошад! Лидер ва пешвоёни такфирсалафия дар ин китоб усул ва роҳҳои вайрону чаппа намудани:
- Обектҳои маъмурӣ,
-Кафондани роҳу купрукҳо,
-Вайрон намудани роҳҳои оҳан,
-Биноҳои хизматӣ,
-Хонаҳои истиқоматии шахсони ғайриимонӣ,
-Пешвоёни дин,
-Олимони шинохта,
-Корношоям сохтани алоқаи дохилӣ ва берунии Хадамоти Амният,
-ВКД,
-Ба қатл расондани афроди низомӣ,
-Кормандони милитсия,
-Уламои шинохтаи исломӣ,
-Афроди боэътибори Миллат
-Нобуд сохтани марказҳои барқистеҳсолкунӣ,
-Симтурҳои барқӣ,
-Оташ задани «бензин заправка»-ҳо,
-Хароб намудани мактабҳои моҳияти дунявӣ дошта,
-Аз байн бурдани масҷидҳои мазҳабӣ
-Несту нобуд сохтани калисо ва миссионерҳои масехию католикӣ,
-Тахриби осори таърихӣ,..
-Таркондани ниҳодҳои фарҳангӣ..
Инчунин андарин китоб омадааст: Пурзур намудани муборизаҳои идеологӣ ва низомӣ бар алайҳи муртадҳою кофирон ва мазоҳиби исломӣ дар кишварҳои низомашон демократӣ-дунявӣ вазифаи аваалиндариҷаи ҳар Салафияи ситезачӯ ба ҳисоб рафта, барои онон аз ҳисоби фондҳои махсуси Террористӣ маблағҳои зиёди пулӣ ва молӣ ҷудо карда мешавад!
Баъди омӯзиши курсҳои махсуси террористӣ ва воизтаёркунӣ асҳоби такфирӣ ва баъди аз худ намудани китоби «Стратегияи Муҷоҳидон дар бораи лонаи муртадон» даст ба амалҳои террористӣ зада, қатлу куштори инсонҳои бегуноҳ дар назарашон аз арконҳои дини ислом ҳисобида мешавад!
Метавонем даҳҳо китобҳои таълимии ин тоифаи саҳобакӯши салафияро номбар намоем, ки моҳияти экстремистӣ ва ифротгароӣ дошта, хатари ҷиддӣ дар тарбияи насли ҷавон доранд!
Аксарияти мубаллиғони афкори ғояҳои экстремистии салафия, Ансоруллоҳ ва ан-Нусра қабилияти дарки ҳақоқи Қуръонӣ ва маърифати инсонӣ надоранд, балки маҳрум аз шинохти воқеият ҳастанд! Ҷаҳон ва муҳиту атрофро танҳо бо айнакҳои ғуборолӯди террористии «Хоҷагони хориҷӣ»-яшон нигариста, барои расидан ба ғаразҳои ботилу сиёсии гурӯҳии худ аз ягон амали зишт даст намекашанд!!
Имрӯз мавлавӣ-миссионерҳои ҳаракатҳои ифротгарои салафия ва амсоли он барои рушди ҷараёнҳои динии тундхӯи ғайриисломӣ роҳкушоӣ доранд ва хизмат дар камари ҷаҳони куфр бастааанд! Ҳазорон ҷавонони тоҷик хориҷ, аз касофатии ин ифротгароёни язидӣ ва беаҳамиятии уламои исломӣ, аз қаламрави дини мубини ислом гашта, вориди ҳаракатҳои зидди исломӣ чун «Баҳоия», «Шоҳидони Яҳва» гашта, болу пари имонии худро дар оташи куфри гайруллоҳ сухтаанд! Дигар барои «Мавлависалафия»-ҳои мафҳуми Ватан, миллат, фарҳанги миллӣ ва мазҳабӣ, арзишҳои исломӣ ва аҳлоқу кирдорҳои ҳасанаи инсонӣ хеҷ эътибор надоранд!
Пуштибонҳои салафия дар ҳар мӯҳит заминаҳои рушди ифротгароӣ ва такфиру интиҳоргароиро тақвият бахшида, бо ҳар баҳона аз Салафияи такфирӣ ва саҳобакӯш ҳимоят мекунанд!!
Лидерҳои ифротгаро бо асҳоби такфирии худ дар зери ғояҳои зиддибашарияшон дар паи таъсиси ниҳодҳои зарбазани низомӣ ва ҷузъу томҳои мусаллаҳи ҷиҳодӣ қарор доранд! Алакай чунин гуруҳҳои ҷангӣ-низомиро салафия дар қаламрави дигар манотиқҳои ҷаҳон бо номи «Ал-ҷамоату ал-исломия ал-мусаллаҳ» таъсис додаанд! Ҳадафи ин ташкилоти мусаллаҳонаи ҷангии салафия таълиму тарбияи ҷавонони мусалмон дар рӯхияи қатлу куштор ва ҷангу муборизаҳои низомӣ дар муқобили низомҳои демокротӣ дар зери шиори «Қуръон ва суннат» мебошад!
