Гар чи дил аз санги хоро мекунам,
Боз ру суи Бухоро мекунам….
Моро аз хати ниёгони худ дуркардан ҳадаф дар чи буд ?
Ҳангоме,ки пантуркизм бо ҳукумати шурави хостанд,ки давлати форсӣ тоҷиконро нобуд кунанд онҳо аввал нақша кашиданд,ки тоҷикро аз форс ҷудо кунанд ва баъд аз дину фарҳанг. Барои нест кардани хати ниёгон ду бор ҳарфи бегонараро(лотинӣ,кирилӣ) маҷбуру ситамкорона бар болои миллати мо бор карда хат ва забони форсӣи моро бар мо бегона эълон карда аз байн бурданд. Ва аз се забон; рӯсӣ, узбакӣ ва лаҳҷаҳои тоҷикӣ, ки бо забони адабии форсӣ фосила доштанд, як забони махлутшуда бо номи забони навини тоҷикӣ бунёнгузорӣ намуданд.
Ва сиёсатмадорони ҳукумати шурави ва пантуркҳо мардумро ҷам оварда таблиғот зиди миллату махзану фарҳанги форсӣ тоҷик суханрониҳо карда мегуфтанд:” тоҷикӣ ҷудо аз форсист”,”Хати форсӣ барои тоҷикон бегонааст” гуфта мардумро аз асли хеш бегона мекарданд.Ва ҳар мухақиқе,ки ҷавоби инҳоро дода мегуфтанд”Эй миллати бузурги форсӣ тоҷик хомуш набошед инҳо душманони моанд инҳо моро аз худу аз дини худ дуркарданианд.
Оё хатте,ки Рўдакй навишта бошанд, бегона аст? Хатти “Шоҳнома” бегона аст? Хатти “ Сино”бегонааст? Хатти “Маснавии маънавй” бегона аст? Оё хатти,ки 1300-сол аждоди мо навист бегона аст? .Хатти форсӣ хати араби нест, балки хати ниёгони мо аст ва ин хате(лотинӣ ,кирилӣ),ки моро маҷбур карда ба мо бор кардаистодаанд ин бегонааст. Ва дониста бошед ҳаркасе агар ба гуфтаи инҳо рафта форсӣро аз тоҷикӣ чудо донад у хоини миллат аст. Форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ на се забон, балки як забони воҳид бо се лаҳҷа аст.
.Ва дониста бошед «Рудаки падари шери форсӣст»на тоҷикӣ ё Фирдавсӣ нагуфтааст,ки «Аҷам зинда кардам бад ин тоҷикӣ».Балки Фирдавсӣи бузург фармуд «Аҷам зинда-кардам бад ин порсӣ».Огох бошед ҳушёр бошед ин душманон моро аз ватану миллату дини худ дур карда бехону беному бе имон мегардонанд: гуфа пешвоёни дин морор аз гумроҳи огоҳ мекарданд.
Аммо ҳукумати шурави бошад он ҳоро «Босмачӣ» эълон карда дар зиндонҳо ба ҳалокат мерасониданд .Ва бадин васила алоқа ва пайвандҳоеро, ки миёни мардуми форсӣзабони Осиёи Миёна ва мардуми Эрон ва Афғонистон буд, қатъ мекарданд. Ва тамоми китобҳои, ки бо алифбои ниёгони мо иншо шуда буд, мегуфтанд ин китобҳо китобҳои динианд ва бояд аз байн бурда шаванд.Зеро шиори камонисти нест кардани тамоми динҳо буд.
