Дар мақолаи мазкур шахсият, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти динӣ, маърифатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, забоншиносӣ ва иҷтимоиёти Хайриддини Абдулло дар муҳити муҳоҷирати тоҷикон дар Федератсияи Россия аз мавқеи фалсафаи дин, фалсафаи фарҳанг, назарияи ҳувият, маърифатшиносии иҷтимоӣ ва аксиологияи миллӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Мақсад аз таҳқиқ кашфи моҳияти маънавӣ, сохтори мафҳум ва аҳаммияти иҷтимоиву тамаддунии фаъолияти ӯ мебошад.
Дар натиҷаи таҳқиқ муайян мегардад, ки фаъолияти Хайриддини Абдулло аз доираи мавъизаи маъмулии динӣ фаротар рафта, ба як низоми ҳамгирои диномӯзӣ, инсонсозӣ, ҳувиятпарварӣ, забоннигаҳдорӣ, худшиносии миллӣ ва муқовимати маърифат бар зидди ифротгароӣ мубаддал шудааст.
Ӯ дар фазои муҳоҷират ба таҷрибаи рӯзмарраи инсон, миёни фарҳанги миллӣ ва муҳити бегона, миёни фарҳанг ва замони муосир, миёни эътиқод ва масъулияти шаҳрвандӣ баромад мекунад.
Навоварии мақола дар он ифода меёбад, ки фаъолияти Хайриддини Абдулло тавассути мафҳумҳои “зиёии диаспорӣ”, “субъекти ҳувиятсоз”, “муқовимати маърифат”, “сармояи рамзи миллӣ”, “ахлоқи муҳоҷират” ва “маърифати ҳамгиро” “пуштибони сиёсати давлат” тафсир карда мешавад.
Муҳоҷират пеш аз ҳама тағйир ёфтани фазои ҳастии инсон мебошад. Инсон ҳангоми дур шудан аз Ватан танҳо сарҳади ҷуғрофиро убур намекунад.
Ӯ вориди низоми нави забон, арзиш, қонун, муносибат, хотира ва тарзи зиндагӣ мегардад. Аз ҳамин сабаб муҳоҷиратро бояд масъалаи ҳастишиносӣ, маънавӣ ва ҳувиятӣ таҳлил намуд.
Муҳоҷир дар муҳити нав ҳамзамон бо чанд буҳрон, аз ҷумла: буҳрони забон, буҳрони худшиносӣ, буҳрони эътимод, буҳрони маъно, буҳрони муносибат миёни фарҳанг ва воқеияти нав рӯ ба рӯ мешавад.
Масъалаи асосӣ ин нест, ки муҳоҷир дар куҷо зиндагӣ мекунад. Масъалаи аслӣ он аст, ки ӯ дар муҳити нав худро чӣ гуна аз нав мефаҳмад, бо кадом арзишҳо зиндагӣ мекунад ва то кадом андоза робитаи маънавии худро бо таърих, забон, фарҳанг ва Ватан нигоҳ медорад.
Дар чунин вазъият нақши шахсиятҳое боло меравад, ки метавонанд донишро ба неруи тарбиявӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ табдил бидиҳанд.
Онҳо миёни инсон ва фарҳанг, миёни муҳоҷир ва Ватан, миёни дин ва зиндагии воқеӣ, миёни хотираи гузашта ва талаботи имрӯз пул месозанд.
Хайриддини Абдулло аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо мебошад. Ӯро танҳо ҳамчун воиз, имом, омӯзгор, нависанда ё ходими фарҳангӣ тавсиф кардан кофӣ нест.
Ин унвонҳо ҳар яке танҳо як паҳлуи фаъолияти ӯро инъикос мекунанд. Аз дидгоҳи фалсафӣ, ӯро метавон ҳамчун субъекти маърифатофар, ҳувиятсоз ва миёнҷии фарҳангии диаспораи тоҷик арзёбӣ намуд.
Фаъолияти ӯ дар фазои муҳоҷират нишон медиҳад, ки сухан метавонад ба мактаб, мавъиза ба усули тарбия, забон ба сипари ҳувият ва фарҳанг ба воситаи наҷоти маънавии инсон табдил ёбад.
