Шабакаҳои бунёдашон ваҳҳобиву салафияи такфири бо номи “Калима”, “Нур”, ” Висоли Форс”, ”Шабакаи Саффо” дар саросари дунё тухми ихтилофро кошта, мардумро аз дину мазҳабу ойини худ дур месозанд. Ва дар баробари ин шабакаҳо боз як шабакаи такфири бо номи “Висоли Ҳақ”, ки барномабараш яке аз ваҳҳобии эронӣ бо номи Ансорӣ, ки аз Эрон бадарға шудааст ва инчунин ҳамкори дигараш бо номи “Муҷибу Раҳмон”, ки пештар яке аз воизони тоҷикони суннии Афғонистон буда ва баъдан аз кишвари Афғонистон аз тарафи сунниҳои ҳанафимазҳаб бо сабаби салафи шуданаш пеш карда шуд ва ҳоло бошад бо ин Ансорӣ дар шабакаи висоли ноҳақу ботилашон тухми ихтилофро кошта, миёни сунниву шиъа душманиро барпо карда истодаанд.

Барномаҳояшон танҳо алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ва уламои ҳанафимазҳабу аҳли тариқату тасавуф мебошад. Ва ҳар касе, ки шиъаёну ҳукумати Тоҷикистонро кофиру золиму наҷас надониста ҷиҳодро бар инҳо фарз надонад, дарҳол тӯҳмат ба шиъа будану ҷосуси ҳукумат будан мезананд.

Тарафдорони ин барномаи туҳматгару иғвогар ҳамон ҷавонони салафишудаи тоҷик ҳастанд ва ё аз гурӯҳҳое, ки дар Тоҷикистон инқилоб карда ҳукумати Тоҷикистонро нест кардани буданд, ҳамонҳоянд, ки барои онҳо ин шабака як майдон аст. Барои онҳо ҳеҷ фарқияте намекунад, ки ин шабака чӣ шабака аст, муҳим ин ки зидди ҳукуматӣ бошад шуд.

То замоне ки дар Тоҷикистон қонун зидди салафии ифротгар набаромад ин шабака ба ҳукумати Тоҷикистону уламои Тоҷикистон кореҳам надошт. Зеро то қонун зидди салафии ифротӣ  баромаданро дар Тоҷикистон воизони зархаридди салафӣ худро ҳанафимазҳаб шумурда аз паси парда дар либоси ҳанафӣ ваҳҳобияро пеш мебурданд ва фарзандонашон дар донишгоҳҳои Ваҳҳобияи Оли Сауд дар Мадинаву Покистону Зоҳидон дарси ваҳҳобият  хонда, таблиғу ақидаи салафии такфириро пеш мебурданд. Худашон бошад дар болои мардум вазифаи раису масъули динӣ ва муфтиҳову имомҳои панҷ вақтаро масъулият карда, дар зоҳир ҳанфиву зидди салафии ифротӣ муарифӣ карда, пеш мебурданд ва дар хона бошад, бародарону  фарзандону хешу табори дар донишгоҳҳои ваҳҳобии такфирӣ дарс хонда, намозашонро тибқи бемазҳабҳои ваҳобӣ хонда, мавлуду наврӯзу тасавуфу зиёрати қубурро бидъату ширку куфр мехонданду таблиғ мекарданд. Албатта ин дуруягии масъулони дин барои мардумони босаводу бохиради уламои кишвар ошкоро буд, аммо вазифаву меҳробҳо, ки дар дасти ин мунофиқин буд, аз дасти уламои босаводи ҳанафимазҳабу аҳли тасавуфи пок чизе ҳам намеомад. Хулоса ин воизони мунофиқ сифате, ки дар суханрониҳошон худро ҳанафи мегуфтанду зидди ақидаи ҳанафиву ойини мо рафтор карда, дам ҳаргиз аз тасавуф назада, балки тасавуфу тариқатро инкор карда, мавлуду наврӯзу хайроту зиёрати қубурро  бидъату ширк дониста, усули дини моро аз шиъаён дониста, нияти намозро раво надониста, ҳатто то ҷое масхара мекунад, мазҳаби ҳанафии моро ки хандон мегуфтанд “ман намедонам, нияти ғуслро ва нияти ғусул дар Ислом нест”,“ ман ҳаргиз ба зиёрати ҳеҷ қабре намеравам, чи дар пешам бошад ва ё чи дур”, “сари луч намоз хонед, мешавад, тоқӣ лозим ҳам нест” гӯён мардумро дар шубҳаҳот меандохтанду фикру ақидаашонро бо ақидаи салафӣ заҳролуд мекарданд”. Хулоса, ҳукумат аз ин таблиғу роҳу равиши ваҳҳобигии инҳо бохабар шуда, аксари инҳоро, таблиғашонро қатъ кард. Аз ин рӯ ваҳҳобияи Саъудӣ аз ин кор нороҳат шуда, зуд минбари тафриқавии дигаре, хос барои Тоҷикистон омода кард, ки бо номи “Висоли Ҳақ” мебошад. Дар ин шабака ҳеҷ гоҳ дарсе аз Қуръону суннат гуфта намешавад ва симои ин барномабараш, ки бо номи Ансорӣ муарифӣ мешавад, аз рӯҳонӣ ва мазҳабӣ набуда, сари луч ва дур аз саводи диннӣ ва бехабар аз мазҳабу ойини мо буда, дам аз дину мазҳаби мо  мезанад. Худро дӯстдори мазҳаби мо муарифи карда, дам аз ғаму дарди миллат мезанад. Аммо қасдаш инкори тасавуф, ширку бидъат донистани зиёрати аҳли қубуру мавлуди набиву кофир хондани тамоми шиъаёну сӯфиён ва барпо намудани инқилоб зидди ҳукумат ва ташкил кардани ҷанг байни сунниву шиъа мебошад. Ин корҳо қатъан хилофи мазҳаби поки мо Имоми Аъзам ва зидди қонуни асосии кишвар мебошад, ки ин фикру рафтораш айнан ошкоро зидди мазҳаби мо буда, мунофиққии ин иғвогарру тӯҳматгарро нишон медиҳад.

