Имом Ҳусайн алайҳис-салом дар китобҳои мусулмонон
Бо муроҷиат ба кутуби ҳадисӣ ва тароҷим пай мебарем, ки Имом Ҳусайн алайҳис-салом аз эҳтиром ва таҷлили болое бархўрдор аст.
Инак ба бахшҳое аз таърихи он ҳазрат ишора мекунем:
Вилодати Имом Ҳусайн алайҳис-салом
1-Ибни Абдулбар менависад: “Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб модараш Фотима духтари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо куняи Абўабдуллоҳ. Ў дар 5-уми Шаъбони соли чаҳорум ё севвуми ҳиҷрат мутаваллид шуд. Ин назари Воқидӣ ва тоифае аз ҳамроҳони ў аст”.[1]
Дар китоби “Ахборул-дувал” омодааст: “Ҳангоме, ки Ҳусайн алайҳис-салом мутаваллид шуд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро аз ин қазия бо хабар сохтанд. Ҳазрат ба хонаи Заҳро алайҳо-салом омад ва ўро дар бар гирифт ва дар гўши росташ азон ва дар гўши чапаш иқома гуфт. Ҷабраил нозил шуд ва дастур овард, ки ўро Ҳусайн алайҳис-салом номанд ҳамон гуна, ки дар бораи Ҳасан алайҳис-салом чунин кард”.[2]
3-Сибт ибни Ҷавзӣ мегўяд: “Куняи ў Абўабдуллоҳ ва мулаққаб ба сайиди вафӣ, валӣ, сибт ва шаҳиди Карбало аст”.[3]
Ибодати Имом Ҳусайн алайҳис-салом
1-Ибни Абдураббиҳ ривоят карда, ки ба Алӣ ибни Ҳусайн алайҳис-салом гуфта шуд: Чаро авлоди падарат кам аст? Ҳазрат фармуд: Тааҷҷуби ман он аст, ки чӣ гуна ў баччадор шудааст дар ҳоле, ки дар ҳар шабонарўз ҳазор ракъат намоз ба ҷо меовард, пас чӣ гуна метавонист, ки фориғ барои занон шавад?[4]
2-Ибни Саббоғи моликӣ ривоят карда: Ҳангоме, ки Имом Ҳусайн алайҳис-салом ба намоз меистод, рангаш зард мешуд. Ба ў гуфта шуд: Ин чӣ ҳолате аст, ки шуморо ҳангоми намоз ориз мешавад? Ҳазрат мефармуд: Шумо намедонед, ки ман дар муқобили чӣ касе мехоҳам биистам.[5]
3-Замахшарӣ ривоят карда, ки Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис-саломро мушоҳида карданд дар ҳоле, ки машғули тавофи хонаи Худо буд. Онгоҳ ба тарафи мақоми Исмоил омад ва намоз ба ҷо овард. Сипас сураташро бар мақом гузошт, шурўъ ба гиря кард ва арз кард: Бандаи ночиз ба дари хонаи туст, ходими ночизат ба дари хонаи туст, соиле ба дари хонаи туст. Ин ҷумалотро чанд бор такрор менамуд. Онгоҳ аз он ҷо берун омад ва гузараш ба масокине афтод, ки машғули хўрдани нонпораҳое буданд. Ҳазрат бар онон салом кард ва онон ҳазратро ба таомашон даъват намуданд. Ҳазрат назди онон нишаст ва фармуд: Бархезед ва ба сўи манзили ман оед. Ҳазрат ба онон таом ва либос дод.[6]
4-Аз Абдуллоҳ ибни Убайд ибни Ўмайр ривоят шуда, ки гуфт: Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис-салом бисту панҷ мартаба Ҳаҷро пиёда анҷом дод дар ҳоле, ки асбони наҷибаш ба ҳамроҳаш буданд.[7]
5-Ибни Абдулбар мегўяд: “Ҳусайн алайҳис-салом марди фозил ва диндор буд. Намоз ва рўза ва ҳаҷ бисёр анҷом медод”.[8]
6-Табарӣ ба санадаш аз Заҳҳок ибни Абдуллоҳи Машриқӣ нақл карда, ки гуфт: “Чун шаб дар Карбало бар Ҳусайн алайҳис-салом ва асҳобаш расид тамоми он шабро ба намоз ва истиғфор ва дуо ва тазаррўъ ба сар бурд…”.[9]
Ҳилми Имом Ҳусайн алайҳис-салом
1-Аз Имом Алӣ ибни Ҳусайн алайҳис-салом ривоят шуда, ки фармуд: Аз Ҳусайн алайҳис-салом шунидам, ки фармуд: Агар касе маро дар гўши ростам дашном диҳад ва дар гўши дигарам узрхоҳӣ кунад аз ў қабул хоҳам кард, зеро Амиралмўъминин Алӣ ибни Абитолиб алайҳис-салом маро ҳадис кард, аз ҷаддам Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ шунида, ки фармуд: “Ло яридул ҳавза ман лам яқбал узра мин муҳиққин ав мубтил”.[10]
“Вориди ҳавзи (кавсар) намешавад касе, ки узрпазир набошад чӣ ҳақ дошта бошад ё на”.
