Аз ин чандин солмуқаддам сардори яке аз қабилаҳои араб Авф ибн Милҳам қароркард, ки духтари кадрасаш Умму Инасро ба яке аз пешвоёни қабила ба шавҳар бидиҳад.
Зани Милҳам Умома духтарашро ба наздаш шинонда ин насиҳатҳои бебаҳоро гуфта буд.
Духтарҷонам! Шахсеро барои ба сӯи нек ҳидоят намудан ба вай насиҳат дода мешавад. Агар фарзанди бой будан ё соҳиби хулқи хуб доштан кифоя мебуд, ҳоло ман ба ту насиҳат намекардам.
Дар асл насиҳат ва тавсияи фаромӯшшударо ба ёд меоварад. Аз ин ҷиҳат насиҳат муфид аст.
Духтари ширинам! Агар ягон нафар духтар ба сабаби духтари бой буданаш ба шавҳар баромадан мӯҳтоҷ намешуд, туро низ ба домод эҳтиёҷот намемонд. Аммо ҳаёт дигар аст. Мардҳо барои мо, мо барои онҳо офарида шудаем. Духтарам! Ба як хонаи мутлақан бегона келин мешавӣ, ҳамсари шахсе мешавй, ки то ҳоло хулқу атволашро намедонӣ. Ту хизматгори ӯ бош, ки ӯ низ ёвари ту гардад.
Фарзандй азизам! Биё акнун чанде насиҳат диҳамат Нағзакак гӯш андозй ва амал кунӣ зиндагият дар давоми умрат бо роҳат мегузарад. Мобайни туву шавҳарат ҳаргиз вайрон нахоҳад шуд. Дар ин дунё соҳиби бахт гашта, дар охират ба саодати абадия ноил мегардӣ.
1. Бо каноат бош! Яъне, ҳар он чизе, ки шавҳарат меоварад хоҳ либос , хоҳ хурокворӣ бошад бо мамнуният (хурсандӣ) қабул бикун. Чунки, қаноат ба дил ҳузур — ҳаловат мебахшад.
2. Суханҳои гуфта шуда истодаро бо диққат гӯш кун ва ҳамеша дар итоат бош. Ба ҳамсарат гап нагардон ва ҳаракат кун, ки бо ӯ ҳамфикру якдил бошӣ. Бо ин ҳаракатҳоят ба ризоияти Ҳақ таъоло муяссар мегардӣ.
3. Ба ҳар он ҷое, ки назари ҳамсарат меафтад аҳамият деҳ, ҳамин тавр бикун, ки чашми ӯ ба ҳолатҳои ногувор наафтад.
4. Ба ҳар он ҷойи ашёе, ки эҳтимоли баровардани бӯи бад дорад диққати калон деҳ. Онҳоро ёфта, тоза бикун. Аз хонаат ҳамеша хушбуёт муаттар гардад.
5. Дон, ки тозагӣ ва латофат ба об вобастагӣ дорад. Ҳама чиз бо об пок мешавад. Дар хона ба тозаву ҳалол истодани об аҳамият бидеҳ.
6. Вақти хӯрокхӯрӣ ва хоби шавҳаратро дон. Хӯрокро ҳамеша бо одати ӯ ҳозир намо. Барои он, ки дар вақташ хоб равед, корҳоятро дар вақташ анҷом деҳ. Чунки гуруснагӣ одамро дилтанг мекунад, бехобӣ бошад, сабаби хафагарй мешавад.
7. Он молу мулк ва ҷиҳозҳое, ки дар хона дорӣ эҳтиёт кун – ин кордонии туро нишон медиҳад.
8. Бо наздикони шавҳарат дар муомилаи хуб бош. Ин нишонаи кадбонуи хуб будан аст.
9. Сирру асрори шавҳаратро зинҳор ба касон магӯ. Агар ин хел рафтор кунӣ, ӯ аз ту меранҷад. Ба роҳн бевафогӣ даромада рафтанаш мумкин.