Таҳқиқи фаъолияти шахсияти муосир барои шинохти шахсият бояд миёни воқеа, маъно, таъсир ва натиҷаи иҷтимоии фаъолияти ӯ робитаи мантиқӣ барқарор карда бишавад.
Дар таҳқиқи мо аз чанд усули асосӣ истифода мешавад.
Усули онтологӣ ба мо имкон медиҳад, ки фаъолияти шахсро аз нигоҳи мақоми ӯ дар ҳастии иҷтимоӣ таҳлил намоем. Саволи асосӣ чунин аст: Хайриддини Абдулло дар фазои маънавии муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна нақш дорад?
Ӯ дар муҳити муҳоҷират як маркази тавлиди маъно мебошад. Дар атрофи сухан, таълим, мавъиза ва навиштаҳои ӯ масъалаҳои дин, ахлоқ, миллат, забон, Ватан ва масъулияти инсоният ба ҳам мепайванданд.
Аз нуқтаи назари маърифатшиносӣ, масъалаи асосӣ манбаи дониш, тарзи интиқоли он ва табдили дониш ба ҷаҳонбинӣ мебошад.
Дар фаъолияти Хайриддини Абдулло дониш танҳо иттилоот нест. Дониш бояд инсонро аз ҷаҳолат раҳо бинамояд, ақлро аз тақлид озод бикунад, ҷавононро аз ифротгароӣ ҳифз намояд, забонро аз фаромӯшӣ наҷот бидиҳад, масъулияти инсонро бедор бисозад. Аз ҳамин ҷиҳат, маърифат дар фаъолияти ӯ хусусияти амалӣ ва наҷотбахш дорад.
Усули аксиологӣ фаъолияти ӯро аз дидгоҳи арзишҳо меомӯзад. Дар навиштаҳо ва суханрониҳои ӯ чунин арзишҳо имон, ақл, дониш, адолат, шаъну шарафи инсон, забони модарӣ, фарҳанги миллӣ, муҳаббат ба Ватан, таҳаммулгароӣ, масъулияти шаҳрвандӣ мавқеи марказӣ доранд. Ин арзишҳо як низоми ягонаи ахлоқӣ ва маънавиро ташкил медиҳанд.
Герменевтика имкон медиҳад, ки сухан ва матни динӣ танҳо аз рӯйи маънои зоҳирӣ фаҳмида нашавад. Хайриддини Абдулло мекӯшад, ки мафҳумҳои динӣ ба вазъияти воқеии инсон пайваст бишаванд. Масалан, сабр танҳо мафҳуми мавъизавӣ нест, ки он метавонад неруи муқовимати муҳоҷир ба мушкилот бошад. Адолат танҳо истилоҳи динӣ нест. Ва он меъёри муносибати инсон бо дигарон аст. Имон танҳо эътиқоди ботинӣ нест, ки он бояд дар рафтор, масъулият ва муносибати шаҳрвандӣ таҷассум биёбад.
Хайриддини Абдулло ҳамчун зиёии динӣ-фарҳангии диаспора
Зиёии диаспорӣ шахсест, ки берун аз Ватан ба ҳифз ва бозтавлиди маънавии миллат мусоидат мекунад. Ӯ танҳо аз фарҳанг сухан намегӯяд, балки барои зинда мондани он дар муҳити бегона шароит фароҳам меорад.
Дар фазои муҳоҷират зиёии диаспорӣ якчанд вазифаро иҷро менамояд:
хотираи таърихиро зинда медорад;
забони модариро ҳифз мекунад;
фарҳангро ба насли нав интиқол медиҳад;
арзишҳои миллиро шарҳ медиҳад;
муҳоҷирро аз бегонашавии маънавӣ нигоҳ медорад;
миёни Ватан ва ҷомеаи муҳоҷир пайванди рамзӣ месозад.
Хайриддини Абдулло дар фаъолияти худ ҳамин вазифаҳоро ба ҳам мепайвандад. Ӯ бо истифода аз минбари динӣ, матбуот, таълим, забон ва адабиёт кӯшиш мекунад, ки муҳоҷири тоҷик худро танҳо ҳамчун неруи корӣ эҳсос накунад.