2-Яке аз ғуломонаш ҷинояте анҷом дод, ки мустаҳаққи таъдиб буд, ҳазрат дастур дод то ўро танбеҳ кунанд. Ғулом арз кард: Эй мавлои ман! Худованди Мутаол фармуд: вал козиминал ғайз. Ҳазрат фармуд: Ўро раҳо кунед, ман хашмамро фурў бурдам. Боз гуфт: Вал офина анин нос. Ҳазрат фармуд: Аз ту гузаштам. Ғулом идома дод: Валлоҳу юҳиббул муҳсинин. Ҳазрат фармуд: Ту дар роҳи Худованди Мутаол озодӣ. Онгоҳ дастур дод то ба ў ҷоизаи некў диҳанд.[11]
Фазоили Имом Ҳусайн алайҳис-салом аз забони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ
1-Бухорӣ бо санадаш аз Нуайм нақл карда, ки аз Ибни Умар савол шуд: Шахси муҳрим магасеро ба қатл мерасонд, ҳукмаш чист? Дар ҷавоб гуфт: Аҳли Ироқ аз магасе савол мекунанд дар ҳоле, ки фарзанди духтари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро ба қатл расонданд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд: “Ҳасан ва Ҳусайн ду райҳонаи ман аз ин дунё ҳастанд”.[12]
2-Ҳокими Нишопурӣ бо санадаш аз Салмон нақл карда, ки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ шунидам, ки мефармуд:
“الحسن و الحسين من ابناي من احبهما احبني و من احبني احبه الله و من احبه الله ادخله الجنة و من ابغضهما ابغضني و من ابغضني ابغضه الله ومن ابغضه الله ادخله النار”.
“Ҳасан ва Ҳусайн ду фарзандони ман ҳастанд. Ҳар кас он дуро дўст бидорад маро дўст дошта ва ҳар кас маро дўст бидорад, Худо ўро дўст медорад ва ҳар кас Худо ўро дўст бидорад ўро дохили биҳишт хоҳад кард. Ва ҳар кас ин дуро душман бидорад маро душман дошта ва ҳар кас маро душман бидорад, Худо ўро душман дошта ва ҳар касеро, ки Худо душман бидорад ўро дохили ҷаҳаннам хоҳад намуд.”[13]
3-Ва низ ба санадаш аз Ибни Умар нақл карда, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд:
“الحسن و الحسين سيدا شباب اهل الجنة و ابوهما خير منهما”
“Ҳасану Ҳусайн ду сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд ва падарашон, аз он ду беҳтар аст”.[14]
4-Тирмизӣ ба санадаш аз Юсуф ибни Иброҳим нақл карда, ки аз Анас ибни Молик шунидем, ки мегўяд: Аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ савол шуд: Кадом як аз аҳли байти шумо наздатон маҳбубтар аст? Ҳазрат фармуданд: Ҳасану Ҳусайн. Ва ҳамеша ба Фотима алайҳо салом мефармуд: Ду фарзандамро назди ман биёвар. Онгоҳ он дуро мебўид ва ба сина мечасбонид”.[15]
