Дӯстони маҷозӣ, ки аз тариқи messenger (паёмрасон) гоҳе бароям суол мефиристанд – суолҳои мухталиф ва дар мавзӯъҳои гуногун – саъй мекунам ба ҳамаи онҳо посух нависам, албатта агар эҳсос кардам тараф бо қасди донистан пурсидааст, аммо агар қасдаш донистан нест, посух наменависам.
Баъзе аз дӯстон ин суолро бароям фиристода буданд, ки чаро ба унвони як мусалмон, бештар аз ҳазрати Алӣ мегӯям, аз соири саҳобаҳои ҳазрати Паёмбар (с) андак мегӯям. Ва чун посух ба ин суол ниёз ба тафсили бештар дорад, ваъда медодам, ки сари фурсат менависам ҳар вақт фурсат даст дод. Дӯст дорам имрӯз ба ин суол посух нависам ва умумӣ ҳам менависам, то барои ҳама маълум шавад.
Иншоаллоҳ дар чанд қисмат хоҳам навишт.
Баҳси ман баҳси шиъа-суннӣ нест
Дар ҳамин оғоз арз кунам, ки баҳси ман баҳси мазҳабӣ ва шиъа-суннӣ нест ва дӯст ҳам надорам чунин баҳсҳои беҳуда ва ақимро, балки посух ба пурсиш аз иллати ин ки чаро бештар аз ҳазрати Алӣ мегӯям аст. Яъне вақте чунин суол мешавад, барои худам лозим медонам посухи онро бидиҳам, аммо ин ки хонанда чӣ бардоште мекунад, росташ чандон бароям муҳим нест.
Ҳол, мепардозам ба посухи он пурсиш:
Барои посух ба ин суол, дӯст дорам аввал сухане аз Ибни Абилҳадид – шореҳи “Наҳҷул-балоға”, ки донишманди барҷаста ва тавонои ҷаҳони ислом аст, биёварам. Вай менависад:
وَاعلَمْ أنَّ اَمیرَالمُؤمِنینْ لُو فَخَرَ بِنَفسِهِ وَبالَغَ فِی تَعدیدِ مَناقِبِهِ وَفضایلهِ وَفَصاحَتِهِ الَّتِی آتاهُ اللهُ تَعالی إیاهُ وَاختَصَّهُ بِهَا فَساعَدَهُ عَلی ذلِک فُصَحاءُ العَرَبِ کافَّة لَمْ یبلُغُوا إلی مِعشارِ مَا نَطَقَ بِهِ الرَّسُولُ الصّادِقْ صَلَواتُ اللهُ عَلِیهِمْ اَجمَعین
Мегӯяд: “Бидон, ки агар бар фарз амири мӯъминон (ҳазрати Алӣ) бихоҳад ба худаш биболад ва дар шумурдани фазоил ва бартариҳое, ки Худованд ба ӯ додааст ҳамроҳ бо кулли фасеҳони араб иғроқ кунад, (бидон, ки) як даҳуми он чиро, ки ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи Алӣ фармудааст нагуфтаанд…” (Шарҳи Ибни Абилҳадид, 9/166)
Хуб, ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи Алӣ магар чӣ гуфтааст?!
Бо истинод ба манобеъ ва сарчашмаҳои бисёр мувассақи исломӣ – ки аҳаде, на як шиъа ва на як суннӣ – қодир бар радду инкори онҳо нест, шаммае аз суханони ҳазрати Паёмбар (с)-ро меоварам.
Ҳадисе, ки меоварам, аҳаде тавоноии инкори онро надорад, саҳеҳ аст ва ҳатто баъзе аз ҳадиспажӯҳон мутавотираш донистаанд. Носируддин Албонӣ низ дар “Силсилаи саҳеҳа”-и худ онро оварда. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар “Муснад” ривоят мекунад:
حَدَّثَنَا حُسَيْنُ بْنُ مُحَمَّدٍ وَأَبُو نُعَيْمٍ الْمَعْنَى قَالَا: ثَنَا فِطْرٌ عَنْ أَبِي الطُّفَيْلِ قَالَ: جَمَعَ عَلِيٌّ رَضِيَ اللَّهُ تَعَالَى عَنْهُ النَّاسَ فِي الرَّحَبَةِ ثُمَّ قَالَ لَهُمْ: أَنْشُدُ اللَّهَ كُلَّ امْرِئٍ مُسْلِمٍ سَمِعَ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ يَوْمَ غَدِيرِ خُمٍّ مَا سَمِعَ. لَمَّا قَامَ فَقَامَ ثَلَاثُونَ مِنْ النَّاسِ وَقَالَ أَبُو نُعَيْمٍ: فَقَامَ نَاسٌ كَثِيرٌ فَشَهِدُوا حِينَ أَخَذَهُ بِيَدِهِ فَقَالَ لِلنَّاسِ: أَتَعْلَمُونَ أَنِّي أَوْلَى بِالْمُؤْمِنِينَ مِنْ أَنْفُسِهِمْ قَالُوا: نَعَمْ يَا رَسُولَ اللَّهِ! قَالَ: مَنْ كُنْتُ مَوْلَاهُ فَهَذَا مَوْلَاهُ، اللَّهُمَّ وَالِ مَنْ وَالَاهُ وَعَادِ مَنْ عَادَاهُ. قَالَ: فَخَرَجْتُ وَكَأَنَّ فِي نَفْسِي شَيْئًا فَلَقِيتُ زَيْدَ بْنَ أَرْقَمَ فَقُلْتُ لَهُ: إِنِّي سَمِعْتُ عَلِيًّا رَضِيَ اللَّهُ تَعَالَى عَنْهُ يَقُولُ كَذَا وَكَذَا. قَالَ: فَمَا تُنْكِرُ قَدْ سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ ذَلِكَ لَهُ
“Алӣ ибни Абӯтолиб мардумро дар Раҳба (маҳалле дар Куфа) ҷамъ кард ва рӯ ба эшон фармуд:
— Худоро ба гувоҳӣ металабам ва аз ҳар мусалмоне, ки дар рӯзи Ғадири Хум ҳузур дошта мехоҳам, ки бархезад ва он чиро аз Паёмбар (с) шунида бозгӯяд.
