Ҳасад: Яъне кинатузи нисбати касе ва хостори аз байн рафтани неъматҳоеки шомили он шуда аст.
Баъзеҳо гуфтаанд: Ҳасад ба ҳамон ранҷе мегӯянд, ки шахс ҳангоми бо хабар шудан аз ҳоли касеки вазъаш хуб шуда аст, мебарад.
Ҳамчунин гуфтаанд: Ҳасад яъне: Орзӯи дур шудани неъмат аз дигарон.
Ба ҳар ҳол ҳасад ҳамон буғзу кина ва кароҳат ва ранҷе аст, ки бо дидани хубии ҳоли маҳсуд ба ҳосид даст медиҳад.
Ҳасад бар ду навъ аст:
- Нороҳати ва ранҷур шудан ба хотири неъматеки насиби каси дигар шуда аст. Ин ҳасади мазмум ва нописанд мебошад, дар ин сурат ҳосид аз маҳсуд бадаш меояд ва ҳамвора бо дидани ӯ дучори нороҳати мегардад ва азият мешавад ва ин ба сурати бемори дар қалбаш мемонад ва агар бибинад ки он неъмат аз он шахс гирифта шуда аст, хушҳол мегардад. Ҳар чанд ки барои у аз назари моли манфиъате надошта бошад, ҳамин қадар барои ӯ кофи аст ки қалбаш ороми ҳосил кунад ва дигар эҳсоси дард ва ранҷ нанамояд.
Албатта бояд донист ки ин дард ва ранҷ барои ҳамеша аз байн намеравад балки у монанди бемори аст, ки дардаш бо даво барои муддате таскин ёфта ва беморияш ҳамчунон боқи мемонад. Чун ин буғз ва нороҳатии у нисбат ба неъмат ва бахшиши Худованд ба бандагонаш навъи бемори аст ва мумкин аст дубора нисбат ба касе дигаре баргардад. Ва ин ниҳояти бадбахти ва зиёнкори аст.
- Ҳосид бартарии маҳсудро бар худ нописанд медонад ва дӯст дорад бидуни онки чизе аз шахси маҳсуд кам шавад ӯ ҳам мисли шахси маҳсуд ё болотар аз ӯ бошад. Инҳам навъи ҳасад аст ва ба он ғибта низ мегӯянд.
Чунончи Паёмбари акрам(с) дар ҳадиси муттафақун алайҳи ки аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Абдуллоҳ ибни Умар ривоят шуда, онро ҳасад номида аст:
«لا حسد إلا في اثنتین رجل آتاه الله الحکمة فهو یقضي بها و یعلمها و رجل آتاه الله مالا و سلطه علی هلکته فی الحق».
«Ҳасад ҷуз дар ин ду чиз, ҷойз нест: 1. Мардеки Худованд ба у илм ва ҳикмате дода ва ба он қазоват мекунад ва ба мардум илм меомӯзад, 2. Касеки Худо ба у мол ва сарвате иноят карда аст ва уро бар он мусаллат гардонидааст то онро дар роҳи ҳақ сарф намояд».
Ва ривояти Абдуллоҳ ибни Умар чунин аст:
«لا حسد الا فی اثنتین رجل آتاه الله القرآن فهو یقوم به آناء اللیل والنهار».
«Ҳасад ҷуз дар ин ду чиз ҷоиз нест: 1. Мардеки Худованд бар у Қуръон дода ва ӯ шабу рӯз машғули хондан ва амал кардан бар он аст, 2. Мардеки Худованд бар ӯ мол ва сарвате дода аст ва у ҳам шабу рӯз машғули бахшидани он дар роҳи ҳақ аст».
Пас ин навъ ҳасад ки дар он дур шудани неъматро аз дигарон орзу накунад, балки онро барои худ низ орзу намояд ишколе надорад.
Имом Бухорӣ аз Абу Ҳурайра(р.з) ривоят мекунад ки Паёмбари акрам(с) фармуд:
«لا حسد إلا فی اثنتین: رجل آتاه الله القرآن فهو یتلوه اللیل والنهار فسمعه رجل فقال: یا لبتني أوتیت مثل ما أوتي هذا فعملت فیه مثل ما یعمل هذا و رجل آتاه الله مالا فهو یهلکه فی الحق فقال رجل: یا لبتني أوتیت مثل ما أوتي هذا فعملت فیه مثل ما یعمل هذا».
«Ҳасуди дар ғайри ин ду чиз дуруст нест: Яке дар бораи мардеки Худованд бар ӯ Қуръон дода аст ва ӯ шабу рӯз машғули тиловати он мебошад. Чунонки шахси дигаре Қуръон хондани уро мешунавад ва мегуяд: Худоё! Кош мисли ончики ба он мард ато кардаӣ ба ман низ ато мекарди, то ман ҳам монанди у тиловат мекардам. Ва мардеки Худо ба ӯ мол ва сарвате ато карда ва онро дар роҳи ҳақ сарф мекунад, шахси дигаре мегуяд: Худоё! Кош мисли ончики ба он мард ато кардаӣ ба ман низ ато мекарди то ман ҳам мисли ӯ амал мекардам».
Пас Паёмбари акрам ҳасадро фақат дар ин ду чиз ҷойз медонист. Ва ин навъ ҳасадро уламо Ғибта номидаанд. Ки иборат аз ҷалб кардани неъматеки Худованд ба дигаре додааст бидуни инки орзуӣ дур шудани неъмат аз он шахс бикунад.
Ва дар инҷо агар савол шавад ки чаро ба ғибта ҳасад гуфта шуда аст, дар ҳолеки инсон дӯст дорад Худованд ба у неъмати фаровон бидиҳад? Дар ҷавоб бояд гуфт: Нуқтаи оғози ин дӯст доштан ба хотири дидани он неъмат бар касе буда аст, ки аз дидани он эҳсоси дард ва ранҷ намуда аст. Ва агар он неъматро дар ғайри худ намедид ҳеҷгоҳ эҳсоси ниёз ба он намекард. Пас замонеки сарчашмаи ин эҳсос ва ин орзу чунин буда, барои он номе ҷуз ҳасад наметавон гирифт.
Аммо агар касе бидуни дидани он неъмат дар шахси дигар дӯст дошта бошад ки Худованд бидуни онки дари раҳматашро бар рӯйи дигаре бибандад ва неъматашро аз у бигирад, ба у низ неъмат бибахшад. Инро ҳасад наменоманд балки эҳсоси ниёз нисбат ба неъмате аст, ки онро аз Худояш дархост менамояд. Ва аксари мардум ба навъи дувум аз ҳасад имтиҳон ва озмоиш мешаванд. Худованд низ мехоҳад ки инсон навъи дувуми ҳасадро дошта бошад. Қобили ёдовари аст, ки ин навъро мунофаса (мусобақа додан дар ба даст овардани хайр ва неки) низ гуфтаанд, ки дар он ду нафар барои расидан ба хайр ва неки рақобат мекунанд ва ҳар ду қасди пирӯзи доранд, мехоҳанд ки муқарраби даргоҳи илоҳи бошанд.
