Бо як нигоҳи гузаро ба сураи муборакаи «Валъаср» мефаҳмем, ки:

Бар хилофи гумони инсон, ки фикр мекунад ҳар рӯз ба умраш афзуда мешавад, ҳар рӯз, ки мегузарад аз сармояи ӯ коста мешавад; бобоҳо дар ҳақиқат падарони хурдсол ҳастанд ва навзодҳо, ки умрашонро дар пеш доранд, бештарини сармояҳоро доро мебошанд.

Ба замон савганд, ки инсон ҳар лаҳза мисли ях дар ҳоли об шудан аст, (Ба аср савганд, ки инсонҳо ҳама дар зиёнанд)[1], пас дар баробари барбод рафтани умр бояд чизе беҳтар аз умр ба даст оварем. Молу мақому унвон беҳтар аз умр нест, он чи беҳтар аз умри мост имон ва амали солеҳ аст, (магар касоне, ки имон оварда ва амали солеҳ анҷом дода бошанд).[2]

Имон ва кори нек агар вусъат пайдо накунад, арзише нахоҳад дошт. Бинобар ин бояд дигаронро низ ба имон ва амали солеҳ супориш ва даъват кунем (…ва ҳамдигарро ба ҳақ супориш кунанд)[3]; албатта паймудани ин роҳ мушкилоте дар пай хоҳад дошт, яъне агар бихоҳем мардумро ба хайру маъруф даъват кунем ва аз фасоду гумроҳӣ боз дорем, эҳтимол дорад, ки бархурдҳои ногуворе пеш ояд, вале ба ҳар ҳол бояд бо ҳавсала ин роҳро бипаймоем (...ва ҳамдигарро ба сабру шикебоӣ супориш намудаанд).

Хулосаи калом ин ки ҳастӣ барои мо офарида шудааст ва ҳар рӯз, ки аз умрамон кам мешавад, агар чизе захира накунем, дар ин бозори ҳастӣ бохтаем.

Беҳтарин захираҳо имону амали солеҳ ва супориш кардани дигарон ба ҳақ ва сабр аст.

Супориш ба ҳақ, ҳамон амри ба маъруф аст, ки фикри ҳақ, сухани ҳақ, қонуни ҳақ, раҳбари ҳақ ва ҳукумати ҳақро дарбар мегирад; яъне бояд ҳар рӯз маъруфҳоро густариш диҳем ва аз фасоду мункарҳо пешгирӣ кунем.

Яке аз маъруфҳо барпоии намоз аст, ки биҳамдиллоҳ дар ҷомеа густариш ёфтааст. Имрӯз, ки ин калимотро менависам, даҳҳо ҳазор намози ҷамоат ҳама ҷо ба таври озод барпо мешавад.

Маъруфи дигар пешрафтҳои илмӣ, ихтироот, баранда шудан дар мусобиқоти илмӣ, дифоъ аз хоки ватан ва аз байн бурдани фитнаи душманон, вусъати китобхонаҳо  ва донишгоҳҳо ва кам шудани бесаводӣ ва афзоиши хадамоти беҳдоштӣ  ва илмию маишӣ ва ғайра аст.

Аммо дар канори ҳамаи инҳо фасодҳои фаровоне низ вуҷуд дорад, ки бояд барои маҳви онҳо фикре кард.

Симои амр ба маъруф

  • Амр ба маъруф, нишонаи ишқи инсон ба мактаб (идеология) аст.  
  • Амр ба маъруф, нишонаи ишқи инсон ба мардум аст.
  • Амр ба маъруф, нишонаи тааҳҳуд ва сӯзу алоқаи инсон ба саломатии ҷомеа аст.
  • Амр ба маъруф, нишонаи тавалло[4] ва табарро[5] аст.
  • Амр ба маъруф, нишонаи озодӣ дар ҷомеа аст.
  • Амр ба маъруф, нишонаи иртиботи байни мардум аст.
  • Амр ба маъруф, нишонаи фитрати бедор аст.
  • Амр ба маъруф, ҳозиру ғоиби воҷибот аст; чаро намоз нахондӣ? Чаро рӯза нагирифтӣ?
  • Амр ба маъруф, зомини иҷрои тамоми воҷибот ва наҳй аз мункар зомини тарки ҳамаи муҳаррамот (аъмоли ҳаром) аст.
  • Амр ба маъруф, ташвиқи некӯкорон дар ҷомеа аст.
  • Амр ба маъруф, тазаккур ва огоҳ кардани ашхоси ҷоҳилу нодон аст.
  • Наҳй аз мункар, талх кардани коми хилофкорон аст.
  • Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ба монанди газ ва тормозе аст, ки мошини ҷомеаро ҳидоят мекунад.
  • Амр ба маъруф ва наҳй аз мункари волидайн аст, ки асоси тарбияти кӯдакро ташкил медиҳад.
  •  Амр ба маъруф, сабаби дилгармӣ ва қувват гирифтани ашхоси камирода мешавад.
  • Амр ба маъруф, нишонаи ҳузур дар саҳна аст.
  • Амр ба маъруф, мақом ва ҳаққе аст, ки Худованд ба аҳли имон додааст то ба аъмоли якдигар назорат дошта бошанд.
  • Наҳй аз мункар, ҷубронкунандаи камбудии тақвои баъзе аз аъзои ҷомеа аст.
  • Амр ба маъруф ҷомеаро рушд медиҳад ва наҳй аз мункар ҷомеаро аз нобудӣ наҷот медиҳад.
  • Амр ба маъруф, ҳофизи марзҳо ва ҳуқуқи афрод аст; ҷомеаи бефарёд ҷомеаи мурда аст ва афроди сокит ҷисмҳои нафаскашандае беш нестанд.
  • Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, нишонаи ғайрати динӣ, эҳсоси масъулият ва мушкилоти мардумро мушкилоти худ донистан аст.
  • Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, навъе карантини руҳӣ дар муқобили айбҳо ва гуноҳони сирояткунанда аст.
  • Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, навъе интизом ва тартиби иҷтимоӣ аст, яъне маҳдуд кардани тамоюлҳои ашхос дар муқобили салоҳи ҷомеа; дар воқеъ навъе назорат кардани афроди бепарво аст.
  • Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, нишонаи рушд аст. Ҳазрати Лут аз қавми гунаҳкор пурсид: Оё дар миёни шумо як нафар рашид ҳаст то монеи ин кор шавад?[6]
  • Бо амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, масоили дохилии ҷомеа ҳал мешавад ва ҷомеа метавонад бо душманони хориҷӣ муқобилият кунад.

