Яке аз заруратҳои ахлоқи мусулмонӣ “мардумдорӣ” аст, яъне бо мардум будан, барои мардум будан, дар хидмати дигарон будан, шарики дарду ранҷу роҳату ғами дигарон будан. Ҳамроҳӣ, ҳамдардӣ, ҳамгомӣ ва ҳамхунӣ бо дигарон ва ҳар номи дигаре, ки битавонӣ бар он бигузорӣ, лекин воқеияти ҳама яке аст, яъне худро хидматгузор ва ғамхори дигарон дидан ва донистан.
Ин, рамзу рози ҳаёти иҷтимоии як мусулмон аст ва барои ӯ “пойгоҳи мардумӣ” ва бархурдорӣ аз раъфат ва раҳмат ва маваддат ва ҳимояти мардумро фароҳам меоварад.
Моҳӣ ба об зинда аст ва як мусулмони иҷтимоӣ, ба ҳусни сулук бо дигарон.
Бояд дид чи чизҳое ва чигуна рафторҳое ва чи руҳиёте ин замина ва мавқеият ва пойгоҳро барои инсон падид меоварад? Вақте ҳадафи як мусулмон хидмати бештар ба ҳамнавъон аст, бояд роҳу расми онҳоро ҳам омухт. Мардумдорӣ, яке аз ин рамзҳо аст.
Нумудҳои мардумдорӣ
Бидуни шинохти намудҳо ва шохисҳои мардумдорӣ ва ин хислати некӯ, наметавон ба рамзи он даст ёфт. Чи руҳияҳо ва хислатҳое сабаби ҷазби дигарон мешавад? Ҷазбе ки роҳгушои тавфиқи бештар барои хидмат ва ҳамдилӣ бошад. Бархе аз ин нумудҳо аз ин қарор аст:
- Хушахлоқӣ
“Ҳусни хулқ”, каманде аст, ки дигаронро дар доми муҳаббат асир мекунад. Кист, ки аз бархурди шоиста хушаш наёяд ва ҷазби чунин инсоне нашавад?
Гушодарӯӣ, аз боризтарин сифоти Расули Худо(с) буд, ки саҳме умда дар ҷазби мардум ба Ислом ва шефтагии онон ба шахси Пайғамбари Акрам(с) дошт. Худованд дар бораи ин хислати мардуми Расули Акрам(с) мефармояд:
Ба хотири раҳмати илоҳӣ буд, ки барои мардум нармхӯ шудӣ ва агар тундхӯ ва хашин ва сахтдил будӣ, аз даври ту пароканда мешуданд. (Оли Имрон, ояти 159. )
Дар идомаи оят мефармояд: Пас, аз онон даргузар, барояшон истиғфор кун ва дар кор бо онон машварат намо.
Гуё ки ”афв”, “истиғфор” ва “машварат”, намунаҳои дигаре аз ҳусни хулқ ва рафтори мардумдорона ва ҷозиб аст, чаро ки навъи эътимод ба мардум ва ба ҳисоб овардани онон аст.
- Афв ва гузашт
Кинатузӣ ва лаҷоҷат, вижаи руҳҳои ҳақир ва ҳимматҳои поин аст. Баръакси онон, ки назари баланд ва руҳи бузург доранд, пузишҳоро мепазиранд, аз хатоҳои дигарон чашм мепушанд ва аз ҳаққи шахсии хеш мегузаранд. Баландназарии инсон, омили муҳаббати дилҳои дигарон аст. Барои худи инсон низ навъе лаззати руҳӣ дорад ва гуфтаанд: “Дар афв, лаззате аст, ки дар интиқом нест”.
Афв ва гузашт ва чашмпуши ва нодида гирифтани лағзишҳои дигарон, донаҳои ҷалби муҳаббат аст ва дигаронро хушбин, вафодор ва бо муҳаббат нигоҳ медорад.
- Бахшиш ва муҳаббат
Одамизод, бандаи эҳсон аст. Ба ҳар кас некӣ кунӣ, ӯро ором ва мутиъи хеш месозӣ ва ба ҳар кас муҳаббат ва лутф кунӣ, қалъаи дилашро фатҳ кардаӣ. Ба қавли Саъдӣ:
Бандаи ҳалқа ба гӯш, ар нанавозӣ, биравад
Лутф кун лутф, ки бегона шавад ҳалқа ба гӯш
Ин таълими ҳазрати Расули Акрам(с) аст, ки:
“Эй мардум!
Медонам, ки наметавонед бо амволатон ҳамаи мардумро розӣ кунед, вале бо чеҳраи боз ва гушодаруӣ ва хушахлоқӣ, метавонед”.
