Дар охири асри нуздаҳ ба таври возеҳ авзои геосиёсӣ, кременологӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва геоиқтисодии Аморати Бухорои Шариф дучори таназзул ва осебпазирии ҷиддӣ қарор гирифта, мунҷар ба шикаст ва аз байн рафтани он гардид.
Дар ин замина миссионер ва гумоштаҳои давлатҳои қудратманди Иглис, Рус, Турк ва ҳатто Арабистон барои аз худ намудани ин қаламврави мусалмоннишин барнома ва нақшаҳои хешро тарроҳӣ менамуданд.
Миссионерҳои такфирии бемазҳаб охири асри нуздаҳ чун дигар минтақаҳои Бухорову Самарқанд ворид ба сарзамини бостонии Хуҷанд гашта, талош намуданд, ки идеологияи сиёсии худро дар зери парчам ва пироҳани ислом тақдими мардуми ин минтақа намоянд. Аммо бедории руҳноияти ҳанафӣ, мероси тасаввуф, ҳавзаҳои ирфонии нақшбандия монеъи пазируфтани идеологияи бемазҳабии ваҳҳобият дар қаламрави Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент гардид.
Аввалин наҳзатҳои салафиягароӣ дар вилояти имрузаи Суғд 130 сол қабл аз худ хабар дода буданд. Ҳавзаҳои илмию динии вилояти Суғд ҳамчун марказҳои илмии Бухорои сонӣ маъруф буданд. Аммо пас аз пирузии инқилоби болшевикии русӣ ва таъсиси империяи қудратманди СССР дигар нишоне аз наҳзатҳои ваҳҳобия дар қаламрави Суғд то солҳои 90-уми асри гузашта боқӣ намонда буд.
Пас аз заволи Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси давлатҳои Миллӣ дар қаламрави Осиёи Миёна дастгоҳ ва хадамотҳои террористӣ тавассути гумоштаҳои салафияи барои мавқеъёбии худ ва зери тасарруф даровардани сарватҳои зеризаминӣ, нерӯи кории арзону ройгони кишварҳои навистиқлол ба муборизаи идеологӣ ва таблиғоти ақидаҳои экстремистӣ шуруъ намуданд.
Эмиссарсалафияҳои варзидаи ташкилотҳои террористӣ вориди Осиёи Миёна гашта, бисёре аз китобҳои нодири таърихӣ, сарчашмаҳои муътабари исломӣ ва адабиёту дастурамалҳои муҳими миллию динӣ доштаро дар ивази пули ночиз аз аҳолӣ харидорӣ намуда, ба роҳи қочоқ ба яғмо бурданд ва онҳоро ҳамчун далоили шаръӣ ва шайъӣ несту нобуд сохтанд.
Ҳатто баъзе аз эмиссарсалафияҳои миллиадер кушиш намуданд, ки китобҳои нодир ва арзишманди таърихии Шуъбаи дастхатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пас аз ҷанги шаҳрвандӣ низ соҳиб гарданд. Мутассифона намедонам ин тоифаи фарҳангсузи такфирӣ ва фарҳангдузди ифротӣ ба мақсадҳои шуми худ ноил гаштаанд ё не!
Бинобар надоштани иттилооти кофӣ мардуми бумӣ аз камбизоатӣ ва тангадастиҳои молию иқтисодӣ пинҳонӣ ва ошкор қадимтарин китобҳои исломӣ ва ганҷинаҳои ирфониро ба эмиссарсалафияҳои миллаткуш фурухтанд.
Пешвоёни ташкилот, созмон, аҳзоби ифротӣ баъди санҷиш, таҳлил, баррасӣ ва хуласагирӣ ба натиҷае расиданд, ки то вақте ки аносири фарҳанги миллӣ: адабиёти ирфонӣ, мероси тасаввуф ва пешвоён, уламою асотиди ҳанафимазҳаб дар кишварҳои Осиёи Миёна мавҷуд ҳаастанд, имконият пирузиионҳо ғайриимкон аст.
Тибқи барнома ва нақшаҳои тарроҳӣ намудаи ташкилотҳои террористӣ ва созмонҳои экстремистӣ сӣ сол муқаддам гуруҳои пешдастаи таблиғотии салафия ҳамчун ислоҳиётчиёни динӣ вориди муҳити динии кишварҳои Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон гаштанд. Дар он шабу руз шинохтани ин ҷинояткорони бемазҳаб барои мардуми оддӣ, руҳониён ва ҳатто донишмандону аҳли зиё ғайриимкон буд.
Руҳониёни огоҳ ва бохабар, махсусан, аҳли тасаввуф ва ирфон дар оғози наҳзатҳои такфирӣ ва ифротӣ онҳоро хуб шинохтанд ва гуфтанд, ки ин фирқаи бемазҳаб ваҳҳобиятанд, ба онҳо пайравӣ накунед. Онҳо омили бадбахтӣ, хушунат, ҷанг, фитнаи омм, хунрезӣ, парокандагӣ, наҳсӣ ва бемазҳабӣ дар ҷомеа хоҳанд гашт.
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри бистум ҷумбишҳои салафиягароӣ бо номи ваҳҳобият дар Осиё афзун гардид. Руҳониёни боҷасорати аҳли тасаввуф ва ирфони ҳанафӣ ошкоро муридон ва мухлисони худро даъват намуда, аз хатар ва оқибатҳои зуҳури фирқаи бемазҳаб ва такфирии ваҳҳобият огоҳ намуданд. Аммо ин талошҳои ватандустона ва хайрохоҳонаи аҳли тасаввуф ва ирфони ҳанафӣ самари комил надод, зеро то ин замон миссионерҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ ба таври махфӣ ва пинҳонӣ як зумра муллоҳои хоин, ватанфуруш ва сустаносирро шустушуи мағзӣ намуда, шомили камандаи худ сохта буданд.
Ҷанги ақидавии салафия бар зидди исломи анъанавӣ, ба хусус, бар зидди мероси тасаввуф ва ирфони ҳанафӣ муддати мадид аст, ки идома дорад. Мутассифона ин раванди манфӣ ва омили хатарнок ба таври кофӣ ва зарурӣ диққати олимон, мутахассисон, исломшиносон ва диндоронро ба худ ҷалб накардааст. Нашинохтани душман ва найрагҳои сиёсию усулҳои оперативии онҳо боиси решадавонӣ ва шаклгирии созмон, ҳизб ва ташкилотҳои террорстӣ ҳамчун ниҳоди мустақили динӣ ва давлати алоҳида дар дохили дилхоҳ давлат ва кишвар мегардад.
Аҳли тассаввуф ва ирфони ҳанафӣ аз чумлаи аввалин муқовиматкунандагони ватандусту мусалмоне мебошанд, ки бар зидди наҳзатҳои такфирӣ ва ифротгароӣ баромада, сирру асрори террористии онҳоро аз нигоҳи шаръӣ маҳкум ва наҳӣ намуданд. Аммо ин маҳкумкуниҳои аҳли тарқат мар гуруҳ ва эмиссарҳои ваҳҳобиро кифояткунанда набуд. Воизону муллоҳои фурухташуда ба баҳонаи мубориза бо хурофот ва бидъат бар зидди муқаддасот ва расму оинҳои миллӣ- мусалмонӣ баромада,онҳро ҳаром ва номашруъ эълон намуданд.