Дар аҳамияти амр ба маъруф ҳамин бас аст, ки уламо ба далели иртиботи қалбии инсон бо он, яъне нафрати қалбӣ аз мункар,[7] онро дохил дар усули дин дониста ва ба далели бархӯрдҳои амалӣ ва ин ки яке аз воҷибот аст, онро дар радифи фурӯи дин – аҳком матраҳ кардаанд. Уламои дин фармудаанд: Оёт ва ривоёти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар он қадар зиёд аст, ки камарро мешиканад.

Агар имрӯз як абарқудрат ё зӯргӯе, ки минтақаеро бомбаборон мекунад ва бузургтарин мункаротро анҷом медиҳад, худро дар баробари фарёди ҳамаи кишварҳо бинад, ҳаргиз даст ба ин ҷиноят намезанад. Сукути ҷомеаи байналмилалӣ, тарси сардорон, бетафовутӣ ва бехабарии тӯдаҳои мардум сабаб шудааст, ки мустакбирони ҷаҳонӣ дар баробари бузургтарин мункароти худ ҳеҷ эҳсоси хатаре накунанд.

Ҳамчунон ки корхонае ба бозрасӣ ва назорати мутахассисон ниёз дорад, ҷомеаи башарӣ ҳам ба назорат ва бозрасии донишмандони исломшинос ниёз дорад. Дар ҳадис мехонем: «Беҳтарин дӯст он аст, ки ҳангоми хилоф монеи ту шавад ва бадтарин дӯст он аст, ки ба ту тазаккур надиҳад». Имом Содиқ (р) мефармоянд: «Беҳтарин дӯсти ман касе аст, ки айбҳои маро (бо бозгӯ намудани онҳо) ба ман ҳадя кунад».

Дар ривоят мехонем: «Мӯъмин ҳамеша муроқиби корҳои худ аст», яъне аз худаш ҳисобот мегирад.

Оре! Агар мо аз дарун муроқиби худамон бошем ва мардум аз берун муроқиби мо бошанд ва дар боло низоми сиёсӣ ва ҳукумате бошад, ки хубиҳоро ташвиқ кунад ва бадиҳоро пешгирӣ намояд, беҳтарин уммат хоҳем буд.

Чунон ки Қуръон мефармояд: «Шумо беҳтарин уммате будед, ки ба суди инсонҳо офарида шудаанд; зеро ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред».[8]

Дар китоби «Наҳҷулбалоға» мехонем: «Тамоми корҳои хайр ва ҳатто ҷиҳод дар роҳи Худо, нисбат ба амр ба маъруф мисли рутубати даҳон аст  нисбат ба оби дарё».[9]

Решаҳои фитрӣ ва ғаризии амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Тамоми падарону модарон дар тӯли таърих фарзандони худро ба корҳое водошта ва аз корҳое боз доштаанд. Бинобар ин, масъалаи амру наҳй ва ташвиқу ҳушдор дар даруни ҳар инсоне реша дорад ва ба замону макон ва нажоду минтақаи хоссе марбут намешавад. Ҳар масъалае агар ин гуна фарогир бошад, нишона аз фитрӣ будани онро дорад.

Аксуламали ҳайвонот ҳангоми хатар

Масъалаи ҳушдор, ихтор ва ё фарёд дар муқобили хатарҳо ва инҳирофҳо махсуси инсонҳо нест. Дар Қуръон мехонем: «Ҳамин ки мӯрчае дид ҳазрати Сулаймон бо лашкараш дар ҳаракатанд, фарёд зад ва ба мӯрчагони дигар гуфт: ба лонаҳои худ биравед то поймоли онҳо нашавед».[10]

Ва ҳамин ки ҳудҳуд дар парвози худ аз кишвари Сабо аз инҳирофи мардум бохабар шуд ва дарёфт, ки мардуми он ҷо офтобпарастанд, назди ҳазрати Сулаймон омад ва бо нолаи худ аз ин инҳироф шикоят кард.[11]

Бинобар ин фарёд дар баробари каҷравӣ ва дилсӯзӣ барои дигарон, на танҳо масъалаи фитрӣ барои инсонҳост, балки решаи ғаризӣ дар ҳайвонот низ дорад. Ба ҳамин хотир, агар гуфта шавад, ки инсони бетафовут ва бепарво аз ҳайвон пасттар аст, сухани беҳуда намебошад. Албатта, масъулияти ҳамаи мардум нисбат ба амр ба маъруф ва наҳй аз мункар як хел нест, балки вазифаи олимону давлатмардон аз дигарон бештар аст.[12]

Решаи ақлӣ

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар як зарурати ақлӣ аст. Ин масъала ба қадре равшан аст, ки метарсам агар тавзеҳ дода шавад, ҳамчун абри пеши офтоб, боиси коҳиши шаффофияти он гардад.

Кадом оқил аст, ки сукут дар муқобили хатар ва каҷравиро писандида ва онро маҳкум накунад?

