Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар масире қарор дорад, ки ҳар гурӯҳ, равия, мазҳаб ё ҳатто давлат кӯшиш мекунад шумораи пайравони худро зиёд намуда, сипас бо гурӯҳ ё равияи дигар даргир гардад. Ин ҳолат сабаби ихтилоф, хусумат ва хунрезиҳои беасос дар ҷаҳон гардидааст.
Кишварҳои абарқудрат кӯшиш мекунанд, ки кишварҳои заифро ба тасарруфи худ дароранд, фарҳанг ва таърихи онҳоро аз худ кунанд. Гурӯҳҳои хурду беасолат низ дар пайи ғасби арзишҳои дигарон ҳастанд, то барои худ таърих ва тамаддуне эҷод намоянд.
Имрӯз, шоҳиди онем, ки сиёсатмадорон ва зиёиён бар зидди дин ва диндорон, ва баръакс баъзе диндорон бар зидди фарҳангу тамаддуни миллӣ суханронӣ мекунанд. Ҳар ду гурӯҳ дар як мубориза қарор гирифтаанд: аввалӣ кӯшиш мекунад, динро беобрӯ созад, дувумӣ — арзишҳои миллиро бидъат ва ширк эълон намояд.
Нақши мардум дар миёни ин кашмакашҳо монанди тӯби бозии дастаҳо шудааст: ҳар кас онро ба самти худ мезанад.
Рӯҳониёни миёнарав ва муътадил, ки дар якҷоягӣ бо тамоми мусалмонон муттаҳид бошанд, хеле каманд. Мутаассифона, бисёре аз рӯҳониёни суннӣ бо шиъаҳо даргирӣ мекунанд ва шиъаҳо низ дар посух, муқаддасоти сунниёнро мавриди нафрин қарор медиҳанд. Чунин рафтор на ба суди дин асту на ба суди миллат.
Гурӯҳе аз мусалмонон, гарчи намоз намехонанд ва рӯза намегиранд, вале хусумат бо мазҳаби дигарро қарзи динии худ мешуморанд. Аз ҷониби дигар, шиъаҳои ифротӣ низ ҳастанд, ки бе он ки арзишҳои исломиро бидонанд, лаънат гуфтанро бар дигарон нишонаи имон медонанд.
Дар миёни ин ҳама, чизе, ки фаромӯш мешавад, фарҳанги муштараки порсӣ, адабиёти ғанӣ ва таърихи боҳашамати муштараки мост. Ба ҷои ба ҳам омадан, якдигарро такфир мекунем, таҳқир мекунем ва душман ҳам мешуморем.
Қуръон бо оятҳои равшан мо мусалмононро ба ваҳдат, эҳтироми якдигар ва парҳез аз масхара, лақабгузории зишт ва душманӣ даъват мекунад:
Гӯӣ Худованд оятҳои зеринро барои милали дигар нозил фармуда на барои мусалмонон:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا يَسْخَرْ قَومٌ مِّن قَوْمٍ عَسَى أَن يَكُونُوا خَيْرًا مِّنْهُمْ وَلَا نِسَاء مِّن نِّسَاء عَسَى أَن يَكُنَّ خَيْرًا
مِّنْهُنَّ وَلَا تَلْمِزُوا أَنفُسَكُمْ وَلَا تَنَابَزُوا بِالْأَلْقَابِ بِئْسَ الاِسْمُ الْفُسُوقُ بَعْدَ الْإِيمَانِ.
“Эй касоне, ки имон овардаед! Набояд қавме қавми дигарро масхара кунад, шояд онҳо аз инҳо беҳтар бошанд. Ва набояд заноне занони дигарро масхара кунанд, шояд онҳо аз инҳо беҳтар бошанд. Ва аз якдигар айб магиред. Ва ба ҳамдигар лақабҳои зишт мадиҳед, чӣ нописанд аст номи зишт пас аз имон!..” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 11).
وَلاَ تَسُبُّواْ الَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ اللّهِ فَيَسُبُّواْ اللّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ.
“Ва онҳоеро, ки ҷуз Худоро мехонанд (яъне мушриконро) дашном мадиҳед, ки онон аз рӯйи душманӣ ва ба нодонӣ Худоро дашном хоҳанд дод…” (Сураи Анъом, ояти 108)
Дар ин оят Худо ба мӯъминон дастур медиҳад, ки шумо ҳақ надоред ҳатто мушриконро саббу дашном диҳед, то чӣ расад ба як нафар мусалмон…
وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا.
«Ва ҳамагӣ ба ресмони (ногусастании Қуръон) Худо чанг бизанед ва пароканда нашавед». (Сураи Оли Имрон Ояти 103)
Бо вуҷуди ин оятҳо, бархе мусалмонон рафтореро пеш мегиранд, ки на танҳо хилофи Қуръон аст, балки ҷомеаро ба сӯи ҷаҳолат мебарад.
Гурӯҳе аз “рӯҳониён” ва “фозилон” барои манфиатҳои худ сухан мегӯянд, на барои ҳидояти мардум. Онҳо динро василаи расидан ба қудрат кардаанд ва охиратро фидои дунё. На динро мешиносанд ва на охиратро бовар доранд.
Ба дурустӣ гуфтаанд: Дине, ки бе маърифат аст хатарнок, ва сиёсие ки бе адолат аст вайронгар.
Имрӯз дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ботил ҳақ нишон дода мешавад ва ҳақ ботил, гумроҳӣ ҳидоят ва ҳидоят гумроҳӣ. Чӣ бисёр дурӯғҳо, ки ҳақ шумурда мешаванд ва ҳақҳо, ки дурӯғ талаққӣ мешаванд.
Оё беморие бадтар аз ин ҳаст — ки инсон натавонад ҳақро аз ботил, ростро аз дурӯғ, хубро аз бад ва сабуриро аз таассуб фарқ намонад?
Дар чунин ҳолат, надонистан на танҳо айб, балки гуноҳи нобахшиданист.
Худоё, моро аз ҷаҳлу ҷудоӣ, тафриқаву душманӣ ва бехабарӣ бираҳон!