Мусобиқа ва рақобат аз роҳи шаръи ишколе надорад балки мавриди ситоиш ва тақдир низ мебошад. Чунончи Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٍ ٢٢ عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ ٢٣ تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِهِمۡ نَضۡرَةَ ٱلنَّعِيمِ ٢٤ يُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِيقٖ مَّخۡتُومٍ ٢٥ خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٞۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ٢٦﴾ [المطففين 22- 26]
«Албатта, некон дар неъматанд,
Бар тахтҳо нишаста ва наззора мекунанд.
Бар чеҳраашон таровати неъматро мешиносӣ.
Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд.
Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастикунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ мекунанд» Мутаффифин 22- 26
Дар ин оят Худованд ба сабқат гирандагон ва шитобандагон мефармояд барои ба даст овардан ва расидан ба неъматҳои абадии биҳишт бо ҳам мусобиқа диҳанд на барои ба даст овардани дунёи фони. Ва ин мафҳум мувофиқи ҳадиси Паёмбари Худо(с) мебошад ки дар он аз роҳи ҳасодат расидан наҳи кардааст, магар дар ду маврид: Яке инки Худо ба касе илм ато намуда ва он шахс низ ба он илми худ амал мекунад ва онро ба дигарон ёд медиҳад. Дувум: касеки ба ӯ илм дода шуда аст, на ба он амал мекунад ва на ба дигарон ёд медиҳад ё моле ба ӯ дода шуда ва онро дар роҳи Худо сарф намекунад, арзиши ҳасуди надорад ва набояд орзуй расидан ба уро дошт зеро дар расидан ба ӯ хайре вуҷуд надорад ба ҷуз азоб ва бадбахти.
Ҳамчунон ба касеки вилоят ва сарпарасти вогузор мешавад ва ӯ низ ба адлу илм дар анҷоми он мекушад ва амонатро ба аҳлаш мерасонад ва ҳаққи вилоятро онгунаеки ҳаст адо мекунад ва миёни мардум ба Қуръону ҳадис ҳукм менамояд, аз дараҷаи болои бархурдор аст. Ва мисоли ӯ монанди муҷоҳиде аст ки дар ҷиҳоди бузурге ба сар мебарад. Чун нафси башари тавре халқ шуда аст, ки нисбат ба касонеки дар сахти ва ранҷи зиёде ҳастанд ҳасодат намекунад. Ба ҳамин хотир аст ки Паёмбари акрам (с) баҳси муҷоҳид дар роҳи Худоро дар аҳодиси ҳасодат наёварда аст, зеро инсони муҷоҳид дар чунон сахти ва нороҳатие ба сар мебарад, ки дороӣ фазл ва бартари бештаре нисбат ба касе аст, ки молашро дар роҳи Худо инфоқ мекунад ва ё илмашро ба мардум ёд медиҳад, чун ин ду даста дорои душмане нестанд ки ба онҳо фишор биёварад ва дучори сахти ва нороҳати шаванд.
Ва агар онҳо низ дар роҳи инфоқи мол ва нашри илм дорои душмане шаванд, қатъан хайр ва савоби онҳо низ афзоиш меёбад. Ҳамчунин Паёмабари ислом (с) баҳси инсони намозгузор, рузадор ва ҳаҷ кунандаро дар аҳодиси ҳасодат зикр накард. Зеро ингуна аъмол маъмулан аз назари иҷтимоъи барои инсон ба қадри инфоқ ва илмомӯзи судманд нестанд.
Ҳасад варзидан бештар нисбат ба мансаб ва мақоми раёсат иттифоқ меафтад на ба хотири вазъияти хуроку либос ва нушидани ва ғайра. Бино барин Паёмбари Худо (с) ҳасадро нисбат ба соҳиби мол ва олим ҷоиз донист ба шартеки ба сурати ғибта бошад. Чун ин ду шахс ҳамеша дар миёни мардум дорои қадру манзилати зиёде бошанд. Ва ҳамвора гуруҳи анбуҳи мардум пиромуни уламо ва сармоядорон дида мешаванд. Олим ба мардум ғизои руҳию равони медиҳад ва соҳиби мол ба мардум ғизои ҷисми медиҳад ва дар ҳар ҳолат мардум ба онҳо ниёз доранд чунонеки Худованд мефармояд:
﴿ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا عَبۡدٗا مَّمۡلُوكٗا لَّا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَمَن رَّزَقۡنَٰهُ مِنَّا رِزۡقًا حَسَنٗا فَهُوَ يُنفِقُ مِنۡهُ سِرّٗا وَجَهۡرًاۖ هَلۡ يَسۡتَوُۥنَۚ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٧٥ وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا رَّجُلَيۡنِ أَحَدُهُمَآ أَبۡكَمُ لَا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَهُوَ كَلٌّ عَلَىٰ مَوۡلَىٰهُ أَيۡنَمَا يُوَجِّههُّ لَا يَأۡتِ بِخَيۡرٍ هَلۡ يَسۡتَوِي هُوَ وَمَن يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَهُوَ عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ٧٦﴾ [النحل 75 -76]
«Худо ғуломи зархаридеро мисол меорад, ки ҳеҷ қудрате надорад ва касеро, ки аз ҷониби хеш ризқи некӯяш додаем ва дар ниҳону ошкоро нафақа мекунад. Оё ин ду баробаранд? Сипос (ситоиш) хоси Худост, балки бештарашон намедонанд.
Ва Худо мисоли ду мардро баён мекунад, ки яке гунг асту тавони ҳеҷ чиз надорад ва бори дӯши хоҷаи худ аст, ҳар ҷо, ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст?» Наҳл 75-76
Мисоли аввал: Худованд дар ин мисол зоти пок ва муқаддаси худро бо шариконеки мардум дар ибодат бо Ӯ гирифтаанд муқойса мекунад. Шарикон ва бутонеки ҳеҷ қудрате бар анҷоми амали судманд ва ё каломи муфид надоранд. Оё касеки барда ва ғуломи каси дигаре бошад ва қодир бар анҷоми ҳеҷ коре набошад, бо касеки Худованд ба у молу сарват ато карда ва ӯ низ аз ин молу сарват дар роҳи Худо инфоқ мекунад, баробар аст? Пас Худовандеки қодир ба неки расондан ба бандагон аст, читавр шабеҳ ва монанди махлуқи оҷиз ва нотавон мебошад, ки қудрати анҷоми ҳеҷ кори муфидро надорад? Читавр мумкин аст ки чунин махлуқеро бо Худо шарик қарор дод? Аслан чунин чиз маҳол ва ғайри қобили тасаввур аст.
