Душманӣ бо касе, сабабаш ҳамон тавр ки ношӣ аз шинохтани ӯст, метавонад иллати он баръакс нашинохтани ӯ бошад ва балки бештари душманиҳо дар тӯли таърих, аз сари нашинохтан будааст. Чӣ гуна? Ҳоло арз мекунам.
Як вақт ҳаст инсон бо касе мисли Чингиз ва ё Ҳитлер ва ё ҳар ноодаме дигар, душман мешавад ва аз ӯ мутанаффир мегардад; ва маълум аст, ки сабаби ин адоват, шинохтани тараф аст. Яъне шумо нисбат ба Чингиз масалан ва шахсияти дарандахӯйи ӯ ва ситамгариҳояш ошно мешавед, ин ошноӣ ва маърифати шумо сабаб мегардад, ки дар дили шумо нисбат ба ин дарандахӯи ба зоҳир инсон, нафрат пайдо бишавад.
Аммо як вақт ҳаст, ки бо касе душман мешавед ва аз ӯ мутанаффир мегардед, аммо сабабаш бар хилофи аввал, нашинохтани ӯст. Оё якчунин чиз мешавад? Бале ва ҳамон тавре ки арз шуд, душманиҳо дар тӯли таърих бештарашон иллаташ адами маърифати тараф будааст. Яъне ба шумо гуфтаанд, ӯ инсони бисёр бад аст, фосиқу фоҷир аст. Ва агар мусалмонед масалан, ба шумо гуфтаанд, ки тараф кофир аст, муртад аст, мушрик аст ва аз ин қабил сифот.
Як ривоят бароятон нақл кунам. Ин ҳикоят дар манобеъи таърихӣ омада, ки ҳоло ман аз китоби “Нафсатул-масдур” бароятон нақл мекунам.
Шахсе аз аҳли Шом (Сурия) ба қасди ҳаҷ ё мақсади дигар, ба Мадина омад. Чашмаш афтод ба марде, ки дар каноре нишаста буд. Таваҷҷӯҳаш ҷалб шуд. Пурсид: ин мард кист? Гуфта шуд: Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб аст.
Собиқаи таблиғот алайҳи Алӣ ва хонадонаш дар Шом (1), ки дар руҳаш русух карда буд, мӯҷиб шуд, ки деги хашмаш ба ҷӯш ояд ва қурбатан илаллоҳ, он чи метавонад саббу дашном нисори Ҳусайн ибни Алӣ бинамояд.
Ҳаминки ҳар чи хост гуфт ва уқдаи дили худро гушуд, Имом Ҳусайн бидуни он ки хашм бигирад ва изҳори нороҳатӣ кунад, нигоҳе пур аз меҳру утуфат ба ӯ кард ва пас аз он ки чанд оят аз Қуръон — мабнӣ бар ҳусни хулқ ва афву гузашт — қироат кард, ба ӯ фармуд:
— Мо барои ҳар навъ хидмат ва кӯмак ба ту омодаем. Он гоҳ аз ӯ пурсид:
— Оё аз аҳли Шомӣ? Ҷавоб дод:
— Оре. Фармуд:
— Ман бо ин хулқу хӯй ошноӣ дорам ва сарчашмаи онро медонам. Пас аз он фармуд:
— Ту дар шаҳри мо ғарибӣ, агар эҳтиёҷе дорӣ, ҳозирем ба ту кӯмак диҳем, ҳозирем дар хонаи худ аз ту пазироӣ кунем, ҳозирем туро бипӯшонем, ҳозирем ба ту пул бидиҳем.
Марди шомӣ вақте фаҳмид ин одам Ҳусайн ибни Алӣ аст, мунтазир буд бо аксуламали шадиде бархӯрд кунад ва ҳаргиз гумон намекард бо як ҳамчу гузашт рӯ ба рӯ шавад, ӯ чунон мунқалиб шуд, ки гуфт: “Орзу доштам дар он вақт замин шикофта мешуд ва ман ба замин фурӯ мерафтам ва инчунин нашинохта ва насанҷида густохӣ намекардам. То он соат барои ман дар ҳамаи рӯйи замин касе аз Ҳусайн ва падараш мабғузтар набуд ва аз он соат баръакс, касе назди ман аз ӯ ва падараш маҳбубтар нест.” (“Нафсатул-масдур”, с.4)
Дишаб, наворе дидам аз як мубаллиғи динӣ, ки нисбат ба Мавлоно Балхӣ баду бероҳ мегӯяд ва ӯро фосиқу фоҷир мехонад. Воқеан бароям ҳайратовар буд. Итминон дорам, ин мубаллиғ Мавлоноро намешиносад, ки агар як дарсад – бале фақат як дарсад – аз Мавлоноро мешинохт, роҷеъ ба ин шахсияти барҷаста ингуна суханони нораво ба забон ҷорӣ намекард.
Ва мусалламан душманӣ ва адоват ва ин баду бероҳҳои ин мубаллиғи динӣ нисбат ба Мавлоно, сабабаш дуруст мисли он марди шомӣ, адами маърифат ва шинохт аст.
Эй кош Мавлавиро мешинохт! Барои ин ки одам Мавлоноро шиносад, кофист Маснавӣ бихонад ва гузашта аз он, ба шахсияти ин нозанин, ки чӣ гуна инсоне буда, маърифат пайдо кунад.
