Доғистон порае аз тани Эрони бузург аст, ки мутаасифона бештар аз дусадсол мешавад ки ин сарзамини ориёӣ дар қаламрави ҳокимияти Эрон нест. Дар қатори дигар сарзаминҳои дар гузашта мансуб ба Эрон ишғол гардид. Дусадсол пеш 12 октябри соли 1813 Доғистон дар қатори бахшҳои зиёде аз сарзаминҳои кишвари бузурги эронзамин бо далели ноуҳдабароии сиёсии Фатҳалишоҳ Қочор ва ба иллати қарордоди нангини Гулистон аз пайкари Эрон ҷудо гардид.

Дар фасли саввуми қарордоди марбут омадааст, ки Доғистон аз Эрон ҷудо шуд. Акнун сарзамини Доғистон бо вилоёту шаҳрҳояш аз ҷумлаи Қарабоғ, Шервон, Қавба, Дарбанд, Қизлар ва дигар хоку бумаш дар ҳайати Русия мебошад.

Тамоми Доғистон, Гурҷистон, Абхозиё то канори дарёи Ҳазар, ки тобеъ Русия, ё таҳти итоат ин кишвар дониста мешавад, ҳама сарзаминҳои Эрон буд.

Аз даст рафт, вале ба ҳар ҳоле аслро ҳифз кардааст

Дар андӯҳ ин бохти таърихӣ байте аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ моро умедвор мекунад:

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Доғистон аз пайкараи Эрон ҷудо шуд, порае аз тани Эрон бурида шуд, аммо фазо ҳамоно эронист, фарҳангу тамадун ҳамон порсист. Аз ҳамин ҷиҳат Доғистон ягона минтақае дар Руссия мебошад, ки аз ҳамаи шаҳрҳои мусалмоннишини ин кишвар фарқ мекунад.

Ҳангоми намоз дар шаҳрҳои Доғистон ба монанди шаҳри Дарбанд, Махачқала, Қизлар азон тибқи мазҳаби ҷаъфарӣ гуфта мешавад, шунаванда худро дар Теҳрону Машҳад, Қуму Исфаҳон, Шерозу Нишопур эҳсос мекунад, ки чунин фазо дар ҳеҷ минтақаи Руссия дида намешавад. Новобаста аз ин ки дусадсол гузашт, эҷоди қавмгароӣ фаровон шуд, вале дар Доғистон омӯзаҳои исломии эронӣ дида мешавад, ки ин хеле дилпазир аст.

Дар ин сарзамин мусалмонон бе ҳеҷ гумону дудилагӣ метавонанд, ки дар тамоми чойхонаву ресторонҳояшон ғизо бихӯранд, зеро дар ин кишвар ғизои ҳалол бо қавонини исломӣ таҳия мешавад.

Доғистон ба унвони як сарзамини мусалмонӣ бо фарҳанги эронӣ дар ҳайати Руссия ғарибмонда аст. Номвожаҳо дар Доғистон тибқи қавонини исломӣ ва фарҳанги порсӣ, ҳамонгунае ки дар кишварҳои порсизабон аст.

Пас аз ду қарн ҳам мардумони бумии ин сарзамин ба монанди озариҳои эронитабор, ки дар шаҳри Дарбанду Махачқалъа зиндагӣ мекунанд худро масъули пос доштани фарҳанги бостонии ин сарзамин медонанд, так-таки онҳо фарҳанги худро эронӣ ва сарзаминашонро ҳам порае аз Эронвиҷ мешуморанд.

Дар донишгоҳҳои давлатии Доғистон барои тамоми донишҷӯён курси забони порсӣ омӯзиш дода мешавад, хушбахтона ҳувияташонро гум накардаанд. Мутаасифона ин мо ҳастем, ки ҷиддан дар фикри густариши фарҳангу забони худ нестем. Густариши забони порсӣ дар Доғистон аз замони давлатдории Сосониён оғоз мешавад.

Эрониҳо дар Доғистон пеш аз Ислом зардуштӣ будаанд ва таблиғоти дини зардуштиро мекардаанд, нақши фарҳанги эронӣ дар дару девори ин сарзамин дида мешавад. Ҳарҷоеро дар Доғистон бишкофед ҳатман як нишоне аз торихи мо онҷо ҳаст.

Мо эрониҳо дар Доғистон хелле бунёдгузорӣ кардаем, ки якеаш шаҳри Дарбанд аст.

Имрӯз шаҳри Дарбанд яке аз шаҳрҳои қадим дар Руссия ба шумор меравад, ки он ба дасти Қабоди Эронӣ бино шудааст, эрониён девори дифоии Дарбандро сохтаанд. Беш аз сӣ катибаҳо бар рӯйи деворҳои сангии Қалъа дар ин шаҳр ҷой дорад, ки ҳама ба забони паҳлавӣ навишта шуда, дорои арзишҳои торихианд.

