1-Имон ба Худо

Беҳтарин василаи амр ба мъруф ва наҳй аз мункар, ақида ба мабдаъ ва маод аст. Барои ҳамин агар касе бихоҳад ба таври решаӣ мардумро ба маъруф водор кунад, бояд рӯи ақоиди мардум кор кунад. Барои мисол, ба касе, ки вориди манзил мешавад, замоне метавон гуфт, ин корро бикун ва ин корро накун, ки ақида дошта бошад бар ин ки манзил соҳибе дорад, ҳисобу китобе ҳаст, ҳамаи ҳаракоти инсон зери назар гирифта мешавад ва ғайра.

Бо ин ақида метавон барои ӯ роҳи саҳеҳро пешниҳод намуд. Вале агар ӯ фикр кунад, ки ин хона бесоҳиб аст ва ҳисобу китобе вуҷуд надорад ва ман озод ҳастам ва ҳисобрасию назорате нест… Дар ин сурат мо наметавонем ӯро идора кунем, зеро фикр мекунад, ки ҳар чӣ набарад, аз кисааш рафтааст ва ҳар чӣ айёшӣ накунад, бохтааст. Пас дар хонаи бесоҳиб ва беҳисобу китоб охирин рехту пошро хоҳад кард.

Оре, агар инсон мӯътақид шуд, ки ин ҷаҳон хонаи бузурге аст ва соҳибе ҳамчун Худованд дорад ва ҳисобе ҳамчун қиёмат дорад ва тамоми корҳои ӯ сабт мешавад ва назорат мешавад ва ҳатто бар фикру нияти ӯ нозире назорат мекунад, ҳамин имон ва биниш ӯро дар ҷаҳон ба як инсони вораста ва ботақво табдил медиҳад. Ин афрод  баръакси инсонҳои беэътино ва беимон ҳастанд, зеро қонун ва ҷаримаҳо барои ашхоси беимон монанди рехтани сатили об дар чоҳи хушк аст, ки бо рехтани ду сатил об ҳеҷ обе дар он ҷамъ намешавад. Бинобар ин муҳимтарин ва аслитарин васила барои даъват ба хайру некӣ ва наҳй аз гуноҳ имон доштан ба мабдаъ ва маод аст. Имон дар даруни инсон ҳамчун ҷӯшиши об дар даруни чоҳ аст, ки худ ба худ инсонро аз фасод боз медорад.

Имон ба Худо кофӣ нест, дар ёди Худо будан низ лозим аст

Баъзе инсонҳо имон доранд ва ҳатто метавонанд соатҳо дар бораи исботи Худованд ва маод суханронӣ кунанд, вале фаромӯшкоранд ва худашон ҳамеша дар ёди Худо нестанд. Дар ҳоле ки барои инсон ҳам имон лозим аст ва ҳам доимо дар ёди Худо будан.

Худованд дар Қуръон дар бораи инсонҳое, ки ёди Худоро фаромӯш мекунанд, мефармояд:

«Имон надоранд».[1]

«Худоро фаромӯш мекунанд».[2]

«Қиёматро ба фаромӯшӣ месупоранд”.[3]

Далел ва розу рамзи намоз ин аст, ки инсони мӯъмин ҳамеша бо ёди Худо бошад.[4]

Дар замонҳое, ки ҳодисаҳои талху ширин ё фишор ба инсон рӯй меоварад, супориши Қуръон ин аст, ки инсон зиёд ёди Худо кунад.[5] Имон ба Худо агар ҳамроҳ бо ёди ӯ набошад, короии зиёде нахоҳад дошт. Ёди Худо бояд саросари зиндагии мо бошад, хӯроке, ки мехӯрем бояд гӯшти ҳайвони забҳшуда бо номи Худо бошад; омезиш бо ҳамсар бо «Бисмиллоҳ» бошад; савор шудан ба маркаб, пӯшидани либос ва ҳар кори моддӣ ва маънавӣ мисли хондани як сатр шеър ва ё нома, ҳамагӣ бояд бо номи Худо бошад.

