Гурӯҳи “Толибон” ба қавли худашон беш аз нисфи Афғонистонро дар зери иҳотаи худ гирифтанд. “Толибон” дар Афғонистон бо хунрезӣ ва даҳшатафканӣ маъруфанд ва ҷаҳони мутамаддин ин ҳаракати дур аз тамаддунро террористӣ ва мамнуъ меҳисобад. Нуфузи онҳо дар шимоли Афғонистон, ки тоҷикнишин ва ҳамсарҳади Тоҷикистон аст, натанҳо ба кишвари мо, балки ба амнияти ҳама кишварҳои Осиёи марказӣ хатарбор аст. Аз ин ҷост, ки артиши Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар нахустин бор занги бонги хатарро дар саросари кишвар баланд намуд. Агарчӣ ин бонги хатар “як санҷиш” гуфта шудааст, аммо ин омодагиҳо аз он сабаб, ки дар Афғонистон вазъият бадтар гардида, ҳукуматаш дар ҳоли суқут аст. Дар ҳоли суқут будани ҳукумати Афғонистон мавзӯи нигаронӣ нест, балки ба ҷои ин ҳукумат омадани ҷоҳилтарон хеле нигароникунанда аст.
Дар гузориши дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон қуваҳҳои мусаллаҳро дар ҳоли санҷиши ҷанг дидем. Гуфта шудааст, ки шумори артиши дар ҳоли санҷишу тамрин беш аз дусад ҳазор аст.
Хеле муҳим аст, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин вазъият омодагӣ нишон диҳем, ки аз марзу буми кишвар дифоъ мекунем. Намунаи ин ҳамгироии тоҷикистониён моҳи қабл дар баробари ҳамлаи қуваҳҳои мусаллаҳи кишвари ҳамсоя Қирғизистон буд ва дар пайи ин ҳодиса аз саросари кишвар дар минтақаи Ворух ҷавононмардони Тоҷикистон ҷамъ омада, қонуншиканони қирғизро дар ҷои худ нишонданд.
Акнун дар баробари таҳдиди “Толибон” сар бардоштан муҳим аст. Ба шиорпароканиҳои “Толибон” бо мавзӯи дин бовар кардан аз нодонист. Ҳадафи “Толибон” натанҳо запди давлати Афғонистон, балки запди ховари миёна ва нобуд кардани забони форсӣ ва арзишҳои миллии тоҷикон аст.
Хайриддини Абдулло