Домулло Хайриддини Абдуллоҳ китоби хелле ҷолибе ба забони русӣ навиштаанд. Хамчун муаррих бори аввал мебинам, ки шахсияти рӯҳонӣ ба мисли домулло барои омӯхтани таърихи ислом метод ва методологияи илми дунявиро истифода бурдааст, ки ҳайратангез аст. Истифода бурдани методи илмии муқоисаи таърихӣ эшонро дар навиштани чунин китоби фарҳангӣ беғараз кардааст, то хонанда ба манбаъҳои истифодабурда ва таҳлили илмии онҳо аз тарафи муаллиф бештар бовар кунад. Таърихи дини шарифи Ислом ва донишмандони онро борҳо навиштаанд, вале навиштани онро бо чунин забони содаи илмӣ ва назари дунявӣ аз ҷониби муаллифони рӯҳонии исломӣ ва, хусусан бо забони русӣ, хелле кам дучор мешавем. Ба назари банда домулло Хайриддин Абдуллоҳ дар ин китоб тавонистаанд, ки илми дунявӣ ва диниро дар омӯзиши осори таърихию фарҳангии Ислом ба ҳам наздик кунанд. Ин хидмати барҷастаи эшон ба дини Ислом ва тамаддуни он ва инчунин барои боз ҳам ҷаҳонро ҳушдор додан аз бузургии нажоди ориёии порсизабони тоҷик аст.
Домулло Хайриддини Абдуллоҳ дар ин китоби худ таърихи зиндагии аксари шахсиятҳои бузурги диннӣ ва дунявиро, ки аз сарзамини Ирони кӯҳани бостонӣ мебошанд, бо як шакли мухтасар, вале пурра ба қалам кашидааст. Ин шахсиятҳо асосгузори ҳар шохаи илме дар ҷаҳон мебошанд: Имом Абуҳанифа, Имом Мотуридӣ, Бухорӣ, Муслим, Тирмизӣ, Ғаззолӣ, Абдулқодири Гилонӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Берунӣ, Хоразмӣ, Сино, Форобӣ, Мавлонои Балхӣ ва ғайра. Муалиф дар ин китоб нақши донишмандонро аз нажоди ориёии форсу тоҷик дар ҷаҳон беғараз ва хунсардона таҳлил кардааст. Ба назари шахсии муаллиф ҳеҷ мардуме дар ҷаҳон дар рӯшду нумӯи фарҳанги башарият дар асрҳои миёна наметавонад бо ба мардуми ориёнтабори Иронзамин ҳамвазну баробар бошад.
Ин китоб барои он миллатҳое, ки мардуми тоҷики Иронзаминро намеписанданду беқадрӣ мекунанд, як посухи камаршикан аст, на вобаста аз он, ки чӣ гуна дину оинро мепарастанд.
Мояи қайд аст, ки солҳои зиёдест Хайриддини Абдуллоҳ дар кишвари Руссия ва инчунин дар Тоҷикистон дар чандин рӯзномаҳои маъруфи давлатӣ мақолаҳои диннӣ ва фарҳангиро бо забонҳои арабӣ, русӣ ва порсии ширини тоҷикӣ менависад ва нашр мекунад. Бештари мақолот мавзӯҳои дифоъ аз Исломи нобу огоҳӣ аз хатари ваҳҳобияту салафият, таблиғоти фарҳангу таърихи кӯҳани миллати тоҷик дар сарзамини Руссия ва Мовароуннаҳр ва ғайраро дар бар мегиранд. Агар мо ба таърих нигарем, тамаддуни бошукӯҳи ислом дар давоми беш аз 1300 сол бо заҳмати чунин афроди донишманд ва муттафакир, монанди Хайриддини Абдуллоҳ, сохта шудааст. Ин китоб дастури хубе ба ҳама мусалмонони дунё хоҳад буд.
Раҳим Бобохонов,
ходими калони Маркази таҳлилҳои тамаддунй ва минтақавии Академияи илмҳои Руссия.