Ин нукта аҳаммияти бунёдӣ дорад. Вақте инсон дар ҷомеаи дигар танҳо бо кор, даромад ва санадҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешавад, шахсияти ӯ ба вазифаи иқтисодӣ маҳдуд мегардад. Аммо инсон танҳо коргар нест. Ӯ соҳиби таърих, хотира, забон, виҷдон, ормон ва шаъну шараф мебошад.
Фаъолияти Хайриддини Абдулло ба бозёфти ҳамин инсон мусоидат мекунад. Ӯ мекӯшад, ки муҳоҷир дар худ соҳиби фарҳанг ва намояндаи миллату таърихро эҳсос намояд. Аз ҳамин сабаб, фаъолияти ӯро метавон фалсафаи эҳёи субъективияти муҳоҷир номид. Муҳоҷир аз объекти муносибатҳои иқтисодӣ ба субъекти ахлоқӣ, фарҳангӣ ва шаҳрвандӣ табдил меёбад.
Дар фаҳмиши зоҳирӣ мавъиза суханронии динӣ аст. Аммо дар шароити муҳоҷират мавъиза метавонад вазифаҳои иҷтимоӣ дошта бошад.
Мавъиза метавонад:
шуури инсонро бедор кунад;
рафтори ӯро танзим намояд;
ҳисси масъулиятро тақвият бидиҳад;
умедро дар шароити мушкил нигоҳ дорад;
тафсири дурусти динро аз тафсири ифротӣ ҷудо намояд;
инсонро ба сулҳ, таҳаммул ва қонунпазирӣ ҳидоят бикунад.
Фаъолияти мавъизавии Хайриддини Абдулло дар муҳити мусулмонони Осиёи Марказӣ, махсусан миёни муҳоҷирони тоҷик, маҳз чунин хусусият пайдо кардааст. Мавъизаҳои ӯ танҳо ба масъалаҳои ибодат маҳдуд намешаванд. Онҳо масъалаҳои ахлоқ, ҷавонон, ифротгароӣ, худшиносӣ, оила, фарҳанг, масъулият ва ҳамзистии осоиштаро фаро мегиранд.
Дар ин ҷо минбар ба фазои тарбияи ҷамъиятӣ табдил меёбад.
Ин навъи мавъиза аз се унсур иборат аст:
Шунаванда бояд динро тавассути дониш бифаҳмад, на тавассути эҳсосоти куркурона, овоза ё таблиғоти ифротӣ.
Дин бояд дар рафтори инсон таҷассум ёбад. Шахсе, ки аз имон сухан мегӯяд, аммо ба ҳуқуқи дигарон эҳтиром намегузорад, моҳияти ахлоқии динро дарк накардааст.
Мусулмонӣ ва шаҳрвандии масъул зидди ҳам нестанд. Эҳтиром ба қонун, сулҳи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа ҷузъи масъулияти ахлоқии инсон мебошад.
Аз ҳамин лиҳоз, мавъизаи Хайриддини Абдуллоро метавон шакли педагогикаи ҷамъиятии динӣ номид.
Ифротгароӣ пеш аз он ки амали зӯроварӣ бошад, буҳрони маъно ва маърифат аст. Ифротгаро аввал дар андеша воқеиятро ба ду қисми мутлақ ҷудо мекунад: ҳақ ва ботил, дӯст ва душман, мӯъмин ва кофир, мо ва дигарон. Баъдан ин тафаккур ба нафрат, радкунии дигарон ва хушунат мегузарад.
Аз ҳамин сабаб мубориза бо ифротгароӣ танҳо тавассути чораҳои ҳуқуқӣ анҷом намеёбад. Ва он ба маърифат, тарбия, муколама ва барқарор кардани қобилияти тафаккури интиқодӣ ниёз дорад.
Фаъолияти Хайриддини Абдулло дар ин самт дорои чанд аҳаммияти асосӣ мебошад.
