Аз арзи ҳастии дини мубини ислом то ба кунун анқариби понздаҳ қарн паси сар шудаву бо покиву зебоипарастияш одамиро ба дунёи одампарастӣ ҳидоят кардаву пайдоиши инсонро дар зиндагонии имрӯз чун дурри гарон ва зиндагиро неъмати бузург аз даргои иллоҳӣ ба бандагонаш тақвият додааст. Дини Ислом шариъати Муҳаммад (с) ба сифати як дини ваҳдонӣ маншаи ифтихори ҷаҳонист. Ва миллати азизи форсизабони ориёнаҷоти тоҷикаёни эронманиш дар ин дини муқаддас ҷойгоҳи муаяни хосеро дорад,ки тамоми мусалмонони ҷаҳон ба ин қоил буда, сари таъзиму бо гузоштани арҷ қоил шудаанд. Зеро чӣ дар илми ислом ва чӣ дар илми дунявӣ асосгузораш форсизабонони тоҷиканд. Бамисоли Салмону, Ҳусайн Воизи Кошифию Табарию Фахри Розӣ… дар илми тафсири Қуръон. Бухориву, Муслиму Тирмизӣ… дар илми ҳадис.
Имоми Аъзам, Шофеъӣ, Абуюсуфу Ғазолӣ… дар илми фиқҳ бошад, Фарасӣ, Ҷомӣ минҷумла, дар илми сарф Наҳвӣ, Матуридиву Таҳовӣ… дар илми ақида Баҳоуддин Нақшбанд, Абдулқодир Гелонӣ… дар илми тариқат. Ва ин чунин дар илмҳои дунявӣ: Сино дар тибб, Хаёму Ҷобир дар риёзӣ, Закариёи Розӣ дар химия, Берунӣ дар илми нуҷум, Форобӣ дар фалсафа ва ҳазорон олимону шоирону нависандагони дигар аз ин миллати мо, ки дар осмон мисли ситора медурахшанду дар замин мисли сутун то ба даври мо чун сарпаноҳ. Ногуфта намонад, ки ҳарчи ёфтанд неъматашон аз давлати Қуръон буд. Ҳамаи инҳо дар хурди ҳофизи Қуръон ва олими дини шариъат гашта ва баъд олими дунявиву шоиру нависанда шудаанд.
Ҳар тифли ӯ устоди пиронаш ҳанӯз…
На танҳо гузаштаи мо мояи ифтихор аст, балки боиси сад ифтихори дигар даврони муосир аст. Зеро он модаре, ки ин бузургони моро ба дунё овард, ҳануз зиндаву бо бузургии онҳо миллати сар ба афлоки тоҷик вуҷуд дорад. Ва то баҳол ҳар кӯдаки тоҷик муалими пирони дигар миллатанд. Дар байни мусалмонони Русия моро аз рӯйӣ диндониамон мешиносанду эҳтиром мегӯзоранд. Пушида нест,ки дар тамоми масҷидҳои ин кишвар мушовири имомҳо, муаззину муддарисҳояш ва аз 100% 70% намозгузорон дар масҷидҳо тоҷиконанд. Ва инҷунин дар ҳар озмуни Қуръон дар ҷойи аввал тоҷиконанд. Ва шумораи ҳофизони Қуръон аз тоҷикон дар ин кишвар буда, аз ҳазор ҳам гузаштааст. Шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар дар ҳар ҷое, ки бошанд дар байни худ баъди соати кори ҳалқаи дарси қуронхониву маснавию гулистону ҳофизхони доранд. Ва на танҳо дар Русия балки дар Эрон, Арабистон Туркия …. дар ҳар кишвари дунё,ки ҳастанд чунин фаъолиятҳоро доранд. Аммо афсӯс садафсус,ки дар кишвари худ чунин фаъолиятҳоро кардан номумкин мебошад. Касеро ҳарфе аз Қуръон омӯхтан ҷиноят аст, касеро хатӣ форсӣ, ҳофизу бедилу фиқҳи Имоми Аъзам омухтан ҷиноят аст. Рафтани кудакон ба масҷид монеъ аст. Рӯймол ба сар кардани ҷавондухтарон дар мактабу корхонаҳо монеъ аст. Худбаи озод барои имомҳои масҷиди ҷомеъа монеъ аст. Риш гузоштани ҷавонон монеъ аст. Охир омӯхтану омӯзонидани Қуръон, омӯхтану омӯзонидани хату фарҳанги гузаштагони худ, рӯ ба масҷид овардани ҷавонон ё рӯймол бастани занон… ҳиҷоб ба сар кардани духтарон чи бадие ба миллату давлат меовардабошад намедонам.