Мисоли дувум: Боз Худованд дар ин мисол зоти поку муқаддасашро бо шариконеки мардум дар ибодат барои Худованд қарор додаанд муқоиса мекунад, шарикон ва бутонеки наметавонанд ҳарф бизананд ва фикр кунанд. Оё касеки лол аст ва наметавонад бияндешад ва қодир ба анҷоми ҳеҷ коре нест ва бори гардани соҳибаш аст ва ҳар замон ки ӯро ба дунболи коре бифиристанд наметавонад онро анҷом диҳад ва ҳеҷ нафъе надорад, монанди касе аст, ки олим аст ва адолат мекунад ва ба роҳи рост ва адл даъват менамояд ва худаш низ ба роҳи рост устувор аст? Пас чи расид ки бандаеро бо Худованде, ки олим, одил, қодир бар амру наҳи ва барпо дорандаи роҳи рост аст шарик бикунанд. Худованд мефармояд:
﴿شَهِدَ ٱللَّهُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَأُوْلُواْ ٱلۡعِلۡمِ قَآئِمَۢا بِٱلۡقِسۡطِۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ١٨﴾ [آل عمران 18]
«Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ худое (барҳақ) ҷуз ӯ нест. Ва гувоҳӣ доданд фариштагону донишмандон дар он ҳол, ки Худо тадбиркунандаи олам аст ба адл. Худое (барҳақ) ҷуз ӯ нест, ки пирӯзманду ҳаким аст!» Оли Имрон 18
На! ҳаргиз, Худованд бо бутон ва шарикони паст ва бе арзиш қобили муқоиса нест.
Ба хотири ҳамин ду неъмати ёд шуда буд ки мардум хонаводаи Аббосро бузург ва муҳтарам мешумурданд зеро дар он хонавода Абдуллоҳ ибни Аббос (р.з) вуҷуд дошт ки ба мардум Қуръон ва ҳадисро ёд медод ва бародари дигараш ба мардум ғизо медод, мардум низ онҳоро гироми медоштанд.
Ҳамчунин вақтоки Муъовия (р.з) мардумро медид ки аҳком ва маносики ҳаҷҷи хешро аз саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) мепурсанд ва ӯ ба онҳо посух медиҳад гуфт: Ба Худо савганд ин шарофати бузурге аст ки Худованд насиби Абдуллоҳ карда аст.
Ривоят шуда аст, ки Умар бо Абубакр(рз) дар ба даст овардани хайр ва неки мусобиқа мекарданд. Чунонки дар ривоятеки аз Умар (р.з) нақл шуда аст мегуяд:
«أمرنا رسول الله أن نتصدق. فوافق ذلک مالا عندی. فقلت: الیوم أسبق أبابکر إن سبقته یوم. قال: فجئت بنصف مالي. قال: فقال لي رسول الله: ما أبقيت لأهلك؟ قلت: مثله. وأتى أبوبكر رضي الله عنه بكل ما عنده. فقال له رسول الله: ما أبقيت لأهلك؟ قال: أبقيت لهم الله و رسوله. فقلت: لا أسابقك إلي شيء أبدا».
«Паёмбари акрам (с) моро амр кард ки барои ҷиҳод дар роҳи Худо мол биёварем. Ман ҳам моле доштам. Бо худ гуфтам: агар бино бошад рузе аз Абубакр сабқат бигирам, сабқат мегирам. Барои ҳамин нисфи моле ки доштам назди он ҳазрат бурдам. Паёмбари Худо фармуд: Чизе барои хонаводаат боқи гузоштаӣ? Гуфтам :Нисфи молро барои онҳо гузоштам. Дар онлаҳза Абубакр тамоми молашро овард. Паёмбари акрам ба ӯ гуфт: Чизе барои хонаводаат боқи гузоштаӣ? Гуфт: Худо ва расулашро барои онҳо боқи гузоштаам. Гуфтам: Эй Абубакр! ман ҳеҷгоҳ дар анҷоми чизе аз ту пеши нахоҳам ҷуст».
Ончиро ки ҳазрати Умар (р.з) анҷом дод, навъи мусобиқа дар амри хайр ва ғибтаи саҳеҳ буд. Вале Абубакр (р.з) ҳамеша нисбат ба Умар бартари дошт ва ӯ ниёзе ба мусобиқа ва ғибта надошт аз инру ҳеҷгоҳ ба ҳол ва вазъи касе дигар ҳасад намеварзад.
Паёмбари Худо Мусо алайҳи салом низ дар ҳангоми меъроҷ ба ҳоли хотами Паёмбарон ғибта хурд то ҷоеки чунин ривоят шуда аст.
«بکی لما تجاوزه النبی فقیل له: ما یبکیک؟ فقال: أبکي لأن غلاما بعث بعدي یدخل الجنة من أمته أكثر ممن يدخلها من أمتي». البخاري ومسلم.
«Замоне ки Паёмбари акрам аз канори Мусо (алайҳи салом гузашт, ба гиря афтод. Гуфтанд: чаро гиря мекуни? Гуфт: ба хотири инки навҷавоне баъд аз ман мабъус шуда аст ва теъдоди касонеки аз уммати у вориди биҳишт мешаванд аз уммати ман бештаранд» Бухори ва Муслим.
Дар миёни саҳобаи расули Худо (с) ашхоси дигаре низ чун Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р.з) ва амсоли ӯ буданд ки аз ҳамин навъ ҳасади мубоҳ яъне: ғибта хурдан дури мекарданд, чун дараҷа ва мақоми онҳо болотар аз ин буд ки ба шахси дигаре ғибта бихуранд ва ба ҳамин хотир аст ки Абуубайда (р.з) шойстагии амини уммат буданро аз тарафи Паёмбари акрам (с) ба даст овард ва чунончи Паёмбари акрам уро амини Уммат номида аст.
Пас шахси аминеки дар худ ҳеҷгуна тарсу эҳсосе нисбат ба кутоҳи дар амонатҳо намебинад, аз касе ки дар худ эҳсоси нақс дар амонатдори мекунад, муқаддамтар аст.