Ӯ мекӯшад нишон бидиҳад, ки истифодаи шиорҳои динӣ худ ба худ амалро динӣ намегардонад. Дин бо ахлоқ, раҳм, адолат ва ҳикмат пайваст аст. Ҳар тафсире, ки инсонро ба нафрат ва қатл мебарад, аз моҳияти ахлоқии дин дур мешавад.
Ҷавонони муҳоҷир метавонад худро танҳо, таҳқиршуда ё аз ҷомеа дур эҳсос намоянд. Созмонҳои ифротӣ аз ҳамин холигӣ истифода мекунанд. Маърифати солим ба ҷавонон эҳсоси арзиш ва дурнамои маънавӣ медиҳад.
Ифротгароӣ аз тафаккури сода ғизо мегирад. Маърифат ба инсон меомӯзад, ки даъво ва таблиғро бисанҷад, сабабу натиҷаро фарқ кунад ва ба ҳар шиори эҳсосӣ бовар нанамояд.
Имон набояд инсонро аз ҷомеа ҷудо бисозад. Баръакс, он бояд ӯро масъултар, одилтар ва инсонпарвартар намояд.
Аз ҳамин мавқеъ, фаъолияти зиддиифротгароёнаи Хайриддини Абдулло моҳияти маърифатшиносӣ ва ахлоқӣ дорад.
Яке аз меҳварҳои асосии андешаи ӯ робитаи ақл ва дин мебошад. Дар тафаккур гоҳе ақл ва имон ҳамчун ду неруи мухолиф тасвир мешаванд. Аммо дар анъанаи фалсафаи ислом ақл воситаи дарки маъно, шинохти неку бад ва фаҳмиши масъулияти инсон аст. Дар ҷаҳонбинии Хайриддини Абдулло имон бе маърифат метавонад ба тақлид табдил биёбад, маърифат бе ахлоқ бошад метавонад ба худхоҳӣ хизмат бикунад. Аз ин рӯ, инсон ба ваҳдати се унсур ақл барои шинохтан, имон барои маъно бахшидан ва ахлоқ барои дуруст амал кардан ниёз дорад.
Ин ваҳдат заминаи инсонсозӣ мебошад. Ақл ба инсон имкон медиҳад, ки далелро аз гумон, ҳақиқатро аз таблиғ ва динро аз ифротгароӣ ҷудо намояд. Имон ба зиндагӣ маъно, умед ва самти маънавӣ мебахшад. Ахлоқ дониш ва эътиқодро ба рафтори воқеӣ табдил медиҳад.
Фаъолияти Хайриддини Абдулло аз ин ҷиҳат ба анъанаи ахлоқи миллии миллати тоҷик наздик аст. Дар ин фарҳанг дониш танҳо вақте арзишманд аст, ки ба камолоти инсон, покии рафтор ва адолати муносибат мусоидат бинамояд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми ахлоқӣ ин аст: оё инсон метавонад худро дигар бикунад?
Агар ахлоқи инсон тағйирнопазир бошад, тарбия, таълим, насиҳат ва масъулият маънои худро гум мекунанд. Аммо агар инсон қобили тағйир бошад, пас ӯ барои ҳолати маънавии худ масъул мегардад.
Дар навиштаҳои Хайриддини Абдулло инсон мавҷуди дорои имконияти худсозӣ тасвир мешавад. Ӯ метавонад: ҷаҳолатро бо дониш иваз кунад, бепарвоиро ба масъулият табдил диҳад, нафратро бо таҳаммул иваз намояд, одати бадро тавассути ирода тағйир диҳад ва аз гумроҳӣ ба худшиносӣ баргардад. Ин андеша махсусан барои муҳоҷир аҳаммият дорад. Муҳоҷир метавонад худро қурбонии тағйирнопазири вазъият эҳсос кунад. Аммо фалсафаи тарбияи ирода ба ӯ мефаҳмонад, ки шароити душвор сарнавишти ниҳоӣ нест. Инсон созандаи худ низ ҳаст. Аз ҳамин ҷиҳат, фаъолияти ахлоқии Хайриддини Абдуллоро метавон фалсафаи худсозии инсон дар шароити муҳоҷират номид.