Аз он ҷо ки дини Ислом мутобиқ бо ақл ва фитрат аст, метавон гуфт, ки тамоми оёт ва ривоёти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, моро ба ҳамин қазовати равшани ақл роҳнамоӣ мекунад.

Ҷойгоҳи амр ба маъруф дар Қуръон

Масоили амр ба маъруф аз ҳамон рӯзҳои аввали беъсат дар Макка мавриди инояти Ислом  будааст.

Ба унвони  мисол,  дар сураи «Валъаср», ки шиори мусулмонон ба  ҳангоми ҷудоӣ аз якдигар буд  ва дар аввалҳои беъсат дар Макка нозил шудааст, дар ҷумлаи «…Ва ҳамдигарро ба ҳақ ва сабру шикебоӣ супориш мекунанд», –  ишора ба амр ба маъруф мекунад.

Аввалин вазифаи анбиё

Қуръон, аввалин вазифаи ҳамаи анбиёро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар медонад ва мефармояд:«Мо дар миёни ҳар уммате,   паёмбареро  мабъус кардем, ки муҳимтарин вазифаи онҳо ду чиз буд: яке амр ба яктопарастӣ, ки бузургтарини маъруфҳост ва дуввум наҳй аз итоати ситамгарон, ки бузургтарини мункарҳост».

Дар сураи «Аъроф» низ мехонем: «Паёмбари Ислом, ки ному нишонаш дар «Таврот» ва «Инҷил» омадааст, аввалин вазифааш амри ба маъруф ва наҳй аз мункар мебошад».[13]

 

Нишонаи беҳтарин уммат

Қуръон ба мусулмонон чунин хитоб мекунад: «Шумо беҳтарин уммат дар байни мардум хоҳед буд, ба шарти ин ки  амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунед».

Қуръон бо он ки борҳо аз аҳли китоб ба хотири таассуботи беҷо ва таҳрифҳои ғайриқонунӣ ва хостаҳои беҳудаашон эрод гирифт, аммо гурӯҳе аз онҳоро ба хотири имонашон, тиловати оёти илоҳӣ, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  намуданашон ситоиш кардааст.

Амр ба маъруф  коре аст, ки Худованд анҷом медиҳад: «Ҳамоно Худованд ба адлу эҳсон супориш мекунад».

Аммо амр ба мункар  кори шайтон аст: «Шайтон (ҳангоми садақа додан) шуморо аз фақр метарсонад ва ба фаҳшо амр мекунад».

Амр ба маъруф вазифаи  умумӣ аст, Қуръон мефармояд: «Тамоми мардон ва занони боимон нисбат ба ҳамдигар ҳаққи вилоят ва сарпарастӣ доранд, ки якдигарро ба маъруф водор кунанд ва аз мункар боз доранд ва   намоз барпо доранд ва закот бипардозанд».[14]

Он чи дар ин оят  диққати инсонро ба худ ҷалб мекунад, чанд нукта аст:

1) Аз оғози таклиф, ҳамаи мардум аз  ҳар син ва синфу нажоде, ки бошанд бар дигар мӯъминон  ҳаққи вилоят доранд; яъне амру наҳйи онҳо  бар асоси  ҳаққи вилоят аст, ки Худованд қарор додааст ва ҳаргиз номи дахолати беҷо, бар ин кор раво нест.

2) Мақоми имон аст, ки ба мусулмонон  ин ҳақро медиҳад ва  ин ҳақ барои дигар инсонҳо вуҷуд надорад.

3) Ҳамеша амр ба маъруф, муқаддам бар наҳй аз мункар ба кор рафтааст то ба мо бифаҳмонад, ки корҳоро аз роҳи мусбат пайгирӣ кунед ва дар ҷомеа танҳо интиқодкунанда[15] набошед.

4) Дар ин оят амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қабл аз намоз ва закот матраҳ шудааст, зеро иқомаи намоз ва адои закот ба як силсила таблиғот ниёз дорад, ки ҳамон амр ба маъруф аст. Барои мисол дар муқаддимаи намоз вақте бо беҳтарин ва расотарин садо мегӯем: «Ҳайя алас-салот» – ин калом худ амр ба маъруф аст, ки бар намоз муқаддам шудааст.

Қуръон худ иқомаи намозро наҳй аз мункар медонад, он ҷо, ки мефармояд: «Ҳамоно намоз аз фаҳшо ва мункар бозмедорад».[16]

5) Гарчӣ бояд ба масъалаҳои заруритаре аҳамият дод, аммо он чи мавриди писанди Ислом аст, супориш ба тамоми маъруфҳо ва пешгирӣ аз ҳамаи мункарҳо аст.

Ба иборати дигар, замоне мо ба ҷомеаи дилхоҳ мерасем, ки ба нукоти зер диққат кунем:

1) Мард ва зан ҳарду дар ин роҳ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

2) Бар асоси вилоят ва муҳаббат амр ва наҳй кунанд.

3) Аз хубиҳо шурӯъ кунанд.

4) Ба ҳамаи нуктаҳои мусбат ва манфӣ риоят кунанд.

Ин вазифаи умумии мусулмонон буд; аммо аз баъзе оёт истифода мешавад, ки барои ин ду фаризаи бузург гурӯҳи махсусе низ лозим аст.

Гурӯҳи вижа

Қуръон мефармояд: «Аз миёни шумо, гурӯҳе бояд даъват ба хайр ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар кунанд».

Ҳисоби ин гурӯҳ аз ҳисоби вазифаи умумӣ ҷудо аст. Ин даста бояд бо қудрат ва имконот вориди амал шаванд ва пеши роҳи мункаротро бигиранд. Барои мисол, агар мошине дар хиёбон бар хилофи масир ҳаракат кунад, ду вазифа вуҷуд дорад, аввалан вазифаи умумии ронандагон аст, ки хатогии ӯро ба воситаи сигнал додан ва ё бо равшану хомӯш кардани чароғҳои мошинҳояшон ба ӯ фаҳмонанд. Дуюм, вазифае ҳам нозири роҳ дорад, ки  ӯро ҷарима кунад.