Дар ҳадисеки имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р) ривоят карда аст, Анас ибни Молик (р.з) мегуяд:
«كنا يوما جلوسا عند رسول الله فقال: يطلع عليكم الآن من هذا الفلج رجل من أهل الجنة. قال فطلع رجل من الأنصار ينظف لحيته من وضوء، قد علق نعلیه فی یده الشمال فسلم. فلما کان الغد قال النبی مثل ذلک، فطلع ذلک الرجل علی مثل حاله، فلما کان الیوم الثالث قال النبی مثل ذلک، فطلع ذلک الرجل علی مثل حاله».
«Рӯзе назди Паёмбари Худо нишаста будем. Он ҳазрат фармуд: Акнун аз ин тараф марде аз аҳли биҳишт меояд. Ногаҳон марде аз ансор омад, дар ҳолеки маҳосини (ришу рӯи) худро аз вузуеки гирифта буд хушк мекард ва кафшҳояшро ба дасти чап гирифта буд. Ӯ наздик омада салом кард. Фардои онрӯз дубора Паёмбари акрам (с) сухани дирӯзаро такрор кард ва ногаҳон ҳамон мард ба ҳамон ҳолати рӯзи қабли омад. Рӯзи сеюм низ Паёмбари акрам сухани рӯзи гузаштаашро такрор кард ва боз ҳамон мард ба ҳамон ҳолати қабли омад».
Ҳангоме ки Паёмбари Худо бархост ва рафт Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос дунболи он мард бар роҳ афтод ва баъдан чунин таъриф кард: Назди он мард рафтам ва гуфтам: Ман бо падарам дучори ихтилоф шуда ва савганд хурдаам, ки то се рӯз наздаш наравам, агар иҷоза бидиҳед мехоҳам ба хонаи шумо биёям. Он мард иҷозат дод ва се шабона рӯз дар хонааш будам. Дар ин муддат амале махсусе аз он мард надидам, фақат ӯ шабҳо вақтоки либос дар меовард мехобид, зикри Худоро мекард ва такбир мегуфт ва то фаро расидани намози субҳ мехобид. Абдуллоҳ мегуяд: Аз он шахс ҷуз шукр ва сипоси Худо чизе нашунидам, вақте хостам ба хонаам бар гардам ба ӯ гуфтам: Эй бандаи Худо! Ман бо падарам ҳеҷгуана мушкили надорам. Балки аз Паёмабари акрам (с) шунидам ки се бор фармуд: “Акнун марде аз аҳли биҳишт аз фалон роҳ меояд” ва ҳар се бор ту аз он роҳ омади. Хостам чанд рӯзе бо ту бошам то бубинам чи амале анҷом медиҳи ки биҳишти шудаи то ман низ онгуна амал кунам. Вале туро надидам ки амали зиёде анҷом диҳи. Пас чӣ чизе боис шуд то Паёмбари Худо дар ҳақи ту бигуяд, биҳишти ҳасти? Он мард гуфт: Ман амали хоссе анҷом намедиҳам ки боиси биҳишти шуданам шуда бошад. Танҳо медонам ки кина ва буғзи ҳеҷ мусалмонеро дар дил надорам ва нисбат ба хайре ки Худованд ба касе ато карда ҳасад намеварзам. Абдуллоҳ гуфт: Пас ҳамин аст он чизеки туро ба ин мақом расонида аст ва ҳар кас тавони онро надорад.
Манзури Абдуллоҳ ибни Амр ин буд ки гарчи зоҳири ин амал сода ба назар мерасад, вале бештари мардум ба он гирифтор ҳастанд. Ва ба ҳамин хотир аст ки Худованд ансорро мавриди ситоиш ва тамҷид қарор медиҳад ва дар мавриди онон мефармояд:
﴿وَلَا يَجِدُونَ فِي صُدُورِهِمۡ حَاجَةٗ مِّمَّآ أُوتُواْ وَيُؤۡثِرُونَ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ وَلَوۡ كَانَ بِهِمۡ خَصَاصَةٞۚ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفۡسِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ٩﴾ [الحشر 9]
«Ва касоне, ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ будаанд ва имон овардаанд, онҳоеро, ки ба сӯяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд. Ва аз он чӣ муҳоҷиронро дода мешавад, дар дил эҳсоси ҳасад намекунанд ва дигаронро (муҳоҷиронро) бар худ тарҷеҳ (афзалият) медиҳанд, ҳар чанд худ (ансор) мӯҳтоҷ бошанд. Ва онон, ки аз бухли хеш дар амон монда бошанд, растагоронанд!». Ҳашр 9.
Муфассирон мегуянд: Ансор дар дилҳояшон ҳеҷгуна эҳсоси ҳасад ва ғибтае нисбат ба ончики аз моли файъ (молеки бидуни ҷанг дар ҷиҳод бо кофирон ба даст меояд) ба муҳоҷирон дода мешуд надоштанд. Ҳатто мол ва сарвати худашонро низ бо муҳоҷирон тақсим мекарданд. Бо вуҷуди ин дар миёни Авс ва Хазраҷ ки аз қабоили Мадина буданд ғибта вуҷуд дошт ва ба якдигар ғибта мехурданд, чунончи дар диндори бо ҳамдигар рақобат мекарданд ва агар яке аз онҳо медид ки тарафи муқобил кореро анҷом дода, ки боиси фазл ва бартарии ӯ назди Худо ва Паёмбари Худо шуда аст, ӯ низ фавран ба анҷоми он кор мубодарат меварзид, то аз ин фазл ва бартари бе баҳра намонад.
Албатта ин масъала мусобиқа барои расидан ва тақарруб ба Худованди бузург буд, на навъи кина ва буғз нисбат ба якдигар ва ҳасодат ва ғибтае буд бароӣ расидан ба камол ва паймудани тариқи саъодат на тасоҳуби мақом ва мансаби дуняви. Хушо ба ҳоли чунин дилҳо, ва хушо ба ҳоли соҳибони чунин дилҳо зеро Худованд мефармояд:
﴿خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٞۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ ٢٦﴾ [المطففين26]
«Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастикунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ мекунанд». Мутаффифин 26.
Аммо он ҳасадеро ки мазмум ва нописанд аст Худованд ҳаром қарор дода аст чунонеки дар мавриди ҳасодати Яҳуд мефармояд:
﴿وَدَّ كَثِيرٞ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ لَوۡ يَرُدُّونَكُم مِّنۢ بَعۡدِ إِيمَٰنِكُمۡ كُفَّارًا حَسَدٗا مِّنۡ عِندِ أَنفُسِهِم مِّنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلۡحَقُّۖ فَٱعۡفُواْ وَٱصۡفَحُواْ حَتَّىٰ يَأۡتِيَ ٱللَّهُ بِأَمۡرِهِۦٓۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ١٠٩﴾ [البقرة 109]
«Бисёре аз аҳли Китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯи ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед ва гузашт кунед, то Худо фармонашро биёварад, кӣ ӯ бар ҳар коре тавоност!». Бақара 109.