Теъдоди зиёде аз ин китобҳо ба об партофта шуданд, сузонда шуданд ва мардум аз тарси ин, ки ононро ба ҳифзи ин китобҳои аждодии худ муттаҳам накунанд, худашон он китобҳои меҳросию фарҳангию таърихии худро бо дасти худ зери хок мекарданд ва ё дар ҷое пинҳон мекарданд. Ва пас аз ин ҷиноят кориҳо даст ба ҷинояте заданд,ки дар тарихи инсоният ҳаргиз хеҷ қавме надидааст чунин ситамро ба чуз мо тоҷӣкон. Миллати моро маҷбур ва лату куб карда аз миллати форсӣ тоҷик ба як қави беному бенишон бо номи «Узбак» ном навис карда милатро иваз карданд. Ва баъди ин ҷинояти бузург дас ба нест кардани давлати мо зада Самарқанду Бухоро ва чандин вилояти дигарро гирифта як давлати нав бо номи «Узбакистон» золимона бунёд гузори карданд.
Хуросон ҷои дунон шуд, нағунҷад,
Ба як хона дарун озода бо дун.
Ки авбоше ҳаме бехону беном,
Дар у имрӯз хонгаштанду хотун.
(Носири Хисрави Кубодиёни)
Ва баъди ин ситамҳо ҳануз ором нагашта ба миллати мо тоҷикон шарт гузошта гуфтанд агар шумо хохед,ки дар ватану хонаи худ зиндаги кунед(яъне дар пойтахти тоҷикон Самарканд ва Бухоро) ҳатман бояд миллати худро иваз кунед (бо номи «Узбак»). Бо чунин ситам чикадаре,ки лозимашон буд барои давлат ба номи «Узбакистон» сохтан миллати тоҷикро иваз карда дар шиносномаҳояшон миллаташонро “узбак” навиштанд . Аммо ногуфта намонад,ки пойтахти форсони чаҳон тору мор мегашт лекин Эрону Афғони мо чунон хомуш буданд дар ин ҳолат,ки гуё намебинанду намешунаванд,бехабар аз он ки ин бало басари онҳоҳам омаданист ва фикр намекарданд,ки пешрафти шуравию пантуркизм аз ақибнишинии онҳост. Хулоса ин,ки шӯравӣ бо ҳамроҳии пантуркизм коре кардаанд, ки акнун мо, тоҷикон, аз ҳамдигар мепурсем: Миллати мо чист? Тоҷик чист? Порс чист? Эронӣ чист? Афгонй чист? Забони модарии мо чи ном дорад? Чаро порсӣ бошад? Чаро тоҷикӣ бошад?…Баъд аз ситонидани Самарқанд,Бухоро… барои миллати тоҷик бо номи Тоҷикистон як порча заминеро ҷудо карданд дар ҷои холӣ, ки ғайр аз ду се деҳкада чизи дигаре надошт, хулоса барои тоҷикон шаҳр ва ба истилоҳ пойтахт таъсис намуданд.
Ин ҷои холӣ ва шаҳри навтаъсисро, ки Душанбе ном дошт, бо бегонагони рӯсзабону узбак малӯ сохтанд, ба тавре, ки агар як нафар тоҷик аз деҳ ба шаҳри Душанбе меомад, худро ғариб эҳсос мекард ва ба хайрат монда доду фиғон кунон ба тарҷумон коби медаромад. Ин аҳвол то замони рохбарии Михаил Горбачев тул кашид. Дар замони Михаил. Г такрибан дар солҳои 1985 то 1990/1991 мардуми форсӣ тоҷик то андозае тавонистанд фикри худро ба сурати озод баён карда аз дину фарҳанги худ дифо кунад. Фақат дар ин давр тавонистанд каме мубориза барои мақоми давлати додан ба забони форсӣи тоҷикӣ ва дар паҳлуи он эҳёи хати форсӣи худро талаб кунанд.
Душмании мо нисбат ба хати худ
Чигунае,ки дар замони шурави баъзе аз хоинони миллати мо ватану кишвари моро ба дигарон бахшида аз тарафи душман ба мо ҳамлаҳои сиёси мекарданд, айнан дар замони ҷанги дохилӣ мисли замони шурави чунин зидият нисбати навиштаҷоти хати ниёгон(форсӣ) сурат гирифт.Як гуруҳи никопуш,ки худро «народный фронт» ба мардуми форсӣ тоҷик муарифи мекарданд.
