Аз далелҳои ақлӣ ва нақлӣ истифода мешавад, ки муҳаббати баъзеҳо бар инсон воҷиб аст:

1-Худованд

 Худованди Мутаол зоте аст, ки муҳаббати ў ба хотири доро будани ҷамии сифатҳои камол ва ҷамол ва ин ки ҳамаи мавҷудот ба ў вобастаанд, воҷиб аст.

Худованди Мутаол мефармояд:

قُلْ إِن كَانَ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَآؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ وَعَشِيرَتُكُمْ وَأَمْوَالٌ اقْتَرَفْتُمُوهَا وَتِجَارَةٌ تَخْشَوْنَ كَسَادَهَا وَمَسَاكِنُ تَرْضَوْنَهَا أَحَبَّ إِلَيْكُم مِنَ اللّهِ وَرَسُولِهِ وَجِهَادٍ فِي سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُواْ حَتَّى يَأْتِيَ اللّهُ بِأَمْرِهِ وَاللّهُ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ  

“Эй Расул! Бигў умматро, ки эй мардум! Агар шумо падарон ва писарон ва бародарон ва ҳамсарон ва хешовандони худро ва амволе, ки ҷамъ овардаед ва моли тиҷоратие, ки аз касодии он бимнокед ва манозиле, ки ба он дили хуш доштаед беш аз Худо ва Расул ва ҷиҳод дар роҳи ў дўст медоред, пас мунтазир бошед то амри нофизи Худо ҷорӣ гардад ва Худо фосиқон ва бадкоронро ҳидоят нахоҳад кард”.[1]

2-Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ

Аз ҷумла касоне, ки ба хотири Худо бояд дўст бидорем Расули гиромии Ислом аст чун ў воситаи файзи ташриу таквин аст. Аз ҳамин рў, дар ояти боло, дар канори номи Худованд аз ҳазрат ёд шуда ва амр ба муҳаббати ў шудааст.

Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мефармояд:

“احبوا الله لما يغذوکم واحبّوني بحبّ الله…“.

Худовандро аз он ҷиҳат дўст бидоред, ки шуморо рўзӣ медиҳад ва маро ба хотири Худо дўст бидоред”.[2]

Аз тарафи дигар, маноқиб ва фазоил ва камолоти он ҳазрат аз ҷумла сабабҳое аст, ки инсонро ҷазби он ҳазрат карда ва муҳаббаташро бар дил меоварад.

3-Хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ

Дар Қуръон ва ривоёти исломӣ бар маваддат ва муҳаббати хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, таъкиди фаровоне шудааст ва ин танҳо ба ин хотир нест, ки онҳо зуррияи Паёмбаранд, балки ба ин хотир аст, ки онҳо дорои фазоил ва камолот ва ба иборати дигар, ҷомеи ҳамаи сифоти камолу ҷамоланд. Ба таъбири дақиқтар мазҳари сифоти ҷамолу ҷалоли илоҳӣ ҳастанд. Бинобар ин дар ҳақиқат дўст доштани онҳо бо он ҷомеият, муҳаббат ба хубиҳое аст, ки дар онҳо ба наҳви комил таҷаллӣ карда ва манбаи ҳамаи ин хубиҳо Худованди Мутаол аст. Пас дар ҳақиқат изҳори ишқ ва муҳаббат ва иродати қалбӣ нисбати Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, муҳаббат ва изҳори иродат ба Худованди Мутаол аст. Ва аз он ҷо, ки муҳаббат нерўе аст, ки инсонро ба сўи маҳбуб равона мекунад, пас аз ҷанбаи тарбиятӣ, муҳаббат ба хубон инсонро ба сўи хубиҳо равона месозад.

Аҳли Байт киҳо ҳастанд

Бо муроҷиа ба китобҳои луғат ва истилоҳи уламо ва низ китобҳои ҳадис пай мебарем, ки мурод аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ афроди махсусе ҳастанд ва аҳли байт шомили тамоми вобастагони насабӣ ва сабабии он ҳазрат намешавад:

1-Аҳли байт дар луғат ва урф:

Ибни Манзур дар «Лисонул араб” мегўяд: “Аҳли инсон наздиктарини мардум ба инсон ва касоне, ки онҳоро ба насаб ё дин ҷамъ мекунад”.[3]

2-Аҳли байт дар Қуръон ва суннат:

Дар Қуръон ва ривоёт, аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, дар бораи афроди махсусе ба кор рафта, ки ҳамон Паёмбар ва Алӣ ва Фотима ва Ҳасану Ҳусайн салавотуллоҳи алайҳим мебошанд. Ва бақияи зуррияи пок низ ба онҳо мулҳақанд, ки ҳамон нўҳ имомони маъсум аз фарзандони Имом Ҳусайн алайҳис-салом ҳастанд.

