Ҷойгоҳ ва эҳтироми Каъба ва одоби инсони дар назди аъроб
Дар бораи иҷрои адаб ва эҳтироми Каъба ва дигар одобҳои неки инсонӣ аз падару модар то уламову рӯҳониёну пиронсолон омузишу тарбият гирифтаем. Тибқи насиҳату дастурҳо ҳаргоҳ, ки дар ҳузури Каъба рӯбарӯ мешавем, бояд хеле муаддабона рафтор намоем, то эҳтироми Каъба ба ҷо ояд. Эҳтиром ба хонаи Худо, эҳтиром ба Худост.
Ҳаргоҳ, ки ҳоҷӣ рӯбарӯи Каъба мешавад бо чеҳраи кушод ва “Бисмиллоҳу Аллоҳу Акбар” гӯён ҳарду дастонро сӯйи он хона дароз кунаду сипас панҷаҳое, ки суйи Каъба дароз шуд, пеш аз ҷисм буд, бӯсакунон ба абрӯвони хеш молад ва агар дар наздаш аст, бо ҳарду дастон тавофаш кунад ва бӯсакунон ва абрӯёни хешро дар сангу парчами Каъба молад, ҳамчун табаррук. Аз ин рӯ ҳар гоҳ, ки касе аз ҳаҷ бармегардад, агар зан бошад, занон аз наздик ӯро зиёрат намуда, ба оғӯш мекашанд ва агар мард бошад, мардон ҳоҷиро ба оғӯш гирифта, то се бор саломи кифт ба кифт мекунанд ва занҳо бошад дастони худро дар китфонаш молида, ба рӯю чеҳраҳои худ ҳамчун табарук мемоланд. Ин аст, яке аз русуми эҳтироми Каъба ва Ҳоҷи.
Инчунин, шахс хоҳ дар рӯ ба рӯ, ё дар ғоибаш пойҳои худро сӯйи Каъба дароз накунад, ё пой ба қибла дароз карда, хоб наравад, дар нишаст пушт сӯйи Каъба нанишинад, пас аз адои таввоф пушт суйи Каъба карда набаромадан, ба сӯи он бино туфу пешобу қазои ҳоҷат накунад. Ин ҳама адабро ҳар инсони муъмини соҳибхирад бояд иҷро кунад.
Шояд хонандаи гиромӣ пас аз хондани рисолаи банда ба Макка равад ва бибинад, ки афроди зиёде дар он ҷо бе мазҳаб, бе пиру бе фаросат буда, тарки ин ҳама адабҳо ҳатто дар назди Қаъба мекунанд. Инчунин ноэҳтиромӣ нисбат ба Қуръон ва Қаъба карда, пойҳои худро сӯйи Қаъба дароз, ё дароз кашида, Қуръон дар даст мехонанд. Ин қабил афрод дар нишаст пойҳои худро сӯи якдигар дароз карда, менишинанд ва ҳаргоҳ, ки бузурсоле аз дар дарояд, ҳатто пойи дарознамударо намекашад, ҳоло куҷо расад ба пеши шахс хеста, истиқбол намудан, ки меъёри эҳтироми инсон аст.
Инчунин ногуфта намонад, ки мардуми Арабистони саъудӣ аксарият бе мазҳаб ва душмани мазҳабу тариқатанд ва яке аз рафторҳои бадашон ин аст, ки нисбати нон ҳеҷ эҳтироме надошта, ба болои нон пой мегузоранд ва ё ба пой мезананд, дар хӯрок хӯрдан даст мефишоранд, оби бини мефишоранд, гӯшу бини мекобанду тан мехоранд, дар роҳ рафтан беадабона китфзанон ҳамдигарро озор дода, мегузаранд, бо ғазабнокиву асабоният сухан мегӯянд, дар баробари дигар нажодон қабилаву нажоди худро боло медонанд.
Дар Арабистони саъудӣ пироҳани тозону бо шалвору салаву ҷелак, ки тарзи либоси паёмбар аст, афроди камшумор мепӯшанд. Ҳеҷ араберо дида намешавад, бо салла ба ҷуз рӯймоли миллиашон. Яъне дар адаб одитарин тартибу тамизро надоранд ва дар пӯшидани либос нишонае аз пӯшиши либоси паёмбар нест. Ин одатҳои бе тартибу шум дар ҳеҷ мардуми минтақаҳои мо надидаам ва чунин меандешам, ки ҳеҷ фосиқе, камсаводе чунин ахлоқи бадро ба худ лоиқ намебинад. Дар қиёс дар минтақаи мовароуннаҳр қариб, ки нест рӯҳоние, ё пиронсоле, ки бе суннати ҷомаву ҷелаку салла гардад. Албатта ҷойи таъҷуб ҳам нест. Зеро дар дунё ориёнажоди тоҷикаёнӣ фарҳанг, тамаддун, русуми пурзавқона дорад, арзишҳои динӣ низ дар ин фарҳанг омехта, қабул гардида, ҳазм шудааст. Адабиёти порсӣ болотарин адабабиёт аст, ки ҳамвазну ҳамонанд надорад. Атторо бо “Тазкиратул авлиё” ва “Чаҳоркитоб”, Мавлоноро бо “Маснавии Маънавӣ”, Саъдиро бо “Гулистон” ва “Бустон”, Кошифиро бо “Насиҳатнома”, Фирдавсиро бо “Шоҳнома”, Синоро бо “Қонуни тиб” ва ҳазорон орифону донишмандони инсонпарваронаву муаддабонаро дигарон надоранд. Аз ин рӯ ҳар тоҷике сафар ба олам мекунад, бахусус дар атрофи Каъбаи муққадас ин ҷойгоҳи азизро бо тамоми нозукиҳояш бо таълимоту тарбияи фарҳанги болои порсӣ чи ҷисман ва чи руҳан эҳтиром гузорад ва аз бетартиботу беадаби ва риёкории дигар мардумон дурӣ ҷӯяд. Ҳаҷ яъне итоъат аз фармони Худо. Нахустин шарти саҳеҳи тамоми ъибодот дар дини Ислом аз ҷумла ҳаҷ, анҷоми он ба хотири Худо бошад. Яъне ҳадаф аз рафтан ба ҳаҷ, танҳо ъитоат аз фармони Худо ва анҷоми вазифа бошад, на халосӣ аз интиқоди мардум, на касби ъунвон, на тиҷорат, на рақобат, на истироҳат ва на чизҳои дигари монанд аз инҳо.