Забон танҳо воситаи гуфтугӯ нест. Забон анбори хотираи таърихӣ, шакли тафаккур, тарзи эҳсоси ҷаҳон ва воситаи интиқоли арзишҳо мебошад. Миллат дар забон худро баён мекунад, гузаштаашро ҳифз менамояд ва ояндаашро месозад. Барои муҳоҷир забони модарӣ аҳаммияти дучанд дорад. Дар Ватан забон муҳити табиии зиндагӣ аст, аммо дар муҳоҷират он ба амали огоҳонаи ҳифзи ҳувият табдил меёбад. Агар фарзанди муҳоҷир забони модарии худро аз даст диҳад, ӯ метавонад аз се сарчашмаи асосии маънавӣ хусусан аз гуфтугӯ бо падару модар ва бобову бибӣ, аз адабиёт, шеър, таърих ва хотираи миллӣ, аз эҳсоси робитаи зинда бо Ватан дур мешавад. Аз ин рӯ, таълими забони форсии тоҷикӣ амали ҳифзи ҳастии маънавии миллат мебошад.
Дар фаъолияти Хайриддини Абдулло омӯзиши забони тоҷикӣ, форсӣ ва хатти ниёгон мақоми махсус дорад. Ин самти фаъолияти ӯро метавон забонбонии ҳувиятӣ номид. Забонбон робитаи наслҳоро нигоҳ медорад.
Ӯ намегузорад, ки кӯдаки тоҷик дар муҳити бегона аз хотираи таърихии худ ҷудо гардад. Хатти ниёгон калиди ворид шудан ба ганҷинаи бузурги тамаддуни тоҷику форс мебошад.
Бидуни шинохти хатти ниёгон насли нав аз мутолиаи мустақими қисми бузурги мероси классикӣ маҳрум мегарданд. Робитаи ӯ бо Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил ва дигар намояндагони тамаддуни тоҷик ба тарҷума, бознависӣ ва шарҳи дигарон вобаста мемонад.
Омӯзиши хатти ниёгон аз ин рӯ дорои се вазифаи барқарор кардани робита бо сарчашмаҳои аслӣ, ҳифзи пайвастагии таърихии фарҳанг, рушди тафаккури муқоисавӣ ва забонӣ тамаддунӣ мебошад.
Дар фаъолияти Хайриддини Абдулло таълими хатти ниёгонро метавон ворид намудани гузашта ба худшиносии имрӯз маънидод кард. Хотирае, ки хонда намешавад, хомӯш мегардад. Хатти ниёгон воситаи сухан гуфтани таърих бо насли имрӯз аст. Азёд кардани шеър дар анъанаи фарҳангии тоҷикон танҳо машқи хотира набуд. Ва он ҳамзамон тарбияи забон, завқи бадеӣ, ахлоқ ва ҷаҳонбинӣ маҳсуб мешуд.
Ғазал ба инсон нозукии забонро меомӯзад, эҳсоси зебоӣ мебахшад, хотираро тақвият медиҳад, маъноҳои ахлоқиро дар шакли бадеӣ интиқол медиҳад, робитаи инсонро бо адабиёти миллӣ устувор мекунад.
Агар маълумоти марбут ба азёд намудани садҳо ғазал аз ҷониби шогирдон бо санадҳо тасдиқ гардад, ин таҷрибаро метавон ҳамчун шакли нодири педагогикаи адабӣ дар муҳити муҳоҷират арзёбӣ намуд. Аммо чунин иддао бояд бо меъёрҳои дақиқ санҷида шавад. Зарур аст муайян гардад:
чанд нафар дар барнома иштирок кардаанд;
онҳо дар кадом давра таҳсил намудаанд;
кадом ғазалҳо интихоб шудаанд;
азёдкунӣ бо кадом усул санҷида шудааст;
сатҳи дарки маънои ғазалҳо чӣ гуна буд;
натиҷаҳо аз ҷониби кадом муассиса ё гурӯҳи мустақил арзёбӣ шудаанд. Зеро ҳадафи ниҳоии омӯзиши шеър танҳо аз ёд кардани матн нест. Муҳимтар аз ҳама, дарки маъно ва табдили ҳикмати шеър ба фарҳанги рафтор мебошад.