Хона ба хона гашта ҳар китобу навиштаҷоте ки ба забони форсии дари ва бо хати форсӣ аз шоиру нависандагони класики мо боки монда буд кофту коб карда китобҳои исломию араби гуфта месузониданд ва соҳибони онҳоро лату куб мекарданд. Ва дар шаҳр бошад тамоми лавоеҳи идорот, ки бо хати форсӣи тоҷикӣи худ нигошта шуда буд, барчида оташ мезаданд. Хулоса то баимруз хаттамон русӣ(кирили) монду забонамон рӯзбакӣ.
Бо кадом сабаб мо бояд ба хати ниёгони худ баргардем?
Нишонаи ҳарф дори миллат дорист.Ҳар миллате, ки ҳарф надоштабошад уро милот хондан номумкин аст.Ҳар касе хоҳад миллатеро аз таъриху фарҳангу маънавиёти худ дур кунад пас ҳарфи уро аз байн барад худ бахуд аз ҷомиаи башар ақиб монда сарнагун мегардад.
Ин таҷрибаҳоро мо дар миллати худ дидем аз дасти душманону хоинони миллати хеш. То замоне, ки мо дорои ҳарфи хеш будем андешаи мо сода нашуда буд,мо бо тамоми форсӣ забонони ҷаҳон як будем, дунё ба харфи мо гуш медод ва мо худро дар тамоми илмҳои ҷаҳон сарбаландона устоди башарият медонистем. Акнун имрӯз миллати моро ба аҳволе оварданд, (душманону хоинони миллат) ки вақто мо дар назди форсӣ забонони худ мегуйем,ки мо ҳам форсизабонем онҳо ҳамон замон хандакунон масқара карда ба мо китобҳои маснавию шоҳнома ё дигар китобҳои форсиро пешниҳод карда мегуянд кани китоби аждодии худро хонед мо бошад рости ё чапии китобро фарқ накарда дар хондан куру дар ҷавоб додан гунгу кар дар мемонем.
Сад афсус, ки муҳақиқони мо баҳамаи ин шармандагиҳо шарм нагарда мегуянд мо баҳарфи форсӣ ниёз надорем зеро хати форсӣ ба мо бегонааст…
Оё хати ниёгон (форсӣ) ,ки зоид аз 1300-сол навиштафзорамон аст ҳанузам ба мо бегонааст ?
Оё адабиёти мо,маънавиёти мо,фарҳангу таъриху дини мо бо ин ҳарфи форсӣ нанавишта шудааст?
Оё кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги бародарони мо(Эрон,Афғонистон) бо ин хат(форсӣ) пешрафту тарақи карда ҷаҳонро ба ҳаяҷо наовардаистодаанд?
Оё мо бо ин хати кирилӣ насле парвариш накардем,ки ҳатто номашро навишта наметавонад?
Оё наход то ҳол бехабарем ки аз байни 10-нафар тоҷикҷавони 18-28-сола танхо 2 нафарашон соҳиб маълумотанду базур навишту хонда метавонанд аммо 8 нафарашон бошанд дур аз хондану навиштан. Дар ҳоле, ки чунин аст, моро чи намегузорад ки ба ҳарфи ниёгони худ бар гардем?
Оё мо бо ин ҳарфи кирилӣ бе дониши алифбои ниёгон метавонем аз ториху фарҳанги гузаштаи худ бохабар бошем?
Оё мо бо ҳамин хати бегонаи кирилӣ асаре офаридем, ки машҳури ҷаҳон шуда бошад?
Аз он замоне.ки мо хати ниёгонро аз даст додем оё мо боин хати бегона аз байни худ тавонистем,ки алломае барорем то баробар бо уламои замони пеш аз шурави бошад?
Оё магар ҳадафи асосии тағири хат аз байн бурдани нуфузи дин ва нест кардани уламоҳои дин набуд?
Оё ҳадафи тағири хат бесавод сохтани мардум ва аз гузаштаҳои худ бехабар мондани мардум набуд?