5-Яъло ибни Марра мегўяд: Бо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз манзил хориҷ шудем ва ба меҳмонӣ даъват будем. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар роҳ мушоҳида кард, ки Ҳусайн алайҳис-салом машғули бозӣ аст. Ҳазрат бо шитоб ба пеши ҷамъият омад ва ду дасти худро боз кард то Ҳусайн алайҳис-саломро бигирад, вале ў ба ин тараф ва ба он тараф медавид ҳар ду механдиданд то он ки ҳазрат ўро гирифт, яке аз ду дасташро зери чонаи ў ва дасти дигарашро байни сар ва ду гўшаш қарор дод ва бо ў муониқа кард ва ўро бўсид.Онгоҳ фармуд:
“حسين مني وانا منه احب الله من احبه، الحسن والحسين سبطان من الاسباط“
“Ҳусайн аз ман ва ман аз ўям, Худо дўст бидорад ҳар касеро, ки Ҳусайнро дўст дорад. Ҳасан ва Ҳусайн ду наберае аз наберагони ман ҳастанд.”[16]
Дар тафсири ҷумлаи “Ҳусайн аз ман ва ман аз ў” мегўем:
Ҷумлаи аввал ишора ба ин матлаб дорад, ки Ҳусайн аз Расули Худост, зеро агар чӣ падараш Ҳазрати Алӣ алайҳис салом аст, вале аз онҷо, ки Ҳазрат ба насси ояаи мубоҳила нафси Расули Худост, лизо Имом Ҳусайн алайҳис салом фарзанди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ба ҳисоб меояд.
Дар мавориди ҷумлаи дуввум мегўем: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, баъд аз таблиғи рисолаташ дигар ба унвони як шахс матреҳ нест, балки як шахсияти рисолатӣ ба ҳисоб меояд. Эшон рамз ва намунае аст, ки дар ў рисолаташ ба тамоми бўъдҳо таҳаққуқ ёфтааст. Пас ҳаёташ ҳамон рисолаташ ва рисолаташ ҳамон ҳаёташ мебошад.
Аз тарафи дигар медонем, ки кўшиши ҳар падаре он аст, ки фарзанде дошта бошад то ҷонишини шахсияти ў буда ва ҳофизи рисолати ў ва идомадиҳандаи роҳи ў бошад. Дар мавориди Имом Ҳусайн алайҳис салом аз он ҷо, ки ў бо қиём ва шаҳодаташ рисолати паёмбарро зинда кардаст, лизо паёмбар дар шаъни ў мефармояд: “Ман аз Ҳусайнам”. Яъне шахсияти рисолати ман ва идома ва истимрори он ба вуҷуди Ҳусайн алайҳис-салом вобастагӣ дорад. Ва лизо гуфта шудааст:
“الاسلام محمدي الوجود وحسيني البقاء”
6-Язид ибни Абиязид мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз ҳуҷраи Оиша берун омад ва гузараш бар хонаи Фотима алайҳо-салом афтод. Садои гиряи Ҳусайнро шунид. Фармуд: Оё медонӣ, ки гиряи ў маро азият мекунад?[17]
7-Ҳокими Нишопурӣ ба санадаш аз Абўҳурайра нақл карда, ки гуфт: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро мушоҳида кардам дар ҳоле, ки Ҳусайн ибни Алиро ба бағал гирифта ва мефармуд: “Аллоҳумма инни уҳиббуҳу фа уҳибҳу”[18] “Бор Худоё! Ман ўро дўст дорам, ту низ ўро дўст бидор.”