Касе, ки Худоро нозир ва фариштагони ӯро маъмури сабти корҳои худ бидонад; имон дошта бошад, ки на танҳо корҳои ӯ ҳисобу китоб дорад, балки осор ва аксуламали корҳои ӯ муҳосиба мешавад ва ба номи ӯ навишта мешавад;[6] қабул дошта бошад, ки Худованд лаҳзае аз офаридаи худ ғофил нест;[7] ҳар резу дуруште мӯ ба мӯ сабт мешавад;[8] дар рӯзи қиёмат Худованд парвандаи ҳамаи аъмоли инсонро пеши рӯи ӯ хоҳад гузошт;[9] ӯ бояд ҷавобгӯи ҳамаи корҳо, балки посухгӯи фикру ниятҳои худ бошад[10] ва… чунин шахсе даст ба корҳои гуноҳ намезанад ва чунин имон ва ёди Худо инсонро аз анҷоми гуноҳ бозмедорад. Касоне, ки мехоҳанд амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд, пеш аз ҳама бояд имон, ёди Худо ва маодро дар дили мардум зинда кунанд. Барои мисол, Қуръон ба камфурӯшон (фурӯшандагони хиёнаткор) мефармояд:

«Оё онҳо намедонанд, ки дар рӯзи бузурги қиёмат зинда хоҳанд шуд ва бояд посухи камфурӯшии худро диҳанд».[11]  

2 – Ташаккур аз Худо

Дуюмин васила барои наҳй аз мункар он аст, ки хилофкорро ба ёди лутфи бепоёни Худованд биандозем, то бидонад, ки ӯ чӣ қадар ба мо лутф кард ва инсонро аз заррае офарид ва ҳама чизро дар ихтиёраш гузошт. Айби ӯро мепӯшонад ва ҳамчунин хубии ӯро чанд баробар подош медиҳад, дарди ӯро шифо мебахшад, дуои ӯро мустаҷоб мекунад, беҳтарин рафиқ, беҳтарин мавло ва сарпараст ва беҳтарин ёри ӯст.

Ҳазрати Алӣ (к)  мефармояд:

«Ҳатто агар Худованд барои гуноҳ дӯзахе ҳам қарор намедод, воҷиб буд, ки ба хотири ташаккур аз он ҳама лутфи ӯ, аз гуноҳ ва мухолифаташ дурӣ кард».[12]

3 – Таваҷҷӯҳ намудан ба осори бади гуноҳон

Дар оёт ва ривоёти фаровоне ба ин ҳақиқат ишора шудааст, ки нузули балоҳо ба хотири гуноҳоне аст, ки анҷом додаед.

Қуръон мефармояд: «Ҳар мусибат, ки ба шумо мерасад, ба хотири амалҳои худатон аст».[13]

«Қавми Самуд ба хотири нофармониашон ҳалок шуданд».[14]

То гунаҳкор набошед, азобе нест ва ҳар куҷо азобе ҳаст, аз осори гуноҳ аст.[15] Дар аввали дуои Кумайл ҳазрати Алӣ (к) мефармояд:

«Худовандо, гуноҳоне, ки боиси пора шудани пардаи ҳаё аст, аз ман бубахш. Худовандо, гуноҳоне, ки боиси тағйир пайдо кардани неъматҳост, аз ман бубахш. Худовандо, гуноҳоне, ки боиси ҳабс шудани дуоҳост, аз ман бубахш».

Аз ин ҷумлаҳо маълум мешавад, ки ҳар гуноҳ осори бади махсус ба худро дорад. Бинобар ин таваҷӯҳ намудан ба осори бади гуноҳон, яке аз омилҳои боздоранда аз мункар аст.

4 – Таваҷҷӯҳ намудан ба баракоти маъруф

Ҳамон гуна ки ошноӣ бо осори шуми гуноҳ инсонро барои тарки мункар омода мекунад, ошноӣ ба манфиатҳо ва осори хубиҳо инсонро барои анҷоми маъруф омода месозад. Акнун, ки сухан ба ин ҷо расидааст намунаҳоеро дар чанд сатр нақл мекунем, вале ин намунаҳо қатрае аз баҳр аст. Зеро асрҳо қабл уламои мо дар бораи илали аҳком китобҳо навиштаанд ва ҳар чӣ илм пешрафт кунад, парда аз асрори аҳкоми исломӣ бештар бардошта мешавад.