Дар китобҳои сира, дар бораи рӯзи вафоти Мавлоно навиштаанд, ки иҷоза бидиҳед, яке аз онҳоро бароятон бихонам. “Дар он рӯзи пурсӯз, сармо ва яхбандон дар Қуния бедод мекард ва донаҳои нарму ҳаририни барф дар фазо мерақсиданд ва бар замин менишастанд. Сели пурхурӯши мардум, пиру ҷавон, мусалмону габр, масеҳиву яҳудӣ, ҳамагӣ дар ин мотам ширкат доштанд. Афлокӣ мегӯяд: “Басе мустакбирону мункирон, ки он рӯз зуннор буриданд ва имон оварданд” ва чиҳил шабонарӯз ин азову сӯг барпо буд.
Баъди чил рӯз сӯйи хона шуданд,
Ҳама машғули ин фасона шуданд.
Рӯзу шаб буд гуфташон ҳама ин,
Ки шуд он ганҷ зери хок дафин.”
Оре, чунин буд зиндагии Мавлонои мо, зиндагии ин худовандгори калому ирфон ва шеъру адаб.
Асосан, оё медонед, чаро Мавлоно ва Маснавии ӯ ҷаззоб аст? Чаро ҳар касеро, ки онро бихонад ва бифаҳмад, ба худ ҷазб мекунад ва шефтаи худ месозад? Ба ҳадде, ки на танҳо як мусалмонро, балки ғайримусалмон аз масеҳиву яҳудиву бутпарасту мулҳиду ғайраро низ ва дар як калом, инсон аз он назар, ки инсон аст-ро ба сӯи худ мекашад ва ҷазб мекунад?
Албатта, азамат ва ҷаззобияти Маснавӣ на танҳо имрӯз барои ғайри мусалмонон ва ғайри порсизабонон кашф шуда ва тоза ба он пай бурда бошанд, на, балки аз дерзамон шефтаи ин китоби шариф шудаанд. Дар ҳамин Бухорои худамон (ва ё Самарқанд) хеле вақт пеш ин китоб тавассути руҳониҳои яҳудӣ (яҳудиҳои бухороӣ), ба забони ибрӣ тарҷума шудааст ва тоза, ба сурати назм тарҷума шуда. Далели ин ҷаззобият чист?
Хеле содда аст. Мавлоно худаш дар муқаддимаи Маснавӣ баён доштааст. Ӯ муқаддимаи Маснавиро чунин оғоз кардааст:
“Ин Маснавӣ, усули усули усули дин аст”. Яъне агар дин решае дошта бошад ва он реша ба навбати худ боз решае дошта бошад ва ин реша ҳам решае дошта бошад, ки дорад, ҳамин решаи ахир, Маснавӣ аст. Ба сухани дигар, мани Мавлавӣ решаи решаи решаи динро бароят бозгӯ кардаам, то бидонӣ мағзи дин кадом аст, чӣ мегӯяд, чӣ паём дорад!”
Ин ки дар бораи Мавлоно гуфтаанд:
Ман намегӯям, ки он олиҷаноб,
Ҳаст пайғамбар, вале дорад китоб.
Маснавии ӯ чу Қуръони мудилл,
Ҳодии баъзеву баъзеро музилл.”
— беҷиҳат нагуфтаанд. Мавлоно бо Маснавии худ дар воқеъ омадааст мағзи динро, асли Қуръонро, паёми Қуръонро дар қолаби достону ҳикоёти ҷаззоб баён бидорад, зеро тамоми ҳикоёти Маснавӣ паём доранд ва ҳамон паёмҳо, дар воқеъ паёми Қуръон ҳастанд, паёми дин ҳастанд, паёми он чи бар ҳазрати Паёмбар (с) нозил шудааст ҳастанд.
Ба сухани дигар, ҳунари Мавлоно дар ин будааст, ки тавониста паёми Қуръонро ба ин сурат, ки мебинем, пешкаш кунад. Ва ҷаззобияташ ҳам дақиқан дар ҳамин аст. Зеро, мушкили мо, одамҳо дар бархӯрд бо Қуръони Карим, бештар ношӣ аз ин аст, ки Қуръони Каримро (ва куллан маорифи диниро) чунонки ҳастанд фаҳму ҳазм намекунем. Агар дуруст бароямон кашф мешуданд, ҳаргиз бо Қуръон душманӣ намеварзидем.
Қуръон ҳамонро мегӯяд, ки мо, инсонҳо аз дарун хоҳони ҳамон чиз ҳастем, мо аз дарун ба сӯйи он равона ҳастем ва худамон огоҳ нестем. Ҳамон камолеро мегӯяд, ки ба дунболаш ҳастем, дар ҳоле, ки мутаваҷҷеҳ нестем, ки ба дунболаш ҳастем.
Ҳоло, Мавлонои бузург омадааст Қуръонро — ва ба гуфтаи худаш, “усули усули усули дин”-ро — ба ин сурат бароямон баён кунад, дар қолаби ҳикоёт ва достонҳо ва дарсу ибратҳое, ки ин ҳикоятҳо дарбар доранд. Барои ҳамин Маснавӣ ҷаззоб аст.
Эй кош Мавлоноро мешинохтанд!