Ҷомеъаи имрӯзи мо на сӯйи фарҳанг равона асту на сӯйи дин ва дар рӯзгори имрӯзи мардум на Фирдавсӣ нақш дораду на Мавлонои бузург. Мутаасифона андешаҳои динӣ ва фарҳангии ҷомиъа солим набуда теша ба решаи хеш задан аст.
Агар андешаҳои динии мо солим мешуд, бемуҳобо пайрави Мавлонову ошиқи Маснавӣ мебудем ва ъуламои дини кишварамон бар асли тариқату тасаввуф наметозиданду мункираш намегаштанд.
Миллате, ки асосгузори мактаби тасаввуф буда пешвоёни бузурги тариқат ба монанди Баҳоуддини Нақшбанду Абдулқодири Гилонӣ ва ҳазорон чунин пирони тариқатро дорост, мутаассифона имрӯз уламоаш на танҳо маҳрум аз ҳалқаи зикру луқмаи поку чилланишинанд, балки инкоркунандаи суннату мактаби ин тамаддуни волоянд.
Ошкоро аз меҳробу минбар бар зидди тариқату тасаввуф мубориза мебаранд, ин илмро рад менамоянд, зикри суфиёнро бидъату хурофот медонанд, чиланишинии авлиёву азизони суфиёни покро хатову нораво мешуморанд, дасти пир гирифтану дар тариқат солик шуданро бидъату хурофот ва ҷоҳилӣ мешуморанд, ҷашни наврӯзро, ки тамоми шӯъарои тасаввуф ба монанди Мавлоно Румӣ, Ҷомӣ, Ҷунунӣ, Аттор, Ҳофиз, Саъдӣ ва ғайраҳо, ки пазирӯфта дар васфаш китобҳову ғазалҳои бе шумор сурудаанду навиштаанд аз ҷаҳлу нодонӣ ҳукм бар ҳаром карда мардумро душман бар зидди ин ҷашни бузурги фарҳангӣ менамоянд.
Шумо тасавур кунед, мақомоти баландпояи ҳукумат бо садову симо аз маркази шаҳри Душанбе тамоми миллатро ба муносибати ҷашни фархундаи аҷдодиамон “Наврӯз” табрику муборакбодӣ намуда дар саросари кишвар рӯзи ид эълон менамоянд ва дарҳол дар ин баробар имомхатибони расмии кишвар, ки ҳаводоронашон уламои дараҷаи яки кишвар ҳам меҳисобанд дар рӯзҳои ҷумъа дар хутбаҳояшон ошкоро бар ъалайҳи ин иди фархунда муборизаи шадид бурда ошкоро ҳукмашро ҳаром бароварда, мегӯянд: “Ҷашни Наврӯз аз ислом набуда, ҷашн гирифтанаш ҳаром аст ва ҳар кӣ ҷашн гирад кофир мешаваду никоҳаш бурида”.
Пӯшида нест, ки бештари мардум мутаассифона бесаводанд, дур аз хонишу донишанд ва ҳар ҳарферо ҳам бе далелу ҳуҷҷат ноогоҳона мепазиранд. Дар воқеъ ҳамин афроди ноогоҳ мухлиси (фанат) чунин воъизони бесаводанд ва ин мухлисони сарсахт пас аз шунидани ҳуқми ҳаром додан ба Наврӯз бо роҳи ифроту тафрит рафта дар миёни ҷомиъа ташвиқот мебаранд, ки ҳатто бо падару модари худ даст бар гиребон мешаванд.
Дарди ин гуна афроди ифротиро ба ҷуз мақомот дигар касе даво карда наметавонад. Ҳарчанд, ки кӯшиш менамоед, бифаҳмонед, ки охир он мулло на донишманд асту на олим, дар ҳаёташ ҳатто як мақолае нанавиштааст, кори илмиро аслан намедонад, ки чӣ аст, танҳо назди домуллое чанд пораеро аз Қуръон азбар намуда ва як чанд масъалаҳои фиқҳиро ба миқдори дониши домуллои устодаш хондааст ва ё дар хориҷ дар кадом донишгоҳи ваҳҳобия дарсҳои гумроҳкунандаву забони арабиро каму беш омӯхтаст, халос.