30 нафар бархостанд. Ва Абӯнаъим гуфтааст: мардуми зиёде бархостанд ва шаҳодат доданд, ки Паёмбар (с) дар он рӯз дасти Алиро гирифт ва ба мардум гуфт:
— Оё медонед, ки ман нисбат ба мӯъминон аз худашон авло (сазовортар) ҳастам?
Гуфтанд:
— Бале, эй Расули Худо!
Ҳазрат фармуд:
— Ҳар кас, ки ман мавлои ӯям, пас (бидонад, ки) Алӣ низ мавлои ӯст. Худовандо! Дӯст бидор касеро, ки Алиро дӯст медорад ва душман бидор он касеро, ки Алиро душман медорад!
Абӯтуфайл мегӯяд: ман аз Раҳба хориҷ шудам, дар ҳоле ки дар қалбам чизе буд (барои ман суоле матраҳ буд), бинобар ин Зайд ибни Арқамро мулоқот кардам ва ба ӯ гуфтам:
— Ман аз Алӣ шунидам, ки чунину чунон мегуфт.
Зайд гуфт:
— Инкор макун! Ман ҳам аз Паёмбар (с) ин матлабро шунидаам.”
(Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҳадиси шумораи 18494, ба нақл аз “Силсилаи саҳеҳа”-и Носируддин Албонӣ, ҳадиси 1750)
Ин қисмат аз фармоиши ҳазрати Паёмбар (с), ки:
اللَّهُمَّ وَالِ مَنْ وَالَاهُ وَعَادِ مَنْ عَادَاهُ
ҷолиб аст, ки мо, мусалмонон маъмулан аз канори он роҳат рад мешавем, дар ҳоле, ки хеле муҳим аст.
Ва дар ривояте дигар – ки он ҳам саҳеҳ аст – ҳазрати Паёмбар (с) хитоб ба Алӣ ва аҳли байт чунин фармуда:
أنا حرب لمن حاربتم وسلم لمن سالمتم
“Ман дар ҷанг ҳастам бо ҳар касе, ки шумо бо ӯ биҷангед ва дар сулҳ ҳастам бо ҳар касе, ки шумо бо ӯ сулҳ мекунед.” (Носируддин Албонӣ; Алҷомеус-сағир ва зиёдатуҳ, 1/235, Ашшомила)
Дар инҷо ҳазрати Паёмбар (с) Алиро меҳвар ва меъёри дини мо, мусалмонон қарор медиҳанд. Яъне мефармоянд, дӯстӣ бо Алӣ, дӯстӣ бо Худову Паёмбар (с) аст ва душманӣ ва ҷанг бо ӯ, ин душманӣ ва ҷанг бо Худост. Ва бо ин ҳисоб, оё лозим нест мо Алиро меҳвар ва меъёри дини худ қарор бидиҳем?!
Воқеан ҷойи тааҷҷуб ва шигифтӣ аст, ки бо вуҷуди он ки ҳазрати Алӣ дар ислом дорои чунин ҷойгоҳе волост, аммо дида мешавад, дар даврони хилофати ӯ се ҷанг алайҳи ин нозанин аз сӯйи худи мусалмонон сурат гирифта! Ҷанги Ҷамал, Ҷанги Наҳравон ва ҷанги Сиффин ва дар ин се ҷанг хуни даҳҳо ҳазор мусалмон рехта шуда, гӯӣ ин ки ин фармоиши ҳазрати Паёмбар (с), ки:
“Ман дар ҷанг ҳастам бо ҳар касе, ки шумо бо ӯ биҷангед ва дар сулҳ ҳастам бо ҳар касе, ки шумо бо ӯ сулҳ мекунед.”
— хитоб ба ғайри мусалмонон аст, масалан хитоб ба кофирон!
Воқеан ҷойи тааҷҷуб дорад! Он вақт гила дорем, ки чаро мо уммати паёмбари охируззамон имрӯз бадбахту бечораем!