Гуфтори саҳоба дар бораи Имом Ҳусайн алайҳис-салом
1-Анас ибни Молик мегўяд: “Баъд аз шаҳодати Ҳусайн ибни Алӣ, сари ўро ба назди Ибни Зиёд оварданд. Ў бо чўб ба задани дандонҳои он ҳазрат сар кард… Ман дар дилам гуфтам: Чӣ кори зиште мекунӣ! Ман мушоҳида кардам, ки Расули Худо ҳамин ҷоро, ки чўб мезанӣ мебўсид”.[19]
2-Зайд ибни Арқам мегўяд: “Ман назди Ибни Зиёд нишаста будам, ки сари Ҳусайнро ба назди ў оварданд Иибни Зиёд чўби дасти худро бардошт ва байни лабони ҳазрат кўбид. Ба ў гуфтам: ту чўбатро ба ҷое мезанӣ, ки борҳо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ он ҷоро бўсида аст. Ибни Зиёд гуфт: Бархез! Ту пирамарде ҳастӣ, ки ақлатро аз даст додаӣ”.[20]
3-Исмоил ибни Раҷо аз падараш нақл мекунад, ки гуфт: “Дар масҷиди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, дар миёни дастае будам, ки дар миёни онҳо Абўсаиди Худрӣ ва Абдуллоҳ ибни Умар низ буд. Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис-салом аз канори мо гузашт ва салом намуд. Онон ўро ҷавоб доданд. Абдуллоҳ ибни Умар сукут кард то мардум фориғ шаванд. Онгоҳ садои худро баланд кард ва гуфт: Ва алайкас салом ва раҳматуллоҳу ва баракотўҳ. Онгоҳ рў ба қавм кард ва гуфт: Оё шуморо хабар диҳам ба касе, ки маҳбубтарини аҳли замин назди аҳли осмон аст? Гуфтанд: Оре. Гуфт: Он шахс ин марди ҳошимӣ аст. Баъд аз ҷангӣ Сиффин бо ман сухан нагуфтааст. Агар ў аз ман розӣ гардад барои мар хушояндтар аст аз ин ки шутурони қирмиз дошта бошам.[21]
4-Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ мегўяд: “Ҳар кас дўст дорад назар кунад ба марде аз аҳли биҳишт, бояд ба Ҳусайн алайҳис-салом назар кунад, чун аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ шунидам , ки чунин мефармуд”.[22]
Ҳайсамӣ низ дар “Маҷмаъ-из-завоид” ин ҳадисро нақл карда ва дар поён мегўяд: “ровиёни ин ҳадис саҳеҳ аст ғайр аз Рабиъ ибни Саъд, ки ў сиқа аст”.[23]
5-Умар ибни Хаттоб ба Имом Ҳусайн алайҳис-салом арз кард: “Он чӣ, ки бар сари мо рўида шуда (яъне Ислом) тавассути шумо хонадони Паёмбар будааст”.[24]
6-Абдуллоҳ ибни Аббос рикоби асби Имом Ҳусайн алайҳис-саломро гирифт. Баъзе ўро аз ин кор сарзаниш карданд ва гуфтанд: Синни ту аз ин ду бештар аст?! Ибни Аббос гуфт: Ин ду фарзандони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳастанд оё саодати ман нест, ки рикоби ин дуро ба даст бигирам?[25]
Имом Ҳусайн алайҳис-салом аз дидгоҳӣ тобеин.