Ин тоифа муллоҳо на олим ҳастанду на авлиё, ҳарфҳояшон ҳама бесарунуг ва кучагӣ мебошад. Ҳеҷ сухани илмиву ҳакимона надоранд. Танҳо каме маҳорати воизӣ ва нақшофариниро дар болои минбар назди ҷамъияте, ки бештарашон бесаводанд доро мебошанд. Суханҳое дар меҳробу минбар мезананд, ки назди мардуми донишманду олим нав нест ва ҳатто пур аз ғалату гумроҳкунанда ба ҳисоб меравад.
Барои шуъурнокии он ҷавони нофаҳмро боло бурдану чашмашро боз кардан ҳарчанд ки кӯшиш менамоӣ бифаҳмонӣ бо садҳо далели илмӣ бар алайҳи ақоиди такфирӣ, мӯфтхӯрии ҳамон воъиз меорӣ аммо ин мухлис (фанат) чизеро қабул карда наметавонад. Зеро на дониш дораду на қобилияти таҳлил кардан ва на фаҳму хирад. Аҷибаш дар он аст, ки он муллои гумроҳкунанда озодона ҳамон таблиғоти динситезиву фарҳангсӯзиашро давом дода ва мардумро фиребу гумроҳ мекунад. Он мухлиси бадбахт аз рӯйи пайравӣ карданаш ба зиндон меафтаду зану кӯдакаш хору зор ва падару модараш аз ғаму фироқи фарзанд афгору нобуд.
Ногуфта намонад, ки ин ҷашни Наврӯз на танҳо ҳамин як фитна аст аз сӯйи ин рӯҳониёни гумроҳи гумроҳкунанда балки даҳҳо масоили ихтилофиро дар ҷомиъа ба миён оварданд, ба мисоли: ҷумъагиву чилу сол ҷоиз нест, тумору таштобу дегдон бидъат аст, шиъаён кофиранд ва қатлашон воҷиб, ҳуқуматиҳо кофири муртаданд, Зардушт як кофири оташпараст буд, ҷашни соли нави мелодӣ ҳаром буда ва ҷашнгиранда кофир мешавад, дар рӯзи мурда гиря ҳаром асту дар рӯзи туй суруду рақсу хурсандӣ ҳаром, зиёрати қабр ва ба сари гур санг мондану оро кардан бидъат аст, ҷашни мавлуд бидъату норавост, “Чаҳор китоб” чӣ китоб аст, ки мехонед, нахонед, китоби “Мухтасар” китоб ҳам нест дар ахлотдон партоед, Шоҳномаву Маснавӣ ҳама афсонаанд, гум кунед, лозим нест хонданаш, кӯдагонатонро ҳам машғули ҳифзкунии ашъори шоирони классик накунед ба ҷуз аз ҳифзи Қуръон, намозхониро аз бародарони салафӣ ёд гиред чигуна намозҳоро орому хуб мехонанд, ба амсоли чунин андешаҳои хатарноки гумроҳкунандаро баён намуда миллатро ба гумроҳиву ифротгароӣ раҳнамун сохтаанд. Уламову авлиёҳои гузаштаи мо ҳаргиз чунин ақидаро надоштанд балки худ пуштибонӣ суннату урфу одатҳои неки диниву фарҳанги миллати хеш буданд ва аз ақоиди хатарноки хавориҷу ваҳҳобия пайравӣ намекарданд.
Мутаассифона ин воъизони дар ҷаҳли мураккаб ғарқшуда бар зидди ҳамаи ин таълимоту тарбияи динниву фарҳангӣ баромада ва миллатро гумроҳу ифротгаро парвариш кардаанд. Чуноне ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки ҷавонони мо чигуна дар кишварҳои мусалмоннишин даст бар тероризму шиъакушиву инсонкуши мезананд, ки бешак ин чиноятҳо ҳосили мағзшуйии ҳамон муллоҳои ифротии минбарист.
Аз ин рӯ ҳукумати кишвар хушбахтона ҳамаи муллоҳои ифротгарову ваҳҳобиву салафиро бо мавъизаву дискҳои садоии сабткардаашон манъ намуд ва инчунин кудаконро иштирок кардан дар ҷаласоти гумроҳкунандаи ин гуна воъизон пешгири кард.