Умми Салама мегўяд: ҳангоме, ки ояти

“انَّمَا يُرِيدُ اللهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ اَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا”.

ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нозил шуд, Ҳазрат Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайнро эҳзор карда фармуданд: Инҳо аҳли байти мананд.[4]

Ва Имом Ҳусайн алайҳис-салом фармуд: “Мо аҳли байти набувватем”.

Муслим бо санади худ аз Оиша нақл мекунад: “Ҳангоми субҳ Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз хона хориҷ шуд дар ҳоле, ки дар дўши он ҳазрат порчаи бофташуда аз пашми сиёҳ ба номи “касо” буд. Ҳасан ибни Алӣ бар он ҳазрат ворид шуд ўро дохили он касо намуд. Онгоҳ Ҳусайн ворид шуд ўро низ дохили он кард. Сипас Фотима омад ва ўро низ дохили он касо кард, баъд Алӣ дохил шуд ва ўро низ дохил намуд, баъд ин оятро қироат фармуд: 

“انَّمَا يُرِيدُ اللهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ اَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا”.[5]

Аҳмад ибни Ҳанбал мегўяд: “Ҳангоме, ки ояти мубоҳила бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нозил шуд, ҳазрат, Алӣ ва Фотима ва Ҳасану Ҳусайнро хост, он гоҳ фармуд: Худоё инҳо аҳли байти ман ҳастанд”.[6]

Дўстии Аҳли Байт дар Қуръон

Худованди Мутаол дар Қуръон мефармояд:

“قُلْ لاَ اَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ اَجْرًا اِلاَّ الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَى”.

“(Эй Расули мо ба уммат) бигў: Ман аз шумо ҳеҷ аҷре барои рисолат намехоҳам ба ҷуз маваддат ва муҳаббати хешовандонам”.[7]

Ин оят маъруф ба ояти маваддат аст ва дар хеле аз китобҳои тафсир ва ҳадис ва таърих, нузули онро дар ҳаққи Аҳли Байт медонанд.

Суютӣ дар тафсири ин оят бо санади худ аз Ибни Аббос нақл мекунад:

Ҳангоме, ки ин оят

“قُلْ لاَ اَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ اَجْرًا اِلاَّ الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَى”.

бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нозил шуд, саҳоба гуфтанд: Эй Расули Худо! Хешовандони ту киҳо ҳастанд, ки маваддати онҳо бар мо воҷиб аст? Ҳазрат фармуданд: Алӣ ва Фотима ва ду фарзандони онҳо.[8]

Дар хутбае, ки Имом Ҳасан алайҳис-салом баъд аз шаҳодати Амиралмўъминин алайҳис-салом эрод кард баъд аз ҳамду санои илоҳӣ фармуд:

…وأنا من أهل بيت الّذي إفترض الله مودّتهم على كلِّ مسلم وقال الله تعالى لنبيّه “قل لا أسئلكم عليه أجراً إلاّ المودّة في القربى ومن يقترف حسنة نزد له فيها حسناً” فإقتراف الحسنة مودّتنا أهل البيت.

“…Ва ман аз хонадоне ҳастам, ки Худованд дўст доштани онҳоро барои тамоми мусалмонон фарз гардонидааст он ҷо, ки Худованд ба Паёмбараш фармуд: “Бигў, (эй Паёмбар бар уммати худ) ки ман аз шумо аҷр ва музде намехоҳам магар дустии хонадонам. Ва ҳар кӣ амали некўе анҷом дод, мо бар он некўие меафзоем”. Бидонед, ки анҷоми амали нек, дўстии мо Аҳли Байт аст”. “Шўро” 23.[9]

Имом Содиқ алайҳис-салом ба Абўҷаъфари Аҳвал фармуд: “Чӣ мегўянд аҳли Басра дар бораи ин оят:

“قُلْ لاَ اَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ اَجْرًا اِلاَّ الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَى”.

Гуфт: Онҳо мегўянд: Ин оят дар бораи хешовандони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст. Ҳазрат фармуданд: Дурўғ мегўянд, танҳо дар ҳаққи мо Аҳли Байт, Алӣ ва Фотима ва Ҳасану Ҳусайн асҳоби Кисо нозил шудааст”.[10]

Медонем, ки ҳаср дар ин ривоёт изофӣ аст на ҳақиқӣ ва бинобар ин шомили биқияи имомон низ мешавад.