1-Муовия ба Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар гуфт: Ту сайиду сарвари Бани Ҳошим мебошӣ! Ў дар ҷавоби Муовия гуфт: Бузурги Бани Ҳошим Ҳасану Ҳусайнанд.[26]
2-Валид ибни Утба ибни Абисуфиён -волии Мадина- ҳангоме, ки Марвон ибни Ҳакам пешниҳоди куштани Имом Ҳусайн алайҳис-саломро дод гуфт: “Ба Худо савганд эй Марвон! Дўст надорам, ки дунё ва он чи дар он аст барои ман бошад дар ҳоле, ки Ҳусайн алайҳис-саломро кушта бошам. Субҳоналоҳ! Оё ба хотири байъат накардани Ҳусайн ўро бикўшам? Ба Худо савганд! Ман яқин дорам шахсе, ки Ҳусайнро ба қатл бирасонад, дар рўзи қиёмат мизони амалаш сабук хоҳад буд.[27]
3-Ироҳими Нахаӣ мегўяд: “Агар ман дар миёни қотилони Ҳусайн алайҳис-салом мебудам ва вориди биҳишт мешудам, аз назар кардан ба сурати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳаё мекардам”.[28]
Имом Ҳусайн алайҳис-салом аз дидгоҳи уламои аҳли Суннат
Бо муроҷиат ба кутуби таърих ва тароҷим пай мебарем, ки Имом Ҳусайн алайҳис-салом мавриди мадҳу ситоиши донишмандон аз ҷумла афроди зер будааст:
1-Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ
“Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб, ҳошимӣ, Абўабдуллоҳ, маданӣ, набераи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва дастагули ў аз дунё ва яке аз ду бузургвори ҷавонони аҳли биҳишт аст”.[29]
2-Зарандии Ҳанафӣ
“Ҳусайн, намоз ва рўза ва ҳаҷ ва ибодатро бисёр анҷом медод. Ў марди босаховат ва карим буд. Бисту панҷ бор пиёда ба ҳаҷ мушарраф шуд”.[30]
3-Ёфиӣ
“Дастагули Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва набераи ў, хулосаи набувват, маҳалли маҳосин ва маноқиб ва бузургворӣ, Абўабдуллоҳ Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис-салом…”.[31]
4-Ибни Сайрин: “Осмон баъд аз шаҳодати Яҳё ибни Закариё бар касе ҷуз Ҳусайн алайҳис-салом нагирист ва ҳангоме, ки кушта шуд, осмон сиёҳ шуд ва ситорагон дар рўз рўшан шуданд ба ҳадде, ки ситораи ҷавзо дар вақти аср дида шуд ва хоки сурх фурў рехт ва осмон то ҳафт шабона рўз ба монанди лахтаи хун буд”.[32]
5-Аббос Маҳмуд Уққод: “Шуҷоати Ҳусайн алайҳис-салом сифате аст, ки аз ў ғариб нест, чун сифате аст, ки аз маъданаш сарчашма гирифтааст. Ва ин Фазилате аст, ки аз падарони худ ба ирс бурда ва ба фарзандони баъд аз худ ба ирс гузошта аст … Ва дар байни Бани Одам касе шуҷоътар аз ў дида нашуда он ҳангом, ки Ҳусайн алайҳис-салом дар Карбало чунин иқдомеро анҷом дод … Ва ин ифтихор барои ў бас аст, ки дар таърихи ин дунё танҳо ў дар тўли садҳо сол, шаҳид ва фарзанди шаҳид ва падари шаҳидон аст…”.[33]
6-Доктор Муҳаммад Абдуҳи ямонӣ
“Ҳусайн алайҳис-салом марди обид ва мутавозеъ буд. Ҳамеша ўро рўзадор мушоҳида мекарданд. Шабҳоро бедор ва машғули ибодат буд. Ҳамеша дар корҳои хайр аз дигарон пешӣ меҷўст ва дар некӣ аз дигарон суръат мегирифт…”.[34]
7-Умар Ризо Каҳола
“Ҳусайн алайҳис-салом бузурги аҳли Ироқ дар фиқҳ ва ҳол ва ҷуд ва бахшиш буд”.[35]
Шаҳодати Имом Ҳусайн алайҳис-салом