Фирқаи бемазҳаб хешро ислоҳиётчиён ва ворисони исломи ноб муаррифӣ намуда, бисёр аз ҷавонони бехабар аз дину мазҳабро ба гумроҳӣ бурданд ва ҳаёти ширини онҳоро хароб намуданд.
Миссионервоизони такфирӣ ва мубаллиғони такфирӣ дар аввал хайру худоӣ, дуъои дастҷамъона, аёдати бемор, ҳамдардӣ баён кардан бо хонаводаи фавтидагон, мусибатзадагон, қуръон хондан дар сари қабр ва дигар масоили муҳими ҳанафимазҳабро, ки моҳияти муттаҳидӣ, иттиҳод, ҳамбастагӣ ва дустию бародарӣ доштанд, бидъат, ширк, хурофот ва ҳаром эълон карданд.
Диндорони Осиёи Миёна, ки муддати ҳазор сол ҳама ҳанафимазҳаб буданд дар ҳамин замина ба ду қисм ва гуруҳи мухолиф ҷудо шуда, оташи рақабат ва зиддият дар байни онҳо беш аз беш афзун гардид.
Аз вазъи баамал омада пешвоён ва муассисони иттиҳодияи террористӣ, ки дар канор нишаста ин ҳолат ва вазъиятро идора ва назорат менамуданд, бо усулҳои санҷида ва собиқаҳои кории оташи ҷангро тақвият бахшиданд.
Душман хато кард. Ҷанги шаҳрвандир ба Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои тарроҳӣ намудаи худ оғоз намуданд. Тару хушк сухт. Аммо душман мувафақ нагашт, ки ирфон ва тасаввуфро, ки омили бедории миллӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва худбохабарии мусалмонон буд, нест ва нобуд созанд. Душман, яъне миссионреҳои ифротӣ ва такфирӣ натавонистанд, ки оташи фитна ва ҷанги мазҳабии шиъаву сунниро байни мусалмонони ҳанафимазҳаб ва шиаҳои исмолияи бадахшонӣ дар Тоҷикистон барангезанд.
Бинобар дорои мазҳаби ягона. Яъне ҳанафимазҳаб будани гуруҳои даргир ва мухолиф дар Тоҷикистон ба зудӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ тавассути фарзандони фарзонаи миллат, сиёсатмадорон ва аҳли хирад хомуш карда шуд.
Тоҷикон ба ҳам омаданд. Паёми “Оши оштӣ ва сулҳ”-ро бо ҷону дил пазируфтанд. Оромиш ва амнияти давлатдории миллӣ ва ҷомеа боиси хуррамӣ ва шодии ҳар фарди мусалмон дар Тоҷикистон гардид.
Аз ҷониби дигар фирқаҳои суннатситез, миллаткуш ва торикуззиёрат, ки онҳоро мардуми бумӣ ва руҳониёни ҳанафӣ бо номи ваҳҳобӣ мешинохтанд, бо номи “Салафия” аз нав зуҳур намуда, аз худ ба таври расмӣ хабар доданд.
Дар ибтидои зуҳури “Салафия” пешвоён ва мубаллиғони он иддаъо намуданд, ки мо ҳизб ва ҷараён нестем. Мо танҳо “Ақида”-ем ва танҳо ақидаи “Қуръон ва суннат”-ро таблиғ мекунем. Мо салафи солеҳ ҳастем. Ба касе кор надорем.
Бад-ин ҷиҳат “Салафия” дар мудати начандон сафи худро аз ҳисоби ҷавонони диндусдор ва ғофил аз фитнаи террористон зиёд намуданд.
Гуруҳҳои салафия даста-даста ба олимони исломӣ ва руҳониёни тасаввуф ва ирфон ҳуҷум намуда, онҳоро маҷбур менамуданд, ки аз роҳу равиши намозхонии анъанавии ҳанафимазҳаб даст кашида, расман равиши эътиқодот ва усули таълимоти салафияро ҳамчун ҳаракати динии суннатӣ бипазиранд ва эътироф намоянд.
Барои ин ҳадаф лидери расмии “Иттиҳодияи экстремистии салафия” Муҳараммов Муҳаммадӣ Раҳматулои яғнобӣ ва ҳамроҳони такфирии худ ба назди собиқ раиси Шурои уламои Тоҷикистон шайх Амонуллоҳи Неъматуллоҳзода (р) рафта, дархост менамоянд, ки ӯ ҳаракати иртиҷоии “Салафия”-ро дар Тоҷикистон равияи аҳли суннат эълон намояд ва онҳоро ба расмият бишносад.
Шайх Амонуллоҳи Неъматуллоҳзода, ки меросхури тасаввуф ва руҳонияти ватандустдори ҳанафӣ буд, дархост ва пешниҳоди фирқаи салафияро рад ва наҳй намуда, кушиш мекунад, ки онҳоро аз ин роҳи интихоб намудаи ботилашон баргардонад. Аммо Муҳараммов Муҳаммадӣ Раҳматулои салафӣ ва ҳамроҳони такфирии он аз чунин бархурди шайх Амонуллоҳи Неъматзода хиҷил ва ноумед гашта, дафтари кории шайхро тарк намуданд. Онҳо гуфтанд, ки баҳс ва илтимос намудан аз суфиҳои гумроҳ суд надорад.
Аз нуқтаи назари эътиқодии тоифаи такфирӣ ва ифротӣ аҳли тасаввуф мусалмон нестонд, балки мушрик, шиа, бидъаткор ва кофир буда, қатл ва нест намудани осори тариқати тасаввуф вазифаи ҷиҳодӣ ва муқаддаси ҳар фидоӣ ва интиҳории салафия аст.
(№ 44 (260) чоршанбе, 26 октиябри соли 2016
Ҷавонони азиз ва аҳли қалам бидонанд, ки гуруҳҳои салафия мухталифанд, ки пайравони онҳо якдигарро намешиносанд ва ақидаи тавҳидии якдигарро қабул надоранд. Аммо онҳо бинобар зарурат, бо дастуру фармони хоҷагони хориҷияшон барои маслиҳати дастҷамъона маҳфил ва ҷаласаи фаврӣ оростанд.
Бемазҳабони такфирӣ ва ғайри муқаллидини ифротӣ ба гуруҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
-салафияи мадхалӣ;
-салафияи муҳаддисун;,
-салафияи муваҳиддун;
-салафияи фарзия;
-салафияи язидия;
-салафияи абраҳия;
-салафияи фиръавния;
-салафияи намрудия;
-салафияи фарзия..
-салафияи Шайтония
Пешвоёни ифротӣ ва миссионресалафияҳои такфирӣ дар Тоҷикистон хатмнамудаҳои донишгоҳ ва марказҳои динии кишвари Покистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Яман, Урдун, Афғонистон, Зоҳидони Ирон ва Сурия буда, онҳо пас аз машварат ва маслиҳат Муҳамадӣ Раҳматуллои яғнобӣ, ки ӯ хатмнамудаи кишвари Покистон аст, Пешвои ҳаракати “Салафия” эълон карда, ба ӯ байъат намуданд.
Ҳамзамон дар атрофи ин салафияи ҷоҳил аз қишрҳои мухталифи ҷомеъа ҷамъ омада, бо пинҳонӣ ва ошкор байъат намуданд. Мутассифона чанд нафар аз кормандони тасодуфӣ ва нолоиқи мақомотҳои қудратӣ муриди хос ва ҳозирбоши Муҳараммов Муҳаммадӣ Раҳматуллои салафия гашта, ба таблиғи ғоя ва идеологияи маргбори ДИИШ дар байни аҳолӣ машғул гаштанд.