ДАЪВОҲОИ  БЕАСОСИ ШАБАКАИ ФИТНАГАРИ “ВИСОЛИ ҲАҚ”

Шабакаи ба унвонаш носазовори “Висоли ҳақ” махсус бар алайҳи Тоҷикистон омода карда шудааст, то диндорашро бо фитнаи мазҳабгароӣ ва дунёдорашро бар ҷанг алайҳи ҳукумати хеш омода карда, ҷанги шаҳрвандиро барпо кунад. Ҳарчӣ ҳам, ки мегӯяд, ҳама тӯҳмат, дурӯғ, ғайбат,тафриқа, иғво, ҷосусӣ, бадбинӣ, кина, бӯҳтон ва фитнаангезӣ мебошад.

Аз рӯи намуна яке аз даъвоҳои воизӣ дарснохондае бо ном Ансорӣ ин буда, ки гӯё дар Тоҷикистон шиъаёни такфирӣ бошанду онҳо зидди асҳоби паёмбар ва модари мӯъминон ҳазрати Ойиша (Р) дашному куфр мегуфта бошанд, ки ин як тӯҳмати маҳз аст ва чуноне ба ҳамагон маълум аст, дар Тоҷикистон тухми фитнаву тафриқаро салафиҳои такфирӣ кошида, падарро бо писар ҷанг андохтаанд, на шиаёни исмоилияи Бадахшон ё дигар шиъаён. Ва ман ҳаргиз нашунидаам, ки дар Тоҷикистон ё дар Руссия як тоҷики шиъамазҳаб ба ҳазрати Абубакр (Р), Умар (Р), Усмон (Р), Ойиша(Р) ва ё бар мазҳаби поки мо Имоми Аъзам дашному бадгӯӣ карда бошад. Ҳадафи ин фитнагар аз ин тӯҳмат он аст, ки боз як ҷанги шаҳрвандиро дар миёни мардуми тоҷик ташкил намуда, сунниҳоро бо шиъаёни Бадахшон алайҳи ҳамдигар ба по бихезонанд.

Ва дигар даъвои ин иғвогар ин аст, ки гуё дар Тоҷикистон ҳукумат душмани дину мазҳаб буда, монеъи ҳиҷоб, риш, рафтани ноболиғон ба масҷид, бастани масҷидҳо бошад, ки ин ҳам як туҳмати ошкорост. Дар Тоҷикистон ниқоб манъ аст, на ҳиҷоб, ки ниқоб на фарз асту на суннат ва на аз ойини мо. Дар Тоҷикистон ҳеҷ масҷидеро набастаанд, ба ҷуз он масҷидҳое, ки ба ҷояшон масҷиди бузург сохта шудааст ва ё бо ном масҷид, ки аз тарафи салафиҳои такфирӣ сохта шуд ва ғайрирасмӣ мебошад ва дар он таблиғи ғаразнок ва хатари ваҳҳобияи худро мебурданд. Ва манъи рафтани ноболиғон ба масҷид дар соатҳои дарсист.