Дўстии Аҳли Байт дар ривоёт

Дар ривоёт ҳамонанди Қуръон, ба таври хеле равшан ба муҳаббат ва дўстии Аҳли Байт таъкид шудааст, ки ба баъзе аз онҳо ишора мекунем:

1-Водор намудан бар дўстии Аҳли Байт

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мефармоянд:

“أدّبوا أولادَكم على ثلاثة خصال: حبِّ نبيِّكم و حبِّ أهل بيته وقراءة القرآن”.

Авлод ва фарзандони худро бар се хислат тарбият кунед: Ба дўст доштани Паёмбаратон, ба дўст доштани Аҳли Байти Паёмбаратон ва ба қироати Қуръон“.[11]

Амиралмўъминин алайҳис-салом фармуд:

“احسن الحسنات حبّنا، واسوأ السيئات بغضنا”.

“Беҳтарини некиҳо муҳаббати мост ва бадтарини бадиҳо буғзи мост”.[12]

2-Дўстии Аҳли Байт дўстии Расули Худост

“احبوا الله لما يغذوکم من نعمه واحبّوني بحبّ الله واحبّوا اهل بيتي لحبّي“.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Худовандро аз он ҷиҳат дўст бидоред, ки шуморо рўзӣ медиҳад ва маро ба хотири Худо дўст бидоред ва Аҳли Байтамро ба хотири дўстии ман дўст бидоред”.[13]

Зайд ибни Арқам мегўяд: “Дар ҳузури Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ будам, ки дидам Фотимаи Заҳро ба он ҳазрат ворид шуд дар ҳоле, ки ду фарзандаш Ҳасану Ҳусайн ҳамроҳаш буданд ва Алӣ низ пушти сари онҳо ворид шуд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба онҳо назар карда фармуд:

“من احبّ هؤلاء فقد احبّني ومن ابغض هؤلاء فقد ابغضني”.

 “Ҳар, ки инҳоро дўст бидорад ҳамоно маро дўст дошта ва ҳар, ки инҳоро душман бидорад ҳатман маро душман доштааст”.[14]

Имом Содиқ алайҳис-салом фармуд:

“من عرف حقّنا واحبّنا فقد احبّ الله تبارك وتعالى”.

“Ҳар кас ҳаққи моро шинохта моро дўст бидорад дар ҳақиқат Худованди таборак ва Таъолоро дўст доштааст”.

3-Дўстии Аҳли Байт асоси имон аст

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд:

“اساس الاسلام حبّي وحب اهل بيتي”.

“Асоси Ислом дўстии ман ва Аҳли Байтам аст”.[15]

Ҳамчунин фармуд:

“لكل شئ اساس واساس الاسلام حبنا اهل البيت”.

 “Барои ҳар чизе асосе аст ва асоси Ислом муҳаббати мо Аҳли Байт аст”.[16]

4-Муҳаббати Аҳли Байт ибодат аст

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд:

لا يؤمن عبد حتّى أَكونَ أحبّ إليه من نفسه ويكون عترتي وأهل بيتي أحبّ إليه من عترته ومن أهله ويكون ذاتي أحبَّ إليه من ذاته”.

Имони банда комил намешавад, магар ин ки ман маҳбубтар ба ў аз худаш ва Аҳли Байтам маҳбубтар ба ў аз аҳли байташ бошад ва зотам аз зоташ маҳбубтар бошад“.[17]

6-Дўстии Аҳли Байт алайҳимус-салом нишонаи покии вилодат

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ишора ба Алӣ алайҳис-салом кард ва фармуд:

 “ايّها الناس! امتحنوا اولادكم بحبه وانّ عليا لا يدعو الى الضلالة، ولا يبعد عن هدى، فمن احبّه فهو منكم فمن ابغضه فليس منكم”.

 “Эй мардум! Авлоди худро бо дўстии Алӣ имтиҳон кунед, чун ў шуморо ба гумроҳӣ даъват намекунад ва аз ҳидоят дур намесозад. Пас ҳар як аз авлоди шумо, ки Алиро дўст бидорад ў аз шумост ва ҳар кадоме, ки ўро дўст надорад аз шумо нест”.[18]

Амиралмўминин алайҳис-салом фармуд: Дар васияте, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Абўзар карда омадааст:

“يا اباذر! من احبّنا اهل البيت فليحمد الله على اول النعم. قال: يا رسول الله! وما اول النعم؟ قال: طيب الولادة، انّه لا يحبنا الا من طاب مولده”.