Қобили қайд аст, ҳар қонуне, ки дар кишварамон мебарояду сабаби маҳдудиятҳои динӣ мегардад, сабабгораш ташвиқоту таблиғоти хатарноки воъизони гумроҳкунанда ба ҳисоб меравад.
Ин воъизони ҷоҳили ифротгаро миллатро чунон гумроҳу расво кардаанд, ки имрӯзҳо аз даҳ нафар ҷавон танҳо ду нафарашон фикри солим доранд ва он ҳашт нафари дигар ифротӣ ва ҳар яке шайтонест дар пӯсти инсон, ошкоро суфиёнро мушрик, шиъамазҳабонро кофир, пайравӣ аз мазҳабро бидъат, ҳукуматиҳоро муртаду тоғут, дар ҳукумат кор карданро ҳаром, Наврӯз ҳаром, солинави мелоди, ҷашни мавлуд бидъату ҳаром, хайроти ҳафту чилу солу ёдбуди мурдагонро бидъату нораво, шеъру шоириро бидъат, ҳар кӣ намоз нахонад ҳукм ба куфр, шаробнӯшро ҳукм бар куфр, инкори тамоми урфу одатҳои неки миллат ва ғайраро баён мекунанд, ки пас аз суҳбат кардан бо чунин ашхос мӯйи бадани инсони солими соҳибақли ватандӯсти боимону инсон ба ларза медарояд. Ояндаро дар миёни чунин афроди динсӯзу фарҳангсӯзу ифротгарои терористафкор ва ҷоҳилу хунхор дар хатару нестӣ мебинад.
Шароити фарҳанг дар мо
Ва оне, ки тааллуқ ба фарҳанг, забон, ториху хат, урфу одатҳои неки писандида дорад, мутаассифона бадтар аз ин мушкилоти диниамон мебошад.
То ҳануз на андешаи худро дорему на огоҳии аниқу дақиқ аз ториху фарҳанг. Модарҳо, ки нахустин мураббиву омӯзгори ҳар фарзанд ҳастанд ва 70 фоиз таълиму дониши ҳар фарзанд аз модар вобастагӣ дорад. Боқӣ баъд аз падару мактабу донишгоҳ, муттаъсифона беш аз 90 дар сад фоизи модарҳо худ даст бар китоб намезананд, фарзандон ҳаргиз дар дасти модари худ китобро надидаанд, модарҳо аз донишу хониш маҳрум ҳастанд, аз забонашон ба ҷуз хӯрдану пӯшидану хуфтан ҳеҷ ҳарфи солими инсониро шунида намешавад, умуман донишу савод надоранд. Вазифаи худро ба ҷуз таъом пухтан ва дар ҳалқи фарзандон рехтанро дигар чизе намедонад.
Вазъияти падари хона ҳам аз ин бадтар аст, даст ба китоб намезанад, бесавод аст ва ё дар муҳоҷират аст, соле чанд рӯзе дар хона пайдо мешавад. Мактаб ҳам бештари омӯзгорон худ бесаводанд аз ноилоҷиву ночорӣ ба омӯзгорӣ қабулашон кардаанд. Донишгоҳ аз ҳама бадтар бештари донишҷӯён барои рӯзгузарониву фирор аз хизмати ватан вақти худро зоеъ мекунанд. Хулоса беш аз 90% дар сади ҷомеъа дар ин аҳвол аст ва он даҳ дар сад, ки ҳаст аз миёни падару модарон, омӯзгорони босавод, масъулони ҳукумат ва муррабиён, инҳо ҳам аз дасти ин аксарияти ба сурат инсону дар сират ҳайвон чунон дар ранҷу азобанд, ки ҳоҷат ба навиштанро надорад.
То ҳануз дабираи форсиро хати ниёгонамон медонем на аз они имрӯзаи худамон.