Суютӣ нақл мекунад: “Шаҳодат ва қатли ў дар рўзи Ошўро буд. Дар он рўз хуршед гирифт ва уфуқҳои осмон то шаш моҳ баъд аз шаҳодат сурх шуд. Ва ин сурхӣ доиман мушоҳида мешуд дар ҳоле, ки қабл аз шаҳодати ў ёфт намешуд ва гуфта шуда, ки дар он рўз ҳеҷ санге дар Байтулмуқаддас ҷобаҷо нашуд ҷуз он, ки дар зери он хуни тоза вуҷуд дошт…”.[36]
Имом Ҳусайн алайҳис-салом сарвари ҷавонони биҳишт
Яке аз фазоили Имом Ҳусан ва Имом Ҳусайн алайҳимос салом, ки аз сўи Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, баён шуда ин аст, ки ин ду бузургвор, сарвари ҷавонони биҳишт ҳастанд. Фазилате, ки барои ҳеҷ касе ҷуз он ду нарасидааст. Инак ба баррасии ин ҳадис мепардозем:
Аҳодис
Аз Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ворид шуда, ки фармуд: “Ҳасану Ҳусайн ду сайиду сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд”. Шўҳрати ин ҳадис ба андозае аст, ки ба тавотур расида аст. Инак ба баъзеи онҳо ишора мекунем:
1-Хатиби бағдодӣ бо санадаш аз Имом Алӣ алайҳис-салом нақл карда, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд: “Ҳасан ва Ҳусайн ду сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд ва падарашон аз он ду беҳтар аст.”[37]
2-Муттақии ҳиндӣ бо санадаш аз Амиралмўъминин алайҳис-салом нақл карда, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, хитоб ба Фотима алайҳо салом фармуд: “Оё розӣ намешавӣ, ки ту сарвари занони аҳли биҳишт бошӣ ва ду фарзандат сарвари ҷавонони аҳли биҳишт бошанд”?[38]
3-Ибни Асокир бо санадаш аз Ибни Аббос нақл карда, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд: “Ҳасану Ҳусайн ду сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд, ҳар кас он дуро дўст бидорад, ҳатман маро дўст дошта ва ҳар кас он дуро душман бидорад ҳатман маро душман дошта аст.”[39]
Ровиёни Ҳадис
1-Аз асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ
Ин ҳадиси шарифро бисёре аз саҳоба аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, нақл кардаанд аз ҷумла:
1-Имом Амиралмўъминин Алӣ ибни Абитолиб алайҳис-салом.
2-Имом Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис-салом.
3-Абдуллоҳ ибни Аббос.
4-Абўбакр ибни Абўқаҳофа.
5-Умар ибни Хаттоб.
6-Абдуллоҳ ибни Умар.
7-Ҷобир ибни Абдуллоҳ.
8-Абдуллоҳ ибни Масъуд.
9-Ҳузайфа ибни Ямон.
10-Ҷаҳм.
11-Молик ибни Ҳувайрис.
12-Қуррат ибни Аёс.
13-Усома ибни Зайд.
14-Анас ибни Молик.
15-Абўҳурайра.
16-Абўсаиди Худрӣ.
17-Барро ибни Озиб.
18-Алии Ҳилолӣ.
19-Абўрамса.
20-Бурайда.
2-Аз уламои аҳли суннат
Ин ҳадисро бисёре аз олимону донишмандон низ дар китобҳои худ нақл кардаанд, аз ҷумла:
1-Хатиби бағдодӣ. Таърихи Бағдод 1/140.
2-Ибни Асокир. Таърихи Димишқ, тарҷумаи Имом Ҳусайн с.41.
3-Табаронӣ. Мўъҷамул кабир 3/35-36.
4-Муттақии ҳиндӣ. Канзул уммол 13/97.
5-Муҳибиддини Табарӣ. Захоирул уқбо с.129.
6-Ҳайсамӣ. Маҷмаъ-уз-завоид 9/172.
7-Абўнаими исфаҳонӣ. Ҳилятул авлиё 4/139.
8-Ибни Ҳаммоди ҳанбалӣ. Шазаротуз-заҳаб 1/85.
9-Вакиъ. Ахборул қузот 2/200.
10-Ибни Моҷа. Сунани Иби Моҷа 1/44.
11-Ҳокими нишопурӣ. Мустадрак алас саҳеҳайн 3/167.
12-Ганҷии шофеӣ. Кифоятут толиб с.341.
13-Тирмизӣ. Сунани Тирмизӣ 5/660.
14-Аҳмад ибни Ҳанбал. Муснад 5/391-392.
15-Заҳабӣ. Таърихи Ислом 2/90. Сияру аълому-нубало 3/168.
16-Ибни Ҳаҷар. Ал-Исоба 1/256.
17-Бағавӣ. Мўъҷамус-саҳоба с.22.