Оё дар ҷаласаҳо ва дар деворҳои шаҳр насб нашудабуд,ки «Кабули хати лотини( ё кирили) амри инқилоб аст,чи касе мухолифи қабули хати инқилоб аст. Зиндабод инқилоб, ва марк бар душманони инқилоб» ва бо чунин маҷбури тоҷикро зулм намекарданд?
Вазифаи муҳим барои мо
Худо он милатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он милат сару коре надорад,
Ки деҳконаш барои дигарон кишт.
Имруз вазифаи ҳамаи форсизабонони ҷаҳон ва хусусан ҳар се кишвари форсизабон(Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон) дар асри имрӯз ин аст, ки ба сӯи ҳамдигар майл намоянд. Ин се кишвар бе як дигар ҳеҷанд . Агар мо ба таърих нигарем то замони шурави ин се кишвар боҳам буданд. Ин секишвар набояд фаромуш кунанд,ки қавмҳои асосй Эрон дар ҳама замон се то буданд :1-порсҳо 2-тоҷикон 3- кушониён – модҳои (халқҳои эронии порси забон мисли курд, балуҷ, асетин ва ғайра). Ин ҳар се қавми асили эронӣ дар ҳар замон боҳам як буда дар эронзамин салтанату подшоҳи карданд.
Дар замони подшоҳони Пешдодӣ, ки тоҷик буданд, ҳамаи эронзамин тобеи Балх буд. Дар замони Ҳахоманишиён ва Сосониён боз ҳам тамомии кишвар тобеи ҷануби Эрон буда, дар аҳди Сомониён қисмати шимоли Эрон, аз ҷумла тамомии Хуросон тобеи Бухоро буд.Тоҷикон яке аз се қисми Эрон буд,ки аз Хуросони Эрон гирифта,то Афғонистону Тоҷикистону Бухоро ҳама тоҷик буданду ҳастанд.
Ва бузургтарин шахсиятҳои илмиву ҳунарӣ ва адабии Эрон бе шаку шубҳа Тоҷикон буданду ҳастанд ба мисоли:
Рудаки,Фирдавсӣ.Саъдӣ,Ҷомӣ,Хайём,Сино,Саноӣи,Аттор,Румӣ,Ғазолӣ,Хисрав…
ва садҳои чунин бузургони дигарро модари тоҷик ба дунё овард. Ҳеҷ кас ва ҳаргиз набояд форсро аз тоҷик ҷудо кунад. Ин ду қавми бародари дугоник аз як шикам баромадаанд ва аз ҳам фарқе надошта дар ҳар замон боҳам буданд ва дар асл 1000-сол пеш инҳо як миллат бо номи кавми “форс” машҳур буданд ва то ҳолоҳам чунин ҳастанд.
Бародарони Тоҷикистон,Афғонистон,Самарканд,Бухоро ва дигар форсизабонони ҷаҳон шумо дониста бошед, ки Эрон ватани муқадаси шумост, сарзамини обо ва аҷдоди шумост.Эронро дуст доред,Эрон фахри ҷаҳони ислом аст.Мо ҳама эрониэм Эрон аз мос ва мо аз Эрон. Шикасту аз ҳам ҷудоийи мо аз бе меҳрии бегонапарастии мост.
Ҳукумати Эрон набояд оворагони Тоҷикистон,Афғонистон,Бухоро ва дигар форсизабонони ҷаҳонро ҷу меҳмони нохонда пазируфта аз Эрон табъид (дипортақия) карда ва миллатҳои бегонаро (Армиян,турк,Балуч…) дар оғуши худ нигаҳ дорад. Иллати ҳамаи ин бегона парасти ва дури ҷустан ва напазируфтани форсизабонони ҷаҳон аз сӯи ҳукумати Эрон пеш аз ҳама бехабар аз гузаштаи пурифтихори ин бародарон аст.Ва дуввум иллат ин,ки Эрон худро дар зери султаи бегонагон ва турку муғули хунхор чунон ғарқ карда ва аз ҳам ҷудо гардиданд,ки то он андозае ҳамдигарро нашнохта дар байни худу ҳамзабонони худ визо гузошта ва бо бегонагон дустии бе визоро ташкил карданд.