Эй Абўзар! Ҳар, ки мо Аҳли Байтро дўст бидорад, бояд Худовандро бар аввалин неъмат шукр кунад. Гуфт: Авалин неъмат чист эй Расули Худо? Фармуданд: Покию некии вилодат, чун моро дўст намедорад, магар касе, ки вилодаташ пок бошад”.[19]

7-Савол аз дўстии Аҳли Байт дар қиёмат:

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд:

“اول ما يُسأل عنه العبد حبّنا اهل البيت”.

“Аввалин чизе, ки дар рўзи қиёмат аз банда савол мешавад, муҳаббати мо Аҳли Байт аст”.[20]

Ва низ фармуданд:

“لا يزول قدما عبد يوم القيامة حتّى يُسْأَلَ عن أَرْبع: عن عُمره فيما أفناه وعن جسده فيما أبلاه وعن ماله فيما أنفقه ومن أين إكتسبه وعن حُبِّ أهل البيت”.

“Ҳеҷ бандае дар рўзи қиёмат қадам аз ҷо намебардорад то ин ки аз чаҳор чиз пурсида шавад: Аз умраш, ки дар чӣ роҳе гузаронд, аз ҷасадаш, ки дар чӣ чиз ба ранҷ андохт, аз молаш, ки аз куҷо касб кард ва дар чӣ роҳе сарф намуд ва аз муҳаббати мо Аҳли Байт”.[21]

Далелҳои махсус

Ривоёте, ки то кунун зикр шуд, ишора ба дўстии ҳамаи Аҳли Байт дошт. Дастаи дигар аз ривоёт ишора ба дўстӣ ва муҳаббати баъзе аз Аҳли Байт дорад, ки ба баъзеи онҳо низ ишора мекунем:

1-Дўстии Имом Алӣ алайҳис-салом:

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд:

“حب علي برائة من النار”.

“Муҳаббати Алӣ танҳо роҳи дурӣ, аз оташи ҷаҳаннам аст”.[22]

Ва низ фармуд:

يا عليُّ طوبى لمن أحبَّكَ وصدق فيكَ وويلٌ لمن أبغضك وكذب فيكَ.

“Эй Алӣ хушо ба ҳоли касе, ки туро дўст медорад ва дар бораи ту рост мегўяд ва вой бар ҳоли он касе, ки туро душман дорад ва дар бораи ту дурўғ мегўяд”.[23]

Умми Салама аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нақл мекунад, ки  фармуданд:

“لا يحبُّ عليّاً منافق و لا يبغضه مؤمن.”

“Алиро ҳеҷ мунофиқе дўст намедорад ва ҳеҷ мўъмине ўро душман надорад”.[24]

Имом Алӣ алайҳис-салом аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нақл карда ки  фармуданд:

والذي فلق الحبة وبرأ النسمة انه لعهد اِليَّ النّبيُّ الأمّي: أنّه لا يحبّك إلاّ مؤمن و لا يبغضك إلاّ منافق.”

“Қасам ба касе, ки донаро шикофт ва инсонро офарид, ҳамоно ин аҳд ва паймони Паёмбари саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо ман аст, ки фармуд: Ғайр аз мўъмин касе туро дўст намедорад ва ғайр аз мунофиқ касе туро душман нахоҳад дошт”.[25]

2-Дўстии Фотимаи Заҳро

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд:

“فاطمة بضعة مني من اغضبها فقد اغضبني”.

“Фотима пораи тани ман аст ҳар, ки ўро ба ғазаб оварад маро ба ғазаб овардааст”.[26]

Аз Оиша савол шуд: Чӣ касе аз занон назди Паёмбар маҳбубтар аст? гуфт: Фотима. Савол шуд: Аз мардон чӣ? Гуфт: Шавҳараш”.[27]

3-Дўстии Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн алайҳимо салом

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд:

“هذان ابناي الحسن والحسين اللهم انّي احبّهما اللهم فاحبهما واحب من يُحبّهما”.

“Инҳо Ҳасан ва Ҳусайн ду фарзандони ман ҳастанд. Худоё ман ин дуро дўст дорам. Худоё пас ту низ онҳоро дўст бидор ва низ ҳар касеро, ки онҳоро дўст медорад, дўст бидор”.[28]

Ва низ фармуд:

“الحسن والحسين ريحانتاي”.