Ва яке аз дигар даъвоҳои ин фитнагар ин аст, ки гӯё дар Тоҷикистон амри маъруф манъ бошад. Ин ҳам яке аз дурӯғи ошкорост, ки нодида аз забони салафиҳои дар Тоҷикистон буда гап мезанад. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ҳар як имому муфтӣ озодона сухану амри маъруфи худро мекунад. Ва агар аз байнашон касеашонро манъ карда бошанд, яқин бо сабабҳое, ки худашон яқин дар гуноҳи худ иқрор буда, аз пушаймонӣ сар ба сукутанд.

Ва дигар даъвои ин воизи ноислоҳи ислоҳгар ин аст, ки гӯё ҳукумати Тоҷикистон душмани дину фарҳангу миллати тоҷик бошад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон новобаста аз азоби дидаи ҷанги шарҳрвандии худ боз дар байни давлатҳои ҳамсоя чунон ободигарӣ, пешравӣ, сохтани сохтумонҳо ва шинохту дифоъ аз ҳаққу ҳуқуқҳои фарҳангӣ кардаву карда истодааст, ки нисбати давлатҳои ҳамсоя пеш асту пас не. Пеш аз оне, ки ин воизи гумном  давлату миллати моро бо пайравони оқимазҳабу оқимиллаташ бар забон мегирад, бо нияти ғаразноки худ, аввал ин гумном худро шиносонад, ки аз кадом кишвар аст? Кадом кишварро барои худ ибрату намуна медонад? Худ ки тарафдори кишвари Саъудӣ аст, чӣ коре дар кишвари Саъудӣ бо адлу инсоф аст? Ҳамин Арабистони Саъудист, ки омода аст, бо пули милиардҳои худ тухми фитнаи ваҳҳобияту салафиятро дар ҷаҳон кошта, кишвари ҳамзабону мусалмони мо Афғонистону Эронро ба хок яксон кунад, аз рӯйи нақшаи Амрикову Исроил. Ё кишвари хунхори Амрикоро барои худ намунаи бо адлу инсоф медонад, ки тамоми дунёро бо баҳонаҳои мухталиф ба хок яксон кард, бо пулу моли додаи шайхҳои араб.

Чуноне дар урфият мегӯянд, кал табиб бошад, сари худашро табобат кунад. Аввал худ дар кадом кишваре, ки ҳаст ҳамон кишвари фасодзадаи ғайриисломиро мусалмон кунад ва даст аз хӯрдани пули ваҳҳобиҳое, ки оварда дар он шабакаи худ нишонидандаш даст кашад, баъд номи миллату давлати азизи мо тоҷиконро гирад. Ин каззоб худ як гуреза аст, аз Ватани худаш бадарға гаштааст, ба монанди он хоинону фитнагарони мо ки дар меҳмонхонаҳои кишварҳои ғарб нишаста, дар Тоҷикистон нотинҷиро барпо карданианд, ин ҳам яке аз ҳаминҳо, ки афсӯс мардуми омаи бехабар аз дунёву сиёсат, аз рӯйи нодонӣ ба доми ин зархаридону ҷосусону оқимилатону беватанон меафтанд.

ҲАДАФ АЗ ФИТНАГАРИИ “ВИСОЛИ ҲАҚ” ЧИСТ?

Ҳар инсони дурандеш ҳар кору гаперо бо чашми сар мебинад, бо ақл меандешад, бо донишаш қиёс мекунад ва баъд хулоса мебарорад. Чуноне ки мо дар зоҳири ин шабакаи тафриқаандоз ба ҷуз фитнаву тӯҳматро намебинем ва аслаш ҳам аз ваҳҳобиҳост, ки дар кишварҳои мухталифи аврупо нишаста, тафриқа меандозанд. Пурсиш ба миён меояд, чаро дилаш ба мусалмонҳои мазлуми Фаластин, мусалмонҳои Ҳинд, ки аз дасти будпарастон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта мешаванд ва ё кишварҳои бо мо ҳамсоя Ӯзбакистон, ки ду баробари Тоҷикистон порсизабони Тоҷиканд ва зулму ситаме, ки дар онҷост, дар Тоҷикистон нест ва ё дар Афғонистон, ки ҳар рӯз аз дасти толибон гурӯҳ гурӯҳ мусалмон кушта мешавад. Ба ин ҷойҳои номбаршуда, дилсӯзиву коре накарда, аз рӯзи пайдоишаш танҳо ва танҳо мавзӯаш ба қавли худаш “Тоҷикистон, дардҳо ва орзуҳо” буда дар ҳоле, ки худаш бемазҳаб буда, дар равияи салафии такфирист ва кораш ҳам дар шабакаи дурусткардаи ваҳҳобия махсус зидди кишвари Эрон аст. Ва ҳадаф аз ҳамаи ин дурӯиҳо як ҷанги бародаркуш дар байни мусалмонони порсигӯи сунниву шиъа омода карданист ба монанди кишвари Сурия ва худ ҳам тарафдори ДОИШ ва аз ин гуруҳи хунхор мебошад.