Чанд ҳадиси дигар
Ҳадисе ҳаст бисёр маъруф дар бораи ҷойгоҳ ва манзилати волои ҳазрати Алӣ, ки саҳобӣ Саъд ибни Абиваққос ривоят карда ва бисёре аз ҳадиспажӯҳон аз ҷумла Бухорӣ ва Муслим нақлаш кардаанд. Ҳазрати Паёмбар (с) хитоб ба Алӣ фармоянд:
أَنْتَ مِنِّي بمَنْزِلَةِ هَارُونَ مِن مُوسَى، إِلَّا أنَّهُ لا نَبِيَّ بَعْدِي
“(Эй Алӣ!) ҷойгоҳи ту нисбат ба ман, монанди ҷойгоҳи Ҳорун нисбат ба Мӯсост, ҷуз ин ки пас аз ман дигар паёмбаре нахоҳад омад.” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Саъд ибни Абиваққос)
Асосан, ҳазрати Алӣ маҳак ва меъёри имони мусалмон аст, нишона ва аломати мӯъмин будани мову шумо Алист. Ин, на муболиға аст, на зиёдаравӣ дар ҳаққи Алӣ ва на — Алаёзу биллоҳ! – болотар донистани ӯ аз ҳазрати Паёмбар (с) чунон ки бисёреҳо гумон мекунанд. На. Ҳаргиз! Ҳазрати Паёмбар (с) аз миёни ёрон ва саҳобаи худ ҳеч касе ба ҷуз Алиро ба унвони меъёр ва милок ҳангоми бурузи фитнаҳо ва барои шинохтани роҳи дуруст аз нодуруст муаррифӣ накардаанд. Ин ҳадис, ки дар Саҳеҳ Муслим ривоят шуда, ба чӣ маъност? Оё дар мавриди касе якчунин чизеро суроғ дорем?
قال علي: والذي فلق الحبة وبرأ النسمة إنه لعهد النبي الأمي صلى الله عليه و سلم إلى أن لا يحبني إلا مؤمن ولا يبغضني إلا منافق
“Алӣ гӯяд: Савганд ба Худое, ки донаро шикофт ва инсонро офарид, ҳамоно Паёмбар (с) бо ман аҳд баст, ки касе ҷуз мӯъмин маро дӯст надорад ва касе ҷуз мунофиқ бо ман душманӣ наварзад.” (Саҳеҳ Муслим, 1/86)
Хуб, ин яъне чӣ? Оё ҷуз ин ки ҳазрати Паёмбар (с) Алиро ба унвони меъёру милок қарор медиҳанд? Яъне, вақте мушкиле бархост, шумо бибинед, чӣ касе дар канори Алӣ қарор гирифта ва чӣ касе дар муқобили вай истода, то мӯъмини воқеӣ аз ғайри ӯ шинохта шавад.
Дар Сунани Тирмизӣ ривояте ҳаст аз модари Мусовири Ҳимярӣ, ки гӯяд:
دَخَلْتُ عَلَى أُمِّ سَلَمَةَ فَسَمِعْتُهَا تَقُولُ كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم يَقُولُ لاَ يُحِبُّ عَلِيًّا مُنَافِقٌ وَلاَ يَبْغَضُهُ مُؤْمِنٌ
“Бар уммулмуъминин Умми Салама (ҳамсари гиромии ҳазрати Паёмбар (с)) дохил шудам ва шунидам, ки мегуфт: Расули Худо (с) мефармуд: Алиро ҳеч мунофиқе дӯст надорад ва нисбат ба ӯ ҳеч мӯъмине дар дил кина намегирад яъне душманаш намедорад.”
Ва ин ҳам, ки ҳазрати Паёмбар (с) Алиро меъёру милоки имони мусалмон қарор медиҳад, ба хотири ин ки масалан Алӣ домоди ӯ яъне ҳамсари духтараш аст ва ё ин ки писарамуяш аст нест. Абадан! Домони ҳазрати Хатмимартибат (с) ба дур аст аз ин ки отифа ва эҳсосоти ӯ дар муаррифии афрод дахил бошанд. Балки Алӣ, сарфи назар аз суханони ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи ӯ, агар шумо ба таърихаш, ба сирааш, ба шарҳи ҳоли вай, ба рафторҳояш ва ба суханонаш нигоҳ кунед, бароятон парда аз азамат ва ҷойгоҳи волои ӯ бармедоранд.