10. Шавҳаратро эҳтиром намо, амрҳояшро иҷро кун, гап нагардон, бар зиддаш ҳарф назан. Агар исён карда зид бароӣ сабабгори ранҷаш мешавӣ, ҳатто дар дилаш нисбати ту адоват пайдо мешавад. Вакто, ки ӯ ғамгину хафа бошад,_ту хурсандӣ зоҳир макун, ба ғамҳояш шарик бош. Ӯ хурсанд бошад, ту низ худро дар ҳамин кайфият нигоҳ дор.
Хуллас:
Духтарам! Ҳар қадар шавҳаратро эҳтиром намоӣ ва дар итоаташ бошӣ, ҳамин қадар ба ӯ маҳбуб мешавй. Ҳар қадар ӯро розй кунӣ, ҳамин қадар муҳаббат мебинӣ. Боз таъкид карда монам, ки ин гуфтаҳои маро дар амал иҷро мекунӣ, дар он ҳоле, ки ризоияти шавҳарро аз ҳою-ҳавасҳоят баланд донй.
Насиҳати Умома ба духтараш, аслан ин аз таҷрибаи зиндагии хеш буда, ба ҳар зане, ки мехоҳад бо шавҳараш хотирҷаму боҳаловат зиндагӣ намояд, лозим аст, ки ба ин гуфтаҳо гӯш андозад, дар амал иҷро кунад.
Худованд барои нишон додани кудрати хеш дар дунёамон махлуқоти зиёд офарид. Аз ин сабаб зану мардро ба якдигар мӯҳтоҷ кард, бо ақлу идрок онҳоро шарафманд гардонд, онҳоро аз дигар махлуқотҳо боло монд.
Барои мустаҳкам ва пойдор будани ҷамъиятҳое, ки инсонҳо муттаҳид шуда барпо намуданд, дар байни зану мард никоҳро ҷорӣ кард, барои қонеъ намудани эҳтиёҷашон ба ҳамин роҳ рухсат дода шуд.
Зиндагии зану мард бо ҳамдигар дар асоси никоҳ ба вуҷуд меояд. Никоҳ барои ба вуҷуд омадани қонунҳои олам, ҷамъиятҳои солим, барои хушхулқу зебо будани инсонҳо лозим мебошад.
Муаллифи “Тафсири кабир” ҳазрати Фахрӣ Розӣ ояти “Ва ҷаално байнакум муваддатан ва роҳматан”-ро ин хел тафсир намудааст: “Муҳаббати байни зану шавҳар фақат аз лаззати нафсонй иборат нест. Он муҳаббат бевосита як кайфияте, ки ба лутфи Аллоҳ хос аст. Зеро бидуни лаззати нафсонӣ низ муҳаббат давом додан мегирад. Агар риштаи байни завҷайн фақат аз лаззати нафсонӣ иборат мебуд, он гаҳ шавҳат иштирок мекунад ҷанҷолҳо афзуда, ҷудоӣҳо ба вуҷуд меомад. Бар меояд, ки никоҳи шаръӣ риштаест ва сабаби зиндагии бо муҳаббату муросо аст. Ин чунин ибораи “дар никоҳ каромат мебошад” низ баъди таҷрибаҳо ба майдони ҳакиқат баромадаасг”. Муносибати хубу гуворо байни одамон бениҳоят зарур буда, ҳаёти дунё низ ҳаминро талаб мекунад. Расулуллоҳ (САВ): “Шумо ҳамаи одамонро бо молу мулки хеш хурсанд карда наметавонед” гуфта марҳамат кардаанд.
Олими забардаст Абул Лайс Самарқандӣ дар ин мавзӯъ гуфтаанд: “Инсон зебоахлоку нармсухан бояд шуд. Ба ҳеҷ кас тавалло накунад ва ҳеҷ касро ба руяш таъриф накунад”.
Ҳангоми сӯҳбат бо одамони бадахлоқу нопок эҳтиёт бошй. Ҷим истодан низ хатост, гӯё фикри ботим эшонро маъқул донистагӣ барин мешавад.