Дар аҳамияти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  ҳамин бас, ки дар Қуръон номи амркунандагон ба маъруф дар канори номи анбиё омадааст ва кайфари қотилони онҳо ҳамчун қатли анбиёст.

Бар хилофи баъзеҳо, ки гумон мекунанд росткорӣ дар инзиво ва гӯшагирӣ аст, Қуръон росткоронро танҳо касоне медонад, ки дигаронро даъват ба хайр ва амр ба маъруф мекунанд.

Албатта, замоне амр ба маъруф ва наҳй аз мункар рамзи бартарӣ ва каромат аст, ки ин кор бар асоси имон ва бархоста аз ангезаи илоҳӣ бошад.[17]

Гарчи масъулияти уламо ва афроди ботақво бештар аст,  вале амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  вазифаи дутарафа аст ва ҳама бояд якдигарро ба ҳақ ва сабр супориш кунем. Ҳамаи мо бояд якдигарро аз мункар наҳй кунем ва дар ин роҳ омодаи пазириши мушкилот бошем.

Инсон бо он ки руҳи Худо дар ӯ дамида шуд ва ҷонишини ӯ дар замин аст, ҳамчунин мавриди каромати хос аст, аммо ба хотир ғаризаҳои саркаш, васвасаҳои шайтон, истикбор ва тоғутҳо эҳтиёҷи зиёд ба назорат дорад ва Худованди Мутаол анвои  маҳорҳоро барои ӯ қарор додааст:

1- Калимаи муқаддаси ақл ба маънои иқол (боздоранда) ва василаи назорати инсон аст. Агар маҳори ақл набошад, инсон хеле зуд худро нобуд мекунад.

2) Фитрат[18] низ метавонад инсонро ба сӯи хубиҳо кашонад ва аз бадиҳо боз дорад.

3) Анбиё ва фиристодагони Худованд низ ба ҳамин манзур мабъус шудаанд.

4) Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар низ беҳтарин василаи иршоди мардум аст.

Ростӣ агар инсон ин маҳорҳоро надошта бошад ва бар асоси ҳавасҳои дарунии худ қадам бардорад, асари фитна ва фасодаш то ба осмонҳо кашида мешавад.

Наҳй аз мункар дар ҷоҳилият

Дар замони ҷоҳилият, гурӯҳе аз ҷавонони мушрик бо ҳам паймон бастанд, ки иҷозат надиҳанд ба мусофирони Макка таҷовуз ва зулме шавад ва аз ҳар мазлуме ҳимоят кунанд. Дар он рӯзҳо, ки Паёмбари Акрам (с) ҳануз ба паёмбарӣ мабъус нашуда буд, дар ин ҳаракати мазлумёбӣ ва зулмкӯбии ҷавонони Макка ширкат кард ва баъд аз нубувват фармуд: Ҳоло ҳам агар барои дифоъ аз мазлум даъват кунанд, ширкат мекунам.

Робитаи тавҳид бо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Пайғамбари Акрам (с) фармуд: «Калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» азоби илоҳиро аз инсон дур мекунад, ба шарти он ки  ин калимаи муборак  мавриди таҳқир  ва беэҳтиромӣ  қарор нагирад».[19]

Марде аз Паёмбари пурсид: «Чӣ гуна мумкин аст калимаи тавҳид мавриди беэҳтиромӣ қарор гирад?!»

Фармуд: Агар гуноҳон ошкоро анҷом гирад ва касе гунаҳкорро наҳй накунад ва ӯро тағйир надиҳад, ба тавҳид иҳонат  кардааст».

Робитаи нубувват бо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Дар сураи Аъроф, дар шарҳи вазифаи Паёмбари Акрам   мехонем: «Мардумро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад».

Кадом маъруфе аз яктопарастии  Худованд муҳимтар ва кадом мункаре аз итоати ситамгар бадтар аст? Дар Қуръон мехонем, вазифаи тамоми паёмбарон нисбат ба мардум, даъват ба бандагии Худо ва дур намудани онҳо аз ситамгарон аст.[20]

Робитаи имомат бо  амри ба маъруф ва наҳй аз мункар

Имом Ҳусейн (р) ҳадаф аз қиёми худро чунин мефармояд: Оё намебинед, ки ба ҳақ амал намешавад ва аз ботил ҷилавгирӣ ба амал намеояд. Ҳазрат дар ҷои дигар мефармояд: Ман мехоҳам амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунам. Мехоҳам  дар дини бобоям ислоҳ кунам.

Ҷойгоҳи амркунандагон ба маъруф ва наҳйкунандагон аз мункар

Дар сураи Тавба оятҳои 111 ва 112 мехонем:

«Худо аз мӯъминон, ҷонҳо ва молҳояшонро харид то биҳишт аз они онҳо бошад. Онҳо размандагоне ҳастанд, ки дар роҳи Худо меҷанганд, душманони  Худоро мекушанд ва дар роҳи Худо кушта мешаванд. Ваъдаи биҳишт ба онҳо дар Таврот ва Инҷил ва Қуръон омадааст ва чӣ касе беҳтар аз Худо ба аҳди худ вафо мекунад».

Сипас мефармояд: «Ҷон додан ва биҳишт гирифтан барои шумо муборак бошад ва худро ба ин муомила башорат диҳед, ки растгории бузурге аст».

Дар идома мефармояд: «Ин мӯъминони ҷон бар каф,  ҳам аз лағзишҳои худ тавба  мекунанд, ҳам Худоро мепарастанду ситоиш мекунанд, ҳам аҳли рӯза, рукӯъ ва саҷдаанд. Ин афроданд, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  мекунанд ва ҳудуди илоҳиро пос медоранд».