Суханони Ибни Абилҳадид дар бораи Алӣ
Ибни Абилҳадид, шореҳи “Наҳҷул-балоға”, дар ҷилди чаҳоруми китоби худ дар шарҳи номаи Алӣ ба Абдуллоҳ ибни Аббос пас аз шаҳодати Муҳаммад ибни Абӯбакр, менависад:
انظر إلى الفصاحة كيف تعطي هذا الرجل قيادها وتملكه زمامها واعجب لهذه الألفاظ المنصوبة يتلو بعضها بعضا كيف تواتيه وتطاوعه سلسة سهلة تتدفق من غير تعسف ولا تكلف… فسبحان من منح هذا الرجل هذه المزايا النفيسة والخصائص الشريفة أن يكون غلام من أبناء عرب مكة ينشأ بين أهله لم يخالط الحكماء وخرج أعرف بالحكمة ودقائق العلوم الإلهية من أفلاطون وأرسطو ولم يعاشر أرباب الحكم الخلقية والآداب النفسانية لأن قريشا لم يكن أحد منهم مشهورا بمثل ذلك وخرج أعرف بهذا الباب من سقراط ولم يرب بين الشجعان لأن أهل مكة كانوا ذوي تجارة ولم يكونوا ذوي حرب وخرج أشجع من كل بشر مشى على الأرض قيل لخلف الأحمر أيما أشجع عنبسة وبسطام أم علي بن أبي طالب فقال إنما يذكر عنبسة وبسطام مع البشر والناس لا مع من يرتفع عن هذه الطبقة فقيل له فعلى كل حال قال والله لو صاح في وجوههما لماتا قبل أن يحمل عليهما وخرج أفصح من سحبان وقس ولم تكن قريش بأفصح العرب كان غيرها أفصح منها قالوا أفصح العرب جرهم وإن لم تكن لهم نباهة وخرج أزهد الناس في الدنيا وأعفهم مع أن قريشا ذوو حرص ومحبة للدنيا ولا غرو فيمن كان محمد ص مربيه ومخرجه والعناية الإلهية تمده وترفده أن يكون منه ما كان
“Фасоҳатро бибин! Чӣ гуна афсори худро фасоҳат ба дасти ин мард дода ва маҳори худро ба ӯ супурдааст! Назми аҷиби алфозро тамошо кун; яке пас аз дигаре меоянд ва дар ихтиёри ӯ қарор мегиранд, монанди чашмае, ки худ ба худ ва бидуни заҳмат аз замин биҷӯшад. Субҳоналлоҳ! Ҷавоне аз араб дар шаҳре монанди Макка бузург мешавад, бо ҳеч ҳакиме бархӯрд накардааст, аммо суханонаш дар ҳикмати назарӣ болотар аз суханони Афлотун ва Арасту қарор гирифтааст. Ӯ бо аҳли ҳикмати амалӣ муошират накардааст, аммо аз Суқрот болотар рафтааст. Миёни шуҷоъон ва диловарон тарбият нашудааст, зеро мардуми Макка тоҷирпеша буданд ва аҳли ҷанг набуданд, аммо шуҷоътарин башаре аз кор даромад, ки бар рӯи замин роҳ рафтааст. Аз Халафи Аҳмар (яке аз уламои машҳур) пурсиданд: “Алӣ шуҷоътар аст ё Анбаса ва Бастом?” Гуфт: “Анбаса ва Бастомро бо афроди башар бояд муқоиса кард, Алӣ мофавқи афроди башар аст”. Ин мард фасеҳтар аз Субҳон ибни Воил ва Қасс аз кор даромад ва ҳол он ки Қурайш, ки қабилаи ӯ буданд афсаҳи араб набуданд; афсаҳи араб Ҷурҳум аст, ҳарчанд зиракии зиёде надоштанд… Албатта, ҳеч тааҷҷубе нест дар мавриди ин мард, ки ҳазрати Муҳаммад (с) тарбиятгари ӯст ва инояти илоҳӣ низ ба ҳамроҳи ӯ буд…” (Шарҳи Наҳҷул-балоға, 4549, Ашшомила)
Ва ҳам ӯ (Ибни Абалҳадид) дар муқаддимаи китобаш менависад:
فأما فضائله ع فإنها قد بلغت من العظم والجلالة والانتشار والاشتهار مبلغا يسمج معه التعرض لذكرها… وما أقول في رجل أقر له أعداؤه وخصومه بالفضل ولم يمكنهم جحد مناقبه و لا كتمان فضائله فقد علمت أنه استولى بنو أمية على سلطان الإسلام في شرق الأرض وغربها واجتهدوا بكل حيلة في إطفاء نوره والتحريض عليه ووضع المعايب والمثالب له ولعنوه على جميع المنابر وتوعدوا مادحيه بل حبسوهم وقتلوهم ومنعوا من رواية حديث يتضمن له فضيلة أو يرفع له ذكرا حتى حظروا أن يسمى أحد باسمه فما زاده ذلك إلا رفعة وسموا وكان كالمسك كلما ستر انتشر عرفه وكلما كتم تضوع نشره…
“Аммо фазоили он ҳазрат ба чунон азамат ва шӯҳрате расида ва ончунон дар ҳама ҷо мунташир шудааст, ки наметавон мутаарризи баёни он шуд… Ва инак ман чӣ бигӯям дар бораи ин бузургмарде, ки душманон натавонистанд фазоили ӯро пӯшида доранд. Ва ту (хонанда) медонӣ, ки Банӣ Умайя дар шарқу ғарби ҷаҳон бар подшоҳӣ чира шуданд ва бо тамоми макру найранг дар хомӯш кардани партави Алӣ кӯшиданд ва бар зидди ӯ таблиғ карданд ва барои ӯ айбҳои накӯҳида тарошиданд ва бар ҳама минбарҳо ӯро лаън карданд ва ситоишгарони ӯро на танҳо таҳдид карданд, балки ба зиндон афканданд ва куштанд ва аз ривояти ҳар сухан ва ҳадисе, ки дарбардорандаи фазилате барои ӯ буд ҷилавгирӣ намуданд. Ҳатто аз номгузории кӯдакон ба номи Алӣ мумониъат карданд. Ва ҳамаи ин корҳо ба бартарӣ ва улувви мақоми Алӣ афзуд ва бояд гуфт, ном ва ёди Алӣ ҳамонанди мушки муаттаре буд, ки ҳар чи онро мепӯшонданд, боз бӯи атраш ба машом мерасид…”
Чанд ҷумла дар бораи китоби “Наҳҷул-балоға”
Дар ҳошияи ин силсилаёддошт, яке аз нафарон (Шавкати Муҳаммад) фармудаанд: “То чӣ ҳад метавон ба аҳодиси “Наҳҷул-балоға” эътимод кард?.. Пеш аз далел овардан аз ин китоб, маълумоте дар борааш медодед хуб мешуд.”