Ва кору ҳадафаш ин аст дар Эрон ки 26 милион суннист, онҳоро бо шиъаён ҷангониданист ва инчунин Сунниҳои Тоҷикистонро зидди шиъаёни дар Тоҷикистон буда, чи аз шиъаёни ҷаъфария ва ё чи аз шиъаёни исмоилия ва инчунин Эронро ҳамчун душман барои миллати тоҷик  муарифӣ карда, ин ду кишвари ҳаммилату ҳамфарҳангу ҳамзабонро аз ҳам ҷудову душман  карданист. Ва суол ба миён меояд, ки чаро бо ҳисоби 14 милион тоҷикони Самарқанду Бухоро бо ин шабакаи фитнагар кор гирифта наметавонад ва ин шабакаҳам бо онҳо.

Аввало ин ки ҳукумати Ӯзбакистон амнияташ чунон фаъол аст, ки ҳеҷ гурӯҳе аз гурӯҳҳои ифротгар аз ваҳҳобиву салафия чи дар дохили кишвараш ва чи дар хориҷ қариб, ки вуҷуд надорад, агар ҳам пайдо шуд, дар кадом минтақаи дунё, ки набошад бо тамоми роҳ нобудаш мекунад. Аммо дар Тоҷикистон новобаста ба он ки қонун зидди салафигароӣ ҳаст, аммо мутаасифона дар идораи диниёту муфтиёту хатибҳош  аксарашон салафиҳоянд. Ва ҳатто баъзе аз имомҳои мунофиқсифати тоҷик ошкоро дар ин шабакаи салафии такфирии висоли ботили ноҳақ суханронӣ мекунанд. Модоме, ки дар дохили кишвар салафигароӣ меҷӯшад, ҳоло чи расем ба хориҷи кишвар. Ман худ шоҳиди онам, ки дар масҷидҳои Руссия аз сафи муҳоҷирин ҳеҷ миллате аз давлатҳои ҳамсоя ба гурӯҳҳои ифротӣ наафтода, зидди ҳукумату давлату мазҳаби худ мубориза намебарад, ба ҷуз тоҷикон.

Ва аз назари банда то ҷое ки дар масҷидҳои кишвар гаштаму дидам ва бо мардум сӯҳбат кардам ба хулосае расидам, ки аз сад ба мушоҳидаи ин ҷониб шаст фоизи мардуми Тоҷикистон гарчанд ки худро ҳанафимазҳаб донад, лекин фикру ақидааш салафигароӣ буда, сухани салафиву ваҳҳобиро такрор мекунаду худ хабаре надорад. Ин ҳам сабабаш ҳамон воизону хатибони ваҳҳобисифат аст, ки дар меҳроб ошкоро баромад карда мегуфтанд, шумо намозхониро аз салафиҳо ёд гиред, тасавуф ва суфигароиро бас кунед, мавлуди набӣ бидъат аст, ҷашни Наврӯз ҳарому куфр аст, ҳафту чилу сол гирифтан барои майит бидъат аст, зиёрати қубуру тиловати Қурон дар болои қабр бидъат аст, василаву тӯмору таштобу дегдон ширку куфр аст, пеши кас хеста аз рӯйи эҳтиром салом кардан бидъат аст, дудаста салом кардан бидъат аст гӯён зеҳни мардумро заҳролуди ваҳҳобигароӣ мекарданд. Оқибатш ҳам ҳамин шуд, ки фарзанди тоҷик душмани мазҳабу ойину миллату фарҳанги худ гашт.

