Аз тамоми ину он гумкардагон,
Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон.
3-он ки гум карда забони модарӣ
Ҳарф гуяд бо ту бо чандин забон.
(Лоиқ)
Имрӯз бештари мардуми мо дар ғами як пора нону фарзанду зананд на дар андешаи ному фарҳангу забони худ. Забоне ки мо тоҷикон имруз ба ӯ ифтихор кунон забони давлатӣ номида мефахрем ногуфта намонад, ки сахт олуда ва носуфта аст.
Аломату нишонаҳое ,ки забони тоҷикии асилро ба вартаи ҳалокат наздик карда ба як забони нимарусӣ ва нимаузбакӣ мубаддал кардааст аз назари банда ин гӯишҳо ба забони узбакию русӣ омехта кардан аст. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки забони шаҳрҳои Бухоро ,Самарқанд, Ӯротеппа ва Хуҷанд бешаку шубҳа аз таъсири турктозии узбакӣ ва ихтилолоти луғат адодҳои узбакӣ холӣ нест. . .
“ Ота” (падар),”оча”(модар) ,”ака”(бародар),”келин”(арӯс), “киёва”(домод),“қатиқ” (дуғ), “милтиқ” (туфанг), “қилиқ” (рафтори бад), “қазон” (дег), “қошуқ”(чуча) “чимилиқ” (чодар\парда), “қаламфур”(занҷабил) “юрт” (хайма), “қариндош” (ошно) … мисли инҳо бешумор калимоту ибораҳои тоҷикӣ, ки ганҷинаи бебаҳои забонанд, рӯ ба нобудӣ овардаанд. Омили дигаре, ки забонро аз асли худ бештар гусаста карда тавонист чӣ тавре, ки дар боло зикр кардем гӯишҳо ба забони русист. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ забони русӣ ҳукумфармо буд. Ба ин хотир ба забони тоҷикӣ ҳазорон калимаҳои русӣ ва ба истилоҳ русӣ-интернатсионалӣ ворид гардид, ки то ба ҳол дар идороти ҳукуматӣ, вазоратхонаҳо,донишкадаҳо ….. як беэҳтиромии маҳз нисбат ба забони тоҷикӣ ҳукумфармо буда аз сабаби забони худро хуб надониста дар суханрониҳо аз калимоти русӣ истифода мекунем ; студент(донишҷӯ) , институт (донишсаро), университет (донишгоҳ), факултет (донишкада), …..
прокурор ( додситон), судя (додгустар ),аэропорт (фурудгоҳ) поворот (гардиш) самолёт (ҳавопаймо), ……. Инҳо ва садҳо намунаҳои дигаре, ки барои оварданашон дар ин ҷо маҷоле нест, аз гузаштаҳои садсола ба беморӣ гирифтор кардани забони тоҷикӣ огоҳӣ ва гувоҳӣ медиҳанд.
Агар чунин аст, пас аз гузашти сад соли дигар забони форсии тоҷикӣ то чӣ андоза аз асли худ дур хохад рафт? Ё шояд комилан аз байн равад ва танҳо коршиносон ( мисли хаташ) онро ҳамчун “Забони ниёгон омӯзанд”? Ё шояд сад сол пас наберагони мо “Шоҳнома” и Фирдавсӣ ва дигар навиштаҷоту назми оламгири форсиро дар тарҷума бихонанд. Пӯшида нест, ки имрӯз вақто фарзанди тоҷикро китоби шоҳнома ё гулистону маснавиро дода мегӯйӣ: Бигир хон дар ҷавоб мешунавем аз онҳо, ки “мо китоби эрониҳоро хонда наметавонам”. Пас аз шунидани ин ҷавоб дар ҳаяҷон монда чӣ гуфтанамонро надониста марг бар душманони хату забони форсӣ ва марг бар хоинони миллати форсӣ тоҷик гуфта дар фаҳмондан медароем.
Аз ҳайбати таърихияш овора баҷо монд.
Як боғи пур аз офату бемор баҷо монд.