Фаъолияти матбуотии Хайриддини Абдулло яке аз самтҳои муҳимми ҳузури иҷтимоии ӯ мебошад. Мақола дар рӯзнома имконият медиҳад, ки андеша аз доираи маҳдуди маҷлис, масҷид ё синфхона берун меравад.
Матбуот дар фаъолияти ӯ чанд паҳн намудани маърифати динӣ, шарҳи масъалаҳои ахлоқӣ, ҳимояи шаъну шарафи муҳоҷир, тарғиби забон ва фарҳанги тоҷикӣ, муқовимат ба ифротгароӣ, бедор намудани худшиносии миллӣ, ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ вазифаро иҷро мекунад. Аз ин ҷиҳат, матбуот ба минбари ғайримасҷидӣ табдил меёбад. Дар минбари масҷид шунаванда дар вақти муайян ҳузур дорад. Аммо мақолаи матбуотӣ метавонад борҳо хонда шавад, ба дасти дигарон гузарад ва ба бойгонии хотираи ҷамъиятӣ ворид гардад.
Ҳамин тавр, қалам дар фаъолияти Хайриддини Абдулло идомаи сухан ва сухан идомаи рисолати маърифатӣ мегардад. Бо вуҷуди ин, барои исботи пурраи басомади нашрҳо зарур аст, ки рӯйхати библиографии мақолаҳо бо нишон додани номи нашрия, соли нашр, шумора ва саҳифа таҳия гардад.
Яке аз масъалаҳои нозуки муҳоҷират эҳсоси пастшавии мақоми иҷтимоии инсон мебошад. Муҳоҷир гоҳе танҳо аз рӯйи касб, ҳуҷҷат, миллат ё вазъи иқтисодии худ арзёбӣ мешавад. Дар чунин шароит ҳимояи шаъну шарафи муҳоҷир аҳаммияти ахлоқӣ ва сиёсӣ пайдо мекунад. Шаъну шараф арзише нест, ки давлат, корфармо ё ҷомеа ба инсон ҳадя намояд. Он аз худи инсон будани ӯ сарчашма мегирад. Ҳимояи шаъну шарафи муҳоҷири тоҷик маънои пӯшонидани камбудиҳои ӯро надорад. Баръакс, он тақозо мекунад, ки муҳоҷир қонунро эҳтиром кунад, бо фарҳанги рафтори худ миллатро муаррифӣ намояд, дониш ва касб омӯзад, аз амалҳои пастзанандаи номи миллат дурӣ ҷӯяд, ҳуқуқи худро донад, ҳуқуқи дигаронро низ риоя намояд.
Дар фаъолияти Хайриддини Абдулло ҳифзи шаъну шарафи муҳоҷир бо масъулият пайваст аст. Ин фалсафаи муҳим мебошад: шараф бе масъулият ба худситоӣ ва масъулият бе шараф ба таҳқири шахсият табдил меёбад.
Яке аз масъалаҳои баҳсталаби ҷомеаи муосир муносибати дин, миллат ва давлат мебошад. Гоҳе ин се мафҳум дар муқобили ҳам гузошта мешаванд. Аммо дар фаъолияти Хайриддини Абдулло кӯшиши ҳамоҳанг сохтани онҳо мушоҳида мегардад.
Дар ин ҷаҳонбинӣ дин бояд ахлоқи инсонро такмил диҳад, миллат бояд хотира ва ҳувиятро ҳифз намояд, давлат бояд фазои ҳуқуқӣ, маориф ва амнияти ҷомеаро таъмин кунад. Агар дин ба ифротгароӣ табдил биёбад, он сулҳи ҷомеаро вайрон мекунад. Агар миллатгароӣ ба бартарихоҳӣ табдил биёбад, он дигаронро рад мекунад. Агар давлат аз маърифат ва адолат дур бишавад, эътимоди шаҳрванд коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, ҳамоҳангии дин, миллат ва давлат бояд бар пояи дониш, қонун, таҳаммул ва арзиши инсон бунёд ёбад.