АҚСОМИ РАВИЯҲОИ ИФРОТГАР ДАР БАЙНИ МУСАЛМОНОНИ ШИЪА ВА СУННӢ

Чуноне ба ҳамагон маълум аст, мусалмонҳо ба ду шохаи бузург тақсим мешаванд ва ҳарду дорои як китоб, ки Қурон аст, ва уммати як паёмбар, ки Муҳаммад (С) аст, ва соҳиби як қибла ки Каъба аст. Сунниҳо манобеи худро аз Қурону Паёбар (С) ва асҳоби киром мегиранд ва шиъаён ҳам манобеъашонро аз Қурону Паёмбару аҳли байти Паёмбар (С). Шохаи Сунниҳо ба чаҳор мазҳаби барҳақ тақсим мешавад, ки Ҳанафӣ, Моликӣ, Шофеъӣ, Ҳамбалист. Ва шохаи мазҳабҳои шиъаён бошанд ба Ҷаъфария, Имомоя, Исноашария ва Исмоилия. Сунниҳо ба ҷуз ин чаҳор мазҳаби барҳақ гурӯҳҳои ифротие доранд, ки боз ин чор мазҳаби барҳақи суннии худро қабул надошта, ин мазҳабҳои барҳақро бидъату нораво медонанд. Ин гуруҳҳои ифротӣ аз тарафи суннимазҳабон инҳоянд: ваҳҳобия, салафия, такфирия, мадхалидия…. Ва инчунин аз тарафи шиъамазҳабон бошанд гурӯҳҳои тунтрави мутаасибини такфирӣ вуҷуд дорад, ки худи ин мазҳабҳои аз шиъаёнбударо инкору такфир мекунанд ва бар баъзе аз саҳобагони Паёмбар (С) душмани меварзанду дашному носазо мегуянд, ки ин рафтору ақоидашон хилофи мазҳабҳои ташаюъ аст.

Пас ҳар ихтилофе, ки дар байни мусалмонони ҷаҳон буду ҳаст, аз ин ду тарафи ифротӣ сар мезанад вагарна чӣ сунниву чӣ шиъа бо ҳам бародаранд ва бо ҳам метавонанд, зисту зиндагӣ кунанд. Душманони ислом ҳар вақт аз ин ду гуруҳҳи ифротии сунниву шиъаён буда истифода мекунаду духми ихтилофро мекоранд ва мардуми одии бесавод бошанд, инҳоро фарқ нокарда, тамоми сунниву шиъаро як дида душмани якдигар медонанд, ки ин ақидаи тамоман нодуруст аст.

Пас бояд коре кард, ки ин ду гурӯҳи ифротие, ки аз тарафи шиъаву суннист, инҳоро дур кард, то ҷаҳон ором гирад. Сунниву шиъа бояд дар байни худ шӯрое таёр кунад ва даруни худро аз ин ифротиҳо пок кунад. Танҳо он вақт мусалмонон аз фитнаву тафриқаву иғвогарӣ озод мешаванд, бо ҳам осуда мезиҳанд. Лекин чунин шӯроро дар ин шароите, ки доранд, омода кардан амри маҳол аст. Аз рӯйи намуна ин ки дар Руссия аз сад  си фисадаш коркунони шӯрои уламову муфиёт ҳама ваҳҳобиву салафиҳои такфирии дар мадрасаҳои ваҳҳобия омухтаанд. Ва инчунин дар кишвари мо Тоҷикистон. Ягона роҳи наҷотро дар он мебинам, ки бояд ҳукумати мо тамоми шароитро муҳаё кунад чи ба воситаи садову симо ва чи ба воситаи муфтиҳо мубориза зидди ин ифротгароҳо уламои аҳли тасавуфро ба майдони мубориза биёрад танҳо уламои аҳли тасавуф, суннии ҳанафии ҳақиқи мондаастанду тамом.

Чи гунае, ки раиси ҷумҳури Чиченистон муборизаро бо инҳо аз роҳи ҳақу мусаффои тасавуфу тариқат бурда ваҳҳобияту салафияро сарнагун кард. Агар аҳли тасавуф намешуд, дар Чеченистон ваҳҳобиву салафӣ ҷӯш мезад.

Аз ин рӯ дар охир инро гуфтанием, ки мо бояд дониш омӯзем, роҳу равиши аҷдодии худро гум накарда, ба доми хавориҷу ваҳҳобиву салафиву шиъаёни такфирия наяафтем.

Роҳу равиши мо ин аст, ки суннием,  дар мазҳаби поки Имом Абуҳанифаем, дар ақидаи Имом Мотуридием ва дар тариқати Нақшбандия. Ҳар касе инкори ин кард, яқин донед, ки аз мо набуда, барои мо хавфу хатар аст.

Хайриддини Абдуллоҳ