Ба шахсиятҳои огоҳ ва масъулиятшиноси Ҳукумати Тоҷикистон.
Бо саломи самимӣ, изҳори боварӣ менамоям, ки дар сатҳи ҳукумат шахсиятҳои дилсӯз ва ба беҳбуди давлатдории миллии тоҷикон талошгар ҳастанд. Ба воситаи ин нома, аввал аз вазъ ва сипас дархостамро ба онҳо мерасонам.
Дар чанд соли ахир андешаҳои тундравона бо шиори динӣ дар миёни ҷавонони мусалмони Русия, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони тоҷик густариш пайдо кардааст. Бо сӯистифода аз ниёзмандии инсонҳо ба дин ва маънавият, мубаллиғони тундрави ваҳҳобӣ дар миёни ҷавонон, дар Русия таблиғоти густурда доранд, онҳоро аз аҳкоми мазҳаби ҳанафӣ дур намуда, ба ақоиди ваҳҳобият мегаравонанд.
Ҷавонони бисёре аз ноогоҳӣ бо мазҳаби обо ва аҷдод ва аз камшумор мондани мубаллиғони ҳанафӣ ба доми дурӯғҳои ин мубаллиғон гирифтор шуда, мутаассифона ваҳҳобӣ ва натанҳо тундрав, балки бо камоли таассуф такфирӣ шудаанд. Мусалмононе, ки дар яке аз мазҳабҳои ҳанафӣ, ё шофеӣ, ё ҳанбалӣ, ё моликӣ, ё шиъаи исмоилӣ ва ё исноашарӣ ҳастанд аз ҷониби салафиён мавриди тамасхуру такфир қарор мегиранд.
Зиёрати қубури авлиё, ҷашнгирии мавлуди Паёмбар(с), Наврӯз ва дигар арзишҳо ва русуми зебои тоҷиконро ҳарому ширку куфр мехонанд гирди ин мавзӯъ баҳси зиёд мекунанд.
Таблиғи хатарзои ифроту тафрити ваҳҳобияву салафия, ҳамла болои урфу одатҳои писандидаи миллӣ, мағзшӯии муҳоҷирон ҳар замон шеваҳо ва имкониятҳои бештар пайдо мекунад.
Таблиғоти динӣ дар Русия аз се манбаъ ровиён доранд; арабҳо, туркҳо ва ирониҳо. Ирониҳо бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ бештар адабиёти мазҳабӣ ва бадеӣ интишор намуда, ба муҳоҷирон ва сокинони Русия ройгон тақдим мекунанд. Туркҳо ба воситаи мубаллиғонашон дар баробари дин сиёсату ғояҳои туркиро таблиғ мекунанд.
Дасти ваҳҳобиву салафиҳои Арабистони Саудӣ дарозтар аст ва дар ин самт маблағи ҳангуфт ихтисос ёфтааст.
Тақрибан сӣ дар сади муфтиҳо ва имомҳои масоҷиди Русия, мударисони донишгоҳу донишкадаҳои динии ин кишвар таҳсилдидагони кишварҳои ваҳҳобинишин буда, манфиатдор аз таблиғоти густурдаи ваҳҳобияву салафияанд. Дар тамоми масҷидҳову мадрасаҳо ва ҷойҳое, ки инҳо фаъолияташонро пеш мебаранд, ҳатман як, ё ду нафар шогирд, ё ҷонишин аз тоҷикон бо худ доранд, ки онҳо низ монанди хоҷагонашон ваҳҳобиву салафишуда, корашон мағзшӯйии муҳоҷирон мебошад ва аз ҷониби имому хатибҳои ваҳҳобигаро музди кор мегиранд.
Пӯшида нест, ки дар ҳар масҷиде ҳатман се, ё чаҳор тоҷик ба ҳайси муазин, имом ва ё мутаваллии масҷид фаъолият мекунанд, ки корашон таблиғи хатарноки салафия дар миёни намозхонони масҷидҳо мебошад. Танҳо дар масҷиди марказии Руссия дар шаҳри Маскав, ки бо ном масҷиди Проспект Мира маъруф аст, дар тайи даҳсоли ахир 4 нафар тоҷик ба ҳайси муазин ва имом фаъолият мекарданд, ки ҳар чорашон салафиҳои сарсахт буданд. Оқибат яке ба Сурия рафту бедарак гашт, дигаре бо ваҳҳобиҳои қафқозӣ пайваст, саввумиро аз рӯйи ифроту тафриташ табъидаш карданд ва чаҳорумаш ба тими Ҳизби наҳзати исломии мамнуъ дар Тоҷикистон пайваста, фаъолияташ салафигароӣ дар миёни муҳоҷирони тоҷики кишварҳои аврупост.
Аз зикри ному насаби онҳо худдорӣ мекунам. Шукргузорем, ки дар Русия масҷидҳо, марказҳо ва утоқҳои намозгузорӣ дар бозорҳо зиёд аст ва ин озодиҳо бояд барои густариши афкори созанда ва инсонгароӣ ба кор бурда шавад. Барои огоҳон пӯшида нест, ки дар Русия аз миёни кулли муҳоҷирони қавмҳои мухталиф мутаасифона бештар тоҷиконанд, ки ба мушоҳидаи ман чиҳил дар садашон салафиҳо буда, ифротгарову тундрав мебошанд. Ин ошкорбаёнӣ ба онҳое сахт мерасад, ки андешаҳои ифротии худро дуруст мепиндоранд.
Роҳи ҷилавгирӣ аз хатар таҳдиду ба зиндон бурдани ҷавонони тундгаро нест. Бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши ақидаи хатарнок дар миёни ҷавонон намояндагии динии Тоҷикистон, ё Маркази динии тоҷикон дар Русия бо дастгирии давлат бояд оҷилан таъсис ёбад.
Ҳадаф дар навбати аввал густариши ақоиди мазҳабҳои аҷдодӣ, арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз густариши афкори хатарноки ваҳобияву салафия бошад. Таблиғоти сиёсати давлату ақидаву андешаи хоси шахсиятҳои давлат дар барномаи ин марказ набошад, зеро ин шева корро дар ҷомеа камтаъсир мекунад.
Донишмандони дин фазое дошта бошанд, ки танҳо дар асоси ояту ҳадис, аҳкоми фиқҳиву ақидатӣ, ғояҳои миллӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳон огоҳии динии ҷавонони муҳоҷирро боло баранд.
Бо эҳтиром
Хайриддин Абдуллоҳ