Пурсиши эшон бисёр баҷост, аз ин рӯ лозим шумурдам, дар ду қисмат иншоаллоҳ дар ин хусус баҳс бикунам:
Нуктаи аввал ин ки агар меъёри мо дар мӯътабар шумурдан ва ё номӯътабар донистани як китоб санади он бошад, аз ин назар мушкиле дар кор нест. Зеро барои пазириши як хабар ва ривоят, меъёри аслӣ ин вусуқ ва эътимод ва итминон ба ривоят аст, ки ба ғайр аз силсилаи санад, гоҳ ба касрат ва таъаддуди ин хабар ва ривоят дар китобҳои мӯътабар ва машҳури дигар ҳосил мешавад ва гоҳ ба муҳтавои худи китоб, ки бисёр баланд ва амиқ аст.
Бинобар ин, китобҳои зиёде қабл аз Сайиди Разӣ – гирдоварандаи суханони ҳазрати Алӣ, навишта шудааст, ки бисёре аз хутбаҳо ва номаҳо ва калимоти “Наҳҷул-балоға” ё ғолиби онҳо дар он китобҳо омадааст. Яъне ин калимот қабл аз Сайиди Разӣ низ дар миёни донишмандон ва ровиён ва гоҳ дар миёни тӯдаҳои мардум машҳур ва маъруф будааст. Аз ҷумла муаррихи маъруф Масъудӣ (аз муаррихони аҳли суннат), ки ҳудуди як қарн қабл аз Сайиди Разӣ мезиста, дар китоби худ яъне “Муруҷуз-заҳаб”, дар бораи хутбаҳои ҳазрати Алӣ мегӯяд:
وَالَّذى حَفِظَ النّاسُ عَنْهُ مِنْ خُطَبِهِ فِى سائِر مَقاماتِهِ أرْبَعُ مِاَة وَنَیِّف وَثَمانُونَ خُطْبَةً
“Он чи мардум аз хутбаҳои ҳазрати Алӣ дар мавориди мухталиф ҳифз кардаанд, чаҳорсаду ҳаштоду чанд хутба аст.” (Муруҷуз-заҳаб, 2/419)
Ва ин дар ҳоле аст, ки хутбаҳои “Наҳҷул-балоға”, ки акнун дар даст аст, ҳудуди 240 хутба аст.
Донишманди маъруфи дигари аҳли суннат ба номи Сибт ибни Ҷавзӣ, дар китоби “Тазкиратул-хавосс” аз Сайиди Муртазо нақл мекунад, ки фармудааст, чаҳорсад хутба аз хутбаҳои Алӣ ба дасти ман расидааст. (Тазкиратул-хавосс, с.128)
Ҳамчунин Ҷоҳиз, донишманди маъруфи исломии дигари аҳли суннат, дар китоби “Албаёну ват-табйин” мегӯяд, хутбаҳои Алӣ мудавван ва маҳфуз ва машҳур аст. (Албаёну ват-табйин, 1/83)
Низ донишманди дигаре ба номи Ибни Возеҳ дар китоби худ яъне “Мушокалатун-нос ли замониҳим” мегӯяд: “Мардум аз Имом Алӣ хутбаҳои фаровоне ҳифз кардаанд, ӯ чаҳорсад хутба хонда ва мардум онҳоро ҳифз намудаанд ва ҳамонҳост, ки дар миёни мо роиҷ аст ва дар суханрониҳо аз он истифода мекунанд”. (Мушокалатун-нос ли замониҳим, с.15)
Ба илова, китобе таҳти унвони “Масодиру Наҳҷил-балоға” вуҷуд дорад, ки аз сӯйи ҷамъе аз уламо ва донишмандон нигошта шуда ва дар он, санади суханрониҳои ҳазрати Алӣ аз китобҳое, ки қабл аз Сайиди Разӣ навишта шудаанд оварда шуда. (Р.к ба китоби “Масодиру Наҳҷил-балоға”)
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар ин китоб он чи дар “Наҳҷул-балоға” омадааст, аз 114 китоби дигар гирдоварӣ шуда, ки беш аз 20 китоб аз онҳо марбут ба донишмандоне аст, ки қабл аз Сайиди Разӣ мезистаанд.