“Ҳасану Ҳусайн ду даста гули ман ҳастанд”.[29]

Ҷилваҳои муҳаббат дар зиндагии инсон

Инсон, ки касеро дўст бидорад, ин дўстӣ танҳо ҳолате нест, ки дар нафс боқӣ бимонад, балки ҳамон гуна, ки ишора шуд, иқбол дорад ва ин иқбол маншаи зуҳур ва буруз дар зиндагии инсон аст. Ва агар муҳаббат дар ҷое бартарӣ пайдо кард ба табаи он нишонаҳо ва бурузҳои он низ бартарӣ меёбад ва далелҳои мустаҳаббӣ шомили онҳо низ мешавад. Магар дар ҷойҳое, ки нишонаҳо мавриди наҳй қарор гирад, мисли ба ҳалокат андохтани худ ба хотири маҳбуб, ки ин маврид аз далели истеҳбоб хориҷ мешавад. Инак ба баъзе аз нишонаҳои муҳаббат ишора мекунем:

1-Итоат.

2-Зиёрати маҳбуб.

3-Такрим ва таъзими маҳбуб.

4-Бароварда кардани ҳоҷат ва хостаҳои маҳбуб.

5-Дифоъ аз маҳбуб ба суратҳои мухталиф.

6-Ғаму андўҳ дар фироқи маҳбуб.

7-Ҳифзи осори маҳбуб.

8-Эҳтиром ба фарзандон ва насли маҳбуб.

9-Бўсидани он чи ба ў рабт дорад.

10-Барпоии маросими ҷашн ва мавлудихонӣ дар милоди маҳбуб.

Натиҷа ин ки барпоии азодорӣ, низ аз лозима ва мазҳарҳои муҳаббати Аҳли Байт аст.

Маросими азодорӣ ва афсурдагӣ

Ихтилолҳои афсурдагӣ ба се қисм тақсим мешавад:

1-Ихтилоли афсурдагии умда.

2-Ихтилоли афсурдагии хиёлӣ.

3-Ихтилоли афсурдагии мавридӣ, ки дар он ду навъ ҷой нагирифтаанд.[30]

Ихтилоли афсурдагии умда, шадидтарин навъи афсурдагӣ аст ва баъзе аз нишонаҳои он иборат аст аз:

А-Эҳсоси ғамгинӣ ё пўчию беҳудагӣ дар бештар ё тамоми рўз.

Б-Коҳиши чашмгири алоқа ё лаззат нисбат ба ҳамаи фаъолиятҳо дар бахши умдаи рўз.

В-Коҳиши вазни бадан бидуни парҳез ё вазни ғазоӣ ё афзоиши қобили малоҳизаи вазн дар муддати як моҳ.

Г-Бехобӣ ё хобзадагӣ тақрибан дар ҳамаи рўз.

Д-Дармондагӣ ё аз даст додани нерў тақрибан дар ҳамаи рўз.

Ё-Эҳсоси беарзишӣ ё эҳсоси гуноҳи зиёд.

Ж-Кам шудани тавоноии фикрӣ ё тамаркуззудоии тасмимии ҳамарўза.

З-Афкори такрорӣ ва баргардонанда дар бораи марг.

Аз байни ин се навъ афсурдагӣ, навъи аввал ва севвум мавриди назари касоне, ки мегўянд маросими азодорӣ сабаби афсурдагии ҷомеа шудааст, намебошад, чун мавриди аввал бисёр шадид ва ботил буданаш хеле равшан аст. На ҷомеаи Эрон мубтало ба афсурдагии умда аст ва на маросими азодорӣ бо вижагиҳое, ки медонем метавонад сабаби афсурдагии ҷомеа шавад.

Навъи севвум ҳам мақсад нест, чаро ки марбут ба мавридҳои махсусе аз қабили: Ихтилоли пеш аз қоидагӣ, ихтилоли афсурдагии ҷузъӣ, ихтилоли афсурдагии баъд аз равонпарешии ношӣ аз “скизуфренӣ” ва ғайри он аст. Пас афсурдагии хўӣ ва хулқӣ, мавриди назар аст. Ихтилоли афсурдагии хўӣ нисбатан хафиф аст ва дорои нишонаҳои ташхисдиҳандаи зер аст:

1-Камиштиҳоӣ ё пуриштиҳоӣ.

2-Бехобӣ ё серхобӣ.

3-Камбуди нерў ё эҳсоси дармондагӣ.

4-Мушкил дар тасмимгирӣ ё эҳсоси дармондагӣ.

5-Зуҳури ин нишонаҳо дар бахши бештари рўз ва дар бештари рўзҳо ба муддати ақаллан ду сол.