Барои мисол, ривоёте дорем, ки барои навзод беҳтарин ғизоро шири модар медонад. Имрӯз илм пешрафт намуда ва ба иллати он пай бурдаанд.

Имрӯз, ки метавонанд аз маҷрои пешоб аксбардорӣ кунанд, беҳтар мефаҳмем, ки чаро Ислом мефармояд: «Дар ҳолати истода пешоб накунед», зеро маҷрои пешоб дар ҳоли истода ба хубӣ боз нест.

Имрӯз осори бади шароб ба бадани инсон беҳтар аз қадим қобили озмоиш ва мушоҳида аст.

Имрӯз дунё зарарҳои гӯшти хукро беҳтар аз даврони садри ислом мефаҳмад.

Акнун ба суроғи чанд намуна меравем дар мавриди ин ки дар маъруфҳо баракоте аст, ки агар инсонҳо онро бидонанд, ба сӯи он кашида мешаванд. Хуб аст акнун, ки аввалин рӯзи иди наврӯз аст ва тавфиқ ёфтаам то дар лаҳзаи фарорасии соли нави 1375 (ҳ.ш.) машғули навиштани китоби «Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар» дар ҷавори марқади мутаҳҳари Имом Ризо (р) бошам, ҷумлаеро дар ҳамин мавзӯъ аз Имом Ризо нақл кунам:

«Агар мардум зебоиҳои сухани моро бидонанд, ҳатман пайрави мо мешаванд».

Имом мефармояд, далели инҳироф ва бероҳагии мардум бехабарии онҳо аз розу рамзи суханони мо аст.

Намунаҳое аз асрори маъруфҳо, ки огоҳӣ аз онҳо моро омодаи анҷоми он мекунад

Эҳсони мо ба мардум сабаби эҳсони Худованд ва мардум ба мо мешавад.[16]

Садақа дафъи бало мекунад.

Ҳаҷ инсонро аз фақир шудан нигоҳ медорад.[17]

Закот молро ҳифз мекунад.[18]

Авф аз мардум, калиди авфи илоҳӣ аз мост.[19]

Силаи раҳм умрро тӯлонӣ мекунад.

Намоз инсонро аз фаҳшо ва мункар бозмедорад.[20]

Корҳои неки шумо гуноҳонатонро аз байн мебарад.[21]

Ақиқа, василаи ҳифзи навзод аз хатарот аст.

Паноҳ бурдан ба Худо ва дуо инсонро аз хатарот наҷот медиҳад.

Дурӣ аз нозу карашма занонро аз газанди инсонҳои ҳавасбоз ҳифз мекунад.[22]

Эътиқод ба Худои ягона доштан ва Алӣ ибни Абу-Толибро дӯст доштан инсонро аз зулми золимон ҳифз мекунад.

Рӯза василаи саломатӣ аст.[23]

Қаноат калиди иззат аст.

Зӯҳд рамзи раҳмат аст.

Танҳо ёди Худо, василаи оромиш аст.[24]

Ба ҳар ҳол барои густариш ва эҳёи маъруфҳо бояд мардумро бо осор ва баракоти дунявӣ ва аҷри ухравии он ошно кунем.

Баёни мукофоти амал, василае барои наҳй аз мункар

Барои боздоштани мардум аз мункарот ва ё ташвиқ ба хубиҳо метавонем аз тариқи баёни мукофоти амал ворид шавем. Яъне ба мардум баён кунем, ки кори хайр ё шарри шумо дар ҳамин дунё ҳам беҷавоб намемонад. Ба суроғи намунаҳое аз оёт ва ривоёт меравем:

1 – Марди солеҳе зери деворе, миқдоре ирс барои фарзандони хурдсоли худ захира карда буд. Девор дар остонаи вайроншавӣ буд. Ҳазрати Хизр (а) ва Мӯсо (а) гурусна вориди рустои ин марди солеҳ шуданд ва аз мардум талаби хӯрок карданд, аммо мардум ба он ду паёмбар хӯроке надоданд. Дар ин миён чашми Хизр (а) ба девори дар ҳоли вайроншавӣ афтод. Ба Мӯсо (а) гуфт: Бояд деворро бозсозӣ кунем.