Ғайр аз ин бо дигарон муносибати хуб доштан, аз бадиҳо дур шудан лозим. Оё, Ҷаноби Ҳақ ба Мусову Ҳорун “Ба Фиръавн бо суханҳои нарм ҳарф занед” гуфта амр накарда буд? Оё, мо аз Мусову Ҳорун низ хушхулқем?
Ноил гаштан ба кушодарӯӣ, нармдилӣ дар муносибатҳо байни одамон, албатта ин ба муносибати завҷайн таъсири мусбӣ мерасонад. Бармеояд, ки бо туфайли никоҳ муҳаббати байнайн меафзояд. Иҷро шудани вазойиф аз ҳар ду ҷониб муҳаббатро боз қавитар мегардонад, онҳо ба камбудиҳои майда – чуйда аҳамият надода ҳаёташонро осуда мегузаронанд. Дар акси ҳол дар оқибати нафаҳмидани муомилот аз байни эшон меҳру муҳаббат бардошта мешавад. Сипас, камбудие, ки мисли сӯзан аст ба монанди шутур намоён мешавад, нобовариҳо, зиддиятҳо низ меафзояд (дар байнашон). Доду вой, ҷанҷол рӯз то рӯз зиёд гашта, аз ин гуна хонадон ҳаловат мераваду, имкони осуда зистан намемонад.
Барои ҳамин ҳам зан вазифаҳои хешро бояд донист. Феъли хуи шавҳарашро омӯхта ҳар доим розигии эшонро бигиранд, баъди вафоти эшон бошад онҳоро ба некӣ ёд намоянд.
Яке аз тобеъинҳо Шаъбй ном шахс аз номи қозй Шурайҳ нақл мекунад. Дар сӯҳбате қозӣ Шурайҳ гуфт: —Эй Шаъбй! Агархоҳиши издивоҷ дошта бошӣ аз қабилаи Бани Тамим хонадор шав, — ва дар бораи хонадоршавияш накл кард: —Ҳине, ки ҷавон будам ба қабилаи Бани Тамим барои хондани намози ҷаноза рафтам. Вақте, ки баргаштам дар назди дарвозае ба модару духтар чашмам афтид. Духтар беҳад зебо буд. Бо баҳонаи духтарро наздиктар дидан ба наздашон рафта, об пурсидам. Духтар барои об рафт. Баъди нушидани об аз зан пурсидам:
— Номи ин духтари зебо чист?
— Номаш Зайнаб духтари Худайр.
— Ногаҳон ба никоҳам даровардан хоҳам чй мегуед?
— Куфаш (баробараш) бошӣ медиҳем.
Ҷавоби зани пирро шунида карор додам, ки ба ҳамин духтар хонадор мешавам. Бо ҳамроҳии хешовандонам ба хонаашон хостгорй рафтем. Худайр таклифи моро хайрхоҳона қабул кард. Дере нагузашта мо хонадор шудем. Аммо ҳамон рӯзҳо ман пушаймонӣ мекашидам.
Сабабаш ин, буд, ки дар бораи сахт будани занҳои ин қабила шунида мондам. Локин, охири корро мунтазир шудам. Вақто, ки шабона ба назди арус даромадам ӯ ба ман гуфт:
“Ҳазратам! Барои ризоияти худо ду ракнат намоз гузоштан ва ба суи Ҳақ илтиҷо намуда некии ҳамсарашро пурсидани домод суннат мебошад”. “Ҳа, ҳамин хел ” гуфта барои адои намоз хестам. Сипас, бинам, ки ӯ низ намоз мехонд.
Баъд завҷаам ба ман: “Ҷанобам! Ман аз табиату миҷози Шумо бехабар мебошам. Чиро дӯст медореду чиро бад, манро огоҳ мекардед, ман низ барои дарёфти розигии Шумо ҳаракатмекардам, хизмататонро иҷро менамудам. Шумо ва ман низ бо ягоннафари дигар хонадор шуданамон мумкин буд. Локин ҳукми тақдири ҳазал ҳамин будаст, ки оила барпо намудем. Ин амри илоҳиро бо лутфу карам қабул кунед, амрҳои Ҳақро иҷро намоед.