Тоифаи такфирӣ ва хилофатсоз аз фарти таассуб, ҷаҳолат ва ноогоҳӣ аз омузаҳои динӣ, муқаддасоти фарҳангӣ, ҳуввияти миллӣ, хотираи таърихӣ тамоми мутафаккирон,адибон, шуаро, руҳониён, пешвоёни мазҳаби ҳанафӣ, адабиёти тасаввуф ва ирофонро ширк, куфр ва бидъат эълон намуда, дар зери парчами таблиғи “Ақида” идеологияи моҷароҷӯ ва фитнабори ифротиро дар байни ҷавонон ва дар маъракаю маросимҳои мардумӣ аз номи дини ислом ва аҳли суннат ва ҷамоат таблиғу ташвиқ намуданд.
Баҳсу мунозираи пешвоёни салафия дар доираи маҳфил ва ҳавзаҳои динӣ бо уламаи ҳанафимазҳаб ва орифон хатм нагардид, балки онҳо уадам фаротхтар гузошта, тавассути миёнарав ва пуштибонҳои худ дар ниҳодҳои телевизонӣ ва дигар минбарҳои иттилоотӣ роҳ ёфта, ба ислоҳоти ақидавӣ шуруъ намуданд.
Ҳолати роҳёбии салафия дар минбарҳои телвизонӣ ва даъвати оммавии онҳо омили густариш ва шаклгирии идеологияи иртиҷоӣ ва ифротӣ дар ҷомеа гардид.
Иддае аз рузноманигорони ҳангомаҷӯ, манфиатдор ва таҳлилгарони масоили сиёсӣ пешниҳод намуданд, ки ҷараёни иртиҷоии “Салафия” дар Вазорати адлияи кишвар расман номнавис гашта, мисли дигар ҳизбҳои сиёсӣ қонунан фаъолият намояд, зеро озодандешӣ ва гуногунфикрии низоми демократӣ ба ин мусоидат мекунад.
Гуруҳҳои таблиғотии “Салафия” ба шаҳру ноҳия, деҳаву ҷамоатҳои мухталиф сафар намуда, ақида ва идеологияи марговар ва иртиҷоии худро дар байни қишрҳои мухталафи ҷомеа озодона таблиғ намуданд.
Муҳаммадии Раҳматулло барои шаклгирии Иттиҳодияи экстресистии такфирия гумошта ва муридони хоси худро дар қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, дар Донишкадаи исломӣ, Маркази исломӣ ва Иститути фалсафа-сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИҶТ ҳамчун “нозир” ҷойгир намуда буд.
Ришҳои ҷулида, чиркин, ифлос, дароз, изорҳои тобдодашудаи аз зону боло ва либосҳои номураттаби салафия дар дили шаҳрвандон тарсу воҳима эҷод намуда, бисёре аз афрод, ки доди ватанхоҳӣ ва мусалмонӣ мезананд, то имруз худро нисбат ба онҳо бетараф нишон дода истодаанд.
Мутассифона аҳли зиё, равшанфикрон, шоирон ва адибон нисбати ин падидаи хатарнок, миллаткуш ва ватансуз сари вақт лаб накушоданд, балки худро аз ифшои хатари ин саратони такфирӣ дар канор гирифтанд.
Хомушӣ ва сукутро дар баробари фитнаи онҳо афзал донистанд.
Пас аз шаклгирӣ ва решадавонии равияи иртҷоии “Салафия” пешвоёни он ошкоро аз лиҳози шаръӣ шеъру шоир, ба хусус, шуарои ирфонӣ ва аҳли тассаввуф, низоми давлатдории миллиро кофир, мушрик ва аҳли бидъат ҳукм намуда, ҷиҳод ва таъсиси “Хилофат-давлати исломӣ”-ро таблиғ намуданд.
Хондан ва истифадаи осори ирфонӣ ва мероси тасаввуфро сареҳатан бидъат ва маҳсули тафаккури шиа эълон карда, онҳоро манобеъи бузурги куфр ва бидъат маънидод ва шарҳу тавзеҳ намуданд.
Ҳатто фирқаи такфирия ва ифротии салафия қадам фарохтар гузошта, мавҷудияти мазҳаби ҳанафиро дар ислом наҳӣ карда, исбот карданӣ мешуданд, ки асосгузори бидъат дар ҷаҳони ислом Абуҳанифа-Имоми Аъзам аст. Омузиши Фиқҳ ва усули мазҳабӣ ҳаром ва номашруъ гуфтанд.
Фирқаи бемазҳабони такфирӣ ва ғайри муқаллид барои фиреби назари хосу омм худро аҳли суннат ҳисобиданд, аммо дидаву дониста ба мақсади муайян; сареҳатан ва ошкоро мазоҳиби ҳаққаи аҳли суннат ва ҷамоатро куфр ва бидъат ҳукм намуданд.
Василаи шаръӣ, табаррук, истиғосса, қиёс, раъй, истеҳсон, урф, эҳтироми волидайн ва иҷмои уламоро инкор намуда, танҳо хостаҳои нафсонӣ ва амру фармонҳои хоҷатеррористони хориҷмяшонро “Қуръон ва суннат” муаррифӣ ва шарҳу таҳвил намуданд.
Равиши намозхонии суннатӣ ва ҳазорсолаи мардуми тоҷикро шаръан маҳкум намуда, равиши ҷадиди салафиягароиро ҷойгузини он менамуданд.
Худро ҳомии суннат меҳисобиданд, аммо оддитарин аломат ва аносири суннати исломӣ дар зоҳир ва ботини онҳо дида намешуд. Салафия таҳорат намекарданд ва худро аз ҷанобат пок намесохтанд. Дар ҳолати ҷанобат дар масҷид ва дигар маконҳои ибодатӣ ворид гардида, мулоиимоматӣ ва амри маъруф карда, ягон ракаат намозҳои суннатиро намехонаданд.
Фиркаи золлаи салафия иддаъо доштанд, ки намозҳои суннатиро аҳли ирфон ва тасаввуф мехонанд, ки онҳо гумроҳ ва рафовизанд. Дуъои дастҷамъӣ хоси рафовиз ва аҳли бидъат аст
Дар баъзе минтақаҳо байни руҳониёни ҳанафимаҳзаб ва пойбанди тасаввуф бо пешвоёни салафия на танҳо баҳсу мунозираи шаддид авҷ гирифта буд, балки байни онҳо кор ба муноқиша ва задухурд поён меёфт.
Пешвоён ва аъзоёни равияи иртиҷоии “Салафия” дар зери ҳиҷоб ва ниқоби таблиғи “Ақида” ва мубориза бо хурофоту бидъат идеологияи ДИИШ, тухми нифоқ, кинаву адовати мазҳабӣ ва душманӣ корида, замина барои ҷанги навбатӣ ва ихтилофи мазҳабӣ омода месохтанд.Дар ин замина руҳонияти бедор,орифони шабзиндадор, муҳаққиқон, коршиносони ҳушманд, рузноманигорони ватандӯст ва корманди ҷон дакафи мақотҳои дахлдор бар зидди наҳзатҳои такфирӣ ва ифротӣ бархеста, дар ҳафтаномаҳои ватанӣ ва кунгураҳои тахассусӣ салафия ва хатари онро маҳкум намуда, ҷомеаи шаҳрвандиро аз ин падидаи террорстӣ огоҳ намуданд.