Мӯсо гуфт: Коргарии маҷҷонӣ барои мардуме, ки буридаи ноне ба мо надоданд, чӣ маъно дорад?

Вале Хизр (а) даст ба кор шуд ва деворро сохт. Ба Мӯсо (а) фармуд: Зери ин девор ганҷе аст, ки падари некӯкоре барои фарзандонаш захира кардааст ва агар мо деворро таъмир намекардем, вайрон мешуд ва инсонҳои ноаҳл ганҷро пайдо мекарданду мебурданд ва ятимони он марди некӯкор фақир мемонданд.[25]

Оре Худованд ба хотири некӯкории падар, ду паёмбарро ба кору хидмати маҷҷонӣ водор кард. Ин достонро, ки дар сураи Каҳф мехонем, моро ташвиқ мекунад, ба ин ки ҳар кори хайре ҳатто дар ин дунё беподош намемонад. Хайри он кор ё ба худи мо мерасад ё ба фарзандони мо.

Имом Содиқ (р) дар зайли ин оят мефармояд:

«Худованди мутаол ба Мӯсо (а) ваҳй кард, ман ба хотири талоши падарон ба фарзандон лутф мекунам. Агар падарон некӯкор бошанд, ба фарзандонашон хайру баракат мерасонад, аммо агар бадкор бошанд, ба фарзандонашон осеб мерасад. Сипас фармуд: Зино накунед то ба занони шумо зино нашавад».

Оре, таваҷҷӯҳ ба мукофоти амал василаи хубе барои анҷоми маъруфҳо ва тарки мункарот аст. Қуръони Карим мефармояд:

«Касоне, ки фарзандони нотавоне аз худ ба ёдгор мегузоранд ва аз ояндаи онҳо метарсанд, бояд аз ситам намудан дар ҳаққи ятимони мардум битарсанд».[26] Оре, бо ятимони мардум чунон рафтор кунед, ки дӯст медоред бо ятимони шумо он гуна рафтор шавад. Ҳар кас оташ равшан кунад, дудаш ба чашми худаш меравад. Зулми имрӯзи мо ба ятимони ҷомеа, кам – кам ба сурати як суннати бад медарояд ва фардо домани ятимони худи моро низ мегирад.

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

Сӯи мо ояд садоҳоро нидо.

Аз мукофоти амал ғофил машав,

Гандум аз гандум бирӯяд ҷав зи ҷав.

                                                          (Маснавӣ)

Дар ҳадис мехонем:

«Ҳар кас, дигареро ба айбе сарзаниш кунад, намемирад магар ба ҳамон айб гирифтор шавад».

Таърих

Яке аз василаҳо таърих аст. Ошноӣ бо зиндагии қавмҳо ва гурӯҳҳое, ки аҳли маъруф ё мункар буданд, инсонро ба анҷоми хубиҳо ва дурӣ аз мункарот мекашонад. Дар Қуръони Карим садҳо оят дар ин замина омадааст:

«Мо қавмеро ба хотири гуноҳҳояшон ҳалок кардем».[27]

«Туғёни мардум сабаби нобудии онҳо аст».[28]

«Қавмеро дар об ғарқ кардем».[29]

«Гурӯҳеро бо соиқа нобуд кардем».[30]

«Ҷамъеро бо боди сардкунанда нобуд кардем».[31]

«Шаҳри қавмеро зеру рӯ кардем».[32]

Ошноӣ бо ин ҳушдорҳо барои наслҳои баъд яке аз омилҳои даст бардоштан аз мункарот ва куфру туғён аст. Тамоми оёте, ки инсонро ба сайр намудан дар рӯи замин ва ибратомӯзӣ супориш мекунад, ба хотири ҳамин дарс гирифтан аст. Ва тамоми оёте, ки моро ба мутолиаи оқибати кори некӯкорон ё фосидон даъват мекунад, ба ҳамин манзур аст.

