Ба Кумитаи забон, ба Иттиҳоди нависандагон, ба шоирон ва ба руҳониёни тоҷик ва ба омӯзгорону донишҷӯён ва ба ба ҳар тоҷике, ки худро зиёӣ меҳисобад дарду дархосту дуъо дорам.
Шумо намояндаи нажоде ҳастед, ки тамоми ҷаҳонро донишу фарҳанг дода ва поягузори дониш, фарҳанг ва давлатдорист. Шукри Худо, ки имрӯз дорои давлатдорӣ ҳастед, Пешво миллате доред, ки тамоми ҳастияшонро барои мардумаш фидо намуд, кишварро аз хунрезӣ раҳо намуда, ягонагии давлатро ҳифз кард. Гумгаштаҳои фарҳангиро зинда намуд, ториху забон, хат ва расму русум, арзишҳои миллиро дар ҷаҳон шиносонд ва дар кишвар зинда намуд, донишмандони миллатро вориси арзанда гашт, кишварро ба гулистону фарҳангистон мубадал намуд, ки имрӯз хушбахтона умедгоҳи порсигуён дар ҷаҳон гаштааст. Қадри ин ҳама хизмату ҷонбозиҳоро бояд донист.
Зиёиёни азиз! Шумо дорои забоне ҳастед ки забони модарии донишмандони динӣ ва даҳрӣ буда бо ин забон тамоми осори ҷаҳонии хешро навишта, номи забонашонро порсӣ номидаанд, хаташон ҳам “дабираи порсӣ” номида буданд. Пас чаро то ба ҳануз номи забонамонро бо унвони аслии худ “порсӣ” чашми дидан надоред, ном намебаред, майли навиштан ва бозгашт ба алифбои худ нестед? Ҳануз ҳам дар гушаи бепарвоӣ нишастаед.
Муҳтарам шоирон ва нависандагони гиромӣ! Шумо дорои дабирае хешед, ки тамоми шоир ва нависандагон аз Рудакиву Фирдавсӣ то Лоҳутиву Айнӣ бе ҳеҷ миннате ба порсӣ ҳамаи осори хешро навиштаанд, бо кирилии бегона ҳеҷ чизе нанавиштаанд. Пас шуморо чӣ шудааст, ки аз дабираи худ нафрин доред, ёд намегиред, на хонда метавонеду на навишта. Чаро? Ва касоне, ки хондаву навиштани дабираи ниёгонро баладанд, пас чаро ҳангоме ки як мақола ё шеъру ғазал, ки бо хати кирилии бегона дар интернет мунташир мекунед, дар зераш ба хати ниёгон ҳам наменависед, то тамоми ҷаҳони порсизабон аз навиштаҳои шумо огоҳ шавад ба ҷуз ин чаҳор нафари мардуми гирди худатон. Модоме, ки шумо худ дар ин сатҳ бепарво, хунукназар ва беғамед, намехоҳед намуна бошед, дигар аз мардуми одӣ ва кӯдакон чӣ интизор шавем. Сабаб дар чист? Чӣ чиз шуморо занҷири по гаштааст? Ё ҳанӯз ҳам новобаста аз он ки шуравӣ кайҳо аз байн рафта, шумо ҳанӯз ҳам он сиёсатро пеш мебаред? Ва ё аслан мушкил дар худи шумост, ки на дарке дореду на дарде? Пас чист? Бигуйед!
Рӯҳониён, домуллоҳо, сайидзодаҳо, суфиён ва орифони гиромӣ!
Шумо ворисони бузургонед, ки дар ҳамаи гушаи дониши динӣ натанҳо донишманд балки поёгузори он дониш дар ҷаҳони исломанд. Дар илми тафсир Табарӣ, Фахруддини Розӣ ва дар илми фиқҳ Абуҳанифа, Ғазолӣ, дар илми ақида Имом Мотуридӣ, дар илми ҳадис Бухорӣ, Муслим, Тирмизӣ, Абудовуд, Нававӣ ва даҳҳо шахсияти донишманд аз нажоди тоҷиканд. Дар тасаввуф Баҳоудинни Нақшбанд, Абдулқодири Гилонӣ, ки ин шахсиятҳо поягузоранд на донишманди муқалид. Агар донишмандҳоро номбар кунем танҳо номҳояшон китобро фаро мегирад. Паёмбари Худо Муҳаммад(с) чунин сифат карда, ки илм агар дар сурайё бошад, мардони форс ба он даст меёбанд.