Ба ростӣ, ки инсон дар ғурбат, дур аз Ватану ҳамнажодону ҳамзабононаш бузургиву сатҳу қадри ин фарҳанги хешро муқоиса дар дидани дигар миллатон дарк мекунад.
Дар поёни навиштори худ мехоҳам инро хотиррасон кунам, ки ҳар фарде, ки ба ин кишвари ҳукуматаш худком, пулпарасту молпараст сафар мекунад, чӣ сафари ҳаҷ ва чӣ сафари корӣ хелле мувозиби имону ақоиди худ бошанд, хусусан донишҷуён. Пӯшида нест, ки бисёр фитнаву ихтилофу андешаҳои пурғарази мазҳабсӯзу меҳансӯзе, ки дар зеҳни ҷавонон ҷӯш мезанад аксарият аз суйи фориғутаҳсилони кишвари ваҳҳобияву салафия буда, кор ба ҷое расида, ки падарро бо писар, бародарро бо бародар, модарро бо духтар, хоҳарро бо хоҳарбузург меҷангонад, сардиву дилсиёҳӣ дар хонадони ҳаряк тоҷик ворид мекунанд, чӣ бо таблиғоти муллоҳои мағзшустаи фориғутаҳсилони ин кишвар ва ё чӣ бо шабакаҳои такфирияи ин кишвари ваҳҳобия ба монанди шабакаи “Висоли ҳақ”, “Калима”, “Нур”, “Висоли форсӣ” ва дигар расонаҳо, ки шабу рӯз дар хонаҳои ҳар як тоҷики моҳворадор бо таблиғоти ғаразноки худ зеҳни мардумро заҳролуд мекунад. Ҳосили ин мубалиғони фориғутаҳсилони мағзшустаи ин кишвар ва мухлисони ин шабакаҳои такфирӣ ин шуда, ки дар зеҳнҳои мардум ин суханҳои мазҳабсӯзу фарҳангсӯзро чӣ дар масҷидҳо ва чӣ дар кӯчаву бозорҳо бо дискҳои амри маъруфашон бо чунин суханҳои мазҳабсузу фарҳангсузашон, ки мегуянд: “Наврӯз ҳаром аст, ҷашнгирии мавлуди Паёмбар(с) бидъат аст, хондани тамоми китобҳои шеърӣ бидъат аст, дар давлат кор кардан ҳаром аст, сӯфиҳо мушриканд, шиъаён кофиранд, тӯмору таштобу дегдонбандӣ ҳаром аст, қироати Қуръон дар мазор бидъат аст, маросимҳои ҳафту чилу сол бидъат аст…” гӯён тухми ихтилофро дар ҷомеъа коштанад. Кор баҷое расид, ки ҳукумати Тоҷикистон надонист чӣ гуна пеши роҳи инҳоро гирад ва ба хулосае омад, ки ҳамаи донишҷӯёни дар кишварҳои хориҷбударо ба монанди кишварҳои араб ва Зоҳидони Эрон, Покистонро, ки маблағгузорашон низоми сиёсии Саъудӣ буд, баргардонида шуд. Мубалиғони фориғутаҳсили ин кишварҳоро аз вазифаи имомхатибӣ озод намуда, фурӯши дискҳояшонроҳам мамнӯъ эълон карда шуд. Ва инчунин наврасонро аз ҳузури сӯҳбатҳои салафигароии онҳо чӣ дар масҷид ва чӣ дар хонаҳояшон манъ карда шуд. Инчунин тарзи либоспӯшии занҳои салафияро низ дар кишвар манъ карда шуд.
Бо таъбири фарзанди тоҷик Мавлонои Балхӣ, ки мефармояд:
Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Аз Худо сипосгузорам, ки дар ҳукумат фарзандони меҳандӯсте дорем, ки ҳифзи мазҳабу ойину урфи милатамонро монанди марзбон нигоҳ медоранд.
Хайриддини Абдуллоҳ