Фарқи илми таърих бо фалсафаи таърих

Ҳодисаҳои гузаштаро таърих мегӯянд. Вале фалсафаи таърих, он қонунҳо, аслҳо, дарсҳо, ибратҳо ва пандҳое аст, ки аз ҳаводиси гузашта ба даст меояд.

Як мисоли содда:

Модаре ба фарзанди хурдсолаш мегӯяд: «Ба хиёбон нарав, магар надидӣ дирӯз фарзанди фалонӣ бо мошин тасодуф кард».- Дар ин сухан, ҳодисаи дирӯз таърих аст ва панде, ки модар имрӯз аз он барои фарзандаш мегирад, фалсафаи таърих аст. Қуръон достони ҳазрати Юсуфро ба таври муфассал баён мекунад ва дар поён мефармояд: «Ин гуна мо ба некӯкорон подош медиҳем».

Дар ин ҷо он чи қабл аз калимаи казолика аст, таърих мебошад ва калимаи казолика – фалсафаи таърих аст. Яъне гумон накунед, ки лутфи мо ба Юсуф як лутфи шахсӣ аст, балки ҳар кас ҳамчун Юсуф дар ҳодисаҳои талху ширин муҳофизи худ бошад, мо бо ӯ ин гуна рафтор менамоем.

Дар гирифтории ҳазрати Юнус низ мехонем, ки ӯ аз Худованд узрхоҳӣ кард ва наҷот ёфт. Сипас мефармояд, ки ҳар кас содиқона аз мо узрхоҳӣ кунад, ӯро аз байни торикиҳо ва балоҳо наҷот медиҳем.

Бинобар ин фалсафаи таърих як қонун ва суннати илоҳӣ ва як ҷараёни доимӣ аст, на як ҷарақаи мавсимӣ.

Дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, агар мо мардумро бо натиҷа ва поёни кори некӯкорон ва ё гунаҳкорон ошно созем ва бидонем, ки сарнавишти талху ширини қавмҳои гузашта бо мардуми имрӯз ҳеҷ фарқе надорад, ин огоҳӣ қадаме ба сӯи рушди ҷомеаи имрӯз хоҳад буд.

Умуре, ки инсонро ба сӯи гуноҳ мебарад

Ҳамон гуна ки ақоиди инҳирофӣ сарчашмаи бисёре аз гуноҳон мешавад, хаёлҳо ва тасаввуроти инҳирофӣ низ решаи гуноҳони бисёре хоҳад шуд. Вақте инсон гумон мекунад, ки аз дигарон беҳтар аст, онҳоро масхара мекунад. Вале агар эҳтимол диҳад, ки шояд дигарон аз ӯ беҳтар бошанд, дигар онҳоро масхара нахоҳад кард. Қуръон мефармояд: «Қавме қавми дигарро набояд масхара кунанд, шояд масхарашавандагон беҳтар аз онҳо бошанд».[33]

“Занон низ якдигарро ба истеҳзо нагиранд, шояд бонуе, ки истеҳзо шудааст, беҳтар аз шумо бошад».[34]

Гоҳе инсон гумон мекунад, ки бо ҳирс сармояаш зиёд мешавад, ғофил аз он аст, ки ризқ ба дасти Худо аст ва касоне, ки шабонарӯз ҳирс мехӯранд, ба ҷое намерасанд.

Гоҳе инсон тасаввур мекунад, ки хушбахтӣ дар мол аст ва ба сармоядорон бо ҳасрат нигоҳ мекунад. Ба қавли Қуръон, ҳамин ки мардум Қорунро медиданд, бо оҳи сарде мегуфтанд: Эй кош мо ҳам мисли ӯ сармоя доштем! Ғофил аз он буданд, ки чанде баъд Қорун чунон ба замин фурӯ рафт, ки ҳама гуфтанд: Чӣ хуб шуд, ки мо сармоядор набудем!