Доштани хат яке аз нишонаҳои аслӣ барои як миллат аст, ки дар ин самт кӯшишу пешравӣ дида намешавад, на медонему на хоҳишу кӯшиши донистанро дорем. Имрӯз агар китоби “Шоҳнома”и Фирдавсӣ, “Маснавӣ”и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ), “Бӯстон” ва “Гулистон”и Саъдиву девони Хоҷа Ҳофизро ба дастамон бидиҳанд, намефаҳмем, ки рост қапидаем ё чаппа. Дар ҷавоб ҳаминро метавонем гуфт, ки ин китоби арабҳост ё эрониҳову афғонҳо.
Дар саросари кишвар дар ҳар ҷое, ки бо хати форсии тоҷикӣ ҳар номи чойхонаву тарабхона, номи ширкате ва ё як чанд мисрае аз шоиронамон навишта буд ба ҳар баҳонае, канда партофтем. Ин ҳама дар ҳолест, ки дар саросари кишвар бо хати лотиниву хитоию пур аз тоблуҳо навистаҷотҳо навишта шудааст.
Дигаре аз нописандиҳои бештари мардум дар ин аст, ки аз тарафи ҳукумат махсус бо фармони Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, барои маърифати мардумро боло бардоштан ва аз таъриху фарҳанги худ огоҳӣ ёфтан китоби таърихии “Тоҷикон”и қаҳрамони миллат Бобоҷон Ғафуровро барои ҳар як оилаи кишвар нашр намуда ройгон туҳфа карда шуд. Мутаасифона бештари мардум китобро нахондаанд, ки чунин рафтор яъне беэҳтиромӣ нисбат ба ҳукумат, давлат, торихи миллати худ мекунанд.
Оё даҳ дар сади падару модарҳо дар даст китоб гирифта мехонанд ё не Худо медонад. Ҳоло куҷо расад ба фарзандонашон. Бештари донишҷуёнамон ҳатто китоб хонда наметавонанд аз мардуми оддӣ чӣ гила мекунем.
Метавон гуфт, ки андешаи солими диниву фарҳангӣ дар миёни аҳли маърифат якчанд авлиёву уламои ҳақиқӣ мондааст ва якчанд аҳли зиё. Боқӣ аксари мардум бе ченаку меъёр буда, ки ҳарфи имрӯзааш бо дирӯзааш рост намеояд, куҷо расад бо ақоидаш.
Дар кишварамон пас аз ба истиқлолият расидан аз тарафи ҳукумат махсус ба фармони Пешвои Миллат омӯзиши дабираи (хат) ниёконро дар баробари дигар фанҳои дарсӣ бо номи омӯзишӣ “Алифбои ниёгон” дар саросари мактабҳои кишвар ҷо карда шуд. Ҳукумат ҳам ниёз ба омӯзгори ин фанни муҳим дошт, ки ин фан бешак калидест барои ворид шудан бар олами фарҳангу дин ва васл бар тамоми порсигӯёни ҷаҳон.
Агар ин воизон дар ҳақиқат заррае ақлу номус медоштанд, ҳадафашон босавод кардани ин ҷомеъа мебуд. Ба ҷойи дар масҷидҳо фарзандони мардумро мағзшӯи кардан ва ақидаашонро расво кардан, такфирӣ кардан, ба ҳар гурӯҳу ҳизбҳо ташвиқ намудан, навишту хониши хати ниёкон ва адабиёти сар ба фалакамонро омӯзиш медоданд, беҳтар мебуд. Он гоҳ фарзандони ин миллати куҳанбунёд донишашон расо гаштаву ҳам динро мефаҳмиданду ҳам фарҳанги қадими гузаштаро. Зеро ки 98% дар сади китобҳои фарҳангиву диниамон ба ин хати ниёконамон навишта шудааст ва танҳо 2% дар сади китобҳои фарҳангиву торихиву динӣ бо хати кирилӣ навишта шудааст.
Агар ин рӯҳониёни воъиз дар меҳробу минбарҳо авомфиребӣ накарда, маърака ба маърака ошхӯрӣ карда намегаштанд, балки дар мактабҳо фаъолият карда хизмати халқу ватанашонро меанҷомиданд, хати ниёгонро омӯзиш медоданд. Ин амал беҳтарин хизмат мешуд ва зарбаи сахте мегардид бар зидди душманони хати порсиву дину мазҳаб.