Яҳудиён муртад шуданд ва боз гашти аз исломи мусалмононро аз рӯйи ҳасад ва кинаеки доштанд орзу мекарданд. Зеро онҳо аз ин неъмат ва фазле ки насиби мусалмонон шуда буд хеле нороҳат буданд ва эҳсоси буғзу кина мекарданд. Дар ин бора Худованд мефармояд:
﴿أَمۡ يَحۡسُدُونَ ٱلنَّاسَ عَلَىٰ مَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦۖ فَقَدۡ ءَاتَيۡنَآ ءَالَ إِبۡرَٰهِيمَ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَءَاتَيۡنَٰهُم مُّلۡكًا عَظِيمٗا ٥٤ فَمِنۡهُم مَّنۡ ءَامَنَ بِهِۦ وَمِنۡهُم مَّن صَدَّ عَنۡهُۚ وَكَفَىٰ بِجَهَنَّمَ سَعِيرًا ٥٥﴾ [النساء 54 – 55]
«Ё бар мардум ба хотири неъмате, ки Худо аз фазли хеш ба онҳо додааст, ҳасад мебаранд? Дар ҳоле, ки мо ба хонадони Иброҳим китобу ҳикмат додем ва фармонравоии бузург арзонӣ доштем.
Баъзе ба он имон оварданд ва баъзе аз он рӯй гардонданд. Дӯзах – он оташи афрӯхта онҳоро бас!» Нисо 54/55.
Ҳамчунини Худованди мутаъол мефармояд:
﴿قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلۡفَلَقِ ١ مِن شَرِّ مَا خَلَقَ ٢ وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ ٣ وَمِن شَرِّ ٱلنَّفَّٰثَٰتِ فِي ٱلۡعُقَدِ ٤ وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ ٥﴾ [الفلق 1-5]
«Бигӯ: «Ба Парвардигори субҳдам паноҳ мебарам,
Аз шарри он чӣ биёфаридааст
Аа аз шарри шаб чун дарояд
Аа аз шарри ҷодугароне, ки дар гиреҳҳо медаманд.
Аа аз шарри ҳасуд чун ҳасад меварзад!» фалақ 1-5
Муфассирон мегӯянд: Ин сура ба хотири ҳасодати яҳудиён ва сеҳреки Лабид ибни Аъсам дар ҳақи Паёмбари акрам (с) анҷом дод нозил шуд. Пас агар шахси ҳасуд бар асоси ҳасодати худ амал кунад ситамгар ва мутаҷовиз ба ҳисоб меояд. Дар натиҷа мустаҳиқи азоби Худованди мегардад. Аз ин рӯй бояд аз ҳасодат даст бардорад ва тавба кунад. Аммо шахсеки мавриди ҳасодат қарор гирифта мазлум аст ва бояд дар баробари азият ва озори ҳасуд сабр кунад ва аз шарри у аз Худо паноҳ бибарад то имонаш солим бимонад.
Худованди муттаъол мефармояд:
﴿وَدَّ كَثِيرٞ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ لَوۡ يَرُدُّونَكُم مِّنۢ بَعۡدِ إِيمَٰنِكُمۡ كُفَّارًا حَسَدٗا مِّنۡ عِندِ أَنفُسِهِم مِّنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلۡحَقُّۖ فَٱعۡفُواْ وَٱصۡفَحُواْ حَتَّىٰ يَأۡتِيَ ٱللَّهُ بِأَمۡرِهِۦٓۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ١٠٩﴾ [البقرة 109]
«Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯи ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед ва гузашт кунед, то Худо фармонашро биёварад, кӣ ӯ бар ҳар коре тавоност!» Бақара 109.
Худованд Юсуфро ба василаи ҳасодати бародаронаш ба у мавриди озмуйш қарор дод чунонки бародаронаш гуфтанд:
﴿إِذۡ قَالُواْ لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَىٰٓ أَبِينَا مِنَّا وَنَحۡنُ عُصۡبَةٌ إِنَّ أَبَانَا لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ ٨﴾ [يوسف 8]
«Он гоҳ, ки гуфтанд: «Юсуф ва бародараш (Бинёмин, ки аз як падару як модаранд) назди падарамон маҳбубтар аз мо ҳастанд, ҳол он ки мо худ як ҷамоъатем. Албатта, падарамон дар иштибоҳи ошкорест» Юсуф 8.
Онҳо нисбат ба ҷойгоҳ ва манзилати Юсуф ва бародараш Бинёмин назди падарашон доштанд, ҳасодат варзиданд бино барин Яъқуб алайҳи салом ба Юсуф гуфт:
﴿قَالَ يَٰبُنَيَّ لَا تَقۡصُصۡ رُءۡيَاكَ عَلَىٰٓ إِخۡوَتِكَ فَيَكِيدُواْ لَكَ كَيۡدًاۖ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ لِلۡإِنسَٰنِ عَدُوّٞ مُّبِينٞ ٥﴾ [يوسف 5]
«Гуфт: «Эй писаракам, хобатро барои бародаронат ҳикоят макун, ки туро ҳилае меандешанд. Зеро шайтон одамиёнро душмане ошкор аст!» Юсуф 5.
Барои ҳамин онҳо бо суҳбат кардан дар мавриди қатли Юсуф ва андохтани ӯ дар чоҳ ва фурухтани вай ба унвони барда (ғулом) ба касонеки ба сарзамини куфр мерафтанд ва боъис шуданд ки Юсуф бардаи куффор шавад, дар ҳақи Юсуф ситам раво доштанд ва уро мавриди ситам қарор доданд. Ва дар инҷо Юсуф ба василаи занеки уро ба фасод даъват мекард мавриди озмоиш қарор гирифт ва ӯ барои наҷот ба Худованд паноҳ бурд ва зиндонро бар озоди ва азоби дунёро бар азоби охират баргузид. Мулоҳаза мекунем ки Юсуф дар ин ҷараёнҳо ба сабаби муҳаббати он зан мазлум ва мавриди ситам қарор гирифт. Бародарон кинатузаш ҳам ба сабаби кинаеки нисбат ба Юсуф дар дил доштанд ӯро дар чоҳ андохтанд. Сипас ба унвони бардаи асир ва бе ихтиёр уро фурухтанд ва Юсуф ки дар ниҳоят мардонаги ва озодӣ буд ба боғи бардаги дар оварданд ва сар анҷом ӯро ба зиндон андохтанд. Ва ин озмойши сахтарин буд.