То имруз хотираи таърихӣ, андеша ва фарҳанги миллӣ, таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва мероси ирфону тасаввуф дар қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна чун сипар ва камарбанди амниятӣ хидмат намуда, дар гирдоби таҳоҷҷум ва зарбазаниҳои ташкилот ва иттиҳодияиҳои террористию экстремистӣ қарор доранд.
Ташкилот ва иттиҳодияиҳои террористӣ диданд, ки гумошта ва муздурони салафияи онҳо дар таблиғи идология ва ғояҳои такфирӣ ва ифротӣ начандон муваффақанд, балки онҳо ба бархурди шаддиди аҳли ирфон ва тасаввуф ру ба ру шудаанд. Адбиёти ирфонӣ ва тасаввуф монеъи густариши ақадаи террористӣ ва экстремистии онҳо дар қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар кишвари Тоҷикистон гаштааст.
Аз ҳамин лиҳоз онҳо шабакаҳои иттилоотии байналмилалиеро, ки моҳият ва характери сирф ифротӣ ва такфирӣ доранд, чун “Висоли ҳаққи порсӣ”, “Висоли ҳақ”, “Аҳли байт”, “Калима” ва “Тавҳид”-ро бо забони тоҷикӣ баҳри шустушуи мағзӣ намудани мардумони тоҷику форсизабон фаъол намуданд.
Шабакаҳои байналмилалии “Висоли ҳаққи порсӣ”, “Висоли ҳақ”, “Аҳли байт”, “Калима” ва “Тавҳид” дастгоҳҳои иттилоотии ташкилот ва созмонҳои террористӣ буда, пайваста тавассути як мушт ровиёни муздур ва руҳониёни салафиятабори ватанфуруш ба таблиғи ақида, афкор ва дасисаҳаи ҷараёнҳои такфирӣ машғуланд.
Ровиёни муздур ва хоин тибқи барнома ва нақшаҳои тарроҳӣ кардаи миссионер ва пешвоёни иттиҳодияҳои экстремисти дар шабакаҳои зикр гардида, мафҳум, вожа, калима ва ибораҳои қуръонӣ, аҳодиси шарифи Паёмбар (с) ва матн, шарҳу тафсирҳои уламои исломро ғаразнок, ғалат, дуруғ ва нодурст шарҳу тавзеҳ дода, ҷавонони исломиро барои ширкат намудан дар муқовиматҳои зидди давлати Сурия ва Ироқ ба хунрезию ҷанг даъват менамоянд.
Фирқаҳои такфирӣ ва ифротӣ дидаву дониста ва барои ноил гаштан ба мақсадҳои террористӣ ва зиддиинсонии худ мероси тасаввуф ва осори ирфониро, ки дар Тоҷикистон ҳамчун камарбанди амниятӣ барои ҳифзи субот ва амният хизмат мекунанд, шаръан куфр, ширк ва бидъат ҳукм намуда, тахриб ва несту нобуд кардани онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи ҳар салафияи фидоӣ ва интиҳорӣ ҳисобиданд.
Ровии шабакаи террорстии “Висоли ҳақ” М. Ансорӣ ва Муллозода ровии шабакаи экстремисти “Тавҳид” дар барномаҳои даъватӣ ва иғвоангезонаи худ ҷавонони тоҷик, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро барои ҷанг ва муқовимати низомӣ намудан бар зидди маъмурони милитсия ва дигар кормандони мақомотҳои қудратии кимшвари азизамон Тоҷикистон фаро хонданд.
Даъвати муғризона ва мақсадноки ин ровиёни хоин барои осебпазир ва заъиф сохтани низоми давлатдории миллии тоҷикӣ ва сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Муссалам аст ки дар ин дастгоҳҳои иғвоангези иттилоотӣ даҳҳо аъзони “Иттиҳодияи экстремистии салафияи” тоҷик шомил буда, барои ворисон ва дастгоҳои ташкилотҳои террористӣ хизҳмати хирсона намуданд ва менамоянд.
Бинобар халогиҳои маънавӣ, фарҳангӣ, динӣ-мазҳабӣ, касодии иқтисодӣ, заъфи ахлоқ, норасоиҳои молӣ, тангдастиҳои рузгор, муҳоҷират ва набудани дастгоҳи иттилоотии муқовиматкунандаи мазҳаби ҳанафӣ дар кишварамон Тоҷикистони азиз иддае аз мардум, аз ҷумла диндорон тавтиъа ва талбисоти ровиёни шабакаҳои иғвоангези салафияро пазируфтанд ва соатҳои тулонӣ зери телвизон вақти худро сарф мекунанд.
Бо талоши мақомотҳои дахлдор ва фарзандони бедори миллат муддате фаъолияти шабакаҳои фавқуззикр дар қаламрави Тоҷикистон баста гаштанд, мутассифона, созмонҳои террористии салафия бо дигар восита ва усулҳои муосири технолужӣ фаъолияти дастгоҳои иттилоотиӣ ва хабарии худро фаъол намуданд.
Муҳаммад Ансорӣ ровии шабакаи “Висоли ҳақ” ва Муллозода ровии шабакаи “Тавҳид” пайваста силсилабарномаҳои тарроҳӣ гаштаи ташкилот ва дастгоҳои террористиро бар зидди мероси тасаввуф ва шахсиятҳои маъруфи ирфонӣ ба намоиш гузошта, дар дили муштариён ва насли ҷавони исломӣ нисбат ба тамаддун ва осори таърихӣ кинаву адовати динӣ мекоранд. Ошкоро намояндагони адабиёти тоҷику форс ба монанди Форобӣ, Ҷарири Табарӣ, Аттори Нишопурӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Закариёи Розӣ, Фирдавсӣ, шайхурраис Абу Алӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қабодиёнӣ, шайх Абумансури Мотуридии Самарқандӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофтзи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва садҳо чеҳраҳои илмии Бухорову Самарқандро шиаву кофир ҳукм намуда, осори илмию адабии онҳоро ширк, куфр ва бидъат эълон намудаанд.
Бояд нуктаи муҳимиеро ёдовар шавам, ки фирқаи салафия илму дониш ва маърифати динӣ надоранд. Ҳар ончӣ хоҷагонашон ба онҳо таълим ва дастур додаанд, дигар ҳеч арзиш ва муқаддасоти миллию диниро намепазиранд ва эътироф намекунанд. Аз ин рӯ онҳо ҳаргиз арзиш ва қимати осори ирфонӣ ва тасаввуфро дарк накардаанд ва дарк нахоҳанд кард.
Иллати бадбинӣ ва ба куфру ширк мутаҳҳам намудани осори тасаввуф ва пешвоёни он аз ҷониби ҳангомаҷуёни салафия, пеш аз ҳама дар он аст, ки осори ахлоқӣ ва омузаҳои тариқати тасаввуф иборат аз аносир ва авомили фарханги милии тоҷикӣ буда, ҷанбаи худшиносӣ ва худогоҳӣ барои ҳар инсони тоҷикзабон мебошанд. Забони тоҷикӣ унсури муҳими осори ирфонӣ ва мероси тасаввуф аст. Аз ин лиҳоз фирқаи ифротӣ ва такфирӣ забони тоҷикиро ҳамчун унсури муҳими шарҳу эзоҳдиҳандаи Қуръон ва аҳодис намепазиранд.