Агар ин ҳама роҳ чунин буда, пас чаро шумо чунинед? Андеша гуфтор ва рафторатон ҳама хилофи бузургони гузаштаи хеш аст. Ба ҷои он ки дунё аз шумо биомӯзад, балки худ гумроҳ гаштаед. Ба ҷуз чор ҳарфи такрор аз худ чизе надоред.
Аз худ пурсед, ки оё боре ҳам қалам ба даст гирифта ҳади ақал як асаре, ё мақолае навиштаед? Оё монанди руҳониёни гузашта ҳунари хонишу дониш ва аҳли қалам буданро доред? Чанд шогирди солим донишманди аҳли қалам омода намудед, ки миллату давлат тавонад бо онҳо такя кунад?
Агар чунин нестед пас аз аҳли тамбалонед, ки коратон хӯрдану хобидан ва авомфиребист, бо ҳарфҳои такрори омиёна дар ҷое нишастаед ва машғули мардумфиребиед, намехезед ба худсозиву хештаншиносӣ намепардозед. Ва гурӯҳе ҳам аз шумо гумроҳкунандагонанд, ки сабаби гумроҳии мардум буда, корашон ихтилофу фитна, ҳамла болои арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ифроту тафрит такфир карданро дар зеҳни мардум мекоранд, коррашонро ба ҷойе расондаанд, ки падаро бо писар ҷангониданд, аз фарзандони миллат “ваҳҳобии салафӣ”, терористу экстримист омода намуда хуни ҳазорон инсонҳои бегуноҳро мерезонанд.
Аммо ин тоифа руҳониёни гумроҳкунанда худ дар гӯшае нишаста, парвои чизе ва касе надорад, ҳатто худро заррае ҳам гунаҳгор намеҳисобад. Садҳо ҷавон бо фатвоҳои ифротии додааш, мағзшӯиҳои ифротгароиҳояш дар зиндонҳо ранҷ мекашанд, онҳое ҳам, ки дар озодиянд гурӯҳеш аз пайи гумроҳ намудани дигаронанд ва гурӯҳе дар сафи терористон хуни ҳазорон инсонҳои бегуноҳро аз номи Ислом мерезанд. Чаро ин тоифаи аблаҳ мардонавор намехезад аз мардум пузиш намехоҳад, намегӯянд, ки фатвои додаашон аз рӯйи аблаҳиву ноогоҳиву бесаводияшон буд, то муридону пайравони гумроҳкардаашон заррае ҳам бошад даст кашанд аз ҳамла болои арзишҳои миллӣ, ифроту тафрит, қатлу куштор.
Оё то чанд сол пеш ҳамин тоифа руҳониёни расмии кишвар набуданд, ки аз минбарҳои масҷидҳо дар рӯзҳои хутбаҳои намози ҷумъа, дар ҳузури ҳазорон ҳазор пиру ҷавони ин миллат фарёдзанон мегуфтанд: “Шиъа мазҳаб ҳам нест, агар ман ъайби шиъаёнро гӯям шумо ягон шиъаро зинда намемонед”, “ Суфиён мушриканд”, “Наврӯз ҳаром аст, ҳарки ҷашн мегирад аз Ислом хориҷ мешавад”, “ҳарки соли нави масеҳиро ҷашн гирад, занаш талоқ мегардад”, “хондани китобҳои шеър бидъат аст, нахонед, ба ҷои шеър Қурон ёд гиред, магар мемуред”, “ санги болои қабрҳо бидъат аст, канда партоед”, “аз номҳои миллии Ҷамшед, Фирӯз, Рустам, Хуршед, Хусрав ва монанди инҳо даст кашед, номҳои исломӣ (арабӣ) гузоред ба фарзандонатон”, “Зардушту Куруши Кабирро ном набаред, онҳо кофир буданд, ифтихор бо онҳо гумроҳист”…
Ин тоифа руҳониёни гумроҳкунанда солҳои сол аз минбарҳои масҷиди кишвар ҷакиданд, миллатро гумроҳу ифроти намуданд, бо арзишҳои баландии миллӣ ҷангиданд.
