Дар урфият мегӯянд, “кӯр як бор дар чоҳ меуфтад”. Яъне бори дигар, ки ба ҳамон роҳ рафт, ҳушёр мешавад. Ошкор бигӯем, мо миллати тоҷик ҳамон кӯри ба чоҳуфтодае будем, ки аз рӯйи нодонӣ ҳамдину ҳаммазҳабу ҳаммилату ҳамзабону ҳамхуну ҳамсояву бародари худро қатли ом кардем. Бо баҳонаи дин аз унвони он истифода намуда, бародари худро кофир элон карда, рехтани хуни бародарро раво донистем. Макону диёре, ки маркази уламову авлиё буда, шахсиятҳои беназир дар он ҷо гӯронида шудааст, ки имрӯз зиёратгоҳи тамоми мардум аст, насли ин минтақаро кофир элон кардем, ба монанди қозии ин минтақа мулло Ҳайдар, ки хатмкардаи мадрасаи Бухорои Шариф буда, эшон як донишманди шариату тариқат аст.
Ман худ ёд дорам, ки дар минтақаи мо чӣ қадар афроди нодону бесаводе, ки буд ҳама мӯйи сари баланд гузошта, силоҳ ба даст гирифта, ҳар ҷо, ки муалиму милиса буд, кофир гуфта, паронданду занону духтарони онҳоро таҷовузу зино карда, молу амволашонро аз худ карданд. Ва он шахсон низ худро парчамбардорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) муаррифӣ менамуданд.
Ҳафтаи пеш як гурӯҳ ифротиён дар шаҳри Норак дар ҳоле дастгир шуданд, ки на парчамбардори ҲНИТ буданашонро медонистанду на парчамафшони ДОЪИШ буданашонро. Ва зоҳиран аз тафовути ойинномаи ин ду ҳизб ноогоҳ буданд. Онҳо ният доштанд, корхонаҳои давлатиро тарконанд ва парчами сиёҳи ДОЪИШ-ро баланд бардоранд, хушбахтона ба даст афтоданд, ки сардори ин гурӯҳи терористии ба даст афтода раиси бахши ҲНИТ дар он шаҳр буд. Ба монанди чунин намуна дар аксари шаҳрҳои кишвар ҷинояткорон аз ҷумлаи сардорону аъзоёни наҳзатӣ аст. Мо намехостем, ки як терорист аъзои ҳизби исломӣ бошад ва аъмоли ӯ мавзӯъи қатъи фаъолияти ҳизбаш гардад, мутаасифона ӯ мехостааст.
Раёсати ҲНИТ чаро намедонист…?
Мо ҳеҷ душманӣ ба ҲНИТ надорем, ба ҷуз эҳтиром ба онон, ки ҳамватанон ва ҳамдинонамонанд. Аммо мутаассибон, бахусус насли ҷавони ин ҳизб ба куҳансолони созмони сиёсиашон суол диҳанд, ки аз рӯзи пайдоишаш ҲНИТ чӣ манфиъату пешравӣ барои мардуми кишвар кард? Замоне, ки ҳукумат ҳафтод бар сӣ буд, дар он замон низ на як шабакаи телевизионӣ, ё радио, ки мавзӯи диниву фарҳангиро матраҳ кунад, ҳатто ҳаминро ҳам накард ва натавонист кунад. Дар ҳоле, ки он замон ин кор имконпазир буд. Ҳоло куҷо расад ба мадрасаву донишгоҳу донишкада. Ҳатто барои фарзандони худашон натавонистанд, дар дохили кишвар шароити дарси динӣ муҳайё намоянд ва онҳоро ба Туркияву ба кишварҳои араб фиристониданд, то дар мадрасаҳои ваҳҳобияи оли Саъуд таҳсил намоянд. Ва дар байни ин ҳизб як донишманди динӣ, ки бо симову сираташ дар фазои динии кишвар маҳбубият пайдо намуда бошаду ба ҳамагон шинохта бошад нест.
Мутаассибони камдон борҳо раиси ҳизбашон Муҳиддин Кабириро дар чандин ҷойҳои ҷамъиятӣ ба беришиву чапатарошии ришаш мутаҳҳам карда, мегуфтанд, ки тарошидани риш бо лезва ҳаром асту фитна меангехтанд. Ва ин чунин аз надонистани саводи кофии динӣ аксари шайхону уламои ботақвои кишварро сарзаниш мекарданд. Ҳар чӣ ба сари ҳизбу баъзе аз шахсиятҳои арзандаи он омад, аз дасти мутаасибонаш буд.
Ва новобаста аз ин камбудиҳояшон сухан аз ободиву созандагӣ зада, мардуми омаи хомандешро ба гурӯҳи худ номнавис карда, алайҳи давлатдорон душман месозанд. Ин намояндагони ҳизб ҳам гуфтору рафтору эродгириашон монанди ҳамон гурӯҳҳои ифротӣ аст, ки бо чунин камандешӣ дар ниҳоят ба сари ҳизбашон об мерезанд.