Гоҳе инсон гумон мекунад, ки агар бо фалон шахси шӯҳратманд издивоҷ кунад, хушбахт мешавад ва барои расидан ба ин хаёл аз ҳар гуна талоше дареғ намекунад. Ғофил аз он ки хушбахтӣ дар сояи шӯҳрат ва мақом нест.

Агар дар гумонҳои фосид, тасавуроти беҳуда ва гуноҳоне, ки  инсон анҷом медиҳад, диқат кунем, хоҳем донист, ки қисмати бузурге аз гуноҳони мо бархоста аз хаёлот  ва тасаввуроти мост. Бинобар ин дар оёт ва ривоёт ҷумалоте ҳаст, ки ба мардум ҳушдор медиҳад, ки хайру некӣ дар сояи кадом кор аст.

Ба чанд намуна ишора мекунем:

1-Хайру некӣ дар ин нест, ки  қиблаи мо ба кадом ҷиҳат бошад, балки хайру некӣ дар имон ва амали солеҳ ва кӯмак ба маҳрумони ҷомеа аст.[35]

2-Чӣ бисёр пеш меояд, ки чизеро шумо ногувор медонед, вале дар ҳақиқат хайру салоҳ дар он аст.[36]

3-Сармояҳо ва фарзандони онҳо туро ба тааҷҷуб наандозад. Худованд ирода кардааст, ки онҳоро бо ҳамин сарватҳо ва фарзандон азоб намояд.[37]

Ба ҳар ҳол, бояд аз зуд маҳкум кардан дурӣ кунем ва набояд бовар кунем, ки ончиро , ки мефаҳмем ҳақиқат дорад ва воқеият аст. Зеро бисёре аз боварҳои мо беасос ва хаёл ва таваҳҳум аст. Қуръон барои ин ки инсонро воқеъгаро тарбият кунад ва хаёлоти беҳуда ва ҳисоботи беасосро аз фикри ӯ берун кунад, оёти зиёде овардааст.

Ба ҳар ҳол дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бояд аз василаҳо ва заминаҳо истифода кард. Бояд заминаҳои хубро фароҳам намуд  ва заминаҳои манфиро аз байн бурд. (Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар. Мӯҳсинини Қироатӣ.)


[1] Сураи Алҳоққа 32.

[2] Сураи Ҳашр 19.

[3] Сураи Сод 26.

[4] Сураи Тоҳо 14.

[5] Сураи Анфол 45.

[6] Сураи Ёсин 12.

[7] Сураи Мӯъминун 17.

[8] Сураи Қамар 53.

[9] Сураи Каҳф 49.

[10] Сураи Ғофир 19.

[11] Сураи Мутаффифин 4.

[12] «Наҳҷулбалоға», ҳикмати 282.

[13] Сураи Шӯро 30.

[14] Сураи Ал-Ҳоққа 5.

[15] Сураи Ғофир 21, Оли Имрон 11.

[16] Сураи Исро 7.

[17] «Наҳҷулбалоға», хутбаи 110.

[18] «Биҳор-ул-анвор», ҷ.10, саҳ.99.

[19] Сураи Нур 22.

[20] Сураи Анкабут 45.

[21] Сураи Ҳуд 114.

[22] Сураи Аҳзоб 32.

[23] «Биҳор-ул-анвор».

[24] Сураи Раъд 28.

[25] Сураи Каҳф 82.

[26] Сураи Нисо 9.

[27] Сураи Анъом-6 ва Анфол-54.

[28] Сураи Ал-Ҳоққа 5.

[29] Сураи Анкабут 40.

[30] Сураи Фуссилат 17.

[31] Сураи Ал-Ҳоққа 6.

[32] Сураи Ҳуд 82.

[33] Сураи Ҳуҷурот 11.

[34] Сураи Ҳуҷурот 11.

[35] Сураи Бақара  177.

[36] Сураи Бақара 216.

[37] Сураи Тавба 85.