Ёддошт
Бештари тоҷикистониён мӯътақиданд, ки гӯё мардуми тоҷик ва порсизабонони Самарқанд ва Бухоро, ки гуфта мешавад ҳудуди то 13 14 милюн нафар дар қаламрави кишвари ҳамсоя Ӯзбакистон зиндагӣ ва мутаассифона дар шиносномаҳояшон миллати ӯзбак номнавис шуда ва фарзандонашон дар мактабу донишкадаҳо бо забони ӯзбакӣ таҳсил мекунанд, аз рӯйи “беномусӣ” наметавонанд дифоъ аз фарҳангу забону миллати худ кунанд ва ҳамчунин аз рӯйи “бегонапарастӣ”-ашон намехоҳанд дар ҳайати Тоҷикистон бошанд. Оё ин доварӣ ва қазоват дуруст аст?
Ман дар сари ин мавзӯъ бо тоҷикони бузурги Самарқанду Бухоро ҳамсӯҳбат шудам; бо касоне, ки синну солашон аз панҷоҳу шаст болост ва ҳаёти худро дар забону фарҳанги тоҷикиашон паси сар кардаанд. Вақте бо онҳо дар сари ин мавзӯъ ҳамсӯҳбат шудам, аз чашмонашон ашки ҳасрат мерехт, ҳар боре ки номи тоҷику фарҳангу хатти порсиро такроран бар забон меоварданд, нафасашон гулӯҳашонро мегирифт ва аз чашмонашон ашк ҷорӣ мешуд. Ман чунин муҳаббатеро нисбати забону фарҳанги тоҷикиам аз ҳеч тоҷики тоҷикистонӣ надида будам, ба ҷуз дар сӯҳбатам бо Устоди равоншод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва бо Афзалшоҳи Шодӣ ва чандин нафарони дигар.
Хулоса, вақте ки сари ман мавзӯи бегонапарастиву дифоъ накардани мардуми Самарқанду Бухоро ба нисбат хатту забони худ ва инки намехоҳанд дар ҳайати Тоҷикистон бошанд, суол кардам ва чунин ҷавоб гирифтам:
– Писарам! Оё ҳеч падару модар фарзанди худро мепартояд? На, ҳаргиз! Барои Мо фарҳангу миллати азизи тоҷикамон ҷон медиҳем, лекин афсӯс писарҷон, ки шароит надорем, дастамон зери санг аст, агар ҳамин рӯз дифоъ кунем, ҳамаамон таҳти фишор қарор мегирем. Ва Шумо мепурсед, ки чаро мо мардуми тоҷики Самарқанду Бухоро намехоҳем дар ҳайати Тоҷикистон бошем? Писарам! Биё захму алами диламро хуноб накун, охир мо чӣ гуна дар ҳайати Тоҷикистон гузарем, ки ҳоли мардуми тоҷики азизамон аз ҳоли мо бадтар аст?! Хуб, ки моро миллати бегона азоб медиҳад, аммо шуморо чӣ? Шумо аз мо беғайраттару бегонапарастаред! Намедонам, кадомин хатоҳои шуморо гап занам, ки ҳам душманӣ ба фарҳанг дореду ҳам ба дин!
Мо мардуми тоҷики Самарқанду Бухоро, фақат замоне шуморо бовар мекунем, ки гуфтору рафторатон як гардад. Шумо дифоъ аз мазҳаби Имоми Аъзам карда, ваъдаи масҷиди бузург бо номи Имоми Аъзам сохтанро мекунед, аммо ба забон, вале дар амал мутаассифона масҷиду мадрасаро баста ҷавононро то синни 18 сола намегузоред ба масҷид равад… Шумо ба забонатон дифоъ аз сарзамину ному фарҳангу хатти порсӣ мекунед, аммо мутаассифона ҳамаро баръакс амал карда, ҳамон як порча заминро ҳам ба Хитоиҳо фурӯхтед ва дар сар то сари Тоҷикистон колеҷу литсейҳои туркиро ҷо кардед, ки фарзанди тоҷик ториху забони худро бо забони туркҳо омӯхта истодааст ва ҳатто як колеҷи порсиро ҳам нагузоштед ва зидди баргашт ба алифбои ниёгони худ ҳастед. Дар садову симоятон бошад, забони порсиро таҳқир карда ва бо як забони махлутшудаи нимарусиву нимаӯзбакӣ падарро отаву модарро оча гуфта гаштед, ки дар ин мавзӯъ шумо аз мардуми мо тоҷикони Самарқанду Бухоро пастареду беҳтар не!
Хулоса, мо он вақт ирода мекунем дар қаламрави Тоҷикистон бошем, ки дар гуфтору кирдор як бошед, ин камбудиҳои нобахшандаро ислоҳ кунед, пешрафт карда ҷавононро аз муҳоҷирату ғуломӣ ба донишгоҳу донишкада ҷо кунед, мардумро ба ҷои кор таъмин кунед, сарватмандону тоҷиронро бо сад тӯҳмату бӯҳтон зиндонӣ накунед, мардумро бо ҷои кор таъмин кунед, душманӣ бо фарҳангу забону хатти ниегонамон накунед.
Хулоса, ин гуфтаҳову хоҳишҳои мо агар иҷро шавад, пас дар он вақт мисли мардуми Қрим орзӯи якҷояшавиро карда, доду фиғон ба ҳафт фалак мебардорем, ки дигар дар он вақт ҳеч кас пеши роҳи мардумро гирифта наметавонад.
Ин буд гуфтугӯи ман бо якчанд зиёии тоҷики Самарқанду Бухорои азизам.
Хайриддин Абдуллоҳ