Онҳо то андозае мутассиб, ҷоҳил ва тундрав ҳастанд, ки ҳатто истифодаи вожаи “Худо”-ро бо забони ширини тоҷикӣ бидъат ва ширк ҳукм намудаанд. Салафия санад ва ҳуҷат пеш меоваранд, ки ки танҳо аҳли тасаввуф ва ирфон, ки онҳо шиа ҳастанд, истилоҳи “Худо”-ро бо ҷои вожаи қуръонии “Аллоҳ” истифода намуда, кофир гаштаанд.
Ба ақидаи тоифаи ифротӣ ва такфирии бемазҳабон зикри номи “Аллоҳ” бо лафзи “Худо” таҳриф дар Қуръон аст.
Аммо ҳақиқати ҳол он аст аксарияти пешвоёни маслак ва тариқаи тасаввуф аҳли суннат ва ҷамоъатанд. Пайравони тариқати “Нақшбандия” ҳамаашон зодагони хоки муқаддаси Бухорову Самарқанд буда, тоҷик ва аҳли суннат ва ҷамоати ҳанафимазҳабанд. Дар мавриди зарурӣ оид ба онҳо маълумоти мухтасар хоҳем дод, то талбисот ва дасисаҳои салафия ва ҳаммаслакони ифротии онҳо дар байни ҷомеа ва назди хонандаи азиз фош ва ошкор карда шаванд.
Дар тамоми сарчашмаҳои муътамад ва осори таърихӣ Абуҳанифа-Имоми Аъзам (р)-ро пешвои тариқаи тасаввуф, яъне суфии Куфӣ ёд намудаанд. Имом Довуди Той (р), ки аз шогирдони маъруфи Абуҳанифа (р) буд, сарвари аҳли тасаввуф ва ирфон дар қаламрави Ироқ шинохта мешуд.
Аз нуқтаи назари тоифаи такфирӣ ва ифротӣ истилоҳи “Худо” вожаи қуръонӣ нест ва истифодаи номи “Аллоҳ” бо забони тоҷикӣ; “Худо” гуфтан, ширк, бидъат ва номашруъ аст.
Зимни принсипи тоҷикситезии фирқаи такфир ва ифрот бисёре аз воизони ҳангоматалаб ва хушовози дуруя ва маккор ошкоро нияти намоз ва дуъои баъд аз хатми намозро бо забонӣ тоҷикӣ ирода накарданд ва фатво доданд, ки нияти лафзӣ дар намоз муҳим ва шарт нест.
Аз нияти намоз бо забони тоҷикӣ даст кашида, дар байни намозхонҳо фитнаи зидди забони тоҷикиро барвақт ангехтаанд, мутассифона аксарияти намозгузорони ҳанафимазҳаби азизамон то кунун аз нағмаҳои ноҷур, тавтиъа ва дасисаҳои онҳо бехабар мондаанд.
Дар ин замина ёддовар гаштани нуктаи муҳими таърихиро барои шинохти чеҳраҳои веқеӣ ва гузаштаи дури ваҳҳобия-салафиягароӣ зарур медонам.
Пас аз пайдоиши хавориҷ, пешвои ҳаракатҳои ифротӣ ва мактабҳои такфирӣ дар ҷаҳони ислом Ибни Тайимия ва Қайими Ҷавзӣ мебошанд.
Ин ду пешвои аҳли такфир вуа ифрот шайхуррасис Абӯ Алии ибни Синоро кофир, зиндиқ, мушрик ва мулҳид хукм намуданд. Дар ҳоле ки Абӯ Алии ибни Сино табиби ҳозиқ ва файласуфи бузурги ҷаҳонӣ буда, аз ҷумлаи аҳли тасаввуф ва мусалмони ҳақиқӣ мебошад.
Абӯ Алии ибни Сино гуфтааст:
“Худованди Мутаъол аввалин ва охирин мақсаде аст, ки инсон бояд бад-он биандешад ва чашми ҷони худро бо назар бар ӯ равшан созад ва дар пешгоҳи ӯ пешонии хушӯъ ва бандагӣ бисояд. Пас ҳангоме ки ин ҳолат барои инсони солик малака мешавад, бо ҳазрати Ҳақ унс мегирад ва болотарин лаззатро насиб мебарад ва оромиш меҳмони ӯ мегардад, ба гунае ки бар аҳли олам шафқат меварзад…
Ҳамоно бартарини ҳаракот намоз, покизатарини асрор сабр ва судмандтарини некиҳо садақа ва беҳудатарини талошҳо ҷидол аст… Ҳикмат модари фазоил ва шинохти Худо, аввалин маърифат аст.”
Куфри чу ману газоф осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама дар як мусалмон нубувад.
Рубоии фавқ танҳо назм нест, балки ифшокунандаю иниъикоскунандаи воқеаҳои даҳшатбори таърих ва сарнавишти донишмандони тоҷик дар муқобили наҳзатҳои салафи қуруни вусто мебошад.
Баъд аз сипари шудани солҳо идеологияи моҷароҷӯйӣ ва ақидаи ифротии онҳоро ибни Абдулваҳҳоби Наҷдӣ ва ҳаммаслакони бемазҳабонаш то имруз бар зидди мероси тасаввуф ва ирфон дар асоси барномаҳои ташкилотҳои террористӣ, бо усулҳои ҷадид идома дода истодаанд.
Муҳаммади Ансорӣ ровии шабакаи террористии “Висоли ҳақ” ва Муллозода ровии шабакаи экстремистии “Тавҳид” зимни принсипҳои эътиқодӣ ва ҷаҳонбини осебзадаи Ибои Тайимия ва ибни Абдулваҳҳоби Наҷдӣ дар як вақт уламои маъруфи ирфон ва мероси тасаввуфро зери тозиёнаи танқид қарор дода, балки ин хоинҳои тоҷикситез қадам фарохтар гузошта, шайх Аттори Нишпурӣ, Зунуни Мисрӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Бобо Куҳӣ, Бобо Тоҳири Урён, Боязиди Бостомӣ ва Робияи Балхиро бидъаткор, гумроҳ, мушрик ва осори тасаввуфии онҳоро бидъат, ширк ва куфр маънидод намуда, насли исломиро барои нест намудани осори тасаввуф ва ирфон даъват намуданд. Чунин силсила барномаҳои зидди тасавуфии дастгоҳои иттилоотии экстремистӣ барои шустушуи мағзии фарзандони уммати исломӣ равона карда шудааст.
Аз ин ҷо аст ки пайравони гумроҳи Итиҳодияи экстремистии салафия Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолидини Балхӣ, Шамси Табрезӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Саноӣ ва осори гаронбаҳои онҳоро куфру залолат ҳукм намуда, барои барои хароб намудани мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кулоб фатво содир намуданд.
Ҳамзамон дар саҳифаи иҷтимоии интернетӣ як зумра аъзои салафия эълон намуданд, ки нахустин амале, ки мо дар Тоҷикистон иҷро мекунем, пеш аз ҳама, “Бутхонаи мушрикон”, яъне мақбари Саид Алии Ҳамадониро ба хок яксон намуда, кулобиҳоро аз бутпарастӣ манъ мекунем.
Оромгоҳи орифи Машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (р)-ро ба “Бутхона” ва мусалмононе, ки ба зиёрати мақбараи бузургвор ба шаҳри Кулоб мераванд, “мушрик” ҳукм намуданд.