Дуо мекунам, ки худованд ҳар дуи моро магфират кунад ” гуфт. Дар ин асно гуфтам:
“Ҷони ман! Гуфтаҳоят ҳамин қадар пурмаъноянд, ки агар ба инҳо амал карда тавонӣ ман бахтиёр мешудам. Акнун, аз ман чӣ мехоҳӣ, бигӯ!
— Ба омада рафтани хешовандонам чи мегуед?
— Бардавом омаданашон табъи дилам нест. Гоҳгоҳ биёянд майлаш.
— Бо ҳамсояҳо чи гуна рафтор кунам? Шумо мегуфтед, ман ба гуфтаҳоятон амал менамоям.
—Фалон ҳамсоя одамони хубанд. Бо онҳо рафту омад кардан мумкин, бо фалониҳо бошад гап ҳам назанӣ, рафтуоӣ ҳам накунй, онҳо низ наоянд. – Гуфтам ман. Эй Шаъбй! Ҳамин хел карда духтар корро бо табъи дили ман оғоз кард. Рӯз ба рӯз нисбаташ муҳаббатам афзуд. Аз байн як сол сипарӣ шуд. Рӯзе ба хона оям як пиразан нишастааст ва ба занам “Ин хел кун, он хел макун!” гӯён насиҳат мекард. — Ин кӣ? – Пурсидам. — Хушдоманатон, – ҷавоб дод завҷаам. Аҳволпурсй кардам ва ҳурматашро пос доштам. — Писарам аз занатон мамнунед? – пурсид хушдоманам. Тарбияи хуб доштанашонро гуфтам ва хурсандии беканорамро изҳор кардам. Писарам занҳо дар ду ҳолат беахлоқӣ нишон медиҳанд:
1. Фарзанди нарина таваллуд кунанд (эркагй мекунанд).
2. Аз шавҳарашон рӯгардонанд. Агар дар занатон ин ҳолатҳо мушоҳида кунед, ба зуди тарбият кунед, – ва суханашро давом дод, – бо қасам гуфта метавонам, ки дар хонаи мард бадтарин ҳолати зан ин бо нозу карашма аз шӯ рӯ тофтанаш мебошад. Баъд аз ман пурсид: – Писарам, хешовандони мо кай метавонанд ба зиёрати Шумо оянд?
— Ҳар вақте, ки хоҳанд, – гуфтам ман. Хуллас, ҳар сари сол хушдоманам ба хонаи мо ташриф оварда, ба духтараш насиҳатҳои хуб дода мерафт.
Эй Шаъбй! Бист сол дар як бистар сар монда аз вай ягон нуқсоне надидам. Ҳамсоязане доштем. Аз одобу ахлоқ фарсахҳо дур буд. Аз хонаашон ҷанҷолу доду вой канда намешуд. Ҳар гоҳ онҳоро бинам завҷаамро ба хотир меорам ва ин шеърро замзама мекунам:
Мардҳоеро, ки дидам калтак дар даст,
Занашонро куфта мезадаст. Зайнабамро худо нигаҳ дорад,
Хушк шавад агар ба суяш даст бардорам.
Оё, бегуноҳро ҳеҷ мекунанд лат?
Беайб кӯбем намонад адолат!”
Занҳое, ки тарбия дидаанд, соҳиби хулқу атвори зебо, ба офариниши шеъру мадҳияҳо сабаб гаштаанд. Бадхулқ, бетарбият занҳо бошанд ҳайати осударо намебинанд, дар хотираи одамон таассуроти бад мегузоранд. Аз фикрҳои боло “мардҳо занҳояшонро мекӯбанд, озор медиҳанд, ҳақорат мекунанд, чӣ хеле хоҳанд ҳамин тавр муомила мекунанд, мардҳо ҳақ, занҳо ноҳақ, занҳо мутлақ – дар итоати мардҳост” гӯён хулоса баровардан хатост. Ҳоло он, ки мардҳо низ дар пеши занҳо вазифадоранд.
