ПУРСИШ: Ҳиҷоб ва пӯшиши воҷиб барои мард чигуна аст?
ПОСУХ: Барои ҳар марде фарз аст ки аврати хешро аз ноф то зону
бипушонад. Чун ҳиҷоби воҷиб барои мард, дар иртибот бо сойири мардон ва
дар иртибот бо заноне ки маҳрам ҳастанд, пӯшонидани аврат яъне ду фарҷ
аст, ҳар чанд бо таваҷҷуҳ ба ривоёти саҳеҳу мутавотир, пӯшондани фарзи
аврат аз ноф то зону мебошад дар иртибот бо онон, мустаҳабби муъаккад аст,
то ҳадде ки тарки он ҷуз дар мавориди зарурат кароҳат дорад ва муҷиби
заволи мурувват мешавад, вале дар иртибот бо занони номаҳрам,
пӯшонидани ин қисмат кофӣ нест.
Чун тибқи оёт ва ривоёт мардон ва занон ҳар ду мукаллаф ба як чиз ҳастанд
ва он худдорӣ аз нигоҳ ба ҷойе аз бадани номаҳрамон аст, ки маъмулан
пӯшонида мешавад ва он дар занони мусалмон, ҳамаи бадан ба истиснои рӯй
ва кафи дасти онон аст ки пӯшониданаш бар онон воҷиб аст ва дар мардони
мусалмон, ҳамаи бадан ба истиснои сар, рӯй, дастҳо то оринҷ ва поҳо то ду
баромадагии буҷулакий пойҳо аст, ки дар вузу шуста ё масҳ мешавад.
Чароки Худованд занонро монанди мардон ба фуру пӯшонидани нигоҳ амр
карда ва фармудааст: «Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш фурӯ
гиранд ва шармгоҳи худ нигаҳ доранд. Ин барояшон покизатар аст. ҳаройна,
Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст! Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки
чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро
ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои)
худро  то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз
барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари
шавҳари худ  ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё
занони ҳамдини худ ё бандагони ( ғулому канизони) худ ё мардони
хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи
занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он  зинат, ки
пинҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо
тавба кунед, бошад, ки растагор гардед». Нур/ 30-31
Нигоҳ кардан барои занон ба мардони номаҳрам танҳо ҳамон қисмат аз
бадани марди номаҳрам барои зан ҷойиз аст, ба ҷоҳойе ки барои вузу ошкор
мекунад менигарад ва ба ҷоҳои дигар нигоҳ намекунад.
Бинобарин, барои зан ҷойиз нест ки ба ҷойе аз бадани марди номаҳрам, ҷуз
сар, рӯй, дастҳо то оринҷ ва поҳо то ду баромадагӣ буҷулаки пой нигоҳ
кунад, ҳар чанд аз рӯӣ шаҳват набошад; Зеро ин кор, монанди нигоҳ кардани
мард ба ҷойе аз бадани зани номаҳрам ҷуз рӯй ва ду кафи дасти ӯст ки
мутлақан ҳаром аст. Ҳар чанд мутаъассифона бештари занони мусалмон, аз
ин ҳукм ғофил ҳастанд ва мепиндоранд ки нигоҳ кардан ба ҳамаи бадани
мардони номаҳрам ҷуз авраташон барои онон ҷойиз аст; Ҳамчунонки

бештари мардони мусалмон низ аз ин ҳукм огоҳӣ надоранд ва аз ин рӯ, гоҳ
пироҳан ва ҳатто шалвори худро дар баробари занони номаҳрам
дармеоваранд ва аз инки сина, камар, шикам, рон, соқ ва бозуҳояшон барои
онон ошкор шавад ё либоси танги часпида, ки баданро ба намоиш медарорад
боке надоранд; Гӯйи ки шаҳват барои мардон аст ва барои занон вуҷуд
надорад, дар ҳоле ки қатъан чунин нест ва занон низ метавонанд монанди
мардон бо нигоҳ кардан ба бадани номаҳрам дучори барангехтагии ҷинсӣ
шаванд, балки ривоят шудааст: «Шаҳват даҳ ҷузъ дорад ки нӯҳ ҷузъи он дар
занон ва як ҷузъи он дар мардон қарор дода шудааст» (Мӯъҷамул Авсат
Табаронӣ, ҷ1, с178) 
Ва бо ин ҳисоб, занон ба худдорӣ аз нигоҳ ба бадани номаҳрам, аз мардон
сазовортаранд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ҳаёъ барои онон, ба иқтизоъи
табиъаташон, заруритар аст ва нигоҳ ба бадани номаҳрам, ҷуз ҷоҳойе ки дар
вузу ошкор мешавад, бо ҳаёъ мунофот дорад.