Чунин фатвоҳои тундравони такфирӣ аз хулосабарориҳои ботили Ибни Тайимия ва муфтиҳои бемазҳаби ифротӣ сарчашма гирифта, бар зидди расму оинҳои исломӣ ва осори фарҳанги миллӣ равона карда шудаанд.
Дар ин замина воизони ҳангомаҷӯ ва миссионерҳои такфирӣ зимни амри маъруф ва наҳй аз мункар мардуми мусалмонро аз зиёрати мақбараҳои исломӣ манъ намуда, намогузориро дар назди мақбараҳо, ки ҷои махсус барои намозхонӣ доштанд, наҳй намуданд.
Ин тоифаи мубаллиғи ғояҳои такфирӣ ва ифротӣ аз номи дини ислом ирфон ва тасаввуфро бидъат ва таассуб ҳукм намуда, бо усулҳои махсуси санҷида шуда, идеологияи “Давлати исломӣ” таблиғ карда, барои наҳзатҳои такфирӣ ва ДИИШ-ӣ заминаи ақидавӣ омода намуданд.
Аз нуқтаи назари воизони ҳангомаҷӯи салафия ва миссионреҳои барпокунандаи “Давлати исломӣ” осори тасаввуф ва ирфон пойбанди исломи анъанавӣ буда, монеъи рушди исломи ноб, инқилобӣ ва ҷиҳод алайҳи кофирон мегардад.
Аз нуқтаи назари идеолужии ҷамоатҳои такфир ва ҳизбҳои ба ном исломӣ тасаввуф ва мероси он исломи мурда ва шахшуда аст, барои онҳо исломи разманда ва инқилобӣ даркор аст. Тасаввуф ва ирфон идеологият хилофатсоз нест.
Аз ин лиҳоз мероси тасаввуф ва пешвоёни ирфон монеъи таъсиси “Хилофати бузурги исломӣ” гашта, дарди сари ҷамоатҳои такфирӣ ва ифротӣ гаштааст.
Дар ин замина як зумра бехирадон ва тасаввуфситезони ифротӣ чеҳраҳои адабию илмии тасаввуфро мутаҳҳам ба баччабозӣ ва ливота намуда, иддаъо доранд, ки Шамси Табрзӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба муридони худ дастдарозӣ намуданд ва бачабозӣ суннати аҳли тассаввуф ва ирфон аст.
Албатта чунин туҳмат ва дасисакорӣ нисбат ба пешвоёни тариқат падидаи тоза ва нав нест, танҳо ин тасаввуфситезони бехирад, тибқи барномаҳои тарроҳӣ намудаи хоҷагони хориҷияшон амал намуда, теша ба решаи фарҳанги миллӣ ва осори тоҷикӣ мезананд.
Алломма Ҷурҷонӣ (рт) дар китоби “Ал-таърифот”, дар саҳифаи 52 навиштааст: “Тасаввуф мактаби ҷиддият ва талош аст. Пас тасаввуфро ба ҳазл ва ёвагӯӣ омезиш надиҳед. Тасаввуф, яъне тасфияи қалб аз моддиёт, дурӣ аз ихтилофи номавзун, аз байн бурдани сифоти ҳайвонӣ, мубоиза бо ҳавои нафсонӣ ва ворид шудан сифоти раҳмонӣ. Ва таъаллуқу дӯстӣ бо улуми ҳақиқӣ ва истеъмоли он дар ибодат ва тоъат. Насиҳати тамомии мардум ба покӣ ва бовафоӣ ба аҳду паймони Илоҳӣ”.
Шайх Ҷалолиддини Суютӣ (р), ки яке аз чеҳраҳои маъруфи аҳли суннат ва ҷамоат аст, мегуяд: “Тасаввуф дар зоти худ илми шариф аст ва мадораш табиат аст аз Қуръон ва суннати Набӣ (с) ва тарки бидъату хурофот, барӣ шудан аз нафс ва хостаҳои номашруи он ва алоқаҳои нафсонӣ (зино, рибо, ҳаромхурӣ, пора ва ришваситонӣ, ливота..) ва таслим шудан ба Худованд ва қазои Худованд ва талаби муҳаббати Худованд.
Ва ин ҳам ҳақиқати дигаре аст, ки имруза ҷамоате аз риёкорон бо ин қавм дохил шудаанд ва худро аз назари зоҳир ва ҳайати ҷисмӣ ба аҳли тасаввуф шабеҳ кардаанд, аммо аз ҳақиқати тасаввуф дур ва ҷоҳиланд. Ва ин омил боиси бадгумонӣ шуда ба тамоми тасаввуф. Дар ин ҳангом аст бар аҳли илм лозим ва воҷиб аст, ки байни тасаввуф ва риёкорони мутассиб тамийз ва фарқе қоил шаванд дар байни аҳли Ҳақ бо аҳли ботил.
Дар муқобили аиммаи тасаввуф риёкорон ва фирқаи хабоис ақидаи ботилеро бо номи “ақидаи суфия” дар байни мардум тарвиҷ намуданд, ки он бо шариъати муқаддас номавзун ва мухолиф аст. Уламои шариат (чун Абӯҳанифа-Имоми Аъзам ва Шофеъӣ), ки худ пештози тасавуфанд бо он риёкорон мухолифанд.
Ва бо таҳқиқе, ки дар ин масоили матраҳ шуда, маълум ва маъруф аст, ки аиммаи тасаввуф (разияъаллоҳу ъанҳум) аз бидъат ва хурофот, ғалат мунҳариф, барӣ ва пок ҳастанд. Аммо ҷуҳол ва риёукорони ғаммоз либоси тасаввуф дарпушида, барои бадномии аиммаи тасаввуф худро аҳли тасаввуф ва суфия муаррифӣ мекунанд. Фил ҳақиқат аҳли тасаввуф аз хурофот, таассуб ва рафторҳои номашруъ пок ва барӣ ҳастанд”,-Ҷалолиддини Суютӣ, Таъиду-л-ҳақиқату-л ъалайҳ”, с 1-57
Аксарияти пешвоён ва чеҳраҳои фарҳангию илмии тасаввуф ва ирофон дар хиттаи Хуросони Бузург, Ирон ва қисмати муаззами кишварҳои Ироқ, Покистон, Чин ва Кашмири Ҳиндустон рӯҳониёни тоҷикзабони қаламрави Маворуннаҳр буда, тавассути забони ширини тоҷикӣ-форсӣ таълимоти нақшбандияро садрнишини ҳавзаҳои илмии ин кишварҳои Ҳиндустон ва Чин намуданд. Ба қавли Муҳаммад Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ:
Шакаршикан шаванд ҳама тутиёни Ҳинд,
З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола мебаранд.
Бо шарофат ва таъсири осори илмӣ-динӣ, шахсият, мероси тасаввуф ва чеҳраҳои мондагори ирфонӣ забони гуфтугӯи омму хос ва расмии ниҳодҳои давлатии Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон то замони муосир тоҷикӣ-форсӣ буд.
Азамат ва бузургии тасаввуф дар он аст, ки он узви ҷудонопазири фарханги миллӣ буда, дар худ ҳуввияти таърихӣ, хотираи миллии халқи тоҷикро таҷассум намудааст.