18-Абўлқосими Саҳмӣ. Таърихи Ҷурҷон с.395.
19-Набаҳонӣ. Фатҳул кабир 2/80.
20-Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ. Савоиқул мўҳриқа с.114.
21-Суютӣ. Ҷомеъ-ус-сағир 1/379.
22-Дайламӣ. Фирдавсул ахбор 5/76.
23-Ибни Абишайба. Ал-Мусаннаф 12/96.
24-Насоӣ. Хасоис 36.
25-Ибни Ҳаббон. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон 15/413.
26-Самаонӣ. Ал-Ансоб 3/477.
27-Суютӣ. Ҷомеъ-ус-сағир.
28-Муновӣ. Файзул қадир 3/550.
29-Албонӣ. Силсилатул аҳодисус саҳеҳа 2/424.
Таъкид бар саҳеҳ будани ҳадис
Ҷамоате аз уламо ва донишмандони ҳадис ба равшанӣ ба сиҳҳати ин ҳадис ишора кардаанд ба монанди:
1-Ҳофиз Ганҷии шофеӣ: “Ин ҳадис ҳасан ва собит аст…”.[40]
2-Имоми аҳли ҳадис Абулқосими Табаронӣ дар Мўъҷамул кабир дар шарҳи ҳоли Имом Ҳусайн алайҳис-салом ин ҳадисро аз чандин саҳоба ривоят карда аст… баъд мегўяд: Замимаи ин санадҳо ба якдигар далолат ба сиҳҳати ин ҳадис мекунад.[41]
3-Ҳокими нишопурӣ мегўяд: Ин ҳадис бо изофаи “Ва падарашон беҳтар аз он ду ҳастанд” саҳеҳ аст вале Бухорӣ ва Муслим онро нақл накардаанд.[42]
Ҳоким дар зайли ҳадиси дигар мегўяд: Ин ҳадисе аст, ки бо роҳҳои зиёде қобили тасҳеҳ аст ва ман тааҷҷуб мекунам, ки чӣ гуна Бухорӣ ва Муслим онро нақл накардаанд.[43]
4-Заҳабӣ: “Ин ҳадис саҳеҳ аст”.[44]
5-Тирмизӣ. “Ин ҳадис ҳасан ва аз ин ваҷҳ ғариб аст.[45]
Тирмизӣ бо санади дигаре низ ин ҳадисро оварда ва дар зайли он мегўяд: Ин ҳадис саҳеҳ ва ҳасан аст.[46]
6-Албонӣ низ тасҳеҳи Тирмизиро қабул карда ва мегўяд: “Матлаб ҳамон аст, ки Тирмизӣ гуфта.” Ва низ дар ҳадисе, ки Тирмизӣ онро ҳасан гуфта мегўяд: “Санади он саҳеҳ ва ровиёнаш риҷоли саҳеҳанд, ғайр аз Майсара ибни Ҳабиб, ки ў сиқа аст.” Ва ҳамчунин тасҳеҳи Ҳоким ва Заҳабиро низ қабул кардааст.[47]
7-Ҳайсамӣ дар “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ9с201 ин ҳадисро аз Абўсаиди Худрӣ ривоят карда ва саҳеҳ гуфтааст.
8-Мустафо ибни Адвӣ дар китоби “Саҳеҳул муснад мин фазоилис-саҳоба” с.257.
9-Ҳувайнии Асрӣ дар таҳқиқи китоби “Хасоисул Амиралмўъминин” ин ҳадисро саҳеҳ дониста аст. “Таҳзибул хасоисул Имом Алӣ с.99.р.124.
10-Ад-Донӣ ибни Мунир оли Заҳвӣ.[48]
11-Ҳамза Аҳмад Аз-Зайн, муҳаққиқи китоби “Муснад”-и Аҳмад.[49]
12-Ибни Ҳаббон ин ҳадисро дар Саҳеҳаш оварда ҷ.15с413.
Ин ҳадис он қадар санадҳои зиёде дорад, ки Суютӣ ва Самаонӣ ба ин хотир, онро мутавотир хондаанд.[50]
[1] -Ал-истиоб ҷ1с143.