Ва дар аксари шаҳрҳо мардум худашон намедонанд, аммо бар вақт дар гурӯҳи ҳизб номнавис шудаанд. Ин аз чӣ дарак медиҳад? Оё масъулони дафтари минтақавии ҳизб барои ҳизбашон чунин хизмат мекунанд? Чаро раёсати олии ҳизб метавонад дар лаҳзаҳои ба худ ҳассос садо баланд намояд, аммо фаъолияти душманонаи намояндагонашро дар минтақаҳо огоҳона назорат накардааст? Солҳо аъзоёни онҳо бо бадномкунии ҲНИТ машғул будаанду шӯрои сиёсии ҳизб хомӯш, аммо вақте талош барои бастани шӯъбаи минтақавии ҳизбро бубинад, садо баланд мекунанд. Пас гуноҳи кист?
Имрӯз сухан аз басташавии ҳизб меравад. Вақте, ки далелҳои зиёде зидди наҳзатиён ошкор шудааст, дар ин ҳол кӣ тарафи Шуморо мегирад ва бо кадом далел? Сухан дар бораи раво ё нораво будани ҳизби исломӣ намеравад, балки агар то имрӯз аз фаъолияти Шумо бародарони наҳзатӣ хабарҳои нохуш ба мо намерасид, чаро мо бо Шумо намебудем?
Ноогоҳонанд, ки теша ба реша мезананд.
Албатта фаъолияти ҳукуматдорони мо пур аз камбудиҳост ва мо аз хатоҳои сиёсии онҳо нороҳатем. Баръакс, ҳар ҷо сухан дар ин бора меравад, ошкоро ҳақиқати ҳолро ифшо менамоем. Ин мансабдоронанд, ки банди андешаи нафси худанд ва дар ноҷӯр шудани фазои динии кишвар саҳм доранд. Аммо камбудии давлатдоронро набояд мавзӯъе қарор дод, ки дар ниҳоят кишвар ба бало печад.
Бадхоҳону иғвогарон масоили диниро баҳонаву пеша карда, яке барои манъи баъзе аз воизони тундрав, ё аз рӯйи риши баъзе салафиҳо, ё аз рӯйи ниқоб даст ба иғвогарӣ зада, мардумро ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ омода мекунанд. Албатта дар доми ин фитнагарон ҳамон ҷавонони бесаводи бетаҷриба меафтанд.
Он воизони дур аз фарҳангу мазҳаби хеш, ки дар меҳробҳо даст ба таҳқири фарҳангу дину ойини хеш мезаданд, акнун гоҳе аз хатари ДОЪИШ мегӯянд. Таблиғоти зиддимиллиашон аз рӯйи нодонӣ, ё аз рӯйи таҳсил намудан дар кишварҳои Арабистону Покистон буд, ки зеҳнашон бо салафигароӣ заҳролуд гаштааст. Хуб шуд, ки ҳукумат монеъи таблиғоти ғаразноки онҳо гашт. Онҳо ошкоро тӯҳмату душманӣ бар дини ниёгони хеш зардуштӣ ва ҳаром донистани ҷашни милливу фарҳангии хеш Наврӯз, душманӣ бо аҳли ирфону тасаввуф доштанд. Ҳол он ки тамоми бузургони мо аз аҳли тасавуф буданду ҳастанд. Аҷобат дар он мебинам, ки ин воизони бехирад дар гуфторашон аз шуарои бузург истифода мекунанд ва худашон ҳунари ду мисра навиштани шеърро надошта ва худро ошиқу пайрави Мавлонову Саъдиву Ҳофиз мехонанд. Аммо зиди ақидаву мазҳабу ойини онҳоянд. Он бузургон дар тамоми навишаҷоту ғазалиёташон аз Зардушту Наврӯзу забони порсии хеш ба некӣ ёд мекарданду худ пирону муридон дар тариқату тасавуф буданд. Хулоса ҳукумат пеши таблиғи ғаразноки чунин муллоҳои бехираду бедониши кофирро гирифт на аз ҳамаи донишмандони динро. Ва ин чунин дар кишвар ҳеҷ масҷиде баста нашудааст, ба ба ҷуз масҷидҳои ғайрирасмӣ, ки ҷойи фитнаву таблиғи ваҳобия буд. Ва ҳеҷ касеро аз ҳиҷобу рӯймолбандӣ манъ накардаанд, ба ҷуз ниқоб, ки на аз дин асту на аз ойини мо.
Хулоса мутаасибоне, ки худро парчамбардори ҲНИТ гуфта, садо баланд мекарданд, ҳам ба дину, ҳам ба ҳизбашону ҳам ба кишварашон хиёнат менамуданд. Масоили динро ноогоҳона таблиғу овозаву дарвоза карда, ҷавонони хомфикрро омода ба бадбиниву нафрату ҷанг бар алайҳи ҳукумату давлати хеш мекунанду худро хайрхоҳи миллату дин меҳисобанд, ҳоло он ки аз рӯзи пайдоишашон ҳеҷ коре барои дину миллат накардаанд, ки бар чашм дида шавад.
Беҳтар аст, ки онҳо ислоҳ шаванд, ҳамҳизбонашонро аз ҳизбҳои мамнӯъи ифротӣ наҷот диҳанд ва дар бунёди ҷомеаи мутамаддин саҳм гузоранд. Албатта хайрхоҳи бародарони мусалмонамон ҳастем, на бадхоҳашон.
Хайриддин Абдулло