Афсӯс, ки инҳо ин хизматро ба дӯш нагирифтанд ба дунболи шӯҳратпарастӣ, ба гурӯҳу аъзоҳои ҳизбу ҳаракатҳои номашрӯъ ташвиқ карданро гирифтанд. Баръакс, миллатро бар зидди фарҳангу мазҳабу ҳукумати худ мағзшӯи намуда, гумроҳ карданд ва як туда ифротии манқурт тарбият намуданд. Пӯшида нест, ки ҳаводоронашон беш аз бистсол ҳам дискҳои мавъизаи ин рӯҳониёнро гӯш карда бошанд ҳам ду ояти Қуръон ё ду ҳадисро на дуруст хонда метавонаду на дуруст баён карда метавонад.
Фаромӯш кардаанд, ки болотар аз хондани китоб чизе нест ва ҳеҷ амале ҷойи хонданро намегирад. Агар ин мухлисҳо (фанатҳо) китобхон мешуданд, медиданду мефаҳмиданд, ки ин воъизони аҳли риёву гумроҳкунанда на олиманду на обид, на пиранду на мурид, на шоиранду на нависанда, на пайрави Фирдавсиянду на Мавлавӣ. Балки худ салафиянд ва ё фарзандонашон, ё худ дар донишкадаҳҳои ваҳҳобияву салафия илми гумроҳкунандаро омӯхтааст, ақидаашон ба уламои воқеъии бузурги гузаштаи дину фарҳангамон ҳеҷ рост наомада, балки бар зидди дину мазҳабу фарҳанги сар ба фалакамон мебошанд.
Аз ин рӯ ба ин воъизони дур аз хонишу донишу навишту фаҳм, ҳеҷ бовариву умед нест ва ин тоифа ҳам динро хор карданду ҳам фарҳангро. Ҳамчунин аз ин бадтар миллатро гумроҳу ифротӣ, динсӯзу фарҳангсӯз ва ҷомеъасӯз гардониданд, ки сухан гуфтан ҳайф аст. Аз ҳамнишиниашон ба ҷуз озору дилсиёҳӣ чизе шунидаву ба даст оварда намешавад.
Худоё, паноҳ аз чунин гумроҳкунандагону гумроҳшудагон! Худоё, ба ту паноҳ аз афроди дур аз хонишу дониши китобгурез!
Бояд ба ҳар қиммате роҳи наҷоти ин миллату фарҳангро андешид ва мардумро аз чанголи ҷаҳлу ноогоҳӣ, гумроҳиву гумроҳшави наҷот дод. Ҳатман бояд поксозиро аз табақаи боло аз муфтиёту кумитаи дин то минбарҳои масҷидҳои саросари кишвар шурӯъ намуд. Дар ин мақомҳо ҳеҷ кас аз гурӯҳҳои ифротии такфирӣ, динсӯзу ҷомеъасӯзи гумроҳкунанда фаъолият набурда ва ҳатман муллоимом масъулони дин бояд саводи комили динниву фарҳангӣ дошта соҳибмаълумот бошанд.
Ҳар як ронандаи такси, сантехник, электрику тоҷир, ки базӯр як чанд сӯраро аз фарзи ъайни кирилӣ бо равиши худомӯз ёд гирифтааст ва ё касе, ки базӯр қуръонхониро каҷу рост назди кадом рӯҳонии нимколахон омӯзиш дидаву лек аз дониши забони арабӣ ва китобҳои фиқҳӣ, ҳадису шарҳҳо, китобҳои ба хатти форси дар васфи дину фарҳангу ахлоқ, торих назди касе таълим нагирифтааст набояд ба минбар барояду даст ба таълими дину фарҳанг занад. Агар шарм аз уламо ва мардуми босавод намекунад, бояд ки тарс аз Худо кунад.
Ъуламо, орифон суфиёни ҳақиқӣ, пирони тариқат, ки дар ҳар асру замон пуштибони дину фарҳангамонанд, ақоиду роҳу равишашон мутобиқ бар бузургони гузаштаамонанд ва саводашон ҳам, ки даҳҳо баробар болотару фарохтар аст нисбати нафароне, ки дар мадрасаҳои хориҷ ё дохил омӯзиш дидаанд. Набояд чунин ашхосро хору хонанишин кард ва маҳрӯм аз фаъолиятҳои диниашон кард.