Минҷумла хӯронидан ва пушонидани онҳо низ вазифаи мардон аст. Мард ба зан беҳуда зулм набояд кард, баъзан лозим ояд сабр – тоқат кунад.
Расулуллоҳ (САВ) фармуданд: “Эмонаш мукаммалтарин ва ахлоқаш зебо муъмин он аст, ки дар хусуси аҳли аёлаш, фарзандонаш бо кибр муносибати дурушт мекунад, ба ӯ ҳақтаоло бо нафрат менигарад”. Хуллас, чи хеле, ки зан дар назди мард вазифадор аст, мард низ дар пеши зан вазифа дорад. Мардҳо дили занашонро шод карданашон лозим. Ба онҳо беҳуда зулм накунанд. Ҳатто шариат хонадоршавии золимро макруҳ мешуморад. Мард бояд занашро ба корҳои хуб одат кунонад, аз бадиҳо ҳифз намояд. Занҳо бошанд, табиатан дар итоати мардаш истад.
Модари 4-5 фарзанд бо тарбияи бачаҳо машғул шуда мемонад. Дар ин хел ҳолатҳо мард: “Чаро хӯрок тайёр нест, либосро нагиустӣ, дарзмол накардӣ!” гуфта дашном доданаш, ҳақорат карданаш зулм мебошад. Золимҳоро худо ва пайғамбар дӯсг намедоранд. Чунки, бо таёқ тарбият карда намешавад, ҳатто ҳайвонотро низ. “Занҳо амонати худо дар пеши мардҳост “.
Ҷаноби Расулуллоҳ (САВ) муносибати заношуӣро дар ин ҳадиси шариф баён кардаанд: “Занҳо монанди устухони сарисинааст. Ӯро рост кардан хоҳӣ, мешиканӣ. Ба ҳолаш гузорӣ боз ҳам 9 каҷтар шавад. Дар ҳолати каҷиаш аз вай истифода бурдан мумкин “. “Бо ҷудошавии зану – мард Арш ба ларза меояд “. “Агар марде ба суи занаш, зан низ ба суи мардаш бо муҳаббат рӯ оварад, Худованд ба суи ҳардуяшон бо назари раҳмат менигарад.
Вақто, ки ҳар ду дасти якдигарро фишуранд гуноҳҳояшон аз мобайни кафи эшон мерезад”.
Яке аз саҳобагон аз Расули акрам (САВ) пурсидаанд: — Ё Расулаллоҳ! Нафақаи зан дар зиммаи мард кадомҳоянд? Пайғамбарамон (САВ) гуфтанд: — Ҳар чизеро бихурӣ, бояд ба ӯ низ биошомй, либоси нав пӯшӣ, бипӯшонӣ. Ба руи зан назанӣ! Ҳаракатҳои қабеҳро макун ва ӯро аз наздат наронӣ!
Бо ягон айбаш ин корро карданӣ бошй ҳам, дар даруни хонаат кунй!” “Марди муъмин аз зани муьмина нафрат накунад. Ягон хулқаш маъқул набошад ҳам, бо хулқи дигараш завқманд шудан мумкин “.
Агар мард занашро аз ҷиҳати хӯрок, пӯшок таъмин кунад, атриёту зару зевар гирифта диҳад, аз паи щод кардани дили ӯ бошад, ба ин ҷавобан зан низ хешро пурра ба шавҳар бахшида, итоат кунад, хизматҳояшро дарег надорад.
— Бешубҳа дар ин хел оила меҳру – муҳаббат, осудагии бардавом мешавад. Зеро, модари Умму Инас низ: “Духтарам! Дар хизмати шавҳарат бош, ки ӯ низ ба ту ёвар гардад”, гуфта буд.