Бо як нигоҳи сатҳӣ ба ин ду оят, симо ва сифати амркунандагони ба маъруф бар ҳамаи мо равшан мешавад. Онҳо афроди ҷонбаркаф ва шуҷое ҳастанд. Фарёдашон дар рӯз бо ашку тавба ва рукӯу суҷудашон дар шаб ҳамроҳ аст. Ҳушдори онҳо ба хилофкорон, ҳамроҳи ҳифозат ва посдории худашон аз қонуни илоҳӣ аст.

Оре, растагории бузурге, ки Худованд дар ситоиши онҳо ваъда кардааст, махсуси ин гурӯҳ аз афрод аст, на касоне, ки худ вайронкоранд ва қонунро зери по мегузоранд. Монанди касоне, ки дар хиёбон ҳангоми чароғи сурх аз роҳ мегузаранд, вале ба зани беҳиҷоб барои риоя накардани ҳиҷоб тазаккур медиҳанд.

 

Амр ба маъруф дар ривоёт

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд: «Амркунандагони ба маъруф, ҷонишини Худо дар замин ҳастанд».

Дар ҳадиси дигаре мехонем: «Худованд душмани мӯъмини бедин аст».

Пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ магар мӯъмин бедин мешавад?»

Фармуд: «Мусулмоне, ки амр ба маъруф накунад бедин аст».

Ҳазрати Алӣ (к) фармуд: «Наҳй аз мункар ба хок молидани бинии фосиқон аст».

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ду хулқ аз ахлоқи илоҳӣ аст, ки ҳар кас ин ду фаризаро ёрӣ кунад, Худованд ба ӯ иззат медиҳад.

Ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд: «Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар барои умуми мардум як роҳнамоӣ аст (ангезаи онҳоро нисбат ба кори хайр зиёд мекунад) ва наҳй аз мункар барои афроди бехирад, ки гароиш ба инҳироф дар онҳо зиёд аст, василаи боздоранда мебошад».

Имом Боқир (р) дар мақоми шикоят мефармояд: «Ашхосе ҳастанд, ки агар намоз зараре ба мол ё ҷонашон расонад, онро тарк мекунанд, ҳамон гуна ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро, ки бузургтарин воҷибот аст, ба ҳамин хотир раҳо карданд».

Касе, ки пеши роҳи мункарро нагирад, монанди касе аст, ки маҷрӯҳеро дар канори роҳ раҳо кунад, то бимирад.

Ашхоси соките, ки дар баробари хилофкорон ҳеҷ гуна аксуламал нишон намедиҳанд, мурдагоне ҳастанд дар миёни зиндагон.

Мункар оташе аст, ки агар бо наҳйи шумо хомӯш нашавад, ҳама чизро месӯзонад. Агар газандаеро дидӣ, ки ба сӯи инсони хуфта меравад, вале фарёд накашидӣ, дар қатли ӯ шарикӣ.[21]

Имом Содиқ (р) фармуд: «Касе, ки метавонад пеши роҳи фасодро бигирад, вале нагирад, ӯ мехоҳад, ки ба Худованди Мутаол итоат нашавад. Чунин касе эълони душманӣ бо Худо кардааст».

Оре! Касе, ки гуноҳро ошкор анҷом диҳад, дини Худоро залил ва душмани Худоро дилшод кардааст.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд: «Гурӯҳе ҳастанд, ки на паёмбаранд ва на шаҳиданд, вале мардум ба мақоми онҳо, ки ба хотири амр ба маъруф ба даст овардаанд, ҳавас мекунанд».

Дар Қуръон мехонем: «Худатон ва дӯстонатонро аз оташи дӯзах ҳифз кунед».

Ривоёте, ки дар зайли ин оят, дар китобҳои тафсир омадааст, ин маъноро мефармояд: «Ин ҳифз бояд ба воситаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар анҷом гирад».

Агар мардум дар муқобили мункар сукут кунанд, қаҳри Худо ҳамаро бо ҳам хоҳад гирифт.

«Ҳар кас ба амри  маъруф ва наҳй аз мункар имон надорад, дин надорад».

«Қалъаи дин, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва иҷрои фармонҳои илоҳӣ аст».

«Худованд розӣ нест, ки дар замин маъсияте шавад ва авлиёи ӯ сокит бимонанд».

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд: «Ҷабраил омад ва гуфт, ки Ислом даҳ қисм аст ва қисми ҳафтуми он  амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст».

Дар Қуръон мехонем: «Паёмбароне ҳамчун Довуд (а) ва Исо (а) ба касоне, ки наҳй аз мункар намекунанд, лаънат фиристодаанд».

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар роҳи анбиё, равиши солеҳон ва воҷиби бузурге аст, ки бо анҷоми он, роҳҳо амн ва даромадҳо ҳалол ва ҳаққи мардум адо мешавад.

Чанд дарси наҳй аз мункар аз Имом Ҳусейн (р)

Имом Ҳусейн (р) дар охирин лаҳзаи умри худ, ҳангоме ки лашкари Язид ба хаймаҳои Аҳли Байт ҳамлавар шуданд, охирин ҷумлае, ки ба онҳо фармуд, ин буд: «Агар дин надоред, лоақал дар дунё ҷавонмард бошед». Ин сухан асар кард  ва то Имом зинда буд, аз ҳуҷум ба хаймаҳо даст кашиданд. Мо аз ин ҷумлаи охир, чанд дарс мегирем:

1) Наҳй аз мункар воҷиб аст, ҳатто дар охирин лаҳзаи умр.

2) Наҳй аз мункар воҷиб аст, ҳатто нисбат ба ваҳшитарин одамон.

