ТАБЛИҒИ ШАХСИЯТИ Ӯ ЧӢ ХАТАР ДОРАД?
Ба ҷавонон: Барои як like дар зери мавъизаи Ансорӣ ба озодии худ таҳдид мекунед.
Ва-гар бинам, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинам, гуноҳ аст.
Саъдӣ
Мавзӯеро мехоҳам ҳамчун огоҳӣ ва пешгирӣ аз шикастҳо баррасӣ кунам, то ҷавонон аз гумроҳӣ зиндонӣ нашаванд. Пас аз ҳалокати воизи ҳиротӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, ки ҳаводоронаш ӯро “мавлавӣ” хитоб мекунанд, гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик бо тақлид ба ҳамдигар аксу видео ва суханрониҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғу ташвиқ намуда, ба маргаш мотам гирифтаанд.
Муҷибурраҳмон Ансорӣ яке аз воъиз, қозиву фатводеҳ ва шадидтарин пуштибон ва аъзои ҳаракати терористии “Толибон” * буд ва таблиғи ӯ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мубаллиғро ба зиндон мебарад. Ҷавонон инро медонанд, ё шояд надониста, таблиғ мекунанд.
Медонам, ки дар фарҳанги мо аз паси фавтида ҳарф задан хуб нест. Аммо шинохти динии ҷавонони имрӯз таҳрир мехоҳад, аз ин рӯ назари худро дар бораи Ансорӣ зарур медонам, баён кунам.
Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ кист? Кӯтоҳ, аз шинохти инҷониб:
Муҷибурраҳмон Ансорӣ шаҳрванди Афғонистон, дар донишгоҳи ваҳҳобияи Арабистони Саъудӣ омӯзиш дида, ақоиду афкори ваҳҳобияро омӯхта ва пазируфта, онро ҳадаф ва роҳу равиши худ қарор додааст.
Муҷибурраҳмон Ансорриро аз рӯйи таблиғоти ваҳҳобиву салафигароиаш донишмандони ҳанафия, пайравони тариқату тассавуф ифротӣ мешиносанд, ҳукумати вақт аз сарзамини Афғонистон ҳамчун ифротӣ бадарғааш карда буд. Ӯ пас аз ихроҷ аз Афғонистон бо гурӯҳҳои ҳамақоидаш якҷо шуда, дар шабакаҳҳои “Висоли Ҳақ”, “Калима”, “Нур”, “Тавҳид” кор кард. Паҳн намудани барномаҳои шабакаҳои мазкур дар Русия ва Тоҷикистон ҷиноят ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин шабакаҳо воситаи таблиғи ақоиди ифротии ваҳҳобияву салафия ба шумор мераванд. Ансорӣ ба ҳайси муҷрӣ ва сухангӯи ин шабакаҳо кор кард, то замони бар сари қудрат омадани гурӯҳи хунхори терористони “Толибон”* дар Афғонистон. Ва ҳамин, ки Толибон” ҳукуматро бо найрангу ваҳшиёна ғасб карданд, дарҳол Муҷибурраҳмон Ансорӣ омада, ба ҳайси қозӣ ва воъизи дараҷаи аввали ҳукумати ифротгарои “Толибон”* гардида, кораш дар меҳробу минбар ҳимоят аз ин низоми табиатан хунхор буд, мардумро ба ҷонибдорӣ низом мекард.
Муҷибурраҳмон фатво дод, шахсони алоқаманд ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва зидди давлати “Толибон”* аст, сар бурида шавад.
Ӯ рӯҳонӣ ва аз ҷумлаи чеҳраҳои тундрав буд, ки мавқеъгириҳояш дар сатҳи уламои огоҳ пайваста мавриди баҳс қарор мегирифт.
Муҷибурраҳмони Ансорӣ, яке аз сардорони аъзои гурӯҳи терористии “Толибон”* буд, ки ин гурӯҳи бо шиори дин фарҳангсӯз дар кишвари Тоҷикистон мамнӯъ дониста мешавад.
Ба ҳаводорони Ансорӣ:
Дониста бошед, ки дар ҳар гӯшаи дунё ки ҳастед, таблиғ ва пуштибонӣ аз Муҷибурраҳмон Ансорӣ, наворҳои ӯро пахш кардан, дар андешанависӣ пуштибонӣ аз ӯ кардан, ё писандидан(класс, ё лойк) дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад. Ҳатто суханрониҳои гузаштаву минбаъди рӯҳониёне, ки ошкор тарафдорӣ аз Ансорӣ намудаанд, ҳамчун гурӯҳи тундрави “толибонӣ” пазируфта шуда, гӯш кардану пахши наворҳои амри маъруфи онҳо, хатари рафтан ба зиндонро дорад.
Аз инрӯ ҳушёр бошед, худро ба дасти худ аз ҷоҳиливу бехирадӣ ба дом наандозед, фирефтаи рӯҳониёни макору тундрав ва инчунин гирифтори дигар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Русияву Тоҷикистон машавед. Падарону модарони худро аз ғаму ғурбат нобуд накунед, занҳои худро бева ва кӯдакони худро ятиму дарбадар, хору залил нагардонед.
Падарону модарони азиз!
Илоҷи воқеъа пеш аз вуққӯъ мегӯянд. Огоҳ будани шумо аз гироишҳои динии фарзандони ҷавон хеле муҳим аст. Аз куҷо медонед, ки фарзанди ҷавон дар чӣ ақоиду роҳу равиш аст. Бигзор дар роҳи дин бошад ва огоҳонаву осоишта.
Аз куҷо ин ҳама ҷаҳолат?
Ҷомиаи исломиро ду гурӯҳ пурмоҷаро кард: рӯҳҳониёни гумроҳи ифротӣ ва пайравону муқаллидони бесаводашон. Худоё, ҷомиаи моро аз ин ду гурӯҳ тоифаи динсӯзу фарҳангсӯз ва гумроҳкунанда наҷо бидеҳ.
* “Толибон” – созмоне, ки дар Русия, Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мамнӯъ ва терористӣ эътирофшуда, ки пуштибонӣ аз ин созмон ҷиноят ба ҳисоб меравад.
Хайриддини Абдуллоҳ