Ҳамчун манбаи хушунат ва қатлу куштор муааррифӣ намудани дини ислом аз ҷониби аъзоёни мутаассиб ва хуруфотандешаи ҷараёни Салафия аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ояндаи наздик аксарияти ҷавононе, ки вориди ин ҷараёнҳои тахрибкор, тундхӯ, ситезаҷӯ гаштаанд, комилан мункири Худо ва Паёмбараи акрам (с) гашта, қатлу куштор ва бадгӯйӣ ва бадрафториро шеваи зиндаги хеш қарор медиҳанд!
Имрӯз арабгароӣ ҷои меъёрҳои исломиро ба худ касб намудааст, ки хилофи таълимоти Қуръон ва суннат мебошад!
Чанд рӯз қабл Шайх Солеҳ Алмағосӣ чеҳраи саршиноси салафия, ки имомхатиби Масҷиди Қубо дар Мадинаи Мунавара аст, фаттвое ба унвон нӯшидани пешоб (мезак)-и Муҷоҳидин (такфириҳо)-ро барои артиши озоди Сурия ва ҷабҳаи Ан-Нусра ҷоиз донист ва гуфт:
«Нушидани мезаки Муҷоҳидин сабаби пок шудани гуноҳони ин муборизони артиши озод ва ҷабҳаи Ансура аз оташи дузах мешавад.
Алғомидӣ дар гуфтугу бо шабакаи Телевизионии «Висол»- и Арабистони Саудӣ бо тасдиқи сиҳати судури ин фатво аз тарафи худ ва бо баёни ин ки амал ба фатвои содира аз суи уламои кишвари Арабистон ба хотири гумроҳ нашудани гурҳҳои мусаллаи ҷангӣ ва ҷиҳодӣ дар Сурия ва Ироқ воҷиб аст!
Дунё марҳилаи гузаштан аст ва мӯъминон ва муҷоҳидон ба хусус муҷоҳидини (такфириҳои) Сурия дар касби аъмоли хайр ва касби туша барои охират бикушанд ва гуноҳони худро пок кунанд ва ин имтиҳоне аст барои муҷоҳидин ба хотири шустани гуноҳони худ, ки дар иҷрои ҳукми нушидани мезак нуҳуфтааст.
Вай дар фатвои «Ҷиҳоди никоҳӣ»-ро дар Сурия, яъне таҷовуз ба номуси занҳои ношиносро ҷоиз дониста, гуфтааст: Бисёриҳо аз ин фатво интиқод кардаанд, аммо ин фатво бидуни мушкил аст ва аз навъи ақидаи эмонӣ сарчашма мегирад ва ман ин фатворо тасдиқ мекунам».
Аз матни фатвои Алғомидӣ ошкор аст, ки ӯ барои ҳифзи ҷангиёни террорист ва зархаридони муҷоҳид, ки дар муқобили ҳукумати қонунии Сурия меҷанганд, пои худро болои Қуръон гузошта, бо камоли беодобӣ ҳаромро ҳалол эълон намудааст! Амалҳои ҷинояткоронаи терористони зархаридро, яъне таҷовуз ба номуси душизагон ва занони Суриягиро анҷом медиҳанд ва додаанд, машруъият бахшидааст! Дар зери мудели «Фатвои исломӣ» ҳимоят аз қотилон ва зархаридони ҳаракатҳои террористӣ ҳароми ҳаром аст! Алғомидӣ амали ҷинояткоронаи «таҷовуз ба номус»-ро «Ҷиходи никоҳӣ» маъниндод намуда, кирдорҳои ҷинояткорона ва зиддибашарии салафияро пинҳон намудааст!
Аз ҳамин лиҳоз тамоми кирдору рафтор ва гуфторҳои салафия ғайриисломӣ буда, хилофи Қуръон ва сунатун-Набӣ (с) мебошанд! Набояд ҷавонони саъодатманд аз террористони ифротгаро ва фатвоҳои зиддиисломи аҳли такфир пайравӣ намоянд ва ғояҳои мусибатбор ва хушунатрезу исломсӯзи салафияро дар қаламрави кишвари Тоҷикистони азизамон таблигу ташвиқ намоянд!
Шинохти арзишҳои фарҳанги исломи аз равзанаи эътиқодот ва ҷаҳонбини пуросеб ва заҳрогини ифротгароёни салафия ва ансоруллоҳ паёмадҳои бисёр ҷонсӯзу ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, барои ҳанафимазҳабон ва рушди иқтисоди миллии диёрамон дорад!
Интизор меравад, ки салафия бо воизони бемазҳабашон ҷангҳои мазҳабиро байни сокинони Тоҷикистон тақвият бахшида истодаанд, набояд ба дассисаҳои ин ифротгароёни ситезахӯ ва пуштибонҳои мазҳабситезашон бовар намуд, чунки амният ва суботи миллӣ барои ҳар фарди огоҳу оқил бузургтарин неъмати Истиқлолият аст! Ҳифзи истиқлолияти миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванд аст! Абдуллоҳи М. 6 декабри 2014.