Юсуф бузургтарин ва сахттарин мусибатҳо ва ранҷҳоро мутаҳаммил шуд ва бо ихтиёри комил роҳи сабрро баргузид ва бо тақвое ки дошт ҳама чизро таҳаммул кард. Ба хилофи сабр дар муқобили ситамҳое ки ба ӯ раво доштанд. Зеро дар онҷо ҳеҷ ихтиёре надошт ва комилан маҷбур буд. Бояд донист ки сабр аз анҷоми маъсият аз сабр ба маъсият афзал аст. Чунончи ки Худованд мефармояд:
﴿إِنَّهُۥ مَن يَتَّقِ وَيَصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٩٠﴾ [يوسف 90]
«Зеро ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабрро пеша кунад, Худо муздашро нобуд намесозад» Юсуф 90.
Инсони муъмин ингуна бар имонаш сабр дошта бошад, яъне агар аз ӯ хостанд, ки аз динаш даст бардорад ва кофир шавад вагарна ба зиндонаш меандозанд, ё аз сарзаминаш берунаш мекунанд, бояд бар имонаш устувор бимонад ва роҳи дуюмро интихоб намояд яъне роҳи сабр ва таҳаммулро дар пеш гирад. Ва ҳиҷратро бипазирад ҳамчунон ки ин масъала барои муҳоҷирони садри ислом пеш омад ва онҳо тарки ватанро бар даст кашидан аз динашон тарҷиҳ доданд ва пайваста мавриди азият воқеъ мешуданд.
Паёмбари бузурги ислом низ ба шеваҳои мухталиф мавриди азият ва азоб қарор гирифт, зеро аз Юсуф хоста шуд, ки ё зино кунад ва ё ба зиндон биравад вале аз Паёмбари акрам (с) ва асҳобаш хоста шуд ки аз динашон даст бардоранд вагарна кушта мешаванд. Албатта зиндони шудан аз куштан роҳаттар аст.
Албатта бояд донист ки мушрикон Паёмбари Худо ва тоифаи бани Ҳошимро барои муддати зиёде дар шаъби Абутолиб зиндони, муҳосира ва таҳрими иқтисоди карданд ва пас аз марги Абутолиб доираи фишорашон бар Паёмбари Худо тангтар шуд. Ва ҳангомеки аз байъати ансор бо Паёмбари акрам дар ақабаи аввал ва дуюм бо хабар шуданд дар садад ҷилавгири аз ҳиҷрати мусалмонон ба Мадина шуданд. Ва ҳатто тасмим гирифтанд, ки расули Худоро ба қатл бирасонанд, инҷо буд ки ҳар кас мехост ҳиҷрат намояд ба таври пинҳони ҳиҷрат мекард. Фақат Умар ибни Хаттоб (р.з) ва афроде монанди ӯ бо шаҷоъат ва далери дар пеши чашми ҳамаи мушрикон ҳиҷрат карданд. Хулоса инки онҳое ки тавонистанд ҳиҷрат карданд ва боқи касоне ки қодир ба ин кор набуданд дар Макка монданд ва ба зиндон андохта шуданд.
Бале! Мусибатҳо ва мушкилоте ки ба муъминон раво дошта шуд ба хотири итоат аз Худо ва Паёмбараш буд. Яъне онон ба ихтиёри худ Исломро баргузиданд ва ба хотири имонашон мавриди азият ва озор қарор гирифтанд. Вале мусибати зиндони шудани Юсуф, як балои осмони буд ки Юсуф ҳеҷ чорае ҷуз он надошт. Чунонки Худованди муттаъол мефармояд:
﴿وَلَقَدۡ هَمَّتۡ بِهِۦۖ وَهَمَّ بِهَا لَوۡلَآ أَن رَّءَا بُرۡهَٰنَ رَبِّهِۦۚ كَذَٰلِكَ لِنَصۡرِفَ عَنۡهُ ٱلسُّوٓءَ وَٱلۡفَحۡشَآءَۚ إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُخۡلَصِينَ ٢٤﴾ [يوسف 24]
«Ва ҳамоно, он зан (Зулайхо) оҳанги ӯ кард. Ва агар на бурҳони Парвардигорашро дида буд, ӯ низ оҳанги он зан мекард. Чунин кардем, то бадӣ (хиёнати сайид ё мавло) ва беҳаёиро аз вай бозгардонем. Зеро ӯ аз бандагони покдили Мо буд!» Юсуф 24.
Пас Юсуф ҳам қасди Зулайхоро кард вале чун бурҳон ва ҳуҷҷати Худовандро дид, даст нигоҳ дошт. Пас бадин суратҳам сабри Юсуф дар муқобили маъсият ва ҳам сабраш дар муқобили зулмеки тавассути бародаронаш бар ӯ рафт то ҳади зиёде иҷбори буд ва иттифоқе буд ки барояш пеш омад, ҳамчунин маҳбуб шудан назди падар ба интихоби Юсуф набуд ки баъдҳо дар асари он ин ҳама мусибатҳо барояш пеш омад, пас интихоби ранҷу мусибат дар роҳи ислом, ақида ва мубориза дар роҳи куфр баёнгари авҷи имон ва қуллаи убудият аст. Вақтеки Худованд касеро дар муқобили бемори ва аз даст додани азизонаш ё ба хотири аз даст додани молаш сабр кунад, подош медиҳад. Пас подоши касе ки дар роҳи имон ва ақидааш ранҷҳоро бо ихтиёри худ, бо ҷон ва мол бихарад чигуна хоҳад буд?!
Худованд мефармояд:
﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ لَا يُصِيبُهُمۡ ظَمَأٞ وَلَا نَصَبٞ وَلَا مَخۡمَصَةٞ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا يَطَُٔونَ مَوۡطِئٗا يَغِيظُ ٱلۡكُفَّارَ وَلَا يَنَالُونَ مِنۡ عَدُوّٖ نَّيۡلًا إِلَّا كُتِبَ لَهُم بِهِۦ عَمَلٞ صَٰلِحٌۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١٢٠﴾ [التوبة 120]
«Аҳли Мадина ва арабҳои бодиянишини атрофи онро нарасад, ки аз ҳамроҳӣ бо паёмбари Худо қафокашӣ кунанд ва набояд, ки аз ӯ ба худ (яъне аз ӯ гузашта ба ҳифзи ҷони худ бошанд), пардозанд. Зеро дар роҳи Худо ҳеҷ ташнагӣ ба онҳо чира (ғолиб) нашавад ё ба ранҷ наафтанд ё ба гуруснагӣ дучор нагарданд ё қадаме, ки кофиронро хашмгин созад, барнадоранд, ё ба душман дастбурде назананд (мисли ғанимат гирифтан аз душманон), магар он ки амали солеҳе барояшон навишта шавад, ки Худо подоши некӯкоронро нобуд намесозад!» Тавба 120.