Пуштибонии Хайриддини Абдулло аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистонро метавон дар ҳамин замина маънидод кард. Барои ӯ маориф шарти амнияти фикрӣ ва бақои миллат мебошад. Миллате, ки фарзандонашро таълим намедиҳад, сарҳади маънавии худро заиф месозад.
Муколамаи байнидинӣ пеш аз ҳама қобилияти эътироф кардани ҳаққи мавҷудияти дигарӣ мебошад. Инсон метавонад ба эътиқоди худ содиқ бимонад ва ҳамзамон пайрави дини дигарро ҳамчун инсон, шаҳрванд ва соҳиби шаъну шараф эҳтиром намояд.
Дар ҷаҳонбинии Хайриддини Абдулло арзишҳои муштарак, адолат, хайрхоҳӣ, раҳм, эҳтиром ва сулҳ, заминаи ҳамкории мусулмонон ва пайравони дигар динҳо мебошанд. Ин мавқеъ аз лиҳози фалсафӣ ба этикаи эътироф наздик аст. Эътироф маънои қабул кардани ҳамаи ақидаҳои дигаронро надорад. Эътироф маънои рад накардани инсонияти дигаронро дорад. Муколамаи байнидинӣ дар муҳити муҳоҷират дорои аҳаммияти махсус аст, зеро муҳоҷирон дар ҷомеаи гуногунфарҳангӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо бояд ҳамзамон, ҳувияти худро нигоҳ доранд, фарҳанги ҷомеаи мизбонро эҳтиром намоянд, аз низоъҳои мазҳабӣ дур бошанд ва дар сулҳи ҷомеа саҳм гузоранд.
Хайриддини Абдулло дар ин раванд ҳамчун пуштибони фарҳангӣ баромад мекунад.
Нуфузи шахсият аз эътимод, дониш, пайвастагӣ ва натиҷаи фаъолият ташаккул меёбад.
Сармояи фарҳангии Хайриддини Абдулло аз чанд унсур дониши динӣ, шинохти адабиёт, қобилияти суханварӣ, фаъолияти омӯзгорӣ, истифодаи чанд забон, навиштани мақолаҳо, робита бо муассисаҳои динӣ ва ҷамъиятӣ, ҳузур дар муҳити муҳоҷирон, фаъолияти зиддиифротгароӣ иборат аст.
Вақте ин дониш ва фаъолият аз ҷониби ҷомеа эътироф мегардад, он ба сармояи рамзӣ табдил меёбад. Сармояи рамзӣ обрӯест, ки ба шахс имконият медиҳад ба андеша, рафтор ва интихоби дигарон таъсир мерасонад.
Аммо нуфуз масъулияти бештар низ ба вуҷуд меорад. Ҳар қадар сухани шахс бештар шунида шавад, ҳамон қадар дақиқӣ, асоснокӣ ва ахлоқи сухани ӯ муҳимтар мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, эътирофи Хайриддини Абдулло ҳамчун донишманди динӣ ё файласуфи адён бояд ҳамзамон бо таҳияи феҳристи дақиқи осор, мақолаҳо, китобҳо, суханрониҳо ва барномаҳои таълимии ӯ мустаҳкам карда шавад.
Навоварии фаъолияти Хайриддини Абдуллоро метавон дар пайвастани чанд самти то андозае ҷудо мушоҳида намуд. Дин дар ин ҷаҳонбинӣ омили аз байн бурдани хусусияти миллӣ нест. Баръакс, ахлоқи динӣ метавонад барои ҳифзи забон, фарҳанг ва шаъну шарафи миллат хизмат бикунад. Шахсияти диндор бояд ба қонун, амният ва ҳуқуқи дигарон эҳтиром гузорад. Имон набояд баҳонаи канорагирӣ аз масъулияти шаҳрвандӣ гардад. Забон танҳо масъалаи фарҳанг нест. Аз даст додани забон метавонад ба суст шудани хотира, худшиносӣ ва робитаи наслҳо оварда расонад. Шеър дар фаъолияти ӯ воситаи зебоишиносӣ ва ҳамзамон мактаби ахлоқ, сабр, муҳаббат ва хирад мебошад. Мавъиза аз сухани маросимӣ ба воситаи таъмини амнияти маънавӣ ва маърифатии ҷавонон табдил меёбад. Ҳамин маҷмӯи робитаҳо имкон медиҳад, ки фаъолияти ӯ ҳамчун модели маърифати ҳамгирои диаспорӣ маънидод карда шавад.