6-Ин нишонаҳо ношӣ аз осори физиологӣ монанди масрафи носаҳеҳи дору ва… набошад.

7-Ин нишонаҳо сабаби ихтилол дар коркарди иҷтимоӣ ва шуғлии ў шавад.

Акнун бубинем оё маросими азодорӣ нишонаҳои афсурдагии хўию хулқиро дар инсон ба вуҷуд меоварад ва сабаби афсурдагӣ дар ҷомеа мешавад ё на?

Барои равшан шудани ин матлаб, лозим аст ба сабабҳои афсурдагии хўӣ аз дидгоҳи равошиносӣ таваҷҷўҳе кунем. Барои афсурдагии хўӣ се сабаби умдаро баршумурдаанд: зистӣ, ирсӣ ва ҳаяҷонӣ -муҳитӣ.[31] Танҳо сабаби афсурдагӣ, сабаби муҳитӣ нест. Ва аз тарафе сабаби муҳитӣ танҳо дар касоне асар дорад, ки заминаҳои ирсӣ ва зистӣ дар вазъияти мағз ва коркарди қисматҳои мухталифи он доранд. Ва дар байни сабабҳои муҳитӣ, ки стресзоии шадид дорад, ҷое барои маросими азодорӣ вуҷуд надорад. Суг ва доғи воқеӣ метавонад яке аз он сабабҳо бошад, аммо маросими азодорӣ ҳеҷ саҳме дар стресзоӣ надорад. Балки бар акс, бо таваҷҷўҳ ба баҳсҳое, ки дар равоншиносии иҷтимоӣ ва коркарди гурўҳҳо ва вижагиҳои гурўҳҳои мазҳабӣ гуфта мешавад, метавон гуфт, ки маросими азодорӣ комилан нақши стресзудоиро дорад ва дар сурате, ки аз маротиби ношӣ аз ақида ё камолхоҳӣ ё гиря бар мазлум бошад, метавонад дар вуҷуди инсон оромиш ба вуҷуд оварда ва изтиробзудоӣ кунад. Барои исботи ин матлаб ба намунае дар ин бора ишора мекунем:

Доктор Тиҷонии Тунисӣ мегўяд: “… Дўстам Мунъим омад ва бо ҳам ба Карбало мусофират кардем ва дар он ҷо ба мусибати сарварамон Ҳусайн пай бурдам ва тоза фаҳмидам, ки ҳазрати Ҳусайн намурда аст ва ин мардум буданд, ки издиҳом мекарданд ва гирдогирди оромгоҳаш парвонавор мечархиданд ва бо сўзу гудозе, ки назирашро ҳаргиз надида будам, гиря мекарданд ва бетобӣ менамуданд, ки гўё ҳам акнун Ҳусайн алайҳис-салом ба шаҳодат расида аст. Ва суханрононро мешунидам, ки бо бозгў кардани фоҷиаи Карбало, эҳсосоти мардумро бармеангехтанд ва онҳоро ба нола ва гиря ва суг вомедоштанд ва ҳеҷ шунавандае наметавонад ин достонро бишнавад ва таҳаммул кунад, балки бе ихтиёр аз ҳол меравад. Ман ҳам гириста ва гиристам ва он қадар гиря кардам, ки гўё солҳо ғусса дар гулўям монда буд ва акнун мунфаҷир мешавад.

Баъд аз он гиря, эҳсоси оромише кардам, ки пеш аз он рўз чунин чизеро надида будам. Гўё дар сафи душманони Ҳусайн алайҳис-салом будаам ва акнун дар як чашм ба ҳам задан дигаргун шуда будам ва дар гурўҳи ёрон ва пайравони он ҳазрат, ки ҷони худро нисорашон карданд, қарор мегирифтам. Ва чӣ ҷолиб, ки дар ҳамон лаҳзаҳо суханрон достони Ҳурро баррасӣ ва бозгў мекард. Ҳур яке аз сардорони лашкари Язид буд, ки ба ҷанги бо Имом Ҳусайн алайҳис-салом омада буд, вале якбора дар майдони ҷанг бар худ ларзид ва вақте асҳобаш аз ў савол карданд, ки ба ту чӣ шудааст? Накунад, ки аз марг тарсидӣ? Ў дар ҷавоб гуфт: Ба Худо савганд ҳаргиз аз ҷанг тарсе надорам, вале худро мухайяр мебинам, ки биҳиштро интихоб кунам ё ҷаҳаннамро. Ў ногаҳон асби худро ба тарафи Имом Ҳусайн алайҳис-салом ҳаракат дод ва ба дидори он ҳазрат шитофт ва гирякунон арз кард: Эй фарзанди Расули Худо! Оё тавба бароям ҳаст?”.

