Маҳмуд ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Умари Хоразмӣ, машҳур ба Ҷоруллоҳи Замахшарӣ (вилодат дар соли 476 ҳ.қ. баробар бо 1075 мелодӣ, ва вафот дар соли 538 ҳ.қ. баробар бо 1143 мелодӣ) — аз донишмандони боризи ҷаҳони ислом ба шумор меояд.
Замахшарӣ мансуб ба Замахшар яке аз рустоҳои Хоразм аст. Ӯ дар Хоразм зиндагӣ мекард; шаҳре, ки солҳо маркази бузурги илмӣ ба шумор меомад ва дар он диёр илму маърифат ривоҷи густурдае дошт.
Замахшарӣ дар илми тафсир, ҳадис, луғат ва илми маъонӣ табаҳҳур дошт. Ин донишманд, дар ақоид мӯътазилӣ ва дар фиқҳ ҳанафӣ буд. Мусофиратҳои зиёде мекард ва мӯътақид буд, ки мӯъмин бояд дар муносибтарин сарзаминҳо аз назари ҳифзи дин ва ибодати парвардигор сокин шавад, аз ин рӯ, солҳои зиёде дар Макка сокин шуд ва зиндагӣ кард ва бинобар ин ба “Ҷоруллоҳ” яъне “ҳамсояи Худо” маъруф гашт ва зоҳиран дар Макка тафсири Қуръонро таълиф кардааст.
Ӯ дар яке аз мусофиратҳои илмии зимистонии худ дар Хоразм як пойи худро аз даст дод ва баъд аз он ҳамеша аз пойи чӯбӣ истифода мекард. Бо ин ҳол, боз ҳам мусофиратҳои тӯлонӣ ва илмии зиёде кард ва саранҷом дар соли 538 ҳ.қ. (1143 мелодӣ) дар Ҷурҷонияи Хоразм даргузашт. Ибни Баттута қабри ӯро дар онҷо дидааст.
Ӯ соҳиби тафсири гаронмояи “Кашшоф” аст. “Кашшоф” маъруфтарин ва яке аз мутқантарини тафосир аст ва аз назари нукоти адабӣ, бахусус нукоти балоғатӣ, дар миёни ҳамаи тафосири Қуръон мумтоз аст.
Ибни Касир дар китоби “Албидоя ван-ниҳоя” мегӯяд: “Маҳмуд ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Умар маъруф ба Абулқосими Замахшарӣ, муаллифи “Кашшоф” дар тафсир ва “Муфассал” дар наҳв аст.” (Албидоя ван-ниҳоя, ҷ.12, с.272)
Замахшарӣ ба ҷуз “Кашшоф” осори судманди дигаре низ дорад, ки аз он ҷумла аст:
1) Ал-фоиқ фи ғарибил-ҳадис;
2) Асосул-балоға;
3) Ал-мақомот фи амсолил-араб;
4) Рабиъул-аброр ва фусусул-ахбор;
5) Муташобеҳу асмоир-рувот;
6) Итроқуз-заҳаб;
7) Ан-нумузаҷ;
8) Ар-роиз фил-фароиз;
9) Ан-насоеҳул-кибор
ва ғайра…
Тафсири “Кашшоф”
“Ал-кашшоф ъан ҳақоиқит-танзили ва ъуюнил-ақовили фи вуҷуҳит-таъвил” маъруф ба “Кашшоф”, аз муҳимтарин осори Замахшарӣ аст. “Кашшоф” тафсирест бисёр арзишманд, ки зебоӣ ва ҷамоли Қуръонро ҷилвагар сохта ва дар равшангарӣ ва кашфи балоғату сеҳри баёни он, беназир аст. Ин китоб аз ҳангоми таълиф то кунун мавриди таваҷҷӯҳи донишмандон буда ва дилҳои муфассиронро рабудааст. Ин тафсир аз чунон мақому манзилате бархӯрдор аст, ки яке аз сарчашмаҳои муҳимми тафсири Қуръон ба шумор меояд.
Заҳабӣ дар “Аттафсир вал-муфассирун” мегӯяд: “Арзиши ин тафсир — бо чашмпушӣ аз гароиши мӯътазилии соҳибаш — чунон аст, ки то ба ҳол касе монанди онро таълиф накардааст… Ва то ба ҳол касе монанди Замахшарӣ натавониста барои мо зебоии Қуръон ва сеҳри балоғати онро бозгӯ кунад. Зеро вай дар бисёре аз улум маҳорат дошт, бавежа дар вожашиносии арабӣ табаҳҳури фавқуълода дошт. Ашъори арабро ба хубӣ мешинохта ба илова ин ки дар иҳота ба улуми балоғӣ ва маъонӣ ва баён ва адабиёти арабӣ мумтоз буд.” (Аттафсир вал-муфассирун, ҷ.1, с.306)
Достони таълифи “Кашшоф” – ҳамон гуна ки Заҳабӣ аз қавли Замахшарӣ нақл карда — бисёр шуниданӣ аст. Замахшарӣ мегӯяд: “Ман дидам бародарони исломиам аз мазҳаби адлия (мӯътазила), ки дорои илми усули дин ҳастанд, ҳар гоҳ ба тафсири ояте аз Қуръон муроҷеа мекунанд ва ман баъзе аз ҳақоиқи оятҳоро барояшон баён мекунам, бисёр тамҷид мекунанд… То ин ки омаданд ва даври ман ҷамъ шуданд ва аз ман дархост карданд “Кашшоф”-ро барои онон имло кунам. Ман (дар оғоз) аз ин кор худдорӣ мекардам. Онон қабул накарданд ва гуфтанд, ба назди бузургони дин ва донишмандони мӯътазилӣ меравем ва ононро восита мекунем… Чун тасмим гирифтам ба зиёрати хонаи Худо бозгардам ва аз хонаи Худо касби файз намоям, ба сӯи Макка ҳаракат кардам… То ин ки раҳли иқоматро ба Макка афкандам, дар онҷо Сайидабулҳасан ибни Ҳамза ибни Диҳос, ки аз Банӣ Ҳасан аст, нисбат ба банда бисёр лутф фармуд ва дархост намуд, ки ин тафсирро бинигорам. Банда арз кардам, маро муъоф бидор, зеро умри ман ба 60 расида ва дигар тавоноии таҳқиқу тафаҳҳусро надорам… Вале бо ин ҳол Худованд тавфиқ дод, то ба муддати ду солу чаҳор моҳ онро ба поён бирасонам; дар ҳоле ки 30 сол буд, ки ман дар интизори чунин соле будам ва ин аз баракати хонаи Худост.” (Аттафсир вал-муфассирун, ҷ.1, сс.305-306)
Тафсири “Кашшоф” ойинаи тамомнамои тафаккури мӯътазилӣ аст, ҳам барои дӯстдорони мазҳаби мӯътазилӣ ва ҳам барои мунтақидони он. Яъне мазҳаби мӯътазиларо бисёр возеҳу шаффоф мунъакис мекунад, то касе, ки мехоҳад байни низоъи қадимии ашоира ва мӯътазила доварӣ кунад, мустанадоти равшане дошта бошад.