Ин нукта низ қобили зикр аст, ки шахси Сайиди Разӣ – гирдоварандаи “Наҳҷул-балоға”, дар лобалои калимоти худ дар ин китоб, аз 15 китоб ном мебарад, ки ӯ дар гирдоварии “Наҳҷул-балоға” аз онҳо истифода кардааст, ки иборатанд аз:

  1. Албаёну ват-табйин, таълифи Ҷоҳиз;
  2. Таърихи Табарӣ;
  3. Ал-ҷамал, таълифи Воқидӣ;
  4. Ал-мағозӣ, таълифи Саъид ибни Яҳё;
  5. Ал-мақомот, таълифи Абӯҷаъфари Искофӣ;
  6. Ал-муқтазаб, таълифи Мубаррад;
  7. Ҳикояту Абиҷаъфар Муҳаммад ибн Алӣ ал-Боқир;
  8. Ҳикояту Саълаба ъан Ибнил-аъробӣ;
  9. Хабару Зирориз-Забоӣ;
  10. Ривояту Абиҷуҳайфа;
  11. Ривояту Кумайл ибни Зиёд ан-Нахаъӣ;
  12. Ривояту Масъадата ибни Садақа ли хутбатил-ашбоҳ ъан ис-Содиқ Ҷаъфар ибни Муҳаммад;
  13. Ривояту Навф ал-Баколӣ;
  14. Мо закараҳу Абуубайд ал-Қосим ибни Салом мин ғариб ал-ҳадис;
  15. Мо вуҷида би хатти Ҳишом ибни ал-Калбӣ.
    “Наҳҷул-балоға” аз нигоҳи шореҳи он
    Дар идомаи посух ба пурсиши Шавкати Муҳаммад, инак қатрае аз суханони шореҳи “Наҳҷул-балоға” меоварам. Ибни Абилҳадид, ки аз аҳли суннат ва мӯътазилӣ аст, дар ҷилди 10 сафҳа 128-и шарҳаш бар ин китоб мегӯяд:
    إنّ كثيراً من أرباب الهوى يقولون: إنّ كثيراً من نهج البلاغة كلام محدَث، صـنعه قوم من فصحاء الشـيعة، وربّما عزوا بعضـه إلى الرضي أبي الحسن وغيره، وهؤلاء قوم أعمت العصبية أعينهم، فضلّوا عن النهج الواضح…
    وأنا أُوضّح لك بكلام مختصـر ما في هذا الخاطر من الغلط، فأقول: لا يخلو إمّا أن يكون كلّ نهج البلاغة مصنوعاً منحولا، أو بعضـه.
    والأوّل باطل بالضرورة; لأنّا نعلم بالتواتر صحّة إسناد بعضه إلى أمير المؤمنين رضي الله عنه، وقد نقل المحدِّثون كلّهم أو جُلّهم والمؤرّخون كثيراً منه، وليسوا من الشـيعة لينسبوا إلى غرض في ذلك.
    والثاني يدلّ عليه ما قلناه; لأنّ مَن قد أنس بالكلام والخطابة، وشدا طرفاً من علم البيان وصار له ذوق في هذا الباب، لا بُدّ أن يفرّق بين الكلام الركيك والفصيح والأفصـح، وبين الأصيل والمولّد، وإذا وقف على كرّاس واحد يتضمّن كلاماً لجماعة من الخطباء، أو لاثنين منهم فقط، فلا بُدّ أن يفرّق بين الكلامين ويميّز بين الطريقتين.
    ألا ترى أنّا مع معرفتنا بالشعر ونقده، لو تصفّحنا ديوان أبي تمّام، فوجدناه قد كتب في أثنائه قصائد أو قصـيدة واحدة لغيره لعرفنا بالذوق مباينتها لشعر أبي تمّام ونفَسـه وطريقـته ومذهـبه في القريض…
    وأنت إذا تأمّلت نهج البلاغة وجدته كلّه ماءً واحداً، ونفَساً واحداً، وأُسلوباً واحداً، كالجسم البسيط الّذي ليس بعض من أبعاضـه مخالفاً لباقي الأبعاض في الماهية، وكالقرآن العزيز، أوّله كأوسـطه، وأوسـطه كآخره… فقد ظهر لك بهذا البرهان الواضـح ضلال من زعم أنّ هذا الكتاب أو بعضـه منحـول إلى أمير المؤمنين على بن أبى طالب
    “Бисёре аз сарони аҳли ҳавову ҳавас иддао мекунанд, ки қисмате аз хутбаҳои “Наҳҷул-балоға” суханоне аст, ки тавассути бархе аз фасеҳони шиа аз ҷумла Сайиди Разӣ иншо ва ба Алӣ нисбат дода шудааст ва дар ҳақиқат сухани ӯ нест.
    Ингуна афрод касоне ҳастанд, ки чашмонашон дар асари асабият ва инод кӯр гашта ва аз сироти мустақим мунҳариф шудаанд ва ҳеч гуна иттилоъ ва ошноӣ бо шеваҳои сухан гуфтан надоранд ва ман бо мухтасар сухани иштибоҳи ононро равшан менамоям ва мегӯям:
    Шумо, ки дар сиҳҳати интисоби “Наҳҷул-балоға” ба Алӣ шак мекунед, кори шумо аз ду ҳолат хориҷ нест: ё ин ки мегӯед, тамоми “Наҳҷул-балоға” сохтаи дигарон аст, ё бархе аз он:
    (Сурати аввал) қатъан ботил аст, чун ки сиҳҳати санади баъзе аз он ба амири мӯъминон Алӣ ба тавотур собит шудааст ва мо ба он яқин дорем ва тамом ё аксари муҳаддисон ва таърихнависони ғайри шиа бисёре аз хутбаҳои “Наҳҷул-балоға”-ро нақл кардаанд ва наме‏тавонем онҳоро дар маърази иттиҳоми ғаразварзии хосс қарор диҳем.