Бале ба ҳамагон маълумаст сабаби аз асли хеш дур шудану гумроҳу гумном мондани ҷавонони имруза. Яқинан зиёни ҳамон гурӯҳи дастпарвари пантуркону русҳоянд, ки дар байни мардум сиёсати пантуркизмро пеш бурда тоҷикиро аз форсӣ ҷудо дониста, муқобили эҳёи алифбои ниёгон буда, худро ҳамчун милати форсӣ тоҷик неву “тоҷики нави тоҷикистонии (асри 20 уми фарзандони шуравӣ)” шумурда ташфиқот зидди забону миллати форсӣ тоҷик мебаранд. Ин гумроҳон вақто забони форсиро аз тоҷикӣ ҷудо дониста хати ниёгонро бегона мешуморанд. Пас чӣ ҳуқуқ доранд, ки шоирони асили форсро “аз худ” мекунанд. Фирдавсӣ дар куҷо гуфтааст, ки “Аҷам зинда кардам бад ин тоҷикӣ. Балки Фирдавсӣ ба сароҳати тамом мегуяд, забони ман форсист “Ачам зинда кардам бад ин порсӣ”. Ё дар куҷо шунидед, ки гуфта бошанд“Рудакӣ падари шеъри тоҷикӣ”.
Ҳамаи мардуми форсӣ забонони ҷаҳон Рӯдакиро падари шери форсӣ меҳисобанд на тоҷикӣ. Ё то ба ҳол дар ҳеҷ тарҷумаи русӣ, инглисӣ, олмонй, фаронсавӣ шарқшиносе ё тарҷумонеро дидед, навишта бошанд, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсй,Саъди, Мавлонои Руми, Хаём…. аз забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. Дар ҳама ҷо «перевод с персидского» (тарҷума аз забони форсӣ) навишта шудаааст. Пас маълум мегардад, ки забоне бо номи тоҷикӣ то ин давр набудааст. Мо тоҷикон маъруфем дар ҷаҳон бо забони “форсии дарӣ”( форсии хуросонӣ ё форсии мовароуннаҳрӣ).
Бок не, гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-у забони модари гум кардааст.
(Лоиқ)
Форсӣ ё тоҷикӣ
Аз назари илми забоншиносӣ таърихи таҳаввули форсиро, ки аз ҷумла забони модарии мо низ ҳаст, олимону муарихони забоншинос ба се давр бахш кардаанд: форсийи бостон, форсийи миёна ва форсийи навин. Ва дар ин даврабандӣ исме аз “тоҷикӣ” нест. Агар мо ба таърихи адабиёти беш аз ҳазорсолаҳои худ нигарем бузургтарин осори форсиро(порсӣ) бухороиёну балхиёну эрониён, ки дар домони Сомониёни ба воя расида буданд, навиштаанд. Ҳеҷ шоире аз Фирдавсӣ то охирин шоири класики форсӣ тоҷик Муҳаммад Иқбол дар ҳеҷ ҷойе надидаам гуфта бошанд, ки мо тоҷикӣ навиштаем, балки фармудаанд мо форсӣ ё дарӣ гуфтаем:
Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!
(Фирдавсӣ)
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
З-ин қанди форсӣ, ки ба Банғола меравад!
(Ҳофиз)
Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст!
(Иқбол)
Низомӣ, ки назми дарӣ кори ӯст,
Дарӣ назм кардан сазовори ӯст!