3) Агар чанд мункар анҷом мешавад ва мо метавонем яке аз онҳоро пешгирӣ кунем, боз ҳам нисбат ба он яке воҷиб аст, ки иқдом кунем.

4) Афроди хилофкор мумкин аст аз баъзе мункарот даст бардоранд ва таҳти таъсири виҷдон қарор бигиранд.

  • Агар аз дини мардум наметавон  барои  наҳй аз мункар кумак гирифт, аз сифоти дигари онҳо ва аз эҳсосоти отифӣ ва хуби онҳо истифода кунем.
  • Ҳимоят аз номус, аз бузургтарин воҷибот аст.

Наҳй аз мункар дар сахттарин шароит

Падар, бародар амак ва зуррияи Расули Худоро дар пеши чашми Имом Саҷҷод (р) дар Карбало шаҳид карданд ва худи ӯро низ ба асирӣ гирифтанд ва дар  Куфа ва Шом гардониданд. Вақте ӯро ба масҷиди Шом бурданд ва дид, ки хатиб рӯи минбар аз Язид ситоиш мекунад, ба танҳоӣ дар ҳузури Язид фарёд зад: Эй хатиб! Ту бо ин тамаллуқ ва ситоиш, ризои Язидро ба қаҳри Худо муомила кардӣ! Ту мавриди ғазаби Парвардигор ҳастӣ. Ман бояд аз ин чӯбҳо боло равам ва ҷои воизи чоплус биншинам то бузургтарин маъруфҳоро, ки шиносонидани Исломи муҳаммадӣ ва Аҳли Байти Паёмбар аст, зинда кунам».

Сипас Имом болои минбар рафт ва бо суханронии худ, таҳаввули илмию фарҳангӣ ва эҳсосотию сиёсӣ эҷод кард.

Сукут кофӣ нест, ҳаракат ва фарёд лозим аст

Имом Содиқ (р), ки дар меҳмоние ширкат карда доштанад. Яке аз меҳмонҳо бо ишора аз соҳибхона об талабид ва ӯ ба ҷои об шаробе овард. Ҳазрат ҳамин ки аз ин кор бохабар шуд маҷлисро тарк кард ва фармуд:

Маҳфиле, ки дар он шароб бинӯшанд, на танҳо набояд аз он хӯрд, балки бояд он ҷаласаро тарк кард, то дигарон бифаҳманд, ки шаробхӯрӣ кори зишт аст.

Дар таърих навишаанд, Усома ибни Зайд, ки дар замони реҳлати Расули Худо (с) фармондеҳи ҷанг шуд ва дар он ҳангом ҷавони ҳаждаҳсолае буд, рӯзе ба хидмати мавло Амиралмӯъминин (к) шарафёб шуд ва аз ҳазрат кӯмак хост. Имом фармуд: Ман кӯмак намекунам.

Ӯ гуфт: Ман ҳамон Усома, саҳобаи наздики Расули Худоям.

Фармуд: Дуруст аст; аммо ба ёд дорӣ, ки вақте мо бо Муовия даргир будем, ту сокит нишастӣ. Сукути ту гуноҳ буд. Агарчӣ ту бо Муовия набудӣ, аммо бо сукутат вайро ҳамроҳӣ кардӣ. Бинобар ин мантиқи сукут ва дар айни ҳол дур мондан аз гуноҳ, мантиқи саҳеҳ нест.

Бинобар ин, хубҳо набояд дар баробари инҳирофот ва гумроҳӣ сукут кунанд. Агар хубҳо ба майдон биёянд, фазои олударо тағйир медиҳанд; барои мисол, ҳамаи хубҳо аввали вақт азон бигӯянд, фазо ба куллӣ дигаргун мешавад.

 

Аҳамияти амр ба маъруф

Ногуфта равшан аст, ки ҳисоби амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз ҳисоби намоз, рӯза ва ҳаҷ ҷудо аст; зеро онҳо зараре ба манофеъ ва ҳавасҳои дигарон намезананд ва ба ҳамин хотир касе бо онҳо мухолифате надорад.

Аммо наҳй аз мункар, мухолифат бо инҳирофот ва ҳавасҳои мардум аст ва табиатан гурӯҳе дар муқобили он муқовимат мекунанд.

Бигзарем, ки шинохти маъруф ва мункар кори ҳар кас нест ва қудрати бархурд бо афроди мухталиф низ равоншиносии таблиғотӣ лозим дорад. Аммо амр ба маъруф замоне муассир аст, ки омирон[22] ба маъруф ва ноҳиён[23] аз мункар, аз хулқу хӯи олӣ, итоати кофӣ, омӯзишҳои лозим бархурдор бошанд.

Аз сӯи дигар, давлат ва мардум аз ҳар гуна ҳимоятҳои қонунӣ ва молӣ дареғ накунанд. Барои мисол масири ҳамаи филмҳо ва барномаҳои садо ва симо зинда кардани хубиҳо дар ҷомеа ва маҳв кардани бадиҳо бошад. Ба илова, мардум бояд амр ба маъруфро як фаризаи исломӣ донанд, на дахолат ба кори дигарон. Дар шиорҳои дару девор низ    ҷумлаҳое бошад, ки мардумро ба сӯи камол ва нур даъват кунад ва фазои рушди хубиҳо ва маҳви бадиҳо бошад.

Ба фармудаи ривоёт, амр ба маъруф ҳатто аз ҷиҳод дар роҳи Худо муҳимтар аст, зеро ҷиҳод дар тамоми умр як бор ё ду бор анҷом мегирад, вале ин воҷиби илоҳӣ ҳар шабу ҳар рӯз дар баробари чашми мардум ҷилвагарӣ мекунад.