Решабурӣ ва ба терроризму экстремизм рабт додани тасаввуф ва осори ирфонӣ, аз ҷониби гумоштаҳои ташкилотҳои террористӣ пеш аз ҳама бар зидди миллати точик, ҳуввият ва хотираи таърихи ҳанафимазҳабон равонакарда шуда, заминаи наҳзатҳои такифирӣ ва ифротиро дар муҳити иттилоотӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии Осиёт Миёна муҳаё месозад.
Аҳли тасаввуф ҳаргиз бар зидди сиёсати давлатдории миллӣ нахоҳанд хуруҷ кард, балки онҳо раҳбари давлатро Пешво ва бандаи Худо дар рӯи замин эътироф намуда, дур аз сиёсисозии исломи анъанавӣ мебошанд.
Мероси тасаввуф
камарбанди амниятии минтақа
Муддати садсолаҳо аст, ки мероси тасаввуф ва ирфонӣ дар қаламрави кишварҳои Осиё вазифаи камарбанд ва сипари амниятиро иҷро намуда, ҷавонони мутаддайн ва исломдустро аз гаравиш ба ҳавзаҳои ифротӣ ва такфиргароӣ монеъ намуда аст.
Мероси тасаввуф ва ирфон мактаби иделогӣ ва сиёсӣ нест, ки пайравони мактаби худро барои ғасби ҳокимиятҳои сиёсӣ, тағийри низоми демократӣ, таъсиси хилофат ва табадулотҳои давлатӣ таълим ва омода созанд.
Мероси тасаввуф аз роҳу равиши Паёмбари ислом (с), аҳли байти Набии мукаррам (с) ва асҳоби гиром (рт) сарчашма гирифта, иффат, покизагии нафс ва такомули шахсият яке аз нуктаҳои меҳварии он ба шумор меравад.
Касоне, ки тақво, иззат, иффат ва каромоти инсинӣ надоранд ва олудаи аносири нафс ва пойбайнди ғаразҳои шаҳвониянд, аҳли ирфон ва тасаввуф нестанд.
Аз нуктаи назари Муҳаммад Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ саромад ва пешваи аҳли тасаввуф дар дини ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад. Хоҷа Ҳофиз дар байти зер ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо лафзи суфӣ ёд намудааст, ки ин санад ва ҳуҷҷат маҳкамтарин далел ва ҳуҷҷат бар даҳони фирқаи тасаввуфситези салафия ва дигар ҷараёнҳои ирфонҳарос мебошад:
Он талхваш, ки Суфӣ “Умму-л-хабоис”-аш хонд,
Ашҳала но ва аҳло мин қиблати-л –ъузоро.
Тасаввуф ва ирфон дар асоси сарчашмаҳои исломӣ; Қуръони карим ва аҳодиси шариф инсонро ба омузиши илму дониш, худшиносӣ, худогоҳӣ, доштани тақво, аз худ намудани касбу ҳунар, дарёфти меҳнат ва ризқи ҳалол, таблиғи дустию бародарӣ ва дур будан аз бухл, хусумат, душманӣ, кинаварзӣ, фитнакорӣ ва иғвоангезӣ даъват менамояд.
Муддоъиёни тасаввуфситез ва ирфонҳаросони такфирӣ бо надоштани оддитарин асноди шаръӣ ва далоили шайъӣ шахсият ва мероси тасаввуфро мутаҳҳам ба манобеъи терроризм, идеологияи зидди давлатӣ, дунёбезорӣ ва ҷинояткорӣ намуда, барои ривоҷу равнақи иделожӣ ва шаклгирии ақидаи зиддиинсонии ташкилотҳои террористии байналхалқӣ заминаи динӣ ва сиёсӣ муҳаё ва фароҳам месозанд.
Аҳли тасаввуф ва ирфон дар асоси принсипи “Дил ба Ёру даст ба кор” зиндагии худро дар асоси касби ҳалол обод намуда, зимни фармудаи Паёмбари раҳмат (с): “Ал-косибу ҳабибуллоҳ”, яъне марди ҳукарманд ҳабиби Худо аст, фаъолият менамоянд.
Онҳо бидъат, хурофот,таассуб, ширк, хушунат, ситамкорӣ, ҳаромхурӣ, ғоратгарӣ, қатлу куштор, ҷангу хунрезӣ, тундгароӣ, ифрот ва такфирро қатъиян маҳкум намуда, дар асоси принсипи “Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро” пайваста дар талаби оини мадоро, таҳаммул ва тарғиби муҳаббату самимияти инсонгароӣ ҳастанд:
Дарахти дӯстӣ биншон ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Имруз муздурони ташкилотҳои террористӣ ва иддае аз пуштибонҳои наҳзатҳои ифротгароӣ барои рушд ва такомулли мактабҳои интиҳорӣ ва инфиҷорӣ мероси тасаввуф ва осори ирфонӣро, ки хосатан моҳияти миллии тоҷикӣ доранд, бидъат ва номашруъ ҳукм намуда, балки қадам фарохтар гузошта, исбот карданияд, ки шахсиятҳои ирфонӣ ва мероси масаввуф сарчашмаи хушунат, дунёбезорӣ, хурофот, таъассуб, ифрот ва дастгоҳи идеоложии хатарнок барои расидан ба ҷомеаи саъодатманд маҳсуб меёбад.
Аммо таҳқиқоту ковишҳои илмӣ ва тахассусӣ нишон медиҳад, ки афроде, ки аз осори ирфону тасаввуф бохабар ва огоҳ ҳаст, ҳаргиз шомили иттиҳодияҳои террористӣ ва экстремистӣ намегарданд, балки пешвоён ва муридони тариқат дар тамоми гушаву канори дунё бар зидди наҳзатҳои салафиягароӣ ва шаклгирии идеологияи такфирии онҳо ҳамчун ақидаи аҳли “Суннат” дар ҳолати муқовимат ва камарбанди амниятӣ қарор доранд. Пешвоён ва муридони маслаки “Нақшбандия” ва “Қодирия” ҳама аҳли суннат ва ҷамоъатанд. Мутаассифона баъзе аз ҷараёнҳои ифротӣ тасаввуфро дар манотиқи мухталиф тобиши тозаи сиёсӣ дода, аз меҳварияти таълимоти тасаввуф берун сохтаанд.
Инқилобҳои рангини арабӣ дар Ливия, Сурия, Ироқ ва Миср нишон дод, ки гуруҳ ва созмонҳои террористӣ беҳтарин шахсиятҳои тасаввуф ва осори ирфониро террор ва несту нобуд сохтанд. Зеро чеҳра ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонии тасаввуф амалҳои ваҳшиёна ва террористии ҷараёнҳои ифротӣ ва такфириро дар асоси оятҳои Қуръон ва аҳодиси шариф маҳкум ва наҳӣ карданд.
Ҷавонони боимон ва исломиро аз шомил шудан ба сафи ҳаракатҳои террористӣ шаръан ва сареҳатан манъ намуданд. Ин омили бедории динии аҳли тасаввуф ва ирфон хашму ғазаби миссионер ва пешвоёни созмонҳои террористӣ ва ифротиро нисбат ба мероси тасаввуф ва шахсиятҳои маъруфи он дучанд кардааст.