    (Ва аммо сурати дувум) ва иддаои ин ки бахше аз “Наҳҷул-балоға” гуфта‏ҳои Алӣ нест, ин эҳтимол низ нодуруст аст, зеро касе, ки бо суханронӣ ва хитоба маънус бошад ва завқи адабиёти арабӣ дошта ва аз илми баён чизе бидонад, ҳатман миёни каломи фасеҳ ва ғайри он ва ҳамчунин миёни каломи фасеҳ ва фасеҳтар фарқ мегузорад ва агар китобе ба дасташ расад, ки дар он суханони ҷамъе аз гӯяндагони машҳур бо суханони фақат ду нафар аз онон навишта шуда бошад, ҳатман миёни он ду сухан фарқ мегузорад ва шеваи сухан гуфтани ҳар кадомро мешиносад. Масалан, агар дар лобалои девони шеъри Абӯтаммом касе байтҳоеро аз пеши худ изофа кунад, афроди бо завқ ва шеършинос ба роҳатӣ он ашъори дахилро ташхис медиҳанд.
    Бинобар ин, агар шумо дар “Наҳҷул-балоға” диққат кунед, хоҳед дид тамоми он ҳамчун оби зулол воҳид ва бо як шева ва як нафас гуфта шуда ва ҳамонанди ҷисми басите аст, ки моҳияти тамоми аҷзоъи он яксон аст.
    “Наҳҷул-балоға” аввали он ҳамонанди васаташ ва васати он ҳамчун охираш ва ҳар сухане аз он дар фанни фасоҳат ва роҳу равиш ва назми суханронӣ ҳамчун дигар суханони он аст. Ва агар бархе аз хутба‏ҳои “Наҳҷул-балоға” сохтагӣ ва фақат қисмате аз он суханони Алӣ буд, ҳаргиз ин гуна якнавохт набуд.
    Пас, бо ин далели возеҳ ва равшан собит шуд, касоне, ки гумон мекунанд тамоми “Наҳҷул-балоға” ё бахше аз он сохтагӣ аст, дар гумроҳӣ ба сар ме‏баранд.
    Аз он гузашта, агар мо ин маъниро бипазирем ва дар “Наҳҷул-балоға” ташкик кунем, дигар ҳеч итминон ба ҳеч ҳадисе пайдо нахоҳем кард ва дар ҳама чиз ва ҳар нақле ин эҳтимол хоҳад омад, ки нодуруст бошад ва сохтаи шахсе ё ашхоси дигаре буда ва ба Паёмбар ё яке аз хулафо ба дурӯғ нисбат дода шудааст ва ҳар посухеро, ки ин гӯянда нисбат ба аҳодиси Паёмбар (с) ва ё яке аз асҳоб ме‏диҳад ва ёварони Алӣ метавонанд ба ҳамон далел истидлол кунанд дар нисбат додани “Наҳҷул-балоға” ва ғайри он ба амири мӯъминон Алӣ ва ин матлаб бисёр возеҳ ва ошкор аст…” (Шарҳи Наҳҷул-балоға, Ибни Абиҳадид, 10/128)
    Гуфтори уламо дар бораи “Наҳҷул-балоға”
    1) Шайх Муҳаммад Абдуҳ, яке аз уламои барҷастаи аҳли суннат ва муфтии Миср, дар муқаддимаи шарҳаш бар “Наҳҷул-балоға”, ба таври қатъ тамоми онро аз суханони амири мӯъминон мешуморад ва мегӯяд:
    ذلک الکتاب الجلیل هو جملةً ما اختاره السید الشریف الرضي رحمه الله من کلام سیدنا ومولانا أمیرالمومنین على بن أبى طالب کرّم الله وجهه جمَعَ متفرقة وسمّاهُ هذا الاسم «نهج البلاغه» ولا أعلم اسماً ألیَق بالدلالة على معناه منه ولیس فى وسعي أن أصف هذا الکتاب بأزیَد ممّا دلّ علیه اسمُه ولا أن آتى بشىء فى بیان مزیته فوق ما أتى به صاحب الاختیار
    “Ин китоби арзишманд баргузидаест, ки онро Сайиди Шариф Разӣ – раҳимаҳуллоҳ! — аз суханони мавлоямон амири мӯъминон Алӣ ибни Абӯтолиб — каррамаллоҳу ваҷҳаҳ! — гузиниш ва интихоб намуда ва дар якҷо ҷамъ карда ва парокандагии онҳоро бартараф сохта ва онро “Наҳҷул-балоға” номидааст ва ҳеч номеро сазовортар аз он суроғ надорам, ки далолат бар маъонӣ ва муҳтавои он кунад. Ман аз тавсифи ин китоб ва баёни вежагиҳои он — беш аз он чи номаш бар он далолат дорад ва ҷуз он чиро, ки гирдоварандаи он гуфтааст — оҷиз ва нотавонам…” (Қисмате аз муқаддимаи Шарҳи Наҳҷул-балоға, Шайх Муҳаммад Абдуҳ)