Агар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар набошад, ҷомеаи исломӣ бима[24] намешавад ва ҳар рӯз агар ҳунарманде ба номи Сомирӣ[25] як гӯсолаи тиллоӣ бисозад, метавонад насли моро мавриди таҳоҷуми фарҳангии худ қарор диҳад. Ба гуфтаи ҳамаи олимон, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз воҷиботи қатъӣ аст ва он қадар аҳамият дорад, ки Имом Ҳусейн (р) фармуд: Ҳадафи ман аз рафтан ба Карбало, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст.

Бо амр ба маъруф тамоми воҷибот дар ҷомеа амалӣ гардида ва бо наҳй аз мункар, аз ҳамаи фасодҳо пешгирӣ мешавад. Агар як миллиард мусулмон ҳар рӯз ба як маъруф амр  ва аз як мункар наҳй кунанд, симои ҷаҳон дигаргун мешавад.

Мо ҳанӯз маззаи иттиҳод ва имон ва фарёдро ба таври куллӣ начашидаем, оре аз як қатраи об коре барнамеояд, вале ҳамин ки қатраҳо фаровон ба сурати ҷӯйҳо ва ҷӯйҳо ба сурати дарё пушти обанборе қарор гирад, василае барои тавлиди барқ мешавад ва минтақаро рӯшан мекунад.

Марҳум шаҳид Мутаҳҳарӣ мефармояд: «Дар Қуръон пеш аз ояти амр ба маъруф, масъалаи иттиҳоди мусулмонон омадааст; яъне агар хостед пеши роҳи фасодро гиред, бояд қудрат дошта бошед ва замоне қудрат доред, ки муттаҳид бошед».

Фасоди дирӯз дурӯғ ва ғайбат буд, ки аз фарде содир мешуд ва фарди дигаре ӯро манъ мекард; вале фасоди имрӯз, шакли дигаре дорад. Имрӯз, ногаҳон мусулмонон худро дар муқобили бузургтарин фитнаҳо мебинанд, ки агар аз тахассус ва технология ва қудрати ваҳдат ва иқтисоди кофӣ бархурдор набошанд, ҳама чизашон дастхуши таҳоҷум қарор мегирад. Бинобар ин, ташкили низоми исломӣ барои наҳй аз мункарҳои иҷтимоӣ ва ҷаҳонӣ як зарурат аст.

Ҳадафи ниҳоӣ

Ҳадаф аз амр ба маъруф, анҷом гирифтани хубиҳо ва дар наҳй аз мункар, тарк кардани мункарот аст. Албата, манзур бархӯрди сатҳӣ ва бенатиҷа нест.

Қуръон мефармояд: Агар дар маҳфиле ба ояти илоҳӣ беэҳтиромӣ мешавад, нишастро ба унвони эътироз тарк кунед то масири баҳс иваз шавад.

Бинобар ин агар бо тарки ин маҳфил баҳсҳо иваз нашуд, бояд чораи дигаре андешид, зеро дар Қуръон ҳадафро танҳо тазаккур ва тарки ҷаласа надонистааст, балки тағйири масири баҳс донистааст. Ба ҳамин хотир барои расидан ба ин ҳадаф аз ҳар роҳи мумкин бояд истифода кард. Дар баъзе ривоёт мехонем: «Гунаҳкорро озор диҳед, то хилофро тарк кунад».

Агар бо тазаккур ва озор тарк накард, масъулияти мо тамом намешавад, балки аз роҳҳои дигар бояд ба натиҷа расем.

Дар оёт, ҷанг, ҳадафи бартараф шудани фитна муаррифӣ шудааст.[26] Бинобар ин бояд то расидан ба ин ҳадаф, муборизаро ба шаклҳои мухталиф идома дод. Ин марбут ба ҳадаф аст.

Аммо миқдори талош: ибодатҳое мисли намозу рӯза ва ҳаҷ, амали сад фоиз тааббудӣ[27] аст ва миқдору замони он комилан равшан аст. Аммо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар миқдори хоссе надорад ва монанди ниёзи муроҷиати инсон ба табиб аст, ки наметавон гуфт ҳар беморе дар умри худ ба чанд нафар табиб муроҷиат кунад ва барои ҳар табиб чанд дақиқа вақт сарф кунад, ё барои хариди дору чанд маблағе дар назар бигирад. Ҳадаф солим шудани бемор аст ва сарфи замон ва маблағ ва миқдори талош, ҳеҷ андозае надорад. Бинобар ин анбиё мегӯянд: тамоми тавони худро барои ислоҳ ба кор мебарем.

Оё амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, фарзи айн аст ё фарзи кифоӣ?

Яъне: «оё мисли дафн кардани мурда аст, ки бо иқдоми баъзе, кифоят мекунад ё мисли иқомаи намоз аст, ки бар ҳар фарде айнан воҷиб аст?»

Ҳар кадом аз назарияҳо тарафдорони худро доранд. Дар ин ҷо нукоте вуҷуд дорад, ки шояд баёни онҳо муфид бошад, барои мисол:

  1. Аз назари «инкори қалбӣ» бар фард-фарди мардум воҷиб аст, ки дар дилашон аз гуноҳ танаффур дошта бошанд; вале аз назари «иқдоми амалӣ ва баёнӣ» ҳамин ки баъзеҳо иқдом кунанд, аз дигарон соқит мешавад.
  2. Агар муроди мо аз маъруф, эҳёи тамоми хубиҳои ҷомеа бошад, бояд тамоми мардум қиём кунанд; аммо агар мурод эҳёи намоз, рӯза, ҳаҷ ва ғайра аст, иқдоми гурӯҳе кофӣ аст. Ҳамчунин, агар мурод аз мункар барчида шудани тамоми мафосид аз тамоми ҷомеа бошад, бояд тамоми мардум бапо хезанд; дақиқан мисли тозаву озода кардан, ки  агар ҳадафи мо тозагии ҳамаи хиёбонҳо, бозорҳо, мактабҳо, кӯчаҳо ва хонаҳо бошад, ин кор марбут ба ҳамаи мардум мешавад, вале агар ҳадаф аз тозагӣ, ончи дар пеши дидагони мо вуҷуд дошта ва муҳим аст, ҳаракати қисмате аз мардум кофӣ аст.