Ҳасодат яке аз бемориҳои муҳими қалби аст. Марази ъом ва фарогир аст, ки фақат иддаи андаке аз мардум ба он мубтало шудаанд. Машҳур аст ки мегуянд: Ҳеҷ кас аз ҳасодат поку тоза нест, фақат фарқ дар ин аст, ки шахси ҳарис онро ошкор мекунад ва шахси карим ва муҳтарам онро пинҳон медорад.
Ҳасани Басри(р)-ро гуфтанд: Оё муъмин ҳасад меварзад? Гуфт: Магар достони Юсуф ва бародаронашро аз ёд бурдаед? Ҳасад дар дили инсон рахна мекунад ва то замонеки ба марҳилаи амал дар наёмада бошад, гуноҳе маҳсуб намешавад. Касеки дар дилаш нисбат ба шахси дигаре ҳасад варзад бояд бо ба кор бурдани сабр ва тақво асари онро аз дил дур кунад ва онро барои худ зишт пиндорад.
Дар ҷомеъаӣ исломи ки барои мусалмонон лозим аст ки решаҳои ҳасад ва буғзро нобуд кунад, ва бо касеки ҳасад меварзад ҳамкори нанамоянд. Балки ҷониби касеро бигирад ки ба у ҳасад шуда аст. Зеро ӯ мазлум воқеъ шуда аст ва бояд бо у эҳсоси ҳамдарди шавад. Ва агар чунин накунем ҳаққи ухувват ва бародарии исломиро риъоят накардаем.
Набояд фаромуш кунем ки ҳасодат дар миёни занон аз мардон дида бештар аст.Хусусан дар миёни занонеки дар зиндагии зану шавҳари бо ҳам шарик ҳастанд, чун ҳар яки аз онҳо мехоҳад ҳарчи бештар таваҷҷуҳи шавҳарашро ба худ ҷалб намояд.
Ҳачунин миёни касонеки кори муштарак доранд. Ба хотири мансаб ва молу давлат ҳасодат рӯй медиҳад. Зеро ҳар кадом аз онҳо хоҳони саҳми бештар мешавад то аз саҳми дигарон коста шавад. Ҳамчунин ба касонеки мавриди таваҷҷуҳ ва эҳтироми мардум қарор мегиранд ҳасодат мешавад. Монанди ҳасодати бародарони Юсуф нисбат ба вай ва ҳасодати Қобил нисбат ба Ҳобил. Чун Худованд қурбонии Ҳобилро қабул карда буд, вале қурбонии Қобилро напазируфт ва Қобил ба хотири имон ва тақвое ки Худованд насиби Ҳобил гардонида буд ба у ҳасодат меварзид. Ва ҳамчунин ҳасодати яҳудиён нисбат ба мусалмонон аз ҳамин қабил аст.
Маъруф аст ки нахустин нофармонии Худо аз се чиз шуруъ шуд, ки иборатанд аз: Тамаъкори, такаббур, ҳасад. Чунонки тамаъи одам ва кибри шайтон ва ҳасади Қобил сабаб шуд, ки онон аз фармони Худо сарпечи кунанд. Дар ҳадис омада аст ки:
«ثلاث لا ینجو منهن أحد: الحسد، والظن والطیرة وسأحدثكم بما يخرج من ذلك، إذا حسدت فلا تبغض و إذا ظننت فلا تحقق و إذا تطيرت فامض».
«Ҳеҷ касе аз се чиз наҷот пайдо намекунад ва ҳадди ақал яке аз онон дар ҳар инсоне вуҷуд дорад ки иборатанд аз: Ҳасад, гумони бад, фоли бад гирифтан, ва акнун ба шумо роҳҳои мубориза бо ононро мегӯям: Агар ҳасад варзиди душмани макун, агар ба чизе гумони бад карди онро амали макун, агар дар мавриди коре фоли бад гирифти онро ба анҷом бирасон» ибни Абидунё ин ҳадисро аз Абуҳурайра ривоят карда аст.
Дар кутуби сунан ( ибни Моҷаҳ, Тирмизи, Насои, Абудовуд) аз Паёмбар (с) ривоят шуда аст, ки фармуд:
«دب إليكم داء الأمم قبلكم الحسد والبغض وهي الحالقة لا أقول تحلق الشعر ولكن تحلق الدين»
«Бемориҳои умматҳои пешин дар миёни шумо низ нуфуз карда аст, ки иборатанд аз : Ҳасад, буғз, ва инҳо тарошанда ва аз байн барандаанд, намегуям ки мӯйҳоро метарошад, балки инҳо дини инсонро метарошанд ва аз байн мебаранд».
Паёмбари акрам (с) ҳасад ва буғзро бемори номида аст, ҳамчунонеки бахилиро бемори номида фармуда аст:
«و أي داء أكبر من البخل».
«Ва чи беморие аз бухл бузургтар аст». Пас бояд инҳоро дард ва бемори донист. Дар ҳадиси дигаре Паёмбари акрам(с) мефармояд:
«أعوذ بک من منکرات الأخلاق و الأهواء و الأدواء».
«Павардигоро! Аз ахлоқи мункар, ҳавову ҳавас ва бемориҳои зишт ба ту паноҳ мебарам».
Худованд дар мавриди расули Худо (с) мефармояд:
﴿وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٖ ٤﴾ [القلم ٤]
«Эй Паёмбар! Ту дорои ахлоқи бисёр писандида ва бузурге ҳасти» Қалам 4.
Ибни Аббос ва ибни Уяайна ва Аҳмад ибни Ҳанбал мефармоянд ки :(خلق عظيم) ба маънои дини ислом аст. Ойша (р) мефармояд: «Ахлоқи Паёмбари Худо Қуръон буд». Ҳасани Басри мегӯяд: «Ахлоқ ва одоби Қуръони ҳамон хулуқи азим аст».