    2) Шайх Маҳмуд Шукрӣ Олусӣ – аз уламои барҷастаи аҳли суннат:
    هذا کتابا قد استودع من خطب الإمام علی بن ابی‌طالب ما هو قبس من نور الکلام الإلهي وشمس تضيء بفصاحة المنطق النبوي
    “Ин китоб (“Наҳҷул-балоға”), ки ҳовии хутбаҳои Имом Алӣ ибни Абӯтолб аст, партаве аз нури сухани илоҳӣ дорад ва хуршеде аст, ки бо фасоҳати мантиқи набавӣ медурахшад…” (Масодиру Наҳҷил-балоға, с.91)
    3) Шайх Ноил Марсафӣ – олими мисрӣ ва аз донишмандони Алазҳар:
    نهج البلاغة ذلک الکتاب الذي أقامه الله حجة واضحة علی أن علیّاً کان أحسن مثال حيّ لنور القرآن وحکمته وعلمه وهدایته وإعجازه وفصاحته. اجتمع لعلي فی هذا الکتاب ما لم یجتمع لکبار الحکماء وأفذاذ الفلاسفة ونوابغ الربانیین من آیات الحکمة السابغة وقواعد السیاسة المستقیمة
    “Наҳҷул-балоға мисоли зиндае аст барои нур ва ҳикмат ва илм ва ҳидоят ва эъҷоз ва фасоҳати Қуръон, ин китоб ҳовии ҳикматҳои олӣ, қавонини сиёсӣ ва мавъизаҳои дурахшоне аст, ки дар китобҳои бузургони ҳукамо ва фалосифа ва навобиғ дида намешавад….” (Муқаддимаи Марсафӣ бар шарҳи Наҳҷул-балоға)
    4) Аббос Маҳмуд Аққод – донишманд ва муаррихи мисрӣ:
    في کتاب نهج البلاغه فیض من آیات التوحید والحکمة الإلهیّة تتّسع به دراسة کل مشتغل بالعقائد وأصول التالیة وحکم التوحید
    “Дар китоби “Наҳҷул-балоға” файзе аз оёти тавҳид ва ҳикмати илоҳӣ вуҷуд дорад, ки зеҳни донишҷӯи маорифи илоҳӣ ва усули тавҳидро тавсиъа медиҳад…” (Абқариятул-Имом; Аббос Маҳмуд Аққод, с.132)
    5) Закӣ Муборак – адиби машҳури мисрӣ:
    لا مفرّ من الإعتراف بإنّ نهج البلاغه له أصول والّا فهو شاهد علی أن الشیعة کانوا من أقدر الناس علی صناعة الکلام البلیغ
    “Чорае нест ҷуз ин ки бояд эътироф кунем “Наҳҷул-балоға” асолат дорад ва аз асли мӯътабар нақл шудааст, вагарна бояд бигӯем, шиа тавонотарин мардуми ҷаҳон дар сохтани каломи балиғ аст…” (Масодиру Наҳҷил-балоға, с.78)
    Ва ҳам ӯ (Закӣ Муборак) гӯяд:
    وإنّي لأعتقد أنّ النظر فی کتاب نهج البلاغه یورث الرجولة والشهامة وعظمة النفس، لأنّه من روح قهّار واجه المصاعب بعزائم الأسود
    “Ман мӯътақидам, ки мутолеаи китоби “Наҳҷул-балоға” руҳи шаҳомат ва мардонагӣ ва азамати нафсро тақвият мекунад; зеро аз руҳи пуртавоне содир шудааст, ки дар душвориҳо бо ҳиммати шервори худ мувоҷеҳ мешуд..” (Абқария, Закӣ Муборак, 1/296)
    6) Муҳаммад Абдулғанӣ Ҳасан – адиби мисрӣ:
    ولن نعيد هنا القول في ما لوى به بعض المتعنّتين أشـداقهم من أنّ نهج البلاغة هو من كلام الشريف الرضي نفسه وأنّه ليس للإمام عليّ كرّم الله وجهه ; فتلك قضية أحسن الدفاع فيها: ابن أبي الحديد في القديم، كما أحسن الدفاع عنها في زماننا هذا: الشيخ محمّـد محيي الدين عبـد الحميد
    “Мо дигар дар ин бора, ки баъзеҳо даҳон каҷ карда гуфтаанд, ки “Наҳҷул-балоға” аз гуфтори Сайиди Разӣ аст ва аз худи Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу намебошад, сухан намекунем. Ин, қазияе аст, ки барои радди он, гуфтаҳои Ибни Абилҳадид дар қадим ва дифоиёти Шайх Муҳаммад Муҳйиддин Абдулҳамид дар замони мо, кофӣ ҳастанд…” (Ақволул-уламо вал-удабо фи Наҳҷил-балоға) (Сайидюнуси. И)