Ва сухани ҳазрати Алӣ(к) чунин аст:
Озодмардон бо исор банда ва ғулом мешаванд.
Албатта банда ва ғуломи хубиҳо ва кароматҳои ахлоқӣ. Ин ҳам гоми дигаре дар ҷазби дилҳо ва иҷоди улфатҳо ва таҳкими робитаҳои отифӣ дар ҷомеаи башарӣ аст.
- Тавозуъ ва хоксорӣ
Афтодагӣ ва тавозуъ ва фурутанӣ, яке дигар аз ин вижагиҳост. Чунин касон метавонанд мардумро даври шамъи
вуҷуди худашон ҷамъ кунанд, онгуна ки Пайғамбари Акрам(с) буд ва анҷом медод. Такаббур, пушти инсонҳоро холӣ мекунад ва зери поро ҳам!
Мардум, аз пиромуни афроди мағрур ва мутакаббир ва худхоҳ, пароканда мешаванд. Баръакс, тавозуъ, мардумро ба муҳаббат ва иноят ва ҳимоят мекашонад.
- Ҳавсала ва таҳаммул
Қалби бузург, вусъати назар ва зарфияти лозим доштан, аз намунаҳои дигари “мардумдорӣ” аст. Гоҳе афрод, беҳавсалаанд, аз ҷое ва чизе нороҳатӣ доранд. Ё зарар ва осебе дидаанд, ё таҳти фишор ва гирифторианд, таваққуъ ва интизорашон болост. Асабонӣ мешаванд, ҳарфи тунд мезананд ва …
Онки сабур ва бурдбор бошад, метавонад бо мардум канор ояд,Онки таҳаммули ҳарфҳо, тундиҳо ва бадахлоқиҳоро тамрин ва таҷриба карда бошад, метавонад дар иртибот бо мардум, ба хидмати хеш ва ҳузури каримона дар канорашон идома диҳад. Худи таҳаммул, ва муқовимат, барои инсон, ҳаводор дуруст мекунад. Бурдборӣ нишон додан, хашмгин нашудан, аз осори ин “зарфият” аст. Касе ки аз ин вижагиҳои ахлоқӣ бархурдор бошад, аз ёрӣ ва ҳимояти дигарон ҳам бархурдор хоҳад буд.
Ки ҳар ду сухан, маънои мушобеҳ дорад, яъне: дар сояи ҳилм ва бурдборӣ ва таҳаммул аст, ки ёварон зиёд мешаванд ва мардум, пуштибон ва ҳомии ту мегарданд.
Ин хислат, махсусан барои касоне, ки бо мардум дар тамос ва иртиботи бештареанд ва дар маърази муроҷиат, тарҳи саволҳо, ниёзҳо, таваққуот ва мушкилотанд, заруритар ва аз муҳимтарин сифоти шоиста барои масъулон аст.
- Тафаққуд ва расидагӣ
Мардум, махсусан гирифторон ва дардмандон ниёзманди аҳволпурсӣ, расидагӣ, саркашӣ ва дар як калима “тафаққуд”анд.
Гоҳе як аҳволпурсӣ ва салом, шодобии рӯҳ ва нишоти зиндагии фаровоне (барои ҳар ду тараф) падид меоварад.
Гоҳе навиштани як нома ё телефон кардан ба як ошно ва фомил, муҳаббатҳо ва сафоҳои бисёре эҷод мекунад.
Гоҳе сар задан ба ҳамсоя ва иёдати як бемор ва ширкат дар як маҷлиси хатм ва арусӣ, мабдаи бисёре аз дӯстиҳои мондгор мешавад.
Диду боздидҳои хонаводагӣ, дилҳо ва зиндагиҳоро ба ҳам марбут мекунад.
Пурсидан аз гирифториҳо ва мушкилоти дигарон ва талош дар ҳаллу рафъи онҳо, дари дилҳоро ба рӯи инсон мегушояд.
Пас чи бояд кард? Равшан аст: Бо мардум зистан, бо ҳамсояҳо ва ҳамшаҳриҳо ва ҳамкорон ва муоширон ва ҳамнавъон, ҷуш хурдан, унс гирифтан, дар ранҷу роҳати дигарон шарик шудан, фосилаҳоро бо дигарон кутоҳ кардан, қатъи робитаҳоро ба “оштӣ” бадал кардан, ихтилофҳо ва кудуратҳоро зудудан ва …
Инҳо ҳама “амали солеҳ” аст.
Ва Худованд чунин некукоронро дӯст медорад.
То тавонӣ ба ҷаҳон хидмати муҳтоҷон кун
Ба даме ё дираме ё қаламе ё қадаме.