Гуруҳҳои салафиятеррористии дар Сурия мустақар буда, чандин намояндаҳои худро назди орифи комил, донишманди бузанг ва суфии мутаққӣ-шайх Рамазон Буттӣ (р) равон карда, дархост намуданд, ки фатвои фарз будани ҷиҳод бар алайҳи Ҳукумати Сурия ва президенти он Башар Асадро расман элон намояд. Аммо шайх Рамазон Буттӣ (р) дархост ва талаби расмии гуруҳҳои террористии салафияро напазируфт, балки онҳоро сарзаниш ва насиҳат намуд, ки мусалмонкушӣ ва зидди Ҳукумати қонунии Сурия ҷангидан ҷиҳод дар роҳи Худо нест. Касе агар аз гуруҳои террорстии салафия дар набардҳои зидди Ҳукуматии Сурия кушта шавад шаҳид намегардад ва мақоми шаҳодат намеёбад.
Шайх Рамазон Буттӣ баръакси талабу дархости гуруҳҳои ифротӣ аз тамоми тарафдорон, муридон ва халқи Сурия дархост намуд, ки шомили гуруҳҳои зидди давлатии Сурия нагарданд ва дасти худро бо хуни мардум олуда насозанд.
Сергей Никитин тахлилгари рус дар саҳифаи хабарии “Иран. Ру”-и Россиское информасционное Агенство” навиштааст, ки “Пас аз он ки шайхи тасаввуф Рамазон Бутӣ (р) дархости ташкилотҳои террорстиро напазируфт ва маҳкум намуд, салафияи интиҳорӣ бо супориши махсусти дастгоҳҳои ҷосусии ДИИШ ва хадамотҳои кашфи саҳюнистӣ ҳангоми намозхонии шайх Рамазон Буттӣ бо ҷамъи мардум дар масҷиди ҷомеъи ба номи “Ал-Имон”-и шаҳри Димишқ, дар таърихи 21 марти соли 2013-ум вориди сафи намозхонҳо шуда, худро тарконд, ки дар натиҷа шайх Рамазон Буттӣ ва садҳо намозхони дигар низ ба ҳалокат расиданд”.
Шайх Рамазон Буттӣ аз чеҳраҳри мондагори тасаввуфи минтақаи Шоми Сурия аст, ки китоби илмӣ дар маҳкум намудани “Салафия” навишта, бо далеҳои шаръӣ ифрот ва тафиргароии ононро рад ва наҳй намудааст.
Таърихи башарият, аз ҷумла, тамаддуни исломӣ шоҳид ва гувоҳи он аст, ки фарзандони фарзона ва донишмандони тоҷику форс тавассути осори ирфонӣ ва тасаввуф дар тули таърих хизмати арзишманд барои густариши маориф ва фарҳанги исломӣ анҷом додаанд.
Ҳамчунин Саид Афандӣ донишмнди тасаввуфи нақшбандия ва руҳони маъруфи Доғистонӣ, ки муаллифи зиёда аз 54 асар мебошад, аз то охири нафас уммати исломиро барои бозичаи дасти гуруҳҳои ваҳҳобият-салафия нашудан даъват намуд.
Шайхи тариуат Саид Афандӣ даъвати миссионерҳои тундрав ва дасисаҳои ташкилоҳои экстремистӣ- террористию муташакили ҷинояткорро, ки мусалмононро ба ҷанги зидди давлати Руссия, Сурия ва Ироқ фаро мехонданд, расман маҳкум намуд.
Ин омил мунҷар ба он гашт, ки зани интиҳории салафия бо номи Алла Саприкина (Омина Қурбонова)-и 32 сола, вориди хонаи истиқомати шайх Саид Афанди нақшбандия гашта, худро дар назди шайх ва хонаводаи ӯ мекафанад. Камарбанди зани интиҳории салафия аз бастаҳои маводи тротил иборат буд, ки дар натиҷа Саид Афандӣ ва бо ҳашт нафар наздикони худ ба шаҳодат мерасанд.
Дар Тоҷикистони азиз домулло Ҳикматуллоҳ ки ӯ аз чеҳраҳои маъруфи тасаввуфи “Нақшбандия” мебошад. Масуф ворид ва шомил гаштани ҷавоноро ба сафи “Давлати исломӣ” аз нигоҳи шаръ маҳкум ва наҳй намуда, изҳор доштааст, ки “Афроде ки аз ҷониби ДИИШ меҷангад ва дар амалиётҳои ҷангӣ кушта мешавад, мақоми шаҳодат намеёбад ва шаҳид намешавад”.
Аз ин ҷо аст ки салафияҳои тоҷик ва ҳампаймонҳои гумроҳи онҳо дар аксарият саҳифаҳои иҷтимоии интеренетӣ домулло Ҳикматуллоҳро муздури Ҳукумати Тоҷикистон ва хоину мунофиқ ҳукум намуда, кофир мехонанд.
Дар ин нуқтаи амниятӣ нақш ва мақоми аҳли тасаввуфи тоҷик хеле ҷолиб ва арзишманд аст.
Домулло Ҳикматуллоҳ таҳдид ва хатарҳои ташкилотҳои террористиро, ки ӯро пайваста ҳомии низоми демокросии Тоҷикистон, пуштибони Пешвои миллат Эмомали Раҳмон ва суфии ҷоҳил меҳисобанд, ҳеч меҳисобид. Ӯ дар асоси таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва принсипҳои тасаввуф аз ҳуввияти тоҷикӣ ва давлатдории миллӣ ошкоро пуштибонӣ намуда, раванди ифротгароӣ ва тундгароии ҷараёнҳои размандаи такфириро шаръан маҳкум намуд..
Иттиҳодияиҳои экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла пайравони ҷоҳил ва хушунатгарои салафия ҷанг ва хунрезии худро дар Ироқ, Сурия, Яман ва Афғонистон ҷиҳоди муқаддас ва шаҳодат дар роҳи Аллоҳ бар зидди кофирон меҳисобанд. Аммо домулло Ҳикматуллоҳ, ки пайрави тасаввуф ва ирфон аст, бо далоили шаръӣ иддаъои дуруғин ва афкору андешаи ғаразолуди ҷинояткорони байналмиллалиро наҳӣ намудааст. Яъне дар ҷанги зидди давлати Сурия ва Ироқ ҷиҳоди исломӣ нест ва касе шаҳид намегардад. Аз нигоҳи шаръ маҳкум кардани давлати худхондаи террористони “ДИИШ” равзанаеро борои шинохти чеҳра ва башараи ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ боз кушод.
Омили мазбур арзишманд ва хеле ҷолиб аст, ки пешвои тасаввуф домулло Ҳикматуллоҳи Қаротегинӣ бидуни тарс рафтор, ақида ва кирдорҳои иттиҳодияҳои экстремистиро, аз ҷумла иттиҳодияи муташаккили салафияро, ки худро ҳомии асосии дини мубини ислом гирифта, даст ба қатлу куштори инсонҳои бегуноҳ, кормандони давлатӣ ва маъмурони амниятию интизомӣ дар Сурия ва Ироқ задаанд, маҳкум намудааст.
Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ориф ва намояндаи барҷастаи тасаввуфи “Нақшбандия” буда, аз худ осори арзишманди инсонӣ боқӣ гузошта, таҷассумгари дустию бародарӣ ва некию таҳаммулпазирӣ аст
Барои дарозо нагаштани сухан ба намунае аз осори тасаввуфии Мир Саид Алии Ҳамадониро манзури хонандаи азиз менамоям, ки матни он дар 10 сомона-пули милии тоҷикӣ сабт гардидааст:
Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод!
Абдуллоҳи М. 4 ноябри 2016.