Дуруст дар ҳамин лаҳза буд, ки дигар натавонистам тоқат биёварам ва гиряву нолакунон худро ба замин андохтам ва гўё нақши Ҳурро пиёда мекардам ва аз Ҳусайн мехостам, ки “Эй фарзанди Расули Худо! Оё тавбае бароям ҳаст? Эй писари Расули Худо! Аз ман даргузар ва маро бубахш”.

Садои суханрон чунон таъсире дар шунавандагон гузошта буд, ки гиря ва нолаи мардум баланд шуд, дўстам, ки садои гиряи маро шунид бо гиря маро дар оғўш гирифт ҳамон гуна, ки модаре фарзандашро дарбар мегирад ва такрор мекард: Ё Ҳусайн! Ё Ҳусайн!.

Лаҳзаҳое буд, ки дар он гиряи воқеиро дарк карда будам ва эҳсос мекардам ашкҳоям қалбамро шустушў медиҳанд ва тамоми баданамро аз дарун пок мекунанд. Он ҷо буд, ки маънои ҳадиси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро фаҳмидам, ки фармуд: “Агар он чиро, ки ман медонистам шумо низ медонистед, ҳатман камтар механдидед ва бештам гиря мекардед. Тамоми он рўзро бо андўҳ гузаронидам. Дўстам мехост маро тасалло диҳад ва дилдорӣ намояд ва лизо бароям миқдоре шарбат ва шеринӣ овард, вале ба куллӣ иштиҳоям кўр шуда буд. Аз дўстам дархост кардам, ки достони шаҳодати Имом Ҳусайн алайҳис-саломро бароям такрор кунад, чун чизе аз он -на кам ва на зиёд- намедонистам…”.[32] 

Ҳукми ҳузур дар азодории авлиёи илоҳӣ

Бухорӣ бо санади худ аз Оиша нақл мекунад: “Ҳангоме, ки хабари шаҳодати Зайд ибни Ҳориса ва Ҷаъфар ва Абдуллоҳ ибни Равоҳа ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ расид, ҳазрат дар ҳоле, ки осори ғаму андўҳ дар чеҳраашон намоён буд вориди масҷид шуд ва дар онҷо нишаст”.[33]

Ибни Ҳишом нақл мекунад: “Ҳангоме, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Мадина омада буд, садои гиря ва навҳаро ба кушташудагон шунид. Онгоҳ чашмони он ҳазрат пур аз ашк шуд ва фармуд: Вале Ҳамза гирякунанда надорад. Бо шунидани ин сухан, занони Бани Ашҳал омаданд ва бар амаки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ гиря карданд”.[34]  

Барпоии азодорӣ дар ростои ваҳдат

Гоҳе гуфта мешавад, ки барпоии маросими азодорӣ бо ваҳдати мусулмонон созгорӣ надорад, чун ин маросим дарбаргирандаи эътироз ва лаън ба баъзе аз халифаҳои мусулмонон аст ва лизо барои эҷоди ваҳдат дар байни мусулмонон, тарки он лозим ва зарурӣ аст.

Ҷавоб:

1-Қазияи Имом Ҳусайн алайҳис-салом на танҳо ба маслиҳати шиа аст, балки ба маслиҳати мусулмонон ва ҳамаи озодихоҳони олам аст. Бинобар ин, бо барпоии маросими ёдбуди Имом Ҳусайн алайҳис-салом ва бо эҷоди рўҳияи шаҳодатталабӣ дар роҳи собитмондани озодӣ ва имон, метавон ҷомеаҳои башариро аз султаи асорат ва бардагии дигарон наҷот бахшид.

2-Дар зикри мусибати Имом Ҳусайн алайҳис-салом чандон сухане аз саҳоба ба миён намеояд. Магар на ин аст, ки ҳамаи саҳобаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ Имом Ҳусайн алайҳис-саломро дўст медоштанд ва ўро эҳтиром мекарданд? Ва ҳатто баъзе аз онҳо дар Карбало дар рикоби имомашон ба шаҳодат расиданд, ки аз онҳо метавон ба Ҳабиб ибни Мазоҳир ва Муслим ибни Авсаҷа ва Бурайр ибни Хузайри ҳамадонӣ  ва Урваи Ғифорӣ ва дигарон ишора кард.