Амр ба маъруф ва даъват ба ҳақ махсуси як гурӯҳ нест

Дар ҷомеа аз нақши ашхос набояд ғофил шавем. Агар як футболист дар майдони бозӣ дар баробари чашми дигарон аз Худо ёд кунад ва барномаҳои намози ҷамоатро дар  майдони варзишӣ эҳё кунад ва агар як донишгоҳӣ дар байни дарс каломи худро қатъ кунад ва ба намози аввали вақт биистад; ва агар муҷриёни симо сухан ва барномаҳои худро қатъ кунанд ва дар аввали вақт ба намоз биистанд, фарҳанги намози аввали вақт ривоҷ меёбад.

Нақши қудрат дар амр ба маъруф

Дар ояи 41 сураи Ҳаҷ мехонем: Касоне, ки ҳар гоҳ барояшон қудрату имкон додем, намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд.

Аз ин оят маълум мешавад, ки масъалаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар танҳо як мавъизаи оҷизона дар муқобили хилофкор нест, балки маъмурияте аз тарафи қудрат аст. Бидуни қудрат наметавон аз бисёре аз корҳои мункар ва бахусус мункароти байналмилалӣ пешгирӣ кард.

Дар Қуръон мехонем: Агар тоифае аз мусулмонон даст ба таҷовуз зананд, вазифаи дигарон аст, ки бо қудрат пеши роҳи ӯ биистанд, то ба амри Худо, боз гардад ва даст аз туғён бардорад.[28] Агар дар ҷомеа қудрат набошад, аҳкоми илоҳӣ мисли ҳад ва дия ва қисос иҷро намешавад.

Танбалию беҳолӣ ва тарс дар инсон беморӣ ва офатҳое ба вуҷуд меварад, ки дар дуоҳо аз онҳо ба Худованд паноҳ бурда мешавад.[29]

Яке аз далелҳои шикасти мусулмонон дар ҷанги Уҳуд, сустии онҳо буд.

Ногуфта равшан аст, ки ин қудрат, дар сояи ваҳдат ва итоат аз як пешвои одил ва шуҷоу басир ва доштани тахассусҳои гуногун ва ҳушёрии ҳамаи мардум пайдо мешавад.

Як намунаи Қуръонӣ аз наҳйи мункар

Ҳазрати Иброҳим ҳамин ки амаки худро бутпараст дид, ба ӯ гуфт: Ин муҷассамаҳое, ки шумо пойбанди ибодати онҳо шудаед, чӣ маъно дорад?[30]

Дар ин баёни бисёр кӯтоҳ, ба чанд асли муҳим дар амр ба маъруф ва наҳйи мункар пай мебарем, аз ҷумла:

1-Касе, ки амр ба маъруф мекунад, бояд аз рушду кифояти хоссе бархурдор бошад.

2-Дар амру наҳй синну сол муҳим нест.

3-Амру наҳйро аз наздикон шурӯъ кунед.

4-Дар наҳй аз мункар, ибтидо аз бузургтарин мункарот наҳй кунед.

5-Дар амру наҳй диққати мардумро ба каромат ва шахсияти худашон баргардонед.

6-Дар наҳй аз мункар, гоҳе бояд як нафар дар муқобили гурӯҳе қарор гирад.

7-Дар амру наҳй бо шеваи савол виҷдонҳоро бедор кунед.

8-Дар амру наҳй қотеият ва сароҳат дошта бошед.

Ин аслҳо ва дарсҳое буд, ки дар нигоҳи аввал ба зеҳнам омад. Шояд шумо агар фикр кунед ва ё ба китобҳои тафсири Қуръон нигоҳ кунед, матолиби дигаре низ ба даст оваред. (Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар. Мӯҳсинини Қироатӣ. Саҳ:1-26)


[1] Сураи Аср, ояти 1 ва 2.

[2] Сураи Аср, ояти 3.

[3] Сураи Аср, ояти 3.

[4] Тавалло – дӯстони Худоро дӯст доштан, ки аз усули дин низ мебошад.(т).

[5] Табарро – душманони Худоро душман доштан, ки ин амр низ аз усули дин мебошад.(т).

[6] Сураи Ҳуд, ояти 78.

[7] Мункар – корҳои хилоф ва бад.

[8] Сураи Оли Имрон ояти 110.

[9] Наҳҷулбалоға, калимоти қисор.

[10] Сураи Намл – 18.

[11] Сураи Намл – 24.

[12] Сураи Моида – 63.

[13] Сураи Аъроф – 157.

[14] Сураи Тавба  – 71.

[15] Интиқод – танқид кардан.

[16] Сураи Анкабут – 45.

[17] Оли Имрон – 110.

[18] Фитрат – табиати дарунии инсон.

[19] Таҳқир  – ночиз ва сабук шумурдан.

[20] Сураи Наҳл – 36.

[21] «Мустадрак».

[22] Омирон – амркунандагон.

[23] Ноҳиён – наҳйкунандагон.

[24] Бима – суғурта.

[25] Сомирӣ, касе буд дар байни қавми ҳазрати Мӯсо, ки мардумро ба гӯсолапарастӣ даъват мекард.

[26] Сураи Бақара – 193.

[27] Тааббуд – бечуну чаро итоат намудан.

[28] Сураи Ҳуҷурот-9.

[29] Сураи Ҳуҷурот-9.

[30] Сураи Анбиё -52.