Ҳоло замоне фаро расидааст,ки мо фарзандони бегона парасти парокандаи Эрон ба меҳани муқаддаси худ бозгардем.
Ҳар бешааш бешаи шерон бувад ҳанӯз,
Ҳар кӯдакаш муаллими пирон бувад ҳанӯз.
Ҳар кӯчааш ҷои далерон бувад ҳанӯз,
Умеди мо ба каъбаи Эрон бувад ҳанӯз.
Эй модари ватан, писаронат намурдаанд,
Осуда бош, гули аҷониб нахӯрдаанд.
(Ирон ба қавли Лоҳутӣ)
Фаолияти турк ва ғафлати форс
Бишнав аз най чун шикоят мекунад.
Аз чудойиҳо ҳикоят мекунад.
Ка-з найистон то маро бибридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мояи қайд аст,ки миллати турк бо он содагии турконааш якчанд қарнҳо шуд, ки миллионҳо мардумони ғайри туркро ба турк табдил дода ва ҳазорҳо километри замини форсизабононро золимона ситонда давлатҳои туркинажод сохт. Ва имруз дар сар то сари ҷаҳон ҳазорҳо мактабу литсейҳои забони туркӣ сохташуд.
Хусусан дар ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон литсейҳои туркӣ бознамудашуда, ки фарзанди тоҷик аз забону хати модарии худ ғофил монда забони туркӣ меомузад. Дар телевизори тоҷикистон бошад вақто,ки як сарояндаи тоҷик ба саҳна мебарояд номи Ӯ дар руйи ойинаи телевизор барои муарифи кардан ба бинандагони тоҷик: ба хати туркзабонҳо (лотини) навишта муарифи мешавад на бо хати форсии ниёгони худ. Хулоса туркзабонҳо дар байни кишварҳои форсизабон озодона зиндагиву таблиғоти пантуркизми худро давом додаистодаанд.
Аммо мо форсизабонон бо инқадар номи балан бо шуҳрати ориёйи бо он ҳама зиракй дар хаймаҳои бехабарию фаромуши нишаста, ки будани худро фаромуш кардем.Эрон имруз аз аҳволи 12-милион форсизабони Бухоро, 25-милион форсизабони Афғонистон, 6-милион форсизабони Тоҷикистон, 15-ҳазор форсизабони Чини Хитой ва аз аҳволи садҳо ҳазор форсизабонони ҷаҳон бехабараст. Намедонад,ки ин кишварҳои номбар шуда дарчи азобанд бо чи забон таҳсил доранд бо кадом хат менависанд бо чи шароит зиндаги доранд.
Қабули хати ниёгон
Албатта, мо хатти форсиро бояд қабул кунем. Забони мо ниёз дорад ба хати ниёгони худ, зеро қолаби забони форсии тоҷикист.Мо танҳо бо ин хат ва боин забони модарии худ метавонем бо миллати ягонаи худ ,ки имрӯз дар кишварҳои Эрон, Афғонистон, Покистон,ва тамоми кишварҳои Осиёи Миёна парешонанд, бидуни ҳеҷ парда аз аҳволи якдигар бохабар шуда гуфтугуву гуфтушунид кунем. Донистабошед ин гирили парстон занҷири пои мо анд,инҳо ҳамон фарзандону пайравони камонистҳоанд,ки то ҳол муборизаи худро ҳамчун хоинони миллат пеш бурдаистодаанд .Ҳадафи инҳо чист?ҳадафи инҳо : бо истилоҳ ин аст, ки тоҷикро ҷудо кардан аз форси: тоҷикро аз дину ҳамзабонони худ дур кардан аст.Ин ҳо аз ин метарсанд,ки тоҷик ба ҳарфи ниёгони худ бар гардад аз ҳазорҳо китобҳоу сайтҳои забони форсӣ, ки дар ҷаҳон фаъолият дорад огоҳи пайдо карда доно мешавад инқилоби мешаванд мусалмони ҳақиқи мешаванд. Аз ин сабаҳост,ки ҳануз мо дар ватани худ марказҳои омузиши хати ниёгони худро надорем. Имруз вақто,ки дар кишварҳои ҳамзабони мо Эрон,Афғонистон,Покистон…озмуни хушнависони ҷаҳон барпо мешавад, мардуми Тоҷикистону Бухоро бошад ашкрезон ба даври хатҳои ниёгонашон тавоф карда худро аз асли хеш бегона ҳис кунон афсус мехуранд.