Ҳавас як чизи оризи аст, аммо бемори чизе аст ки қалбро ба дард меоварад ва боиси фасоди он мешавад. Дар ҳадиси қабли ҳасад дар канори бухл зикр шуда буд, зеро шахси ҳасуд дӯст надорад, ки фазли Худованд ба ҷуз худаш шомили каси дигаре ҳам бишавад. Ва ба тадриҷ ҳасудияш ба буғз ва кина табдил мешавад. Ӯ дӯст дорад неъмати Худоро аз шахси маҳсуд зоил шавад, вале то Худованд нахоҳад ҳеҷ иттифоқе намеафтад. Ба хотири ҳамин аст ки худи ҳасадкунанда ба кор мешавад то ба маҳсуд зарар ва зиёне бирасонад. Чунончи Қуръон дар мавриди Умматҳои дигар мефармояд:
﴿مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلۡعِلۡمُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۚ إِنَّ رَبَّكَ يَقۡضِي بَيۡنَهُمۡ ١٧﴾ [الجاثية 17]
«Ва онҳоро дар бораи он амр (кори нубувват ва шариъат) далелҳое равшан додем. Ва дар он аз рӯи ҳасаду кина ихтилоф накарданд, магар он гоҳ ки дониш (дар бораи ҳақиқати дин ва аҳкоми он) ёфтанд. Худо дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф мекарданд, доварӣ хоҳад кард» Ҷосия 17.
Ихтилофашон ба иллати адами илм ва ҷаҳлашон набуд, балки онҳо ҳақро мешинохтанд, вале баъзе аз онҳо ба сабаби ҳасодат ба дигарон таҷовуз ва бағоват карданд.
Анас ибни Молик (р.з) мегӯяд Паёмбари акрам фармуданд:
عن أنس بن مالك رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال: «لا تحاسدوا ولا تباغضوا ولا تدابروا ولا تقاطعوا وكونوا عباد الله إخوانا. ولا يحل لمسلم أن يهجر أخاه فوق ثلاث ليال، يلتقيان فيصد هذا ويصد هذا وخيرهما الذي يبدأ بالسلام».
«Нисбат ба ҳамдигар ҳасодат наварзед ва буғз надошта бошед ва бо ҳамдигар душмани накунед ва ба якдигар пушт нагардонед, ва бандагони ҳақиқии Худованд бошед ва бо якдигар бародарвор зиндаги кунед. Барои инсони мусалмон ҷойз нест ки беш аз се руз бо бародари мусалмонаш қатъи робита кунад. Тавреки бо ҳам рӯбару бишаванд ҳар кадом чеҳраашро баргардонад. Ва беҳтарини он ду нафар касе аст, ки шуруъ ба салом кунад».
Дар ҳадиси дигаре Анас ибни Молик (р.з) мегӯяд: Паёмбари акрам(с) фармуданд:
وعن أنس بن مالك رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: «و الذي نفسي بيده لا يؤمن أحدكم حتى يحب لأخيه ما يحب لنفسه».
«Савганд ба зотеки ҷонам дар дасти ӯст, ки ҳеҷ касе аз шумо муъмин ба шумор намеравад, то замонеки ончиро ки барои худ дӯст дорад барои бародари муъминаш дӯст дорад».
Худованд низ мефармояд:
﴿وَإِنَّ مِنكُمۡ لَمَن لَّيُبَطِّئَنَّ فَإِنۡ أَصَٰبَتۡكُم مُّصِيبَةٞ قَالَ قَدۡ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيَّ إِذۡ لَمۡ أَكُن مَّعَهُمۡ شَهِيدٗا ٧٢ وَلَئِنۡ أَصَٰبَكُمۡ فَضۡلٞ مِّنَ ٱللَّهِ لَيَقُولَنَّ كَأَن لَّمۡ تَكُنۢ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَهُۥ مَوَدَّةٞ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ مَعَهُمۡ فَأَفُوزَ فَوۡزًا عَظِيمٗا ٧٣﴾ [النساء 72-73]
«Ва аз миёни шумо касест, ки дар майдони ҷанг таъхир мекунад. Ва чун ба шумо балое расад, мегӯяд: «Худо дар ҳаққи ман чӣ инъоме кард, ки дар он рӯз ҳамроҳашон набудам.
Ва чун моле аз ҷониби Худо насибатон шавад, чунонки гӯӣ миёнатон ҳеҷ гуна дӯстие набудааст, гӯяд: «Эй кош, ман низ бо онҳо мебудам ва ба комёбие бузург даст меёфтам!»Нисо 72-73.
Ин даранг кунандагон ва пушт кунандагон ба ҷиҳоди дар роҳи Худо ончиро ки барои худ дӯст доштанд барои бародари мусалмонашон намеписандиданд, балки агар муъминон ба мусибате гирифтор меомаданд хушҳол мешуданд ва агар неъмате ба муъминон даст медод нороҳат мешуданд ва дӯст доштанд ки он неъмат ба онҳоҳам мерасид. Зеро мунофиқон фақат орзуӣ неъматҳои дунявиро мекарданд ва ғарқи дунё парасти ва шефтаи зоҳири он шуда буданд. Чун онҳо Худо ва Паёмбараш ва рӯзи қиёматро дуст намедоштанд ва ба онҳо имон надоштанд. Агар онҳо ба Худо ва Паёмбари Худо ва рӯзи қиёмат имон медоштанд бародарони муъмини худро низ дӯст дошта ва аз неъматҳоеки ба онҳо мерасид хушҳол ва аз мусибатеки ба имондорон мерасид нороҳат мешуданд. Ҳар касро ончи ки муъминонро хушҳол менамояд, хушҳол накунад ва ончики муъминонро нороҳат мекунад, нороҳат накунад, аз ҷумлаи муъминон маҳсуб намешавад.
Омир Шаъбӣ (р) мегӯяд: Шунидам ки Нуъмон ибни Башир (р) дар ҳоли ироди хутба мегуфт:
«سمعت رسول الله يقول: مثل المؤمنين في توادهم و تراحمهم و تعاطفهم كمثل الجسد إذا اشتكي منه شيء تداعي له سائر الجسد بالحمى و السهر».
«Шинидам ки Паёмбари Худо фармуд: Муъминон дар дӯст доштан, раҳм, шафақат, ва муҳаббату меҳрубони нисбат ба ҳамдигар мисли як ҷасад ҳастанд, ки агар узве аз он ба дард ояд соири аъзои ҷисм ҳамдигарро барои муроқабат ва парастори аз он узв фаро мехонанд».
Ҳамчунин Абумусои Ашъари (рз) мегӯяд: Паёмбари Худо бо фуру бурдани ангуштони дастҳояш дар якдигар фармуд:
وعن أبي موسى الأشعري رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال: «المؤمن للمؤمن كالبنيان يشد بعضه بعضا».
«Муъмин барои бародари муъминаш мисли пайкари як сохтмон аст, ки баъзе аз он баъзе дигарро маҳкам медорад». (Ҳасад аз бемориҳои қалби: Аҳмад ибни Абдулҳалим. Саҳ, 1 – 38.)