Акнун имрӯз, ки ба дом афтодаҳои ин тоифа бо таъсири мағзшуйии он руҳониён ба кишварҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон шиъакушӣ меравад, таблиғоти терористии кишварҳои хориҷиро пеш бурда, бар зидди кишвари ҳамзабонамон Эрон таблиғот зидди давлативу мазҳабӣ мебаранд, гурӯҳе дар кишвар сарви солинавиро месӯзонад, сангҳои болои қабрҳоро мешиканад, дар хонаҳо писар бо падару модар аз рӯйи ҷашни Наврӯз даст бар гиребони якдигар мешаванд, кӯдакон мағзшуӣ шуда, аз ҳифзи шеър даст мекашанд, ба падару модар ва бо муалимон сарбасар мешаванд.
Ман каме аз ин ҳарзаҳоро мисол овардам, ҳарзаҳои ин тоифа рӯҳониён дар шабакаҳои интернетӣ пур аст, зеҳни ҳазорон ҳазор мардумро хароб мекунад. Роҳи ҳалли ин мушкилро бояд пеш гирем.
Чаро ҳади ақал инҳо расман ба мардум эълон намекунанд, ки фатвоҳои додаашон нодуруст аст, то мардум ба худ оянд аз гумроҳ кардан, ифроту тафрит ва ҷиноят даст кашанд. Ҷавонони тоҷик аз руйи нодонӣ ва ноогоҳӣ ҳарфҳои инҳоро такрор мекунанд, пахш менамоянд ё лойк монда, зиндонӣ мешавад.
Ин якчанд пешниҳод аз миёни садҳо мушкил ва камбудиҳое буд, ки рӯйи варақ овардам.
Аз ҳукумати кишвар умеди бузург ва боварии яқин дорам, ки дар ояндаи бисёр наздик ин мушкилҳоро бо роҳи мутамаддин, бо роҳи рушди маорифу расонаву синамо ҳал мекунад ва дар миёни ҳамаи кишварҳои форсизабон Тоҷикистон ба маркази тамадун ва ормони порсизабонони ҷаҳон табдил хоҳад шуд, ҳамаи арзишҳои фарҳангӣ, расму русуми некӯи миллӣ дар ин сарзамин зинда хоҳад гашт, аз зиндагӣ ва эҷоди Абуалӣ Сино, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Низомӣ, Бухорӣ, Тирмизӣ ва даҳҳо аз нобиғаҳои тоҷик филмҳо сохтан зарур аст, то таърихдуздони понтурист ҷуръати ғасб намудани мероси фарҳангии моро надошта бошанд. Дӯстӣ ва равобит миёни форсизабонон бештар гашта дар баробари бадхоҳон ва душманони кишварҳои бегона монанди як кӯҳ устувор хоҳад гашт.
Хушбахтона Шӯравӣ сӣ сол пеш пош хӯрдааст ва умед аст, ки бо иқдоми бузурги Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон Тоҷикистон аз хати кирилии бегона ба хати милии худ форсӣ рӯ меоварад ва забонамон бо унвони аслии худ “забони порсӣ” расман ном бурда хоҳад гашт, ки дигар ҳеҷ бадхоҳе, душмане нобиғаҳои порсизабон Рӯдакиву, Фирдавӣ, Саъдӣ, Сино, Берунӣ, Хоразмӣ, Хаём ва садҳо нобиғаро аз тоҷик бегона нишон надиҳад.