Ин кирили парастон тавре моро ситам кардаистодаанд, ки гуё мо як қавми нав пайдо шуда бошем,ки ҳамзабони дигаре надоштабошем ва пешинагони мо форс набуданд ва порсӣ бо мо набуд.
Инҳо боин ақида моро бо ҳарфи бегонаи кирили чи тавреки шурави моро занчирбанд карда аз фарҳанги худ дур карда буд ҳамонхел моро ситам кардаистодаанд. Агар мо гуйем,ки моро гузоред баҳарфи худ бар гардем ҷавоби онҳо ин аст,ки мардуми кирили хонон то ёд гирифтанашон бесавод мемонанд. Тавре мегуяд, ки гуё мардуми Тоҷикистон имруз ҳама босаводанд ҳама дар кишвари худ дорои маълумоти олианд ҳама навиставу хонда метавонанд. Инҳо куранд намебинанд,ки агар як нафари босавод дохили мактабҳои Тоҷикистон шавад ва аз онҳо суол кунад ҳама талабагон хаёл мекунанд, ки суолдиҳанда аз дунёи дигар омада бошад.
Ва аҳволи мардум дар шаҳр бошад аз ин бадтар забони модариро аз сабаби хуб надонистан дар дараҷаи дуввум гузошта дар кучаву бозорҳо забони худро чандон писанд нокунон бозабонҳои:русӣ,узбакӣ ё бо як забони олудашуда бо русӣ,узбакию тоҷикии лаҳчагии дур аз забони мо”форсии дари” суҳбат мекунанд.
Агар як нафари форсидони дигар миллат, (ғайри форсизабон) ки ошиқи забони форсӣ бошад, шунавад садҳобор наълат кунон “ин Тоҷикистон не балки русйстону туркистон” будаст гуфта масқара кунон тарки Тоҷикистон мекунад.
Шоири бузургвори точик дар васфи чунин одамони забон гумкарда мефармояд:
Зи эрону аз турку аз тозиён,
Наджоде падид ояд андар миён.
На деҳқон(тоҷик)на турку на този бувад,
Суханхо ба кирдори бози бувад.
Ба забону хати форсии тоҷикии худ баргаштан ва шинохтани аслу насаб ва гузаштагони пешини худ барои мо амри ҳатмист. Фарзандони мо дар назди форсизабонони ҷаҳон он замоне обруй пайдомекунанд, ки агар забону хати форсии дарии худро дубора баргашта аз худ кунанд. Афсусу садафсус, ки имруз агар мардуми тоҷикони Бухоро ва Самарқандро пурсем, ки миллати шумо чист ? Дар посух чи куфтанашонро надониста мегуянд: “мусалмон”. Ва агар ба мардуми тоҷики тоҷикистон китоби Рудаки ё гулистон ва бустони саъдиро нишондода гуйи марҳамад хонед дар посух мегуянд: “Мо китоби эрониҳоро хонда наметавонем”. Инаст оқибати кори шуравию пантуркисту кирили парастони мо, ки фарзандони як миллати бузургу бофарҳангро ҷоҳилу аз асли хеш дур карда ғуломи занҷирбанди худ карданд.
Хайриддини Абудулла