Агар ҳукумат хавф аз гуруҳои терористии ваҳҳобияву салафия дошта бошад бо ин роҳ пеши инҳоро гирифтан номумкин аст. Дар ин, кор бояд ибрат аз раиси ҷумҳури Чиченистон муҳтарам ҷаноби Рамазон Қодиров гирифт: Қодиров барои сарнагун кардани гуруҳҳои ваҳобияву салафияи дар кишвараш бударо аввало телевизору радиёву матбуотро дар ихтиёри мулоҳову донишмандон дод барои мардумро огоҳ кардани ин гуруҳҳи хатарноку ва исботи ноҳақ будани он гуруҳҳо. Ва баъдан он касонеш,ки саркашиву нописанди карданд ба зиндон шинонд. Ва худ дар садову симо ошкоро гуфт, дар кишвари ман набояд як нафаре аз ин гуруҳҳи ваҳҳобиву салафия бошад. Мардуми ин кишвар пайрави суннату ҷамоат ва дар тариқату тасавуф мебошад. Ва имрӯз новобаста кишвари Чиченистон дар ҳайати русҳоҳам, ки бошад. Шукри Худо дар ин кишвар масҷидҳояш ҳама обод ҳалқаи дарсӣ вуҷуд дошта ва худаш раиси ҷумҳур махсус ҳофизони Қурон аз тоҷикон ҷамъ оварда дар масҷиду мадрасаҳои сохтааш мударис гузошт. Азон дар ин кишвар бо мекрафон озод ва дар садову симо гуфтор аз қурону суннату тарикат. Занҳо дар кӯчаву корхонаҳо ҳама сарпӯшу танпӯш доранд, хусусан хонадони раиси ҷумҳураш.
Аммо афсӯс, ки мо гарчанд давлати соҳибихтиёр ҳам, ки бошем наметавонем чунин аз ин сарчашмаи озодӣ баҳрае бардошта тавонем. Дар садову симо номе аз ислому дин нест ба ҷуз сиёҳкуниву намоиши фосиқону ҷодугарони дар лиқои муллову ҳоҷӣ даромадаро, ки ҳеҷ рапте ба дини поки ислом надоштаро,ки яқинан ҳадаф аз ин намоишҳо мардумро дур кардан аст аз дину фарҳангашон. Зеро агар ҳадаф аз ин намоиши фосиқон барои сиёҳкунии дину муллоҳо намешуд. Дар баробари инҳо боз ҷинояту фосиқии ҳукуматдоронро ҳам бояд намоиш медоданд. Ва манфиъати дину манфиъати уламороҳам ҳамарӯза дар садову симо мегӯфтанду намоиш медоданд, ҳамҷун ибрат аз торихи уламои бузӯргро ва инчунин аз китобҳояшон ба мисоли маснави,бустон,гулистон,ғазалиёти ҳофизу бедилу хайёмро. Ва на танҳо рақсу бозии занҳои нимбараҳнаро. Бояд дониста бошем,ки ҳар милате,ки санъатро аз маърифат боло донист ҳеҷ гоҳ обрӯманд намегардад. Агар мо имрӯз хоҳем гуруҳҳи ваҳҳобиву салафиро аз Тоҷикистон дур кунем. Аввал бояд ҳар ҳукуматдор аз хонадону авлоди худаш сар кунад, зеро пӯшида нест, ки аксари хешу таборҳои коркунони давлатдорон дар Тоҷикистон салафиянд. Ва инчунин аксари хатибону фарзандони онҳо, ки дар кишварҳои арабнишин таҳсил кардаанд, аз гурӯҳи салафиянд. Хулоса то замоне худи масъулони дину давлат худро ва авлоди худро ислоҳ накунанд дар чӣ мавзуе, ки набошад, ҷомеъа аз зулму ситаму хориву зориву дарбадариву ихтилофҳо раҳо намешавад.
Дар интиҳои андешаҳои хеш нигоҳамро ба сардори давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон равона мекунам, ки эшон бо вуҷуди дастгириҳояш ва нигоҳҳои созандааш нисбати дини мубини ислом, ки худ мусалмонзодааст дар атрофаш соҳибмансабонеро рӯи кор овардааст, зумрае аз онҳо ба боварии сардори давлат даромада рӯйкушод сиёсати ӯро миёни халқ ба дарёи нобоварӣ равона мекунанд. Аминам, ки ин навиштаҳои ман то унвони мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намерасад, лек қоилам ба он, ки ба мафкураи баъзе “соҳибмӯҳтарам” – он мерасад. Ва то куҷо сари ин гуфтаҳо андеша мекунанд, боқӣ кори Яздон аст…
Бо ҳазорон ормону орзуҳои нек даст бар дуост, мулло Хайриддин Абдуллоҳ, роҳбари Кумитаи дин дар назди Ҷунбишимуҳоҷирони тоҷик дар Русия.