Масҷид на танҳо ҷойи ду ракъат намоз хондан асту халос. Имоматӣ бар худ як масъулиятҳои хосро дорад. Масҷид макони донишу хониш, тарбияту тамиз ва инсонсозист. Бигузорем ин бузургони ҳақиқат дар масҷидҳо машғули омӯзиши Қуръон, ҳадис, фиқҳ, китобҳои ахлоқии тарбиявӣ ба монанди Чаҳор китоб, девони Ҳофиз, Бедил, Маснавии Шариф, омӯзиши хаттотӣ машғул бошанд. Танҳо роҳи босавод кардани ҷомеъа, решакан кардани ақоиди бегона, омӯзиш ва ҳифзи динну фарҳанги миллӣ танҳо ва танҳо ҳамин роҳ аст.
Бо як мадрасаи диннӣ, ки у ҳам танҳо ягона дар кишвар буда ҳамаги дусад нафар омӯзиш мебинад. Магар танҳо бо онҳо, ки ақоидашон ҳам онқадар дуруст нест, мешавад як миллати даҳмиллионаро аз имому имомхатиб таъмин кард? Албатта, на ҳаргиз!
Ҳатман! Хатибону имомҳое, ки дар хориҷ омӯзиш дидаанд ва ё дар мадрасаи ҳамин кишвари худамон омӯзиш дидаанд лек ақоидашон заҳролуд гаштааст, ошкоро бар зидди мазҳаб, тариқат, фарҳангу урфу одатҳои писандидаи қавмамон, ки уламои гузаштаи бузурги мо зиддият на балки худ пайрави он суннату урфи неки писандида буданд, зиддият мекунанд, мардумро мағзшӯӣ намуда гумроҳ менамоянд, ҳарчӣ зудтар дипломҳояшонро бекор карда аз вазифаҳояшон барканор карда шаванд ва ҳаққи амри маъруфкарданро дар ҳеҷ ҷойе дода нашавад.
Ҳамаи имомхатибон, муллоҳо ва мударрисон бояд аз ташхиси динӣ, фарҳангӣ, сиёси ва тиббӣ гузаранду баъдан дар мадрасаву меҳробу минбар ҷой дода шаванд. Зеро аксари падару модарони ҷавонони босаводу бесавод пайраву мухлиси (фанати) инҳоянд на аҳли мутолиъаву хонишу дониш.
Инчунин назорат болои мактабу донишгоҳу донишкада, раисони маҳалла ва нозирони минтақавӣ бурда шавад. Ҳамаи инҳо аҳли донишу хониш, аҳли мутолиъа ва обунаи китобхонаҳо бошанд. Дониши сиёсиву фарҳангӣ ва психологияву диниашон дар ҳадде бошад, то тавонанд ба мардум хидмат намудан. Зеро пӯшида нест, бештари ин ашхос худ мӯҳтоҷи донишу хониш, тарбияту огоҳии сиёсӣ ва фарҳангиву дини мебошанд.
Дар садову симо барномаҳои тарбиявӣ, фарҳангиву динӣ ва сиёсӣ бештар пахш шавад.
Падару модарон ҳатман аввал худашон ва сипас фарзандонашон китобхониро ба дӯш гирифта обуна ба китобхонаҳои кишвар гарданд.
Ба чунин амсол садҳо роҳҳои рушди диниву фарҳангист, ки шурӯъ аз оила ҳама дасти ба даст намуда дар канори ҳам парвариш бояд ёфт. Танҳо он вақт як инсони солим, як қавми огоҳ, як миллати сар ба фалак мисли гузаштагонамон мегардем. То нахонем на ба қадри дин мерасему на ба қадри фарҳангу ватану давлату ҳукумат ва мустақилият.
Уламову донишмандон бояд ба монанди марзбонони кишвар, бедору ҳушёр, зираку огоҳу пурқувват бошанд то душман аз дохилу аз берун бар маънавиёту маърифат, дину мазҳаб, урфу одати миллат латмае назанад.
Хайриддини Абдуллоҳ