[2] -Ахборул-дувал ва осорул-аввал с 107.
[3] -Тазкиратул-хавос, с 232.
[4] -Ақдул-фарид ҷ 2, с 220.
[5] -Ал-фусулул-муҳиммаҳ с 183.
[6] -Рабиул-аброр с 210.
[7] -Сифатус-сафва ҷ 1, с 321, Усдул ғоба ҷ.3.с.20, т миср.
[8] -Ал-Истиоб ҷ 1, с 393.
[9] -Таърихи Табарӣ ҷ 5, с 421.
[10] -Назму дурарус симтайни Зарандӣ с 209.
[11] -Василатул-маоли Ҳазрамӣ с 183.
[12] -Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.5.с.33. Китоби фазоилус-саҳоба, боби маноқибул-Ҳасану Ҳусайн.
[13]-Мустадраки Ҳоким ҷ.3.с.166.
[14] -Мустадраки Ҳоким ҷ3с.167.
[15]-Сунани Тирмизӣ ҷ.5.с.323.р.3861.
[16]-Мўъҷам-ул-кабир ҷ 22,с 274. Канзул-уммол ҷ 13,с 662, Таърихи Ибни Асокир ҷ 14,с 150.
[17] -Маҷмаъ-уз-завоид ҷ 9,с 201.
[18] -Мустадраки Ҳоким, ҷ 3, с 177.
[19] -Захоирул уқбои Табарӣ с.126. Таърихи Ибни Касир 8/206 наздик ба ин дар Саҳеҳи Бухорӣ 5/32 боби маноқиби Ҳасану Ҳусайн.
[20] -Канзул уммол ҷ.7.с 110. Усдул ғоба ҷ.2. с.21.
[21] -Усдул ғоба ҷ.3. с.5.
[22] -Назму дурарус симтайни Зарандӣ с.208. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.с.225.
[23] -Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.9.с.187.
[24] -Ал-Исоба ҷ.1.с.333.
[25] -Исобаи Ибни Ҳаҷар 1/333.
[26] -Комили Сулаймон, Ҳасан ибни Алӣ алайҳис-салом с.173.
[27] -Ҳамон с.147.
[28] -Исоба ҷ.1.с.335.
[29] -Таҳзибут таҳзиб ҷ.2.с.299.
[30] -Назму дурарус-симтайн с.208.
[31] -Миръотул ҷинон ҷ.1.с131.
[32] -Таърихи Ибни Асокир, ҷ.4.с.339.
[33] -Абўшшуҳадо, с.195.
[34] –Аллиму авлодакум маҳаббата оли байтиннабӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ с.133.
[35] -Аъломун-нисо ҷ.1.с.28.
[36] -Таърихи хулафо с.160, тарҷумаи Язид ибни Муовия.
[37]-Таърихи Бағдод 1/145. Мустадраки Ҳоким 3/167.
[38]-Канзул уммол 16/281.
[39]-Таърихи Ибни Асокир тарҷумаи Имом Ҳусайн с.45.
[40] Кифоятут толиб с.341.
[41] -Кифоятут толиб с.341 ба нақл аз Табаронӣ.
[42]-Мустадраки Ҳоким 3/167.
[43]-Мустадрак 3/167.
[44]-Талхиси Мустадрак 3/167.
[45]-Сунани Тирмизӣ 5/660.
[46]-Тўҳфатул аҳвазӣ бишарҳи саҳеҳ Тирмизӣ 10/272.
[47]-Силсилатул аҳодисус-саҳеҳаи Албонӣ 2/423-426.
[48]-Хасоиси Амиралмўъминин таҳқиқи Оли Заҳвӣ с.107.р.140.
[49]-Муснади Аҳмад бо таҳқиқи Ҳамза Аҳмад 1/101-195—204-259.
[50]-Тўҳфатул аҳвазӣ 10/186. Файзул қадири Муновӣ 3/550. Ал-Ансоби Самаонӣ 3/477.