Ёдбуди Ошўрои Ҳусайнӣ ҳаргиз байни мусулмонон хилоф ба вуҷуд наоварда ва нахоҳад овард. Оре, ёдбуди Ҳусайнӣ метавонад байни мусулмонон ва мунофиқони дағалкоре монанди Язид ва Ибни Зиёд ва Умар ибни Саъд ва пайравони онҳо, тафриқа ва ҷудоӣ биандозад[35].


[1]-Сураи Тавба 24.

[2]-Мустадраки Ҳоким 3/194.

[3]-Лисонул араб 11/27-28 моддаи аҳл, муфрадоти роғиб моддаи аҳл.

[4]-Мустадраки Ҳоким 3/157.р.4705. Сунани Байҳақӣ 7/63.

[5]-Саҳеҳи Муслим 4/1883.р.2424 китоби фазоили саҳоба.

[6]-Муснади Аҳмад 1/185.

[7]-Сураи Шуро 23.

[8]-Дуррул мансур 6/8. Мустадраки Ҳоким 3/172. Маҷмаъ-уз-завоид 9/168. Кашшоф 4/219.

[9]-Муснади Аҳмад ҷ.1.с.199,р.1719-1720.ҷ.3.с.246-247. Мусаннафи Ибни Абўшайба ҷ.6.с.372,р.32094-32105,ҷ.7.с.499-502,р.47. Сунан-ул-куброи Насоӣ ҷ.5.с.112.р.8408.

[10]-Усули Кофӣ 8/79.р.66.Қурбул иснод с.128.

[11]-Канз-ул-уммол ҷ.16.с.456,р.45409. Савоиқ-ул-муҳриқа ҷ.2.с.496.

[12]-Ғурарул ҳикам 1/211.р.3363.

[13]-Сунани Тирмизӣ 5/664.р.3789. Мустадраки Ҳоким 3/150.

[14] Таърихи Ибни Асокир 14/154. Канзул уммол 12/103.р.34194.

[15]-Таърихи Ибни Асокир 43/241. Канзул уммол 12/105.р.34206-37631. Дуррул мансур 6/7.

[16]-Ал-Маҳосин 1/247.р.461.

[17]-Мўъҷам-ул-авсат ҷ.6.с.59.р.5790 ва Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ ҷ.7.с.75.р.6417. Маҷмаъ-уз-завоиди Ҳайсамӣ ҷ.1.с.88.

[18]-Таърихи Ибни Асокир 42/288.

[19]-Амолии Садуқ с.455.

[20]-Уюну ахборур Ризо 2/62.р.258.

[21]-Мўъҷам-ул-авсат ҷ.9.с.155.р.9407. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ ҷ.11.с.84.р.11177. Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.10.с.146-346. Канз-ул-уммол ҷ.14.с.379,р.39013.

[22]-Мустадраки Ҳоким 2/241. Таърихи Бағдод ҷ.4.с.210. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.104.

[23]-Фазоил-ус-саҳобаи Аҳмад ҷ.2.с.680.р.1162. Мустадраки Ҳоким ҷ.3.с.145. Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.9.с.132. Таърихи Ибни Касир ҷ.7.с.355. Талхиси Заҳабӣ ҷ.3.с.145. 

[24]-Саҳеҳи Муслим ҷ.1.саҳ.78. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.саҳ.635.р.3717.

[25]-Саҳеҳи Муслим ҷ.1.с.86-120. Саҳеҳи Тирмазӣ ҷ.5.с.306-601.р.3736.

[26]-Саҳеҳи Бухорӣ 5/92. Саҳеҳи Муслим 4/1902.

[27]-Сунани Тирмизӣ 5/701.р.3874.

[28]-Саҳеҳи Бухорӣ 5/100-101.р.235. Сунани Тирмизӣ 5/656. Муснади Аҳмад 2/446.

[29]-Саҳеҳи Бухорӣ 5/102.р.241. Сунани Тирмизӣ 5/657.р.3770. Муснади Аҳмад 2/85.

[30]-Анҷумани равоншиносии Амрико с.602.

[31]-Анҷумани пизишкии Амрико, тарҷумаи Маҳдии Ганҷӣ с.67-88.

[32]-Онгоҳ ҳидоят шудам с.96-98.

[33]-Иршодус сорӣ би шарҳи саҳеҳил Бухорӣ 2/393.

[34]-Сираи Ибни Ҳишом 3/105.

[35] Воқеаи Ошўро ва посух ба шубаҳот. Муаллиф:Алӣ Асғари Ризронӣ.