 Асарҳои паҳлавиро дар рустоҳои ин шаҳр ҷустуҷу кунед, мебинед, ки мардумони рустоҳои ин шаҳр аз вижагиҳои забони паҳлавӣ дар гӯиши худ доранд, ҳарчанд имрӯз забони русӣ ва озарӣ низ бар забонҳои доғистонӣ таъсиргузор гаштааст.

Сокинони ин шаҳр шиъамазҳабони эронитаборанд. Шаҳри Дарбанд аз лиҳози фарҳангиву торихӣ дувумин шаҳри Доғистон аст. Ин шаҳр ба дасти яке аз шоҳони сосонӣ таҷдиди бино шуд, рӯзгоре ба дасти шоҳони гуногун афтод ба монанди Абоси Сафавӣ, замоне Нодиршоҳ аз дасти туркон баргардонид, Туркмончой онро аз Эрон ҷудо сохт ва хулоса бо ин тавр кашмокашиҳо ба дасти русҳо афтод.    

Дар дару деворҳои шаҳрҳову рустоҳои Доғистон ҳама катибаҳо, осори адабии сосониҳо, забони паҳлавӣ боқӣ аст. Дар канори забони паҳлавӣ забони порсии дарӣ низ дар катибаҳои ин шаҳр боқист. Маҳалаҳои ин шаҳр, масҷидҳо торихӣ мебошанд, ки дар ҳар кадоме аз онҳо навиштаҳое вуҷуд дорад, номҳои ин масҷидҳо порсианд, сангҳои болои қабрҳо, мазорҳои Доғистон бо катибаҳои порсӣ навишта шудааст, номи ин қабристонҳо ҳам порсӣ мондааст. Девори баланди сангии дифоии шаҳри Дарбандро дар замони подшоҳии Хусраву Анушервон бунёд карда шудааст. Бо фармони шоҳ Нушервон рустои Ахтӣ обод гашта, пур аз осори эронӣ гашт.

Тахти шоҳи сосонӣ Яздигурд онҷо буд, тахти Кайхусрав онҷо бурда шуд, макони мубалиғони зардуштиён дар ин сарзамин буд. Ҳамаи ин маворид гувоҳ бар ворисии ориётаборони порсигуй мебошад. Бо такя ба баъзе манобеъи торихӣ яке аз ҳавзаи пайдоиш ва густариши забон ва адабиёти эронӣ Доғистон будааст. Бостоншиносон сол ба сол катибаҳоеро пайдо менамоянд, ки ҳама бо забони паҳлавӣ навишта шудааст.

Номи шоҳони Эрон дар катибаҳо ба чашм мехӯрад. Дар Доғистон ёдовариҳо дар бораи китобхонаҳои шахсӣ, маҷмуаҳои хаттии масоҷид, нусхаҳои хаттӣ дар донишкадаҳои торихшиносӣ, бостоншиносӣ, нажодшиносӣ дар бораи катибаҳо ва осори торихии эронӣ пур аст.

Фареҳтагони Доғистон, шоирон, нависандагон ба забони порсӣ китобҳо навиштаанд, “Гулистон” ва “Бӯстон”, “Девон” – и Ҳофиз ва “Шоҳнома” – ро ба забонҳои мардуми Доғистон тарҷума кардаанд. Намунааш ин ки Муҳаммад Шафиъӣ Анворӣ “Калила ва Димна” – ро аз арабӣ ва гулчини ашъори порсиро ба забони аварӣ тарҷума намуд ва гузидаи ашъори “Гулистон”-и Саъдиро бо шарҳаш ба арабӣ ва порсӣ барои донишомӯзон таълиф кард.

Магар чунин нест, ки ҳамаи ин маворид баёнгари истиқболи мардуми Доғистон аз забони порсӣ бошад? Новобаста аз мушкилоти марзиву дурӣ аз ҳамзабонони хеш ба тадриҷи таъсири фарҳанг ва адабиёти порсӣ чандон афзоиш ёфта, ки худи доғистониҳо шуруъ ба таълиф ва навиштани осоре ба забони ширини порсӣ карданд. Шоирон, уламо ва нависандагони зиёде буданд ва ҳастанд, ки худи онҳо аз мардуми Доғистон вале ғайрипорс буда, лекин барои баёни афкор забони порсиро интихоб кардаанд. Онҳо порсиро як забони илмӣ ва фарҳангӣ медонистанд ва медонанд.

Дар Доғистон беш аз 35 забони гуногун аст, ки забони порсӣ дар ҳама забонҳои доғистонӣ таъсир гузоштааст. Забонҳои доғистонӣ пур аз вожаҳои порсист. Дар Доғистон забоне нест, ки аз вожаҳои порсӣ бениёз бошад, нест қавме ки сунату урфу одатҳои эронӣ дар миёни онҳо набошад. Аз ин рӯ равобити Доғистон бо ҷомеаҳои порсизабон бояд хелло наздик гардад, омӯзиши адабиёти порсӣ дар Доғистон бояд хуб бар роҳ монда шавад, доғистониҳо бояд бештар дар риштаи эроншиносӣ бикӯшанд.

Хайриддини Абдуллоҳ