Барои нигоҳ доштани воқеъбинӣ ва эътимоди илмӣ, ҳафт иддаои асосӣ чунин арзёбӣ мешаванд. Фаъолияти матбуотии Хайриддини Абдулло дар расонаҳои тоҷикӣ ва русӣ тасдиқи умумӣ дорад. Аммо иддаои ягона шаҳрванди Тоҷикистон будан танҳо баъд аз таҳқиқи пурраи бойгонии нашрияҳо метавонад ба таври қатъӣ қабул бигардад.
Суханрониҳои динӣ ва мавъизаҳои ӯ дар муҳити мусулмонони Россия тасдиқи манбаъ доранд. Иштироки ӯ дар фаъолияти динӣ ва масҷидӣ маълум аст. Мавзӯъҳои осор ва суханрониҳои ӯ ба фалсафаи дин, ахлоқ ва мантиқ наздик мебошанд.
Хайриддини Абдулло дар муҳити муҳоҷирати тоҷикон ҳамчун шахсияте зуҳур мекунад, ки фаъолияти динӣ, фарҳангӣ, забонӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандиро ба як низоми нисбатан ҳамоҳанг пайвастааст.
Ӯро метавон зиёии динӣ-фарҳангии диаспора, омӯзгори хотироти миллӣ, тарғибгари ахлоқи ҳамзистӣ, муборизи маърифатшинос бар зидди ифротгароӣ, ҳомии забон ва хатти ниёгон, намояндаи дипломатияи фарҳангии форсизабонон ғайрирасмӣ арзёбӣ намуд.
Моҳияти фаъолияти ӯ дар он аст, ки вай кӯшиш менамояд муҳоҷири тоҷик дар муҳити бегона аз решаи маънавии худ ҷудо намегардад. Ӯ динро ба маърифат, маърифатро ба ахлоқ, ахлоқро ба масъулият, забонро ба ҳувият ва ҳувиятро ба муҳаббати огоҳона ба Ватан мепайвандад.
Фаъолияти ӯ мубориза барои нигоҳ доштани инсон дар дохили муҳоҷир аст. Зеро мумкин аст шахс аз ҷиҳати ҷисмонӣ зинда бошад, аммо аз забон, фарҳанг, хотира ва маънои зиндагии худ дур гардад. Дар чунин ҳолат вазифаи ӯ бозгардонидани инсон ба худ мебошад.
Хайриддини Абдулло дар ҳамин маъно омӯзгори бедоркунандаи виҷдон аст, посбони хотираи миллӣ аст. Моҳияти фаъолияти ӯро метавон дар чунин афкор хулоса намуд.
Маърифат роҳи раҳоӣ аз ҷаҳолат, дин мактаби ахлоқ, забон ҳастии маънавии миллат, фарҳанг хотираи зиндаи таърих ва Ватан масъулияти ҳамешагии виҷдон аст.
Аз ҳамин рӯ, мақоми Хайриддини Абдулло дар муҳити диаспораи тоҷикро бояд он андоза муайян кард, ки фаъолияти ӯ то чӣ ҳад тавонистааст дар қалби муҳоҷир эҳсоси инсон будан, тоҷик будан, соҳибфарҳанг будан ва дар назди ҷомеа масъул буданро бедор менамояд.
Дар ин замина, мероси ӯ метавонад ҳамчун намунаи маърифати миллии берун аз Ватан, фалсафаи худнигоҳдории фарҳангӣ ва ахлоқи масъулияти диаспорӣ мавриди таҳқиқҳои минбаъдаи фалсафӣ, диншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва фарҳангшиносӣ қарор дода шавад.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Комилов Далер Рустамович, номзади илмҳои фалсафа, шарқшиноси тоҷик, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.