(Низомӣ)
Мо мардуми форсӣ тоҷик баъд аз барҳам хӯрдани Шӯравӣ каме бо нангу ору номус шуда даст ба дасту муттаҳид гардида то ҷойе ба асли худ баргашта дар Қонуни забони кишвар вожайи “форсӣ” дар қавсайн бошад ҳам тавонистем ворид карда. Аммо афсусу сад афсус, ки аз ноогоҳию нодонӣ ё аз хиёнаткори соли 1994 даст бар иштибоҳи нобахшидание задем, ки ҳаргиз доғаш аз дили мардуми форсӣ тоҷикӣ асил то ба рӯзи қиёмат нахоҳад рафт. Сӯиқасд ба яке муқаддасоти мо, яънӣ ба забони модариамон бо ҳирсу ҳасодату нафрати тамом “форсӣ”-ро ҳатто дар қавсайн ҳам нагузошта сарнагун карданд. Ва душманони хату забони форсӣ тоҷик дониста бошанд, ки ин хиёнаткориашон фаромӯш нашудааст ва дар таърих бо ҷузъиёташ боқӣ хоҳад монд.
Мо инро бояд дониста бошем, ки агар мо ба мантиқи ин бехирадон амал кунем мо чӣ тавре, ки Самарқанду Бухорову алифбои ниёгони худро азони худ надониста аз даст додем забонро ҳам аз даст дода ҳамаи шоирони классики худро форсу эронӣ дониста ғуломи зархариди пантуркону русҳо шуда мемонем. Ва ҳар як фарди тоҷикӣ асил дониста бошад, ки Самарканду Бухороро моли худ нашумурдан ва ҳарфу забони форсиро ҳарфу забони худ нашумурдан ин аз модари худ рӯй гардонидан аст . Мо тоҷикон бе алифбои ниёгони худ ҳеҷем зеро аз 100% мероси гаронсанги фарҳангамон ҳамаги 5% ба хати кирилӣ дастёб асту тамом ва аз боқимондааш бехабарем. Ба ин аҳвол, пас чигуна метавонем аз хати форсӣ дар шинохти гузаштаи худ бениёз бошем?.
Тамбалию беэътиборӣ ё душманӣ
Имруз чаро мо ба ҳарфи худ дубора бар гашта наметавонем. Узбакҳо бо он содагии турконаашон тавонистан баъди барҳам хурдани Шӯравӣ аз хати кирилӣ ба лотинӣ гузаранд. Аммо мо бошем аз хати 1000 солаи ниёгони худ руй гардонида мегӯем ин хат ба мо бегона аст ё баҳонаеро пеш оварда мегӯем агар мо ба хати ниёгони худ баргардем аз ҷомиа қафо мемонем. Бегонапарастиву турктозиҳомон то ҳадде расидааст, ки писари тоҷик забону мактаби худро монда дар коледжҳои туркӣ забони туркӣ меомӯзад. Дар шаҳр бошад мардуми шаҳр забону ойини тоҷикиро монда сарулибоси мардуми аврупоро, ки тамоми баданаш намоён аст пӯшида сару рӯйи худро ранг карда дунболаравии кӯр кӯрона ба бегонагон карда, усулан байни худ бо забони русӣ гуфтугӯ карда, ҳатто номҳои худро аз тоҷикӣ ба усули русӣ гардонидаанд .Ва инчунин дар синамо бошад вақто номи як сароянда дар руйи ойинаи синамо навишта мешавад бо ҳуруфи лотинӣ навишта намоёнда мешавад на ба кирилӣ наход, ки ҳарфи ниёгонамон беҳтар аз хати лотинии имрузаи туркнажодон набошад. Ё нуқтаи дигар ин, ки вақто дар мобил пул мегузорем дар ҷавоб аз “смс” бо ҳуруфи лотинӣ ва бо доллари амрикоӣ нишон дода мешавад на ба пули миллию на ба ҳуруфи ниёгон.
Дар поёни ин гуфтаҳо гуфтаниам, ки то ба хати ниёгони худ рӯ наоварем ва забонро аз барсохтаҳои пантуркизму русизм пок насозем, забони форсии худро дуст дошта забони модарии худ нашуморему дубора барқарор накунем мо тоҷикон ҳаргиз бо забони адабии хеш гуфтору навиштори солим нахоҳем дошт. Ин худбузургбиниҳои бепояву бемояро боястӣ канор гузошта, аз пайи баргашт ба хату забони адабии форсии тоҷикӣ гашт.
Хайриддини Абдулло